Куфтани дар! (хело қиссаи ҷолиб аст барои худшиносӣ)

Ислоҳ нет

Куфтани дар!
(хело қиссаи ҷолиб аст барои худшиносӣ)
Фузайл Ибни Айёз (раҳ) мегуяд: Омухтам сабрро аз тифли хурдсоле.Як рӯз ба масҷид мерафтам ва ҳодисаеро дидам,ки хело ҳаётамро тағйир дод.Як занеро дарёфтам,ки мезад писари хурдсолашро ва ин писари хурдсол дарвозаро кушод ва ба берӯни хона гурехт.Модараш дарвозаи хонаро баст.
Ман ин ҳодисаро дидам ва ба намоз рафтам вақте аз намоз баргаштам чашмам ба он писар баччаи хурдсол афтод,ки дар назди дари хона пас аз гиряи зиёд афтода хобаш бурдааст.Модараш чун дилаш ба фарзандаш сухт ва дари хонаро боз намуд ва писарашро ба оғуш гирифта дохили хона гардид. Ҳазрати Фузайл мегуяд : Ин ҳолатро дидам ва сахт гиристам ҳатто,ки ришам аз гиря тар гашт.Бо худ чунин гуфтам: Субҳоналлоҳ эй Фузайл диди ин сабрро? Агар банда сабр кунад дар назди дарвозаи Худованд ҳатман боз менамояд он дарвозаро бар рӯяш.Абудардо (р) саҳобии ҷалилул қадри Расули Акрам (с) мегӯяд: Биёбед бо дуъо… Зеро шахсе,ки зиёд мекубад дарвозаро шакке надорам инки он дарвоза ҳатман бар рӯяш кушода мешавад.(М Ибни Абушайба 6\22)Ҳаргиз набояд ноумед гардем аз раҳмати Аллоҳ ҳамеша бояд дуъо кунем ва аз Холиқамон бипурсем агар дар пурсишамон содиқ бошем ҳатман онро Ӯ таъоло бароямон медиҳад !

Share This Article