Шариф Назарзода, сардори мақомоти милисаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, рӯзи 2-июл дар як ҷаласа бо ширкати занҳо-кормандони ниҳодҳои амниятии ин вилоят эълон кард, ки Бадахшон ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст: «ҳоло Бадахшон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ ва тартиботу низоми ҳуқуқӣ пурра ҷорӣ гардидааст».
Шариф Назарзода дар ин ҷаласа ба ходимони зани милисаи вилоят дар амри кумак ва мусоидат ҷиҳати ором кардани авзоъ дар вилоят изҳори сипос карда гуфтааст, ки «маҳз онҳо дар вақти гузаронидани суҳбату тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона бо иродаву тафаккури созанда моро дуруст дарк намуда, нагузоштанд, ки фарзандонашон фирефтаи баъзе гурӯҳҳо гардида, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва бетартабиҳои оммавӣ зананд».
Маълум мешавад, ки Шариф Назарзода барои бештар маълумот ва огаҳӣ пайдо кардан аз вазъу ҳоли ҷавонони бадахшӣ як гуруҳи саднафараи занони дар гузашта амниятӣ ва милисаро якҷо бо ходимони имрузаашон ташкил дода ва аз онҳо бар суди барномаҳои саркуб ва қатлу куштори мардуми ин вилоят истифода кардааст ва ҳоло барои онҳо дар ин ҷаласа инъому подош медиҳад, чунки онҳо «бо усули хона ба хона…. моро дуруст дарк намуданд». Дар хабаре, ки аз ҷараёни ин ҷаласа хабаргузории «Ховар» чоп кардааст, гуфта мешавад: «Шариф Назарзода бо изҳори миннатдорӣ ба тамоми модарону бонувони Бадахшон, аз ҷумла модарони бошарафи шаҳри Хоруғ зикр дошт, ки аз рӯзи аввали корӣ такя ба неруи созандаи мардуми шарафманди Бадахшон кард. Аз ин рӯ, чорабиниҳои махсуси оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».
Бубинед, ки ин ҷаноби генерали аз маҳалли муайян ва сарсупурдаи Раҳмонову оилааш чи мегуяд: «Аз ин рӯ, чорабиниҳои махсуси оперативии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».
Манзури ин генерал ин аст, ки бахше аз занони бадахширо, ончуноне ки ҷаноби олӣ гуфт ба самти худ кашидем ва онҳо ҳама ахбору маълумотро ба мо доданд ва оператсияи мо «дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд» ва «омилони асосии вайронкунандагони тартиботу оромӣ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд».
Дуруст арзёбиву баҳое, ки Раҳмонов ҳам чанде пештар, вақте мегуфт, ки амри безарар гардонидани помириҳоро ман додам, айни ҳамин гапро гуфт. Гуфт, ки амалиёт «дар сатҳи баланди касбӣ» гузаронида шуд. Раҳмонов гуфт, ки вай «ҳамеша мардумро дар онҷо ҷудо кардааст, Шумо ҳам ҷудо кунетон. Онҳо симои мардуми Бадахшон нестанд. Онҳоро ҷудо кунед».
Яъне Шариф Назарзода дурусту дақиқ дастури безараргардонии ҷавонони сарбаланду пурғурури бадахшониро ҳамзамон бо таъин шуданаш аз худи Раҳмонов гирифта буд. Ҳоло акнун бо ҳар роҳу васила ба Раҳмонов ёдрас карда истодааст, ки вай барномаи Раҳмоновро нарезондаву начаконида иҷро кард. Агарчи дар он баромадаш нагуфт, ки «вайронкунандагони тартиботу оромиро на танҳо дастгир карду ба ҷавобгарӣ кашид» беш аз ин кушту ҷонашонро гирифту ҳоло дорад ҳатто хонаву кошонаву корхонаҳояшонро ҳам ба нафъи Раҳмонов мусодира мекунад. Аммо ин ҷаласаву ин ҳама ёдовариҳо аз китоби корномааш дар Бадахшон ба ҳамин хотир аст ки Раҳмонов акнун бояд ваъдаашро иҷро кунад ва вайро вазири дохилӣ таъйин кунад. Маълум, ки аз ин ҳама Рамазон Раҳимзода хурсанд нест. Раҳимзодае, ки як вақтҳо сардори милисаи Данғара буду Эмомалӣ Раҳмонов ҳамагӣ як директори совхоз ва ҳар аз гоҳе ба ҷайби Раҳимзода пачкаҳои даҳсумии лениндор мегузошт, кореро, ки Назарзода дар Бадахшон карда натавонист. Вай, албатта Мулло Абдуллоро безарар гардонд, Мирзоҷагаро кушт, аммо беш аз даҳ сол аст ки хӯрду ҷамъ кард. бас аст.
Дар сайти вазорати корҳои дохилӣ аз ҷаласаи инъомсупории Шариф Назарзода ба занҳои милисаи бадахшонӣ хабаре нест, аммо дар бораи мулоқоти сардори Раёсати корҳои дохилии Хатлон бо сокинони ноҳияи Хуросон ва ҳамин тавр ҷаласаи Раёсати оташнишонии вазорат хабару гузоришҳо чоп шудааст, ки ин чорабиниҳо ҳам айнан рӯзи 2 июл сурат гиритфаанд. Рушан аст ки ҳоло Рамазон Раҳимзода рафтанӣ нест ва аз онки ҷояшро Шариф Назарзода гирифтанӣ аст, сахт нороҳат аст. Вале, чи чора?
Дар як суҳбати хусусӣ Рамазон Раҳимзода чунин гуфтааст: “ охир худаш ваъдамон када буд, ки ма идофа президент мешам, ту ва Ятимов кати ма, то 2023 ҳастен. Ҳозир чихеле дидестем кор ранги дигар шидестаи” чунин изҳори нигаронӣ намудааст.
Шариф Назарзода, феълан нафари наздиктар шудааст. Зимнан танҳо милисае аст ки ду бор дар шаҳри Душанбе ҳамчун сардори Раёсати корҳои дохилӣ кор кардааст. Душанбе, ки ҳоло зери итоати Рустами Эмомалӣ аст. Бархеҳо мегуянд, ки Назарзода пуштибонии на танҳо Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин, ба фарқ аз Раҳимзода, ки акнун муҳлаташ ҳам сар омадааст, Рустамро ҳам дорад.
Шариф Назарзода ва қазияи хунини Бадахшон
Шариф Назарзода вақте ба Бадахшон омад ваъда дод ва гуфт, ки ин ваъдааш бо дастури Президент аст ки дар Хоруғ амалиёти ҷангӣ гузаронида намешавад. Вай гуфт, ки Раҳмонов аз ӯ хостааст, ки тамоми корро кунад, ки садои тир баланд нашавад ва мушкилу масоили Бадахшонро бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ҳал намояд. Албатта, Шариф Назарзода ҳеҷ гоҳ ифшо ва иқрор намекунад, ки Раҳмонов ӯро ваъда кард, ки «агар масъалаи помириҳоро ҳал намоӣ, вазири ояндаи дохилӣ ту мешавӣ». Вале, ҳоло дигар яқин ва мушаххас шуда истодааст, ки байни Назарзода ва Раҳмонов як чунин тавофуқ сурат гирифта будааст. Ростӣ, мо ҳамон замон гуфта будем, Шариф Назарзода ба Бадахшон вазиршавӣ омад ва аз вай тамоми кори баду зиштро бояд мунтазир буд ва набояд фиреби гапҳои вайро хурд. Шариф Назарзода, на инки омаду ҳар гуна ваъдаҳо карду мардумро, мисле, ки сокиту ором намуд, беш аз ин ҳатто бо лидерони мардумӣ ҳам мустақилона,бидуни онки бо Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ ва Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири дохилӣ ва сардори Ситоди байниидоравии мақомоти қудартӣ дар Бадахшон маслиҳату машварат намояд худаш вориди мулоқоту музокирот шуд. Натиҷаи ҳамин мулоқоти ӯ буд, ки Толиб Айёмбеков, ки акнун дастгир шудааст, худро дар ҳаводиси ахир бетараф мегирифт. Вале, маълум буд, ки ин домро ин рубоҳи маккор бисёр ҳам пардапушона гузошта буд. Вай ҳатто дар як ҷаласа дар ҳузури мардум эълон кард ва ваъда дод, ки Маҳмадбоқир ва ёрони ӯро ҷазои сабук медиҳад: «масъалаи дар назди қонун ҷавоб гуфтани 8 нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд ва он ҳам аксаран ба авбошӣ муттаҳам мешаванд, низ аз роҳи гуфтугӯ ба роҳ монда мешавад, то ин ки худашон ба мақомот ҳозир шаванд». Шариф Назарзода ваъда кард: «нисбати онҳо ҷазоҳои минималӣ татбиқ карда мешавад». Вале батадриҷ яке паси дигаре ҷавонҳои бадахшонӣ ҳам дар дохили вилоят ва ҳам дар хориҷ дастгир ва бо ҳукми додгоҳ ба давраҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд. Масалан чуноне имрӯз шоҳиди ҳатто ҳамон аъзои комиссияи 44 ҳам шудаем,ки хело номардии бузург метавон онро унвон кард. Чи гуна 13 нафар узви ин комиссияро дастгир ва ба Душанбе интиқол ва яке паси дигар ба муҳлатҳои гуногӯн зиндонӣ мекунед? Имрӯз наворбардори ин комиссия Муяссар Саъдоншоевро ба 11 сол маҳкум ба зиндон карданд. Ҳатто Фаромуз Иргашеви боздоштшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ адвокати маҳкумшудаи дигари аъзои комиссияи 44 мешавад,ки инаш боз дар ягон қонун ҷой надорад. Хулоса ҳаркоре хостанд бо мардуми Бадахшон бераҳмона анҷом доданд. Он вақт касе аз мардуми Бадахшонро, на лидерони мардумӣ ва на ҷавононро террорист наменомиданд. Бо онҳо ана ҳамин тавр суҳбатҳо ташкил карда талош мекарданд, ки ваҳдати онҳоро иттиҳоди онҳоро бишканнад ва байнашон мухолифат ва низоъ эҷод кунанд.
Ҳар аз гоҳе, ки вай дар маҳаллу рустову навоҳии Бадахшон мулоқотҳо доир карда ва мардумро афсун мекард, ки «ман ба мардуми шарифи Бадахшон,ба ақлу заковати онҳо такя мекунам» ин як дуруғе буд, ки айни ҳамон дуруғҳои худи Раҳмонов, Раҳмонов дар ҳамон ҷаласае, ки дар бораи ҳаводиси Бадахшон суҳбат мекард, як дуруғи шохдоре гуфт, ки ҳама дар тааҷҷуб зад. Гуфт, ки агар дастгирии мардуми Бадахшон набуд, ҳоло ба ин рӯз намерасиданд. Назарзода ҳам дар пайравӣ бо Раҳмонов ҳамин тавр болои сари мардуми Бадахшон тамоми ин муддат шира молид вале оқибат автоматро гирифту ҳамаашонро қир карду кушт, чунки вай бояд аҷсоди онҳоро ҳамчун «трамплин» барои курсӣ истифода кунад. Мо дар зер як маълумотеро аз корномаи ин генерали вазиршав пешниҳод мекунем, ба гуфти Раҳмонов ин аз нуги хамир фатир: Тибқи маълумоти дастрасшуда падари Шариф Назарзода муътоди маводди мухаддир аст. Нашъаманд. 80 сола аст вале ҳоло ҳам банг мезанад. Падарашро бобои Раҳмон мегуянд. Вай ба 80 даромада бошад ҳам то кунун ягон бор сар ба саҷда нагузоштаасту рӯза ҳам надоштааст. Гуфтанд, ки бисёр як марди дағал ва дуруштсухан аст.
Як бародари ин генерал «барига» будааст, банг ва чарси афғонӣ мефурушад. Бародари дигариаш дар бозори шаҳри Кулоб савдо мекунад. Ду бародари дигараш бошад дар шуъбаи умури дохилии Кулоб кор мекунанд:-милиса.
“Агарчи қонунгузории Тоҷикистон чандҳамсариро манъ кардааст вале Шариф Назар ду зан дорад. Хонаи зани якумаш дар тарафи103 микрорайон хонаи зани дуюмаш дар 82 аст. Шариф Назар мардони ришдору занони босатрро сахт бад мебинад. Ҳоло инҳо дорандаву бой шудаанд. Аммо Бобои Раҳмон ва оилааш солҳои шуравӣ дар палатка дар тори як куҳ зиндагӣ мекарданд. Бобои Раҳмон дари ҳукумати Кулобро охурча карда буд, ки барояш сарпаноҳ диҳанд.”
Ба онҳо аз тарафи микрорайони 9уми шаҳр як се хонагӣ медиҳанд. Дар ҳамон сехонагӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳозир дар зери ҳамон домашон 10 сотих замин гирифта хонахои ду ошёна кард, ки Ҳасан ва Ҳисайн –ду бародараш зиндагӣ мекунанд. Дар лаби шаҳр як маҳаллае ҳаст бо номи Тудакавш. Падару модар ва ду додари дигараш дар ҳамонҷо дар ҳамсоягии Муроди телех зиндагӣ мекунанд. Бо Муроди телех қудо мебошад. Аз зани якумаш як писар ва чанд духтар дорад. Комрон, писараш дар вазорати молия ҳамроҳи Дилшоди писари Муроди телех кор мекунад. Шариф Назаров дар асл яке аз хиёнаткорҳои мардуми Кулоб мебошад. Вайро не коргарони вазорати дохилӣ ва на мардуми шаҳр Кулоб нағз намебинад. Дар ҳар куҷо, ки ба кор таъин шуд фақат кулобиҳоро аз кор берун кард. Соле, ки ба манзили зисти Суҳроб Лангари мақомот омада то бегоҳ заданд аммо вориди хона шуда натавонистанд. Тарафи бегоҳ маслиҳат мекунанд, ки бармегардем, аз Кулоб мебароем, чунки шаб мардуми Кулоб ҳамла мекунанд болои мо. Онҳо аз хашму ғазаби мардуми Кулоб сахт тарсидагӣ буданд. Шариф Назар ба худи Раҳмонов мебарояд, ки «ман кафолат медиҳам, ягон гап намешавад». Бегоҳ дар дари дарвозаи Суҳроби Лангарӣ 20 кило тратилро кафонда сипас онҳоро дар хона дастгир мекунанд. Ҳатто вазири дохилиро «признават» намекунад, ки «ман қудои Муроди телехи призидент мебошам».
Салом Назарзода хонаи Сайдамир Зуҳуровро дуздида буд
Шариф Назаров худашро бисёр коргари «честни» мегирад. Аммо аз вай дида милисаи ришвагири порахур нест. Дар душанбе барои зани дуюмаш тамоми як подъездро харидааст. Дар Кулоб бошад куҳи баландеро гирифта арчазор карда ва барои худаш бустонсаро сохтааст. Мардуми бегуноҳро барои кашидани банг меқапад, аммо додари худаш «барига» аст вале ягон милитса ӯро дастгир намекунад. Чанд соли пеш Саломи додари Шариф Назар хонаи Сайидамир Зуҳуровро дуздӣ кард. Он солҳо Шариф Назар дар Кулоб кор мекард. Кормандони кофтукови ҷиноятиро маҷбур мекунад, ки дуздонро биёбанд: «дуздони хонаи Зуҳуровро ёфтед гуфта милисаҳоро ҳақорату дашном мекунад. «Угаловник»-ҳо мегуянд, ки бале ёфтем рафиқ сардор. Мегуяд, ки рафта завлона зада биёред, к….очара. Онҳо мегуянд, ки ин дузд Салом аст, Шариф Назарзода дар они воҳид худро ба карӣ меандозаду гуе, ки ҳеҷ чизро нашнавидааст «равед аз паи коротон шавед» .
Албатта, мо роҷеъ ба паҳлуҳои дигари фаъолияти ин генерали қотили бадахшониҳо боз ҳам хоҳем навишт. Агар шумо ҳам дар мавриди ҷиноятҳои ӯ чизе донед ва ё шоҳид шуда бошед ба “Ислоҳ” нависед, то онҳоро ба миллат тақдим кунем.
Вале дар инҷо тарҷумаи ҳоли расмии ӯро ҳам меоварем,то бештар бо вай ошно бишавед:
Назарзода Шариф Раҳмон
Рутба: генерал-лейтенанти милитсия аз 29.08.2019 сол
( генерал- майори милитсия аз 02.02.2006 сол).
Вазифа: Сардори Раёсати ВКД Чумурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 12.12.2017 сол
Соли таваллуд: 29 апрели 1966
Маълумот: олии ҳуқуқшиносӣ – соли 1991 Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошканди ВКД ИҶШС-ро бо дипломи «аъло» ва соли 2010 Факултаи 1-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи «аъло» хатм намудааст.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии медали «Ҷасорат» (соли 2001) ва ордени «Спитамен – дараҷаи II» (соли 2013) мукофотонида шудааст:
С О Б И Қ А И Ф А Ъ О Л И Я Т:
Аз солҳои 1991 то 2000 – ваколатдор, ваколатдори калони оперативии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Кулоб, муовини сардори шуъбача ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кулоб, сипас аз соли 2000- то 2002 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2002- то 2005 сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб, аз 10.01.2005 то 09.01.2007 сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, аз 13.01.2007 то 01.10.2010 Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 01.10.2010-12.12.2017 Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз 12.12.2017 маротибаи дуввум дар вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.12.02.2022 Сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ таъин мешавад.