Фатҳуллохон Шарифзода,муфтии Тоҷикистон дар солҳои (1993–1996) чи гуна ва дар чи шароите кушта шуд? Эмомалӣ Раҳмонов дар маҳви ҷисмонии ин домуллои муътабар чи нақш дошт ва чаро ӯро кушт?
Фатҳуллохон Шарифзода, фарзанди калонии домулло Шарифи ҳисорӣ, рӯҳонии маъруф дар водии Ҳисору Душанбе ва навоҳии атрофи он буда дар Сариосиёву Бойсуни Ӯзбакистон низ мурид ва дӯстдору мухлисони зиёд доштааст. Домулло Шариф, хатмкардаи мадрасаи Бухоро ва шарикдарсу рафиқ ва ҳамнишини домулло Садридин Айнии бухороӣ будааст. Домулло Садриддин Айнӣ,солҳое,ки дар Душанбе зиндагӣ ихтиёр кард, гаҳ-гоҳе ба хонаи ҳамсабақ ва рафиқи даврони мадрасаияш ба Ҳисор меомад. Аз баракат ва файзи донишу саводи домулло Шариф фарзандонаш ва бахусус Фатҳуллохон баҳраи зиёде бардошта ба унвони як олим ва донишманди исломӣ соҳиби иззат ва ҷойгоҳи баланд шуда буд. Аз ин ҷост ки то ба имрӯз фарзандони хонаводаи домулло Шариф миёни мардуми водии Ҳисор иззат ва обрӯи хос доранд ва ҳамин ҳоло ҳам ба иёдат ва зиёрати аъзои ин хонавода меоянд ва худро муриду мухлис мешуморанд.
Дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум нисфе аз мардуми Ҳисор тарафдори Фронти халқӣ шуданд. Тарафдори ба истилоҳи он рӯзҳо «юрчикҳо». «Юрчикҳо»- юрийҳо-юраҳо,онҳоеро мегуфтанд,ки муқобили истиқлолияти давлатӣ,муқобили дини ислом,муқобили ҷудо шудани Тоҷикистон аз СССР,ки аллакай барҳам хӯрда буд, муқобили хатту забони порсӣ, муқобили ҳаракатҳои милливу мардумӣ буда барқарории СССР ва зери юғи аҷнабиҳо нигоҳ доштани давлат ва миллати тоҷикро ҳадаф қарор дода буданд. Воқеият ин аст ки онҳо ба ҳадафи худ расиданд ва то ба имрӯз ҳам дунболи ҳамин ҳадафи худ мебошанд. Онҳо,ки дар ташкилоти Фронти халқӣ гирдиҳам омада буданд, аз тарафи Русия ва Узбакистон бо силоҳ таъмин мешуданд, то як қисми сокинони бумии Тоҷикистонро,ки “вовчик” ном ниҳода буданд, бикушанд.Ва Фронти халқӣ ҳамин корро кард.
Дар ҷараёни ин ҷанг ва баъди пирӯзии «юрчикҳо», ончуноне дар маҳалли ташкил ва бурузи Фронти халқӣ ҳар кӣ намозхон буд «вовчик» гуфта куштанд, дар водии Ҳисор низ ҳар намозхонеро бо айни ҳамин иттиҳом ва низ аз рӯи мансубият ба маҳалли алоҳида ва бахусус аз рӯи нишони мӯилаб ва тоқиаш ту «вовчик» гуфта куштанд. Аз дасти Фронти халқӣ хеле бачаҳои сумдор, номдор, паҳлавон ба баҳонаи зидди Фронти халқӣ будан ба шаҳодат расиданд.
Барои ишғоли Душанбе ва навоҳии атрофи он бо танку тӯпи Узбакистон ва чуноне Алесандр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус гуфт Раҳмонов дар сари китф пулемёт ворид шуданд. Мардуми Ҳисор ба Эмомалӣ Раҳмонов ва Сангак Сафаров барои ишғоли Душанбе сахт хизмат кардаанд.
Баъди онки ҳукумат дар ихтиёри Фронти халқӣ гузашт ва давраи тақсими вазифаҳо расид,ин хизматҳои ҳисориҳоро дар аввал қадр карданд. Ба қумандонҳои ҳисорӣ:-Ибод Бойматов, Ҳабиб Насруллоев, Малик Солеҳов ва Субҳон вазифаҳои равғанӣ дода шуд. Ба Ҷамолиддин Мансуров, раиси Ҳисор ва фармондеҳи аршади «боевик»-ҳои ҳисорӣ як каме пас курсии раисии Душанберо доданд.
Фарзандони домулло Шариф:- Фатҳуллохон Шарифзода, қорӣ Сунатуло ва Сайфуллохон, дар он солҳо силоҳ нагирифтанд, ҷанг накардаанд, яъне бетарафӣ интихоб карда буданд. Он замон «юрчикҳо»-намояндаҳои Фронти халқӣ ба онҳо нарасиданд, чунки мардуми водӣ онҳоро бисёр дӯст медоштанд. Барои таъсири худро дар Душанбе бештар кардан Ҷамолиддин Мансуров, Субҳон-қумандон ва бародараш Луқмон номзадии писари калонии домулло Шариф-Фатҳуллохонро ба мансаби қозии ҷумҳурӣ,ба ҷойи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод карданд. Раҳмонов розӣ шуд. Вале,гарчанде худи домулло Фатҳуллохон Шарифзода розӣ набуд, ӯро маҷбуран бурда муфтии Тоҷикистон эълон карданд. Бо ин васила мехостанд,ки мардуми Ҳисорро дар гирди Раҳмонов ва Фронти халқӣ ҷамъ кунанд. Он замон Фатҳуллохон Шарифзода,сархатиби ноҳияи Ҳисор буд. Ҳамин тариқ аз соли 1993 то соли 1996,то замони кушта шудан домулло Фатҳулло муфтии Тоҷикистон буданд.
Дар он солҳо ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар бошиддат идома дошт. Давлатҳои Русияву Эрон, Покистону Узбакистону Афғонистону Қазоқистон Раҳмоновро маҷбур мекарданд, ки бо мухолифини мусаллаҳаш сари мизи гуфтушунид нишаста оштӣ кунад, то ки ҷанг қатъ гардад. Аммо Раҳмонов ва ҳукуматаш оштиро намехостанд ва барояшон баҳонаҳо лозим буд,ки ҷанг идома ёбад.
Раҳмонов якҷо бо мақомоти амниятиаш барои онки гуфтушуниди сулҳро ба бунбаст бикашонад ва аслан аз байн барад тасмим мегирад, ки муфтии мусалмонҳоро қурбонӣ карда ва онро бори дӯши мухолифин кунад. То ба ин васила ҳам давлатҳои зинафъи гуфтушунид ва мусолаҳа аз кори сулҳу оштӣ даст бикашанду дилсард шаванд ва ҳам мардуми Тоҷикистон. Ва,махсусан мардуми водии Ҳисорро зидди мухолифин шӯронанд. Ҳамин тавр муфтиро куштанд. Мақсад,чуноне гуфтам, давлатҳои кафил Раҳмоновро барои дастёбӣ ба сулҳ водор насозанд ва ҳамзамон дар чашми мардум мухолифинро бадном созанд.
Ҷузъиёти Қатли ваҳшиёнаи Муфтӣ
23 юми январи соли 1996, дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон, соати 00.30 як гурӯҳ аз ходимони Кумитаи амнияти миллӣ, ки дар Фронти халқӣ ҳам ҷангида дар рехтани хуни инсон малакаи комил доштанд, айни зимистони қаҳратун,ки заминро як ваҷаб барф пӯшида буд, ба манзили зисти Фатҳуллохон Шарифзода дар деҳаи Латтахораки ҷамоати Қипчоқи Ҳисор дар дараи Алмосӣ зада даромаданд. Аз қазо бо Ҳабибуллохони писари хурдии муфтӣ, ки барои ҳоҷоте баромада ва ҳоло дар саҳни ҳавлӣ қарор дошт, рӯбарӯ мешаванд. Агар ӯро мепаррониданд шояд ҳама бедор мешуд ва қотилони кирошуда ба нақша ва ҳадафашон намерасиданд. Барои ҳамин ӯро дар як они воҳид ба замин афканда дасту пойҳо ва даҳонашро мебанданд,то ки садое аз ӯ дарнаояд. Ӯро дар ҳамин ҳолат даруни мошини УАЗ,ки дар як самти ҳавлӣ меистод, афканда рӯяшро мепӯшанд. Қотилон ба ду гурӯҳ тақсим шуда як гурӯҳ дохили хонаи хоби муфтӣ медароянд ва гурӯҳи дигар ба хонае, ки фарзандони ӯ хобанд, ворид мешаванд. Дар он шаби мудҳиш қотилони амниятӣ, нафарони аз ҷонии Раҳмонов дастургирифта муфтии Тоҷикистон Фатҳуллохон Шарифзода ва 4 узви дигари хонавода-ҳамсари муфтӣ, Қудратуллои писараш, келинаш,як набераву 2 шогираш,ки якеаш аз Узбакистон буд ваҳшиёна ба қатл мерасонанд. Ҷамъулҷамъ 7 нафар, 5 узви хонаводаи муфтӣ ва ду шогирди ӯро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Дар ин муддат, ки садои тир баланд шуда буд, Ҳабибуллохони писари муфтӣ,бо хости худо гиреҳи дасту пояшро кушода аз мошин мефарояд ва ба тамоми суръат ба самти коҳдон фирор карда худро зери коҳ пинҳон месозад.
Садои тир мардуми деҳаро ба по мехезонад ва онҳо ба тарафи хонаи муфтӣ меоянд. То омадани онҳо,ки аллакай қотилон кори худро ба анҷом расонида тарки маҳалли амалиёт карда буданд ва ҳавлиро сукути мутлақ фаро гирифта буд, Ҳабибуллохон худро бехатар ҳисобида аз таги коҳ берун меояд. Ҳанӯз чашми рӯз накафида, дар субҳи барвақт,ки ҳатто хешу ақрабо хабар наёфта буданд,худи президент Эмомалӣ Раҳмонов соати 4 уними субҳ бо як ҳайат аз кормандони телевизион ва журналистон меояд ба манзили муфтии шаҳидшуда. Дар назди 7 тан аз аҷсоди беҷон бо шумули ҷасади муфтӣ дар баробари камераи телевизион истода, бидуни онки ҳанӯз кадом ниҳоду мақомоти тафтишотие, ҳатто фарзия пешниҳод кунад, эълон мекунад, ки ин кори дасти мухолифин аст. Хуб диққат диҳед ба ин ҳодиса ва аз макрҳои Раҳмонови қотил хуб огоҳ гардед. Мегӯяд,ки онҳоро дар Эрону Покистону Афғонистон омода карда фиристодаанд ва ҳоло бубинед, ки ба чи корҳо машғуланд. Вале боз шумо мегӯед, ки мо бо ин террористҳо сари миз нишаста гуфтугӯ кунем. Ман бо ин террористҳо,ки дар шаби аввали моҳи Рамазон муфтии мусулмонҳоро куштанд,чи тавр сари як миз нишинам? Чи хеле гуфтам Раҳмонов,ки имрӯз “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ба худ унвон додааст бо ин амали ноҷавонмардонааш мехост раванди гуфтушунидро қатъ кунад ва давлатҳои хориҷӣ кӯмакаш кунанд, ки ҳамаи мухолифинро кушта несту нобуд кунад.
Бечора муфтӣ ва фарзандони ӯро худи Эмомалӣ Раҳмонов ба куштан дод. Аммо чаро маҳз муфтиро ҳадаф қарор дод? Дар ин бора каме пойинтар хоҳам гуфт.
Бастани дасту пойи Ҳабибуллохон ба хотири он буд,ки аввал кори муфтиро тамом карда сипас ӯро ҳам бикушанд. Зеро дар ҳеҷ ҳолат шоҳид гузоштанӣ набуданд. Аммо чи хеле гуфтем, бо хосту мадади Худо ӯ тавонист аз чанги онҳо фирор кунад. Ҳабибуллохон тӯли як моҳи пас аз куштори падар шабу рӯзи худро дар утоқҳои кормандони амният гузаронд. Вайро бо тамоми усулу тактикаҳо пурсида хостанд бифаҳманд, ки ӯ нафарони ҳамлакарда ба манзили эшон-қотилони падар ва аъзои хонаводаи ӯро мешиносад ё не? Вале ӯ мегӯяд,ки торик буд,касеро надидам ва нашинохтам. Агар ӯ баракси инро мегуфт ва мегуфт,ки бинам мешиносам, ӯро бо ягон баҳона дар ҳамон вақт мекуштанд. Ҳабибуллохон зиракиро кор бурда мегӯяд тамоман надидам ва намешиносам.
Ба дунболи изҳороти Раҳмонов роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик бо як баёнияи расмӣ куштори муфтиро шадидан маҳкум кард. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, роҳбари ҳайати музокиротии ИНОТ аз Пешовари Покисон,ки он шабу рӯзҳо дар Покистон қарор дошт ба расонаҳо гуфт,ки ҳадафи ин амали террористӣ қатъи гуфтушунид ва аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Вай гуфт, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон на як бору ду бор бо муфтӣ дидору мулоқот доштааст ва муносибати миёни онҳо хуб буд: ”Ҳеҷ як мусалмони ҳақиқӣ даст ба сӯи як раҳбари рӯҳонӣ баланд намекунад. Гузашта аз ин ӯ ҷонибдори мо буд”. Оё дар воқеъ муфти Фатҳуллохон Шарифзода ҷонибдори нерӯҳои мухолифин буд? Ва,чаро устод Тураҷонзода ӯро “ҷонибдори мо” гуфт?
То онҷое маълумот дорем Фатҳуллохон Шарифзода ва падари марҳуми ӯ домулло Шариф ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо солҳи тӯлонӣ миёни ҳам робита ва дӯстӣ доштаанд. Ҳанӯз қабл аз онки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода,қозии Тоҷикистон интихоб ва Фатҳуллохон Шарифзода сархатиби Ҳисор бошад иртиботу равуо миёни ин ду хонводаи рӯҳониёни барҷастаи кишвар вуҷуд доштааст. Дар натиҷаи ҳамин шинохти хонаводаист,ки Фатҳуллохон Шарифзода дар соли 1989 бо мусоидат ва дастгирии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки қозии Тоҷикистон буд ба вазифаи сархатибии Ҳисор таъин гашта буд. Раҳмонов ва дастгоҳи амниятии ӯ баъди чанде аз ин робитаи хонаводаи рӯҳониёни маъруф пай бурда нисбати муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода машкук ва нобовар мешавад. Гуфта мешавад, ки сабаб ва мояи бадбинӣ ва мавриди ҳадаф қарор гирифтани ӯ аз тарафи Раҳмонов ҳамин иртибот ва алоқаву ихлоси ӯ бо Тӯраҷонзода будааст. Барои онки шубҳа ва гумонҳои худро рафъ ва садоқати муфтиро нисбати худ ташхис бидиҳад аз ӯ мехоҳад,ки тавассути радиову телевизион алайҳи Тӯраҷонзода ва ИНОТ бадгӯӣ кунад. Аммо Фатҳуллохон Шарифзода ҳар бор ин дастур ва хостаи Раҳмоновро бо ҳар баҳонае иҷро намекунад. Баракс дар бархе аз маҳфилҳо иқдомоти ҳардуҷониб дар мавриди сулҳу оштиро ситоиш ва талқин карда ҳарчи зудтар бозгардонидани онҳо аз хориҷаро ҷонибдорӣ мекунад. Ин ҳарфҳои ӯро суханчинҳо бо иловаву изофаҳои пур аз тӯҳмат бурда мерасонад ва ба назари Раҳмонов ӯ нафари ҷонибдори ИНОТ ва Тӯраҷонзода менамояд.
Раҳмонов,ки бе ин ҳам бо ислому муллову руҳоният мушкил дошт ва ҳеҷ гоҳ намехост як рӯҳонии муътабар ва маъруф соҳиби вазифа ва мансаб бошад. Иллати дигари қатли Муфтӣ инҳам метавонад бошад ва Раҳмонов дигар тасмими маҳви ҷисмонии муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзодаро гирифт. Зеро дар он шароит ва авзоъ,ки ҳукуматаш дар сари қил истода на танҳо навоҳии вилояти Суғдро амвоҷи зидди раҳмоновӣ ва зидди кадрҳои фиристодаи ӯ фаро гирифта буд,балки дар водии Ҳисор ҳам хезишҳо ва тазоҳуроти мардумӣ ва норизоияти қумандонҳо дар авҷ буд, наметавонист ошкоро ӯро аз мақом бигирад. Вай пуштибонии ҳисориҳоро ҳам он замон аз даст дода буд. Аммо вай муфтиро маҳв кардан мехост. Барои ҳамин як пайту вақти муносиб мекофт то аз ӯ халос шавад. Дар ҳамон суханронии телевизиониаш бо тӯҳмату бӯҳтон дақиқан он кореро ки ҳоло мекунад ба мухолифони сиёсияш, куштори муфтиро бори дӯши онҳое кард,ки “дар кишварҳои исломӣ омода ва маблағгузорӣ” шудаанд. Ин изҳорот,чуноне мебинем як тӯҳмати маҳз буд. Аммо куштори муфтӣ танҳо ҳодисаи қатли шахсиятҳои муътабари кишвар набуд,ки тавассути Эмомалӣ Раҳмонов ва қотилони ӯ иттифоқ афтода бошад.
Аввалин кушторе,ки ин гурӯҳ ҳанӯз ҳукуматро нагирифта анҷом дода буд,куштори Муродулло Шералиев,депутати Шӯрои олии Тоҷикистон ва сардабири нашрияи “Садои мардум” буд, ки дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои олӣ ва дар айни авҷи тазоҳуроти ташкилдодаи Сангак Сафаров кушта гардид. Қотили ӯ як ходими умури дохила буд,ки баъдан чандин сол дар ҳайати муҳофизони Эмомалӣ Раҳмонов кор кард. Вай бояд Сафаралӣ Кенҷаевро мекушт. Аммо Муродулло Шералиевро ба ӯ иштибоҳ гирифта куштанд. Аммо баъдан Сафаралӣ Кенҷаевро, ки дигар ба мухолифи сарсахти Раҳмонов табдил шуда буд, куштанд ва бори дигарҳо карданд. Ҳамин тавр:
Минҳоҷ Ғуломов,
Юсуфҷон Исҳоқӣ,
Моёншо Назаршоев,
Мунавваршо Назриев,
Мухаммад Осимӣ,
Сайф Раҳимзода,
Отахон Латифӣ
Мухиддин Олимпур
Инчунин ва садҳо афроди маъруфи дигарро Раҳмонов ва ҷаллодони тоҷиккуши ӯ ба шаҳодат расонида бори дӯши мухолифин карданд. Барои мисол ҷаҳонпаҳлавон Мӯсо Исоеви масчоиро Файзалӣ Сайид бо холӣ карлани як ҷаъбат тир ба шаҳодат расонд ва ё инки овозхон Кароматулло Қурбонро Восит ном боевики Фронти халқӣ кушт ва ҳамин тавр Виктор Никулин-хабарнигори ОРТ-ро Лангарӣ Лангариев дар ағбаи Чормағзак ба қатл расонд.Қотили Сайф Раҳимзода,нависанда ва раиси Кумитаи радио ва телевизион боздошт ва ҳукми қатл гирифт. Маълум шуд,ки яке аз ҷангиёни Фронти халқӣ ва ҷияни вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон будааст. Ҳамин тавр беш аз даҳҳо сиёсатмадору масъулони вазоратҳо ва 70 журналисту адиб ба шумули Охонлаъл Оламов, вазири нақлиёт,Пиримқул Сатторӣ, Филолишои Хилватшо,Хушбахт Муборакшоев, Шарифамоҳи Кишвардухт, Қулмаҳмад Абулҳуесейнов, Ҷамшед Давлатмадов , Файзуллоев Таваккалро ҷаллодони Фронти халқӣ танҳо ба хотири помирӣ ва ғармӣ ва тарафдори мухолифин буданашон кушта бори дӯши мухолифин карданд. Ҳатто куштори Тағайхон Шукуров, Сияршо Шоев, депутати Шӯрои олӣ ва бародари ӯ Сайидшоро,ки Хӯҷа -командир,як калабури манфури Фронти халққӣ кушта буд мисли дигар кушторҳо бори дӯши мухолифин карданд. Аммо ҳақиқат дер ва ё зуд ошкор ва қотили асосӣ маълум мешавад. Хуб фаҳмидем,ки қотили асосии фарзандони баруманди ин миллат Эмомалӣ Раҳмонов ва дастаи ҷиноятпешаи ӯ буданд ва то имрӯз ҳам ин қатлу кушторҳо ва фишорҳо дар кишвар идома доранд.
Қотилони Муфтӣ бо ҷурми дигаре боздошт мегарданд
Баъди чаҳор ва ё панҷ моҳи ҳодисаи куштори муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода як гурӯҳи ҷинояткорро барои як куштори дигар дар Ҳисор дастгир карданд, ки дар гузашта аъзои Фронти халқӣ будаанд. Вақте онҳоро дар шӯъбаи милисаи Ҳисор маҳкам мекунанд, як нафари онҳо мегӯяд,ки ҳақ надоред маро маҳкам кунед. Ман корманди амният ва узви Фронти халқӣ. Ӯ мегӯяд, ки агар маро раҳо накунед, рози куштори муфтиро ба ҳама мегӯям ва мегӯям,ки бо фармони шумо муфтӣ ва хонаводаашро куштем.Аз ин изҳори назар ва суханони нафари дастгиршуда дар шӯъбаи милисаи Ҳисор кормандони зиёде бохабар мешаванд.Дар ҳама ҷо овоза паҳн мешавад,ки қотилони муфтиро боздошт кардаанд. Онҳо ҳоло дар таҳхонаи шӯъбаи милисаҳои Ҳисор маҳкаманд.Пас аз 2 ва ё 3 рӯз таҳхонаи милисаи Ҳисор метаркад. Маълум мешавад,ки дар дохили шӯъбаи умури дохила бо норинҷак кафонда мекушанд. Аммо тавзеҳ медиҳанд,ки худашро бо граната кафонда худкушӣ кард.
Як нуктаро инҷо мехоҳам тавзеҳ диҳам,то барои хонанда фаҳмотар шавад. Субҳон раиси милесаи ноҳияи Ҳисор буд ва ӯ аз муридон ё дӯстдорони Муфтӣ буд.Қабл аз ҳашт нуҳ моҳ барои инки амалиёте мегузаронанд онро халалдор накунанд.Субҳонро ба ноҳияи Рудакӣ раиси милеса таъин мекунанд. Аммо дар ноҳияи Ҳисор Ҳабиб Маҷидро аз ноҳияи Рудакӣ оварда дар ноҳияи Ҳисор таъин мекунанд,ки ӯ аз муридони Муфтӣ набуд ва барояш аслан муҳим набуд.Он солҳо Ҳабиб Маҷид подполковник буд ва пас аз ин ҳодиса ӯ ба дигар мақомҳои баланд кор карда аст ва ба рутбаи генералиҳам расид ва ҳоло нафақахур ва ё генерали мустаъфӣ мебошад. Агар хоҳед ҳодисаи кафидани гранат дар тагхонаи милесаи Ҳисор фаҳмед метавонед аз генерал Ҳабиб Маҷид пурсед. Агар натарсад бароятон ин ҳодисаро нақл мекунад ва он вақт мефаҳмед,ки фармони қатли Муфтиро худи Эмомалӣ Раҳмонов содир кардааст.
Мардуми Ҳисор то ба ҳол ин ҳодисаи ғайримуқаррариро аз ёд набаровардаанд.Аммо он замон чизе гуфта намешуд.Чи тавр як қотил даруни ИВС-таҳхонаи милиса худро метарконад? Ва,он ҳам баъди се рӯзи дастгиршавӣ? Ӯ аз куҷо граната дастрас кард, кӣ ба ӯ онро расонд ва чи тавр? Дақиқан ҷаноби Ҳабиб Маҷид фармон гирифт ва он қотилонро бе мурофиа кушт,то сир ифшо нашавад.
Дар асл ӯ як боевики номдори Фронти халқӣ буд ва дар амният кор мекард.То ҳамин имрӯз ин ҷиноят нокушода боқӣ мондааст.
Писари Муфтӣ амниятии қотили падаршро пайдо мекунад вале…
Аммо гардиши рӯзгорро бубинед,ки пас аз солҳои зиёд Ҳабибуллохон писари муфтӣ бо нафаре,ки дасту пояшро баста даруни УАЗ афканда ва яке аз қотилони падараш буд, рӯбарӯ мезанад. Ӯро мешиносад ва чанд гоҳе аз паяш мегардад. Маълум мекунад, ки ӯ корманди Кумитаи амнияти миллӣ аст.
Ӯ рафта ба амният хабар медиҳад, ки ҳамин корманди шумо қотили падари ман аст. Моҷароро аз аввал то ба охир қисса мекунад. Кормандони амният бо ӯ баҳсу даъво мекунанд ва ӯро мегиранду дар таҳхонаи амният маҳкам мекунанд. Пас,аз чанд рӯз бо таҳдиду фишор ва гирифтани забонхат,ки агар дар ҷое аз ин боб сӯҳбат кунӣ, зинда намегузорем, раҳояш мекунанд. Ҳабибуллохон баъди ин ҳодиса дар дохили кишвар пинҳонӣ мегашт. Ҳеҷ кас намедонист,ки ӯ куҷост. Кам-кам шабона ба хонааш ба дараи Алмосӣ меомаду бас. Вақте ӯ вориди хона мешуд, ки ҳама хуфтаанд. Вале, дар ҳар сурат то ба охир пинҳон намонд ва овоза ба берун баромада ба гӯши кормандони амният расид. Аз соли 2016 Ҳабибуллохон беному нишон шуд,нопадид гашт. Ҳарчанд аҳли хонаводааш ба ҷустуҷӯяш баромада хеле кофтанд, нишонеро ҳам ба даст наоварданд. Дар соли 2019 кормандони милисаи Ҳисор хонаводаи ӯро даъват карда ва чанд пора аз устухонҳоеро медиҳанд ва мегӯянд, ки дигар накобед ӯ дар фалон ҷо аз маводди мухаддир мурдааст. Аҳли хонавода устухонҳоро гӯр мекунанд. Хонандаи гиромӣ ҷиноятҳои Раҳмоновро дида истодед,ки читавр ваҳшиёна ва нобахшуданист?
Нақли Ҳабибуллохон ва шинохтани қотили падараш
Ҳабибуллохон вақтеҳое ки паноҳиву баҷоӣ зиндагӣ мекард, боре ба амӯяш-бародари хурдии падараш моҷарои чи тавр шинохтани қотили падар ва пайи ӯро гирифтану рафтан ба Кумитаи амният ва ариза кардану ба мақомоти амниятӣ нишон долан, ки фалон корманди шумо падарамро дар соли 1996 кушт ва ӯро ман шинохтам ва сипас қариб як моҳ дар таҳхонаи амният маҳкам шуданашро қисса мекунад. Вай мегӯяд,ки ӯро бо шарти нигоҳ доштани ин асрор ҷавоб доданд вале қалбу ҷонаш алов дорад, намедонад чи кор бикунад?
Ҳоҷӣ Сайфуллохон,писари хурдии домулло Шарифи ҳисорӣ ва амаки Ҳабибуллохон бисёр ҳам як шахсияти бообрӯ ва соҳибкори номдор буд дар Ҳисор. Вай ин масъаларо бо кадом шиносаш дар байн гузошта бо кадоме аз кормандони баландмартабаи Кумитаи амният низ сӯҳбат мекунад ва аз ӯ мехоҳад қотили падараш ба ҷавобгарӣ кашида шуда ҷазо бигирад.Баъди ин сӯҳбат рӯи сиёҳи Ҳабибуллохон ба сари ҳоҷӣ Сайфулло меояд. Ӯро на шаб ором мегузоранд ва на рӯз.Зери таҳдиду азобу шиканҷа аз тамоми гуфтаҳояш даст мекашад вале тоб наоварда илоҷи корро дар фирор аз Ватан мебинад ва ҳоло солҳои зиёд аст ки дар гурез аст ва ба Тоҷикистон омада наметавонад. Ӯро ба маблағи калон қарздораш карданд дар сафри ҳоҷиён ва феълан дар ғурбат аз дасти ҷаллодони Раҳмонов барои ҳифзи ҷонаш қарор дорад.
Баъд аз чанд соли куштори муфти Фатҳуллохон Шарифзода дар байни мардуми Ҳисор овозаву миш-мишҳо пайдо шуд,ки куштори муфтӣ кори дасти Эмомалӣ Раҳмонов аст. Обрӯи Эмомалӣ ва сафи ҷонибдоронаш дар Ҳисор тамоман коҳиш ёфт. Мардуми Ҳисор бо Эмомалӣ Раҳмонов чап шуданд. Чанд навбат тазоҳуротҳо ҳам сурат гирифт ва намояндаҳои маҳалли Раҳмоновро аз вазифаҳо пеш карданд. Эмомалӣ чораро дар коргирии ҳилла мебинад, то дар назди мардуми Ҳисор ҳамчун қотили муфтӣ дониста нашавад. Бародари муфтии марҳум-қорӣ Сунатуллоро,ки дар байни мардум нуфуз ва эътибору эҳтироми зиёд дошт, ба худ наздик мекунад ва ҳатто ӯро ҳамроҳи худ ба Украина барои дидани қабри бародараш,ки солҳои аскарӣ дар онҷо вафот кардааст, мебарад. Баъди бозгашт аз Украина ӯро зуд-зуд дар телевизион нишон медоданд. То мардуми водии Ҳисор бинанд,ки чи қадар Эмомалӣ Раҳмонов бо марҳум муфтӣ ва хонаводаи ӯ алоқа ва эҳтиром дорад. Вақте модари Эмомалӣ Раҳмонов даргузашт қорӣ-Сунатуллоро ҳар рӯз ба манзили Раҳмонов ба Данғара мебурданд, ки мардуми Ҳисор бубинанд ва гумон накунанд,ки муфтиро Эмомалӣ куштааст.Қорӣ Суннатуллоҳҳам бо шакли мармӯзе ба гуфти худи Эмомалӣ Раҳмонов бо фишори баланд,ки дар чашмонаш таъсир мекунад ва ҳаминхел бо сад дарду алам соли 2008 аз олам мегузарад. Акнун дидед хонандаи гиромӣ Раҳмонов вақте куштанро шурӯъ кунад чихел комилан як авлодро нобуд мекунад? Ана ин аст шахсияти паси пардагии Эмомалӣ Раҳмонов “Пешвои муаззами миллат”
Бигзор мардуми Ҳисор ва махсусан фармондеҳони Фронти халқӣ,ки барои сари ҳукумат овардани Раҳмонов хидмат карда ва ҳоло нисфашон кушта ва нисфашон овораи ватананд, ин ҳақиқати талхро бишнаванд,ки онҳо“кидат” шуданд. Ҷамолиддин Мансуров, Ибод Бойматов, Ҳабиб Насруллоев, Малик Солеҳов ва Субҳон ва Луқмон қумандон:-бархе мурда,бархе зиндонӣ, бархе гуреза ва бархе ҳам,ки ҳастанд,мурда-мурда зиндагӣ доранд.
Писари дигари Фатҳуллохон Шарифзода- қорӣ Файзуллохон дар ҳамон шабурӯзҳои қатли падар дар Миср таҳсил мекард. Ӯ 17 сол дар Қоҳира хонд. Шахси бисёр ҳам машҳур ва маҳбуб аст. Ӯ низ тарки Тоҷикистон карданӣ буд.Аммо солҳои 2008–2009 ҳама, аз ҷумла муҳассилинро,ки аз хориҷа оварданд, ӯро ҳам бозгардониданд. Пайваста зери назорати мақомоти амният қарор дорад ва ҳафтае нест,ки як маротиба барои бозпурсӣ ба амният даъват накунанд.Аллоҳ ҳифзашон кунад,то аз ӯҳам қасд нагирад Раҳмонов.
Ҳамин тавр баъди 24 соли қатли муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода ҳақиқати ин куштор ошкор мешавад. Муфтӣ Фатҳуллохон Шарифзода соли 1936 таваллуд шуда ва соли 1996 дар 60 солагӣ ноҷавонмардона аз тарафи ходимони амниятӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмонов ба шаҳодат мерасад.Падар ва амаки ӯ аз рӯҳониёни машҳури кишвар ба шумор мерафтанд. Беш аз 20 сол дар Идораи хоҷагии оби Ҳисор фаъолият кардааст. Аз соли 1989 сархатиби Ҳисор ва аз феврали соли 1993 муфтии Тоҷикистон интихоб мешавад.
PS: Хуб хонандаи гиромӣ ин ҳам як чакомае аз қатлҳои занҷиравии Эмомалӣ Раҳмонов буд,ки тақдими шумо азизон намудем.
Пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дар таҳияи ин қатли ваҳшиёна аз он афроде бо мо дар таҳия ва омодасозии ин “қатли ваҳшиёна”ҳамкорӣ намуданд изҳори сипос менамояд. Инчунин манобеъи муътамад аз дохили кишвар аз дастгоҳи амнияти миллӣ,ки бо Ислоҳ ҳамкорӣ карданд аз эшон изҳори сипос мекунем барои дар ихтиёри мо ин маълумоти муътамади оперативиро қарор доданд.
Агар шумо ҳам чунин ҷиноятҳоеро донед ба Ислоҳ онро расонед,то онро расонаӣ кунем.