Ҳиҷрати Абўбакри Сиддиқ (р) «Рафиқи ғор» ҳамроҳи Расули Худо (с) ба Мадина. Бахши Аввал

Ислоҳ нет

Ҳиҷрати Абўбакри Сиддиқ (р) «Рафиқи ғор» ҳамроҳи Расули Худо (с) ба Мадина. Бахши Аввал

Нахуст тамоми хонандагони гиромиро бо фаро расидани аввалин моҳи ҳиҷри қамариро табрик менамоям ва мехоҳам таърихчаи кӯтоҳи ин ҳиҷрати бо саъодати расули акрам(с) ва ёри гиромии он ҳазрат Абӯбакри Сиддиқ(р) ро фишурда аз маъхазҳои муътабари аҳли суннат пешкаши шумо азизон намоям то ҳар яки мо бидонем ва огоҳ бошем,ки ин ҳиҷрат бақои ислом дар замин бӯд ва агар он сурат намегирифт мумкин аз исломи азиз номе намемонд.
Дар ин сафар ёри бовафои онҳазрат чи хидматҳоеро анҷом доданд ва сарфароз ба номи ифтихории «Рафиқи ғори Муҳаммад(с)» гаштанд.Аз шумо хонандагони гироми хоҳиш мешавад бо диққати комил онро бихонед то ҳангоми шунидани калимаи зебои «Хиҷрат» ва «Муҳоҷир» ва солшумумории «Ҳиҷри қамари» огоҳи ёбед иншоаллоҳ,ки огоҳии хубе аз мутолеаи он хоҳед ёфт. Азияту озори куффори Қурайш бар зидди мусулмонон ба андозае шиддат гирифт, ки бархе аз мусулмонҳоро бар он дошт, то ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд. Пас аз он ҳиҷрат бо Мадина оғоз шуд. Таърих ба сароҳат гузориш додааст, ки Абўбакр (р) аз Расули Худо (с) иҷозаи ҳиҷрат хост. Паёмбари акрам (с) ба ў фармуданд:«Шитоб накун, шояд Худованд барои ту ёру ҳамроҳе (дар ин сафар) муқаддар намояд».[i]
Худи Абўбакри Сиддиқ (р) умедвор буд, ки сафари ҳиҷратро дар канори Расули Худо (с) ва ҳамроҳи эшон оғоз кунад. Оишаи Сиддиқа (р) дар бораи ҳиҷрати Паёмбари акрам (с) ва падараш мегўяд: Расули Худо (с) ҳар рўз субҳу шом ба хонаи Абўбакр (р) ташриф меоварданд. Рўзе ки Худованд ба Паёмбараш иҷозаи ҳиҷрат ва тарки Макка ва рафтан аз миёни қавмашро дод, Расули Худо (с) бар хилофи гузашта, ҳангоми зуҳр ба хонаи мо омаданд. Замоне ки Абўбакр (р) он ҳазрат (с)-ро дид, гуфт: Ҳатман иттифоқи тоза ва кори муҳиме пеш омада, ки Расули Худо (с) ташриф оварданд. Замоне ки Паёмбар (с) вориди хона шуданд, Абўбакр (р) аз рўи тахташ ақибтар рафт ва Расули Худо (с) канори ў нишастанд. Дар он ҳангом ман ва хоҳарам Асмо дар хона будем. Расули Худо (с) фармуданд: «Касонеро, ки инҷо ҳастанд, аз хона берун бифирист (ки мехоҳам масъали муҳимеро бо ту дар миён бигузорам)». Абўбакр (р) арз кард: Падарам ва модарам фидоят, инҳо духтарони ман ҳастанд. Расули Худо (с) фармуданд: «Худованди мутаол ба ман иҷозаи ҳиҷрат ва хуруҷ аз Маккаро додааст». Абўбакр (р) гуфт: Эй Расули Худо (с)! Мехоҳам (дар сафари ҳиҷрат) ба шумо ҳамроҳ шавам. Расули акрам (с) фармуданд: «Ту дар ин сафар ҳамроҳи ман ҳастӣ». Оиша (р) мегўяд: То он рўз надида будам, ки касе аз шодӣ гиря кунад, то ин, ки Абўбакр (р)-ро дидам, ки (аз ин хушхабарӣ, ба хотири ҳамроҳӣ бо он ҳазрат (с) дар сафари ҳиҷрат) гирист. Абўбакр (р) пас аз он гуфт: Эй Расули Худо (с)! пн ду шутурро аз пеш барои чунин рўзе омода кардам. Паёмбари Худо (с) Абдуллоҳ ибни Арқит, ки мушрик буд ва аз қабилаи Бану-д-Дил ибни Бакр ба унвони раҳнамо истихдом карданд. Модари Абдуллоҳ ибни Арқит аз қабилаи бани Саҳм ибни Амр буд. Паёмбари акрам (с) ва Абўбакр (р) шутурҳоро дар ихтиёри Абудуллоҳ ибни Арқит гузоштанд. Ў шутурҳоро мечаронд, то он ки замони ҳиҷрат ва хуруҷ аз Макка фаро расид.[ii]
Дар ривояти имом Бухорӣ (р) ба нақл аз ҳазрати Оиша (р) ҳадиси марфўъе омада, ки ба тафсил ҷараёни ҳиҷратро баён мекунад. Дар бахше аз ин ҳадис омада аст: Дар ҳоле, ки мо сари зуҳр дар хонаи Абўбакр (р) нишаста будем, шахсе ба Абўбакр гуфт: Расули Худо (с) дар ҳоле ки сарашонро пўшондаанд, ба инҷо меоянд. Омадани он ҳазрат (с) (ба вақти нимрўзӣ ва) замоне буд, ки пеш аз он одат надоштанд дар чунон мавқее ба хонаи Абўбакр (р) биёянд. Абўбакр (р) гуфт: Падар ва модарам фидои ў бод, ба Худо савганд, ки иттифоқи муҳиме Паёмбар (с)-ро (дар ин вақт) ба инҷо кашонда аст. Расули Худо (с) ташриф оварданд ва иҷозаи вуруд хостанд. Ба дохили хона даъват шуданд. Ворид шуда ба Абўбакр (р) фармуданд: Касоне, ки инҷо ҳузур доранд, берун кун.
Абўбакр (р) гуфт: Падар ва модарам фидоят, инҳо хонаводаи ман ҳастанд. Фармуданд: «Ба ман иҷозаи хуруҷ дода шудааст». Абўбакр гуфт: «Падарам фидоят, яке аз ин ду шутурҳоро барои сафар қабул кунед.» Расули Худо (с) фармуданд: (Бошад, албатта) дар қиболи пардохт қиматаш. Оиша (р) меафзояд бо шитоб миқдоре туша ва хўрокӣ барояшон омода кардем ва дар кисаи чармӣ гузоштем. Асмо (р) бахше аз доманашро бурид ва даҳони кисаро баст ва аз ҳамонҷо «Зотуннотиқайн» яъне: соҳиби ду доман номида шуд. Пас аз он Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) ба ғори Савр рафтанд ва се рўз дар онҷо пинҳон шуданд. Абдуллоҳ ибни Абўбакр (р), ки ҷавони доно ва фаҳмида буд, шабҳоро назди онон дар ғор мегузаронд ва субҳ зуд ё ҳангоми саҳар ба миёни аҳли Макка мерафт ва ба ҳар ҳила ва тавтиае, ки бар зидди Паёмбар (с) ва Абўбакр (р) мечиданд, гўш дода ва онро пас аз торик шудани ҳаво ба Паёмбар (с) ва Абўбакр (р) мерасонд. Омир ибни Фуҳира (р), ки ғулом (хидматгори) Абўбакр (р) буд, гўсфандони ширдеҳро пас аз гузашти посе аз шаб, ба самти ғор мебурд ва ба ин тартиб онҳо шабро дар миёни галаи гўсфандон мегузаронданд ва дар шири гўсфандон санги доғ андохта ва онро ҷўшонда ва менўшиданд. Омир (р) ҳангоми субҳдам гўсфандонро аз онҷо мебурд. Хидматгори Абўбакр (р) дар ҳар се шаб ин корро кард. Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) роҳнамои моҳире аз Бани Дил, ки аз тоифаи Бани Абд ибни Адӣ буд, истихдом карданд ва ба ў, ки бар дини куффори Қурайш ва ҳампаймони Бани Саҳм (хонадони Ос ибни Воили Саҳмӣ) буд, эътимод намуданд. Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) шутурҳои сафарашонро ба роҳнамо доданд ва бо ў қарор гузоштанд, ки пас аз се шаб худро ҳангоми пагоҳ дар ғори Савр ба онҳо бирасонад. Омир ибни Фуҳайра ба ҳамроҳи Паёмбар (с) ва Абўбакр аз соҳил ва канораи дарё роҳи ҳиҷратро дар пеш гирифтанд.
Касе ҷуз Алӣ ибни Абитолиб, Абўбакр ва хонаводааш аз замони ҳаракати Расули Худо (с) ба сўи Мадина хабар надошт. Мавъиди муқаррар фаро расид ва Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) аз панҷараи кўчаке, ки дар пушти хонаи Абўбакр (р) буд, берун шуданд, то Қурайшиён мутаваҷиҳи онҳо нашаванд ва ононро аз ин сафар хуҷаста ва муборак боз надоранд. Онон бо раҳнамояшон Абдуллоҳ ибни Арқит (р) қарор гузоштанд, ки пас аз се шаб дар ғори Савр ба онҳо бипайванданд.[iii] Расули акрам (с) ҳангоми баромаданашон аз Макка дуъо карда ва сипас фармуданд: «Ба Худо савганд, ту беҳтарин замини Худоӣ ва Худованд туро аз тамоми сарзаминҳо бештар дўст дорад. Агар ман маҷбур ба тарки ту набудам, аз ин ҷо намерафтам»[iv].
Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) аз Макка хориҷ шуданд. Куффори Қурайш дар ҷустуҷўи онон ва ба дунболи радди пояшон ба кўҳи Савр расиданд ва чун бар даҳони ғор торҳои анкабутро диданд, гуфтанд: «Агар касе дохили ғор мерафт, торҳои анкубут ин тавр солим намемонд ва пора мешуд».
Бидуни шак торҳои анкабут аз сарбозон ва маъмурони илоҳӣ буд, то муҳоҷиронро ёрӣ диҳад:
Дар ин сураи каримаи Худои мутаол фармудааст:

Яъне: «Лашкариёни Парвардигоратро ҷуз Ў касе намедонад.»
(Сураи Мудасир, ояти 31)
Расули акрам (с) бо вуҷуди истифода аз асбоб ва бакоргирии онҳо, ҳаргиз ба асбоби зоҳирӣ такяву эътимод нафармуд. Балки танҳо ба Худои мутаол умед баст, чунки он ҳазрат (с) итминони комиле ба Худо дошт ва ба яқин медонист, ки Худованд ўро нусрату ёрӣ мефармояд. Аз ин рў ҳамеша бо умед ба нусрати илоҳӣ ба ҳамон шакле, ки Худояш ба ў омўзиш дода буд, дуо мекард ки:
Яъне: «Парвардигоро! Маро содиқона (ба ҳар коре) ворид кун ва содиқона (аз он) берун биёвар (ва оғозу поёни корамро некў ва содиқона бифармо) ва аз ҷониби худ, қудрате ба ман ато кун, ки мададгори ман бошад.»
(Сураи Исро, ояти 80)

Худои мутаол дар ин ояти карима дуое ба Паёмбараш омўзиш дод, то бо он Худояшро бихонад ва умматаш низ, чигунагии дуо ва таваҷҷўҳ ба сўи Худоро ёд бигиранд. Дуое, ки дар он оғоз ва поёни некӣ ва содиқонаи корҳо талаб мешавад ва ба садақот ва ростӣ дар аввал ва охири ҳар кор ва дар ҳини анҷоми ҳар амале ишора мегардад. Талаби сидқ ва ростӣ дар сафари ҳиҷрат аз он ҷиҳат буд, ки мушрикон дар талош буданд, то Паёмбари Худо (с)-ро ба канор гузоштани даъват ва дурўғ бастан бар Худо ва шарик варзидан ба Парвардигори мутаол водор кунанд. Субот ва пойдорӣ бар ҳақ, итминону оромиш ва ҳамин тавр яқини комил ва бовари дарунӣ, ихлос ва нек доштани ниятро аз ҳар гуна чизе, дар мафҳуми сидқу садоқат меғунҷад ва аммо, ин ки Расули Худо (с) дуо кард ва гуфт: «Парвардигоро, ба ман тавону қудрате иноят кун, ки дар роҳи ҳақ мададгори ман бошад ва битавонам бар тавони заминӣ ва фанопазири мушрикон ғалаба кунам.» пн дуои Паёмбар (с) мизони умқи пайванд ва наздикӣ бо ҳазрат ва ҷалоли илоҳиро ба тасвир мекашад ва баён мекунад, ки бояд мустақиман ва бидуни восита аз Худо мадад хост ва танҳо ба паноҳ ба ҳимояти ў дил баст.
Ҳар даъватгаре бояд танҳо аз Худованд мадад ва қувват бихоҳад ва ҷуз аз қудрати Худо натарсад. Доъӣ ва даъватгар бояд бе он ки ба ҳоким ва соҳибқудрате паноҳ бибарад, ба Худояш рўй биёварад ва тамоми таваҷҷўҳашро ба сўи Парвардигори қодир ва мутаол бигардонад. пн аз фазли илоҳӣ аст, ки гоҳе даъват дилҳои қудратмандон ва мансабдоронро ба гунае тасхир мекунад, ки сарбозу хидматгузори даъват мешаванд ва ба растагорӣ мерасанд. Аммо агар даъват ва ё ҳаракату ҷунбише дар хидмати қудратмандон ва давлатмардон қарор бигирад, ҳаргиз фарҷоми неке дар интизораш нест, чунки даъват амре аст динӣ ва Худо болотар ва фаротар аз ҳар соҳиби қудрат ва мансабе мебошад.[v]
Ҳангоме, ки мушрикон дар атрофи ғор мегаштанд ва наздик буд, ки муҳоҷиронро бубинад, Паёмбари акрам (с) ба Абўбакр (р) итминони хотир доданд ки: «Худо бо мост». Абўбакр (р) мегўяд: Дар ғор ба Расули Худо (с) гуфтам: «Агар яке аз онҳо ба поёни пояш нигоҳ кунад, ҳатман моро мебинад». Расули акрам (с) фармуданд: «Эй Абўбакр! Гумони ту дар бораи ду нафар, ки саввумашон Худо аст, чӣ мебошад?»[vi]
Худованди мутаол дар Қуръони карим моҷорои ғорро чунин зикр ва баён фармудааст:
Яъне: «Агар Паёмбарро ёрӣ накунед, Худованд (ўро ёрӣ мекунад, ҳамон гуна, ки қаблан) ўро ёрӣ кард, он гоҳ ки кофирон ўро (аз Макка) берун кардан, дар ҳоле ки ў нафари дуввум аз ду тан буд. Ҳангоме ки он ду (Паёмбар ва Абўбакр) дар ғор (-и Савр) буданд, (Абўбакр нороҳат буд, ки мабодо ба Паёмбар газанде аз сўи мушрикон бирасад) дар ин ҳангом Паёмбар хитоб ба рафиқаш гуфт: ғам махўр, ки Худо бо мо аст. Пас Худованд, оромиши худро бар ў нозил кард (ва Абўбакр дар партави алтофи плоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед ва сухани кофирон (ва ширку тавтиаашон дар бораи қатли Паёмбар)-ро поён кашид (ва ноком намуд) ва дар ҳар ҳол калимаи Аллоҳ ва сухан (ва шариати) плоҳӣ боло ва бартар аст ва Худованд боиззат ва ҳаким мебошад.»
(Сураи Тавба, ояти 40)

Паёбари акрам (с) ва рафиқи дилсўзаш пас аз гузашти се шабонарўз ва баъд аз он, ки мушрикон аз ёфтани онҳо ноумед шуда ва даст аз гаштҳои ҷустуҷўгарона бардошта буданд, аз ғор берун шуданд ва ба сўи Мадина ҳаракат карданд. Пеш аз ин гуфтем, ки Паёмбар (с) ва Абўбакр (р) ба Абдуллоҳ ибни Арқит эътимод карда ва шутурҳояшонро ба ў супориданд ва ба ў қарор гузоштанд, ки пас аз гузаштани се шаб дар ғори Савр ба онҳо бипайвандад Абдуллоҳ низ ба ваъдааш амал кард ва дар мавъиди муқаррар сари вақт ҳозир шуд ва бероҳаро барои сафар интихоб кард, то куффори Қурайш пай ва осори пои ононро наёбанд[vii]. Расули Худо (с) дар масири роҳ ва дар водии Қадид ҷое, ки хонаҳои Хузоъа қарор дошт, бо Умми Маъбад (Отика бинти Каъби Хузоъӣ)[viii] мулоқот карданд. Ў хоҳари Ҳабиш ибни Холиди Хузоъӣ аст, ки дар борааш қиссаи машҳуре ривоят шуда ва ровиён ва сиратнигорон онро нақл карданд. пбни Касир (р) мегўяд: «Қиссаи ин зан машҳур мебошад ва ба тариқи мухталиф, ки бархе аз онҳо баъзеи дигарро қувват мебахшад, ривоят шудааст»[ix].
Қурайшиён дар атрофии Макка эълон карда буданд, ки ҳар касе зинда ё мурдаи Муҳаммад (с)-ро биёварад, сад шутур подош меёбад. пн хабар дар миёни қабоили араби атрофии Макка пахш шуд. Суроқа ибни Молик ибни Ҷаъшам ба тамаъи дастёбӣ ба ҷоизае, ки Қурайш барои дастгирии Паёмбар (с) таъин намуда буд, ба ҷустуҷў пардохт, то он Ҳазрат (с)-ро дастгир кунанд ва таҳвили Қурайшиён диҳад. Аммо Худованди мутаол бо қудрати ҳамешаи ғолибаш чунон намуд, ки Суроқа пас аз талоши бисёр ба қасди дастгирии Расули Худо (с), ба мудофиъ ва пуштибони он Ҳазрат (с) табдил шавад.
Мусулмонони Мадина, ки аз ҳаракати Расули Худо (с) ба сўи шаҳрашон бохабар шуда буданд, ҳар рўз субҳ ба маҳале бо номи Ҳурра мерафтанд ва то зуҳр интизори он Ҳазрат (с) ва истиқбол аз эшон менишастанд. Рўзи мусулмонони Мадина пас аз интизории тўлонӣ ба хонаҳояшон бозгашта буданд. Дар он рўз яке аз яҳудиён барои анҷоми кор болои қалъае рафта буд, ки чашмаш ба Расули Худо (с) афтод. Ҳамроҳони он ҳазрат (с), ки либоси сафед бар тан доштанд дар суроб ва бозтоби нури хуршед дида намешуд. Он яҳудӣ натавонист худашро нигоҳ дорад ва бо овози баланд овоз баровард: «Эй арабҳо! Раис ва сардоре, ки интизорашро мекашидед, омад». Мусулмонон фавран силоҳҳояшонро бардоштанд ва ба истиқболи Расули Худо (с) шитофтанд ва дар Ҳурра бо эшон мулоқот карданд. Расули Худо (с) роҳашро тағйир дода ва ҳамроҳи мусулмонон ба маҳаллаи Бани Амр ибни Авф рафтан. Даромадани Паёмбар (с) ба Мадина ва истиқболи мусулмонон аз эшон дар рўзи душанбе[x] ва дар моҳи рабиъу-л-аввал ба вуқўъ пайваст.[xi] Абўбакр (р) барои мардум бархост ва Расули акрам (с) нишаста буданд. Ансор гурўҳ-гурўҳ ба мулоқоти эшон меомаданд, аммо касоне, ки Паёмбар (с)-ро пеш аз он надида буданд, ба Абўбакр (р) хушомад мегуфтанд, то ин ки нури офтоб бар Расули Худо (с) афтод ва Абўбакр барои он ки он Ҳазрат (с) зери соя қарор бигиранд, абояшро болои сари эшон гирифт ва ба ин тартиб мардум Паёмбар (с)-ро шинохтанд.[xii]
Рўзе, ки Расули Худо (с) ва Абўбакр (р) ба Мадина расиданд, рўзи шодӣ буд. Рўзи ҳаяҷони рўзи сурур. Рўзе, ки Мадина ҳаргиз монанди онро ба худ надида буд. Мардум беҳтарин либосҳояшонро пушида буданд ва гўё рўзи ид буд ва воқеъан ҳам ид буд, чунки дар он рўз ислом аз фазои тангу бастаи Макка ба Мадинаи фароху боз интиқол ёфт, то он сарзамини муборак маркази нашру густариши ислом шавад ва оини Муҳаммади Мустафо (с) ба дигар шаҳрҳо сарзаминҳо интишор ёбад. Мардуми Мадина он фазлу эҳсонеро, ки Худованд бар онон намуда буд, дарёфтанд ва эҳсос карданд, ки Худованд воқеан ононро дўст дошта, ки эшонро ба чунин ифтихори бузург махсус гардонида аст. Онон ба ин меболанд, ки шаҳрашон пазирои Расули Худо (с) ва ёрони муҳоҷираш ва маркази нусрат ва ёрии исломӣ шуда, дар андак замоне пойгоҳ ва пойтахти низоми исломии ҳамаҷонибае гардад, ки бунёди хеле маҳкам дорад ва аз арзишҳои хеле воло бархурдор аст. Ба ҳамин хотир буд, ки мардуми Мадина дар камоли шодию ҳаяҷон ва ба нидои «ло илоҳа иллаллоҳ» ба истиқболи Паёмбари акрам (с) рафтанд ва ба навъҳои гуногун ба он Ҳазрат (с) хушомад гуфтанд ва салом карданд.[xiii] Пас аз ин истиқболи бошукўҳ ва бузург, ки монанди он дар таърихи инсоният ёфта намешавад, Расули Худо (с) ба роҳ афтоданд ва дар хонаи Абўаюби Ансорӣ (р) манзил гузиданд. Абўбакр (р) низ меҳмони Хориҷа ибни Зайди Ансорӣ (р) шуд.
Бо вуҷуде, ки сафари Расули Худо (с) бо мушкилот ва сахтиҳои зиёде ҳамроҳ буд, аммо эшон бар тамоми сахтиҳои фарорўи худ дар ҷараёни ҳиҷрат пирўз шуданд, то ҳиҷраташон нури поянда барои ояндаи дурухшон ва барои уммату ҳукумате бошад, ки тавонист тамаддуни инсонии шукўҳмандеро бар пояи имон, тақво, некӣ ва адолату додгустарӣ ба вуҷуд оварад ва ду қудрати ҷаҳонии он замон, яъне Форс ва Рум ғалаба кунад. Сиддиқ (р) аз ҳангоми оғози даъват, то вафоти Расули акрам (с) бозўи дуввуми он Ҳазрат (с) ва дастёри эшон буд. Вай ба хубӣ аз манобеъ ва чашмаҳои нубувват сероб гашт ва аз онҳо ҳикмату имон, яқину ирода ва ихлосу тақво нўшид. Ҳамнишинӣ ва ҳамроҳии Абўбакр (р) бо Расули Худо (с) самарот ва паёмадҳои зиёде барои Абўбакр (р) ба дунбола дошт аз ҷумла: Шоистагию ростӣ, огоҳию бедорӣ, сафову самимият, азму иродаи оҳанин, ихлосу фаҳми дуруст аз дин ва ғайра. Вокунишҳои дуруст ва баҷои Абўбакр (р) дар ҷараёни воқеаҳои, пас аз Расули Худо (с) (дар Сақифаи бани Соъида, гусели лашкари Усома (р) ва ҷанг бо муртадҳо) баёнгари тамоми тавонмандиҳо ва шоистагиҳое аст, ки Абўбакр (р)-ро қодир сохта, то фасодҳоро аз байн бардорад, вайронаҳо ва харобаҳоро аз нав бино кунад ва тафриқаву парокандагиро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ табдил намояд ва инҳирофоту каҷиҳоро беҳбуд бахшад ва ислоҳ кунад. Ҳиҷрати Абўбакр (р) ба ҳамроҳи Расули Худо (с) омўзаҳо ва нукоти қобили панде дорад. Аз ҷумла:
Худованди мутаол мефармояд:

Яъне: «Агар Паёмбарро ёрӣ накунед, Худованд (ўро ёрӣ мекунад, ҳамон гуна, ки қаблан) ўро ёрӣ кард, он гоҳ ки кофирон ўро (аз Макка) берун кардан, дар ҳоле ки ў нафари дуввум аз ду тан буд. Ҳангоме ки он ду (Паёмбар ва Абўбакр) дар ғор (-и Савр) буданд, (Абўбакр нороҳат буд, ки мабодо ба Паёмбар газанде аз сўи мушрикон бирасад) дар ин ҳангом Паёмбар хитоб ба рафиқаш гуфт: ғам махўр, ки Худо бо мо аст. Пас Худованд, оромиши худро бар ў нозил кард (ва Абўбакр дар партави алтофи плоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед ва сухани кофирон (ва ширку тавтиаашон дар бораи қатли Паёмбар)-ро поён кашид (ва ноком намуд) ва дар ҳар ҳол калимаи Аллоҳ ва сухан (ва шариати) Илоҳӣ боло ва бартар аст ва Худованд боиззат ва ҳаким мебошад.»
(Сураи Тавба,Ояти 40)

Дар ин оят далоиле дар мавриди фазилат ва ҷойгоҳи волои Абўбакр (р) вуҷуд дорад, ки метавон мавориди зерро ном бурд:
Худои мутаол дар ин оятҳо баён медорад, ки кофирон ва мушрикон Расули Худо (с)-ро аз Макка берун ронданд, бинобар ин, хуруҷ ва берун шудани Абўбакр (р) ба ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) низ воқеияте аст таърихӣ, ки нишон медиҳад, фишори мушрикон ба мўъминон ва аз ҷумла Абўбакр (р) сабаб шуда, ки ногузир ба тарки Макка шаванд.
Абўбакр (р) дар ин оят соҳиб, яъне ёри дилсўзи Паёмбар (с) номида мешавад. Ў танҳо ёри Расули Худо (с) ва яке аз он ду нафар аст, ки саввуминашон Худованди мутаол буд ва дар он ҳангоме, ки нусрат ва ёрии плоҳӣ бар Паёмбар (с) нозил шуд, ҳамроҳи эшон буд. Абўбакри Сиддиқ (р) аз миёни саҳоба (р) танҳо касе аст, ки ба ҳамроҳии Паёмбар (с) дар мавоқеи хос мушарраф гардидааст. Мавоқее аз қабили: Сафари ҳиҷрат, ҳамроҳӣ бо Паёмбар (с) ва нигаҳбонӣ аз эшон дар соябоне, ки дар ҷанги Бадр барои он Ҳазрат (с) дуруст карданд, ҳамроҳӣ бо Расули Худо (с) ба ҳангоми пешниҳод даъват ба қабоили араб, дар мавсими ҳаҷ ва ғайра. Тамоми сиратшиносон ба ин иқрор кардаанд, ки танҳо Абўбакр (р) дар мавоқеи хос ва албатта пурифтихор ба ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) мушарраф шудааст Бинобар насси Қуръон Абўбакр (р) танҳо ёру ҳамроҳи Расули Худо (с) дар ғор буд ва аз ин рў «ёри ғор» номида мешавад. Бухорӣ ва Муслим (р) аз Анас (р) ривоят карданд, ки Абўбакри Сиддиқ (р) фармуд: «Эй Расули Худо (с)! Агар яке аз онҳо ба поёни пояш нигоҳ кунад, ҳатман моро мебинад». Расули Худо (с) фармуд: «Эй Абўбакр! Гумони ту дар бораи ду нафар, ки саввумашон Худо аст, чӣ мебошад?». Тамоми аҳли ҳадис (ҳадисшиносон) ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд ва ҳатто ду нафар аз онон ҳам дар мавриди сиҳҳат ва дурустии ин ҳадис бо якдигар ихтилоф надоранд. Насси Қуръон низ дурустии ин ҳадисро таъйид мекунад.[xiv]
Абўбакр (р) ёри ҳамешагии Расули Худо (с) будааст. Он чи дар оят аз Абўбакр ба ёри ғор таъбир мекунад, ба ин маъно нест, ки Абўбакр фақат ёри ғори Паёмбар (с) будаву бас. Балки Абўбакри Сиддиқ (р) ёри мутлақ ва ҳамешагии Расули Худо (с) буда ва аз чунон собиқае дар ҳамсўҳбатӣ бо Расули акрам (с) бархурдор аст, ки ба иттифоқ назари сиратшиносон шахси дигаре чунон собиқае дар ҳамсўҳбатӣ бо Паёмбар (с) надорад. Баъзе аз уламо ба ин нукта таъкид карданд ки: «Фазоил ва маноқиби Абўбакр (р) вижагиҳои хоси худи ў ва мунҳасир ба фард буда ва Абўбакр дар бархурдорӣ аз он ҳама фазоил ва вижагиҳо шарик ва ҳаммонананде надорад».[xv]
Абўбакр (р) ёри дилсўзи Расули Худо (с) будааст. Лафзи «ло таҳзан» (ғам махўр), ки дар ин оят ба нақл аз Расули акрам (с) хитоб ба Абўбакр (р) омада, нишон медиҳад, ки Абўбакр (р) дўстдор ва ёвари шафиқ ва дилсўзи он Ҳазрат (с) будааст. Абўбакр (р) аз ин нороҳат ва нигарон буд, ки мабодо Расули Худо (с) кушта шавад ва ислом аз миён биравад. Ба ҳамин хотир дар сафари ҳиҷрат гоҳе пешопеши Паёмбар (с) ҳаракат мекард ва гоҳе пушти сари он Ҳазрат (с). Паёмбари акрам (с) далели ин корашро пурсиданд. Абўбакр (р) гуфт: «Вақте ба фикр меафтам, ки мумкин аст, куффор пешопеши мо камин карда бошанд, пеш ҳаракат мекунам ва ҳангоме, ки ба ёд таъқибу ҷустуҷўи онҳо меафтам ва ин масъала ба хотирам мерасад, ки мумкин аст душман аз пушти сар бар мо бирасад, аз пушти шумо ҳаракат мекунам (то хатаре мутаваҷҷеҳи шумо набошад ва ба шумо осебе нарасад)».[xvi] пмом Аҳмад (р) чунин ривоят кардааст: Абўбакр (р) гоҳе пушти сари Паёмбар (с) роҳ мерафт ва гоҳе пешопеши он Ҳазрат (с). Расули Худо (с) ба ў фармуданд: «Туро чӣ шуда, ки чунин мекунӣ?» Абўбакр (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с), вақте аз ин метарсам, ки куффор аз пеши шумо дароянд, пешопеши шумо ҳаракат мекунам (ва ҳамин тавр баръакс)». Замоне, ки ба ғор расиданд Абўбакр (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ҳамин ҷо бимонед, то ман дохили ғор тафтиш кунам». Абўбакр (р) вориди ғор шуд ва дар он сурохӣ дид ва пояшро онҷо гузошт ва сурохиро баст ва гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Чунин кардам, то агар газандае дар сурохӣ бошад, пои маро неш бизанад (ва шумо дар амон бошад)».[xvii]

Оре, барои Абўбакр (р) ин, ки ў зинда бимонад ва Расули Худо (с) кушта шаванд, қобили таҳаммул набуд. Ба ҳамин хотир Абўбакр (р) тамоми доштаҳо ва ҷону молашро фидои он Ҳазрат (с) кард, то ба ҳамаи мўъминон ин дарси бузургро омузиш диҳад, ки ҳар мўъмине муваззаф ба анҷоми чунин кори бузурге аст ва бидуни тардид, ки Абўбакр шоистатарин мўъмине буд, ки ҷону молаш ва балки тамоми доштаҳояшро дар роҳи даъват ва дифоъ аз Расули Худо (с) нисор кард.[xviii]

6. Паёмади ҳамроҳии Абўбакр (р) бо Расули Худо (с) ин шуд, ки бо фазл ва ҳамроҳии Худои мутаол мушараф гардад. Ва ягона шахсияте аст, ки дар Қуръони карим ба ҳамроҳии Худо бо ў тасриҳ шуда аст: «пнналлоҳа маъано». пн калимот хело сариҳ ба мушорикати Абўбакр (р) бо Расули Худо (с) дар сафари ҳиҷрат ва дар ҳамроҳӣ ва ёрии Худо ишора мекунад ва нишон медиҳад, ки Абўбакр (р) танҳо касе аст, ки ба чунин як ифтихоре мушарраф гардида аст. пн оят баён медорад, ки Худованди мутаол Расули Худо (с) ва Абўбакр (р)-ро дар баробари душманонаш ёрӣ расонда ва ононро ҳамроҳӣ мефармояд. Расули акрам (с) дар ғор бо Абўбакри Сиддиқ (р) итминони хотир доданд, ки Худованд ман ва туро нусрат мекунад ва дар муқобили душманон ба мо муҳаббат карда ва азизамон медорад. Худованди мутаол мефармояд:

Яъне: «Мо ҳатман Паёмбарони худ ва (ҳамчунин) мўъминонро дар зиндагии дунё ва дар рўзе, ки гувоҳон ба по хезанд, ёрӣ мекунем.»
( Сураи Ғофир, ояти 51)
Оре, ин интиҳои сутудагии Абўбакри Сиддирқ (р) аст, чунки Расули Худо (с) ба ў мегўяд: «Худо бо мо аст» ва гўё дар борааш гувоҳӣ медиҳад, ки ў дар конори он Ҳазрат (с) аз чунон имоне бархурдор аст, ки нусрат ва фазилати илоҳиро дар пай дорад, он ҳам дар мавқеияте, ки танҳо мўъминони ростин аз сўи Худо ёрӣ мешаванд ва дигар махлуқоти Худо шомили нусрат ва ёрии Парвардигор намегарданд[xix].
Дуктур Абдулкарим Зайдон зимни ишора ба маъияте (ҳамроҳие), ки дар ин оят омада, мегўяд: пн маъият дар «инналлоҳа маъано» ба он ишора шуда, волотар ва арзишмандтар аз он маъияте аст, ки Худованд дар мавриди парҳезгорон ва некўкорон фармудааст:

«Бегумон Худованд ҳамроҳи тақвопешагон ва некўкорон аст».
Фазилате, ки дар «инналлоҳа маъано» бо он ишора шуда, иборат аст аз нусрат, раҳмат ва мадади плоҳӣ, ки танҳо Расули Худо (с) ва ёраш Абўбакри Сиддиқ (р) ба он хос гардиданд. Маъияте, ки дар ояти зер омадааст:

Инналлоҳа маъаллазийна-т-тақав валлазийна ҳум муҳсинун.

ба он шора шуда, муқайяд ба шароите чун тақвопешагӣ ва некўкорӣ мебошад. Аммо маъияе, ки Худои мутаол баҳраи Паёмбари акрам (с) ва ёраш намуд, навъе аз ҳамроҳии плоҳӣ буда, ки сирфан махсуси ин ду бузургвор буда ва дар қолаби нишонаҳои хориқулодда ва фаротар аз ҳадди тасаввур намудор гашт.[xx]

Бар асоси ин оят комилан равшан мешавад, ки Абўбакр (р) ба ҳангоми нузули сакинаву оромиш ва нусрати плоҳӣ ҳамроҳи Паёмбари акрам (с) будааст. Онҷо, ки Худованди мутаол мефармояд: «Пас Худованд, оромиши худро бар ў нозил кард (ва Абўбакр дар партави алтофи плоҳӣ ором гирифт). Ва Худованд Паёмбарашро бо сипоҳиёне ёрӣ фармуд, ки шумо ононро надидед».

Агар бо ду нафаре, ки ҳамроҳи якдигаранд ва яке аз онҳоро ҳарос бардошта, нусрату оромиш бирасад, бегумон шахси ҳаросон бо ҳузур дар онҷо баҳраи вофир аз нусрату оромиши нозилшуда мебарад. Ончи дар оят ба баён ҳузну ҳароси Абўбакр (р) мепардозад, фақат ба хотири баёни вазъи ҳоли вай намебошад. Чунки вақте Расули Худо (с) комилан орому осудахотир буданд, дигар зарурате барои нузули сакина бар эшон вуҷуд надошт. Аз ин рў ин оят зимни, ин ки ба вазъ ва ҳоли Абўбакр (р) ишора мекунад ба баёни нузули оромиш ва таъйиду нусрат Паёмбари акрам (с) низ мепардозад, то равшан шавад, ки Абўбакри Сиддиқ (р) низ аз ин оромиш ва нусрати нозилшуда баҳраманд будааст. Бинобар ин, нузули сакина ва оромиш ва ҳамчунин нусрату имдоди ғайбӣ барои ёру ҳамроҳи Паёмбар (с) басе бузургтар ва фаротар аз кумакҳои ғайбӣ барои дигарон мебошад. Чунин тарзи баён аз балоғати Қуръон ва сохтори фасеҳ ва расои каломи Худо ва шеваи тааммулбарангези он аст.[xxi]

Ин нуктаро мехоҳам биафзоям,ки пас аз ин шаҳодати сареҳе қуръон агар касе Абӯбакри Сиддиқ(р) ро носазо гӯяд ва уро таҳқир намояд бешак у аз дин хориҷ шудааст.Азин хотир ҳангоми шунидани шахсе,ки Сиддиқро носазое мегӯяд мутанаффир шав ва бидон,ки ӯ зиндиқ аст ва бо ӯ дӯсти накун зеро дӯсти бо чунин шахс хатари хориҷшудан аз дин ро дорад зеро бо шаҳодати ошкори Қуръон Худо бо онҳост ва Худованд ҳеҷгоҳ худро боноаҳле якҷо намедонад! .

Барномарезии Расули Худо (с) ва Абўбакри Сиддиқ (р) дар ҷараёни ҳиҷрат, нуктаи қабилаи таваҷҷўҳ ва намоёне аст. Ҳар касе дар моҷарои ҳиҷрати Паёмбар (с) ва ёраш биандешад, ба вуҷуди як барномарезии муназзам ва дақиқ дар ҷараёни ҳиҷрат ва ҳамчунин омодагии муқаддимоти сафар, аз оғоз то поёни он, пай мебарад. Бозбинии ҷараёни ҳиҷрат, нишон медиҳад, ки ҳадафмандӣ ва барномарезӣ яке аз масоили муҳим ва мавриди таваҷҷўҳи Расули Худо (с) дар тамоми фаъолиятҳояш буда, ки аз тариқи ваҳй қувват мегирифт ва сомондиҳӣ мешуд, то дастёбӣ ба ҳадафи хуҷастае дар пеши рўи Паёмбар (с) амалӣ ва мумкин гардад. Барномарезӣ дар корҳо ва фаъолиятҳо, бахше аз суннати Расули акрам (с) аст ва ин вазифаро дар пеши рўи ҳар мусулмоне мениҳад, ки дар анҷоми масъулиятҳояш ба он таваҷҷўҳ намояд. Касоне, ки мепиндоранд барномарезӣ радифбандӣ ва муқаддимачинӣ ва санҷишгарӣ дар анҷоми корҳои суннат нест ва ё гумон мекунад, ки бояд ҳар кореро бепарво ва бидуни барнома анҷом дод ва гузошт то ҳар коре аз ҳад гузарад, қатъан ба иштибоҳ рафта ва нисбат ба худ ва дигарон бад раво доштаанд.[xxii]

Ҳангоме ки вақти ҳиҷрат фаро расид ва ба Паёмбар (с) иҷоза дода шуд, то ин сафари хуҷастаро оғоз кунад он Ҳазрат (с) иқдомоте дар ин замина анҷом доданд, ки нишонгари барномарезии дақиқ ва муназзам мебошад, то ин сафари муҳим бо вуҷуди сахтиҳо ва пасомадҳои сахту шадид, бо муваффақияти комил ба анҷом бирасад. Ҳар яке аз масоили марбут ба ҳиҷрат ба диқати тамом мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки барои мисол намунаҳои зерро метавон ном бурд: 1. Расули Худо (с) бар хилофи оддати гузашта сари зуҳр ва ҳангоми нимрўзӣ ба хонаи Абўбакр (р) рафт, ки ҳаво гарм буд ва касе ҳам дар кўчаҳои Макка рафту омад намекард, то касе эшонро набинад ва қасди он Ҳазрат (с) дар мавриди ҳиҷрат ба сони як роз пўшида бимонад.

2. Расули Худо (с) мутобиқи расми он замон чеҳраашонро пўшонданд, то шинохта нашаванд. Пўшидани сару сурат дар он замон шеваи корбурда ва муносиб буд, ки афрод барои адами шинохта шудан дар пеш мегирифтанд.

3. Расули Худо (с) ба Абўбакр (р) фармуданд: «Касонеро, ки инҷо ҳузур доранд, берун кун». Абўбакр (р) арз кард, ки инҳо фарзандони ман ҳастанд. Расули Худо (с) дар ҳузури хонаводаи Абўбакр (р) сирфон аз фармон ва иҷозаи Худо дар бораи ҳиҷрат сухан гуфтанд ва ҷузъиёти ҳиҷратро дар ҳузури ҳама баён накарданд.

4. Хураҷашон аз хонаи Абўбакр (р) шабона ва аз дар ё аз панҷарае пушти манзил буд.

5. Расули Худо (с) дар сафари ҳиҷрат ва дар тамоми ҷабҳаҳо комилан бо эҳтиёт ва ҳушёрона амал карданд. Аз бероҳа рафтанд ва раҳнамои боҳуш ва корозмуда ба кор гирифтанд, ки роҳҳо ва гузаргоҳҳои мухталифи биёбонро ёд доштанд. Аз онҷо, ки он раҳнамо мушрик буд, ин нуқта равшан мешавад, ки Расу

Share This Article