(бахши дуввум)
Агарчи мо дар матлаби қаблиямон бахши аввал нагуфта будем.Фикр мекардем сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳияи Файзобод на онқадар зиёд аст. Вале пас аз нашри матлаби аввали мо шикоятҳо аз ин ноҳия хело зиёд ба мо расиданд. Метавонем бигӯем,ки чанд матлаб ва барномаи ҷолибу дидание мешавад ҷиноятҳои раисони ноҳияи Файзобод.
Бидуни муқадима меравем ба асли матлаб,ки ғорату дуздии раис ва мақомоти ноҳияи Файзободро бароятон тақдим намоем.
Сангов Миралӣ Раҷабович,ки ҳоло худро бо Раҷабзода Миралӣ тағйри насаб кардааст.Яке аз дароз ҳукмтарин афрод дар ҳокимияти Норак миёни раисони Норак маърӯф аст. Зеро ҳеҷ раисе мисли ӯ ҳоким бар Норак набудааст. Ҳоло раиси ноҳияи Файзобод аст. Аммо хонаҳову ҳама дору мадораш дар Норак мебошад,чунки ӯ зодаи Норак аст ва Файзобод барояш аслан аҳамияте надорад.Дар Норак ҳам ба раиси заминфурӯш ё Сангови заминфурӯш ҳама мешиносандаш.
Миралӣ Раҷабзода қарори 264 замини наздиҳавлигиро дар Файзобод бекор кард. Вале аз нав пул гирифта дубора фурӯхт ва қарорҳоро барқарор кард. Ҳатто заминҳои чарогоҳҳо дар кӯҳу пуштаҳоро ҳам фурӯхт. Ӯро дар ин кор прокур бо номи Сафо ва як прокурори дигар, ки вафот кард бо номи Каримҷон кумак ва ҳамроҳӣ карданд. Ин кор то ба ҳамин имрӯз идома дорад. Маоши моҳонаи ман 550 сомонӣ аст. Рӯзи маош,ки шуд 20 сомонӣ “саховатмандон”-и диёр гуфта мегиранд. Барои обуна меситонанд. Барои як даъватшаванда-ҷавони синни сарбозӣ 3000 сомонӣ мепардозӣ. Дар ҳар мавсими “призив”-ҷудо аз ҳама қонун ва қоида як қоидаи нонавиштаро чанд сол аст ки ҷорӣ кардаанд. Ҳар як идора вазифадор шудааст, ки як сарбоз меорад ва агар ки намеоварад бояд 3000 сомонӣ диҳад.
Моҳе шуд, ки маошамро гирифта натавонистам. Нарасид. Нархи маҳсулот, орд, рӯған, шакар ва қанд хеле боло рафт. Бо ин 500 сомонӣ чи кор мешавад кард? 5 кӯдак дорам, як коргари одӣ ҳастам, бахудо безор шудем аз ин шакли зиндагонӣ ва ин ҳокимияти бе маъно.
Барои замини наздиҳавлигӣ ариза дода будам.1000$ меоварӣ гуфтанд. Дар хонаи падарам 3 келин. Сарамро ба куҷо барам, намедонам. Ҳоло боз ин “свет”-мурӣ сар шудааст,ки ҳоламонро боз бадтар кард.
Порсол барои мактаби Сари чашмаро сохтан президент омад. Аз ҳар коргар 1000 сомонӣ ҷамъ карда гирифтанд. Мардуми Саричашмаро маҷбур карда деворҳои хонаҳояшонро рангу бор карданд ва ҳам бо дасти раиси ҷамоат пул гирифтанд. Аз рӯзе, ки Раҷабзода Миралӣ дар ноҳия раис шуд 6 нафар дар кумитаи заминсозӣ иваз шуд. Раиси ноҳияи мо аз Норак аст. Дар солҳои аввали кориаш ҳамчун заминсоз шуда кор карда будааст. Дар Норак раис буд.То онҷо шунидем Норакро хӯрду фурӯхту тамом кард. Ҳоло Файзободро фурӯхта истодааст.
Барои тамоми чорабиниҳоиву маъракаҳо,ки дар ноҳия мегузарад соҳибкороҳо ва коргарони вазифадорро “налог” бастааст. Мақомоти интизомӣ, бахусус милиса ва коррупсия ба ҳадде ошкоро аз мардум пул ва ришва меситонанд,ки мегӯӣ,ки корашон ҳамин бошад.
Аз дасти ин раис на Ғашён монд, на Хуф монд, на Тиён монд, на Ширбӣ монд. Ҳама заминҳои хоҷагиҳои деҳқониро рафта тагу рӯ кард, ба ҳазору як баҳона пули халқро гирифта гоҳо байни заминдорҳо ҷанг андохт. Як намуди роҳи пулкоркуниаш чунин аст. Меояду замини хонаи мардумро, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд ва заминҳояшон аз бобову падаронашон дар ҳамон шаклу андоза мерос мондагӣ аст аз нав чен мекунанд. Агар Худое накарда як ваҷабаш зиёдатӣ барояду бо сотихи дар ҳуҷҷатҳо мувофиқат накунад ҳатман онҳоро ҷарима ва замини зиёдшро ба як ҳамсояи дигар мефурушад ва ё ҳам ҷарима месупоред ва он ҳам ҷаримаи чандинсола ва ҳам пора медиҳед. Агар ҷарима ва пора дода нашавад ба нафари дигар, ва албатта бар ивази пули калон мефурӯшад. Ана баъд ҷангу ҷанҷоли ҳамсояҳо сар мешавад. Дар деҳаи Сурхдара заминҳои акаи Иззатулло ва чанд нафари дигарро ба ҳамин тариқ гирифтанд. Суду судкашии онҳо ҳатто то ба Душанбе идома кард.
Соли 2018 гурӯҳи корӣ ташкил карда бо ҳамроҳии Каримҷон гуфтанӣ прокурор (ки аз коронавирус имсол мурданд ҷонамон халос шуд) ва аз идораи кишоварзӣ 3 нафар, аз омор 3 нафар, аз заминсоз 3 нафар, аз андоз 3 нафар, аз идораи бойторӣ 4 нафар ва аз ҷамоатҳое, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ замин доранд яктоӣ намоянда дар гурӯҳ шомил карда заминҳои хоҷагиҳои дехқониро аз нав маҷбурӣ чен карданд. Вақте ба мавзеи Тиён расиданд ба ҳамаи вазифадорон таъкид намуд, ки “бенатиҷа” аз назди ягон хоҷагидор наоед, ҳатман бояд, ки камбудӣ пайдо карда, як ваҷаб заминҳояшон зиёд бошад, фамиляву номашонро нависта биёред, то ки аз ҳисоби заминҳои онҳо ба як нафари дигар дода, пул гирем ва ноҳияро обод кунем. Дар ин гурӯҳ раисони ҷамоатҳо ҳам шарик буданд.Ченкуниро аз ҷамоати Дустмуроди Алӣ, аз мавзеи Ширбӣ сар карданд. Як баҳонае, ки боис шуд заминҳои чандин нафарро кашида бигиранд ин буд, ки саршумори гов ба талаботи “хоҷагии деҳқонӣ” ҷавоб намедиҳад. Яъне гов кам аст ва ба талаботи хоҷагидорӣ дуруст намеояд. Ин заминҳоро гирифта ба нафарони дигар фурӯхтанд.
Дар мавзеи Тиён як деҳае аст бо ҳамин ном-Тиён. Зиёда аз 20 хоҷагӣ дорад. Шароити ин деҳаи куҳистонӣ беҳад вазнин аст ба ҳоли он бечораҳо бояд гирист,хело фақиру нодоранд. Мактаб ва барқ надоранду,дар давлати соҳибистиқлол ва зери сиёсати хирадмандонаи пешво умр басар мебаранд. Сокинони инҷо бо корҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳои ҳамин бечораҳоро бераҳмона гирифта ба дигарон фурухтанд.
Заминҳои хоҷагии деҳқонии бобои Абдулло бо лақаби пишак, ки 150 гектар боғу боз дигар зироатҳо дошт, хуллас бо арақи ҷабин ва пули худаш бунёд ва обод карда буд, гирифта ба мардуми Норак, ҳамшаҳриҳои худаш дод. Ҳамин тавр заминҳои мардумро дар мавзеъҳои Ғашёну Хуф гирифта ба як нафар бо номи Бобои Лоиқ, ки аз ноҳияи Вахш мебошад фурӯхт. Аз заминҳои муаллим Валиев Шариф, ки раҳматӣ аз ғаму дарди ин раиси бераҳм, ҷон ба ҳақ таслим карда, зиёда аз 50 гектарашро гирифта ба дигарон бо маблағҳои калони пулӣ фурухт, ки бечораи муаллими меҳнаткаш аз ҳамин дард ба касал зада, аз дунё гузаштанд.
Инчунин дар мавзеи деҳаи Саримазору Дараи аловак, ки зиёда аз 400 хоҷагӣ замини наздиҳавлигӣ доштанд, бо баҳонаи дер сохтмон кардану муҳлати сохтмонашон гузаштан, қарорҳои ҳамаашонро бе розигии мақомоти дигар бекор кард ва ҳамаи онҳоро дубора ба дигарон бо маблағи 5000 доларӣ фурухт. Дар ин кор собиқ раиси ҷамоати Ҷавонон муаллимаи Сайбӣ, хело порахури гузаро ҳаст бо раис ҳамроҳӣ кард. Аммо тули 10 сол мешавад, ки замини худаш дар ҳамон мавзеи Сари мазор бесохтмон истодааст ҳеҷ чиз намегӯянд ӯро. Зеро, ки ташкилкунандаи ин кор ҳамин раиса мебошад ва дар ивази ин кораш ба вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки ҳудуди маркази ноҳия таъин шуд ва то имрӯз бо ин ҳелаву найранг фаъолият дорад.
Замини ҳамсояро гирифта ба дигар ҳамсоя фурӯхт, ки дар натиҷа ҷанҷоли байни мардум зиёда шуда, то ҳол муноқишаҳои шадид идома дорад.
Вақте Раҷабзода ба ноҳия раис шуда омад гӯиё президент супориш дода будааст,ки дар ду канори роҳи Файзобод то Ваҳдат дарахти арча шинонад. Ва он тараф то Роғун ва ҳамчунин бархе аз ин ҷойҳоро бо панҷараҳо оро диҳад.Чунки барои дидан ва тамошои Роғун меҳмонҳо зиёд меомадаанд. Хулоса омад ва корро сар кард ва аз куҷое, ки арчаҳоро овард аммо ҳар донаашро 15 сомнӣ нарх монда пулро ҷамъ карду ба ҷайбаш зад. Барои панҷараи мазорҳо хишт харид, ки пули онро ҳам чанд баробар аз ҳисоби бюҷети ноҳия ва як қисмашро аз ҳисоби соҳибкорҳо ҷамъ карду дар инҷо ҳам бизнес зад. Мардум аз корҳои ободкории ӯ гӯё розӣ буданд. Як рафиқам аз Норак рӯзе пурсид, ки раиси ноҳияатон нав шудааст, чи хел кор мекунад? Гуфтам ҳоло мардум аз ӯ розӣ Лаблаби роҳ арча шинонда истода аст, чароғҳоро соз кард, мазорҳо обод шуда истодаанд. Гуфт андак сабр кунед, мефаҳмед, ки Сангов Миралӣ чи хел одам аст. Дар ҳақиқат шаш моҳ нагузашта “ҳаëт” ё “чароғонӣ” дар Файзобод сар шуд. То омадани Раҷабзода ҳам заминфурӯшӣ, порахӯрӣ, облава буд. Фермаҳои гову гусфандҳоро фурӯхтанду талошак карданд. Трактору булдозерҳоро ҳам фурӯхтанд. Хулоса ҳамаро фурӯхтанду колхозҳоро ба хоҷагии деҳқонӣ табдил доданду моли халқро ба яғмо бурданду гӯё бахши хусусӣ сохтанду ба лаб кулӯх молида гаштанд.
Раисони қаблии Файзобод Зайдов, Қодир Давлатов, Абдулло Ҳакимов ва як нафари дигар Эмом Мирзоев аз ноҳияи Ëвон буд, ки натавонист ҳатто се моҳ кор кунад. Подставааш карданд. Зайдов аз Роғун, Ҳакимов ва Қодир Давлатов аз Файзобод буданд. Онҳо метарсиданд, ки ин мардуми Файзобод то худи Ҷаноб мераванд. Барои ҳамин ҳаҷми пули пораашон камтар буд. Тақсими замин буд, аммо ба ин ҳадду андоза, ки ҳол ҳаст заминфурушӣ ҳаргиз набуд. Барои раиси ҷамоат як қуттии банан себ мебурдӣ ва ё 500 сомонӣ медодӣ ва ё ягон буз ва бара медодӣ замин мегирифтӣ.
Раҷабзода омад кислороди кумитаи замин ва ҷамоатҳо ва бахусус заминсозҳо қатъ карда шуд. Чунки ихтисоси раиси ноҳия заминсоз будааст ва таҷрибаи калони заминфурӯшӣ дар Норак ҳосил кардааст. Хуласи гап сар шуд заминфурӯшӣ
Аз се ҳазор долар сар карда то 10 ҳазор доллар. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки қарордоду шартномаҳои 40 солаву 50 сола доштанд бекор карду аз нав фурӯхт. Ҳар касе имконият дошт, ки пули пораро супорад аз нав заминашро бо ҳамон ҳаҷму андоза бозпас гирифт. Аммо касе, ки на пул дошт ва на таға аз дасташ кашида гирифту ба дигар кас фурӯхт. Раиси ноҳия чанд нафар “буз” дорад. Яке аз ин бузҳо Ҳокими Чол аз деҳаи Қашқаи боло. Депутати ноҳиявӣ. Ӯро дар идораи хоҷагии об ба кор монд. Вай аз мардум барои об пули бисёр мегирад. Обро ба мардум мефурӯшад. Аз надоштани об дар ноҳия ва бадтарин ҳолатҳои беобӣ чизе намегӯям,чунки ба ҳафт подшоҳи олам маълум аст,ки дар Файзобод оби нушокӣ надорем гӯем ҳам хато намекунем. Аммо боз барои об аз сокинон пул меситонанд,охир кадом об,ман намедонам? Маълумотҳои зиёде аз ҳаёти шахсии Сангов Миралӣ дорам,ки сири мардон пӯшида мегӯянд.
Дар инҷо тавассути беваҳои бемаънӣ чандин нафарро бо дастони милисаҳо “подстава” карда пул канданд. Яке аз ин милисаҳо угаловник Суҳайлӣ ном дорад. Хеле инсони хашину фосиқу баде буд. Ҳамеша бо занҳои сабукпо ҳамроҳ мегашт. Худо зад, аз кор пешаш карданд. Хеле аз бачаҳои ҷавонро нашъаманд гуфта бурду ҳабс кард. Баъд аз онки ҲНИТро манъ карданд аз Файзобод ба сохторҳои қудратӣ аз ҷумла ба амният касеро кор намегиранд. Мегӯянд, ки ба шумо боварӣ нест. Барои онки Раҳмонов мардуми моро бад медидааст. Охир Муҳиддин Кабирӣ аз Файзобод шуд мо сокинони ноҳия гунаҳкорем? Дар ҳамон солҳои пеш ҳам дар интихоботҳо овози асосиро аз Файзобод ҲНИТ мегирифт ва дар ҷойи дуввум коммунистҳо. Аз ҳаминҷо буд, ки Раҳмонов ба Файзобод кам меомад.То омадани ин раиси нав барои омадани Раҳмонов на пул ҷамъ мекарданд ва на шайтонӣ,ки имрӯз ҳаст.
Ин раиси нав пеш аз омадани Раҳмонов ҳатто аз муаллимони мактаб, хоҷагиҳои деҳқонӣ 1500 сомонӣ мегирад. Аз муаллимҳо 50 сомонии нақд аз дасташон ва касоне,ки надоштанд аз ҳисоби бухгалтерияи шӯъбаи маориф гирифтанд.
Бахтиëр Худоëров Талбакович аввал вазири адлия буд, баъд раиси Дастгоҳ шуд,ҳоло бошад раиси Комиссиюни интихоботӣ. Ӯ дар ноҳия бо шогирдонаш мактаб сохт. Худоёров барои ҳамин мактаб омад. Як мӯйсафед гуфт меравам аз ҳаромхуриҳои раиси ноҳия шикоят мекунам. Ҳодисаи дар масҷид рухдода, ки кордкашӣ шуду ду кас мурдро ҳам хоҳам гуфт. Ӯро фиреб карда гуфтанд, ки хонаат биравем. Ду-се дона нон дар дастат бигир баъд биё. Мӯсафедро хонааш бурда монданду худашон пас баргаштанд. То мӯсафед баргашту омад, ки Ҷаноб омаду гашта рафт. Мӯсафед раиси ноҳияро ҳақорат кард. Раиси ноҳия гуфт мон ҳақорат кунад, ин мусафеди пирхарро соз кардед.
Дар инҷо мехоҳам, ки дар бораи як раиси ҷамоат гап занам. Дар бораи Восеев Аҳтам. Аҳтам солҳои 2014- 2015 раиси ҷамоати мо шуд- ҷамоати Бӯстон. Худи ӯ аз Чилчашма аз деҳаи ҳамсояаамон мебошад. Ӯ як инсони одӣ буд. Аммо баъд аз раис шудан хонаву дараш дигар шуд. 5–6 бародар дошт,ки ҳамаашон соҳиби замин шуданд. Кору бораш ҳамроҳи раиси ноҳия фақат заминфурушӣ. Як масҷиди панҷвақта доштем. Дар хоҷагии қишлоқи 1-уми Чилчашма.3 сол пул ҷамъ карда аз нав обод кардем. Гирифтанду бастанд. Ҳуҷҷат надорад гуфтанд. Сурати Эмомалӣ Раҳмонро дар масҷид заданду чойхонааш эълон карданд. Ҳоло дар онҷо наврӯз ҷашн мегиранду рақсу бозӣ мекунанд. Ин раиси ҷамоат аз тамоми “призивник”-ҳо,ки билети ҳарбӣ надоранд дар ҳар мавсими даъват аз 500 то 1000 сомонӣ мегирад. Фарқ надорад,ки он ҷавон дар Русия аст ва ё дар ҳаминҷо. Як писари як рафиқам,ки солҳост дар Русия аст ва гуфтанд,ки шаҳрвандии онҷоро гирифтааст аммо ҳоло ҳам ба раиси ҷамоат пул медиҳад. Мо,ки деҳаамон дар назди дарвозаи Ваҳдат- Файзобод мебошад тақрибан ҳар ҳафта ва гоҳо ҳар рӯз аз ҳукумат одам омад гуфта пул мегиранд.
Мо фақат паспортамон аз Файзобод аст. Ҳама кору бор, хариди бозор ҳамагӣ Вахдат меравем. Дар Файзобод аз юмни қадами номубораки ин раис на бозори ҳалол аст ва на як пешравӣ.
Баъзе аз дороиҳои Сангов Миралӣ ва ҷиноятҳояш дар Норак
Раиси ноҳияи Файзобод, бо инки корманди давлатӣ мебошад дар тиҷорат ҳам дасти дароз дорад. Аммо мағозаҳои гуногӯнаш, ки аз ҷумла маводди сохтмонӣ ҳам савдо мешавад бо ному насаби дигарҳо сабт шудааст.
Ду то аз ин мағозаҳо дар дохили шаҳри Норак ва яке дигариаш як каме дуртар дар поёни нақби Чормағзак воқеъ аст, ки як маркази тиҷоратии барҳавои дуошёнаи хеле калон. Чи хеле гуфтем худи Сангов аз Норак аст. Аз қишлоқи Хучлонӣ. Онҷо 30–40 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, сокинони кам дорад. Асосан гову молпарварӣ мекунанд сокинони Хучалонӣ. Зеро онҷо куҳистон аст.
Сангов Миралӣ Раҷабович тамоми майдончаҳои бозии кудакон дар саҳна ва атрофи биноҳои баландошёнаи Норакро ҳам фурӯхт. Баъд аз онки Файзобод рафт вазъи онҳое, ки аз ин гӯна заминҳо харидорӣ карда буданд бад шуд. Махсусан онҳое, ки дар дохилу шафат ва паҳлуи биноҳои баландошёнаи шаҳр хона, мағоза ва ё ягон иншооти дигар сохта буданд, пулҳояшон сӯхт. Чунки раиси нав манъ кард ва гуфт мумкин нест. Вале онҳо иддио доранд, ки мо инҷоҳоро пул дода харидем, чаро мумкин набудааст? Як ваҷаб замини холӣ мондагӣ нест дар Норак. Ҳамроҳи Асоев Дилшод, ҳамеша муовини раиси шаҳри Норак фурӯхта буд.Асоев Дилшод беш аз 8 сол муовини раиси Норак буд, чанд рӯз пеш раиси Норак таъйин шуд. Сангов бо ҳамин Дилшод ҳатто як заминро ду бор, се бор ҳам фурӯхтанд. Сангов костюм брюк мепушиду дар сараш тоқӣ монда мегашт,як чупонмард буд гӯем ҳам хато намекунем,ҳоло ин чупонмард тоқиро дур андохта аст.
Як нуктаи дигар. Дар Норак дача хеле зиёд аст. Дар лаби дарёи Норак як ҷарӣ ҳаст,ки замин бисёр дорад. Дар заминҳои Сари гузар низ заминҳои зиёд дорад, ҳамон заминҳоро Сангов пурра фурӯхт. Онҷо дачаи зиёд сохтагианд.Худаш ҳам дар онҷо як дача дошт. Онро ё 600 ё 700.000 ҳазор доллар фурӯхт. Онҷоро мардуми Норак Карел мегӯянд, ҷойи истироҳат аст. Дар онҷо дачаи аз ҳама арзон 600 то 700 000 доллар нарх дорад.Акнун худатон хулосаатонро бароред,ки Сангов чи қадар маблағ аз инҷо ба даст овардааст ва ҳоло дорад.
Сангов дар маркази Норак автовокзали шахсӣ дорад Писараш Аҳлиддин онро роҳбарӣ ва бозсозӣ дорад ва ба наздикӣ танҳо таксиҳои ӯ бояд ба мусофир кашони машғул бошанд,ба дигар мардуми камбағал иҷозат нест аз Норак ба Душанбе мусофир бубаранд. Як пул буд дар Норак барои сохтмони он маблағ ҷудо шуда буд ҳама оҳанҳои он пулро канда фурӯхтанд писарҳояш ва онро насохт ва то ба ҳол мошинҳо наметавонанд аз он пул гузаранд. Дар Сафедоб як мактаб бояд месохт дар Норак маблағ ҷудо шуда буд онро насохт,ҳатто аз мардум пул ҷамъоварӣ кард вале боз ҳам нимкола нотамом гузошт ва гурехта ба раисии Файзобод рафт. Ҳоло Аҳлиддин дар Норак заминҳои ба мерос монда аз падараш дар вақти раисияш онҳоро майда майда фурӯхта Автовокзал ва магазину тиҷоратҳояшро идома чархонда истодааст. Соли 2019 гуфта будааст Сангов Миралӣ, ки агар Президент ба Файзобод ояд ва хуб гуселаш кунем шикояте нашавад ман як Худоии калон мекунам. Пас аз бо муваффақият гузаштани сафари Президент ба Файзобод Сангов Миралӣ дар Норак дар маҳаллаи худаш омада як барзагови 300 килоҳаро кушта садақа ва Худоии калон карда аст,ки ҳама хуб гузашт ва шикояте набуд аз ҷаноби олӣ.
Яке аз мусибатҳои дигаре,ки мардуми Норак аз он то имрӯз ёд мекунанд,то омадани Сангов Миралӣ ба ҳокимияти ноҳия, об дар Норак бе пул буд. Раҷабзода Миралӣ сари ҳар сокини Норак 19 сомонӣ об пулӣ ва як куб обро бо ҳисобкунак 2 сомонӣ нарх гузошт. Дар ҳоле оби дарё ба пеши хонаҳояшон мегузарад вале барои он пул медиҳанд ва мардум аз ин кори ба мерос гузоштаи ӯ дар азобанд. Дар сол 900 сомон ҳар хона барои об пул пардохт мекунанд мардуми бечораи Норак ва муассисаҳои тиҷоратӣ дар сол то 5000 ҳазор сомонӣ пул медиҳанд. Фарзандҳои Сангов бо мошинҳои 30–40.000 ҳазор долларӣ мегарданд. Сангов дар қиёс бо дигар раисҳои Норак хеле зиёд дар Норак кор карда буд. Дигарҳоро зуд-зуд иваз карданд. Сангов дар нерӯгоҳи Роғун ҳам ширкат дорад. Вале мегӯянд, ки солҳои пеш подабони деҳа будааст. Ба туфайли бародари калониаш,ки бо Нуриддини бародари Эмомалӣ Раҳмон рафиқӣ доштааст, ба ин мақому мансаб даст меёбад. Нуриддини Раҳмонов вафот кард вале ин мусибаташро ба мардуми кишвар боқӣ гузошт. Норакиҳо мегӯянд ҳамасараш Худобиёмурз бо бемории тулонӣ вафот карданд ва ҳамеша мегуфтааст,ки аз ҳаромхуриҳои ту Аллоҳ маро ба ин дардҳо гирифтор карда аст.
Ps: Хонандагони гиромӣ ҳама ончи гуфтем дар мавриди Раҷабзода Миралӣ ё Сангов Миралӣ Раҷабович аз сокинони ноҳия Файзобод ва Норак ба мо расидаанд. Инчунин дар мавриди хона ва дукону автовокзалӣ ӯ шербачаҳои Файзобод ба Норак рафта ҳама ончи тавонистаанд ба навор гирифта ба Ислоҳ фиристодаанд. Дар барнома онҳоро хоҳед дид. ”Файзобода шамолош раисоша гуноҳош” идома дорад. Сокинони Файзобод нотарсида нависед,то ҳама ҷиноятҳои Сангов Миралӣ ва дигар мақомоти ноҳияро,то онҳоро расонаӣ кунем ва ҳолатон сабуктар гардад.Мардуми Норак ҳам метавонанд хотироти шуме аз ӯ доштаро нависанд,то хубатр ӯро мардум шиносанд.Дар мавриди Асоев Дилшод раиси ҳозираи Норак,ки солҳо муовини Сангов буд ва дар ҷиноятҳо бо ӯ шарик буд нависед. Агар хомӯш бошед,ин роҳзанон шуморо мисли саворӣ саворатон мешаванд ва ғуломвор хоҳед зист. Ислоҳ интизори номаҳо ва наворҳои шумо аст.Ислоҳ барои шумо ва дар хидмати шумо мебошад.