Чанд сол аст ки Авангард-як гурӯҳаке дар назди вазорати дохилаи Тоҷикистон «амал» мекунад. Ин гурӯҳ ғайриқонунист ва дар ҳеҷ ниҳоде сабти ном нашудааст. Вай асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ муқобили рушанфикрону дигарандешон ва мунтақидону мухолифини режими Раҳмонов садо баланд карда ва ҳар ғалату иштибоҳу ҳатто ҷиноятҳои Раҳмонову ҳукумат ва аъзои оилаи вайро талош мекунад, росту дуруст ҷилва бидиҳад ва дар назди мардум ин тӯдаи авбошонро сафед нишон диҳад.
Дар дасти мо як матлабе расидааст аз ҳафт нафар аъзои Авангард. Ин ҷавонон навиштаанд, ки ба хотири онки онҳоро бишиносад вориди ин гурӯҳ шуданд. Ҳоло таассуроти ин ҷавонони бедордилро бихонед, ки шоҳиди чи ҳодисаҳое шудаанд ва худро ҷасадан дар дохили Авангард медонанд вале руҳан бо мухолифон ва ПМТ эълон намудаанд:
Ман як ҷавони озодихоҳ ҳастам. Мехоҳам маълумотҳоеро дар бораи авангардҳои буз ба шумо ва аз тариқи шумо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бирасонам. Вақте ки ба донишгоҳ дохил шудам аз тарафи як ҳамсабақам ба ин гурӯҳ даъват шудам. «Ради интерес» ба ин гурӯҳ дохил шудам. Рафиқам ба ман гуфт, ки дар ин гурӯҳ дар чорабиниҳо фаъолият мекунем. Вале вақте ба маҷлисҳо ва чорабиниҳои вазорати корҳои дохилӣ рафтам, моро ба бузӣ ва чоплусӣ ҷалб карданд.
Вазорати корҳои дохилӣ ин гурӯҳро дар назди худ созмон додааст: ҷавононро ҷалб мекунад ва ба бузиву дигар корҳои ифлос истифода мебарад. Барои ҷалб ва омода кардани ҷавонҳо ба чоплусӣ дар вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки сардорони раёсатҳо чорабиниҳо баргузор мекунанд. Дар академияи вазорати дохилӣ бошад барои онҳо курсҳои махсус доир мекунанд.
“Дар он курсҳо онҳоро сардорони Раёсатҳобо сохтори вазорати корҳои дохилӣ шинос мекунанд. Ҳамчунин ба ҷавонон дар бораи аслиҳаҳои ҷангӣ ва усули истифодаи онҳо таълим дода мешавад. Қариб ҳамаи авангардҳо донишҷӯ мебошанд. Вазифаи асосии онҳо дар донишгоҳ ва ҷойи зисташон «хабар» ҷамъ кардан-яъне «буз» будан ва бузӣ кардан аст. Ҳама онҳоро буз номида аз онҳо дурӣ меҷӯянд.”
Авангардҳо дар назди рафиқонашон беобрӯ ҳастанд, ҳеҷ кас ба онҳо сару кор намегирад. Чунки онҳо буз ҳастанд ва ҳама аз бузигарии онҳо бохабар аст. Вақте ба ин гурӯҳ дохил шудани маро рафиқонам фаҳмиданд, гуфтанд, ки дар ин гурӯҳ фаъолият накунам. Вале ман ба онҳо гуфтам бояд бубинем инҳо ба чи кор машғуланд, баъд фаъолиятро қатъ мекунам. Аммо,то ҳоло дар гурӯҳ ҳастам вале барои ҳадафи муайян ва мақсади поку хубе. Дар ин гурӯҳ дар Душанбе фаъолиятро сар кардам. Маълум шуд, ки онҳо дар ҳар ноҳияи шаҳр, дар бинои умури дохилӣ утоқи худро доранд. Ду, се нафарӣ баъди дарсҳо рафта шабакаҳои мухолифинро назорат мекунанд. Касе коммент менависад, рӯихат мекунанд.
Дар рӯзҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин баромад мекунанд, шабҳо ҳам рафта дар он утоқ мешинанд ва худашон бар зидди онҳо коммент менависанд. Вазифаи ман дар Авангард хело калидӣ аст ва ҳамаро пурра бо тамоми нақшаҳои дошта ба “Ислоҳ” мефиристам. Матнҳо,суҳбатҳои аудиоӣ, маблағҳое сарфи нақшаҳо мешаванд ва…..
“Боз ба мактабҳо рафта барои сафи худ «бузҳо»и навро мекобанду ҷалб менамяонд. Маҷлисҳо доир карда мухолифинро сиёҳ мекунанд ва одамонро тарс медиҳанд, ки ба онҳо напайванданд, тамошо накунанд,эҳтиёт шаванд, ҳаёти худро насӯзонанд. Ҳар моҳ аз тарафи вазорати дохилӣ ба маҷлис даъват мешаванд ва кадомеашон, ки чи бузие карда бошад , бо сипоснома ва маблағи пулӣ:- 200сомонӣ сарфароз мегарданд.”
Асосан ин бузҳо донишҷӯёни ба қавли мардум гушна мебошанд. Онҳо барои он зуд-зуд мактабҳо маҷлисгузаронӣ мераванд, ки дар он ҷо директори мактаб «обед» ташкил мекунад. Барои ҳамин гушна монанд маҷлисгузаронӣ мераванд. Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо барои интернеташон 100сомонӣ медиҳад, то онҳо дар шабакаҳо ба мухолифин занг зананду суханҳои қабеҳ гӯянд ё нависанд ва ба барномаи онҳо халал ворид кунанд.
“Мехоҳам як чизро ба мардум бифаҳмонам. Чоплусҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: гурӯҳи Фируз Қодиров , ки расмӣ аст ба раёсати кор бо ноболиғон вобаста аст ва дуюм гурӯҳи Мардихудо Давлатов ки баУБОП вобаста аст. Ин ду гурӯҳ байни худ рақобат ҳам доранд: якеяш дигарашро бад мебинад. Онҳо муқобили якдигаранд, байни ҳам мусобиқа ва мубориза мекунанд, ки яке аз дигарӣ бештар бузиву чоплусӣ кунад. Гуруҳи Фирӯз гурӯҳи Мардихудоро гурӯҳи Мардикоро лақаб мондааст.”
Ин гурӯҳ вақте ба ду тақсим шуд, ки Фирӯзро дар ҷои Мардихудо роҳбар таъин карданд. Вале Мардихудо нафарони ҳамроҳашро бо худ ба УБОП бурда онҷо чоплусӣ ва бузиро идома дод.
Фирӯз Қодиров аз вазорати дохилӣ 2000 сомонӣ моҳона мегирад. Ин вазорат ба ӯ мошини хидматии Опел-Астра додааст. Гурӯҳи Фирӯз 30 нафар аъзои номнависшуда дорад. Гурӯҳи Мардихудо 20 нафар. Аз ин ду гурӯҳ максимум 5 то 6 нафар чоплусҳои содиқ ва самимӣ ҳастанд ва бовар доранд, ки кори дурустро доранд анҷом медиҳанд. Аммо боқии онҳо ба хотири «обед», ба хотири пул, ба хотири сафар ба минтақаҳо ва бахусус ба хотири экзаменҳои донишгоҳ «хидмат» мекунанд. Онҳо аз супоридани экзаменҳо озод карда шудаанд.
Боз ҳамчунин аъзои дигаре ҳам доранд, ки онҳоро авангардҳо маҷбурӣ ба гурӯҳи худ шомил карда, аз дарсҳо ҷавоб гирифта ба чорабиниҳо мебаранд. Дар байни онхо духтарҳо ҳам ҳастанд ва фаъолият мекунанд. Онҳо барои чорабиниҳои занона ҷалб мешаванд. Ҳамаи онҳоро вазорати дохилӣ мисли саг истифода мебарад.
Рӯзи 10июни соли 2019 буд
Моро чоплуси калонӣ- Фируз Қодиров ба назди маҳаллаи бозори пешинаи Зелёный фарёд кард. Мо наздики 20 нафар ҷамъ шудем. Як мошин аз УБОП омад ва Фирӯзро ба назди худ хонд. Фирӯз аз назди онҳо омад ва гуфт, ки ҳамакаса ба митинг меравем: « дар кӯчаи болотар як созмони ҳуқуқӣ ҳаст. Он созмон талаб дорад, ки як нафар адвокат ва аъзои ҳизби наҳзат Бузургмеҳр Ёровро аз ҷавобгарӣ ҳукумат озод кунад ва фармон аст ки мо бояд биравем ба мисли як шаҳрванди одӣ митинг кунем ва гӯем, ки вай ҷинояткор аст, қаллоб аст. Мардуми дигар ҳам ҷамъ шудагӣ ҳастанд. Вай мардумро фиреб карда сумашонро гирифтааст ва ҳизби наҳзатро ҳимоят кардааст. Мо бояд рафта митинг кунем, ки вай озод нашавад ва ин созмон ба кори давлати мо дахолат накунад».
Боз гуфт: « меравему як соат митинг мекунем , аммо дар ягонҷо нагуед, ки моро мақомот фиристодааст, аз даҳанатон берун набароред, ки баъд ба худатон вазнин мешавад, махсусан бо журналистҳо аслан гап назанед, ба онҷо милисаҳо меоянд, мегурезем, касеро дастгир карданд, боз наринен, ваё аз ин кор в курсе ҳастанд то шуъбара мебаранду сар метиян. Ваё миёян мора пеш мекнан, ки созмон нага, ки давлат фиристодаст ин нафарҳоро ва забонкутоҳ шавад».
Хулоса ба назди бинои он созмон рафтем.
Ман гоҳ вақтҳо ба маҷлисҳои гурӯҳи Мардихудо ҳам мерафтам. Дар назди бинои он созмон мӯсафеду кампирҳо ва марду занҳое ҷамъ омада буданд, ки дар маҷлисҳои УБОП онҳоро медидам ва онҳо барои фаъолияти ғайриштатиашон бо сипоснома аз тарафи Шодӣ Ҳафиз мукофотонида шуда буданд.
“Дар даст шиорҳо ва плакатҳо доранд. Аксҳои Бузургмеҳр Ёров ва чанд аъзои ҳизби наҳзати ислом ва сару садоҳо баланд мекарданд, ки гуё Бузургмеҳр Ёров онҳоро ба маблағи 100-ҳо ҳазор доллар фиреб додаву Ҳизби Наҳзатро ҳимоят мекардааст. Ман он манзараро дида пай бурдам, ки ҳамаи ин сохтакорӣ аст. Баъди чанде милисаҳо омаданд ва мо тибқи маслиҳат ва нақшаи пешакӣ «гурехтем». Милисаҳо ҳам сахт тамбал буданд.”
Баъди ин кор ба ин натиҷа расидам, ки дигар бо онҳо буданд бас аст. Инҷо мехоҳам, ки аз халқи азизам бахшиш бипурсам. Зеро ду сол аст, ки виҷдонам маро азоб медиҳад. Умедворам, ки халқи азизам маро бубахшад, то ки дар қиёмат дар назди Аллоҳ ҷавобгар набошам.
Боре як авангарди шарикамон пай бурд, ки ман “Ислоҳ” тамошо мекунам. Гуфт мегӯянд, ки “Ислоҳ” тамошо мекунӣ? Ман барои онки ба даст наафтам ва фош нашавам, гуфтам тамошо карда зидашон коммент менависам. Ва як коммент зиди шумо ва Гурӯҳи 24 барои «страховка» навишта ба ӯ нишон додам. Чун ман он солҳо нав ба гурӯҳ ворид шуда будам, аввал бояд хуб меомӯхтам баъд аз он комент менавиштам. Тааҷҷуб карду гуфт ҳоло шумо набояд комент нависед. Гуфтам тоқат надорам, мехоҳам ин хоинонро ҷавоб диҳам. Муҳим бо чолокӣ худро аз ҳолат берун кардем.
Ман тӯли қариб дувуним соле, ки фаъолят кардам дар ин гурӯҳ бисёри чизҳоро фаҳмидам ва шоҳид шудам. Мисол дар бораи ҳамин Фаттоҳзода, муовини бюрои Интерпол, ки дар “Ислоҳ” аз амалҳои қавми луташ гуфта шуд.
“Вақте ба чорабиниҳо мерафтем вай бачаҳое, ки чанд сол шуд дар Авангард фаъолят мекарданд ва бо ӯ наздик буданд, тез -тез сахт ба оғуш гирифта бӯса мекард. Ман ин амалҳои ӯро дида пай намебурдам ва мегуфтам ин марди хуб будааст, ҷавнонро ба мисли фарзанди худаш меҳрубонӣ ва дастгирӣ мекунад. Аммо баъд аз онки дар “Ислоҳ” дар бораи барномаеро дидам ва худ шоҳиди он шудам, фаҳмидам, ки он амалҳои шубҳанокаш барои чи будааст. Боз бештар ҳақ будани мухолифонро дар мавриди амалкардҳои мақомот фаҳмидам ва бовариям бештар гардид. ”
Ҳукумат доим дар донишгоҳу мактабҳо маҷлисҳо гузаронида воҳима мекунад, ки аз ҳизбу ҳаракатҳо эҳтиёт кунед, ҳушёр бошед. Ман ба ҷавонон гуфтаниям, ки аз ин гуна афроди номатлуби мисли Фаттоҳзода эҳтиёт бошанд ва худдорӣ намоянд. Мумкин ин афроди ифлос чандин ҷавонро ба мисли худ мубталои ин беморӣ карданд. Ин хатари хеле ҷиддӣ барои ҷомеа аст ва бояд сари роҳи инҳоро гирифт. Зеро инҳо миллатро мисли худ беномусу даюс карданианд.
“Дар мавриди ҷаласаи охире дар мавриди рафтан ба назди СММ барои террорист эълон намудани Гулбиддин Зиёбеков худатон шоҳид будед, ки чихел фаҳмониданд моро, ки чи кор бояд кунем. Онҳое иштирок доштед фаҳмидед манзурамро, Полковник чӣ гуфт ва ҳатто ба чӣ кор кардан моро амр намуд, ки чиқадар номарду ифлосанду туҳмат мекунанд. Дар мавриди худи Бадахшон ва муқобилият нишондоданамонро фаҳмидед, ки бо Бадахшониҳо бояд чикор кунем агар хезанд мабодо дар Душанбе. Дигар бояд барои мо дарси ибрат шуда бошад ин ҳама ва мо набояд ғуломони ҳалқабаргуши як оила бошем ва худро фидои оилаи “Пешво” кунем.”
Ман дар охири ин номаи худ ошкоро ва озодона эълон менамоям, ки дӯстдори ватанам Тоҷикистони азиз ва миллати азизам ҳастам. Ман ба сафи бародарони муборизу озодихоҳ мепайвандам ва шумо ҷавононе дар гурӯҳи Авангард ҳастед аз ин роҳи хато баргардед. Оне “Пешво” яш мегӯед ҳатман меравад ва ин ватан аз мо ва шумо ва ҳама шаҳрвандони он аст. Мо ғуломи касе нестем ва ғулом буданро ба ҳеҷ ваҷҳ намепазирем. Диктатураро маҳкум мекунам ва бар алайҳаш,то охир меистам. Ҷавононе, ки гумроҳ шудаед ва бо ин авбошон дар як саф истода бар алайҳи мардуми худ ва дар ҳимояти як диктатор ҳастед, ҳоло ҳам дер нашудааст аз ин роҳи иштибоҳ баргардед. Бо боварии комил мегӯям мо ва шуморо барои манофеи шахсии худашон истифода менамоянд ва барояшон ҳеҷ арзише надорем. Ман аз имрӯз ба саффи мухолифини режими Эмомалӣ Раҳмон ба Паймони миллии Тоҷикистон пайвастам. Агарчи ман дар ҷаласаҳои Авангард ҳоло ҳам қарор дорам, ба нафъи муборизон кори худамро анҷом медиҳам. Бигузор мо ва шумо дар ҳама ҷаласаҳо ва ҳама ончӣ бароямон мегӯянд онҳоро шунавем ва донему огоҳ бошем. Аммо онҳоро бар алайҳи миллат ва мардуми худамон истифода накунем. Алакай мо ҳафт нафар дар дохили “Авангард” ҳастем ва ҳама ончи мегузарад ба “Ислоҳ” мефиристем, то тавонанд ҳама барномаҳои “Авангард” ро фаҳманду аз онҳо огоҳ бошанд.
Ҳоло аз худ дарак надиҳед, мисли пештар бошед вале, то он рӯзе, ки мехоҳанд моро бар зидди мардум истифода намоянд. Дақиқан он рӯз бо мардум будани худамонро эълон мекунем. Се нафари мо аз суҳбатҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва барномаҳои ифшокориҳои шумо,ки пас аз он таҳқиқ мекунем дуруст мебароянд шефта ва пайрави шумо шудем. Падар ва бародарони мо кормандони мақомот мебошанд вале худамон мебинем,ки мегӯянд ин гапи “Ислоҳ” дар мавриди ин мақомдор дуруст аст. Инҷо мо гунаҳкор нестем ва роҳгумкарда ҳам нестем, чунки эътирофи кормандони мақомот аз амалҳои ҷинояткоронаи ҳамкорони дигарашон бароямон кофист. Ончӣ “Ислоҳ” мегӯяд падару бародаронамон онро тасдиқ мекунанд, ки чунин ҳаст. Охир онҳо ҳам мақомдорони ин ҳукуматанд. Пас ҳукумат ва мақомдорони ҳукумати “пешво” ҷинояткор будаанд. Мо чӣ гӯна аз чунин ҳукумат ҳимоят намоему барои бақои ин ҳукумат ҷонҳои худро нисор намоем. Ҳама ончӣ гуфтем аз диду бардошти мо ҷавонони “Авангард” аст. Мо дигар бо шумоем мухолифон ва шумо ҳаққеду, ҳақ бо шумост!
Ps: Ин нома аз ин ҷавонони Авангрд ба “Ислоҳ” расид ва шаш шиноснома ҳамроҳи ин нома ирсол шуда аст. Дар охир чунин навиштаанд : Мо АВАНГАРДОНи “Ислоҳ” дар дохили АВАНГАРДи ВКД ҳастем “ . Лутфан моро ба саффи худ пазиред ва мо бо ифтихор шомили ПМТ мешавем.