Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ
Ин роҳ, ки ту меравӣ ба Ҳиндустон аст.
Роҳбурди сареҳе дар кишвардорӣ надоранд; ончӣ аз рӯзномаву маҷаллаву сойтҳову ин даҳону он даҳону догмаҳои аҳди Шӯроӣ шунидаандро сар ба нук кардаву барои хешу пайравонашон «маромнома» дуруст кардаанд, ки агар оинномаву маромномаҳошонро, ки ҷуз 2-5 шахси нимамактабхонда нангоштаанд, бихонӣ, чизеро пай нахоҳӣ бурд. Ва ҳамагӣ пайравонашон ин «Манифест»-ашонро боре ҳам надидаанд, ки дар кадомин даруни мизу говсандуқе чанг зада авроқаш зард гашта аст. Муҳим роҳбар дошта бошанду сарвару пешвову «роҳнамо»! Худ намеандешанд, чун роҳбарашон меандешад-ку..
Чун имрӯз диданд, ки Зеленский каме пешрафт дорад, мегӯянд: ҳаминки Укроин ғолиб омад – мо раҳо мешавем. Ва фардош Путин ғолиб омад, мегӯянд: Путин акнун қабри дастнишондаашро меканаду дафъаш мекунаду мо наҷот меёбему кор тамом аст дигар.
Магар ҳамин аст ҳизбдорию пешбурди корҳои сиёсӣ??
Сарварони аҳзобомон шуда «гадалчик» ё худ фолбинҳо. Инҳоро соддатар карда фолбинҳои сиёсӣ бояд ном гузошт.
Чаро ки дар ҷомеаи «хаёлӣ» тамоми ақшори ҷомеа: аз ҳоким то коҳин, ҳамагӣ, стратегу дурбину ҳамадону яккатозу соҳиби раъйи савоб мегарданду ҳатто лӯлиҳову аблаҳону девонаҳояшон ҳам «фолбин» мешаванду тӯдаҳои ғофил тибқи «пешгӯиҳо»-и фолбинҳояшон амал хоҳанд кард.
Касоне ки ҳаёти мулкию осоишта доранд тибқи «дастурҳову ҳидоятҳову пешгӯиҳо»-и фолбинҷӯгиҳо амал мекунанду касоне, ки дар «олами сиёсати бузург» худро сар додаанд, албатта аз «шоҳгуфторҳо»-и пешвову ҳокимону раисону «соҳибҳизбон» пайравии кӯркӯрона мекунанд. Аз ин ҷост, ки дар дохили аҳзоби тоҷикон рукуди тӯлоние падид омадаву ҷуз садои раисаш садои дигаре шунида намешавад, ҷуз раъйи роҳбар дигар раъе аслан қобили қабул нест. Аҳзоб афроди саршиносу маъруфи ҷомеъа нестанд. Ин ба чанд иллат аст. Ё нодида гирифтани раис аз он афрод ва ё он афроди каме матраҳ аз хашми раис метарсанд. Севвум афроди дорои фикр аз якрангии сиёсати пешгирифтаи раис хасташудаанд.
Дар ин ҳизбу ҳаракату созмону паймонҳо, ки аз ҷониби як фарди сиёсӣ, ки дорои статуси дахлнопазирии раъй гашта аст, созмон ёфта аст, итоати кӯркӯронаи бечунучаро мекунанд.
Ин борикбинҳо, дурбинҳо, нуктасанҷҳо, таҳлидгарони сиёсӣ, донандагони назокатҳои сиёсӣ, раисони аҳзоби сиёсии «мамнуъ», «рондашуда», «ғайриҳукуматӣ-ю» бурун аз хоки кишвару берун аз доираи қонун ва дигар хислатҳои болохонадору қавру бало, ҳамеша лофи буланде мезананд, ки ҳатман тӯдаҳоро, ки ба забони говбонпешво мешавад онҳоро «подаҳо» номид, ба соҳили мурод хоҳанд расонид. Дар ҳоле ки на киштие зери даст доранду на қутбнамову на нохудову на хатсайру на марому мақсаде.
Мисли корҳои 100 сол қабли аҷдодамон дар ғурбат – Афғонистон, бо вуҷуди он ки аз Бухоро чӣ ҷадидҳову чӣ амиргароҳову чӣ босмачиҳову чӣ миллатгароҳои пантуркист қарор доштанд, ҳеч ба ҳам намеомаданд. Дар ҳолати ғурбат ҳам, ҳар касе пайи аспу аробаи хеш мегашт. Чанд нафараке гирд мешуданду маромнома нигошта, тибқи бандҳои норушани он «амал» мекарданд, ки ин амалро шартан ман «бемалаӣ» меномам. Ана ҳамон тактику амалкарди онҳо буд,ки мо ва шумо имрӯз дар ин ҳолати тангно ва мустанқаъи маркуд қарор дорем.
Ҳатто кор то ҷое мерасид, ки инҳо рӯи коғазе миён хам карда, ё мисли Олимхон чорзону зада, нақшаи харитаи давлати ояндаашонро кашида, Олимхон ё фарзандашро «амир» ва дигар ашхосро ба ҳайси «қӯшбегӣ»-ю «парвоначӣ»-ву дигар қавру бало «таъйин» мекарданд.
Ҳоло ҳам ҳамон иштибоҳро мухолифинамон доранд. Вале ин бор дар қораи Аврупо, на дар Афғонистону Эрону Ҳиндустон…
Як кишвараке, ки ҳамагӣ 10 миллион аҳолӣ дорад ё хайр, он қадар «ҳизбу ҳаракату созмону паймонҳо» дуруст карда, ки саг соҳибашро дар ин маҳшаргоҳи сиёсати тоҷикон гум мекунад. Хар агар ҳангаст занад, садояш аз бисёрии ғавғои ин ҷанобони соҳибҳизб, шунида намешавад.
Ҳама дар ин «майдони сиёсӣ» мехоҳанд «раис» бошанд! Касе омода нест ҷуз раис буда бошад. Ё раис мешавам ва ё намехоҳам кор кунам.
Раиси ҳизби фалон
Раиси созмони бисмадон
Раиси ташкилоти фалон
Роҳбари паймони фалон
Раиси гурӯҳи фалон
Раиси гурӯҳи худгардон, ё мисли Маҳмуд Аббос Раиси кишвари мавҷуднабудаи «худгардон», ҳамагӣ саргардони сад мулку диёранду омода нестанд, аз рӯи «раёсати олӣ»-и ин ташкилоту ҳизбу гурӯҳу созмону паймонҳои ба мисли «Фаластини Худгардон», бархезанду як каме физаратка кунанду бубинанд, ки корашон то ба куҷо бо ин догмаҳову тартиботу принсипҳои олияшон расида асту кайҳо миллат ононро чун динозаврҳои мунқаризгашта, дар ҳисоби мурдагони сиёсӣ, дар зуболадони фаромӯшӣ парт кардаанд!
Ҳоло ҳам дар ин олами бузурги Худо Аҳмаду Тошмату Боймат «ҷой» намеёбанду яке дигареро «помех»-у харсангу дардисару мояи асосии шикасти якдигар мехонанд.
Дар ҳоле ки дар натиҷаи ин кашиши «курпаи ҷандагаштаи сиёсии тоҷикмухолифон», ҳам зиндониёни сиёсии наҳзатӣ, ҳам 24-ӣ, ҳам ватандору ҳам ашхоси соҳибхирад, дар зиндонҳои танги Раҳмонов ҷой ёфтаанду инҳо дар ин ҳама густурдагӣ ҷойгаҳашон тангӣ ва кӯрпаашон камӣ дорад!
Модарони ин зиндониёни сиёсӣ дар орзуи дидори муҷаддади фарзанд ҷон ба ҳақ таслим мекунанду аз амалкарди ҷиддии мухолифон дараке нест. Қабл аз амалкард нахуст ба ҳамоӣ ва сафороии дохилӣ бояд дар беҳтарин шакл ташкил ва омодаи корзорҳои сиёсӣ ва размӣ бошанд. Ин инсиҷом мояи руъб дар бадани золим ва куҳнапрезиденту атрофиёнаш мегардад.
Айб аст, айб! Ҳамаатон дар олами сиёсати навин чун Раҳмонов куҳнаву догмагарову корношоям шудаистодаед!
Агар мо чуноне ба Раҳмонов чоплусону думлуконаш ҳай балеҳо ва чоплусӣ карда гардем. Чи фарқият аз ӯ дорем?
Дар бузургтарину муқтадиртарин кишварҳои олам танҳо 2 ё 3 ҳизб байни ҳам дар набарди сиёсиянд, ба ҷуз дар кишвараке бо номи Тоҷикистон, ки чун дар дохилаш зиёдтар аз 6 ҳизби «тавоно» сохтанро бардошт накард, ҳам инак рафтанду дар паҳнои олами кунунӣ, ҳар яке ҳизбею гурӯҳею созмону паймонҳое сохтаву, дар айни ҳол, боз дар дохили инҳо, зергурӯҳҳову тагҳизбҳову низом дохили низом сохтан доранд. Дар ҳоле ки баъзе афрод аз ин, ба ном «аҳзоб» пуркортару ба мардуму миллат наздиктаранду аз миллат таъсир гирифта ба миллат асар мегузоранд!
Дар дохили кишвар гӯё 6 ҳизби кисагӣ бо ҳам сари «курсии президентӣ» кашокаш доранду шумо ҳам айнан мисли ҳаминҳо, аммо дар хориҷ аз ин марзу бум, барои «роҳбарӣ», ки намедонам ин дарди роҳбарӣ аз кадомин гӯр ба ин инсонҳои ғариб ёр шуд, ки ҷуз роҳбарӣ кореро намеписанданду ҷуз фикри шахшудаи хеш, фикреро ҳам намепазиранд, каллаву пӯст шипида истодаед!
Ҳамин қадар (ҳизбу гурӯҳ) сохтану зойдан доранд, ки кирмҳову паразитҳо ин гуна сареъ зодувалад намекунанду зиёд намешаванд.
Якеаш чанд бегоҳе, чанд чаранде бо чанд бузу мурғе мезанаду дар асоси ҳамин маълумоти «ҳаётан муҳим барои кишвар» пагоҳаш пеш аз кораш хеста, ҳизби ҷадиде ташкил медиҳад. Охир амал кардан даркор, нишон додан лозим ба мардум, то мардум бубинанд. Ҳиҷрати аввали аҷдодамон бе бозгашт буд. Ҳиҷрати дуввум пас аз панҷ сол баргаштем. Ҳиҷрати севвумамон 9 соли тамом аз он мегузарад вале идома дорад…..
Барои ҳамин буда, ки муҳтарам Ойниҳол Бобоназарова ҳизбҳои Тоҷикистонро, ҳанӯз солҳо қабл, бо барандохтани ҳарфи «б» аз охирашон, «Ҳизҳо» номида буд.
Танҳо занонанд, ки ҳиз будани ҳаряк мардро аниқу дақиқ бозгу карда метавонанд.
Аз ин рӯ, вақте чанд ҳамкосаву ҳаммарому ҳаммаромномаву ҳамоинномаву ҳамраъю ҳамқишлоқӣ барои худ як ҳизби «Ҳамқишлоқиён»-ашонро ташкил медиҳанд, аз фардош сар мешавад: инаш чор панҷ кӯдакашу онаш 5-6 набераашу он якеаш, ҳатто момаи дар қайди ҳаёт набудаашро оварда, дар ин «Ҳиз» «дуқӯшапайванд» мекунад. Агар дар Тоҷикистон кампири момаю хушдоманҳояшонро шомили ҳизбҳояшон кунанд. Дар хориҷ ба наҳваи дигар ин корро карда истодаанд.
Ин руасои муҳтарами муъаззаму ҳамадону ҷанобҳои олишавандаи «гуреза» аз Раҳмонови муъаззаму муҳтараму ҳамадону ҳаматавону роҳнамову хира(д)манду дастуру ҳидоятгари Олӣ, дар истибдоди раъю назару роҳбурду раёсату роҳнамоӣ қафомондание ҳам надоранд.
Агарчӣ аз Раҳмонов дида дар аҳди кунун касе «ҳамадонтару алломатар» нест, вале инҳо ҳам барои гирдубариҳову ҳамқишлоқиҳову ҳамайлоқиҳову духтари амммаву ҳамҷугорихоронашон, камие не, балки аз Раҳмонов чанд «оршин» ба қаду басту ақлу идрок дарозтару баландболотару танумандтару хира(д)мандтаранду солҳост, ки нақшаи шигирфи барандозии диктаторро дар сар мепарваранд. Дар фикрашон, ният кардаанд, қасд доранду ҳавасу орзу, албатта, на аз ин бештар.
Мисли ҳизҳое, ки солҳои мадид таваллуди нахустин фарзандашро дар сар «мепарваранд».
Чӣ бигӯям, ки ақли тоҷикон чун баъзе миллатҳои дигар, лоақал, пас аз заволи офтоб бар сарашон намезанад. Лоақал пас аз обед ин ҳамаро дарк мекарданду аз аспи ҷаҳолат -мӣ, аз хари ҳамоқат -мӣ, аз фили фалокат -мӣ, ё лоақал аз гӯши филе, ки хӯспидаанд, каллаи пӯчу биннии пук бурун мекарданд, то бибинанду бибӯянду эҳсос кунанд, ки дар ин гирду бар чӣ гапу чапҳое дорад амалӣ мешавад.
Агар чунин набуд, бояд ҳанӯз дар аҳди дар Тоҷикистон «расман» соҳибҳизб буданамон корамон рушд мекард. Кори ҳизбдорӣ айнан мисли бозоргонист, ки агар рӯз пайи рӯз рушд накард, ба суи муфлисӣ хоҳад рафт.
Ин соҳибони аъзами ҳизбҳо, ки дигар надорандашон дар ин марзу бум, ҳоло ҳам боре бо касе, бо менеҷере, бо тахассусманде дар соҳаи «ҳизбдорӣ» машварат накардаанд, ки чаро «ҳизб»-и мо рӯз ба рӯз, ба ҷои рушд, ба инфилятсия ё худ табоҳию уфулу нузул кард?
На. Ин ҷанобони умре «Раис» ба худ ъор медонанд, аи аз худ «нодонтарон»-у аҳли шурояшон пурсанд, ки чӣ бояд кард? Чӣ бояд кард, ки ман натавонистам бикунам? Бояд нуқсонро ҷуст айб дар ош аст ва ё мош? Ё шуро бе салоҳият аст ва ё раиси шуро? Дар ин масъала бояд ҳатман диагнозу анализи хубу дақиқ гузаронда шавад. Дар ғайри он ин роҳе,ки равонем ба Ҳиндустон аст…
Агар ин саволи «ленинӣ»-ро ҳар роҳбари «ғайриҳамадон» ба худ медод, ки «Чӣ бояд кард?» ҳам имрӯз ҳоли миллат неку буду ҳам ҳолати табоҳи ҳизбҳо ва ҳам ҳазорон аъзои соҳибмағзи «ғайрйи чоплусонашон» вориди он аҳзоб мегаштанду якҷоя кори дастаҷамъие анҷом медоданд.
Вазифаи як роҳбар на тафриқаандозӣ байни аъзои як миллат, балки сарҷамъсозии так-таки он аст!
Вале, на. Инҳо аз хӯрдӣ серу пур хӯрда бузург шудаанд. Тӯли умр ин чоплусу он тамаллуқкору ин нодону он пурсандаву ин журналисту он намояндаи ташкилоти хориҷию он дипломату ин сафир наздашон меомадаву ҳамеша аз эшон суолоти «мубрами рӯз»-и сиёсӣ мекардаву ҷанобашон, ки умре дар «олами сиёсат» плават мекардаву аз тамоми резу хӯрду чошу пошу парту палоҳову бадтару балоҳои сиёсат, дақиқтарин, тарангтарин, пӯшидатарин шикофҳоро медида аст, ҷавобҳои «қонеъкунанда» медода аст. Дигар, пас аз ин ҳама султонии догмаи раъйӣ, гадоии машваратро барои худ ъор медониста.
Ана ҳаминро мегӯянд диктатураи ҳизбӣ!
Ҳамон диктатураи Пролетариятӣ, ки болшевикҳо созмон дода буданду таъсираш бар ақлонияти бозмондагони ҳамон асри пор то ҳол барҷост, ба касе иҷозат намедиҳад, ки бар хилофи дидгоҳи ҷаноби раис раъйи мухолифе, агарчи савоб ҳам бошад, ироа кунад!
Раисони кунунии аҳзоби дар хориҷбудаамон, аксаран «кадр»–ҳои аҳди шахшудаи Шӯравиянд.
Пишакашонро пишта гуфтан иҷозат нест.
Худашон шоҳу табъашон- вазир!
Ва, боз ношармида аз ҷаноби диктатори Ъолӣ – Эмомалӣ хӯрдагирӣ ҳам доранд, ки дар кишвари тоҷикон истибдоди саросариро роҳ андохта аст. Дар ҳоле ки низоми «идорӣ»-и ҳизбу ташкилоту созмонҳои худашон ҳам дар асоси ҳамин низоми «яккатозии пролетариатӣ» бунёд шудаву миллатро ба «худию бегонаву ҳамраъю зидраъйи намешуданӣ» ҷудо карда истодаанд.
Ин низом низоми давлатӣ нест, балки низоми фикрист, ки ҳар як шахсе, ки «диктатормаъоб» аст, дар ҳар ҳизбу созмону гурӯҳе ҳам раҳбарӣ кунад, раъйи худро чун Фиръавнҳои 4000 соли қабл, бар дигарон таҳмил мекунаду касе зидди фикру дидгоҳаш сухане гуфт, ё ронда ё буз ё монда, ё дилмондаву бекора мешавад.
Фикри савоб ва фикри истибдодӣ дар ҳар як низому ҳизбу ҳаракат вақте метавонад интишор ёфта, аз ҷанобашон Фиръавни соҳибраъю якраву ҳамадонро падид оварад, ки шахсе аз дохили худи ин фиръавнмаоб пайдо нагардад, то бад-эшон гӯшзад кунад, ки :
Тарсам нарасӣ ба Каъба эй Аъробӣ,
Ин роҳ, ки ту меравӣ ба Ҳиндустон аст!!
Баргард, ки ҳамин каҷравию каҷандешию яккафикрият буд, ки пайравонатро солҳост дарбадар кардаву чорае барошон намеёбед ва чораёбонро ҳам сафеҳу аҳмақу нодон мехонед. Асосаш барот ин аст, ки ту раис бошӣ роҳбар бимонӣ. Роҳбарат хитоб кунанд. Рақами як бошӣ доимо. Рақами ду шуданро бад мебинӣ! Фарқ надорад, ки ин «роҳбарият»-ат дар хориҷ аст ё дар ғурбат.
Баъди ин ҳама «султонӣ», гарчанде салтанатат назъ шуда бошад ҳам, гардан ба «гадоӣ» ва ё бой додан намедиҳӣ!
Мисли ҳар як тирани рондашудаву сарнагун шудае, ки то охири умр умедвор аст, ки ба зудӣ ба тахташ бархоҳад гашт. Дар ҳоле, ки ҷуз чанд чоплусу аҳли рикобу аҳли ҳарамаш касеро дигар надораду худро то ҳол «император» меномаду ба «пайравон»-аш нишону унвон, чун Олимхон, дар ғурбат, эҳдо мекунад!
Вале, танҳо қабл аз чанд лаҳзаи маргаш қабул мекунад, ки воқеан салтанаташ кайҳо буд, ки аз кафаш бадар рафта буду худу пайравонашро бо корношоямиаш ба нокуҷо расонид. Ва акнун гӯрнавиштаашро мехонем:
Амири беватан хору залил аст
Гадо гар дар ватан мирад, амир аст.
Ва, аммо ҳар кӣ шикасте хӯрду даъвои раисӣ дорад, ҳатман аз якраъйиву зуъмию диктаторандешии худаш буда, ки дар Қурон, ояи 29-и сураи Ғофир он бо сароҳат дар мисоли озодандеши қибтӣ ва Фиръавни зуъм оварда шуда аст:
Озодандеш:
يَا قَوْمِ لَكُمُ الْمُلْكُ الْيَوْمَ ظَاهِرِينَ فِي الْأَرْضِ فَمَن يَنصُرُنَا مِن بَأْسِ اللَّهِ إِن جَاءَنَا ۚ قَالَ فِرْعَوْنُ مَا أُرِيكُمْ إِلَّا مَا أَرَىٰ وَمَا أَهْدِيكُمْ إِلَّا سَبِيلَ الرَّشَادِ
Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ аз они шумост. Бар ин сарзамин ғалаба доред. Вале агар азоби Худо бар сари мо ояд, чӣ касе ёриямон хоҳад кард?» Фиръавн гуфт: «Шуморо ғайри он чи худ маслиҳат додаам, роҳе нишон надиҳам ва ба ғайри роҳи савоб роҳнамоӣ накунам».
(Сураи Ғофир ,ояти 29)
Озодандеш, фарқ надорад, чи дар аҳди Фиръавнҳои Мисри Бостон бошад, чи дар аҳди Раҳмонови палид, танҳо як андеша дорад: эй мардум, имрӯз – ку дар рӯи замин пайраву ҳашаму қудрату нерӯ доред, вале вақте азоби илоҳӣ бар сарамон фурӯ рехт, он гоҳ ба чӣ роҳе худро наҷот медиҳем? Озодандешу озодихоҳ бо мардум машварат карда, доим савол мегузораду ҷавоб мешунавад, вале Диктаторфикр, ҳамеша ҳама ҷавобҳоро медонаду аз касе раҳнамоию иршод намехоҳад!
Имрӯз, эй мардум, пешвову раиси худро ҳамадону ҳаматавону соҳибхираду балогардону қавру бало унвон додаву дил хӯш кардаед, вале он рӯзи мабодо, ки ин диктаторандеша коре баротон азаш намеояд, чӣ хоҳед кард? Барои роҳбари диктаторандешаи догмапардоз раҳбарияту сарварӣ лозим аст, на чизи дигару на роҳбурди касе. Курсича бошад, раис шавад, ба дигарон роҳнамоӣ карда гардад!
Фиръавн ин суханро ба василаи бузҳояш шунида, рӯи трибуна баромада, дар паёми солонааш чунин мегӯяд:
Ё, агар, Фиръавнро дар симои роҳбарони аҳзоби худхоҳу ҳамадон таҷассум кунем, чунин мешавад:
Ягона фикри дурусту аниқу дақиқу савоб ҳамин фикри ман аст, ва ҷуз ман касе ба шумо роҳнамоӣ кардан наметавонад!
Роҳи рост, Ҷодаи савоб, Сабили рашод ҳамин роҳи интихобкардаи ман аст, ки солҳост роҳбару раису роҳнамоятон гаштааму ба касе ҳам ин курсии номавҷудамро доданӣ нестам! Чунки маро модар баҳри раҳбарӣ зода аст!
Вале чӣ роҳбарие, ки роҳ ба бероҳа мебарӣ…
Вале чӣ роҳбарие, ки умре пайравонро сарсон кардаед, ҷаноби раис!
Ҷанобони раисшудагону раисшавандагон ин шаванди роҳбурдиятон аз диктатураи Раҳмонов ҳеч фарқияте надорад. Шумо аз ӯ танҳо дар нерӯву тавону сармояву низом камбуд доред, на дар тарзи тафаккуру роҳбурду роҳбарӣ! Роҳбарӣ на: яккатозӣ!
Як бор суол гузоред, ки чанд сол шуд, ки шумо «Роҳбар» ҳастед?!
Чӣ дастоварде дар заминаи роҳбарӣ доштаед?
Чӣ пешрафтеву чӣ идеяи наве?
Чӣ дорад ин роҳбарии малъун, ки ин қадар ба он тақаллавор часпидаед?
Кадрҳоятон ку? Мутафаккирони аз шумо мутафаккиртаратон ку?
Инсонҳои тезҳӯш пайи роҳбарӣ намегарданд, балки ҳадафашон ин аст, ки афкору идеяву ҷаҳонбинияшонро ҳатто дар статуси як «аъзои қаторӣ» ҳам ба миллату мардум расонида тавонанд. Мусо, ки Калим буд, аммо роҳнамои асосиву такягоҳи афкори корсозаш ҳамоно Ҳорун буд. Ҳорун даъвои роҳбарию паёмбарӣ ҳам намекарду ҳатто дар набуди Мусо қавмаш аз гапаш сар боз заданд, вале ҳамон лаҳза ҳам қарори заруриро барои пароканданашавии «гурӯҳ» иттихоз кард, ки пасон мояи таҳсини Мусо шуд.
Ман омодаам умре номашҳуру аъзои қатории ин мафкураи муборизахоҳӣ боқӣ бимонам, муҳим, ки фикрам ҷовидон бошад. Роҳбарии воқеӣ ин аст, на курсинишинии абадӣ, ки бо марги ҷисми физикиятон, аз онки идеяву ғояе надоред, ба фарҷом мерасад.
Шветсария барои он яке аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ҳар сол дар он сарвазир иваз мешаваду тӯли ин ҳама «роҳбарӣ»-и ҳар яки шумо, ки ду даҳа мерасад, ҳамакнун 20 идея, 20 шахсият, 20 улгӯ, 20 тан омаданду коре карданду рафтанд. Вале шумо ҳоло ҳам «роҳбарӣ» дореду Эмомалӣ ҳам, ҳанӯз чашмакпаронӣ дорад.
Ба гуфти Шаҳриёр:
Нойи мо хомӯш, вале ин Зуҳраи шайтон ҳанӯз
Бо ҳамон шӯру наво дорад шабонӣ мекунад.
Ё ба таъбири Лоиқ:
Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон ҳастӣ, ҳамон!
Гӯё Раҳмонов ситораи абадии думболадор асту роҳбарони мухолифинаш «занабҳо»-и ӯ. Гӯё спутникҳои ин нофаи коинот, ин ноҷии каҳкашонҳо ба тирози ӯянд – абадӣ! Ивазнашавандаву роҳбарони умрбод!
Ана ҳамин аст дарди миллат, ки дохилбудагон асири Диктатор Раҳмонованду хориҷбудагон асири шумо ҷаноби раисони муҳтарами якрави инод дар даст!!
Ба худ оед! Дигаронро ҳам иҷозати ибрози назару андеша бидиҳед. Аз рӯи «курсӣ» хеста, дигаронро ҳам монед, каме машқи раҳбарӣ кунанд.
Диктатура ҳамин асту бас: як шахс то мурадан раис бошаду ба худ хадаму ҳашам дошта, тамаллуқкоруну чарбузабонҳое дар меҳавараш дошта бошаду ҳамеша куштш кунад, ки фикри худро ба курсӣ шинонад.
Диктатура аз ҳамин рӯи курсишинонии фикри худ оғоз гашта, дар курсии расёсати физикӣ, албатта, пас аз худ фарзандатро менишонӣ!
Фикрат ки «гузашт» фарзандат ҳам чун Рустам «мегузарад»!
Ҳама офат аз ҳамин андешаи истибдодӣ оғоз ёфта, дар шакли риёсату курсию вазоратхонаҳову маносиб таҷассум меёбад!
Ва, вақте мо даъвии демократия мекунем, набояд фиръавнандеш бошем, балки бояд чун демократҳои воқеӣ, корамонро бо гузоштану матраҳ кардани андеша бо атрофиён ба сомон расонем, ки тоҷикон гӯянд: ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд!
Ҳам ҳокимдиктаторамону ҳам раисони аҳзобу гурӯҳҳоямон модомулумр «рақами як», «роҳбар» боқӣ мондаанд, ки нашармида ҳамдигарро «диктатор» меноманд.
Акнун, фаҳмидед, ки диктаторҳо киҳоянд?!
Як нукта бас аст агар шуур аст
Вар-на чу чароғ пеши гӯр аст!
Ё чун паёмбар(саллаллоҳу алайҳи васаллам), бо вуҷуди паёмбарияш бо соҳибхирадони асҳоби киромаш тибқи фармудаи Аллоҳ машвара мекард:
وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ
«…Ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст…»
(Сураи Шӯро, ояти 38)
Ҳоло мо аз ончи дар оғози ин оят ва охири ин оят омада чизе намегуем. Ҳамин васаташро бипазиред ба хайр аст!
Ё дар ҳамин ҳоли табоҳе, ки дорем мечаловему мегардем!