Фардо аввали рӯзҳои Бийзи моҳи мубораки Шаъбон мебошад,бехабар намонед!

Ҳар бандае, ки дар роҳи Аллоҳ рӯза медорад, Худованд ба сабаби он рӯзаи доштааш ҳафтод сол ҷасадашро аз оташи Ҷаҳаннам дур месозад”

 

Мо дар моҳи бо фазилати Шаъбон,ки яке аз моҳҳои чоргонаи ҳаром мебошад қарор дорем. Фардо якшанбе 29-уми апрел аввали рӯзхои Бийз мебошад. Рӯзхои Бийз се руз мебошанд 13,14,15 ҳар моҳи ҳиҷрӣ қамарӣ. Мутобиқ бар 29-30-уми моҳи апрел ва 1-уми моҳи май,яъне якшанбе,душанбе ва сешанбе. Рӯза гирифтан дар ин рӯзҳо суннати феълии Расули акрам (салаллоху алайхи васаллам) мебошад.

، قال قدامة بن ملحان رضي الله عنه: (كان رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليهِ وسلَّم يأمُرنا بصيامِ أيامِ البِيضِ ثلاثَ عشرَ وأربعَ عشرَ وخمسَ عشرَ قال وقال : هو كهيئةِ الدهرِ)

Кудома ибни Мулҳон (раз) чунин фармудааст: Расули акрам (салаллоху алайхи васаллам) моро амр менамуданд ба рӯза доштани рӯзҳои Бийз. Рӯзҳои сенздаҳ, чордаҳ, понздаҳи  ( моҳҳоҳи хиҷрӣ қамарӣ) . Инчунин фармудаанд, ки ин ба монанди рӯза доштани сол аст”

( ҳадиси саҳеҳ аз китоби Саҳеҳут тарғиб, саҳеҳ лиғайриҳи)

عن أبي هريرة رضي الله عنه قال : أوصاني خليلي بثلاث لا أدعهن حتى أموت صوم ثلاثة أيام من كل شهر وصلاة الضحى ونوم على وتر .

رواه البخاري ( 1124 ) ومسلم ( 721 )

Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст,ки фармуданд: Васият намуданд халилам (дӯстам мурод Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи васаллам))маро ба се чиз ва ҳаргиз онҳоро анҷомнодода намемонам,то маргам.Рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ,намози зуҳо(ишроқ сари офтоб) ва хоб накунам,то инки витрро нахонам”(Ҳадиси саҳеҳ муттафақун алайҳӣ)

 

وعن أبي ذر قال : قال لي رسول الله صلى الله عليه وسلم : ” إذا صمت شيئاً من الشهر فصم ثلاث عشرة وأربع عشرة وخمس عشرة ” .

رواه الترمذي ( 761 ) والنسائي ( 2424 ) . والحديث حسنه الترمذي ووافقه الألباني في ” إرواء الغليل ” ( 947 )

Аз Абузар (раз) ривоят аст,ки гуфтанд:Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ман гуфтанд: “Агар рӯза доштӣ рӯзҳое аз моҳро пас рӯза бигир рӯзҳои сенздаҳ,чордаҳ ва понздаҳро”

(Ривояти Имом Тирмизӣ,Имом Нисоӣ ва Албони ҳаснаш хондааст дар “Ирвоул ғалил фи тахриҷил аҳодис манорус сабил”)

Бо ин андоза аҳодис дар фазли рӯза доштани рӯзҳои Бийз иктифо менамоям.

Чунонеки дар мақолаи Фазилати моҳи шаъбон муфассал зикр намуда будам,ки дар ин силка қарор дорад http://www.isloh.net/ma%D2%9Bola%D2%B3o/fazilati-mo%D2%B3i-shabon .

Абудовуд, Насоӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳиббон, Ҳоким, Имом Аҳмад, ки ровии ҳадис Абуҳураира (раз) аст.

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ҳангоме, ки моҳи шаъбон нисфшуд дигар рӯза нагиред,то инки моҳи рамазон дохил шавад.”

Барои инки худамонро маҳрум аз рӯза доштан накунем дар нимаи дуввуми ин моҳи фазил.Мебояд ин се рӯзро рӯза бигирем ва бароямон имкони рӯза доштани боқимондаи ин моҳ пайдо ё муҷоз гардад.Агар рӯза надорем пас мунтазири дохил шудани моҳи рамазон бояд бимонем ва он моҳро рӯза дорем.

Аммо барои онҳоеки қарз доранд аз рӯзҳои моҳи рамазони соли гузашта ин мамониъат вуҷуд надорад.Одатан занҳо,кӣ ҳар моҳ одати моҳиёна доранд ва рамазонро қазо кардаанд.Агар натавониста бошанд,то ин рӯзҳо рӯзаи қазоияшонро бигиранд.Ин ашхоси қазодор чӣ мардҳо бошанд чӣ занҳо,беморон бошанд,ки ҳоло сиҳат гаштаанд,чӣ зиндониҳоеки имкони рӯза доштанро надоштанд,чӣ дар хидмати ҳарбӣ қарор дошта буданд ва ё дар сафар, метавонанд қазоияшонро бидоранд, агарчӣ пас аз 15 ё нимаи моҳи шаъбонҳам бошад.Зеро набояд қазоии моҳи рамазонро адо нокарда ба рамазон дохил шавем.

Аммо барои он ашхосеки дар саломатияшон  мушкиле надоранд ва танҳо саҳлангорӣ ё ноогоҳияшон рӯза нагирифтаанд,то имрӯз.Ин фурсати тиллогинро нагузоранд,то аз онҳо гузарад.Аввал кушиш кунем рӯза дорем,агар имкон надорем хонаводаамонро ба рӯза доштан ҷалб ва даъват кунем.Агар метавонем дӯстонамонро ба рӯза доштани ин се рӯз даъват кунем,то дар касби аҷр шарик гардем. Далолат кунандаи амали хайр ба монанди анҷом диҳандаи он амали хайр аст.

Мақоларо бо ин ҳадис ба поён мерасонам.

 

وعن أبي سعيد رضي الله عنه قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم : (( ما من عبد يصوم يوما في سبيل الله تعالى إلا باعد الله بذلك اليوم وجهه عن النار سبعين خريفا )) رواه البخاري ومسلم والترمذي والنسائي

 “Аз Абусаъиди Худрӣ (раз) ривоят аст, ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: Ҳар бандае, ки дар роҳи Аллоҳ рӯза медорад, Худованд ба сабаби он рӯзаи доштааш ҳафтод сол ҷасадашро аз оташи Ҷаҳаннам дур месозад”
(Ҳадиси саҳеҳ Мутафақун алайҳ, инчунин бо ривояти Имом Тирмизӣ ва Нисоӣ)

Фурсат хело кам аст нашр кунед мақоларо,то онҳоеки огоҳӣ надоштанд огоҳ гарданд.Аллоҳ аз мо ва шумо розӣ ва хушнӯд бошад ва муваффақ ба рӯза гирифтани ин се рӯз гардонад омин.

Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Total
0
Shares
Related Posts
Идома

“Домоди Муроди телех марзи Исфараро ноором дорад”

Беҳрӯз соҳибкорон ва тоҷирони Исфара ва вилоятро бо талаби пораҳои калон ба дод овардааст. Беҳрӯз бо тавсияи Маҳмадзоири домоди Президент ба ин вазифа таъин карда шудааст. Тамоми борҳои дуздии домоду духтарҳои президент аз ҳамин сарҳад мегузаранд.
Идома

Раҳмоналӣ.A заминҳоро фурӯхту “кидат” кард

Гӯё, ки модарони исфарагӣ фақат писару духтари террорист таваллуд мекарда бошанд. Мо- мардуми Исфара тӯли ин 29 соли истиқлолият инхел милисаҳои бераҳмро бисёр дидем монанди Насимов Каромат..Тошов Ғулом. Айни замон дар ВКД кор карда истодааст бо рутбаи полковник.
Идома

Раҳмонов ба узбекҳо пул намедиҳад

Чи хеле ки гуфтам дар шаҳри Конибодом дар даврони Истиқлолият ягон навигарӣ нашудааст. Ҳоло агар вазъиятро ҳикоят кунам, шояд боваратон намеояд.
Идома

Лимити барқ дар тобистон бало аст ва ё наҳсиву корношоямии Раҳмонов?

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар тобистон,ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон иттифоқ меафтад, баробари рехтани оби хунук ба сари мардуми бе ин ҳам дар як ҳолати вазнини иҷтимоиву иқтисодӣ қароргирифтаи тоҷик аст. Дар урфият мегӯянд, ки балои аз осмон омадаро замин мебардорад