(бахши севвум)
Аммо ин дафъа нома аз корманди мақомоти иҷрояи ҳокимияти маҳаллии Масчо аст. Мардони ғаюр ва дилсӯз дар ҳар табақа вуҷуд доранд ва дилашон ба мардуми сарзамину диёрашон месӯзад.
Баъди интишори аввалин матлаби “Ислоҳнет.нет” дар бораи Масчо, мо кормандонро маҷбурӣ назди камераҳо шинонида дастур доданд, ки баромад карда онро рад кунем. Аммо ин вокунишҳо аз ҷониби мақомот ва аз ҷумла худи ман, ки як корманди мақомоти иҷрои ҳокимияти маҳалли Масчо ҳастам, саросар дурӯғ буданд. Натиҷаи ҳамин дурӯғкорӣ буд, ки дар пайи чопи мақолаҳои фошкунанда дар бораи Масчо бештар шавад. Хусусан, воқеиятҳои талхе, ки дар мақолаи марди солхурдаи 86 солаи таърихдон ифшо шуданд, маро бетараф нагузошт. Аз ҳамин сабаб ман ҳамчун як коргари масъули мақомот воқеиятҳои ногуфтаро гуфтаниям. Баъди рафтани Ғайрат Азиззода аз вазифаи раиси ноҳия ҷойгузини ӯ бояд дастпарвари худаш Рустами Рустамзода, ки раиси дастгоҳ буд мешуд. Вале Тоҳири Азиззода ба ҷойи ӯ омад. Мафияи Ғайрат Азиззода бо роҳбари Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дар тааҷҷуб монданд. Зердастони Ғайрат аз чунин ранг гирифани кор сахт хашмгин шуда барои шарманда кардани Азиззода Тоҳир нақша кашиданд. Яке аз наркобаронҳои Масчо, ки дар Руссия ва Украина бизнеси наркотикаш дар авҷ аст Абдуваҳҳоб мебошад.
Ғайрату зердастонаш ва раиси ҳукумати вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз сухани вай берун намебароянд. Чунки бо пул онҳоро забонкутоҳ кардааст. Барои раиси ноҳия ва барои ҳадафҳои ояндааш дар Масчо Абдуваҳоб ба Раҷаббой Аҳмадзода дар Масква моҳи январи ҳамин сол вохурд. Шарт гузошта шуд, ки Рустамзодаи Рустам раиси ноҳия мешавад ва бояд, ки 120 ҳазор доллар ё ки 60 вагон мазут ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Ин шартро Абдуваҳоб иҷро кард. Раҷаббой Аҳмадзода ин маблағро бояд ба корманди дастгоҳи Президент доир ба кадрҳо Асадулло Раҳмонзода ҳамчун пора медод то ки Рустамзодаи Рустам раиси ноҳияи Масчоҳ таъин шавад. Ин сафари раиси вилоят ба Маскав ғайрирасмӣ сурат гирифта буд. Мақсади асосии сафри Раҷаббой Аҳмадзода ба Маскав мулоқот бо Абудваҳҳоб гирифтани пули пора буд. Абдуваҳҳоб дар ҳамон шабуруз имконияти ба ватан омадан надошт вале раиси вилоят барои вохурдан бо як наркобарон озими Масков шуд. Аммо дар ин вақт гурӯҳи дигари наркобарони ноҳия бо роҳбарии Исохуҷа Олимов 150 ҳазор доллар ба воситаи сарвазир Қоҳир Расулзода ба ҷои даркорӣ дода кадри худашон-Азиззодаи Тоҳир бо лақаби Қутосро раиси ноҳия тасдиқ карданд. Гурӯҳи бо роҳбарии Абдуваҳҳоб ва миёнарави Раҷаббой Аҳмадзода фиреб хӯрданд. Чунки нисбати Асадулло Раҳмон-ёрдамчии оид ба кадрҳои Дастгоҳи иҷроия барои вазифа фурушиаш бисёр мақолаҳо чоп шуда буд.
Аз ин ҷиҳат кадри пешниҳод шудаи Қ.Расулзода тасдиқ шуд. Баъди ин дар ҳукумати ноҳияи Масчо барои паст ва пойин кардан имиҷи Тоҳири Азиззода бозиҳои пасипардагӣ ва зиддунақиз сар задан гирифтанд. Мебоист, ки то рӯзи иди Ваҳдат биноҳои ҷашнӣ сохта мешуданд. Лекин бемории Ковид-19 баҳона карда сохтмони иншооти ҷашниро кашол доданд. Сабаб дар он буд, ки раиси ноҳия кадри раиси вилоят ва Абдуваҳҳоб, ки 120.000 доллар “сармоя” гузошта буданд, нашуд. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳукумати ноҳияи Масчо ғайр аз Тоҳир Азиззода дигар кадрҳо одамон Ғайрат Азиззода мебошанд ва бо маҳз мухолифат ва монеагузориҳои онҳо сабаб шуд, ки нақшаи идонаро иҷро накарданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири онки Тоҳир Азиззодаро дар назди Президент як одами нокоргар ва ноуҳдабаро нишон диҳад ёрдамчиҳои Эмомалӣ Раҳмон-Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмонзодаро ба Масчо ҳамчун комиссия овард. Асадулло Раҳмонзода, ки барои “кадр”-и Раҷаббой Аҳмадзода болелшикӣ мекард ва дар миёна 120.000 доллар истода буд, маълум буд, ки Тоҳир Азиззодаро,ки “мимо”-ӯ раиси ноҳия шудааст, хуш надорад ва Аҳмадзода ҳам ки маълум. Бояд дар назди Президент белаёқатии Т.Азиззодаро нишон дода ӯро аз кор барканор ва Рустам Раҳматзодаро ба ҷойи ӯ биоваранд. Баҳои “2” гузоштани Абдуҷаббор Раҳмонзода ба кори раиси ноҳия ҳам дар ҳамин сафари комиссияи аз Душанбе омада садо дода буд. Баъди бозгашт ин комиссия боз ҳам кор пеш нарафт ва раиси вилоят маҷбур шуд, ки ин бор бо ҳамроҳии сарвазир Қоҳир Расулзода ба ноҳия биёяд ва дар амал белаёқатии кадрашро-Тоҳир Азиззодаро нишон диҳад. Сарвазир ба ноҳия омад. Пешравии корро надид.
Бо ин гурӯҳҳои мафиёзии наркобарон вохурда рӯирост гуфт, ки зиддият накарда сохтмони биноҳои ҷашниро дар муҳлати муқарраршуда анҷом диҳед. Ва барои ояндаи кадрашон маслиҳат ва масъаларо ҳал карданд. Абдуваҳҳоб аз Русия зуд баргашт. Ғайр аз дидану кушодани иншоотҳои ҷашнӣ Президент ба бинои боғчаи бачагона, ки наркобарон Абдуваҳҳоб сохтааст, омад ва онро ба истифода дод. Абдуваҳҳоб худро ҳамчун соҳибкор нишон дод. Ба ӯ иловатан 3 га доданд. Замини чанд деҳқони бечораро гирифтанду ба ў доданд барои сохтани гармхона. Аз рӯи адлу инсоф мебоист, ки ба ӯ як замини бекорхобидаро медоданд, на инки замини чанд деҳқони бечораро, ки манбаи таъминоти рӯзгорашон аст. Барои онки Президентро баҳузур бовар кунонанд, ки Абдуваҳҳоб коргар аст аз гӯшаву канори ноҳия гулу буттаҳоро оварда дар ҳавлии боғчаи бачагона шинониданд. “Тӯйхона”-и Абдуваҳҳоби “соҳибкор” ва “тоҷир”ҷойи айшу нӯши бархе аз кормандони ҳукумати ноҳияи Масчо мебошад:-субҳона, чошт ва ғизои шомро дар онҷо тановул мекунанд. Агар кормандони мақомотро дар ҷои кориашон наёбед, донед, ки дар “туйхона”-и Бӯстон ҳастанд: чи амният, чи прокурор, чи милиса, чи суд, чи андоз ва чи кормандони кумитаи замину чи ҳукумати ноҳияи Масчоҳ. Вале дар ин миён корҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониеро, ки прокурори ноҳия Иззатуллозодаи Акобир имсол ба баҳонаи омодагӣ ба сафари Президент кард, дар таърихи Масчо касе ёд надорад.
Дар омад-омади Президент дар иди Ваҳдат дар 27 июн гап-гап буд, ки ӯ лентаи фермаи ширӣ- молии Устосафарро мебурад. Ба ин хулоса меоянд, ки дар қад-қади роҳи ташрифи президент ба ин ферма дар заминҳо бояд пахта кишт шуда бошад. Масъулини ноҳия сари заминҳо рафта бо воситаи прокурор юнучқазори деҳқонҳои бечора маҷбуран чаппа карда ба кишти пахта табдил доданд ва баъзеашон тарбуза ва харбуза кишт карданд. Аммо вақте маълум шуд, ки Президент дар Ваҳдат ба Масчо намеояд ва омаданаш ба Рӯзи Истиқлол-9 сентябр мавқуф гузошта шудааст, боз деҳқонҳои бечораро, ки аз кишти харбуза ва тарбуз ҳоло ҳосил нагирифта буданд, маҷбур карданд киштро вайрон карда сабзӣ бикоранд. Агар Президент ба ин ферма ташриф биёрад манзараҳои кишти сабзиро дар роҳ дида болидаҳол шавад. Аммо деҳқон бошад варшикаста шуданд, бе обу нон монад, касеро коре нест. Дар ҳоле,ки ин заминҳо саҳми деҳқонанд ва барвақт андозашро супоридаанд ва касе,на прокурор ва на раиси ноҳия ҳақ надорад, ки дастур диҳад, ки ин кор ва ё он кор. Деҳқон дар кишти замини саҳмаш соҳибихтиёр аст ва инро пеш аз ҳама бояд прокурор донад. Ҳамчун коргари ҳукумати ноҳяи як чизро дарҷ карданиям, ки дар ноҳияи Масчо сахттарин зиндагӣ ва рӯз бар сари деҳқони заминдори безамин мебошад.
Виҷдонам намебардорад агар нагӯям. Ман медонам аксарият, ки вазифаро харида дар курсии ҳукумати ноҳия ҷой мегиранд, барои хароҷоти худро талофӣ кардан аз деҳқони бечора меситонанд. Пештар гумон мекардам, ки ин мавридҳо нохоста шудааст ва ё инки хатои раиси ҷамоа ва ё заминсозу кумитаи замин аст. Аммо вақте бо чашми худ дидам ва мушоҳида кардаму санҷидам, бароям маълум гардид, ки ин корҳо ҳамааш дар асоси нақша ва барномаи ҳамоҳангшуда аст. Ҳамин Прокурори ланги сезанаи Масчо барои таъмини оилаҳояш, сардори ШКД,кумитаи замин ҳамагӣ аз ҳисоби замину ҷангҷоли замин, яъне дақиқу дуруст аз ҳисоби деҳқон хароҷоти худро мепӯшонанд. Инро бояд таъкид кунам, ки дар Масчоҳ як порча заминро ба 3 деҳқон санад мекунанд. Ин як схема будааст, ки дар асоси он ва бо маслиҳати пешакӣ милиса, прокурор ва суд шариканд ва ниятҳои худро амалӣ мекунанд. Яъне қасдан карда деҳқононро ҷанг андохта барои тартиботро вайрон кардан деҳқонро ба милиса медиҳанд. Деҳқони бечора фоидаи аз замин ёфтаашро худ нахӯрда ба милиса медиҳад. Милиса парвандаро ҷамъбаст карда ба прокурор ва прокурор боз аз деҳқон пул кашида парвандаро ба Суди ноҳия медиҳад ва Суд бошад мондагӣ пули деҳқонро кашида гирифта парвандаро ҷамъбаст мекунад. Деҳқони бечора бе пулмонда маҷбур ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Ва даъвогарро аз роҳ дур карда заминро ба пулдор мефурӯшанд. Чунин корҳои ғайри қонунӣ хеле бисёр аст ва ин як бизнесашон мебошад пешмебаранд. Ягон мақомот деҳқонро гӯш намекунад. Он деҳқони бечора аз муҳоҷират меояд, ки заминаш аз даст рафтааст ва бизнаҳои вилоятиву ҷумҳурӣ давутоз мекунад ва чортанга аз муҳоҷират овардааш ҳамин тавр несту нобуд мешавад.
Гарчанде ки Ғайрат Азиззода аз ноҳия рафта бошад то ҳол заминҳои фурӯхтаи ӯ роҳи ҳали худро наёфтааст. Аз тарафи прокурор ягон зарра назорати иҷрои қонун дида намешавад. Чунки Прокурор ҳақи худашро гирифтааст ва забонкӯтоҳ мебошад. Ин баҳс баҳси судӣ гуфта мардуми одиро дар байни судҳои шаҳрвандиву иқтисодӣ мисли тӯби футбол бозӣ медоранд. Аз пушти як деҳқони бечора чанд мансабдори ҳаромхур фоида мебинаду боз бечораи деҳқон бечораҳол мемонад. Ин як намуди истисмор аз тарафи кормандони ҳукумати ва мақомоти ҳифзи қонун мебошад. Мардуми Масчоҳ бо орият мебошанд ва аз ҳамин бо ориятиашон истифода бурда дар ҷойҳои зарурӣ барои ҳадафҳои худашон роҳбарони баландпоя истифода мебаранд. То ҳамин имрӯз ягон масчоӣ дар вазифаи баланди давлатӣ кор накардааст.
Чуноне,ки муйсафеди 86 сола дар мақолааш навишта буд роҳбарони ҳозира беору беномус буда ҳеҷ гоҳ ба мардуми Масчоҳ хизмат намекунанд. Аммо дар Қуваҳои мусаллаҳ яъне ОМОН, гурӯҳи Алфа, СОБР, Ҳимоятгар (телех) шербачаҳои Масчоҳ зиёд дида мешавад. Яъне дар ҷое, ки обу оташ аст шербачаҳои Масчо ҳастанд. Дар ҷое, ки мансаби баланд бошад, мардуми Масчо нолозиманд.
Ва, дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки рӯзи 14 сентябр Президент ба Масчо омад ва тӯйхонаи Абдуваҳҳоб Ҳасановро кушод. Дар сайти Президент ҳам навиштанд,ки “ Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.” …..
Маросими ифтитоҳи ин биноро ҳам дар шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд. Аммо маълум нест, ки аз ин ҳама фиребу фиребкориҳо худи Раҳмон огоҳ аст ё не.
Аммо мо навиштан дар бораи Масчоро идома медиҳем. Гапҳои гуфтанӣ ҳоло зиёд аст…
Поёни қисмати севвуми “Ғорати Масчо пас аз истиқлол,то имрӯз”. Агар шумо ҳам гуфтаниҳое дошта бошед марҳамат ба мо ирсол доред, то дар қисмати чорум онро ҷой диҳем. Ислоҳ дар хидмати шумо ва барои нашри дарди дилҳои шумо ҳамватанони гиромӣ таъсис ёфта аст.