Эмомалии террорист, мизбони Конфронси “Муқовимат бо терроризм”

Ё ҳама оламро мебояд, мафҳуми тероризм ва экстримизмро аз президенти Тоҷикистон “омӯзанд”

Терроризм ё террор як вожаи хеле хашин ва баде аст, ки дар ҳаётам ба ин вожа хело нафрат дорам.

Қатл ва куштори инсон амали хеле бадест, ки шариъати ислом онро ба шадидтарин шевае маҳкум намудааст. Қотилро барои абадӣ монданаш дар оташи ҷаҳаннам маҳкум ва ҳам лаънат кардааст.

“Ва ҳар кас мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!”(Сураи Нисо,ояти 93)

Боз дар ин маврид дар Сураи муборакаи Исро мефармояд:

“Касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, макушед, магар бар ҳақ. Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, ба талабкунандаи хуни ӯ қудрате додаем, вале дар интиқом аз ҳад нагузарад, ки ӯ пирӯзманд аст.” (Сураи Исро,ояти 33)

Пас, бароямон мушаххас гашт, ки шариъати ислом дини салом ва сулҳ буда, мухолиф бар қатли инсон аст.

Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ин масъаларо хеле бо шиддат мазаммат кардааст. Ба умматонаш ҳушдори қавие додааст, то муртакиби ин амали хатарнок нагарданд.

Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят кардаанд, ки чунин фармудаанд: “Аввалин чизе, ки дар рӯзи қиёмат миёни мардумон файсала ва ба миён гузошта мешавад ин(қазияи) хун аст” (Муттафақун алайҳӣ)

“Агар тамоми аҳли осмон ва замин барои куштани як марди мусалмон гирди ҳам биёянд, Аллоҳ ҳамаашонро дар оташи ҷаҳаннам меандозад (барои инки ин мардро куштаанд)(Ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳ)

“Дар назди Аллоҳ аз кушта шудани як марди мусалмон, ки бидуни ҳақ кушта шудааст,  вайрон кардани ин олам, осонтару қадри камтар дорад ” (Байҳақӣ дар Шуъабил имон)

Анас Ибни Молик (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят карда аст, ки мефармоянд:  “Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло барои қотили марди мусалмон тавбаеро қарор надодааст (пазирӯфтани тавбаи қотили мусалмон мардуд аст)” (Саҳеҳу ҷомеъ № 689)

Ибни Аббос (раз) дар шарҳи ин ҳадис мегӯяд: Барои қотили қасдани шахси мусалмон шариъати ислом тавбаеро пешбинӣ накардааст”

Абуҳурайра (раз) аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ривоят мекунанд, ки фармудаанд:  “Панҷ чиз аст, ки онҳо каффора надоранд: Ширк овардан ба Аллоҳ ва куштани шахсе бидуни ҳақ…” (Саҳеҳу ҷомеъ № 3247)

Ба гумонам барои хонандаи гиромӣ, то ин андоза оёт ва аҳодис кофӣ аст, то бидонем, ки ислом мухолифи шадиди қатл ва террору хушунат будааст. Албатта, мусалмонони асил ва пойбанд ба шариъат ҳаргиз қотил нестанд.

Инчунин мухолифони  имрӯзаи сиёсии кишвар ҳам даст ба ягон хушунат назадаанд ва марбути гурӯҳҳои алоқаманд бо терроризму қотилу одамкушон ҳам нестанд.

Бо ин далел ба барпокунандагони конфронсҳои дурӯғини “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” гуфтаниям, ки ҳеҷ касе мухолифи ба баргузории чунин конфронсҳо нестанд. Бояд чунин конфронсҳо ташкил гарданд ва муқовимати шадид бар алайҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Аммо он чизе, ки маро водор ба навиштани ин мақола намуд, ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон аст. Ҳукумате, ки бақои худашро дар ҳукм, то имрӯз аз  ифротгароӣ, хушунат, шиканҷа, саркуб кардани ҳама озодандешон, муборизаи бе амон бар алайҳи диндоронро сармашқи худ қарор дода аст. Мехоҳад бо ташкили чунин конфронсҳои ҷаҳонӣ тамоми амалҳои террористонаи худро пинҳон намуда, ба оламиён бигӯяд, ки ман мухолифи терроризм, ифротгароӣ ва хушунат мебошам.

 

Ончӣ дар конфронси баргузоргардида мушоҳида намудам:

Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо дастгирии САҲА ва СММ дар кохи Сомон баргузор гардид ва то имрӯз ба ин шакл гузаштани конфронсро дар ҳеҷ кишвари дигаре надидаам. Бо вуҷуди миз мудаввар будан ва мизи мудаввар ифодагари баробарии ҳамагон буданаш, ҷойи нишасте дар толор барои президент Эмомалӣ Абдурраҳмон махсус намудаанд, ки аз диктатор будани ӯ аланан шаҳодат медиҳад.

Албатта он афроде, ки дар дохил муваззаф ба тартиби ҷойҳои нишасти президент ва меҳмонон будаанд, бо хоҳиши Эмомалӣ Абдурраҳмон амал кардаанд, ё ин ки худсарона, ӯро бо ин амалашон шарманда намудаанд. Аммо, шакли ҷудокунандаи мизбон аз меҳмонон дар чунин конфронси мизи гирд иштибоҳи хело бузург аст. Ё бо ин шакл ба олам гуфтаниед, ки шумо яке аз давлатҳои муҳим ва роҳбарикунанда дар олам ҳастед? Дар ҳоле, ки рейтинги сиёсӣ ва иқтисодиву ҳолати иҷтимоъии ҳукумати Тоҷикистон дар олам, дар поёнтарин сатҳ қарор мегирад ва дар радифи кишварҳои Африқоӣ ва ҳатто поёнтар аз он аст.

 

Иқтибос аз суханрониҳои Эмомалӣ Абдурраҳмон дар конфронс:

1. Аввалин сухане, ки дар ин конфронс ба самъи иштироккунандагон расонида шуд, ин вуҷуди мухолифони сиёсӣ буд. Дар конфронсе, ки ҳадафаш ҳолати имрӯзи ҷаҳон аст, чаро аз таърихи сиёҳи 28 соли қабли миллати худ қисса мехонӣ? Ҷанги бародаркушие, ки як тарафаш худи ту бо “Фронти Халқӣ” будӣ. Дақиқан замоне, ки  ба хотири пешгирӣ аз нобудшавии миллат ва ба вайрона табдил нашудани ватан, мухолифон ақибнишинӣ карданду охирҳои соли 1992 роҳи муҳоҷиратро  пеш гирифтанд, аммо ҳамоно тоҷиккушӣ ва нобудкунии миллат аз ҷониби “Фронти халқӣ” дар дохили кишвар 5 соли дигар давом кард. Замоне, ки исломиҳо дар ҳиҷрат буданд, дар дохил бо кӣ меҷангидӣ? Дар кадом солҳо ин шумори фалон ҳазорнафараи тоҷик қурбон шуду сарбагурез шуд? Албатта, ҳамон солҳое, ки бо дастгири ин хунхорон ту ба сари қудрат омадӣ! Ин таърих ба оламиён маълум аст.  Нашармида инро бозгӯӣ ва қиссахонӣ кардӣ?

Дар ин бахш президенти ҷаълӣ Эмомалӣ идома медиҳад, ки ин мухолифони сиёсии ман, яъне “Террористон” хоҷагони хориҷӣ доштанд ва бо кумаки онҳо дар кишвар ҷанг шуд ва чунину чунон шуд. Ношармида, одамкушони Фронти халқиро миллати Тоҷикистон номид ва мухолифонашро террористон номид. Боз ношармида дар миёни ин ҳама кишварҳои исломӣ гуфт, ки ин мухолифони сиёсии ман мехостанд “Давлати исломӣ” дар кишвар бунёд кунанд. Ин суханро аз забони ту дар дуюм ҷамъомад ё конфронс мешунавам, ки ҳарду дар ҷамъи кишварҳои арабӣ ва исломӣ садо додаанд. Боз таъкид мекунад, ки гӯё ҳукумат бо муколама ва гуфтушунид сулҳу суботро дар кишвар барқарор кард ва ба он то охир устувор будааст. Ин сухане, ки гуфтӣ магар худат бовар дорӣ? Агарчи он ширкаткунандагони бечораи хориҷӣ нафаҳманд, охир мо шоҳидони зиндаем, ки ту дурӯғ мегӯӣ. Шармат бод, ҷаноби “Пешвои муъаззам”, ин суханон туро боз ҳам миёни кишварҳои олами ислом шармандатар мекунанд ва обурӯи сохтакоронаат ҳам мерезад! Боз ин Аврупову Амрико ва… мераванд ва шумо мемонеду ҳамон кишварҳои исломӣ!

2.  Иштироккунандагони конфронсро ба муборизаи якҷояи беамон бурдан алайҳи мухолифони сиёсии худаш, ки онҳоро “Сиёҳу бадхоҳ”ва “Хоҷадорони хориҷӣ”муаррифӣ намуд, даъват кард:

 

“Дӯстони гиромӣ таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст,ки дар мубориза бо қувваҳои   бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст,ки то ба ҳол аз ҷониби  ҷомеъаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои тероризм ва экстримизм ба назар намерасад.

 

Бо ин сухан медонед чӣ мехоҳад бигӯяд?

Гӯё танҳо худи Эмомалӣ мафҳуми терористу экстримистро хуб мефаҳмад. Ин дар ҳолест, ки 1272 нафарро Бонки Миллии Тоҷикистон шомили рӯихати ашхоси марбут ба терроризм карда буд ва дар  он рӯйхат ҳатто занҳои хонашини аз хона берун намешуда, ҷавонони 18 солае, ки намедонанд терроризм чист, блогерҳо, рӯзноманигорҳо, шахсиятҳои сиёсӣ, тоҷирон, рӯҳониён, ашхосе, ки солҳост аз олам гузаштаанд, вуҷуд доштанд. Бо дахолати ҳимоятгарони ҳуқуқи башар ва фаолони сиёсӣ беш аз 150 нафарро аз он рӯйихат ҳазф кард ва боз ба листи экстримизм гузошт. То ба ҳол худаш намедонад терорист кист? Ё  экстримизм чист? Мехоҳад ба олам бигӯяд, шумо намефаҳмед ва биёед аз ман омӯзед, чи хел ман шинохти хуб аз онҳо дорам.

Зиндонҳояш пур аз афроди бегуноҳ аст ва аз ин шинохти хуби доштааш кишварро дар олам, дар поёнтарин радаҳо қарор додааст. Боз ҳам мехоҳад оламро биомӯзонад. Касе, ки ин матнро омода карда буд, бечораи варақхонро шармандаи оламиён кард. Вақти гуш кардани ин ҳарфҳо надонистам сарамро аз шарм ба куҷо пинҳон кунам.

Як дарди дигари муҳим ва тиҷорате, ки дорад ва аз рӯйи он ҳамеша гӯши оламро кар кардааст, ин марзи 1400 километраи мо бо Афғонистон аст.

Мехоҳад,  он чунон вазъи шимоли ин кишварро вахим муаррифӣ кунад, ки ҷаҳонро ба тарсу ваҳшат биоварад. Ношармида, ҳатто худаш дар суханрониаш мегӯяд: “Ман дар гузашта, ба СММ борҳо гуфта будам, ки вазъи Афғонистон мушкил аст ва ман бо ин кишвар ҳамсарҳадам,  барои мо кумак кунед. Инчунин бо сиёсатмадорони сатҳи баланд масъаларо дар миён мегузоштам. Аммо онҳо мегуфтанд, ки ин мушкилоти  худи шумо ва минтақа аст на мушкилоти мо”

 

Ҳатто ҳамон сиёсатмадорон ҳам фаҳмида будаанд, ки бо вахим нишон додани вазъияти Афғонистон, ӯ мехоҳад пул кор кунад. Фикр кардааст, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад будан, ин тиҷорат аст ва бо ҳамсарҳад будан бо Афғонистон, метавон ба гуши Аврупову Амрико ғазал хонда,  пул ба даст оварад.

 

Дар идомаи ин бахш мехоҳад ба Аврупо пайғом бидиҳад:

“Мо шоҳид будем, ки дар Аврупо  чанд гурӯҳҳо даст ба амалҳои терористӣ заданд ва сабаби ҳалокати одамон дар он кишварҳо гардиданд”

Ҷаноби “Пешво” Аврупо бе дарвоза нест ва  агар ту табиб бошӣ, ҳоли кишвари худро ба суботи воқеъӣ биёр ва сипас насиҳатгари иттиҳоди Аврупо шав. Онҳое, ки дар Аврупо қарор доранд, аз террори ту ба ин кишварҳо паноҳандаи сиёсӣ шудаанд, на барои даст задан ба амалҳои терористӣ омадаанд. Агар хоҳӣ, ки як тоҷик дар Аврупо намонад, имрӯз аз сари қудрат рав. Фардо мебинӣ, ки ҳама ба кишвар бармегарданд. Ин афрод маҳз аз ситам, зуҳуроти номатлуби шиканҷа ва ноадолатиҳои оилаат ва сиёсати хатои ту гурехта, ба Аврупо паноҳ бурдаанд. Марҳамат, мард шав, аз вазифа рав ва дар кишвар интихоботи озод ташкил шавад, мебинӣ, ки чи тавр ҳама ба ватан бармегарданд. Ҳамагон шоҳиди он хоҳем шуд, ки таҳдиди терроризм ба Тоҷикистон ва минтақа, афсонаи мисли шумо диктаторҳо аст. Асоси ҳама бадбахтиҳои миллати тоҷик, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва ҷангталаб кашонид, ин ту,  командаат ва сиёсати ғалати шумоён буд ва то ба ҳол ҳаст.

Агар ту мухолифи терроризму экстримизм дар минтақа бошӣ, як моҳ қабл ҷониби Тоҷикистонро  як мақомдор ё вакили порлумони кишвари ҳамсоя дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Толибон” мутаҳҳам намуда буд. Чаро ин иддаоро рад накардӣ? Зеро яке аз ашхосе, ки намехоҳад дар Афғонистон оромӣ барқарор гардад, ин туӣ ва ҳукумати туст. Агар ҳамин рӯз дар Афғонистон оромӣ барқарор шавад, картаҳои пулкоркунии ту аз дастат меравад. Нооромии Афғонистон аст, ки бо ишора ба ин кишвари бечораи ҷангзада, ту аз абарқудратҳо пул гадоӣ мекунӣ. Инаст, ки захмиёни Толибон дар беморхонаҳои Тоҷикистон шифо меёбанд. Техникаҳои ҷангии онҳо дар Тоҷикистон таъмир мешаванд.

Дар Тоҷикистон мардум аз ҳама озодиҳои шаҳрвандӣ маҳрум аст, сомонаҳои интернетии мустақил масдуд шудаанд, садҳо рӯзноманигорон сар багурез гардидаанд, ҳазорҳо нафар дар кишварҳои ғайр аз шиканҷаву таъқиби ҳукумат ва режими Тоҷикистон гурехта, паноҳандагӣ пурсидаанд. Ин ҳама таҷрибаҳои оламшумули режими президенти ҷаълӣ Эмомалӣ аст.

Ба назари ин махлуқ, агар дигар кишварҳо ҳам сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бубанданд, дигарандешонро зиндон кунанд, “демократияи нав”-е, ки идеологаш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ аст, пиёда мешавад ва ба тамоми  диктаторҳову аҳлашон ҳаёти осоиштаи бидуни мухолифат таъмин хоҳад шуд.

Хестед, ки хобед! Боварам кунед,  касе ин маърузаро омода кардааст, воқеан аз ҳамон олимони “Диссернетӣ” будааст. Дар асл, роҳбари бесавод ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад, ки атрофиёнаш аз худаш бештар босавод бошанд. Ин аст, ки аз вазири маориф то мушовири президент асардузду донишгадоянд. Академикҳо илму маърифатро дар хидмати сиёсат қарор дода, лаббайгӯйу балегӯйи режим гаштаанд. Ҳол он, ки кишваре, ки пешрафт мехоҳад, мебояд сиёсати худро дар хидмати аҳли илму маърифат қарор диҳад. Ҳар ҷо, ки орӣ аз илму маърифат аст, решаи хушунат ва террор онҷост. Аз ин рӯ метавонем ба боварии комил бигӯем, ки ҳукумат ва режими Эмомалӣ эҷодгари афкори террористӣ буда, тавлидгари ин падидаи номатлуб худи Эмомалӣ Абдураҳмон ва командааш мебошад.

Дар охир ҳаминро мехоҳам изофа намоям, ки меҳмононе, ки суханронӣ карданд, ягона чизе, ки мояи тавсифашон буд, ин меҳмондории ҳукумати Тоҷикистон буд. Ягон нафари суханкунанда, бар хилофи лофзаниҳои Эмомалӣ Абдурраҳмон аз таҷрибаи Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм ҳарфе, ки мояи ифтихор бошад, нагуфт.

Муҳаммадиқболи Садриддин

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

ШАВҲАРИ НАҶОТБАХШ

Эй кош Аллоҳам маро ба падару модарам мерасонду онҳо маро ба оғуш мекашиданд. Аз бӯи хуши модар мешамидам, кош сарам силаи дастони падар медид. Аз ин фироқ азият мекашам, азият!
Read More

Зиндон ё қатлгоҳ ва ё паёме ба мухолифон

Зиндон як ҷое муносиб аст, ки мешавад хунрезие ташкил кард, ки аксарияти манотиқи кишвар аз он дар зудтарин фурсат огоҳ мешаванд.Зеро ҷасади кушташудаҳо ба ноҳияҳои мухталиф фиристода ва дафъатан хунрезӣ реклама мешавад.
Read More

Досияи сиёҳи “Мир”-и Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров

Вақте моҷарои қатли домулло Абдураҳмон дар Ҳисор дубора рӯ зад хелеҳо интизор доштанд,ки оқибат ҳақ ба ҳақдор мерсад ва мутмаин буданд,ки акнун шароити он расидаст,ки Мансуров ба ҷиноятҳои кардааш посух хоҳад гуфт.