Миллиардҳои нави “Фароз”- Раҳмонов ва Шамсулло кони “Шоҳқадамбулоқ”-ро пинҳонӣ аз худ кардаанд

Ислоҳ нет

Бино ба маълумоти  расида ба “Ислоҳ.нет” кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ” ба таври махфӣ хусусӣ гардонида шудааст. Ва, ҳоло Шамсулло Соҳибов дар пайи дарёфти харидор аст ки ин кони бо захоири миллионҳо тоннаи оҳанро бифурӯшад…..

“Шоҳқадамбулоқ” -кони дастнахӯрдаи оҳани Тоҷикистон аст. Ин кон дар наздикии Консой, 40 километрии Хуҷанд  ҷойгир аст. Бинобар додаҳои интернетӣ ин кон дар соли 1965 дар замони Шӯравӣ кашф шудааст. Дар ҳамон сол Институти тадқиқотии металлургияи ранга дар Осиёи Миёна “Средазниипроцветмет” асосноккунии фанниву  иқтисодии истеҳсоли металлҳо ва висмутро дар заминаи кони “Шоҳқадамбулоқ” дар Осиёи Миёна анҷом додааст. Маъдани асосии ин кон Fe(оҳан)  аст.

    “Тибқи ҳисобҳои Саридораи геологияи тоҷик захираҳои маъдани оҳанрабо дар ин кон дар ҳаҷми зиёда аз 100 миллион тонна мушаххас шудаанд. Вале гуфта мешавад, ки  дар ин кон захираҳои маъдани оҳан то садҳо миллион тонна мавҷуд аст. Миқдори миёнаи оҳан дар маъдан тақрибан 40% тахмин шудааст. Дар кони мазкур ҳамчунин дар қатори оҳан  баъзе моддаҳои ҳамроҳ дар маъданҳо аз қабили миқдори саноатии висмут, тилло, нуқра ва дигар элементҳо мавҷуд аст, ки арзиши ин объектро якчанд маротиба зиёд мекунад. Разведка ва ё иктишофоти геологии замони шӯравӣ захоири ин конро 142 миллион  тонна баровард кардааст.”

Манбаи мо, ки хабари ба таври махфӣ ба моликияти ширкати “Фароз” табдил шудани  “Шоҳқадамбулоқ”-ро ба мо расонд, солҳост дар ин соҳа корҳои илмиву тадқиқотӣ мегузаронад. Вай гуфт аз ҳамон давраи шӯравӣ  то ба қарибӣ  паспорти техникӣ-шиносномаи  фаннии  ин кон  навнашуда боқӣ монда буд. Аммо бо як қарори махфии Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Эмомалӣ Раҳмонов ва бар хилофи тамоми қонунҳои роиҷ ин кон ба ихтиёри ширкати “Фароз” гузаштааст.   Дар  бораи ҷузъиёти ин хусусигардонии ғайриқонунӣ  кадом маълумоте  дастрас нест. Инки ин кон дар асоси кадом ауксион  ба фурӯш гузошта шудааст ва нархи ибтидоии он чи қадар муқаррар шудааст ва ба ҷуз аз “Фароз” боз кадом ширкатҳо харидор буданд, иттиллое  дар даст нест. Ҳамчунин маълум нест, ки Шамсулло Соҳибов онро бо чи қиммате харидааст.

  “Дар  чопи китоби “Тоҷикон”,ки бо пули бюҷети давлатӣ  сурат гирифт, матбааи марбут ба Шамсулло Соҳибов  7 миллион доллар даромади тоза дошт. Бале, ҳамон китобе, ки гӯиё онро Раҳмонов ба мардум туҳфа карда истодааст. Аммо инро ба ҷуз аз террори молиявии Раҳмонов  алайҳи мардуми тоҷик  чизе дигар наметавон гуфт.”

Ҳоло, баъд аз онки дар пайи як чунин муомила ва хусусигардонии машкук ва пинҳон аз назари мардум ва ҷомеаи тоҷик “Шоҳқадамбулоқ” дар дасти Шамсулло гузаштааст, гуфта мешавад Раҳмонов ва домодаш қасд доранд, ки ин кони маъданро ба дигар кишвар бифурӯшанд. Ҳамчуноне  даҳҳо конҳои маъодини кишварро ба Чин бо нархҳои хеле паст фурӯхтаанд. Воқеият ин аст ки Раҳмонов канданиҳои фоиданок, сарватҳои мансуб ба миллатро хеле ҳам бо шитоб ва саросемавор фурӯхта истодааст. Аксарияти мутлақи конҳои тиллои Тоҷикистон феълан ба ихтиёри  хитоиҳо супорида шудааст. Барои онки  хитоиҳо ба ҳар яке аз ин конҳо ба Раҳмонов миллионҳо доллар пора дода розӣ кунонидаанд, ки ҳаҷми захоири онҳоро кам нишон диҳад.

  “Як таҳқиқоти байналмилалии  ҷиноят ва фасод (OCCRP) ошкор  карда буд, ки Шамсулло Соҳибов аз як ширкати хориҷӣ 2.8 миллион доллар ришва гирифта муҷаввизи коркарди кони тиллои Покруд дар Ваҳдатро барояшон гирифта дода буд.”

Он замон расонаҳо навишта буданд, ки  ширкати хориҷие, ки коргоҳро сохтааст – ширкати дар Англия қайдшуда бо моликони чинӣ – ба ширкати домоди президент Шамсулло Соҳибов “ҳаққи барор” пардохта буд. Ин пулро ширкати “Анбат-Сервис”, ки ба ширкати “Фароз” тааллуқ дорад, барои мусоидат ба гирифтани иҷозаномаи истихроҷи кони Покрут аз ширкати Крайсо Ресурсес ба даст овардааст.

Эмомалӣ Раҳмонов ва Шамсулло Соҳибови домодаш, дар ҳоле ки Тоҷикистон худ ба миллионҳо тонна  оҳан, нержавейка ва дигар ашёи аз ин маъодин  сохташаванда зарурат дорад, ҳоло ин конро пинҳонӣ ба чиниҳо пешкаш кардаанд.

  “Фоидаи соф аз ин кон танҳо аз фурӯши маъдани оҳан ва он ҳам бе коркади он рақамҳои фантастикиро нишон медиҳад. Ҳар як тоннаи он  дар бозори ҷаҳонӣ аз $120 то $170 фурӯхта мешавад. Агар ҳатто барои ҳар як тонна  $130 ҳисоб кунем ҳудуди 10 миллиард доллар даромад дорад. Масалан агар ин оҳанро ба ҳамсоякишвар Узбекистон ,ки 200 километр масофа аз ин кон дорад яъне дар Бекобод ,ки онҷо заводи металургический завод вуҷуд дорад,ин маблағро ба даст оварда мешавад.”

Манбаи мо мегуяд, ки солҳо дар арсаи кашфу ошкорсозии маъодини зеризаминӣ ва ё ҳамон сарватҳои кишвар кор кардаам. Ҳоло дар Амрико ҳастам. Бештари фикрам дар бораи пешбурди саноати (металлургия) -и Тоҷикистон аст. Вақте дар ин бора аз ҳар куҷо маълумот ҷамъоварӣ мекардам  чашмам ба  маълумоте афтод,ки ин конро   “Фароз” аз они худ кардааст. Вале ман дақиқ ва яқин медонам, ки онҳо барои ин кон як дирам барои геологразведка инвеститсия накардаанд. Геолоразведкаи ин кон  чуноне гуфта шуд, дар замони шӯравӣ сурат гирифтааст.

“Феълан  дар ин кон ҳеҷ коре ҷараён надорад. Аммо онҳо гуфтаанд, ки барои ин кон ва коркарди  маъдани он 20 миллион доллар сармояи худро гузоштаанд. Аммо ин ҳама дуруғ  аст. Дар онҷо ягон кор нарафта истодааст! Маълум аст ки ягон инвестор-сармоягузор ба ин кон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, чунки аз тарафи “Фароз” ҳатман кидат мешавад. Вале  ин кон ба ҳадде захираи маъдани оҳан дорад, ки дар сурати истихроҷ ва коркард Тоҷикистон ниёзи худ ба оҳан ва фаровардаҳои он аз қабили арматур , лулаҳои оҳанӣ ва ғайраро  бароварда сохта метавонад.”

Баҳрабардорӣ аз ин кон қурби пули сомониро мустаҳкам мекунад.  Агар мо битавонем бо ҷалби сармоя ва фанновариҳои муосир корхонаи худро бисозем садҳо нафар барои даҳҳо сол ҷойи кор пайдо мекунанд. Воридоти оҳану арматура ва дигар тавлидоти аз оҳан  хотима меёбад, асъори хориҷӣ сарфа мешавад.

Тибқи ҳисобу китобҳо айни замон барои сохтани як корхонаи истихроҷи оҳанбарорӣ ҳудуди $1-$1.5 миллиард лозим аст. Агар оҳани худро истеҳсол намоем мо метавонем роҳҳои оҳани дохилӣ созем ва низ ашёву маҳсулоти тавлидшаванда аз оҳанро ба хориҷа содирот намоем.

“Барои ин дар наздикии кони Шуроб  як Маркази барқу гармидиҳӣ (ТЕЦ) бояд сохт, ки тавлидоти   барқи он ба ин корхонаи оҳан равона мешавад. Оби гарми ТЕЦ бошад Исфара ва  як қисми Конибодомро дар фасли тирамоҳу зимистон таъмин мекунад.”

Шарҳи Ислоҳ ё поварақ: Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона Раҳмонова духтари саввуми раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва молики “Фароз” ба ҳисоб меравад. Аммо то ҷое манобеъи Ислоҳ аз дохили хонаводаи Раҳмонов ба Ислоҳ гуфтанд: Шамсулло як пешка ҳаст ва ҳама монополия ва инҳисорот дар тиҷоратҳое “Фароз” ,ки бо номи Шамсулло Соҳибов аст, идора ва муҳаррики асосии он худи Рухшона Раҳмонова аст. Рухшона ҳарчи хоҳад мекунад ва миёни духтарони Раҳмонов бераҳмтарин ва хашинтарин дар бархурд ва муомила будааст. Аммо ончунон зирак будааст,ки ҳама ҷиноятро бо номҳои дигарон анҷом медодааст. Ончӣ дар мавриди Озода,Таҳмина, Парвина, Заррина ва тиҷоратҳои онҳо дар кишвар сухан меравад, дар мавриди худи Рухшона ҳеҷ сухане нест. Танҳо “Фароз” ва Шамсуллои шавҳараш дар расонаҳо давр мехуранду аз Рухшона хабаре нест. Огоҳони афроди оилаи Раҳмонов ба ин назаранд,ки дороиҳои ҳама духтарони Раҳмонов як чор яки дороии Рухшона нест. Хело зирак ва мушовирони фаҳмидае дар ҳар бахш доштаасту бо машварат амал мекардааст. Ҳамеша кушиш мекунад аз худаш пай пое баҷо нагузорад. Чанд моҳ пеш аз бонкрот шудани “Фароз” сару садое буд. Гӯйё ин кори Рухшона будааст ва намехостааст, ки дигар ҳамаро ба як ном ҷамъоварӣ кунаду аз он ҳама огоҳ бошанд. Аммо худи Раҳмонов нагузоштааст,ки “Фароз” барҳам хурад ва гуфта будааст,ки ман то рӯзе ҳастам “Фароз” кор мекунад. Мисле,ки сояи шуми Раҳмонов болои ин ширкат аст ва якҷо бо ин духтараш машғули тороҷ ва ғоратанд.

ИНРО ЧОП Мекунед ё не :

Ман инжинер-физик  ҳастам. Айни ҳол дар Амрико корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом медиҳам. Зодаи Хуҷандам. Кори илмии ман истифодаи фотонҳо(нури лазер) дар компютери  квантӣ аст. Дар вақташ барои онки узви ҲСДТ будам аз Донишгоҳ аз курси якум маро ронда буданд. Сабабаш он буд,ки ман номзадии худро ба депутати маҳаллӣ гузоштам. Ин амалам барои як қонуншикание дар маҳалли зистамон буд,ки як прокуррори собиқ ва корманди вазорати Адлия қонуншикание кард, ки мани 19 соларо ба ғаш овард ва хостам пеши роҳи ноадолатиро дар маҳалли зистам ҳадди ақал анҷом диҳам. Хуб дигар маро нагузоштанд ҳатто дар донишгоҳ таҳсил кунам ва ихроҷам карданд. Пас аз он ба Маскав рафтам дар шаҳри Каломнаи подмосковия ва онҷо пули роҳкироямро кор карда ба Амрико рафтам. Дар Амрико нахуст забони Англисиро омӯхтам ва пас аз он аз бонк қарз гирифта пули як сместерро додам,ки он 12 ҳазор доллар буд. Пас аз он донишгоҳ лаёқати маро дида маро бе пул ба сместери ду пазирӯфтанд. Ҳоло се диплом ва ду унвони илмӣ дорам. Инжинер электроншик, физик,барнома соз (алгарит месозам)  ин се ихтисоси ман. Ҳоло шукри Аллоҳ солона 200 ҳазор доллар маош дорам вале дилам ба ватанам месӯзад ва маро бе фикр будан намегузорад.

Ps: Ин олими ҷавони муқими Амрико тасмим гирифтааст ҳар сари фурсат дар ин масоили марбут ба захираҳои фоиданоки кишвар матолиби сӯдманд ирсол менамоянд. Аз ин иқдоми эшон хело изҳори сипос менамоем,ки ин олими ҷавон, дар фикри ватан ҳастанду ба ёди ватан дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва мехоҳанд барои ватан корҳоеро анҷом диҳанд.

Share This Article