Маҳдудиятсозиҳои Раҳмонов ҷавононро ифиротӣ мекунад

Ислоҳ нет

 

Сабаби ифротӣ ва ифротгаро шудани ҷавонон дар Тоҷикистон ҳукумати Раҳмонов аст. Тақрибан дар ҳама вохуриҳои президент, дар ҷаласаҳои раисони вилоятҳо, дар ҳама ҷамъомадҳои намояндагони ҳукумат ҳатто дар ҷаласаҳои раисони ҷамоатҳо ва дар мактабҳову боғчаҳои кӯдакон аз хатари терроризм ва гурӯҳҳои радикалӣ ва пайвастани ҷавонон ба онҳо таъкид карда мешавад.

 

Сабабаби рӯй овардани ҷавононро ба ин гурӯҳҳо ҳукуматдорон дар дастрасии ҷавонон ба интернет, телефонҳои мобилӣ ва ё бетаваҷҷӯии волидон медонанд, вале рӯи он мушкилихое, ки худашон барои ҷавонон ҳамарӯза эҷод мекунанд, ишорае кучаке ҳам аз ҷониби ин гурӯҳ карда намешавад.

 

Дар сурате, ки ягона омиле, ки сабаби пайдоиши ҳаргуна гурӯҳои радикалӣ ва террористӣ дар ҷомеа ва пайвастани ҷавонон ба онхо мешаванд, ҳукуматҳои диктатурӣ ва худкома ба мисли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳам чун ӯ роҳбарон мебошанд.

 

Дар ҷомеае ва ё кишваре, ки дар он на интихоботи озод аст, на озодӣ, то ки мардум роҳбари кишвар ва ё намояндаи худро дар порлумон интихоб кунанд ва ба ин тариқ тавонанд хостаҳо ва ниёзҳои худро аз ҳукумат талаб намоянд ва онҳоро дар ҷомеа амалӣ созанд,ҳар гуна равия ва афроди норозӣ пайдо мешаванд.

 

Дар як кишвари бо ном “демократӣ” -Тоҷикистон, дар тули 30 сол як нафар ва як хонадон ҳукумат мекунад. Тамоми озодиҳои мардум аз тарафи ин хонадон салб карда шудааст ва ҳама бадбахтиие, ки ба сари миллат омадааст, сабабгораш худи Рахмонов ва аъзои оилаи ӯ мебошад. Тамоми соҳаҳои даромадноки кишварамон, аз даромади ҳочатхонаҳо сар карда то тиҷоратҳои бузург, маъданҳои зеризаминӣ аз ҷониби духтарон ва домодонаш ба мисли тортанак печонида гирифта шудааст. Ҳеҷ кас ҳақи хурдтарин тиҷоратро бе иҷозаи онҳо надорад.

 

Вазъияти иқтисодии кишвар рӯз то рӯз бадтар шуда, сафи муҳоҷирини корӣ дар хориҷа меафзояд. Ҳукумат ва аъзои зиёди он ба як тӯдаи муфтхӯроне табдил гаштаанд, ки чун каргаси лошахӯр чашмонашон ба пули муҳоҷирони корӣ дар Русия буда, чоранд, на танҳо маоши кориашон аз ҷониби онҳо таъмин мешавад, балки ба ҳар роҳу восита мекӯшанд, то қонуну қарорҳои ҷадидеро содир намоянд ва аз пули онҳо каму беш бидузданд. Як мисолаш қароре, ки рӯзҳои охир аз тарафи муовини раиси Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раиси ҷумҳурр дар бораи фиристодани пули аз хориҷ содир шуда буд, мебошад. Ӯ бо ин қарори содир кардааш, метавонад солона аз ҳисоби муҳоҷирин 30 миллион доллар ба нафъи худ бидуздад.

 

Ин қарори мазкур аз ҷониби домоди Раҳмонов, на танҳо қимати фоизи фиристодани пулро боло бурд, балки ҳама муҳоҷиринро дар хориҷ ва хонадони онҳоро дар дохил сарсону саргардон кард. Моҳҳо боз рафту омад мекунад, аммо пули фиристодаро аз дохили кишвар наздиконашон дастрас карда наметавонанд.

 

Ҳама мушкилоте, ки муҳоҷирин дар хориҷ доранд, сабабгори асосии ин ҳама роҳбари ва ё ҳукуматдории Раҳмонов, домодҳо ва духтаронаш мебошанд.

 

Дар баробари ин ҳама мушкилиҳои эҷод карда, одитарин кумаки ҳуқуқӣ ба онхо дар сурати мушкили пеш омадан карда намешаванд. Муҳоҷироне, ки дар хориҷ вафот мекунанд, аз ҳисоби кумаки худи муҳоҷирин ба Ватан фиристода мешаванд. Ширкати ҳавопаймоие, ки пули ҷасадҳоро мегирад ва онҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад ба домоди дигари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов таааллуқ дорад ва аз ҷасадҳои беҷон ҳам инҳо пул медузданд.

 

Мушкилоти дигаре, ки боиси бавуҷуд омадани гурӯҳҳои террористӣ мешавад,маҳдудият дар озодиҳои динӣ ва ё эътиқодӣ мебошад.

 

Озодии эътиқод дар Тоҷикистон дар ҳолати бадтарин қарор дорад, ҳама сола аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мавриди сарзаниш ва интиқоди шадид қарор мегирад. Ҷанг алайҳи дини миллат ва арзишҳои он аз ҷониби ҳукуматдорон ба хусус раиси кишвар Раҳмонов шадидан ба роҳ монда шудааст .

 

Ҳар киро хоҳанд мекушанд ва ҳар ки ба табъи дилашон нест ва барои курсияшон дар оянда хатаре дорад, бо баҳонаҳои мухталиф тӯҳмат намуда, молу мулкашро гирифта, худашро хоини миллат ва ё аъзои кадом гурӯҳҳои мамнуъ эълон карда, сипас ба мӯҳлатҳои тулонӣ паси панҷараи зиндонҳо мепартоянд.

 

Дар ҷомеае, ки 99 дарсади шаҳрвандонаш мусалмонанд, зани мусалмон бо либоси исломӣ, ки риоя карданаш як рукни муҳими дину эътиқодаш аст, гашта наметавонад, куҷо расад дар макотиби оливу миёна таҳсил кардан, ҳатто дар кӯчаҳои кишвар аз дасти роҳзанон ва таҷовузкорони Раҳмонов озодона гаштугузор карда наметавонад. Ҳамарӯза занону хоҳарони мусалмон танҳо барои доштани рӯсарӣ, ки ҳаққи қонунӣ ва ё конститутсионии онҳост, аз ҷониби кормандони мақомот дастгир шуда, бо лаҳни хело ҳам бад таҳқир ва ё ҷарима карда мешаванд. Яке аз онҳо Нилуфар Раҷабова, духтари як аъзои баландпояи зиндонии ҲНИТ Раҳматуллохи Раҷаб ва хоҳари рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматуллоҳ мебошад, ки рузҳои охир дар сархати хабарҳои расонаҳои кишварӣ ва ҷаҳон қарор гирифт.

 

Дар ин робита худи мақомоти вилояти Хатлон дар як гузориши солонаи худ аз тарошидани риши садҳо ҳазор ҷавон ва ба таври маҷбурӣ гирифтани рӯсарии ҳазорҳо зани муҳаҷҷаба ва покдоман танҳо дар як минтақа хабар доданд.Тайи 10 солаи ахир дар манотиқи гуногуни кишвар садҳо ҳазор масҷид аз ҷониби ҳукумат бо фармони раиси кишвар Э. Раҳмонов тахриб ё ба диско клуб ва ё қароргоҳи ин ё он идораи давлатӣ табдил дода шудаанд. Аз ҳазор як мисол масҷиде, ки дар шаҳри Ҳисор, ки дар он ҳазорҳо нафар намозҳои панҷгона ва ҷумъа мегузоштанд, сархати хабарҳо қарор гирифт, ҳукумат тасмим гирифтааст, то онро ба идораи ақди ниоҳ табдил диҳад.

 

Дар кишварамон ҳеҷ як мулло ё имоми соҳибмартабае дар минбари масоҷид нест, ки аз ҷониби аҳли намоз ҳамчун имомхатиб интихоб шуда бошад ва ҳар он чи воқеияти динӣ Худову расулаш аст, ба мардум расонад.

 

Имомони масоҷид аз тарафи кормандони мақомоти амниятӣ таъин мешаванд ва танҳо вазифа ва корашон чоплусӣ ё таблиғу ташвиқи сиёсати хашини Раҳмонов ва ҳукумати ӯ мебошанд. На аз ҳукми дину Худову расули ӯ.

 

Фарзандоне, ки мехоҳанд таълими динӣ дошта бошанд, наметавонад, дар назди имомони маҳала, шаҳр ё дехаи худ ба таълим фаро гиранд, чун ҳукумат ин иҷозаро ба онҳо намедиҳад. Танҳо чанд мадорисе дар кишвар мавҷуданд, ки онҳо низ ба ҷуз дастгоҳи таблиғии ҳукумат чизи дигаре рисолаташон нестд. Онҳое,ки мехоҳанд дар улуми динӣ таҳсил бикунанд имкон ва шароит дар ин мадорисро надоранд. Ин ҳам сабаб мешавад ҷавонони мусалмон ҷохил ва аз илми дин бехабар бишаванд, ки ба осонӣ ба доми гурӯҳҳои террористӣ биафтанд , ки сабабгори ин ҳама боз худи Раҳмонов ва ҳукумати хонаводагии ӯст.

 

Шикояти мардуми корафтодаи бечора ҷойе намерасад. Ба ҳар ҷойе, ки муроҷиат мекунад, бидуни пора ва ё ба истилоҳи дигар, бетағо ҳали худро пайдо намекунад. Ҳукумат таҳаммули одитарин интиқодро аз ҷониби шаҳрвандонаш надорад, ҳар касе, ки кучактарин интиқодро аз ҳукумат кард, ҳатман аз ҷониби ҳукуматдорон балое ба сараш меояд. Ё бо тӯҳмат зиндонӣ мешавад ва ё ба иллате ба қатл расонида мешавад.

 

Миллат раиси кишварашро интихоб карда наметавонад, намояндаҳои мардуми ҳамагӣ таъинотиянд, чун дар кишвар ҳама интихоботҳо тақаллубӣ мегузаранд. Мардум дигар ба ҳеҷ гуна интихобот бовар надоранд. Ба ҳарфҳои шаҳрвандон касе гӯш намедиҳад, дар ҳеҷ зинаи ҳокимият мақом ё мансаб надоранд, чун ҳама мансабҳо авлодиянд, озодии виҷдон, тамоман вуҷуд надорад, ҳатто либоси бар мекардаашонро ҳукуматдорон муайян мекунанд, на худи шаҳрвандон. Ин ҳама мушкилоте, ки ман дар боло зикр кардам, қатрае аз баҳр мебошад.

 

Аз рӯзи ба сари қудрат омадани Раҳмонов мушкилоти мардум дар кишвар рӯз то рӯз даҳчанд мешавад, умеди дигаре аз пешрафт нест, чун ҳамагӣ хаста шудаанд аз ин навъи ҳукуматдории Раҳмонов.

 

Дигар чорае ё роҳи дигареро ба ҷуз пайвастан дар гурӯҳҳои ифротӣ намебинанд. Азҷоҳилӣ ва надоштани саводи динӣ, ки сабабашро дар боло зикр кардам, дар ин гуна гурухҳо ҷангиданро савоб ва кушта шуданашонро шаҳодат меҳисобанд ва ба ҳамин васила метавонанд аз мушкилиҳое, ки ҳукумат ба сарашон бор кардааст, раҳоӣ ёбанд.

 

Агар ҳукуматдорон воқеан мехоҳанд ҷавонони миллатро аз ифротишавӣ ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ наҷот диханд дар мадди аввал ба ҳарфи шаҳрвандони кишвар бояд гӯш диҳад. Бойигариҳои кишварро аз ҳама миллат бидонанд, на аз як авлод. Барои бештари онҳо дар дохили кишвар ҷойҳои кории муносиб таъмин намоянд.

 

Дар кишвар интихоботҳои озодро ба роҳ монанд, то мардум роҳбари кишвар ё намояндаҳои худро дар парлумон, вилоятҳо,шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҷамоатҳо интихоб карда тавонанд. На ин ки худи ҳукумат шахсони мехостаро таъин кунад.

 

Дар кишвар барои ҳизбҳои мухолиф иҷозаи фаъолияти озодона дода шавад. Озодии виҷдонро таъмин кунанд, даст аз таъқибу фишори шахсиятҳои сиёсӣ бардоранд. Ба тӯҳмату бӯҳтон аз зиндонӣ кардани озодандешон даст нигоҳдоранд. Он роҳи ҳалли пешгирӣ аз терроризм ва радикализмро,ки шумоҳо мегӯед ва пеш гирифтаед, комилан ғалат аст. Сабаби ифротишавии ҷавонон дигар аст, на дар интернет, на телефонҳои мобилӣ ва ё беназоратии волидон, чи гунае, ки шумоён идаъо доред.

Иззатуллоҳ Қурбонов

Узви фаъоли ҲНИТ ва собиқ

масъули ҷавонони Вилояти Хатлон

Share This Article