Қатли оми зиндониён – ҷузъи “сиёсати дурусту созанда”-и роҳбари кишвар?

Ислоҳ нет

Аввалин шуда, аз номи ҳукумати Тоҷикистон  қазияи қатли оми зиндониён дар зиндони № 3/3 шаҳри Хуҷандро Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як вокуниш ба мақолаи Темур Варқӣ- рӯзноманигори тоҷик шарҳ дод.

 

Кумитаи дин зимни вокуниш ба мақолаи “Кровавая резня в Худжандской зоне пособников ИГИЛ”-и Темур Варқӣ, рӯзноманигори тоҷик, қатли оми зиндониён дар маҳбаси Хуҷандро Мубориза бар зидди ҷинояткорию терроризм”  унвон карда, як ҷузъи “сиёсати дурусту созанда”-и роҳбари кишвар эълом намуд.

 

Бар замми ин Кумитаи дин чанд дурӯғи шохдореро ҳам барои сафед кардани мақомот зикр кардааст, ки “узри бадтар аз гуноҳ”-ро мемонад. Ин вокуниш, ки аз номи “таҳлилгар”-и гумном Парвизи Мирзо нашр шудааст, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, Темур Варқиро ба он гунаҳкор медонад, ки ӯ амалиёти гурӯҳи зудамали “Алфа” ва ОМОН-ро “ғайриинсонӣ ва “ғайрикасбӣ” донистааст. Дар вокуниш омадааст:

 

“Ин муаллифи бадбахт амалиёти мақомотро зимни пахши ошуби зиндониёни мусаллаҳшуда ва хеле хатарнок “ғайрикасбӣ” ва “зиддиинсонӣ” унвон мекунад  ва норозӣ аст, ки дар ин маврид аз неруи ОМОН ва “Алфа” истифода шудааст. Аммо вай бо ин навиштааш рӯсиёҳӣ мекунад ва хонандагонро ба каҷфаҳмию иштибоҳ андохтанӣ аст. Аввал ин ки амалиёт бо вуҷуди мавҷудияти вақти барои тасмимгирӣ кам (шумораи зиёди маҳбусон якбора мусаллаҳ шуда ба ҳуҷум гузаштанд ва мехостанд фирор кунанд) дар сатҳи зарурӣ доир шудааст. Агар амалиёт ғайрикасбӣ мебуд, ошуб пахш намегардид ва зиндониёни мусаллаҳ фирор мекарданд ва чунин ҳолат оқибати ниҳоят баде барои амнияти кишвар медошт”.

 

Ин бечора, таҳлилгари косалеси гумном, ки номашро ҳамчун таҳлилгар бори аввал мешунавам, беибову бидуни ҳеҷ шарму ҳаёе мегӯяд, кишумораи зиёди маҳбусон якбора мусаллаҳ шуда, ба ҳуҷум гузаштанд ва мехостанд фирор кунанд”.

 

Агар билфарз гуфтаҳои  Парвизи Мирзо дуруст бошад, дониста мешавад, ки аз 800 нафар маҳбӯс  шумораи зиёди онҳо мусаллаҳ будаанд. Пас онҳо ин қадар силоҳро дар дохили зиндон аз куҷо пайдо карданд?

 

Агар шумораи зиёди зиндониҳо мусаллаҳ буда бошанд, пас чаро аз ҷумлаи зиндонбонҳо ва гурӯҳи зудамал қурбонии зиёд нест. Чаро фақат ду зиндонбоне, ки фавтиданд, танҳо дар натиҷаи зарбҳо ба ҳалокат расидаанд, на аз тири силоҳ?

 

Наздик ба 200 нафар зиндониён, ки аз дами тири силоҳи гурӯҳҳои зудамали “Алфа” ва ОМОН гузаштанд, наздик ба 50 нафари онҳо фавтид. Зиёда аз 150 нафар захм бардоштанд, чаро зиндониҳо агар мусаллаҳ шуда бошанд, ягон тири ҷавобӣ нагардонидаанд ва ба бадани ягон зиндонбон ё аъзои гурӯҳҳои зудамали “Алфа” ва ОМОН тири силоҳ барнахӯрдааст, шаш нафар низомии захмбардошта низ аз лату куб захмин шудаанд?

 

Чизи дигар ин ки дар бораи ин ҳодиса даҳҳо расонаҳо навиштанд, магар ҳукумати тарсӯи фурсатталаби Тоҷикистон, ки то ба ҳол қазияро шарҳ надода, аз паи эҷоди афсонаҳост.

 

Бино бар ҳама маълумотҳои расонаишуда, маҳбӯсон дар даст силоҳи оташфишон надоштанд. Танҳо тахмин зада мешавад, ки дар дасти иддаи камшуморе аз зиндониён чанд сангпора ё хиштпора будааст, ки бар алайҳи зулми зиндонбонон шӯриш бардоштаанд.

 

Магар ҷазои шӯриш алайҳи зулм, аз дами теғи тир гузаронидан ва қатли ом кардан аст? Ин ҳақро онҳо аз куҷо ва аз рӯи кадом қонун пайдо карданд. Кадом марҳалаи мусолиҳатомези пахши ошӯб бидуни силоҳ ба амал омада буд, ки натиҷа надод? Магар зиндониёнро гурӯҳи зудамали “Алфа” ва ОМОН даъват ба таслим кард?

 

Боз якбори дигар возеҳтар пурсем, агар шумори зиёди зиндониён мусалаҳ буда бошанд, чаро онҳо ба ҳама тирбороншуданҳо вокуниши мусаллаҳона нишон надоданд. Охир ба гуфти Парвизи Мирзо онҳо “одамони одӣ не, балки шумораи хеле зиёди маҳбусони хатарноку мусаллаҳ” будандку?

 

Тавре Парвизи Мирзо мегӯяд, маҳбӯсоне, ки “ба ҳар амали хатарнок қодиранду танҳо шартан инсон гуфта мешаванд” бо силоҳҳое, ки мусаллаҳ буданд, ақалан сӯи як нафари низомиён тир холӣ накарданд? Магар ба қотилонашон “инсонҳои шартӣ ва хатарнок” раҳмашон омад?

 

Фарз кардем, силоҳҳои маҳбӯсон табару теша ва хиштпораву сангу чуб буд, магар гурӯҳи ҳирфаӣ, ки зудамал ном дорад ва бояд, ки ҷисман тарбиятёфта ва боқувват бошанд, алайҳи маҳбӯсони первловкахуру лоғар, ки силоҳашон табару теша будааст, бояд тир холӣ кунанд? Оё намешуд, ки бо истифода аз усулҳои муҳорибаи ҷисмии бидуни силоҳ гурӯҳи зудамал ошӯбро пахш кунанд? Қодир ба муҳорибаи ҷисмӣ набудани гурӯҳи зудамал алайҳи ошӯбгарон магар  шармандагӣ нест?

 

Бетардид, ин ҳама баёнгари онаст, ки зиндониён “живой мишень” шудаанд ва табиист, ки ин амал “зиддиинсонӣ” ва “ғайрикасбӣ” асту ҳақ бар ҷониби Темур Варқист.

 

Бармеояд, ки мақомот бо ингуна вокунишҳои по дар ҳаво ва бе сару нуги таҳлилгарони гумномаш, мисли Парвизи Мирзо танҳо худашро шарманда мекунад, на чизи дигар.

 

Дар ин вокуниш таҳлилгари гумноми Кумитаи дин, Парвизи Мирзо, ҲНИТ-ро ба афсонабофӣ гунаҳкор кардааст ва нигарон аз он аст, ки фаолони ҲНИТ ҳукуматро тӯҳмат мекунанд. Ӯ менависад:

 

“Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд”.

 

Афсонабофиро чуноне, ки дар боло шарҳаш оварда шуд, шумо косалесони ҳукумат мекунед ё наҳзатиён? Агар фаъолони наҳзат бо  нигаронӣ аз фавтидани шумори зиёди зиндониён вокуниш нишон додаанд, ин нишонгари инсонигарӣ ва талоши қонунмеҳварист на афсонабофӣ!

 

Оё намеандешед, ки дар аксар ҷангҳо ва задухурдҳои мусаллаҳонаи таърихӣ, дар ин муддати кӯтоҳ то ин шумор талафоти ҷонӣ нашудааст?

 

Оё намеандешед, ки зиндон макони ислоҳ асту бояд ҳукумат новобаста аз чигуна даҳшатноку хатарнок будани маҳбӯс, тавони равонии ислоҳи ӯро бидуни ҷабру зулму шиканҷа ва қатлу куштор дошта бошад?

 

Магар ҳуҷуми мусаллаҳона алайҳи садҳо нафар маҳбуси бепушту паноҳ ва  аз чор тараф бо девори баланд ва симхор печонидашуда “инсонигарист”? Ҳамингуна амал дар конслагери фашистӣ ҳам бо ин ҳад бераҳмӣ шояд ба амал наомада бошад.

 

Оё намеандешед, ки ин ҳама бояд маҳкум шавад ва бояд ҳукумат аз сиёсати ваҳшиёна даст бикашад?

 

Оё намеандешед, ки ин ҳама амалҳои бераҳмона дар вуҷуди шаҳрвандон ангезаи қасосу қасдгириро бедор мекунад ва ин худ ба худ мардумро ба сӯи тундгароиву ваҳшатафканӣ тела медиҳад?

 

Пас бидонед, ки ин амали мақомот ваҳшигарист ва ин ҳама сафсатаҳои шумо “узри бадтар аз гуноҳ” аст.

 

Бидонед, ки ин амал Мубориза бар зидди ҷинояткорию терроризм”  набуда, балки қатли оми зиндониён худ як амали ҷинояткорона ва террористӣ аст. Ин ҷузъи  “сиёсати дурусту созанда”-и роҳбари кишвар набуда, балки камоли бехирадист. Бар ҳама ҷиноят номи роҳбари кишвар барои шумо ҷавшан аст. Ин ҳама то кай?

 

Бидонед, ки чархи фалак гарданда асту ҳеҷ кас ба ин дунё сутун намешавад. Ин ҳама ҷиноятҳо беҷавоб нахоҳанд монд!

 

Ба ҷои ин ҳама бехирадӣ, ҳарчи зудтар аз ҳолати мастӣ бираҳеду ба худ оед. Чашмони воқеъиятбинатонро боз кунед. Пунба аз гӯшони воқеъиятшунаватон бикашед. То бубинеду бишнавед, ки дар олам чи мегузараду шумо миллатро ба кадом ғори бетаг тела дода истодаед.

Шавкати Муҳаммад

 

 

Share This Article