«Хуш омадед, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллат ба водии Рашт».
Дар бағали болои куҳи муқобили деҳаи Шули ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт қарор аст ки ҳамин ҷумла ҳакокӣ ва мунаққаш шавад. Тавре ҳакокӣ ва нақш шавад, ки аз самти маркази деҳа ва атрофи он намоёну битобад ва хонда бишавад.
Ин яке аз фармонҳои раиси ноҳия Идиева Заррина Фузайловна аст ки бояд мардуми ин деҳа ва ин ҷамоат дар омад-омади Раҳмонов ба водии Рашт ҳарчи зудтар анҷом диҳанд. Фармони дигари раиси ноҳия Идиева Заррина дар чаҳорчуби омодагӣ барои истиқболи мутантани Раҳмонов чироғон кардани 10 километр роҳе аст ки тавассути он корвони мошинҳои ҳомили Раҳмонов ва ҳайати рикобаш аз он мегузарад. Ба идораи ДЭУ ва ҷамоат фармони дигар содир шудааст, ки дар чанд ҷой ба таври изтирори фурудгоҳ барои чархболи Раҳмонов бисозанд. Чун яке чархболи ҳомили Раҳмонов ба ҳолате гирифтор шуд дар ҳол онҷо нишинад. Фарқи сохти ин фурудгоҳ аз фурудгоҳҳои мушобеҳ дар навоҳии дигар ин аст ки дар водӣ бояд дар чаҳор ҷой як чунин фурудгоҳ бунёд шавад, то маҳалли нишасти чархболи Раҳмонов ошкор нашавад. Яъне ба хотири тадобири амниятӣ. Маълум аст, ки Раҳмонов ҳиҷ гоҳ ба ин мардум эътимод ва бовар намекунад. Барои ҳамин дар инҷо чор ҷойи нишасти якмасрафа барои чархболаш мекунанд.
Хуб, мову шумо медонем, ки ҳар сафари ба истилоҳ кории Раҳмонов ба навоҳии кишвар чи мушкилиҳову чи дардисарҳое ба сокинон пеш меоварад. Масалан барои исфарагиҳо-Чоркуҳу Ворух мараммати роҳҳои солҳо руи таъмиру тармимнадидаро супоридаанд, ки онҳо низ бояд то омадани Раҳмонов 20 километр роҳро мумфарш кунанд. Аммо ин бор ва ин навбат ҳатто як дирам ҳам аз ҳисоби бюҷет набояд масраф бишавад. Ҳамаашро бояд мардуми маҳаллӣ пул ҷамъ карда ҳашар даъват карда бисозанд. Харҷу масрафи 20 километр роҳи Исфара аз даҳҳо миллион сомонӣ бештар меафтад, ки мардумро маҷбур карда истодаанд, ҳатто сариаҳолӣ, сари аъзои оила, сари муҳоҷирони меҳнатӣ маблағи умумиро саршикан карда истодаанд. Аммо, бале, аммо саволи асосӣ ин аст ки аз ин сафарҳои Раҳмонов барои мисол ба деҳаи Шули ҷамоати Нусратулло махсуми ноҳияи Рашт чи суду чи фоидае? Дар тори куҳ «хуш омадед» навиштан, чи маъно дорад? «Хуш» гуем ҳам омада истодаӣ, «хуш» нагуем ҳам аз сафарат по қафо намекашӣ! Аммо ин номи ту ки дар ҳама ҷо ҳаст. Номат ҳамаҷоро касифу касофат кардааст. Куҳҳои ҳалоли моро бо номи палидат ҳаром накун. Дар тамоми ҷо аксу сурати хунуки баднамуди ту кашол, руҳҳои тулуми ҷурғотии ту, қошҳои шофбурути кашолу овезон. Чи суд дорад, чи фоида мебинӣ, чи ба ту медиҳад, ба ҷуз бори дигар худатро хунуктару баднамудтару зишттару шумрутар кардан?
Ба Ғарм биёӣ, ки чӣ бишавад? Бовар дорӣ, ки ҳамин мардуми деҳот, ки айни замон айни мурдаммурдами кору борашон, айни ҷонбароияшон аст орому бегапу ҳарф ин «хуш омадед»-и туро менависанд? Бахудо дар тамоми сурохиҳоятон гап мезаннад: на зан, на духтарҳо, на келинҳо, на наберачаҳо, ҳамаро яксаро бардор бардор мекунанд. Алафи даравӣ дорад, хирмани нокуфта дорад, ҳезуми нооварда дорад, девори буднокарда дорад, хуллас ҳазору як ташвиши зиндагӣ- айни кору бор дар қишлоқҳо. Дар ҳамин шабурӯзҳо омада халқро аз кору бору зиндагиаш монда, роҳҳоро баста ҳамаҷоро милисаву кгбев алфаву спетсназборон кардану боз ишками онҳоро (ишкамбаи худат бас набуд) аз ҳисоби халқ хуронидан чи даркор? Ҷойи онки зиндагии мардумро сабуксозӣ баръакс вазнин мекунӣ. Меоӣ дар як вақти бекорӣ биё. Ин вақт вақти омадани ту нест. Ин вақт вақти сафар махсусан ба деҳаҳо нест. Аммо туи аблаҳи аҳмақ парво надорӣ. Яке мехезиву мегуӣ, ки хезен сувор шавен, Ғарм мерем. Баъд дар қатори ҳайат боз аз аъзои Оилаат ҳам мебарӣ, то навасаҳоро.
Чаро ҳар қадамат зарару зиёну ранҷу кулфату ғаму азобу дарду андуҳу вазниниву сангинӣ меоварад? Аз ҳамин гуна показухаҳо сер нашудӣ. Кай бас мекарда бошӣ? Кай сер мешуда бошӣ. Худо нагирифтад, ки ҷони мардум дамаду роҳат шавад. Мардумро дар ташвиш мемонӣ, мардумро аз кору бори зиндагиаш бозмедорӣ, як мушкиливу душвории сунъӣ ба сарашон меоварӣ. Ҳеҷ медонӣ, ки барои онки барои ту дар тори куҳ «Хуш омадед» нависанд, ин мардум чи корҳо карда истодаанд, чи азобҳо кашида истодаанд?
Ҷаббор Расулов, роҳбари Тоҷикистон буд. Сари саҳрои пахта меомад бо мардум аз як табақу аз як пиёла мехурд. Ту кӣ ин тавр нестӣ. Ҳатто бароят туалети сайёр ташкил карда будаанд, пластмассӣ. Чанд нафар аз охранаат кораш туалеткашӣ будааст. Вале як бор ба худат савол деҳ, ки ин ҳама харҷу масраф барои як сафари аҳмақонаи ту аз куҷо? Ин ҳама масрафу хароҷот чи лозим? Ҳамааш аз ҳисоби мардуми нодору камбағал. Ту талош кун, ки ба камбағал як сабукӣ орӣ, осоишу оромишашро ба ҳам задан чи даркор. Як дардашро пурс, як доғашро пурс як сум кумакаш кун. Як омадану рафтани ту миллионҳо миллиоҳо хароҷот дорад. 30 сол бозо ҳамин корро кардӣ чи шуд? Садҳо коргоҳу иншооти сохтагиат ҳайрону бекор. Ин қадар навистему навистанду худат ҳам ҳатмани ҳатман навистаӣ, ки Ленин ҳамеша зиндааст, Шараф ба КПСС, Партия ақл, хирад ва виҷдони замони мо -хуллас аз ин қабил гапҳову шиорҳо. Ку ҳамаи онҳо. Барои ҳамаи онҳо пул сарф нашуд? Вале он вақт он пулҳо аз ҳисоби давлат сарф мешуд. Ҳозир мардум сангро ба хурҷини харҳо бор карда тори куҳ бурда истодаанд, раҳ сохта истодаанд, барои бурдани он сангҳо, ки «хуш омадед»-и туро нависанд! Ту номатро дар дили халқ гузор, дар тори куҳ номи туро менависанд. Вале гуфтам, ки ҳазорон душному ҳақоратҳои дастаи каландӣ мекунанд. Бахудо агар одами ҳалолу бономус бошӣ, ҳамин сафари дарпешистодаат ба Ғармро кансел кун.
Хабари сафари Раҳмонов ба водии Ғармро даҳҳо нафар аз дӯстони шабакаи «Ислоҳ» ба мо фиристода хоҳиш карданд, ки аз номи онҳо бирасонем ба Раҳмонов ва чоплусонаш, ки мардум дар Ғарм омадани вайро намехоҳанд. Як нафари онҳо навиштааст: «сокинони деҳаи Шули ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт, чанд ҳафта мешавад, ки осоишу оромиро аз даст додаанд. Деҳа пур аз мансабдору мақомдор ва дар талу теппаҳои атроф афроди ношинос зиёд гаштугузор карда истодаанд. Бинобар хабарҳои расида қарор аст рӯзҳои наздик Раҳмонов ба ин водӣ сафар ва махсусан дар ҳамин деҳа таваққуф кунад. Дигар маълум аст ки мардум ба иҷбор дар расми қабулу гусели вай кашида мешаванд ва мову шумо хуб медонем, ки сафарҳои Раҳмонов ба мардум чи қадар ташвишу изтиробу нигарониҳо меоварад. Аммо ин бор дар қиёс бо сафарҳои қаблиаш ба ин водӣ ташвишу нороҳатии сокинон бештар шудааст».
Як нафар аз сокинони ин ҷамоат, ки феълан дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, ба мо навиштааст, ки «Пирбузбала боз сар кард. Сафарҳое, ки ба ҷони ҳама задааст. Меравад синфхонаҳои бо ҳашари умумӣ ва бо пули халқу соҳибкорони ватандӯстро мекушояд, пардаи рамзиро ҳам мебардорад. Ва ҳамин корҳоро дар ҷову онҷои дигар мекунад. Баъд мумкин боз дар ягон толор ва ё сояи боғ бо мардум суҳбат мекунад. Аммо ҳамачиз зарание омода карда мешавад».
Нафари дигар аз ҳамин деҳаи бошад чунин нома фирисодааст: Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз деҳаи Шули ноҳияи Рашт бароятон менависам. Каллағафс ба ҳамин қарибиҳо бояд ба ноҳияи мо ояд. Фармон кардаанд, ки бояд 10 километр роҳро чароғон намоем. Ва, дар танаи куҳ номи ин бадбахтро бинависем. Ин мардуми беномуси мо ҳам то куҳ роҳ соз карданд ва бо санг дар танаи куҳ номи ин бадбахтро навиша истодаанд. Бояд санги сафед бошад, ки тобад. Санги сафед нест, оҳаку ранги сафед бурдаанд, ки ба сангҳо шаканду моланд, то инки тобад. Ҷонамонро ба лабамон оварданд. Ҳоли сагро дорем. Дар Русия маҷбур карда истодаанд, ки мардум пул ҷамъ кунанд. Мегуяд, кадоме намесупорад ба гуфти чоплусҳо вай мард нест:
«И, нангу номсуай. Дигаро кардестан, мо ғармиҳо ай кӣ камем? Бояд сад фоиз пешвоз гирем Ҷаноба. Бояд нишон тийем. Сардори бачаҳои Русия Хуршедшои чоплус дар дилу ҷонамон задааст. Мо рузамонро ҳила мегузаронем, боз инҳо маҷбур доранд».
Ин нафар бошад, ному фамилияашро ҳам навиштааст, аммо мо аз нашраш худдорӣ варзидем:
«Ман аз ноҳияи Рашт, ҷамоати Нусратулло Махсум деҳаи Шул. Бародар мо ҳарчанд, ки дар куҳистон зиндагӣ мекунем, аз об танқисӣ мекашем. Соли гузашта мардуми деҳот тасмим гирифтем, ки якҷоя аз куҳ, аз масофаи тақрибан 30-35 км ба деҳа бо тарики труба об биёрем. Дар Русия Хуршедшоро раис интихоб кардем ва ҷамъоварии маблағро сар кардем. Миллион миллион маблағ ҷамъ шуд. Трактор харидем ва корро сар кардем. Албатта пул намерасад, то ҳол ба анҷом нарасондем. Мутаассифона соҳибкорҳои мо ҳамагӣ чоплусанд, аз ҷумла Хуршедшо ҳам. Акнун бародар кори оби мо ба охир норасида сар шуд зулм, ҷушидани муҳоҷирон. Ҳар як покаления бояд коре барои ободии деҳа анҷом диҳанд. Бовар кун бародар ин бузу чоплус ин қадар бисёр шуд дар деҳа ки ин дар номуси якдигар чандин корҳоро анҷом доданд. яне чихел Ҳар покаления сардор дорад. Сардор чизе гуфт вай бояд анҷом дода шавад. Касоене, ки саркашӣ мекунанд, онҳо шароит надоранд. Бо гуфти ин аҳмақҳо аз ҷумла Хуршедшо. Вай мард нест. Ба дараҷае ҷушида истодаанд муҳоҷирҳоро, ки то бас гуфтана. Бадбахтӣ дар он аст ки мо меҳнат мекунем аммо инҳо бузу чоплусҳо аз пешвояшон миннатдоранд. Бародар дар ахбор гап мезадаги чоплусҳо Киромуддин, духтури дандон, Хуррамшо, яъне муаллим. Субҳоналлоҳ муаллим чоплус. Ояндаи кудакҳо чи мешавад? Э, мардум якбор фикр кунед. Об майли бародар. Як рӯз дар группа тривога шуд, ки бояд гирду пеши ҳайкали Нусратулло Махсумро таъмир кардан даркор. Дар даромади деҳа дарвозаи калон сохтан даркор. 10 км роҳро чароғони кардан даркор. Дар танаи куҳ хуш омадед пешвои миллат навистан даркор, ки калағафс меояд. Субҳоналлоҳ, чи хел чароғон, ки дар ҳолате свет нест. Муҳоҷирҳо камкам шуруъ кардан ба гап задан. Барои чи бояд ҳамаи ин корҳоро мо бояд кунем? Ҳоло обро оварда натавонистем. Ин худаш чи гап? Аммо ягон резултат надод. Як бузи калон шоҳи бузони деҳа писари Имомназар Ҳокимҷон хесту гуфт: «э мардум, супориш шудай хоҳед нахоҳед, мекнем, ҳами коройи зикр шудара, Ҷаноб меояд, раиси ноҳия фармон додагияй». Ҳама хап кард. Барои онки ӯ пеш уголовник буд. Ҳозир чи кор мекунад, намедонем. Баъди Фирдавси соҳибкор гуфт, ки моро ягон кас маҷбур карда наметавонад. Аммо мо худамон мекунем. Э, акаи Фирдавс шумо миллионеред, фикр мекунед, ки муҳоҷирҳо чи ҳолу рӯз доранд. Хуллас, бародар бо дар сари ҳар як гуруҳ 6 ҳазор сомонии дигар заданд, маҷбур ҷамъ карда додем. Ҳоло боз давом дорад, ҷушидани муҳоҷирҳо. Бародар Муҳаммадиқбол! Дар танаи куҳ бо санг бояд номи ин тоғути беимону бенасабро нависанд. То онҷоро раҳ соз карданд. Сангҳоро бурданд барои навиштан. Тоба, тоба. Э, мардуми деҳа илтимос як бор ақлатонро кор фармоед. Мо мардем мегуяед. Ин мардӣ нест. Соҳибкорҳо, махсусан шумо, ҳар коре мегуяд ба гардан нагиред. Мардуми оддӣ нони хурдан надорад, аз куҷо пул медиҳад. Хуллас, бародар зулм дар авҷи аълои худ расида аст, золимӣ дар авҷ аст. Мардум дар ҳамин рӯзҳои ниҳоят гарм ба тарафи бадани куҳ роҳ сохта санг кашонида истодаанд. Аммо як нарре пайдо намешавад, ки гуяд накунед. То мусафедҳои деҳа ҳофизӣ карда дар куҳ ном менависанд. Дар охир Хуршед Ҳокимҷон муроҷиат ба шумо ва ба чоплусони шумо! Ба номуси мардум бозӣ накунед. Рӯзе мешавад, ки ҷавоб медиҳед. Аз як тараф фикр мекунам бародар ҳаминмардуми моро хуб мекунанд. Мегуянд, ку нодонро ёфтиву накардӣ вуболаш дар гарданат. Э, мардум саротуна бардоре якбор да ойна бинен хтона ва савол ба хтон тие, ки ҳами мо мардем ё зан дар сурати мард. Бародарҷон Аллоҳ шумоҳоро тезтар ба сари халқ баргардона, ки ин бадбахто милата доран бе номус мекнан, алакай кардан уже ба нестӣ бурдайистодан».
Яқинан дар ин айёми таътил талабаву толибаву муаллиму муаллимаҳо ҳам дар амон нестанд, рақсу арғушт машқ мекунанд-маршировка.
Ин чи гуна раиси давлат, чи гуна падару пешво будааст, ки барои худнамоии чанддақиқаии худ халқи худоро чандин моҳ дар азобу азият мекашад.
Фақат барои онки ҳамин шайтонро пешвоз гиранд, фақат барои онки ҳамин хурсанд шавад. О, аз ин ҳама намоишҳо бардуруғ чи оидат мешавад? Туро халқ шум мебинад. Аз рангу руят, аз дидорат безор аст. Любой канали телевизионии Тоҷикистонро мекушоӣ фақат ту. Боз ин каналҳоро ба моҳвора баровардаӣ, ки шармандагии дучандон аст. Мегуӣ, ки телевизион неву Ютубканали Раҳмонов ва ё видеомагнитофони Раҳмонов бошад
Меоӣ, биёву кори мақомотатро бин, бо мардум мулоқот кун ва пурс, ки барои як шаҳодатномаи ақди никоҳ чанд пул, барои шаҳодатномаи як навзод чанд пул, барои як маълумотнома-справкаи маъмулӣ чанд пул медиҳанд. Баъд руихати призивникҳоро пурс. Аз раиси ҷамоат пурс, ки чанд нафар призивник дорӣ? Пурс, ки дар ҳамин ҷамоат чанд нафар дар хидмати сарбозӣ аст ва сипас раву мардумро суол пурс, ки барои онки писаратон дар ҳамин як мавсими баҳорӣ ва ё тирамоҳӣ хизмат наравад, чанд сомонӣ додед ва сипас ин маблағро, бигзор сесад сомонӣ ё чаҳорсад сомонӣ кам ҳисоб куну ба адади призивникҳои ин ҷамоат зарб зан ва баъд аз раиси ҷамоат пурс, ки ин маблағи бузургро, ки дар сол ду навбат ҷамъоварӣ мекунӣ чи кор кардӣ? Ана он вақт сафари ту ба як ноҳия ба дарди мардум мехурад.
Майдони нишасти вертолёт месозӣ, спетсназу ОМОНу Алфаву охраннаҳои бешуморатро меорӣ, мисли қавми яъҷуҷу маъҷуҷ ишками онҳоро сер карданро ҳам болои ин мардум мепартоӣ, охир чаро?
30 сол бозо маршировка, боз маршировка, боз дар трапи вертолёт, зери чанги болҳои он туро пешвоз гирифтан ягон зарарут дорад? Як бор баргарду ба худат нигоҳ кун, ки ҳамин корҳои ту зеби як раиси ҷумҳур аст? Кадом раиси ҷумҳур ҳамин корҳои туро мекунад? Ту раиси ҷумҳурӣ ё чиӣ? Худатро чи фикр мекарда бошӣ, дар куҷо қарор дошта бошӣ? Ҳеҷ фикр мекунӣ?
Нигоҳ кун, мардум дар фуругоҳҳо ҳофизонро, варзишкоронро, ғолиби ягон мусобиқаро пешвоз мегиранд. О, ту кӣ раисӣ, Ғарм ҳам ҷойи кори ту аст, Кулобу Исфара ҳам. Чаро барои онки ҷойи корат меравӣ, туро карнаю сурнаю атласу чакану шакарову қурутову ярмаркаи тушкаву боқалову каду ташкил карда пешвоз гиранд? Ҳеҷ фалсафа ва моҳияти ҳамин кори туро нафаҳмидам. Аз ин ҳама манзараҳои якнавохту якзайли худат, росташро бигу, хаста нашудӣ? Ё фикрат ин аст ки давлатдорӣ ҳамин аст? Барои ҳамин ман аз номи тамоми мардуми водии Ғарм гуфтаниам, ки «Хуш наоед, номуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, президенти ғайири мунтахаби мардум ва як шахси золиму ғармикуш ба водии Рашт».
Дар охир таманно мекунем,ки сарнавишти ту дақиқан мисли Нуриддини акаат шаваду ин миллат ва мардум аз зулмҳои ту наҷот ёбанд.