“Марги хоҳари Азизмои Раҳмонова, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонов боис шудааст,ки маъракаи тӯи арусии Фарзона, духтари хурдии раиси ҷумҳурӣ ва Сафар, писари Юсуф Раҳмонов ба таъхир биуфтад. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ.нет””
Рӯзи 12.08.2022 дар Данғара хоҳар арсуси Эмомалӣ Раҳмонов аз олам дар гузашт. Модари Амриддин Нахшов аз бемории саратон ранҷ мекашиданд. Пас аз муоилҷаи тулонӣ дар Данғара дар сини 67 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Аз ӯ се писар боқӣ мондааст ва машҳурашон Амриддин Нахшов аст. Ӯ раиси ширкати истихроҷи тиллои “НАХШ” дар Шугнов аст,ки миллионҳо доллар аз истихроҷи тилло ба даст овардааст.
Ҷанозаи хоҳарзани Эмомалӣ Раҳмоновро Муфти Абдуқодирзода Мукаррам бо ҷамъе аз вазирон ва мақомдорон дар Данғара гузориданд. Аммо Эмомалӣ Раҳмонов дар сафари Суғд қарор дошт ва дар ҷанозаи хоҳар арусаш ширкат надошт. Аммо оилаи Азизмо Раҳмонова духтарон писарон бо шумули Рустам, Озода ,Парвина, Таҳмина ва арусшаванда Фарзона,ки рӯзи шанбе қарор буд тӯйи арусияш баргузор шавад ҳам ҳузур доштанд. Инчунин бародарони Азизмо Ҳасан Асадуллозода, Амонуло, Амрулло, Муҳибулло ва дигарон низ ҳузур доштанд. Тибқи маълумоти расида ба “Ислоҳ” ҳама Душанбе манзур аз афроди саршиноси кишвар аз вазирону раисони кумитаҳо ва депутатҳо дар ин ҷаноза иштироки фаолона доштан. Хело зери тадобири амниятии шадид ҳам ин маросим баргузор гардид. Ҷуз аз “Пешво” дигар ҳама қариб ҳузур доштаанд.
Тибқи маълумоти расида аз Суғд ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзода Қофлонбой ҳангоми шунидани ин хабар хело гиря карда будааст ва хоҳиш намудааст,ки ӯро “пешво” иҷозат диҳад,то дар ин маросими ташеъ ҷанозаи хоҳар арусашон ба Данғара равад. Аммо “Пешво” нагузоштааст, ки ӯ равад ва ин сафари ӯро халалдор кунад. Ана инро мегӯянд садоқат ба “Пешво”
Қарор буд рӯзи 13.08.2022 туй арусии Сафар писари Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ бо Фарзонаи Эмомалӣ баргузор мегардид. Чун ин ҳолати вафоти холаи арус пеш омад ва арусиро баргузор накарданд. Шоҳидон мегӯянд Юсуф Раҳмон,ки хело омодагии калон дида буд барои баргузории ин арусӣ хело ғамгин ба чашм мехурд. Инчунин Парвина Раҳмонова ва Ашраф Гулов низ қарор буд пас аз туйи арусии Фарзонаи Эмомалӣ духтарашонро ба шавҳар диҳанд. Аммо мисле арусиҳо ё пурра баргузор намегарданд ва ё ҳаминхел як фотиҳа ва бе ҳаромхурак баргузор мегарданд. Тафсилоти бештарро дар ин қазия интизор бошед.