Ҳимоятгари Шодиев Давлатбек, домод ва чанд вазиру кабир…

Ислоҳ нет

(бахши дуввум)

Дар барномаҳои қаблӣ “Ислоҳ.нет” роҷеъ ба эшони Давлатбек ё Шодиев Давлатбек собиқ  раиси ҷамоати “Чортеппа” ва “ҳоло” раиси ҷамоати “Навобод” дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки садҳо ва шояд ҳам бештар замини обиву лалмиву киштбобу ғайрикишту талу теппаву чарогоҳҳои мансуб ба аҳолии ин ноҳияро бо ҳуҷҷату бе ҳуҷҷату бо асноди ҷаълӣ фурӯхта миллион миллион даромади муфт ба даст оварда буд, навишта будем. Ҳоло шуморе аз сокинони ин ҷамоатҳо барои мо боз аз “корномаҳо”-и ин раиси ҷамоат, ки як намунаи рӯшани ҳукумат дар маҳалҳо аст навишта ирсол доштаанд. Инак ба идомаи қиссаҳои эшони Давлатбек таваҷҷӯҳ кунед.

Эшони Давлатбек, мулаққаб ба  Эшони тоқӣ аз вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Навобод ҳам озод карда шуд ва мо ба “Ислоҳ.нет” ва мудири он самимона ташаккур мекунем, ки дар ин кори хайр моро мусоидат кард. Нашру пахши мақолаҳои фиристодаи мо дар сомонаи “Ислоҳ.нет” боис шуд, ки ӯро аз мақом барканор кунанд. Ҳоло  ба гуфтаи баъзе аз наздиконаш барои кадом ҷиноятҳояш аз тарафи прокуратураи ноҳияи Рудакӣ  нисбати худашу собиқ муовинаш Мардонов Ҷумъа  “делои ҷиноятӣ”  боз шуда барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол шуда аст. Вале як чизро пешакӣ мехоҳем бигӯем, ки  тамоми муфаттишони мақомот нисбати ҷиноятҳои Эшон  тафтишотро ҳам шурӯъ кунанд, наметавонанд, ки ҷиноятҳои содиркардаи  ӯро ба пуррагӣ  ошкор кунанд. Ин шахс аз аз нохуни по  то тоқии сараш  ҷиноят мебошад. Вале, бовар кунед, ҳоло ки  эшонро аз кор гирифтанд, дело карданд, боз мебинед суд ягон 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунаду ҷавобаш медиҳад. Ин эшонро ягон мақомот  ҳеҷ коре  намекунад, чунки бо пора ҳамаро муттаҳам кардааст. Як ҷинояткор як бор ё ду бор ҷарима мешавад. Сеюм бор бояд паси панҷарааш баранд то ислоҳ шавад.  Эшонро тамоми макомоти қудратӣ то ҳозир фақат ҷарима мекунанду халос. Эшон бисёр ҳам мехост,ки кори тафтишоташро дар суди ноҳия бубинанд, чунки бо судяҳои ноҳия ва махсусан раиси он ки мисли худи Эшон як шахси порахӯр аст муносибати хуб дорад. Ҳоло бубинем,ки қазия чи тавр тамом мешавад.

Вале инҷо боз қиссаҳои эшони Давлатбекро давом медиҳем. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ аст. Дар тамоми деҳот ва ҳатто шаҳрҳо вале ба ҷуз аз  хонаҳои Эшони Давлатбек. Чунки ӯ аз линияи озоди шаҳри Душанбе барои худаш хатти алоҳида кашидааст. 36.000 аҳолии ҷамоат барқ надорад, лек Эшон барқи доимӣ дорад. Кӯчаву  ҳаммому   хонаҳои ду ошёнаи Эшон, ҳамчунин аз падараш, бародараш ва ҳама аҳлу авлодаш қувваи барқ доранд. Дар пушти хонааш, ки як боғи калон ва дар он пойгоҳи обкашӣ ё скваж мавҷуд мебошад   танҳо барои ҳаммому хонаҳои худашу авлодаш об мерасонаду халос.  Чунин хонаҳои боҳашамат ва қасрҳоро фақат мардуми кишвар дар киноҳо  ва оилаи пешво дар кишвар мебинем.

Лек Эшони беномус аз ҳисоби фурӯши ғайриқонунии заминҳо ва санадҳои сохтааш худро ва хонаводаи худро ба яке аз оилаҳои доро бадал кардааст. Ҳамааш аз ҳисоби мардумфиребӣ ва пули халқ аст. Агар ӯ тиҷорат дошту соҳибкор буд, касе кораш намедошт вале аз онки замини ба халқ тааллуқ  доштаро фурӯхта ва садҳо нафари дигарро безамин ва ё фиреб кардааст, чунин корҳои ӯ на ба мо ва на ба халқ ва итминони комил дорам на ба давлат ҳам мефорад.

Нукоти муҳимме аз аъмоли ҷиноии эшони Давлатбекро таъкид менамоем. 

Соли 2019 дар деҳаи Ҷуйбодоми ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як мактаби навсохт бо иштироки Президент ба истифода дода шуд. Майдони умумии барои мактаб пешбинӣ шуда 2,5  гектарро ташкил медод. Аммо эшон муваффақ шуд,ки якуним гектар аз замини мактабро ҳам бифурӯшад. Бубинед ҳатто президентро ҳам фиреб кардааст,акнун сокинон ва мақомоти ноҳия ва ҷумҳуриявӣ дар ҷой худаш.

 

Барои мактаб як гектар замин монд. Аҷиб ин аст ки ягон кас ягон чи гуфта натавонист. Ҳоло гирду атрофи мактабро 5 сотихиву 6 сотихӣ баъзе нафарон маҳкам карда ва ҳатто бархеаш девор ҳам бардоштаанд.

“Инҷо алҳол касе хона надорад. Эшони Давлатбек гуфтааст, то омадани президент ба ноҳия касе коре накунад. Президент омада равад бад сохтмонатонро  месозед.”

Дар деҳаи Ҷуйбодом як муйсафеде буд бо номи Бобои Аъзам. Худо раҳмат кунад бисёр инсони  хуб буданд. Ҳамин мӯсафед ба чаҳор тараф даводав карда барои мактаб тавонист,ки ин замин ҷудо бишавад. Барои ҳуҷҷатҳои мактаб ҳаррӯз вазорату идораҳои дахлдор рафта гушнаву ташна навбат меистод. Ниҳояти кор дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи президент ба бунёду сохтани мактаб оғоз кард. Бобои Аъзам мӯсафеди ҳақгӯ буд. Мардуми оддӣ нағзаш медид ва ҳурматаш мекард. Ҳамин мӯсафеди 86 сола сабаб шуду дар деха барои 1400 нафар мактаби замонави бунёд гардид.

“Вале эшони Давлатбек ӯро ганда медид. Ҳам барои ҳақиқатгӯиҳои Бобои Аъзам ҳам барои онки метарсид, ки ягон рӯз барои замини мансуб ба мактабро фурӯхтан ин мӯсафед дар сараш балое нахезонад.”

Мардум мехостанд, ки мактабро ба номи Бобои Аъзам номгузорӣ кунанд. Чунки ҳамин шахс барои бунёди ин мактаб сабаб шуда буд. Аммо эшони Давлатбек бо ҳар баҳона, мӯсафед як одами қаторӣ, унвон надорад, мақомоти дахлдор не гуфт, раиси ноҳия рад кард гуфта не мегуфт. Бобои Аъзам 6 моҳ пеш аз ба истифода додани мактаб аз олам чашм пушид, Аллоҳ раҳматашон кунад ва дар волотарин боғҳои ҷаннат маъвояш диҳад. Вақте дар ноҳия барои санҷиши ҳолатҳои замин як Ситоди муштарак аз мақомоти интизомиву тартибот фаъолият мекард. Бобои Аъзам ҳаррӯз ҷамоат меомад, ки воқеияти заминҳои фурӯхташуда аз ҳисоби дуввунимгектари ҷудошуда ба мактабро ба муфаттишон гӯяд. Вай хост бигӯяд, ки ӯ бо чи қадар даву тоз барои мактаб замин ҷудо кард аммо эшони Давлатбек онро фурӯхт ва ҳоло гирду атрофи мактаб хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд. Сари роҳи  Бобои Аъзамро чандин бор гирифтанду  намондан, ки ба назди муфаттишон дарояд. Вале илоҷе мекунад ва медарояд.

“Аммо Давлатбек Шодиев  рӯирост мегӯяд,ки ин мӯсафед касалии рӯҳӣ дорад ва ҳама гапҳояш нодуруст аст, чун санади замини мактаб дар дасти мо ҳаст. Муфаттишон метавонистанд, ки раванду дар ҷойи ҳодиса вазъиятро бубинанд. Вале сар аз зиёфат ва даст аз пораҳои эшони Давлатбек набардоштанд.”

Мақомоти тафтишоти ин масаларо,ки ҳоло Шодиевро тафитш доред рафта санҷед ва мунсифона аз рӯи қонун онро баҳогузорӣ кунед ва бар аъмоли ҷиноии Шодиев Давлатбек зам кунед.

Ҳолати дигар ин аст ки эшон 2 гектар замини хоҷагии деҳқонии як одамро хапу дам бо қарорҳои ғайриқонунии ҷамоат 6 сотихӣ ба чанд нафар мефурӯшад. Ин шахсро он чунон метарсонад,ки ҳарчи гуфтем биё ном ва насабатро зикр кунем дар ин нома бо гиря гуфт раиси ШВКД Маҳмадҷонзода маро мекушад. Инро ҳам ба инобат гиред муфаттишони қазияи Шодиев Давлатбек.

Ин кор тахминан 2 сол пеш сурат гирифта буд. Аз ин кор сардори шӯъбаи милисаи ноҳия Маҳмадҷонзода Сайидаҳмад,ки иттифоқан  бо эшон бисёр чап будааст, дарак меёбад. Сардори милиса шарт мегузорад,ки ба 7 одами ман 6 сотихӣ замин ва гирду атрофашонро девор зада медиҳӣ, боқимондаашро чи коре мекунӣ, дар ғайри сурат маҳбас дар пешониат навишта мешавад. Ин 42 сотихро сардори милиса бо кадом миёнараве ба одамҳояш мефурӯшад. Ин сардори милиса ҳам бисёр одами гушначашм аст вале яке аз нафарони бовариноки вазири корхои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аст. Вай аз Ғарм будааст. Хуни мардумро ин ҳам хеле зиёд макидагӣ аст. Дар деҳаҳои Арбобхотун ва Ҷуйбодом дигар на хоҷагиву на замин монд аз дасти ин ғоратгарону тороҷгарон. Ба фурӯши заминҳои Президентӣ  сар карда ҳамаи ин заминҳоро ҳам фурӯхта хона карданд. Барои мисол шумо аз ин заминҳо 5 сотих замин доштед, ба номи шумо буд ва сертифакати он дар дастатон аст.

“Давлатбек Шодиев мегираду онро ба 30 ҳазор доллар ба дигар шахсс мефурӯшад. Ва қарори ғайриқонунии ҷамоатро “задним числом” масалан барои солҳои 2007 бароварда медиҳад. Аз ин 30 ҳазор долар 5 ҳазор доллар ба соҳиби замин медиҳаду сертификати замини президентиро аз дасти ӯ гирифта оҳиста даронида мепартояд.”

Ӯ сертификати заминро аз соҳиби замин бо роҳи фиреб мегирад. Мегӯяд,ки заминатро барои чанд сол иҷора медиҳӣ вале боз пас мегирӣ. Аммо дар ин миён ба он нафаре,ки заминро 30.000 доллар фурӯхт  иҷозат медиҳад, ки дар он хона пӯшонад. Баъди сохтмон боз барои хона техпаспорт мекунад. Дар ҳоле,ки  тибқи қонунҳои амалкунанда Корхонаи вохиди фаръии ба қайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳия барои додани техпаспорти хона ва ё иншоот бояд сертификати  заминро талаб намояд. Аммо ин корхонаи воҳиди фаръӣ як порахӯри дигар аст. Бо қарори ғайриқонунии ҷамоат барои хона  техпаспорт мекунад. Дар асл ин замини президентӣ аст ва ба номи нафари дигар санад ва мӯҳру имзо шудааст. Аммо онро бо ҳамин гуна ҳилла, ки ҳатто ақли шайтон қад намедиҳад ба каси дигар мефурӯшад. Инро бубинед, ки  ин Эшон чихел нотарс аст, ки  ҳатто заминҳое, ки Президент барои мардум ҳамчун хоҷагии ёрирасон додааст, то мардум дар он кишту кор карда рӯзӣ ба даст оваранд онро  ҳам фурӯхта тамом кард.

Мо, медонем, ки дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва аъзои он, вазирону раисони кумитаҳо  ҳама барномаҳои “Ислоҳ”-ро тамошо мекунед, барои чи яктоат ба Президент намерасонед, ки як раиси ҷамоат ин ҳама заминҳоро мефурӯшад, ҳатто  заминҳои президентиро фурӯхта тамом кардааст, зӯри мо вазирону раисон нарасид ҳоло дигар  навбати Шумо гӯед мефаҳмидагист президент. Аксарияти кулли ин заминҳоро эшони Давлатбек  барои солҳои гузашта (задним числом) ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. Ин замину ин хонаҳо ба ҷуз аз техпаспорт санади дигар надоранд. Барои ин тарзи кор дар ноҳияҳои дигар чандин нафарон дастгир ва ба маҳбас кашида шуданд, аммо эшони Давлатбек ҳоло ҳам ин корҳоро идома дода истодааст. Хулоса, дар ҳудуди ҷамоати Чортеппа дигар замини ҳамвор намонд. Эшон барои фурӯхтани талу теппаҳо аз ҳудуди деҳаи Маърифатӣ сар кард. Дар давоми 3 сол ин ҷоро  ба як деҳаи бузург табдил дод. Тамоми хонаҳои деҳаи Маърифатӣ зиёда аз 500 хона тавассути  Эшон фурӯхта шудааст ва ва дар қарори ҷамоат соли 2007 ва 2008 нишон дода шудааст. Бархе аз ин хонаҳо ҳатто техпаспорт ҳам надоранд.

“Давлатбек Шодиев дар тамоми  мақомоти  қудратии  кишвар: дар вазорати корҳои дохилӣ,  кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи  генералӣ,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Суди олӣ “одам”-ҳои худро, миёнаравҳои худро дорад, ки ягон проблема ё гапу хабар шавад, зуд ба ӯ мерасонанд.”

Мегӯфта бошед, ки эшон аз пешво зуртар  бошад. Бовар кунед  ин як бедодӣ, як бесарусомонӣ  дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки тӯли 14 сол Эшони Давлатбек Шодиев идома дода истодааст.

Ҳоло чи хеле гуфтем, кораш ба прокурор афтодааст. Ҳар рӯз мақомотҳо мебаранд, пулашро мегиранд. Инҷо боз даҳҳо нафар одамҳое, ки пул додаву соҳиби замин нашудаанд, пулҳояшонро эшони Давлатбек ба ҷайби худ задааст, бештар месӯзанд. Чун эшон ин бор ҳам  прокурору судро пули калон дода халос мешавад, чун дар Тоҷикистони мо пора ва ришва ҳамачизро ҳал мекунад. Барои ҳамин он одамҳои барои замин пул додаву то ҳол нагирифтанд, минбаъд на замин ва на пулашонро мегиранд…

Ҳангоми омода доштани ин матлаб бароямон маълумот расид,ки Давлатбек Шодиев хело аз афроди воломақом дар ҳукуматро замин дода ва онҳо як гӯнае аз ӯ муттаҳам ҳастанд. Масалан раиси кумитаи Андоз Нусратулло Давлатов хоҷагии деҳқонӣ дорад. Салимзода собиқ вазири тандурустӣ чандин вазири амалкунанда бо Давлатбек Шодиев дар масалаи додугирифти замин ҳамкории зич доранд. Ҳоҷӣ Қосим 15 гк замин дорад,ки 5 гк бо Шодиев Давлатбек фурӯхтанд бо маблағҳои ҳангуфт ва Ҳоҷӣ Қосим бо коррупсианерҳо зиндон шуд бо Генерал Хайрозода. Хайрзода 5 гк дошт 3 гк ашро ба Изаттуло Шарипов (Зоро) фурӯхт ва  ӯ ба кормандонаш хона карда дод.Пас аз зиндон шудани Генерал Давлатбек Хайрзода,ки ин заминҳо дар пушти бозори Балх буданд. Бародари генерал Хайрзода Давлатбек ин заминро ба Шамсулло Соҳибов домоди Раҳмонов фурӯхт ва ё бар ивази раҳоияш дод ва Ш.Соҳибов дар як соат ҳама ҳуҷҷатҳои заминро тахт карда, қарори раиси ноҳия, сертификати он заминро. Одатан ҳама медонанд,ки  тахт кардани ҳуҷҷатҳо ба моҳҳо ва ҳатто сол мекашад,аммо Шамсулло Соҳибов дар як соат онро тахт кард ва ба номи “Фароз” кард. Ҳатто Акрамзода он вақт муовини раиси ноҳияи Рудакӣ мехост он заминро гирад, чанд мошин санг оварда рехт, ки амният гуфташ ин замин ба Шамсулло таъаллуқ дорад дар ҳол ҷоро холӣ карда гурехт ва зора кард номи маро нагиред,ки хонаам месӯзад.

Албатта Акрамзода раиси ноҳияи Рудакӣ шуд, ки ӯро аз кор гирифтанд. Бо Эшон сахт ҳамкорӣ мекард ва дар бисёр ҷиноятҳои заминфурӯшии Давлатбек Шодиев ҳамдастӣ дорад. Заминҳои ҳоҷӣ Қосими Коррупсияро Давлатбек Шодиев пас аз зиндон шуданаш,ки ҳудуди панҷ гектар  буд  дар деҳаи Ҷомӣ гирифта бо сотка тақсим намуда ба мардум чанд бори фурӯхт. Дар ҳудуди Ҷамоати Чортеппа базаи калони ширкати Фароз аст,ки Шамсулло Соҳибов ҳам яке аз ҳимоятгарони Давлатбек Шодиев ба шумор меравад ва аз ин чашми мақомдорони ноҳия ва ниҳодҳои қудратӣ аз ӯ метрасанд. Дар мавриди Шодиев маълумотҳои зиёди дигар ҳам дар дасти мо вуҷуд дорад. Ислоҳ таҳқиқоти густурда ва мӯшикофонаи худро идома медиҳад,то ҳамаи ин қаллобонро ошкор намояд ва тақдими миллат ва мардум намояд. Аммо ҳоло мегузорем онро ба барномаи дигар…

“Ҳоло мунтазир мемонем, ки Прокурору Суд,коррупсия,амният ин қазияро ин навбат чи тавр ҳалу фасл мекунанд?”

Ps: “Ислоҳ” қазияи Шодиев Давлатбекро  ҳаминхел намегузорад, агар Шодиев Давлатбек бо ин ҳама ҷиноятҳо ва заминфурӯшиҳо, фиреби мардум, қаллобӣ ва хиёнат ба ватан муҷозоти сангин нашавад. Ҳама поделникҳо ва ҳамдастону кумаккунандаҳояш ба додгоҳ кашида нашаванд. Ҳатман  ба таҳқиқи “доссияи сиёҳ”и раиси суди ноҳия, прокурори ноҳия, раиси амнияти ноҳия, раиси ШКВД ноҳия, раиси кумитаи замини ноҳия ва як-як ҳамаро тақдими миллат менамоем. Инчунин бо каналҳои худамон ҳомиёнашро дар прокуратураи генералӣ ва коррупсия ва КДАМ дида истодаем. Мунтазири ҳукми одилона нисбати ин қаллоб ҳастем,то дарсе барои дигар қаллобон бошад,идораи “Ислоҳ.нет”

Share This Article