Салом бародар Муҳаммадиқбол! Аз Ғафуров бароятон менависам. Аз Овчиқалъача. Номаи ман муфассал аст. Онро, хоҳиш мекунам, ки алоҳида чоп кунед. Раиси ноҳияи мо «омада», сойкелдӣ аст. Аз Данғара. Гуё дар ноҳияи Ғафуров кадр намонд. Маҷлис мекунаду болои мардум миннат мегузорад, ки ҳукумат барои шумо ин карду он кард. Шарм намедорад, изо намекашад. Магар то омадани ин одам дар ноҳияи Ғафуров мардум кор намекард? Маълум аст ки ин нафар барои дуздиву бойшавӣ омада аст. Медонем, ки дар гузашта вазири тандурустӣ буд, раиси як ноҳияи Душанбе буд. Дар дуздиву ғорату коррупсия таҷрибаи калон дорад. Ин кадри Данғара мисли ҳамон русҳои давраи шуравӣ ҳастанд, ки аз марказ гирифта то ноҳияҳо дар мақоми котиби дуввум-котиби иделогӣ кор мекарданд, аммо амалан роҳбар ҳамонҳо буданд. Ҳоло ҳамин Нусратулло Салимзода ҳам айни ҳамон котибони дуввуми давраи шуравиянд, ки аз марказ фиристода мешуданд ва миллату дину оину урфу рафтору гуфторашон аз мардуми бумӣ ва маҳаллӣ фарқ мекард. Ҳатто дар ҷамоати мо як нафарро аз Данғара оварда масъули мизи ҳарбӣ таъин кардаанд.
Як масъалаи бисёр сахт, ки ҳоло дар пеши мо истодааст ин аст ки қисмате аз ҳудуди ноҳияи моро ба қирғизҳо додаанд. Дар байни мардум ҳамин хел гап-гап ҳаст. Хуб, ҳоло мавзуъҳоро аз як тараф менависам.
Мавзуи якум: Кормандони ҷамоат ва милиса
Баҳодур бо лақаби кур, корманди ҷамоат масъули мизи ҳарбӣ (вус), ду доғи судӣ дорад. Бо вуҷуди ин корманди ҷамоат аст ва хуни мардумро хурда истодааст. Ин бадбахт пештар мошини тамғаи Лексус дошт, ҳозир бо мошини тамғаи Хундай Авантеи сафед, рақами давлатияш 2222-02 мегардад. Худаш аз Данғара аст. Чанд бор мардум аз болояш шикоят карданд. Агентии коррупсия ва прокуратура бурда маҳкам ва делои ҷиноятӣ кушоданд. Аммо бо сум ва кумаки криша аз об хушк баромад. Бисёр бесавод аст. Ҳатто дуруст гап зада наметавонад, мегуӣ мактаб неву дар оғил ҳамроҳи гову гусфанд калон шудааст. Маълумоти олӣ ҳам надорад. Кришаи Баҳодур Суҳроб Самизод- корманди прокуратура аст. Ин Суҳроб хешутаборӣ бо пешвояшон дорад. Барои ҳамин бо вуҷуди доғи судӣ доштану бесавод будан дар ҷамоат кор карда истодааст. Ягон касро признават намекунад, гапи раис умуман намегузарад. Туҳмат карданӣ нестам, аммо ҳама мардум мегуянд бо Барно, як корманди дигари ҷамоат алоқаи маҳрамона дорад, чун ҳарду бисёр дар хилват мераванд, ҳамон Барное, ки дар рейди сатр иштирок мекунад ва бисёр бешарму ҳаё аст. Шавҳару чанд фарзанд дорад. Дар ҷамоат Иброҳим язнаи Баҳодур яъне шавҳари апааш кор мекунад. Доляву пули мардумро асосан аз мардум Иброҳим мегирад. Иброҳим аз Қистакуз аст. Занаш аз худаш калон аст, яъне апаи Баҳодур.
Иброҳим ҳамеша ҳамроҳи участковий Насим мегардад, чун участковий ҳақи дохил шудан ба хонаҳои мардумро дорад, якҷоя бо участковий шикори ҷавонон мекунанд, то ба хизмат равон кунанд, ё ки сум кананд.
Баҳодур ба хонаҳои одамон даромада, руйирост таҳдиду ҳақорат мекунад.
Падарони ҷавонҳоро бурда маҳкам мекунад, то ин ки фарзандашонро ба артиш равон кунанд, ё ки доля диҳанд.
Ҳар призыв, аз ҷавонони синни сарбозӣ доля талаб мекунад: 1000, 3000, 5000сомонӣ.
Агар мардум туй карданӣ шаванд ё фарзандаш барои ягон моҳ аз муҳоҷират истироҳат биёяд, ҳатман доля талаб мекунад. Доляро гирифт чашмро мепушад.
Вақте ягон ҷавони сумдор ё шиносу связдор бошад, худаш неву амниятро роҳӣ мекунад. Амният ҳам албатта дар ин шикор дар доля ҳаст. Боз як манбаи дигари даромадаш ин сарбозфурушӣ аст. Вақте нақшаи даъват буд мешавад, ҷавононро дастгир мекунад ва аз онҳо пул гирифта сипас раҳо мекунад ё онҳоро ба дигар минтақаю ноҳияҳо мефӯрушад, дар нақшаи дигар ноҳия дохил мекунад. Албаттта, ҳамаи ин ставкаи баланд дорад: аз 5000сомонӣ боло.
Манбаи дигари даромадаш заминҳои деҳаро фурӯхтан аст. Дар ин кор албатта, вазифадорони ноҳияву вилоят шарик ҳастанд.
Дар ду тарафи роҳи мошингард ягон замини холӣ намонд, ҳамаро ҳуҷҷат карда фурӯхт.
Талаби мо мардуми Овчиқалъача ин аст ки ин ҳаромхури золим аз вазифа гирифта аз деҳаи мо дур карда шавад, то мардум аз ин золим раҳо гарданд.
Дар ин зулми Баҳодур- амният, раиси ҷамоат, милиса ҳама шариканд.
Раиси ҳозираи ҷамоат Абдуҳамид сокини ҳамин деҳа аст.
Боиси шармандагист, ки раиси ҷамоат, фарзанди ҳамин деҳа дар зулми мардум шарик аст, золимро бар зулмаш ёрӣ мекунад.
Худованд ҳидоят кунад.
Ин золимон як рӯз мераванд, ту Абдуҳамид ҳаминҷо мемонӣ, ба ин зулму ба ин ғорату дуздият чи ҷавоб медиҳӣ назди Худованд, назди мардум?
Вақте аз ягон ташкилоти байналмилалӣ ёрдам мебиёяд, ба мисоли орду равғану дигар маҳсулоти ниёзи аввала, руйи рост дуздӣ мекунанд.
Мо чанд бор шоҳиди дуздии кормандони ҷамоат шудаем
Охир ин ризқи фақиру камбағалон аст, чаро аз Аллоҳ, наметарсед, як рӯз мурдан доред.
Битарсед аз Аллоҳ!
Мавзуи дуввум: КДАМ ва кору фаъолияти КДАМ дар Овчиқалъача
Воқеан боиси шармандагист, ки чунин мақомоти бонуфуз, мақомоти қудратӣ, мақомоте, ки масъулияташ аз ҳама баланд аст, ба ҷои таъмин кардани амну субот дар кишвар ба корҳои пасту ночиз даст мезанад.
Имрӯз амниятӣ мактаб меояд, назди директори мактаб медарояд, соатҳо онҷо мешинад.
Наход як амниятӣ дар мактаб гардаду кораш бечора директори мактабро ғам додан бошад.
Ин кор дар МТМУ №8 ҷамоати Овчиқалъача руй додааст.
Номи яке аз онҳо Ораз, яъне ҳамон амниятӣ.
Ту амниятӣ дар мактаб чи кор мекунӣ, террорист мекоби аз онҷо !?
Ба кору рафтори инҳо ҳайрон мешавӣ.
Бовар кунед диламон реш- реш мешавад аз кори ин амниятиҳо
Бо занҳои шавҳардори ин деҳа амали маҳрамона мекунанд, мо мешиносем ин занҳоро. Мардҳояшон дар Русия, соҳиби кудак ҳастанд.
Аз Худо тарс амниятӣ!
Ту ҳам духтар дорӣ, хоҳар дорӣ, ба сари ту ҳам омаданист охир зино қарз аст мегӯянд, карди мекунанд!
Мавзуи сеюм: Худнамоӣ ва пешвозгирии Пешво
Моҳи апрели соли 2023 Пешвои миллат дар даруни нохунак бори дуввум ба деҳаи Овчиқалъача сафар кард. Бори аввал 16 сол пеш омада буд. Мо худ шоҳиди зиндаи худнамоӣ ва сохтакорӣ гаштем. Пеш аз омадани Ҷаноб тайёрии ҷиддӣ диданро сар карданд. Роҳҳоро қисм-қисман бо соҳибкорону мардум вобаста карданд. Ба сабаби омадани Ҷаноб роҳҳо қисман обод шуданд, набошад ҳамин хел 30 соли дигар меистод.
Мақсади асосии омадани Пешво ин бардоштани Парчами миллӣ ва ба истифода додани чанд иншооти дигар, ба мисоли Тибби Равшан, китобхона, сехи дузандагии Ёсуман, шуъбаи милитсия, сехи истеҳсолии Шарифҷон.
Таърихчаи аз тарафи соҳибкор сохта ва ба истифода дода шудани ин объектҳо чи гуна гузашт, нақл мекунам.
Чанд моҳ пеш раиси навтаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаноби Нусратулло Салимзода ҳар рӯз ба деҳа меомад, ҳамрохи архитекторону заминсозон.
Нақша ва объект муайян шуд. Маҷлис ва шахсони масъулро алоҳида даъват карданд.
Соҳиби «Тибби Равшан» Алишер писари собиқ корманди андоз, ки вафот кардааст.
Раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, Алишерро фарёд карду гуфт дар инчо бояд клиникаи хусусӣ кушоӣ, пул надошта бошӣ аз банк қарз гир, қарз намегирам гуӣ, ҷоятро кашида мегирем. Як каси дигар дар инҷо клиника мекушояд. Мақсад аз кашида гирифтан ин яъне бе ягон ҷубронпулӣ ё бар ивазаш замин додан, чизе, ки ба ту тааллуқ дорад, мегиранду ба як каси дигар медиҳанд.
Алишер маҷбур рози шуду қарз карда клиника кушод. Соҳиби китобхона, бародари сардори Раёсати андози вилояти Суғд Воҳидов Абдуқаюм аст. Вай вазифадор шуд, ки дар онҷо китобхона бисозад. Бародари Воҳидов Абдуқаюм Хуршед ном дорад. Шароиту имкони сохтани китобхонаро надошт. Аз ин сабаб китобхонаро одамони Воҳидов Абдуқаюм сохта ба истифода доданд, ки то ҳол китобхона фаъолият дорад.
Сехи дузандагии Ёсуман аз тарафи соҳибкорзан Мадина таъмир ва ба истифода дода шуд. Бар ивази ин Мадина соҳиби ин объект гашт ва монополияи либоси мактабии деҳаро ба даст гирифт. Ин объекти нимтайёр ба ҷияни Генерал прокурор Раҳимов Абдураҳим прокурори вилояти Хатлон тааллуқ дошт, аз ин ҷиҳат бар ивази ин ба у замини дигар дода шуд.
Сехи истеҳсолии Шарифҷон тамоман сохтакорӣ аст. Биноро таъмир карданд, таҷҳизотро аз Душанбе оварданд, чанд навбат истеҳсол карданд, ба пешво нишон доданд, баъди чанд рӯзи фаъолият корро қатъ карда, ҳоло тамоман маҳкам аст. Таҷҳизоти истеҳсолиро обратно Душанбе бурданд. Ҳамаи ин корро дар 2-3 мох анҷом доданд. Фақат барои худнамоӣ ва сохтакорӣ. Ҳоло бошад сехи Шарифҷон тамоман кор намекунад. Китобхона қариб, ки хонанда надорад. Сехи дузандагӣ фақат либоси мактабӣ медузад ва монополияи кардааст. Зиёда аз 4000 талабаи мактаб ҳаст, агар аз ин зиёдтар набошад.
«Тибби Равшан» духтурони беморхонаи деҳаро овард. Акнун беморхонаи деҳа тамоман харобазор шудаасту кор намекунад.
Мавзуи чаҳорум: Мавзуи оби нушокӣ ва полезӣ
Мо, ки дар сарҳад бо Қирғизистон қарор дорем, оби сойи Хоҷабоқирғон аз тарафи қирғизҳо ба тарафи мо меояд.
Дар сарҳад мо як платинаи калон дорем, ки тақсимоти об байни деҳаҳо аз онҷо шуруъ мегардад.
Ҳоло ҳам ин платина дар дасти мо тоҷикон аст. Лекин шаҳрвандони оддӣ аллакай онҷо рафта наметавонанд, пурра ба дасти кормандони мақомот гузашта аст. Тахмин аст, ки онҷоро ҳам ба қиргизҳо дода бошанд, ин ҳукумати заиф.
Ин ҳукуматиҳо хонашери майдонғарибанд, зурашон фақат ба мардуми бечора мерасад, ки ягон гап гуфта наметавонанд.
Овчиқалъача, ки 25 ҳазор зиёд аҳолӣ дорад, оби нушокии тоза надорад, об ягон намуд коркард, безараргардонӣ,филтр карда намешавад.
Ҳоло ҳам мардум обро аз каналу ҷуйборҳо ба ҳавзҳои худ пур мекунанд ва аз он истифода мекунанд.
Дар ин ҷуйборҳо гоҳ памперсу гоҳ партовҳои гуногун мебиёяд аз боло, мардум маҷбур аст аз он об истифода барад.
Дар як деҳаи ин ҷамоат, ки Варашилобод ном дорад 2 ҳавзи бисёр калон сохтаанд, ки обашро тоза карда ба Бустон, Хуҷанд ва атрофи ин шаҳр мефиристанд, мефурӯшанд.
Ин ҳавзи калон дар контроли амният аст.
Сокинони ин деҳа аз ҷуйборҳои ифлосу чиркин об менушанд, инҳо бошанд тавонистанд то Хуҷанд оби моро гирифта баранд, ки масофа байни Хуҷанд ва Овчиқалъача 25км аст.
Дуюм мушкилии оби полезӣ аст. Мардуми деҳа замини корами бисёр дорад ва об барои мо ҳаётан муҳим аст.
Ин як муаммои вазнин барои деҳқонон мебошад. Аз сабаби камбуди об ҳар сол чи қадар ҳосил барбод мераванд, деҳқонон банкрот мешаванд.
Худи ҳамин сол ҳосили пахта тамоман кам шуд, чунки об надоштем. Азбаски пахта ҳам монополия аст, нарх хело паст шуд, деҳқонон сахт зарар диданд.
Ҳол он ки ҳукумат маҷбур мекунад, ҳар сол пахта кишт кунанд.
Мувофиқи ваъдаи ҳукумат вақте оби моро ба Хучанд бурданд, бояд барои заминҳои мо оби дарёи Сирро меоварданд, лекин оби моро гирифтанду ягон чорае барои ҳалли мушкилии мо наҷустанд.
Ҳозир аксари мардуми деҳа, ки пулу мол доранд ба дигар шаҳру дигар кишварҳо рафта кору фаъолият карда истодаанд. Ба Русия рафта фермаву боғҳои мева бунёд карда истодаанд. Ҳол он ки агар камтар шароити оддиро таъмин мекарданд, мардум инҷоро обод мекарданд. Сад афсус, ки ҳукуматиҳо парвои халқро надорад.
Як рӯз маҷлиси раиси ноҳия Нусратулло Салимзода бо соҳибкорони ин деҳа баргузор шуд. Раиси ноҳия дар маҷлис руирост гуфт, ки мо ҳаминқадар деҳаро обод кардем, акнун давомашро худатон обод кунед, назди ҳукумат кумак ё ёрдам пурсида наравед,д ар ҳукумат пул нест .(Ин одам, Нусратулло Салимзода, данғарагӣ, гуё Ғафуровро обод карда бошад. Акнун рӯзи мо ба ҳамин попасӣ афтодааст. Ин акнун ҳукумату мо раият, аҷаб давру замонае шуд)
Инҳо дар 30 сол як парчам сохтанд, чизе, ки ба мардум аслан даркор нест, 2-3 км роҳро базур асфалтпуш карданд, боз шарм нокарда мо обод кардем мегуянд.
Ҳол он ки инҷа ҳама андоз месупорад, ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ андоз месупоранд. Инҷо ҳама пули барқро месупорад. Мисли ҳоҷӣ Раҳматуллову Муҳиби номард бошаму зинда бошам намедузданд.
Пуле, ки аз ҷамоати мо ҷамъ карданд,агар дуздида намешуд,дар ин 30 сол як парчам неву 1000 парчам сохта метавонистанд. Сад афсус, ки корашон фақат дуздию ғорат аст. Вале, баростӣ аз ин парчами воҳима, ки меҳру муҳаббаташ дар дили ҳеҷ кас нест, чи фоида. Ин парчамҳоро, ки ҳозир мисли мусобиқа дар тамоми ҷумҳурӣ, ҳатто дар деҳаҳо сохта истодаанд, миллионҳои халқро дар сараш об рехтанд. Бовар кунед, агар барои як парчам, фарз кардем 200.000 харҷ шавад, онро ду миллион карда аз аҳолӣ меруёнанд. Охир парчамро давлат бояд созад на мардуми оддӣ .
Хандаовараш ин аст ки ҳукумати ноҳия базур як парчамро сохт, то ҷаноб омада онро кушояд.
Дере нагузашта ру ба руйи мо қирғизҳо парчам сохтанд.
Вакте ба деҳа наздик мешавӣ, аввал парчами қиргизҳоро мебинӣ,х аёл мекунӣ, ки Қирғизистон рафта истодаӣ.
Мавзуи панчум: қирғизҳо ва пурзуркунии қувва дар сарҳад
Мо сокинони Овчиқалъача дар ин солҳо чанд муноқишаи хунинро аз сар гузаронидем. Агар ин ҳукумат дар фикри халқ мебуд, мо ба чунин ҳолат гирифтор ҳам намешудем.
Муноқишаи хунине, ки соли гузашта ба вуқуъ пайваст, аз ёдамон то ҳол намеравад.
Дар ин муноқиша заифии вазорати мудофиаву сарбозони тоҷикро дидем. Агар дар муноқишаҳои солҳои пеш тоҷикон бартарият доштанд, қавитар буданд, охирон муноқиша қирғиз бартарӣ дошт, чи қадар техникаву технологияи навро дар ҷанг истифода кард ба мисли Байрактар, ки тоҷикон дар ҷавоб додан ба онҳо оҷиз монданд, ақибнишинӣ карданд.
Чанд БТР, мошинҳои ҳарбии моро аз кор бароварданд, ҳатто як танки гаронарзиши моро ба Байрактар заданд.
Ҳаррӯз бо дронхои худ дар болои деҳаи мо, Хуҷанд, Бустон, Гулистон чарх зада мегаштанд, ба чашми сар медидем, шабона ҳам разведка мекарданд. Ин муноқиша нишон дод, ки воқеан вазорати мудофиаи мо хеле хароб ва аз дигар тараф дар коррупсия ғута задааст.
Баъди 3 – 4 муноқишае, ки давоми 10 соли охир сурат гирифт, ҳудуди мо кам шуда истодааст.
Қирғизҳо дар болои Плотина як части калон сохтаанд. Деҳаи Мақсад, ки бо деҳаи Овчиқалъача ба ҳам часпидааст, ба қиргизҳо тааллуқ дорад, аслан онҷо заминҳои мо буд.
Қирғизҳо онҷоро чунон обод карданд, сохтакорӣ карданд, ки гуё аз аввал замини қирғизҳо бошад.
Аммо ҳукумати мо бошад, ягон чораандешӣ намекунад. Фақат дуздиву ғоратгарии руйирост. Деҳаи Маскади Қирғизистон аз аввал аз ГЭСи Қайроққум барқ мехарад. Тамоми сол бо барқ таъмин аст. Дар инҷо лимити барқ нест, свет намемурад. Вақте мегуед, ки барқ доранду ба хориҷа мефурушанд, чоплусҳо руйи рост руяшонро сиёҳ мекунанд.
Ба қирғизҳо додани барқи тоҷик далели раднашавнада аст. 20 сол пеш, ки дар зимистон дар деҳаи мо лимити барқ буд, он вақт ҳам қирғизҳо барқ доштанд. Барқи истеҳсолкардаи худашон не, балки барқро аз мо мехариданд ва то ҳол мехаранд. Барои онҳо барқро ГЭС-и Қайроққум таъмин мекунад ва линияи ноқилҳо аз деҳаи мо гузаштааст. Мо, соҳибони барқ маҳрум ҳастем, аммо қирғизҳо аз моро мехаранду барқ доранд.
Ҳукумате, ки дар хизмати халқ нест, ҳукумате, ки манфиатҳои шахсиву атрофи худашро аз манфиати халқ боло мегирад, дар ҳақиқат ҳукумати золиму диктаторӣ аст. То ҳол фураҳои оилаи Раҳмонов аз қирғиз ба мо мегузарад. Замини болои стадиони футболе, ки мо ҳар сол мусобиқаи чемпионати футболи деҳа баргузор мекардем, ҳоло комилан ба мо дастрас нест.
Дар болои ин стадион қиргизҳо застава сохтагӣ ҳастанд, ки дар муноқишаи охир ба ин застава аскарони мо наздик ҳам шуда натавонистанд.
Чанд нафар сарбозони тоҷик дар ҳамин ҷо кушта шуданд.
Армияи мо очиз монд ё фармон аз боло шуда буд, ки ҳуҷум накунед, барои мо торику норушан аст. Аммо инаш дақиқ аст ки дар муноқишаи охирон тоҷикон мағлуб шуда ақибнишинӣ карданд. Агар вазъу ҳол ҳамин бошад ҳам Воруху ҳам Чоркуҳ ва ҳам Овчиқалъачаро ба қирғизҳо медиҳад.
Охир ин чи давлату ҳукумат аст, ки масҷидро гирифтанду шуъбаи амният карданд. Бо номус ва бо муқаддасоти миллат бозӣ карданд, таҳқир карданд. Ин масҷид дар мобайни аҳолӣ, дар байни хонаҳо чойгир аст.
Шарм нокарда масҷидро маҳкам карданд, ба амниятхона табдил доданд.
Ҳозир бошад онҷо 5-6 амниятии аз «бачаҳакои боло» рӯзгузаронӣ мекунанд. Онҷо шаробу менушанд, ҳатто духтарҳоро медароранд. Ман, бахудо ба мусулмонии ин қавм аз Раҳмоноваш гирифта то ҳамин афсарони амниятиш шубҳа дорам. Аз инҳо ҳеҷ фоида ва ҳеҷ манфиате ба мардум нест. Барои гузоридани як лайк, барои гуш кардани як амри маъруф ҷавонҳоро мебаранду 307 мезананду зиндон мекунанд.
Ҳамин қадар ҳунар доранд инҳо.
Масҷиде, ки ба шуъбаи КДАМ табдил дода шуд, дар кучаи Юнуси Зуҳур вокеъ аст, маъруф ба масҷиди ҳоҷӣ Мансур, ки масҷиди тарафи адир ҳам мегуянд онро.
Даромади деҳаро ба заставаи калон табдил доданд.
Наход деҳаро пур аз сарбозу амниятӣ кунанд? Ҳеҷ суде надорад. Муноқиша ҳам шавад, ин сарбозон ҷангӣ ҳам нестанд.
Дар даромади деҳа заставаи сарбозон ҷойгир аст. Хело калон сохтаанд. Ҳукумати вилоят-Қофлонбой ин заставаро ба души Воҳидов Абдуқаюм, сардори Раёсати андози вилоят гузошта буд. Яъне застава аз тарафи Раёсати андоз сохта ва ба истифода дода шуд, дар ин кор ҳама шоҳид аст.
Дар бозори масолехи сохтмонии Баракат ҳастем.
Вақте ки хамон заставаро месохтанд, ҳар рӯз аз ҳар гушаи вилоят соҳибкорон меомаданд ва чанд миқдор масолеҳи сохтмонӣ харида ба Овчиқалъача равон мекарданд, яъне ба гардани онҳо бор карда шуда буд, ки як микдори муайян бояд масолеҳ равон кунӣ.
Бечора мардум ҳам андоз месупоранд, ҳам застава месозанд ва ҳам вақте муноқишаи хунин мешавад, қурбон мешаванд ва мисли ҳайвон мурда мераванд, ҳеҷ кас кордор нест, гуё ягон кас кушта нашуда бошад.
Дар ҳамин ҷанги соли гузашта ҳатто писари худи Воҳидов Абдуқаюм низ кушта шуд. Дар ҳукумат кор мекард, бачаи 30 сола буд. Худованд раҳмат кунад, марди хуб буд. Лекин баҳри чӣ? Барои чи ин қадар фарзандони мо кушта шаванд?
Барои он ки фураҳою мошинҳои Озода ё Зоиру Шамсулло Соҳибов бе монеа гузарад ,барои онки наркотики Шамсулло бе монеа аз сарҳад гузарад. Хонаатон сузад шумо барин ҳукуматиҳоро. Шумо ҳукумат ва ҳукуматӣ нестед, шумо ҳамоно ҳамон фронтихалқӣ боқӣ мондаед: дузд, гушна, носерам, ғоратгар. Инҳо на ба мардуми оддӣ раҳм мекунанд ва на ба кормандони худашон.
Вақте рӯзноманигорон барои гирифтани интервю баъди ҳамон муноқиша ба деҳаамон меомаданд, онҳоро амният як-як контрол мекард ва аҳолиро намемонд, ки гапи ҳақро гуяд, кори аслиро нақл кунанду журналистон ба мардум расонанд.
Ин аст ҳукумати Раҳмонов.
Вақте ба деҳаи мо дохил мешавӣ аввал бо заставаи сарбозон дучор меоӣ.
Баъди 200 метр амниятиҳо қади роҳро ба девори тунука (оҳанин) ограждения карда гирифтаанд, бар замми ин 2 гектар замини корамро.
Онҷо онҳо машқ мекунанду вақти худро мегузаронанд.
500-600 метр пештар меравӣ шуъбаи ВКД, Парчами давлатӣ ва идораи ҷамоат ҷойгир аст. Дар чанд хонаи одамон кормандони амният зиндагӣ мекунанд. Охир ин қадар худнамоиву ин шумораи зиёди сарбозон баҳри чӣ!? Бовар кунед, вақте ягон муноқиша мешавад, инҳо ягон кор карда наметавонанд. Охир харҷу масрафи ҳамаи ин мақомотҳои қудратӣ дар души сокинони деҳа бори вазнин аст. Инҳо ба он 1500-2000сомонӣ маоше, ки мегиранд, тоқат карда хизмат мекунанд, магар!? Сарбозоне, ки адои хизмат мекунанд, дуздӣ мекунанд. Амниятихо бошад корашон айшу ишрат, зиёфатхурӣ.
3-4 лаганбардорро аз деҳа ёфтагианд, дигар мегарданд ҳамроҳашон ташкилӣ ба ташкилӣ ва зиёфатхурӣ.
Талаби мо сокинони деҳа ин аст ки ҳамаи ин мақомотҳо аз деҳа бароварда шавад кучонанд ҳамаашро аз даруни деҳа. Инҷо военный городок нест, ку! Ҳамаро вайрон карданд. Духтарон бераҳа, занҳои шавҳардор бераҳа, писарбачаҳои мактабро бошад милисаҳо бузу бузғола кардагианд.
Дарди дил бисёр, ҳатто китоб нависам ҳам тамом намешавад.
Мавзуи шашум: Бузҳои деҳа. Воқеан ин як мавзуи доғ барои мо мебошад. Бисёр намехостем, ки дар ин мавзуъ нависем. Аммо ҳамаҷо аз бузу бузғола пур шуда аст. Аз хонандагони мактаб сар карда то марду занҳои калон. Безебии кор дар инҷост ки ҳама сокини ҳамин деҳа мебошанд. Яке аз бузи калону руйи рости ин деҳа Абдуаҳади дискфуруш аст, ончунон бузи калон аст, ки ҳатто милисаҳо аз вай метарсанд.
Тюремчик мебошад. Дар вақти зиндон буданаш ҷароҳати вазнин бардошт, дигар фарзанд дошта наметавонад, модараш бемори руҳӣ аст.
Ба амнияту прокурор бузӣ мекунад.
Ҳар рӯз дар куча дар даст диск разведка карда мегардад.
Ончунон бузи серёзный ҳаст, ки як вакт як милисаро зад, он милиса ягон кор када натавонист.
Бузи дигар ин Абдурауф ном дорад, бачаи ҷавон- 30 сола, бо мошини Волсваген мегардад. Хонааш дар ҳамсоягии шуъбаи амният дар кучаи Юнусу Зуҳур аст.
Бисёр бузи ботаҷриба аст.Худаш контрабанда мезанад.
Бузи дигар Азим ном дорад, пусти дасташ сафед, пес аст.
Ба мошини Хонда Срв мегардад. Ин бо буз буданаш бисёр фахр ҳам мекунад.
Дар охир аз раиси ноҳия ҷаноби Нусратулло Салимзода талаб мекунем вазъиятро хуб дар ин нома бояд фаҳмида бошанд. Охир гуфта будед барои ободкардан омадаед ва шумо пулдореду барои пул кор кардан ба ноҳияи мо наомадаед. Охир ҳеҷ ободкории шуморо надидем , фақад коратон ва кори шафкаҳоятон пулҷамъкунӣ ва ғорату тороҷ аст. Дигар дар маҷлисҳо дуғу пописа ва сиёсат накунед , мо ғулом нестем. Агар тағирот ва ислоҳ нашаванд кормандонатон, ҳама ончи мақомот дар ноҳия мекунанд мо ба “Ислоҳ” менависем. Шумо вақте раҳм намекунед, мо ҳам дигар ба шумо раҳм намекунем!