Ш.Кабиров ҳудуди 700 млн доллар металҳои рангаву оҳани партобгоҳи Алюмин заводро обу лой кард…

Ислоҳ нет

Раддияи шашшум

Ҷавоби навбатӣ ба мақолаи зиёиёни тоҷик, оиди Асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон Шералӣ Кабиров

аз 500 то 700 миллион доллар оҳану металлҳои ранга ва коксу дигар ашёи хоми заводи алюминйро Шералӣ ва бародаронаш обу лой карданд…

Хонандагони азиз! Мувофиқи ваъда таҳқиқоти мо нисбати саҳми беназир ва фақуллоддаи яке аз олимони ҷавони болаёқат, кордону созанда ва инсони саховатпеша, вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳо, Шералишо Кабиров дар мавриди ободкориву пешравиҳо дар иқтисодиёти Ватани азизамон идома дорад.

Дар давраи омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти ин олими ҷавон ба бисёр ҳолатҳое дучор шудем ва ангушти ҳайрат газидем. То ҳоло бовариамон намеояд, ки дар ҷамъият як нафар ба халқу давлат ин қадар зарарҳои калон, ва хиёнатҳо карда метавонистааст. Лекин боз дар назди роҳбарият мӯътабару бообруй ва дар вазифаҳои баланд таъйин мешудааст. Мумкин аст ин ҳолатҳо фақат дар Тоҷикистон бошад. Аз рӯзи аввали навиштани мақола ба ҳамагон гуфта будем, мо ба ягон шахсе, ки дар мақолаҳо номҳояшон нашр мешавад хусумат, бахилӣ ё бадбиние надорем. Мехоҳем ки ҳақиқатро мардум бидонад ва дар вақтҳои лозимӣ хулосаи худро дуруст барорад. Агарчи аз мардуми бечора ҳеҷ кас фикру ақидаашро намепурсад, лекин ҳатман вақту соате мерасад, ки овози мардум шунида мешавад!

Афёра, қаллобие (мошенники), ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон, дар давоми 20-25 сол як худи Шералӣ Кабиров дар танҳоӣ кардааст, дар дигар мамлакатҳо як ҳукумат карда наметавонад. Мо Ҳасан Асадуллозодаро ҳамроҳ ҳам намегӯем, чунки ӯ як лухтак, бозичае шуда буд дар дасти Шералӣ, савод ҳам надошту то имрӯз надорад. Поёнтар тасдиқи суханҳои худро бо мисолҳо меорем. Аз як тараф офарин ба Шералӣ Кабиров, ки худ ҳам бе ягон маълумоти олӣ, бе таҷрибаи бойи корӣ, ба ин схемаҳои ниҳоят калон нотарсида даст задааст. Масалан, аз 100% мактубҳои гарантиявии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар давоми 30 сол Раиси Ҳукумат, яъне Эмомалӣ Раҳмонов имзо кардааст, на кам аз 60% – ро маҳз Шералӣ Кабиров истифода бурдааст. Боқимонда 40% мактубҳоро домодону духтарон ва баъзе аз вазирон истифода бурдаанд. Як лаҳза ин чи мактуб ва чи қурб доштанашро ба хонандагони азиз эзоҳ медиҳем. “Гарантийный письмо правительства”– ин кафолати давлат ба тарафи дуюм, ки дар ҳолати аз тарафи ширкати ватанӣ иҷро накардани шартҳои байни ду компания баста шуда, ҳукумати Точикистон кафолати пардохти маблағҳоро медиҳад. Агар ин тавр мактуб дар дасти соҳибкори оддитарин ҳам бошад беҳтарин заводу фабрикаҳои дунёвиро ба Тоҷикистон меорад. Як мисоли дигар, солҳое, ки Яҳё Азимов сарвазири Тоҷикистон буд, ба як корхонаи хориҷии коркарди пахтаи вилояти Суғд мактуби “гарантия правительства” ба 2 ё 3 миллион доллар барои овардани хатҳои технологии нав, ҳамчун сарвазир имзо карда дода аст. Дар охир ҳамин имзояш сабаб шуд ки пурра аз вазифа холӣ карда шуда дар давоми зиёда аз 20 сол дигар ягон вазифа ҳам несту зиндагии осуда ҳам надорад. То ҳозир дар Москваю Дубай зиндагӣ мекунад. Сарвазири ҳозира Қоҳир Расулзода ҳатто қудрати ба сад доллар имзои гарантияро надорад ва баъд аз тақдири имзои қудояш Яҳё Азимов худаш ҳам намехоҳад. Ана ин аст арзиши ин мактуб дар назди президенту ҳукумат. Ҳамаи гарантияҳои ҳукуматиро фақат худи пешво имзо мекунаду халос. Тасаввур  кунед, ки садҳо ҳамин тариқ мактубҳоро Шералӣ Кабиров дар давлатҳои хориҷӣ, Хитой, Турикия, Америка, Германия, Эрон ва даҳҳо давлатҳои Европа тақсим карда дода асту Тоҷикистонро даҳҳо миллиард доллар қарздор кардааст. Як ҷумҳурии майдаи камбағал даҳсолаҳои оянда қарзҳои ба сари мардум овардаи Шералӣ Кабировро пардохт мекунад! Мувофиқи маълумотҳо, аз ин мактубҳо дар папкаи Шерали доимо 3-4 дона бо имзои президент ёфтан мумкин аст, ки иҷозати ҳар куҷое истифода бурданро дорад. То кадом дараҷа дар боварии пешво даромада аст! Аз ҳамаи мактубҳои гарантия додааш ҳатман аз 15 то 30% «доля» мегирифтааст, ки дар охир корхонаҳои сохтаи Шералӣ Кабиров дар Тоҷикистон, бо арзиши даҳҳо миллион доллар қимматтар тамом мешудааст. Яке аз сабабҳои асосии қимат тамомшавии корхонаҳои Шералӣ дар ҳамин аст. Сабаби дигари қиматшавиашро поёнтар нақл мекунем.

Дар маҷлиси охирони ҳукумат, пешво асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистонро сахт сарзаниш намуда аз фаъолияти ӯ норозигӣ баён намуд. Махсусан нисбати корхонаи бузурги алюминий пурсон намуд, ки корхона куҷо шуд? Канӣ ҳазорҳо нафар кормандон? Канӣ маҳсулоти алюминий? Гуё  Пешво нав хабардор шудааст, ки корхона аллакай дар ҳолати сахти муфлисшавӣ қарор дорад, лекин маълум гашт, ки ба афсонаҳои бофтаи Шералӣ Кабиров то дирӯз бовар карда, як маротиба аз дигарон ҳақиқати ҳолро нисбати ин заводи стратегии ҷумҳурӣ пурсон накарда будааст. Аниқтараш аз мақолаву таҳлилҳои “Ислоҳ” фаҳмида аст, ки аҳвол дар атрофи ҳамаи проектҳои Шералӣ Кабиров, ки садҳо миллион доллари бюҷетро сарфа намуда сохта аст, хеле бад аст. Пешво нисбати дигар корҳои Шералӣ низ эродҳои сахт гирифта ба мақомоти қудратии кишвар супориш дода аст, то ин ки омӯхта ба ӯ маълумотномае пешниҳод намоянд. Гуфтааст, ки баъд хулосаи ояндаи Шералиро медида бошад. Бовар кунед, наход пешво то ба ин дараҷа аз ҳақиқат дур шудааст, ки намефаҳмад, ки Шералӣ Кабиров даҳсолаҳо камбудиҳои тамоми аҳлу оилаи Ятимов Саидмӯъмин, Рамазон Раҳимов, Юсуф Раҳмон Муроди телех ва дигар роҳбарону хешу таборони худи пешворо бо сари баланд, бо сифати баланд аз пулҳои бюҷети давлат ва пулҳои инвесторони Талко менеҷмент бартараф мекунаду дар як рӯзи зарурӣ онҳо ягон маълумотномаи манфӣ нисбати Шералӣ ба пешво навишта медода бошад, ҳол он ки дар Тоҷикистон ҳама кор шуданаш мумкин аст. Аммо нисбати Шералӣ ҳеҷ кадоме аз онҳо як калимаи бад намегуяд, чунки тӯҳфаҳои қиматбаҳо, маблағҳои калон, хонаву мошинҳое, ки ба онҳову фарзандони онҳо Шералӣ Кабиров медиҳад ҳеч як бизнесмени дигар намедиҳад. Мо бовар дорем, ки сохторҳои қудрати ӯро аз пешво зиёдтар дӯст медоранд  ва бе шакку шубҳа маълумотномае пешниҳод мекунанд, ки нисбати Шералӣ Кабиров “душманони беруна” тӯҳмат карда истодаанд ва мехоҳанд дар назди шумо сиёҳ намоянд ва пешравии иқтисодиёти Тоҷикистонро боз доранд. Яъне баръакс Шералиро қаҳрамон мебароранд. Инҷо Шералӣ Кабиров на онқадар гунаҳкор аст. Чунки дидаву дониста сохторҳои қудратӣ ӯро дастгирӣ менамоянд. Асосан СС. Ятимов бо кормандони худ гунаҳкори калон нисбати ба нестӣ расонидани заводи алюминий тоҷик мебошанд, ки дар тамоми ҷиноятҳои Шералӣ чашми худро ба хотири як туҳфа ё пул пӯшидааст. Ҳатман дар ояндаи таърих номҳои ҳар яке аз онҳо мисли Шералӣ ҷинояткор навишта мешавад. Фикр кунед, ки имрӯзҳо барои сохтумони ин тавр заводи бузург даҳҳо миллиард ва даҳҳо сол вақт лозим мебошад, ки Тоҷикистон аниқ ин зарфиятро надорад. Дар 30 соли истиқлолият сохтумони бузурги миллат, ки мардум гуё фахр мекунад, ин парчами баланд ва якчанд сохтмонҳои баландошёнаву паркҳо мебошад.

Дар компанияи Талко -менеҷмент се гурӯҳ одамон кор мекунанд, гурӯҳи якум, ҳама аз ноҳияи Дарвоз, ё рагу пайванди дарвозӣ доранду тамоми ҳисобот, хариду фурӯш, яъне молиёт (финанс) дар дасти онҳост; гурӯҳи дуввум ин фарзандони мансабдорони ҳозираву собиқа ва худи мансабдороне, ки ба нафақа баромадаанд; гурӯҳи сеюм ин тамоми маъшуқаҳои Ҳасану Шералӣ, духтару бачаҳои рафиқони онҳо мебошанд, ки тамоман мисли як лухтак ба кор омада мераванд. Умуман мутахассисони соҳа дар ин компания ангушт шуморанд. Аз ҳамин сабаб бисёре аз мансабдорон аз Шералӣ Кабиров забонкӯтоҳ мебошанд. Агар зарурият пайдо шавад, дар дасти мо зиёде аз ному насаби онҳо ҳастанд. Аз ҳама ҷолиб ин аст ки вақте Шералӣ Кабировро баъд аз маҷлис рафиқонаш пурсиданд, ки оқибати эроди пешво чи мешавад, чун ҳарвақта ханда карда гуфт, ки ин як спектакли ҳамавақта буд, боз бегоҳ пешво ҳатман маро ба ужин даъват карда, дилдорӣ мекунад, ки дар назди душманонат ман туро каме танбеҳ додам ва ҳамааш хуб мешавад. Дар ҳақиқат ин ҳолатҳо якум маротиба нест. Ӯ бе шак маҳорати аз об хушк баромаданро дорад. Рӯзҳои охири моҳи январ, дар назди вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми зиёде як -ду рӯз ҷамъ шуда мисли митинг норозигиҳо доштанд. Баъдтар маълум гашт, ки онҳо кормандони худи дастгоҳи вазорати саноат будаанд, ки якчанд моҳ маоши худро гирифта наметавонанд. Боз бадтараш ин аст ки ба назди вазир ҳатто муовинони вазир даромада наметавонанд, қабул намекунад, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо бо ягон кас гап намезанад. Доимо бо одамони наздики худ ва баъзе меҳмонҳо вохӯриҳои худро мекунаду халос. Бо муовинони худ бо ягон сабабҳои майдатарин қаҳрӣ мешаваду моҳҳо дигар қабул ҳам намекунад, гап ҳам намезанад, мабодо ягон маслиҳати корӣ диҳед, тамоман худо зад, дигар умуман қабул намекунад, ки ба МАНИ БУЗУРГ ин роҳ нишон медиҳад. Ҳайрон мемонем, ки ин вазорати давлат бошад, ҳар як муовини ӯро ҳукумати Точикистон, яъне пешво таъин намудааст, ин мардум дар хонаи Шералӣ Кабиров набошанд, ки ӯ қаҳру ноз кунад. Агар бисёр қаҳр кардан мехоҳӣ, бирав ба қишлоқи худат ба Қалъаи Хум, дар хона худатро махкам намуда аз ҳама қаҳр кун. Ин идораи давлатӣ бошад, мардум ба умед ба кор меояд. Бовар кунед аз рӯзи аввали таъин гаштан ҳамчун вазир то ҳозир ба зиёде аз кормандони вазорат бо даст салом накардааст. Ҳол он ки вазирони собиқ, ғайр аз Гулов Шералӣ, маоши хуб ҳам намедоданд ақаллан кормандони худро қабул намуда гӯш мекарданд. Ба маъракаҳои хурсандиву ғамашон иштирок менамуданд ё нафареро аз номи худ равон мекарданд, доимо салому алейк менамуданд. Шералӣ Кабиров худашро боз як пешвоча сохтааст, ки ин хислатҳоро аз Ҳасану пешво мерос қабул кардааст. Ин хислатҳои одамони бесавод, нодидаву чашмгурусна ва сабукфикр мебошад.

Фактҳои радношаванда:

Баъзе факту рақамҳоро аз корхонаи алюминий тоҷик меорем, ки дар давраи фаъолияти Шералӣ Кабиров рӯй додааст. Дар солҳои пеш, ғайр аз истеҳсоли маҳсулоти асосии алюминий дар дохили завод сехҳои майдаи истеҳсолотии маҳсулоти хоҷагии халқ ба монанди карниз, қошуқу вилка, дегу тағора, телевизору даҳҳо чизҳои зарурӣ фаъолияти доимӣ дошт ва ба тамоми ҷумҳурӣ фурӯхта мешуданд. Ҳамаи ин корхонаву сехҳо нест шуда рафтанд, ки асосан аз ашёи боқимондаи истеҳсолот кор мекарданд ва садҳо нафар одамон ба ҷойҳои кории доимӣ таъмин буданд. Дар завод як корхонаи истеҳсоли анод буд, ки асосан барои экспорт маҳсулот мебаровард ва ба Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Русия  фурӯхта мешуданд. Анод асосан бо гази табиӣ ва бо сифати аъло дар заводи ТадАз истеҳсол карда мешуд. Лекин аз сабаби напардохтани пули гази истифода шудаи завод дар назди Узбекгаз, оҳиста – оҳиста истеҳсолоти анод ба нестӣ рафта расид. Даҳҳо маротиба такрор намуда будем, ки баъд аз ба дасти Ҳасан Асадуллозода ва Шералӣ Кабиров гузаштани ТадАз, на фақат пули барқу обу газ, ҳатто маоши одамон дар вақташ бо пуррагӣ дода намешуданд. Соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ низ садҳо маротиба фиреб хурда баъд аз молҳои худро ба завод супоридан бо маблағҳояш низ хайрухуш менамуданд, ки оқибати ин муносибатҳо мисли Текстил комбинати шаҳри Душанбе, шёлк- комбинати шаҳри Душанбе ва даҳҳо дигар корхонаҳое, ки бо партнёрҳои худ муносибати ноҷавонмардона мекунанд, оқибаташон ана ҳамин тавр муфлисшави мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки Ҳасан Асадуллозода ба ном шеф мебошад. Аз рӯи нақлҳои бешумори Шералӣ Кабиров, дар давоми 15-16 соли идораи заводи алюминий, Ҳасан алюминийро аз пластмасса фарқ карда наметавонад ва шабу рӯз дар маишати худ, таҷовузкории духтаракони беҳимояи ноболиғ овора мебошад ва дар фикри зиёд намудани саршумори ҳаромзодаҳои худ аст, ки ваъдаи сад нафар фарзанддор шуданро ба гирду атрофи худ дода аст. Ҳоло бошад нав ба 70 нафар расидааст. Шералӣ Кабиров бисёр шод ҳам буд, ки ҳамин тавр шефи чашмгурусна ва тупой дорад. Барои ҳамин шароити фароҳам омадаро хуб истифода мебурд.

Оиди кори завод, барои аз ин вазъият баромада истеҳсоли анодро боз ба роҳ мондан, аз ҷумҳурии Чин ду агрегати истеҳсолкунандаи гази табииро (искусственный путем) бо даҳҳо миллион доллар (албатта нархашро ду ё се маротиба баланд намуда), харидорӣ намуд, лекин истифода бурда натавонист. Дар натиҷа аноди сифати паст ҳосил карда шуд, ки харидорони асосӣ аз харид даст кашиданд. Ин тавр мисолҳо хеле ва хеле зиёд ҳастанд, ки олими ҷавон садҳо корхонаҳои беҳтарини кишварро ба нестӣ расонида ҳамчун оҳанпора фурӯхта аст. Дар натиҷаи қатъ шудани истеҳсоли анод, сифати маҳсулоти асосии завод хеле поён рафт. Вақте ки сифати анод паст бошад, масрафи глинозём, кокс ва дигар компонентҳо зиёд истифода бурда мешавад ва дар охир арзиши аслии маҳсулоти тайёр хеле боло меравад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба рақобат дучор мешавад.

Боз як методи чашмбандӣ, қаллобии Шералӣ Кабировро дар заводи алюминии тоҷик қайд накарда наметавонем. Дар заводи алюминий аз рӯзи аввали фаъолияташ, яъне соли 1975, дар корхона ҷои партовгоҳи ниҳоят калон ба даҳҳо гектар мавҷуд аст, ки тамоми “отходы производства”– ро он ҷой даҳ солаҳо гӯр мекунанд ё ин ки мепартоянд. Номи ӯро дар корхона “черная гора” меноманд. Дар дохили ин партовгоҳ металлҳову дигар ашёҳои хом ниҳоят зиёде мавҷуд аст, ки баъд аз пош хурдани давлати шӯравӣ, садҳо соҳибкорону компанияҳои калон ба ТадАз низ муроҷиат карда буданд, ки шартномаи дуҷониба баста иҷозати дуюм маротиба коркарди ин партовгоҳҳоро бо шароити беҳтарини фоиданок барои завод пешниҳодҳо мекарданд, ки дар натиҷа садҳо миллион доллар ба завод фоида оварда мешуданд. Аммо бо баҳонаҳои ин заводи стратегӣ ва объекти режими ба ҳеч кас иҷозат намедоданд. Вале солҳои охир бо супориши Шералӣ Кабиров як бригадаи калон одамонро барои тоза кардани ин партовгоҳҳо ба кор ҷалб намуда, ҳазор тонна оҳанпора ва металлҳои ранга ва ҳазорҳо тонна кокс ва дигар ашёи хоми ба завод лозимаро ҷудо намуданд. Мо албатта офарин ва ташаккур менамудем, агар инҷо як “НО” намедошт.   Шералӣ Кабиров аз партовҳои зиёда аз 30-35 сол ҷамъшуда, ҳазорҳо тонна ашёи хоми аз он ҷой ҷудо кардаро аз номи фирмаҳои офшории худ аз сари нав ба завод “приход” дода, заводро ба садҳо миллион доллар қарздор ва баъдан пулҳояшро ба ҳисобҳои офшории худ гузаронида аст, ки агар ҳукумат хоҳиши ин факту рақамҳоро санҷиданӣ бошад ягон мушкилие нест. Дар ихтиёри мо чор сурат ҳисоби “пешвои иқтисодиёт” вуҷуд дорад, ки метавонем онро ба мақомот диҳем,то ин пулҳоро ба буҷаи давлат барои некуаҳволии мардум баргардонанд. Аммо медонем,ки ҳоло касе дар фикри некуаҳволии мардум ва давлат нест. Инчунин як пешниҳоди оддӣ , ҳуҷҷатҳои гумрукро мебардоред, маълум мешавад ки ин миқдор маҳсулот ба Тоҷикистон ворид нашудааст. Ҳазорҳо тонна оҳанпора аз ин партовҳо ҷамъкардаро бо ширкатҳои бародаронаш Азаматшову Одилшо ба корхонаи истеҳсоли арматураи чиниҳо супорида бар ивазаш садҳо тонна арматура гирифта ба соҳибкорони хонасоз фурӯхтаанд, ки то охирон харидорҳо ба мо маълум аст. Маблағҳои супоридаи онҳо низ баъзе маболиғи калонаш дар мо маҳфӯз аст. Бовар кунед,бе ягон муҳобот, дар ин партовгоҳҳо тахминан аз рӯи ҳисоби мутахассисони завод аз 500 то 700 миллион доллар оҳану металлҳои ранга ва коксу дигар ашёи хоми завод буданд. Як қисми калони қарзҳои завод дар назди Файзулло Саидов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Туркманистон аст ки бо Шералӣ Кабиров хешу табори дораду даҳсолаҳо бизнеси якҷояи кокс доранд. Ҳатман аз ҳисоби ҳамин партовгоҳҳо ташкил карда шудааст, ки ҳоло Талко гуё зиёда аз 60 миллион доллар қарздор бошад. Гуё ин маблағҳо аз они заводҳои Туркманистон бошанд. Ногуфта намонад, ки дар Туркманистон бидуни тендер ва пешпардохт ягон тонна маҳсулот бароварда намешавад, ин ҳама афсона аст, ки ба Файзулло Саидов ин қадар маҳсулотро бе пешпардохт заводҳои Туркманистон дода бошанд. Дар ҳақиқат Файзулло дар Туркманистон проблемаҳои маблағӣ дорад, лекин ба ин миқдор нест. Коксҳои аз партовгоҳи “Черная гора” бо як “азоб” ёфтаи Шералӣ Кабировро аз номи ширкати Файзулло приход дода заводро қарздор сохтаанду бояд байни худ ин маблағҳоро тақсим кунанд, дигар ягон гапи дигаре нест.

Боз як мисоли равшани схемаи пулкоркунӣ ва миёншикан намудани ширкати “Барқи Тоҷик” аз тарафи Шералӣ Кабиров. Бизнесҳои даромади муфти дутарафа дошта ба даҳҳо миллион доллар. Талко аз ширкатҳои наздикони Шералӣ Кабиров тамоми симу кабелҳои нолозим, трансформаторҳову насосҳои обкашӣ, моторҳои барқиву компрессорҳор бо нархҳои баланд қабул намуда, ҳамаи ин маҳсулоти нолозимаро маҷбуран бо нархҳои 3-4 ва ҳатто 5-10 маротиба баландтар ба ширкати “Барқи Тоҷик” барои ҳисоббаробаркунӣ бо Талко месупоранд. Ҳол он ки нархи истифодабарии барқ дар Талко, аз нархи барқи ба мардум фурӯхта мешуда якчанд маротиба арзонтар мебошад.  Аз рӯзе,ки ТадАз ба дасти Ҳасан ва Шералӣ гузаштааст, дар давоми қариб 16-17 сол ягон маротиба бо пули зинда маблағи барқ пардохт нашудааст. Дар 2-3 сол, ҳатман як қарори махсуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди “списать” кардани қарзи истифодаи барқи Талко аз тарафи пешво қабул ва ба имзо мерасад. Бадии кор дар он аст ки ягон истеҳсолкунандаи ин маҳсулотҳо худашон ба Талко ё “Барқи Тоҷик” маҳсулоти худро бо нархи арзон ҳам супорида наметавонанд, ҳатман бояд ширкати ягон миёнараве аз Дарвоз ё аз Колхозобод бошад. Дар ҳақиқат тамоми лготҳо ба Шералӣ аз тарафи ҳукумат дода шудааст. Бовар дорем ба ҳар як соҳибкор агар ин тавр лготҳо дода мешуданд, онҳо хубтару беҳтар ва боинсофонатар кор мекарданд.

Зиёда аз 10-12 сол мешавад дар кучаи марказии Душанбе, як меҳмонхонаи сохтумонаш нотамоми “Кемпински” мушоҳида карда мешавад. Дар ёд хуб дорем, ки маҳз Шералӣ Кабиров бо супориши пешво, сохтумони ин меҳмонхонаи панҷ ситораро ба ӯҳда гирифта буд ва аз бюҷети давлат ба миқдори 130 миллион доллар маблағ ҷудо карда шуда буд. Ба маълумоти доштаи мо маблағ дар вақташ аз бюҷети давлат пардохт карда шуданд аммо бо чи сабабҳо сохтумони он даҳсолаҳо кашол меёбад?!  Боз зиёда аз 10 миллион барои дару тиреза ва шишаҳои ин сохтумон Шералӣ Кабиров ба кадом ширкати русиягии худ гузаронида асту дигар аз дару тиреза ва шишаҳои ин бино дараке нест. Умуман ягон корхонаву сохтумонҳои Шералӣ Кабиров то охир бо муваффақият дар давоми фаъолияташ ба охир нарасидааст. Ёин ки баъд аз ба истифода додани заводҳои сохтааш дер фаъолият накардаанд. Муаммо дар чи бошад?? Мо хуб медонем, дар саҳифаҳои дигар бо мисолҳо шарҳ медиҳем.

Сомон Эйр ё Оила Эйрро Шералишо чихел ғорат карда буд

Дар охир як- ду ҷумла дар бораи авиакомпанияи оилавии Сомон Эйр гуфтан мехоҳам. Асосан ташкилкунандаи ин проект Мирзо Мастонгулов ва Алишер Рустамов мебошанд. Ташкил намудани компания, харидани тайёраҳо ва кушодани рейсҳоро бо дигар давлатҳоро онҳо дуруст кардаанд. Мастонгулов, ки худ роҳбари авиакомпанияи Тоҷик Эйр буд ба ин компания ҳуқуқи роҳбарӣ кардан надошт, барои ҳамин аз рӯзи аввали ташкилёбии СомонЭйр, дар вазифаҳои гуногун Алишер Рустамов кор мекард. Ва тахминан7-8 сол директори ин компания ҳам буд. Вале аз рӯзи аввали ташкилёбии Сомон Эйр, Шералӣ Кабиров тамоми хешу табор ва бародарони худро ба кор дароварда намегузошт, ки Рустамов озодона қарори лозимиро нисбати пешравии компания қабул намояд. Баъд аз ба пулҳои аз халқ барои сохтумони ГЭС -и Роғун ҷамъ намуда, харидани ду тайёраи Боинг, парвозҳои ба самти Русия ва Қазоқистону Туркия шурӯъ намуданд. Шералӣ Кабиров фурӯши тамоми билетҳои парвозҳоро бо скидкаи 20% ба бародараш Азаматшо, ки ширкати “Феникс” маҳз барои ин кор кушода буд, ба ӯ дод. Ба як хешу табори дигараш, ширкати “Иншуренс” кушода суғуртаи билетҳоро ба ӯ дод, ки ба ҳар як билет бояд дар 20$ суғурта мусофирон ҳатман бихаранд. Якбор ҳисоб кунед миллионҳо билет дар давоми якчанд сол ва даромади софи бемеҳнати ин ду ҷавони “Худодод” ,ки ақаллан сад сомонӣ андоз насупорида, то як- ду сол пештар фаъолият мекарданд. Боз ба як язнаи худ, Шералӣ Кабиров тамоми таъмини хӯроки мусофиронро дод, ки ин ҳам яке аз бизнесҳои асосӣ дар ин соҳа мебошад. Баъд аз дар байни Ҳасану Таҳмина (Таҳмина Раҳмонова, раиси Оҷонси билетфурушӣ) ва Шералӣ ҷангҷолҳо нисбати тақсими “ноодилонаи” даромадҳо аз фурӯши билетҳо ва суғуртаҳо, Шералӣ маҷбур шуд ба Таҳмина ин ҷойҳоро супорад. Бо баъзе ахборот язнаи Шералӣ ва бародараш Азаматшо даҳҳо миллион сомонӣ пулҳои компанияро ҳамроҳи худ гирифта бурдаанд ва дигар бар гардониданӣ ният ҳам надоранд. Дар ин ҷо аз ҳама зулму ҷафокашида, яъне “пострадавший” Алишер Рустамов будааст, ки баьд аз нишон додани тамоми секретҳои бизнеси авиасионӣ то ҳоло якчанд сола маош ва бонусҳои дар контракт навиштаашро,наздик ба ҳафт миллион доллар нагирифтааст. Дар ҳақиқат мо ҳам баъд аз шунидани ин рақам ҳайрон гаштем, ки дар чанд вақт инқадар маош ва бонусҳо ҷамъ шуда бошад?! Бо маълумоти доштаи мо Рустамов Алишер ба Ҳасан Асадуллозода оиди ин масъала якчанд маротиба муроҷиат карда аст, Ҳасан ваъда дода аст, ки ба Шералӣ супориши ҳалли мусбии масъаларо дода аст, вале Шералӣ кушод гуфтааст, ки Ҳасан аз ҳисобу китоб хеле дур аст ва фаҳмиши ин корҳоро надорад, агар бисёр кӯмак кардан хоҳад, ба Алишер аз киссаи худ бидиҳад. Мо доимо дар мақолаҳои худ нисбати кормандон ва партнёрҳои худ рафторҳои ноҷавонмардона содир кардаи Шералӣ Кабировро гуфтаем, ин боз як мисоли дигар буд,ки гуфта шуд. Мунтазир бошед,ки гуфтаниҳо роҷеъ ба Шералӣ Кабиров, асосгузори иқтисодиёти Тоҷикистон хеле зиёд аст.

Поёни қисмати шашуми раддия ба “асосгузори иқтисодиёт” и кишвар.

Ps: Раддияҳои мо албатта чуноне дар барномаи “Минбари муҳоҷир” гуфта будам хело тулонӣ мешаванд. Дар дасти мо ҳудуди 145 сафҳа аз факту далелҳои ғоратҳои Шералӣ Кабиров ва командаи ӯ вуҷуд дорад,ки бояд онҳоро ба бахшҳои алоҳида тартиб диҳему тақдим намоем. Боз аҷибаш дар он аст, ки пас аз нашри ҳар мақолаву навор фактҳои наву тозае зам мегарданд, ки аз ончи дар дастамон дорем ҷолибтаранд. Аммо ҳама ончи дорем тақдим менамоем,то бештар бо ин “асосгузори иқтисодиёт” ошнотар гардед

Share This Article