Модар бемор шавад, тамоми муҳити хонавода бемор мешудааст. Як рӯз модари ман ҳам бемор буд. Чеҳрааш заъфарон, дастони лоғару ожангбастааш ларзон, мӯйҳои сафедаш парешон, дар як кунҷи сандалӣ хобида, базӯр-базӯр нафас мегирифт. Дар болои сандалӣ фақат барои гузоштани якто ҷойнику якчандто пиёла ҷойи холӣ буду тамом. Анвои неъмат пур буд. Ҳар рӯз барои дидорбинии модар хешу табор, ҳамсояҳо ва наздикони хонаводаамон меомаданд. Хона меҳмонхона барин буд. Мо фарзандони ба воя расидаи модар гирди сандалӣ нишаста модари ғаниматамонро нигоҳ мекардему орзуи як табассум, як ҳарфаки ширинашро доштем. Касе ба неъмати сари дастурхон даст дароз намекард, чунки модар бемор буд. Ин ҳолатро дида замони кӯдакиям ба хотирам омад. Аз мактаб меомадаму дарвозаро кушодан замон ,ба чор тарафи ҳавлӣ чашм медавондам. Модарро дидан замон, хотирам ҷамъ мешуд. Аввал савол медодам : Модарҷон хӯрок чӣ? Баъд наздиктар рафта салом медодам. Агар хӯрок шӯрбо бошад, модар гӯшти ҳақи худашро ба мо тақсим карда медод. Ман он вақт гумон мекардам, ки модарам бомазза будани гӯштро намедонад.
Аммо фарзанддор шуда фаҳмидам, ки агар фарзандат хӯрад, хурок бомаззатар мешудааст. Бегоҳи иду айём маъракаи ошбараку ошбиёрак мешуд. Ҳама ба хонаи мо оши палав меовард. Модари ман ҳам дар сурфаи сари оташдон як қатор коса чида, ба ҳамааш оши палав меандохт ва мо бо навбат ба хонаи ҳамсояҳо мебурдем. Фақат ман аз оши палави ягон кас нахӯрда меистодам, чунки ҳеҷ кас модари ман барин бомазза пухта наметавонист. То ба сари дастурхон овардани табақи палав, мо шакаробро хӯрда тамом мекардем. Талошак карда ош хӯрдани моро дида , модар сер мешуд.
Шабонгаҳ як ҷойхоби дароз меандохт модар. Болиштҳоямонро гузошта қатор шуда мехобидем. Ҳар кас ҷойи худро дошт. Аз ҳама фарзанди хурди хонаводаамон додарчаам буд, дар назди модар мехобиду ман аз ҳама фарзанди калонӣ, охирон дар назди дар мехобидам. Баъзан ин ҳолат алам мекард. То хобам бурдан ҳар хел баҳона карда баҳс мекардам. Шумо вай эркаатонро дӯст медореду маро не а? Вай дар наздатон хобаду ман фақат дар назди дар хобам. Бало занад маро занад а? Модар дилбардориам мекард. Ту аз ҳама калон ҳастӣ, боақл ҳастӣ , нотарсӣ. Ба худам бовар карда, хобам мебурд. Як шаб бемор шуда мондам. Табам баланд шудааст. Нисфи шаб тарсида хестам, ки модарам дар сарам нишаста , дар як дасташ ним пиёла об ва дар дасти дигараш як дона дору дошт. “Ина хӯр бачам, сиҳат мешавӣ” мегуфт. Субҳ бедор шавам, модарам дар наздам буд. Хурсанд шудаму хандидаму пурсидам : “Модарҷон, магар имшаб дар назди ман хобидед?” Модар бошад, маро ба оғӯш гирифту гиря карда фиристод. Он шаб то саҳар дар сари болинам нишаста будааст.
Ман ҳамон вақт нағз фаҳмидам, ки модар ҳамаамонро баробар дӯст медоштааст, хурду калонамон барояшон фарқе надоштааст. Мана имрӯз ҳам бегоҳи айём аст. расми мутадовил миёни деҳаи мо “Ошбарак” дар авҷ, ҳама ба хонаи мо оши палав меоранд. Аммо худамон напухтем, зеро ба дили касе намеғунҷад ва касе намехостем чизе хурем. Ман боз ҳам аз оши палави касе нахӯрдам ва дӯстҳам намедоштам хурам . Модарам барин намепазанд. Дар назди модар нишастаам ва дар як дастам ним пиёла обу дар дасти дигар якто дору дорам. Модарҷон, ҳамина хӯред гуфта муроҷиат мекунам, чашмашро базӯр нимроғ мекунаду боз мепӯшад.
Ба дастурхони пурнеъмат нигоҳкунон орзу мекунам. Кош ки модар сиҳат шавад?! Иду айём набошад ҳам, майлаш. Ошбарак ҳам нашавад, дастурхони пур ва чизе надошта бошем ҳам, фақат модарам сиҳат шавад бароямон кофӣ буд. Як коса оби хунук бошаду якто нони қоқ бошад. Модарам шикаста гузораду мо ба об тар карда хӯрем. Талошаки хӯрданамонро дида модар сер шавад, дарду ранҷаш дур шавад. Як бор сарашро бардошта табассум кунад, ки ба хона офтоб барояд. Ҷони мо – фарзандонаш дарояд. Модарам бемор аст, Эй Аллоҳ ҳадяи ҷонаш бифрист,модарамро шифои оҷил аз хазонаи ғайбият иноят фармо. Модарҷонам ба ман даркор аст.