Минбари ҷашни Истиқлол ва ё намоиши ҳокимияти “ҳамашумул”и хонаводагии Раҳмонов

Ислоҳ нет

Маросими таҷлил аз сивумин солгарди Истиқлоли давлатӣ  дар рӯзи 9-сентябр баҳона ва мавриде шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонов тасаллути ҳокимияти хонаводаи  худ бар Тоҷикистон ва мардуми онро гӯш ва чашмрас  кунад.

    “Болои минбари Истиқлол овардани Рустаму Озода тасдиқи ҳамин нақша ва ормони Эмомалӣ Раҳмонов аст ва дар худ ин паёму ин огоҳиро гунҷонидааст, ки миллат чи бихоҳад ва чи нахоҳад минбаъд умури давлатӣ дар дасти ҳамин се нафар аст ва ин хонавода дигар аз боло ба зер нахоҳад омад.”

Аммо умеди онро дорем, ки ин орзуро бо худаш бубарад ва он таҳаққуқ пайдо накунад.

Раҳмонов аз кай як чунин нияту нақшаро дар сар мепарваронд, ки дар канораш Рустаму Озодаро болои минбари Истиқлол бароварад, маълум нест. Ду сол, се сол ва ё шаш моҳи пеш аз таҳаққуқи он орзу. Аммо як чиз мушаххас шуд, ки ин ҳама харҷу масорифи даҳҳо миллиондолларии баргузори маросими таҷлил аз 30-солагии истиқлол,дар ин шароите,ки  кишвар дар панҷаи Ковид-19 печутоб мехурад ва тоҷикони онсӯи Ому дар бадтарин ҳолати зиндагӣ қарор доранд ва тоҷикони худи Тоҷикистон ҳамарӯза аз кишвар рӯ ба гурез   мениҳанд, тайи беш аз чаҳор-панҷ моҳ «маршировка»-заниҳои донишҷӯёну устодони онҳо ,танҳо ба ҳамин хотир будааст. Фалсафа ва мантиқи ин ҷашну ин маросим эълони ҳокимияти хонаводагии  Эмомалӣ Раҳмонов ,раиси тоҷикони дунё будааст.

  “Тамоми дунё  оташ бигирад, сел шуста барад, дар рӯи замин як тоҷик на дар он сӯ ва на дар ин сӯ боқӣ намонад, чизе нест, аммо бояд, ки  Эмомалӣ Раҳмонов, Рустами Эмомалӣ, Озодаи Раҳмон дар сари қудрат бошанд. Нағз зиндагӣ кунанд, нағз хуранд, нағз  хобанд, нағз  пӯшанд, нағз ҳокимият кунанд.”

Аз минбари майдони ҷашни Истиқлол нишон ва намоиш додан ба ин шаклу шева дурусту дақиқ ҳамин паём ва ҳамин маъноро дорад, ки

«ман болои сари шумо дигар танҳо нестам ва ҳамроҳи бачаву духтарам ҳастам ва ман ҳокимиятро барои худ ва аъзои оилаи худ «приватизатсия»  кардаам. Бефоида Қонуни асосиро тағйир надодам».

Дар ҷаласаи бахшида ба истиқлолият дар кохи Борбад чунин гуфт:  «Ман аз ҳамаи онҳе, ки дар солҳои вазнин, бо ман ҳамкорӣ карданд, дар паҳлуи ман буданд, бениҳоят миннадорам. Ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам. Умри дароз бинанд, ҳар як кадоматон. Ман  ягонтаи шуморо фаромуш накардам, ягон каси шуморо фаромуш накардам. Доим ба ёд меорам, дар ҷаласаҳои ҳукумат ,дар ҷамъомадҳое, ки мешаванд, пурсон мешавам. Якчиро мегӯям, давлатдорӣ ҳамин аст, дар кор бекаму кост намешавад. Ҷомиа худаш ҳамин аст. Дар як оила панҷ фарзанд бошад якеш маслиҳати падару модара на он қадар вай мекунад. Ҳамин хел ҳаст. Лекин дар давлатдорӣ  ман ончики кардам иззати нафси ягон, онҳое, ки ба ман кор карданд, нарасидам, то тавонистам хизматҳои шуморо қадр кардам. Агар накарда бошам, зиёнам нарасидаст….Маргда розӣ шудан даркору хиёнат кардан даркор не. Хиёнатро на банда мебахшад на худо».

Бо ин суханонаш Эмомалӣ  Раҳмонов  ба гардан гирифт ва иқрору эътироф кард, ки ба «онҳое,ки дар паҳлуяш» буданд, номардӣ кардааст. Зеро ҷойи онҳоро гирифту ба бачаҳояш дод. Вагарна, барои мисол Маҳмадсайид Убайдуллоев ҳамсоли худи Раҳмонов аст. Чаро Раҳмонов барои худ «камоли умру давлати пирӣ орзу» накарду ӯро «пенсия» гусел кард? Бале, барои онки Рустамро оварад ва «санги асос»-и бинои ҳокимияти хонаводагиро бигзорад. Барои ҳамин вақте мегӯяд,ки «Ман  ягонтаи шуморо фаромуш накардам», 100% дурӯғ мегӯяд. На инки фаромуш кард, балки аз саҳна ба дур андохт ва онҳоро бо фарзандонаш иваз кард. Онҳоеро, ҳам, ки барои ташаккул, устуворӣ ва бақои ҳукумати Раҳмонов ҷони худро сипар карда буданд. Ҳатто мижааш хам намехурад вақте меӯяд, ки ба «иззати нафси шумо нарасидам».Чи гуна ба иззати нафси онҳо нарасидӣ, ки Ёқуб Салимовро 15 сол турма кардӣ ва ҳамин ҳоло ҳам Ғаффор Седой дар зиндон асту ӯро раҳо нахоҳӣ кард. Боз аҷибаш дар инҷост,ки навор бардор дар ин вақт Маҳмасаид Убайдуллоев,ки дар сафи пеш нишаста буд гашта баргашта ӯро ба навор мегирад.

“Ҳатто хиёнате ба ҳамин “Фронти халқӣ”еки туро ба қудрат расонид карди. Ин дафъа аз корҳои гузаштаат намегуем. Ҳамин чанд рӯз қабл Нур Фақир ва Маҳмади Хирсро дар ҳамдасти бо Хуҷа Карим боздошт ва пушти миллаҳои зиндон фиристоди. Ин ҳама ба хотири чист ? Дигар бароят ҳеҷ касе мҳим нест ҷуз бақои ҳукумати “оилашумул”и худат ва ин ҳам як далели ошкори ба иззати нафси дигарон расидан ва фаромӯш карданҳои ту аз хидматҳое бароят дар гузашта кашида буданд. Акнун фаҳмиди чихел дурӯғ мегуед дар назди миллат ва мардум ва сурх намешавед?”  

Ба ин ишораи мармуз ва маккоронаи ӯ таваҷҷӯҳ фармоед: «якчиро мегӯям, давлатдорӣ ҳамин аст, дар кор бекаму кост намешавад».

Давлатдорӣ ин аст ки дар вақти сахтиву тангӣ нафарон дар барат бошанд ва вақте шароити осонтар ва роҳаттар пеш омад онҳоро пеш куниву ба ҷояшон фарзандони худатро оварӣ? Вақте мегӯӣ,ки «зиёнам» нарасидааст, магар шарм намекунӣ, изо намекашӣ? Беномусиву бешарафӣ то куҷо боло гирифтааст, ки дар баробари мардум меистӣ ошкоро дурӯғ мегӯӣ?

“Магар як тарафи сулҳро, Иттиҳои нерӯҳои оппозитсион, аз ҷумла ҲНИТ, ҲДТро аз саҳна барканор кардан хиёнат ба сулҳ, хиёнат ба ватан, хиёнат ба миллату давлат нест?”

Агар сулҳу ваҳдат дастоварди бузурги замони истиқлол аст чаро он дастовардро камранг ва беарзиш кардӣ? Фақат ба хотири онки ҳокимияти хонаводагӣ ташкил бидиҳӣ? Ҳама қурбон ва қурбонии Рустаму Озода бояд бишавад?

Чаро имрӯз дар канорат Достиев нест, Убайдуллоев нест, Ғаффор Мирзоев нест, Ёқуб Салимов нест, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода нест, Муҳиддин Кабирӣ нест? Магар инҳо барои сулҳу ваҳдат нақш надоранд ва надоштанд?

Убайдуллоевро баъди аз кор пеш кардан ҳатто узви Маҷлиси Миллӣ намондӣ, ба ягонҷо сафир ҳам таъин накардӣ.

Вақте Зайд Сайидро аз Маскав Раҳмонов овард ба ӯ дасти мардӣ дод, ки то ман ҳастам ту дар ҳукумати кор мекунӣ, аммо имрӯз ӯ дар кунҷи зиндон аст. Мумкин аст Убайдуллоевро дуъои Зайд Саид гирифта бошад,ки ба ӯ ваъдаи дурӯғ дод ва ӯ баргашт ба ватан. Имрӯз он нафрин ҳамнишини Убайдуллоев шудааст.

 “Харҷу масрафи ин ҷашни Истиқлол, ки гуфта мешавад аз 30 миллион доллар бештар будаастро магар намешуд сарфи корҳои зарурӣ ва ногузир кард? Мо дар бораи онки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ қонунҳои худаш имзокардаро рияо намекунад, аз ҷумла Қонуни танзими расму анъанро, ки тӯю азои мардумро маҳдуд кард, чизе намегӯем. Аммо чаро ба худи Раҳмонов иҷозат аст, ки ин ҳама пули халқро ба боди фано бидиҳад, ҳатман хоҳем гуфт.”

Тибқи маълумотҳое ба “Ислоҳ” расидаанд дар мавриди освишение рушнои ва салюту ин қабил тадорукот мутахассисонро аз Русия даъват намуданд, ки масрафи онҳоро 450 ҳазор доллар ва пурра масорифи 25 нафарро барои 25 рӯз пеш аз ҷашн тасфия ҳисоб намудаанд. Нархи як чиптаи ҳавопаймо 5500 сомонӣ,то ба Маскав барои як шаҳрванди кишвар. Аммо барои як ҷашни дурӯғини “Оилашумул”и Раҳмонов 30 миллион долларро агар ба 500 ҳазор оилаи камбизоат онро тақсим мекард ба ҳар оила тақрибан 700 сомони мерасид. Ҳадди ақал барои як моҳ бештар мардум сер мемонанданд. Акнун ин пулро масраф кард чи шуд? Мардум серу пур ва хушу розиянд? Инҷо ҷуз аз қудратнамоӣ ва нишондодани қудрати ҳукумати “Оилашумул”аш кори дигаре набуд.

Барои як кишвари кӯчак ва фақир,ки мардумонаш нони даҳонашро аз муздурӣ дар Русия пайдо мекунад, ин ҳам ҳамҳамаву воҳима чи даркор аст?

Бубинед, ки  аз ду сол қабл ҳар рӯз аз омодагӣ ба ин ҷашн гуфта мешуд ва онро дар расонаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва ҷамъомаду ҷаласаҳо  дар назари мардум барҷаста вонамуд мекарданду агитатсия мебурданд. Мо шоҳиди садҳо навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ будем, ки мардуми кишвар новобаста аз ин ҳама ташвиқот намедонистанд рӯзи истиқлоли Тоҷикистон кай аст? Ҳатто хабарнигор мепурсад 9 уми сентябр чӣ рӯз аст, бархе тамоман намедонистанд ва бархе аз  онҳо суханоне мегуфтанд, ки шарми бинандаро меовард. Чаро чунин буд? Чунки мардум намедонанд, ки онҳо мустақил шудаанд ва аз тасаллути кишваре ва ё мустамликаву ғуломӣ  раҳо шудаанд. Зеро онҳо ҳамоно ғуломи русанд ва беш аз ин ғулому бардаву каниз ва марди кори оилаи пурҷамъияти Раҳмонов ҳастанд.

  “Раҳмонов дар  ин ҷашн ва ҷашнҳои мушобеҳ  ягон бор нагуфт, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатиро аз куҷо ва аз кӣ ба даст овард? Мо то замони истиқлол зери султа ва контроли кадом давлат будем. Раҳмонов ягон бор нагуфт ва ҳеҷ гоҳ ҳам намегӯяд, ки вай муқобили Истиқлоли Тоҷикистон буд.”

Насли ҷадиди кишвари мустақил аз куҷо истиқлол ёфтан ва раҳо шуданро намедонад. Ҳеҷ олиму таърихнигор ва зиёии ин миллат мустаъмараи кадом давлат будани Тоҷикистонро нанавишт. Чаро? Касе аз Тоҳири Абуҷаббор муаллифи Эъломии Истиқлолият ва аз Қадриддин Аслонов, муаллифи имзои ин санад ёдоварӣ намекунад.

Раҳмонов гуфт: Ман, халқамро  ватанамро миллатамро дӯст медорам.

“Агар халқу миллатаро дӯст дорӣ чаро солбасол шумори муҳоҷирони корӣ меафзояд? Чаро ҳазорҳо нафар дар Аврупо дар ҳоли паноҳандагӣ қарор доранд? Чаро ҳоли миллате иддаъои дӯстдори аз онҳо менамоӣ туро дӯст намедоранд? Миллат вақте дӯстдории президент ва эҳтироми ӯ нисбаташонро диданд ӯро дӯст медоранд ва эҳтиромаш мекунанд. Ҳама онҳое дар наздат суханрони мекунанд онҳоро КДАМ омода карда баъдан сухан меронанд. Вагарна онҳо ҳам ба ту нафрат доранд. Инро касе ба ту намегуяд ,мо мегуем ,то бидони ин ҳама спектакл ҳастанд ва ту ба ин тавсифҳои дурӯғине аз ту мекунанд аслан бовар накун!”

Рӯзи 7 сентябр дар тамоми марказҳои навоҳиву шаҳру вилоёти кишвар паради низомӣ баргузор шуд, ки ҳатто муаллиму табибу донишҷӯҳоро маҷбур кардед барои худ лиобси ҳарбӣ дӯзонанд ин ҳама ба хотири чӣ?

Роҳҳои Душанбе барои ин маросим барои чанд рӯз баста шуда буд.

Портетҳои Раҳмонов болои сар, ки 80% аксҳои ӯро дар даст доштанд ва аз баландгӯи минбари маросим, лаҳза ба лаҳза нашри иқтибосҳо аз Раҳмонов, зикри мукаррари таъбири ибораҳои чоплусонаи марди хушиқбол соҳиби истиқлол, созандаи истиқлол, Пешвои муаззамаи миллат, намои зоҳирии ин раҳпаймоиро нишон медод.

Тамоми корхонаву муассиса, вазорату кумита, коргоҳҳо, донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳо, хуллас тамоми сокинони Душанбе дар даст шиору транспорант бо масрафи садҳову миллионҳо сомонӣ аз назди минбар рад мешаванд. Ин анбӯҳу издиҳоми чандҳазории мардум, ки 7-8 соат  соат барои гузаштан аз назди минбар саф задаву навбат мепоянд, сахт мондаву хаста шудаанд. Аммо бояд барои қонеъ сохтани талаби як Диктотур бояд болои пойҳо истод бишаванд ва ҳаракат кунанд. Магар ин мардум, ки  дар зери минбар қадам заданду ба самти Эмомаливу Рустаму Озода дастафшонӣ мекунанд мисли Эмомалӣ Раҳмонову Рустаму Озода дар қасру кӯшкҳоянд ва савори мошинҳои  садҳо ҳазордолларӣ ва дар айшу ишратанд?

Падар ва ё як бародари донишомӯзе, ки беш аз ним сол дар маршировка буд аз муҳоҷирати меҳнатӣ барои ӯ пул фиристод, ки сарулибос бихарад, пойафзол бихарад то аз назди Раҳмонов рад бишавад.

 “Воқеан ҳам сари одам сахт мемонад. Як нафаре, ки мегӯяд пул надошт то ҷасади бародаршро аз Украина оварад ва ҷурғотро бо шир омехта карда мехӯрд, имрӯз ин корҳо карда истодааст. Мардуми тоҷик ин гунаҳоро «бетаҳ» мегӯяд, «бехуд» шудааст, ё «маст» шудааст мегӯянд. Чунки бардошта наметавонад. Гузаштаи худро фаромӯш карда аст.”

Агарне чаро Раҳмонов худу бачаҳои худро аз дигарҳо боло гузошта истодааст? Дар ҳоле, ки тамоми сарвату дороиҳояш аз они ин мардум аст. Вай ҳоло ба як «паразит» бадал шудааст. Дар вай дигар ҳеҷ аломати презилент боқӣ намондааст.

“Саволи дигар ҳам ин аст ки ҳоло Рустамро овардӣ, овардани Озода ба чӣ хотир аст? Гуфтаниӣ, ки дигар ҳама тамом шудааст ва «ҳама» фақат ту астӣ? Яъне бо инки ҲНИТро баста кардӣ, тамоми халқи Тоҷикистонро бастӣ? Ҳоло дигар бачаатро овардӣ, духтаратро овардӣ, дар 31 солагӣ, шояд занатро меоварӣ дар 32 солагӣ боқии бачаҳову духтарҳоятро (кошки кам бошанд-9 кас ) дар 33 солагӣ домодҳои бешуморатро?”

Ҳамаи мақсадат ҳамин буд, ки дрон оварӣ, раҳпаймоӣ ташкил куниву  реҷа равонӣ, нишон диҳӣ, ки акнун ҳокимият дар Тоҷикистон хонаводагӣ шудааст. Ҳоло як роҳбари ҷавонро тарбия карданамон даркор гӯиҳоят ҳамин аст ки ин роҳбар бояд аз хонаи ту ва бачаи ту бошад?

Минбари ин ҷашнро ба ҳайси як шити таблиғӣ, як тахтаи рекламаи бузургу сартосарӣ истифода кардӣ. Ва ҳоло соат пушти соат пахши ин ҷашн дар шабакаҳои телевизионӣ ба хотири он аст,ки мардум турову Рустамро ва инак ҳоло Озодаро ҳазм кунанд?

Дар кишваре, ки мардум барои қути лоямут ҷон  мекоҳонад, ин корҳо ба кӣ хуш меояд? Дар воқеъ  ин ту ҳастӣ, ки номус надорӣ, шараф надорӣ, шарму ҳаё надорӣ, хиҷолат намекашӣ.

    “Ҳамаи буду шуди ту ҳамин аст. Мардум бояд «ҳа» гӯяд, ки ту ҳукмрониро ба бачаат бисупорӣ. Ва, агар гӯяд,ки не, ин кори ношуданӣ аст, ту номаъқул кардаӣ, ки як наркоманро бароямон раис мегузорӣ, гӯяд чӣ? Пас, ин мардум хиёнат кард. Ту чаро худатро муродифи давлат ва ватан мешиносонӣ ва мефаҳмонӣ?”

Ту мегӯӣ, ки бояд шукрона кунем.Чаро? Аз онки туву  ҳокимиятро дар муштат гирифтаӣ? Гӯр бар сари ҳокимият. Ҳатто одитарин  ҷойҳоро, ки сабаби ризқи дигарҳо бошадро ҳам кашида гирифта истодаӣ.

Дар кони ангишти Канте ва Зиддии Айнӣ Шамсуллои домодат ва Ҳасани додарарӯсат чи мекунанд?

Дар кони ангишти Назарайлоқ Бег Сабури қудоят чи гум кардаст? Кони тиллои Шугновро чаро ба Амриддин Нахшови ҷиянат ва  Зоири домодат доаӣ?.Зумрату Шоамбариву Хоҷаобигарму….ҳамаро чаро Зоир хусусӣ кардааст?

Ин руихат беохир аст. Тамомӣ надорад. Чаро бояд  бозори Панҷшанбеи Хуҷандро Ҳасан бигирад ва бозори Қурғанро Зоир?

“Хуллас, таблиғу  талқини ту ин аст ки мардум шукрона кунад, шукрона кунад, ки ту дар пушташ фона зада истсодаӣ? Туву аҳли авлодат бою бадавлат шавед аз ҳисоби молу мулки мардум ҳатто телехату шофёрат, замину замони мардумро кашида гирад, боз ин мардум шукрона кунад. Чар ва аз чӣ шукрона кунад? Шукрна кунад, вагарна «ҷанг мешавад»?”

Мақсадат аз шукрона кунед,ки ҷанг мешавад ин аст,ки агар шукрона накунед ҳукумати “оилашумул”ат мардумро мекушанд? Мардум мусалмонанд ва шукронаи Холиқашонро мекунанд ва аз туи золим нафрат доранд ва аз ту ба Аллоҳ паноҳ мебаранд. Ту ғазаби Аллоҳ болои ин мардуми, медонем қотилу одамкуши вале ин ҳама оғозу ниҳояте дорад.

Як бор раву дари сафорати Русияро бин, ки  барои гирифтани шаҳрвандии Русия навбат чанд километр аст? Чаро?

Ҳоло, агар мард ҳастӣ ва агар бо ин мардум ҳастӣ, бигӯ, ки дар 20-солагӣ, дар 25 ва 30-солагии истиқлол чи миқдор маблағ сарф кардӣ ва ин пулҳо аз куҷост? Ва ҳамин тавр барои Наврӯзҳоят, барои Рӯзи Ваҳдату Рӯзи Конститутсия?

  “Аз 5 касе, ки дар минбари маросими 30-солагии истиқлол истода буданд,3 нафари онҳо аъзои як хонаводаанд. Болои минбар овардани  Қоҳир Расулзода ва дар канори Озода «чухт» доштани ӯ ва ҳамин тавр Маҳмадтоир Зокирзода дар канори Рустам «ҳамту» -«ради галочка» буд. Аслу асос ин буд, ки бубинед ҳукумат ва ҳокимият дар дасти мо аст, мо бо шумо чи хеле хоҳем муносибат ва бархурд  хоҳем кард, чунки  шумо ғулом ва канизи мо ҳастед.”

Тамоми фикру андеша ва нақшаву нияти Раҳмонов  дар ҳамин минбари маросими 30-солагӣ бори дигар аён ва рӯшан шуд. Вай бо ин халқ нест ва ҳама ҳадафу мақсадаш ин аст,  ки то мурдан дар сари ҳокимият бошад ва ҳокимиятро  хонаводагиву авлодиву меросӣ кунад…

Боз шарм надошта ба “Толибон” ултиматум мемонад, ки ҳокимияти “ҳамашумул”ро ташкил кунед, то шуморо шиносем. Як бор ба ҳокимияти ташкил намудаи худат диққат додаи? Боз Толибон ҳокимияти “Паштуншумул” ташкил намудаанд, на ҳукумати “Оилашумул” мисли ту. Ҳамеша пеш аз як баёния додан ва интиқод кардан аввал якбор гиребони бӯгини худро бӯй каш, ки бӯйи чи мекунад. Инчунин мо ҳар ҳарфу ҳиҷои туро хуб диққат медиҳем…!

Бубинем, ки чӣ хоҳад шуд…

Share This Article