Мелоди босаодати Муҳаммад (с)
(идома аз мақолаи гузашта)
Чӯпонӣ барои соҳибаш чандин хислатҳои тарбиявӣ мебахшад.
-Сабр.
Ором ва оҳиста-оҳиста чаридани гӯсфандон, аз тулуъ то ғуруби офтоб, чӯпонро водор месозад, то сабр ва таҳаммул пеша намояд ва тарбияти башар низ чунин аст. (1)
Чӯпон ҳаргиз дар қасри сар ба фалак кашидаву дорои осоиш зиндагӣ намекунад, балки дар зери офтоби сӯзон қарор дорад ва хусусан дар ҷазираи Арабистон, ки дорои саҳроҳои беобу гиёҳ мебошад ва чӯпон ҳамеша ниёз ба оби фаровон дорад ва ӯро ҳаргиз ғайр аз таоми дурушту зиндагии талх чизе дигаре намебошад. Пас ӯро мебояд то бар ҳамаи ин сахтиҳо одат намуда, сабру тоқат пеша созад. (2)
-Фурӯтанӣ.
Дигар хислати тарбиявие, ки чӯпон аз он баҳра мегирад фурӯтанӣ аст, зеро вазифаи гӯсфандчарон, иборат аз хидмат ба гӯсфандон ва назорат аз онон дар ҳангоми зоидан аст ва ҳамеша аз онон посдорӣ карда дар канори гӯсфандон мехобад ва шояд ҳам бӯи пешобу наҷосат ба машоми соҳибаш мерасад, ки бо мурури замон кибру ғурур аз вуҷудаш дур гашта фурӯтанӣ ҷойгузини он мегардад. (3)
Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омада аст, ки паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)ба ин мазмун фармуданд: «Вориди Биҳишт нахоҳад шуд ҳарки дар дилаш заррае аз кибр бошад».
Марде гуфт: Эй паёмбари Худо! «Касе мехоҳад, ки бар тан либос ва кафши накӯ дошта бошад?». паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармуд:
«Худо худ зебост ва зебоиро дӯст медорад, такаббурӣ, яъне напазируфтани ҳақ ва хору ночиз шумурдани мардум аст». (4)
-Диловарӣ.
Табиати чӯпонӣ мувоҷиҳ шудан бо ҳайвоноти ваҳшӣ ва даррандагон аст, ки аз ин рӯ далерӣ ва нотарсиро талаб менамояд, то бо ҳар гуна ваҳшиҳо ба мубориза бархезад. (5)
-Лутфу меҳрубонӣ.
Чӯпон ҳамеша мувоҷиҳи чорпоёни худ аст ва чун яке аз гӯсфандон бемор ва ё дасту по шикаста гардад, чӯпон ба парастории он бархоста ба он меҳрубонӣ мекунад ва ҳар кас, ки ба ҳайвонот меҳрубон бошад, пӯшида нест, ки бо инсонҳо меҳрубонтар хоҳад буд. Ба хусус, ки он фард аз ҷониби Худо барои роҳнамоии инсонҳо ва наҷоташон аз оташ фиристода шуда бошад.
– Ҳусули ризқ бо арақи пешонӣ.
Худои бузургу тавоно метавонист паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам)-ро аз чӯпонӣ бениёз гардонад, аммо ин тарбияте барои ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва умматаш буд, ки бо заҳмати дастони худ ризқро пайдо намоянд. Нигоҳубини чорпоён низ як навъе аз касби ризқ бо дастони худ аст. Ба вежа ҳар кӣ баҳри даъват ба сӯи ин дин бархоста аст, бояд дастнигари мардумон набошад ва ба таъминоти онҳо эътимод нанамояд. Ба ин васила метавонад обру ва қимати худро назди мардум нигоҳ дорад ва аз шакку шубҳа дур монда ва корашро холисона ва бе тамаъ барои ризои Худо амалӣ гардонад. Машғулшавии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва тамоми паёмбарони илоҳӣ ба касби ҳалол барои дарёфти ризқу рӯзӣ шубҳаафкании кофиронро, ки барои мардум вонамуд мекунанд, ки гӯё ҳадафи паёмбарон аз даъваташон расидан ба ҳадафҳои дунявӣ аст, рад менамояд. Чунончи Худо мефармояд:
Гуфтанд: «Оё пеши мо омадӣ, то моро аз он дин, ки падарони худро бар он ёфтаем, дур созӣ, то шуморо (Мусо ва бародараш Ҳорун)-ро дар замин сарварӣ бошад. Вале мо бовардорандаи шумо нестем!». (Сураи Юнус, ояти 78)
Ин буд сухани Фиръавн ба Мӯсо (а) ва аз онҷо, ки сӯҳбати дунё ва амволи он ба ақлҳои эшон ғолиб буд, чунин мепиндоштанд, ки ҳар андеша ва ҳар ҳаракате ба хотири дунё мебошад.
Аз ин рӯ паёмбарон бар қавми худ мегуфтанд, ки онҳо аз дунё безор ҳастанд. Чунончи Худованд мефармояд:
«Эй қавм, ман дар баробари таблиғи рисолати хеш моле аз шумо нематалабам. Музди ман танҳо ба Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори хеш дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед». (Сураи Ҳуд, ояти 29)
Бухорӣ аз Миқдом (разияллоҳу анҳу) ривоят менамояд, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ин мазмун гуфтанд: «Ҳеҷ кас ғизои беҳтаре аз дастранҷи худ нахӯрда ва паёмбари Худо Довуд (а) низ аз дастранҷи худ мехӯрд». (6)
Эътимод ба касби ҳалол инсонро озодии пурра ва ба гуфтани калимаи ҳақ тавоноӣ мебахшад, на мисли ин ки имрӯз баъзе аз мардумонро мебинем, ки назди саркашон сар хам намуда, дар муқобили сухани ботили онон сукут мекунанд. (7) Ҳар соҳибдаъват, ки агар масорифи зиндагии ӯ пас аз даъваташ таъмин шавад ё бар асоси бахшиш ва садақоти мардум таъмин гардад, аз аҳаммияти даъвати ӯ дар миёни мадум коста хоҳад шуд. Бинобар ин доъиёни даъвати исломӣ беш аз дигарон ниёзманди таъмини зиндагии худ мебошанд, чунки набояд ҳеҷ кас бар ӯ миннат ва фазле дошта бошад, то ӯро аз ошкор гуфтани ҳақ боз бидорад. Агарчӣ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) намедонист, ки ба зудӣ даъват ва рисолати Илоҳӣ ба ӯ супурда мешавад, аммо равише, ки Худованд барои зиндагии ӯ тадорук дида буд, ин ҳикматро дар бар дорад ва равшан мешавад, ки Худованд чунин хоста буд, ки зиндагии қабл аз биъсати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо зиндагии пас аз биъсати ӯ чандон тафовуте надошта бошад, то монеае бар сари роҳи даъвати ӯ бошад ё таъсири манфӣ бар он бигзорад.
Рӯй овардани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба гӯсфандчаронӣ ҷиҳати касби рӯзӣ ва таъмини заруриёти зиндагӣ, ба далелҳои муҳимме дар шахсияти мубораки ӯ ишора менамояд, ки аз он ҷумла метавон ба ин ду нукта ишора намуд:
Аввал: Эҳсоси дақиқ ва завқи хуш, ки Худованд паёмбарашро ба он ороста буд. Бо вуҷуди он ки амакаш ӯро мавриди иноят ва таваҷҷӯҳ қарор медод ва дар меҳрубонӣ ва шафқат бо вай чун падари меҳрубон буд, аммо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба муҷарради ин, ки эҳсос кард метавонад ба касбу кор бипардозад, шурӯъ ба кор кард ва ҳатто худро барои кӯмак ба амакаш дар масорифи зиндагӣ омода намуд ва ин баёнгари шаҳомати табъ, некӯкирдорӣ ва талоши вай мебошад. (8)
Худо чунин навъи ҳаётро барои бандагони накӯкораш писандида ва аз онҳо розӣ гаштааст ва Худоро ҳеҷ машаққате набуд, ки ба паёмбараш дар зиндагии муборакаш зиндагии бо рафоҳият бахшад ва аз машаққат ва нигоҳдории чаҳорпоён бениёз гардонад, аммо ҳикмати раббонист, то мо бандагонаш дарк намоем, ки моли дунё ҳамонаш беҳ аст, ки бо заҳмати даст ҳосил гардад ва бани башарро аз он суде бошад. Бадтарини мол ҳамон аст, ки бе ҳеҷ заҳмате ба даст омада ва дар ҷое бе кор хобида ва ҷомеаро аз он ҳеҷ суде набошад. (9)
Дуввум: Баёнгари навъи зиндагие аст, ки Худованд барои бандагонаш дар сарои дунё меписандад. Табъан барои Худованд осон буд, ки дар ибтидо барои паёмбараш асбоби рафоҳу осоиш ва васоили зиндагиро ба андозае фароҳам намояд, то ӯро аз заҳмату кор ва чаронидани гӯсфандон ба хотири таъмини зиндагӣ бениёз кунад, аммо ҳикмати илоҳӣ ба мо меомӯзад, ки бидонем беҳтарин мол он аст, ки инсон аз дастранҷи худ ба даст меоварад ва сарфи хидмат ба ҷомеа ва ҳамнавъонаш мекунад ва бадтарини мол он аст, ки инсон бидуни талош онро касб менамояд ва бидуни ин ки кӯчактарин суде аз молаш ба ҷомеа бирасад. (10)
Ҳафтум: Муҳофазати Худованд аз паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам)қабл аз биъсат.
Худованд Паёмбарашро дар замони ҷоҳилият аз ширк ва парастиши бутон нигоҳ дошт. Имом Аҳмад дар «Муснад»-и худ аз Ҳишом ибни Урва ва ӯ аз падараш ривоят намудааст, ки ӯ гуфт: «Ҳамсояе аз ҳамсоягони Хадиҷа ба ман гуфт, ки ӯ паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи вассалам)-ро шунида аст, ки ба Хадиҷа мегуфт: «Эй Хадиҷа! Савганд ба Худо, ман Лот ва Уззоро ҳаргиз намепарастам». (11)
Ва ҳамчунин паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гушти ҳайвоноҳоеро, ки ба номи бутҳо забҳ мешуд намехӯрд. Худо паёмбарашро аз ангезаҳои ҷавонӣ, ки ҳамеша ҷавонон ба онҳо мегароянд ва шоистаи инсонҳои бовиқор ва роҳбарони оянда нест, муҳофизат намуд.
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ба ин мазмун омадааст, ки фармуданд: «паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи вассалам)-ро шунидам, ки мегуфт:
«Ҳеҷ гоҳе қасди кардани густохиҳои ҷавонӣ, ки дар замони ҷоҳилият ҷавонон анҷом медоданд накардаам, магар ду бор чунин тасмиме гирифтам ва дар ҳар ду бор Худованд маро муҳофизат намуд. Шабе ба ҷавоне аз Қурайш, ки бо ҳам гӯсфандонамонро ба чаро бурда будем, гуфтам: Гӯсфандонамро нигаҳбонӣ кун, то ман имшаб дар Макка шабнишинӣ кунам, он гуна ки ҷавонон шабҳо бедор мемонанд. Баъд аз мувофақати ӯ ба самти Макка рафтам, то ин ки ба наздиктарин хонае аз хонаҳои Макка расидам. Садои мусиқӣ ва таронаву доираҳоро шунидам, гуфтам: Чӣ гап бошад? Гуфтанд: Фалон мард аз Қурайш бо фалон зани қурайшӣ издивоҷ карда аст. Ба садои мусиқӣ ва тарона алоқаманд шудам, фавран хобе бар ман мусаллат шуд, то инки гармии офтоби рӯз маро бедор сохт ва ман баргаштам. Дӯсти ман гуфт: Чӣ кореро анҷом додӣ? Ӯро аз воқеа хабар намудам. Боз шаби дигар ӯро гуфтам, то гӯсфандони маро нигаҳбонӣ намояд ва ман боз ба Макка омада, чунин овозро шунидам ва пурсидам. Гуфтанд, ки фалон бо фалон издивоҷ намудааст ва боз бар ман ҳамон гуна хоб ғолиб омаду офтоби саҳарирӯзӣ маро бедор намуд. Пас ба назди он шахс баргаштам ва ӯ аз ман пурсид, ки чӣ кореро анҷом додаам? Гуфтам: ҳеҷ кореро анҷом надодаам».
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гуфтанд: «Савганд ба Худо, пас аз он ҳеҷ гоҳе қасди анҷоми ягон кори бадеро, ки аҳли ҷоҳилият анҷом медоданд накардам, то ки Худо маро ба паёмбарӣ мушараф гардонид». (12)
Ин ҳадис ду ҳақиқатеро равшан менамояд, ки аҳаммияти бузург доранд:
1. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ҳама вежагиҳои башарият бархӯрдор буд ва ҳар он чӣ, ки дигар ҷавонон ба худ эҳсос менамуданд, паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ эҳсос менамуд, магар ин ки ӯро Худо аз ин гуна тамоюлот нигоҳ дошта буд.
2. Худои азза ва ҷалл паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам)-ро аз ҳар гуна инҳирофот ва ҳар он чӣ, ки бар хилофи муқтазиёти даъват мебошад, маъсум нигоҳ доштааст. (13)
Ҳаштум: Мулоқоти Буҳайрои роҳиб бо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам).
Абӯтолиб, ки Муҳаммади хурдсолро бо худ гирифта буд, бо чанде аз пиронсолони Қурайш, ба сӯи Шом сафар намуд. Вақте ба назди роҳиб (яъне зоҳиди насронӣ) наздик гаштанд, аз савориҳои худ пиёда шуданд. Роҳиб ба назди онҳо баромад ва ҳол он ки чун қаблан сафар менамуданд ва мехостанд бо ӯ мулоқот намоянд, на ба наздашон меомад ва на ба сӯяшон илтифот менамуд. Вақте аз савориҳои худ пиёда шудаву бандҳои ононро мебастанд, роҳиб сӯйи онон омад, то ки ба назди паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) расид ва дасти мубораки ӯро гирифта гуфт: «Ин сайиди оламиён аст ва ӯ фиристодаи Парвардигори оламиён аст, Худо ӯро раҳмате ба сӯи оламиён хоҳад фиристод». Пирони Қурайш гуфтанд: «Ту инро аз куҷо медонӣ?». Гуфт: «Вақте шумо аз Ақаба поён шудед, ҳеҷ санг ва дарахте набуд, ки назди ӯ ба саҷда наафтад. Сангу дарахтон ҳеҷ гоҳ ғайр аз паёмбарон ба каси дигаре саҷда намекунанд ва ман ӯро аз хотами нубувваташ, ки монанди себ дар поёни китфи рости ӯ аст, мешиносам». Сипас роҳиб баргашта рафт ва барои онҳо хӯрок омода сохт ва аз онон хост, ки ҳозир шаванд ва инчунин аз паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи вассалам), ки он ҷо баҳри нигаҳбонии шутурон монда буд, хост то ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)низ ҳозир шавад. Вақте паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)наздик ба онҷо шуд, болои сараш абре ӯро соя менамуд ва вақте ба назди қавм наздик шуд дид, ки онҳо зери сояи дарахте нишастаанд. Вақте паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)он ҷо нишаст, сояи дарахт ба сӯи ӯ моил гашт ва роҳиб гуфт: «Сояи дарахтро бубинед, ки ба сӯи ӯ моил гашта аст». Роҳиб қавмро савганд ба Худо менамуд, то ӯро ҳамроҳи худ ба Рум набаранд, зеро аҳли Рум агар аз ин сифати ӯ огаҳ гарданд, ӯро ба қатл хоҳанд расонид. Он замон ҳафт нафаре аз Рум ба онҷо наздик шуданд. Роҳиб ба онон гуфт: «Чӣ чизе шуморо водор сохт, то ба инҷо ҳозир шавед?» Гуфтанд: «Ба мо хабар расида, ки паёмбари охирузамон дар ин моҳ аз шаҳраш берун шуда аст. Пурсид: Касе аз шумо огоҳтар вуҷуд дорад? Гуфтанд: На. Гуфт: Агар Худо чизеро ирода бикунад, оё шумо метавонед онро боз доред? Гуфтанд: На. Гуфт: Пас бо ӯ байъат кунед ва истиқомат варзед. Сипас ба қурайшиҳо гуфт: Кадом яке аз шумо аз назари хешовандӣ ба ӯ наздиктар ҳастед? Гуфтанд: Абӯтолиб. Ба Абӯтолиб савганд дод ва гуфт: ӯро ба Макка бозгардон. Абӯтолиб низ паёмбарро ба Макка баргардонид. (14)
Нуктаҳои омӯзанда аз достони Буҳайро.
1. Роҳибони ростгӯи аҳли китоб медонанд, ки Муҳаммад паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба сӯи башарият аст ва нишонаву сифатҳои ӯро аз китобҳояшон дарёфтаанд.
2. Исботи саҷда намудани сангу дарахтон, соя намудани абр ва мутамоил шудани сояи дарахт ба сӯи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи вассалам).
3. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ин сафари худ аз амакаш Абӯтолиб ва дигар пиронсолони қурайшӣ таҷриба ва ибратҳое омӯхта буд, ки дар чунин умр (яъне дар хурдсолӣ) ҳанӯз наомӯхта буд.
4. Ҳазар намудани Буҳайро аз насоро ва баён намудани он ки агар онҳо аз вуҷуди ӯ бохабар гарданд, ӯро ба қатл хоҳанд расонд ва савганд додани амакаш Абӯтолиб ва пиронсолони Маккаро, то ӯро ба Рум ҳамроҳи худ набаранд ва агар румиҳо яке аз сифатҳои ӯро дарк намоянд, ӯро хоҳанд кушт. Румиҳо аз омадани паёмбаре, ки зоҳир хоҳад шуд ва ба истеъмори онҳо поён хоҳад бахшид, огаҳ буданд ва дунболи қатли ӯ мегаштанд.
Нуҳум: Ҷанги Фиҷор.
Ҷанг ва ё ҳарби Фиҷор миёни Қурайш ва Бани Кинона аз як тараф ва қабилаи Ҳавозин аз тарафи дигар дар гирифт. Иллати аслии даргирӣ ин буд, ки Урваи Раҳол ибни Утба ибни Ҳавозин яке аз корвонҳои тиҷории Нуъмон ибни Мунзирро, ки иборат аз атр ва порча буд, дар бозори Укоз ба масъулияти худ ҷой дод. Барроз ибни Қайс ибни Кинона гуфт: «Оё дар муқобили Кинона ҳам аз онон дифоъ мекунӣ?» Гуфт: «Бале ва дар муқобили ҳамагон». Вақте Урва берун омад, Барроз низ дар ҳоли ғафлаташ берун омада ӯро ба қатл расонид ва Кинона аз ин моҷаро огаҳ гашта қабл аз он, ки Ҳавозин огаҳ гардад, он ҷоро тарк намуд. Вақте қабилаи Ҳавозин аз ин огаҳ гаштанд, аз пушти онҳо ҳаракат намуданд ва қабл аз он, ки ба Ҳарам дохил гарданд, бо онон ҷангиданд, то ин ки шаб шуд ва дохили Ҳарам рафтанд ва аз ҷанг даст кашиданд. Баъд аз он чиндин рӯзи дигар бо якдигар ҷангиданд ва Қурайш Кинонаро кӯмак кард ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) низ дар канори амакҳояш дар ҷанг ширкат намуд. Ва ин рӯз ба хотири ин ки бархе аз ҳурумоти Макка шикаста шуд, «Рӯзи фиҷор» номида шуд. (15) Ва паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди ҷанги фиҷор ба ин мазмун фармудааст: «Ман барои амакҳоям тир омода мекардам ва ба онҳо медодам». (16)
Ва паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар он замон дар синни чаҳордаҳ ва ё понздаҳсолагӣ буданд ва инчунин гуфта шудааст, ки бистсола буданд. Аммо қавли аввал наздиктар ба ҳақиқат аст, зеро ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар он замон тирҳоро ба амакҳояш меовард, ки ин далолат ба хурдсолии ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)мекунад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ин гуна ҳодисаҳо далерӣ ва ҷасорат омӯхта, дар қадамҳои аввалини ҷавонияш таҷрибаҳои ҷангӣ ба худ касб менамуд. Аммо пас аз рисолати паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тамоми душманиҳо ва ҷангҳои аъроб поён ёфта ва ҷои онро нури ислом ва улфату меҳрубонӣ фаро гирифт». (17)
Даҳум: Паймони «Ҳилфу-л-фузул».
Пас аз баргашти Қурайш аз ҷанги фиҷор паймоне зери унвони «Ҳилфу-л-фузул» сурат гирифт. Ва сабаби бастани ин паймон ин буд, ки марде аз Забийд (шаҳре дар Яман аст) моли худро, ки ба Макка оварда буд, Ос ибни Воил онро аз ӯ харидорӣ намуд, аммо баҳои онро напардохт. Марди забийдӣ аз ашрофи Қурайш ёрӣ хост, аммо онҳо ба хотири манзалат ва ҷойгоҳи Ос ибни Воил аз кӯмак ба марди забийдӣ худдорӣ намуданд. Он мард дар канори Каъба истода аз Оли Фиҳр ва аҳли мурувват кӯмак хост ва бо садои баланд гуфт:
Эй Оли Фиҳр! Ба ёрии мазлуме бишитобед, ки дар Макка молашро аз ӯ гирифтанд ва ӯ аз хонаву касонаш дур аст.
Ба доди касе, ки дар иҳром ба сар мебарад ва ҳанӯз умраашро ба поён наоварда ва миёни ҳиҷри Исмоил ва Ҳаҷару-л-асвад қарор дорад, бирасед.
Ҳурмати ин макон аз байн нарафта аст, албатта найрангбозу табаҳкор ҳурмате надорад.
Зубайр ибни Абдулмутталиб бархоста гуфт, ки мо инро ба ҳоли худ нахоҳем гузошт. Бани Ҳошим, Зуҳра ва Бани Тайм ибни Мурра дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон ҷамъ омаданд ва ғизое омода сохта, дар моҳи ҳароми зулқаъда паймон баста, ба Худо савганд ёд намуданд, ки ҳама муттаҳид ва якдаст гашта, мазлумро кӯмак хоҳанд намуд, то он ки моли ӯ баргардонида шавад. Пас ба назди Ос ибни Воил рафтанд ва қимати моли марди забийдиро гирифта ба ӯ баргардониданд. Ва Қурайш ин паймонро «Ҳилфу-л-фузул» номид.
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар ин паймон, ки қудрати зулмро барбод намуду байрақи ҳақро боло бурд, низ ҳозир буданд ва он аз ҷойгоҳи фахр ва ирфони ҳуқуқи инсон дар назди арабҳо ба шумор меравад. (18)
Ва Зубайр ибни Абдулмутталиб дар ин маврид чунин гуфтааст: «Афроде, ки дар «Ҳилфул фузул» ширкат доштанд, бар ин ҳампаймон шуданд, ки дар Макка ҳеҷ ситамгаре набояд ситам кунад. Ин коре буд, ки бар он ҳампаймон шуданд ва бо якдигар аҳд бастанд ва аз ин пас ҳамсоягон ва зиёраткунандагони ин шаҳр аз ҳар газанде бояд эмин бошанд».
Ва паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар мавриди он ба ин мазмун мефармояд:
«Дар паймони покон ҳамроҳ бо амакҳоям, дар ҳоле ки навҷавон будам ҳузур доштам ва ҳатто дӯст надорам, ки дар муқобили шутурони сурх онро бишканам». (19)
Ва инчунин ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:
«Дар хонаи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон шоҳиди паймоне будам, ки дӯст намедорам ин паймонро бо сурхшутурони фаровон иваз кунам ва агар дар Ислом низ ба он фаро хонда шавам, иҷобат хоҳам кард». (20)
Дарсҳову ибратҳои омӯзанда аз ончи дар боло гузашт:
1. Адолат арзише аст, ки сарчашмаи он насабу ҳасаб нест ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба мушорикат кардани худ дар таҳкими асли адолат қабл аз биъсат ифтихор менамояд, пас арзишҳои мусбат агарчи аз сӯи аҳли ҷоҳилият анҷом гирифта бошанд ҳам, шоистаи қадрдонӣ ҳастанд. (21)
2. Паймони «Ҳилфу-л-фузул» илова бар он, ки фурӯғе дар торикиҳои даврони ҷоҳилият буд, ин нуктаро низ ба исбот расонид, ки шоиъ шудани фасод дар ҳеҷ низом ва ҷомеае ба маънои холӣ будани он аз ҳама арзишҳо ва хубиҳо нест. Макка ҷомеаи ҷоҳилӣ буд, ки бутпарастӣ, ситам ва ахлоқи зишт, зинову рибохурӣ онро фаро гирифта буд, аммо бо вуҷуди ин дар Макка ҷавонмардон ва ғайратмандоне буданд, ки зулму ситамро намеписандиданд ва намегузоштанд касе ба дигаре зулм намояд ва ин дарси бузурге аст барои даъватгароне, ки дар ҷомаеи онон бар дастуроти ислом ҳукм намешавад ё ин ки бархе ба ислом мубориза мекунанд.
3. Зулм ба ҳар сурат, ки бошад пазируфтанӣ нест, зеро қиём бар зидди зулм, на танҳо вақте шарт мегардад, ки алайҳи яке аз доъиёни ин дин қарор гирад, балки рад намудан ва қиём алайҳи зулм ҳар вақте ва дар ҳар ҷое шарти матлуб аст. Ва ислом ҳамеша бо зулм мубориза намуда ва ҳеҷ тафовуте миёни дину насаб ва рангу миллатро намедонад. (22)
4. Дуруст ва ҷоиз будани паймон ва аҳд бастан ба кори нек: Чунончи дар Қуръони карим ба он фармон шуда аст:
«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳурмати нишонаҳои Худо ва моҳи ҳарому қурбониро, чӣ бидуни қилода ва чӣ бо қилода (гарданбанди чорво) машканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон қасди Байту-л-ҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун аз иҳром бадар омадед (иҳромро аз тан бароваред), сайд кунед ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷиду-л-ҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед. Ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад». (Сураи Моида, ояти 2)
Пас, барои мусалмонон дуруст аст то дар чунин ҳолате бо якдигар паймон бибанданд, зеро ин таъкид ба амрест, ки аз назари шаръ матлуб аст, ба шарти он, ки ҳамонанд ба қазияи масҷиди Зирор набошад, ки паймон бар зидди мусалмонон ва барои ворид сохтани зулму ситам бошад. Аммо паймон бастани мусалмонон ба ғайрашон баҳри дафъи зулм, ки дар он маслиҳати кунунӣ ва манофеи ояндаи мусалмонон дар назар гирифта шуда бошад, ҷоиз аст. Чунончӣ паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: «Дӯст надорам ба ҷои ин паймон шутурони сурхмӯи фаровон ба ман дода мешуд». (23)
Ва инчунин фармуд: «Агар дар ислом ба он фаро хонда шавам, иҷобат хоҳам кард».
Пас наметавон он чиро, ки мояи таҳаққуқи адолат аст ва аз зулму ситам ҷилавгирӣ менамояд, бо чизи дигаре иваз намуд. Бинобар ин, ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: (24) «Ва агар дар ислом низ ба он фаро хонда шавам, иҷобат хоҳам кард».
5. Шахсияти мусалмонро мебояд дар ҷомеаи худ унсури мусбат ва дар ҳар коре дар мадди аввал бошад, на онки монанди гӯсфанди аз рама ҷудо, дар танҳоӣ бичарад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар муҷтамаъи худ мавриди таваҷҷӯҳи мардум гашта буд, ки ҳатто ба ӯ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) лақаби Амин гузошта буданд ва занону мардон ӯро ба хотири ахлоқи некаш, ки Худо ба ӯ бахшида буд, дӯст медоштанд ва ин ахлоқи накӯяш ҳамчунон рушд мекард, то ин ки қавмаш ба ӯ дилбаста шуданд. Ва ин моро тасвири зиндае аз арзиши ахлоқи нек мебахшад, ки чӣ гуна соҳиби ахлоқи нек, ҳатто дар муҷтамаъи мунҳариф низ мавриди эҳтиром қарор мегирад. (25)
Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Яҳё. «Мадхалун ли фаҳми-с-сира». -с. 124.
2. Абӯфорис. «Ас-сирату-н-набавия». -с. 114-115.
3. Абӯфорис. «Ас-сирату-н-набавия». –с.114-115.
4. Муслим. 91., Тирмизӣ. 1999., Ҳоким. 1\26).
5. Абӯфорис. «Ас-сирату-н-набавия».
6. Бухорӣ. 2072.
7. Ғазбон. «Фиқҳу-с- сира». -с. 93.
8. Бутӣ. «Фиқҳу-с- сира». –с. 50.
9. Бутӣ. «Фиқҳу-с- сира». –с. 50.
10. Бутӣ. «Фиқҳу-с- сира». –с. 50.
11. Аҳмад. 4\222, 5\362.
12. Абӯнаъим дар «Далоил». 128. Байҳақӣ дар «Сунани кубро», 2\33,34. Баззор. 2403. «Маҷмаъуз завоид», 8\226.
13. «Фиқҳу-с-сира-ан-набавия»-и Бутӣ, саҳ. 50, 51.
14. Байҳақӣ дар «Далоил», 2\24,25, Тирмизӣ 3620, Ҳоким 2\615, Абӯнаъим дар «Далоил», 109.
15. «Вақафоту тарбавия маъа-с- сира-ан-набавия», саҳ. 53.
16. Ибни Ҳишом, 1\198. «Сирати Ҳалабия», 1\127,129.
17. «Вақафоту тарбавия…», саҳ. 53.
18. «Ас-сира- ан-набавия»-и Абӯшаҳба, 1\214.
19. Аҳмад, 1\190. Бухорӣ дар «Адаби муфрад», 567.
20. Байҳақӣ дар «Сунани кубро», 3\367. Ибни Ҳишом, 1\141-142.
21. «Ас-сира- ан-набавия- ас-саҳиҳа»-и Амрӣ, ҷ 1, саҳ 112.
22. Ас-сира- ан-набавия, Абӯфорис, саҳ 121.
23. Ас-сира ан-набавия, Ибни Ҳишом, ҷ1, саҳ 134.
24. «Ал-асос фи сунна», 4\172.
25. «Фиқҳу-с- сира»-и Ғазбон, саҳ. 110-111.