Писари калонии Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов дар як садамаи автомобилӣ як нафар аз сокини Душанберо куштааст.
Ин ҳодиса дар шоми 22 августи соли ҷорӣ дар чорроҳаи назди меҳмонхонаи «Тоҷикистон» рӯй медиҳад.
“Фаридун Ҷамолиддинзода, писари 23 солаи Озодаи Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон сари фармони як мошини Мерседеси модели охирин, ки гуфта мешавад арзиши он бештар аз 200.000 доллар аст бо суръати ниҳоят баланд бо як Опел. Астраҷи-таксӣ бармехурад. Ин Опел Астраҷи аз они Муҳаммад Пиров як сокини зз солаи шаҳриДушанбе будааст, ки бо он таксӣ мезадааст. Зарбаи Мерседес ба ҳадде сахт будааст, ки қисмати пеши мошини Опел ба қисмати қафои он мечаспад ва вақте роҳгузарҳо ҷасади ӯро аз мошин берун мекунанд, аз сару сурати ӯ тақрибан нишоне боқӣ намонда ва косахонаи сараш ҳам титу пит шуда будааст.”
Танҳо аз рӯи ҳуҷҷати роннадагӣ-правааш, ки дар хун оғушта шудааст, номи насаби ӯ муайян карда мешавад. Ин нафар Пиров Муҳаммад будааст, ки тарбияти чаҳор кудаки ҳанӯз ноболиғро бар ӯҳда доштааст. Бархе аз роҳгузарҳо аз ин ҳодиса наворҳое бардоштаанд. Наздикони ин ҷавонмарди ба қатл расида аз суҳбат бо манобеъи “Ислоҳ”, ки аз мақомот буданд ва додани маълумот ба онҳо комилан даст кашидаанд. Аммо, шахсони огоҳ дар мақомоти қудратӣ мегӯянд, ки онҳоро то пойи ҷон тарс додаанд, ки агар ба касе лаб во карданд, ҳамаашон кушта мешаванд. Ҳатто гур чуби Муҳаммади шаҳидро бисёр ҳам оҷил ва мешавад гуфт пинҳонӣ анҷом дода нагузоштаанд, ки гиряву шеван кунанд.
“Дар маҳалли ҳодиса ҳам ҳеҷ ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, на милиса ва на ГАИ тоб нахӯрдаанд ва кадом тафтишу таҳқиқоте ҳам анҷом дода нашудааст. Дар дигар ҳолатҳо, масалан то чанд фурсат он қисмат аз ҷойи ҳодиса дар роҳро манъ мекунанд, худи ҷои ҳодисаро бо бӯр алоҳида мекунанд, аммо дар ин ҳодиса ҳеҷ кадоме аз ин гуна амалҳои тафтишот анҷом дода нашудааст.”
Вале Фаридун Ҷамолиддинзодаро (Фаридун 23 сола аст, мутаваллиди 1999) худи ҳамон шаб тавассути парвози махсус ба Дубай гурезонидаанд. Як манбаъи дигар гуфт феълан Фаридун ё дар Амрико аст ва ё дар Олмон аст.
” Аммо ҳодисаи мазкурро бори дӯши як нафаре бо номи Дилшод Аюбов кардаанд. Бинобар маълумоти дарёфтӣ ба падару модари Дилшод 100.000 сомонӣ ё доллар (инашро натавонистем дақиқ кунем) дода ва ба худи ӯ ваъда додаанд, ки ба гардан бигирад, то чор моҳ нагузашта озод хоҳанд кард. Дилшод Аюбов ҳам, чуноне бармеояд ба гардан гирифтааст. Вале аз Дилшод танҳо маълумоте, ки дорем ин аст ки ҳамсоли Фаридун аст. Дигар маълумоте дар бораи шахсияти вай ва падару модараш дастрас нашудааст.”
Садамаи ба вуҷуд овардаи Фаридун (Фаридуни Ҷамолиддин) тавассути, чуноне гуфтем як мошини мерседеси «последний модел» рух дода, ки соҳиби ин мошин нафари дигар будааст. Ин мошин ба Файзалии Муҳибулло тааллуқ доштааст. Фаридуни Ҷамолиддинзода мошини Файзалии Муҳибуллоро мерондааст. Маълум нест, ки дар сари рул Фаридун ҳушёр буд ё баракс. Ҳамчунин Файзалии Муҳибулло чаро мошинашро дар ихтиёр набераи Эмомалӣ Раҳмонов гузоштааст, номаълум аст. Аммо гуфта мешавад, ки Файзалии Муҳибулло дар гумруки Душанбе,дар терминали№1кор мекунад. Файзалии Муҳибулло аз Вахш аст ва одами наздики Озода мебошад.
Терминали №1 ҳамон ҷое аст, ки Шаҳбоз Раҷабзода бойфренди Озода кор мекард. Ва, дар як ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ӯро шармандавор аз толор берун карда буд.
Ва, аммо ронандаи кушташудаи таксии Опел астраҷи аз як хонаводаи камбизоат буда дар манзили падараш бо зан ва чаҳор кудакаш зиндагӣ мекардааст. Рӯшан нашуд, ки барои ин хонавода аз тарафи волидони сахт сарватманди Фаридун кадом кумаке сурат гирифтааст ё хайр?
Ҳамчунин мо натавонистем муайян намоем, ки Дилшод Аюбов кист, бо Фаридун иртиботе дорад ё не ва ё инки ӯро Озода ва Ҷамолиддин «ёфтаанд», то ин куштори ваҳшатнокро бар уҳда бигирад.
“Гуфта мешавад дар Амрико амак ва амакбачаҳои Фаридун зиндагӣ мекунанд ва ба эҳтимоли қавӣ вай онҷо рафтааст. Ҳодисаи мазкур дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки байни падару модари Фаридун муносибатҳо «шакаров» мебошад ва иллати барканории Ҷамолиддин Нуралиев, аз муовинати аввали раиси Бонки миллӣ дар ҳамин змина сурат гирифтааст.”
Аммо, нуктаи аз ҳама муҳим ин аст ки дар фирори Фаридун ва ё фирорӣ додани вай худи Эмомалӣ Раҳмонов даст дорад ё хайр.
Дар соли 2008 Рустами Эмомалӣ тағои Фаридуни Ҷамолиддин низ як пиёдагардро кушта вале ҷурми ӯро нафари дигар ба калла гирифт.
Ps: Ислоҳ дар ин қазия таҳқиқоти худро идома медиҳад ва Дилшод Аюбов, ки ин кушторро ба гардан гирифта озод мешавад ва ё хайр? Инчунин Фаридун Ҷамолиддинзода, ки дар 18 солагияш ба ӯ конеро ҳадия намуда буданд дар Бадахшон. Дигар сиру пиёзи ӯро “зери заррабин” қарор медиҳем ва ба миллат ва мардум тақдим мекунем. Адолат ба ҳар қиммате,ки набошад бояд барқарор гардад!