Муъовия ибни Абусуфён (раз) дар замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб (раз)
(бахши дуввум)
Бо арзи саломи муҷаддад матлабро идома медиҳем.Чунонеки дар бахши аввал гуфта гузаштем хело мухолифони Муъвия ибни Абусуфён (раз) ро бо ончи дар ниҳон бо худ доштанд ором нагузошт.Таҳқир,таҳдид,ҳукм ончи дар тавон доштанд ошкоро ва дар паёмакҳои хусуси бароям навиштанд.Вале ин таҳқиқотро ман то охир анҷом медиҳам то ҳамагон донанд,ки дар асл миёни Муъовия ибни Абусуфён(раз) ва Алӣ ибни Абутолиб(раз) чӣ гузашт оё ҳама ончи мегуянду навиштанд ва то ҳол менависанд ҳақиқат аст ё хайр инак идомаи он.
Аммо он чи миёни мардум дар гузаштаву имрўз паҳн шуда, ки ихтилоф миёни Алӣ ва Муъовия (раз) ба сабаби тамаи Муъовия (раз) барои хилофат ва бар зидди Алӣ (раз)қиём намуданаш ба сабаби аз мансаб дур кардан буд, ин ривоятҳои беасос мебошанд. Дар китоби «Имомат ва сиёсат» мансуб ба Ибни Қутайбаи Динаврӣ омадааст, ки Муъовия (раз) тамаъ ба хилофат дошт ва суханоне бофта аз номи Алӣ (р), ки бар зидди Муъовия (раз) гуфта бошад оварда, ки ҳама бӯҳтон аст. (1)
Беш аз ҳаждаҳ далел барои онки ин китоб «Имомат ва сиёсат» еки мансуб ба Ибни Қутайбаи Динвари мекунанд китоби Ӯ набуда ончи дар ин китоб омадааст ҳама дуруғ буҳтон аст. Сухан дар мавриди ин китоб зиёд аст намехоҳам баҳсро дар мавриди як китоб идома диҳам.Аммо агар Аллоҳ бароям иноят фармояд ин китобро,ки бештари носазо гуяндагони ин мақтаъи таърихи мегуянду менависанд аз ин китоб маншаъ мегирад менависам. Ҳар куҷо номи ин китобро дидед ё касе гуфт бидонед ин китоб ба Ибни Қудома (раҳ) ҳеҷ иртиботе надорад ва нависандаи ин китоб ҳатто ба Шайхайн (раз) ва уммаҳотулмуъминин носазоҳое гуфтааст қазоват ба шумо хонандаи гиромӣ.
Китобҳои таъриху адаб пур аз ривоятҳои заиф аст ва ҳамагӣ бар ин назаранд, ки Муъовия (раз) ҳамроҳи Алӣ ба хотири мулк ва аморат ихтилоф карданд. (2)
Ҳақиқат дар ин амр ин аст, ки ихтилофи Муъовия (раз) бо Алӣ (р) сари ин мавзуъ буд, ки байъати Муъовия (раз) ва атрофиёнаш кадом вақт сурат бигирад, қабл аз гирифтани қасос ё баъд аз он. Муъовия (раз) чунин ақида дошт, ки ў ва аҳли Шом баъд аз гирифтани қасос аз қотилони Усмон (р) шомили байъат хоҳанд шуд. (3)
Ибни Арабӣ мегўяд: Сабаби қитолу задухурд миёни аҳли Шом ва Ироқ дар ихтилофи мавоқифи онҳо буд. Аҳли Ироқ мегуфтанд: бояд даври имом иттиҳод шавем, аммо аҳли Шом мегуфтанд: бояд қотилони Усмон (р) ҷазо дода шаванд ва шахсеро, ки қотилонро паногоҳ додаст байъат намекунем. (4)
Имом-ул-ҳарамайн дар «Ламаъ-ул-адилла» мегўяд: агарчӣ Муъовия (раз) бо Алӣ (р) дар набард буд, имомати ўро инкор намекунад ва онро даъво намекунад. Ў мехост кушандагони Усмон (р)-ро ҷазо диҳад. Ба андешаи ӯ, ин рафтораш дуруст аст, аммо иштибоҳ карда буд. (5) Ҳайсамӣ низ ин ҳақиқатро, ки сабаби вуқуи фитна, даъвои Муъовия (раз) барои хилофат набуда, балки қасос гирифтан аз қотилони Усмон (р) будааст тасдиқ мекунад, (6)
Зеро ў мегӯяд ҳамагӣ бар мустаҳиқ будани Алӣ барои хилофат иҷмоъ доштанд, пас чӣ гуна Муъовия (раз) хилоф меварзад?
Ривоятҳои зиёде ворид шудааст, ки Муъовия (раз) мавқифаш талаб намудани хуни Усмон (р) буд ва сароҳатан гуфта, ки агар ҳад бар қотилони Усмон (р) қоим шавад ў вориди байъат мешавад. Агар фарз кунем, ки ў қазияи қасосро василае барои ҷанг бо Алӣ ва тамаъ бар ҳукм гирифта бошад, пас агар Алӣ (р) имкон пайдо мекарду қасос мегирифт чӣ воқеъа мешуд? Ҳатман Муъовия (раз) итоъати Алӣ (р)-ро мекард. (7)
Муъовия (раз) аз котибони ваҳй ва саромадони саҳоба буд, пас чи метавон гуфт, ки ў бар зидди халифаи шаръи қиём мекунад ва хуни муъминонро ба сабаби мулки зоил мерезонад? Дар ҳоле ки ў худ гуфтааст: Савганд ба Худо агар байни Худо ва ғайри ў мухайар гузошта шавам ҳароина Худовандро ихтиёр хоҳам кард. (8)
Паёмбар (с) дар шаъни ў гуфтааст: «Эй бори Худоё ўро ҳидояткунандаву ҳидоятшуда бигардон ва тавассути ў мардумро роҳнамоӣ кун». (9)
Боз фармудааст: «Эй бори Худоё ўро Қуръон биёмуз ва аз азоб муҳофизат намо». (10)
Хатои Муъовия (раз) ин буд, ки қабл аз байъат қасосро талаб намуд. Инро илова бояд намуд, ки Муъовия (раз) аз ошубгарон хавф дошт, зеро онҳо ҳар лаҳза иродаи қатли ўро мекарданд, биноан бо исрор талаб мекунад, то онҳоро ба ҷазои амалашон расонад, бо вуҷуде, ки медонист, ки талабкунандаи хун (қасос) наметавонад ҳукм намояд, балки дар тоъат дохил шуда даъвояшро ба ҳоким мерасонад ва ҳаққашро аз ў талаб мекунад. (11)
Имомони фатво иттифоқ доранд, ки касе ҳаққи гирифтани қасос аз каси дигар надорад ва талаби ҳаққи худ карда наметавонад магар бо иҷозати султон, ё касе ки султон ўро таъйин намудааст, зеро ин амал боъиси фитна ва сар задании бесарусомонӣ мешавад. (12)
Метавон гуфт, ки Муъовия (раз) муҷтаҳиде буд, ки гумони ғолибаш ин буд, ки ў ҳақ аст. Худи ў ба аҳли Шом хитоб кард, баъд аз ин ки хотирасон намуд, ки ў валии Усмон (р) писарамакаш аст ва мазлум кушта шуд ва ояти 33-сураи Исроро хонд. Баъд аз он гуфт: Мавқифи худатонро нисбати қатли Усмон (р) ба ман фаҳмонед. Аҳли Шом ҳамагӣ тарафдории худро баён намуда, омода барои фидои арвоҳи худ дар роҳи интиқом аз қотилони Усмон (р) шуданд. (13)
Агар байни Талҳаву Зубайр ва Муъовия (раз) (р) муқоиса кунем дармеёбем, ки он ҳарду ба савоб наздиктар аз Муъовия (раз) мебошанд, он ҳам аз чор ваҷҳ:
Аввал: Байъати ҳарду бо Алӣ (р)
Ва эътирофи фазлу бартарии ў. Муъовия (раз) бо вуҷуди эътирофи фазли Алӣ (р) бо ў байъат накард. (14)
Дуввум: Ҷойгоҳи ҳарду дар ислом ва назди мусалмонон ва собиқаи онҳо дар ислом, бидуни шак Муъовия (раз) ба эшон намерасад. (15)
Саввум: Талҳа ва Зубайр танҳо иродаи қатли гурўҳи боғиҳоро карданд, ки зидди Усмон (р) бархоста буданд ва қасди муҳорибаи Алӣ (р) ва ҳамроҳони ўро дар ҷанги «Ҷамал» надоштанд (16), дар ҳоле, ки Муъовия (раз) ба муҳорибаи Алӣ ва ҳамроҳонаш дар ҷанги «Сиффин» пофишорӣ кард. (17)
Чаҳорум: Алӣ (р)-ро ба саҳлангорӣ дар гирифтани қасос аз қотилони Усмон (р) муттаҳам накарданд. Муъовия (раз) ва ҳамроҳонаш Алӣ (р)-ро дар ин бора тӯҳмат карданд. (18)
Нуқтаи панҷумро бояд илова намуд, ки Талҳаву Зубайр мавқифи Алӣ (р)-ро савоб дониста, қаноъат карда, байъат намуданд баъд аз иттифоқ бо Қаъқоъ ибни Амр муҳориба бо ошӯби иғвогарон ва сабабҳо сар зада буд.
Алӣ (р) номаҳое зиёде ба Муъовия (раз) навишт, аммо Муъовия (раз) ҷавобе ба онҳо надод. Ин аҳвол то се моҳ баъд аз қатли Усмон давом кард. Баъд аз он Муъовия (раз) номае ба Алӣ тавассути нафаре фиристод. Чун он фиристода назди Алӣ (р) дохил шуд, Алӣ (р) аз ҳоли Шом ва аҳли он пурсон шуд. Он мард дар посух гуфт: Аз назди мардуме омадам, ки ҷуз қасос чизе намехоҳанд. Шаст ҳазор шайх дар атрофи пероҳани Усмон (р) болои минбари Димишқ гиряву нола доранд. Алӣ (р) аз қатли Усмон (р) ва даст доштан дар он покиашро изҳор дошт ва он чун аз назди Алӣ (р) хориҷ шуд хавориҷ, ки Усмон (р)-ро ба қатл расониданд хостанд ба қатлаш расонанд ва баъд аз ҷуҳди зиёд аз эшон раҳо ёфт. (19)
Каме инҷо таъаммул кунед Алӣ (раз) инкор карданд,ки дар миёни онҳо аз қотилони Усмон(раз) касе нест вале шахсе аз назди Муъовия(раз) назди Ӯ дохил мешавад хабар ба берун мерасад дар ҳол дар садади қатли Ӯ мешаванд то ин ду ба як дигар наздик нашаванд.Оташи ҷангу хунрези идома пайдо кунанд.Зеро иттиҳоди ин ду ҷони он қотилонро дар хатар мегузошт пас қазоват инҷо ба худи хонандаи нуктасанҷ аст.
Омодагии Амирулмўъминин Алӣ (р) барои муҳорибаи Шом.
Баъд аз расидани хабари радди Муъовия (раз) ба Алӣ (р) халифаи мусалмонон азми муҳорибаи Шомро намуда, ба волиҳои худ дар Мисру Куфаву Бағдод фармон дод, то мардумро ба ин амр даъват намоянд. Худи ў бошад мардумро ба ин кор ташҷиъу ташвиқ намуда, аз Мадина берун шуд ва Қосим ибни Аббосро дар Мадина халифа гузошт.
Баъд аз омодагиҳои зиёд Алӣ (р) хост, ки бо лашкари худ ҳаракат намояд, вале амре воқеъ шуд, ки ўро аз ин амал боздошт (20) ва он амр хориҷ шудани Талҳаву Зубайру Оиша (р) ба Басра аст, ки бо тафсил дар китобҳои таърих омадааст, ки инҷо ниёз ба зикри он нест.
Фиристодани Амирулмўъминин Алӣ (р) Ҷарир ибни Абдуллоҳро ба назди Муъовия (раз) баъд аз муҳорибаи Ҷамал.
Овардаанд, ки байни хилофати Алӣ (р) ва хориҷ шудани ў ба Сиффин шаш моҳ (21) ва дар дигар ривоят ду ё се моҳ (22) гуфтаанд. Алӣ (р) соли сиву шаши ҳиҷрӣ моҳи Раҷаб вориди Куфа шуда, дар ҷомеъи Аъзам ду ракъат намоз гузорид ва ба мардум хутба ироа намуда, онҳоро ба сабру некӯӣ хонд. Баъд аз он ба волии Ҳамадон ва волии Озарбойҷон, ки аз замони Усмон (р) буданд нафаре фиристод, то байъати ўро бигирандва онҳо ин фармонро иҷро намуданд.
Баъд аз он нафаре бо номи Ҷарир ибни Абдуллоҳи Вуҷамеро бо номае назди Муъовия (раз) фиристод ва дар он нома ўро ба байъат намудан ва дохил шудан ба ҷамоъат фаро хонд. Муъовия (раз) (р) баъд аз машварат бо атрофиён ва мушовиронаш боз ҷавоби рад дод.
Чун Ҷарир ҷавоби Муъовия (раз) (р)-ро ба Алӣ (р) расонид Аштар ўро ба ҳамфикрӣ бо Муъовия (раз) ва адами кӯшиш барои розӣ намудани Муъовия (раз) (р) тӯҳмат намуд. Ин буд, ки ин саҳоби ғазаболуд аз он маҷлис бархост ва бо Муъовия (раз) (р) дар тамос шуда, бо ў пайваст (23) (хонандаи гиромӣ ба ин марҳалаҳо хуб диққат диҳед, ки чӣ таҳаввулоте қабл аз набардҳо миёни ин ду рух додааст). Худи Ҷарир гуфтааст: Ҳар гоҳ, ки Паёмбар (с) маро медид ба рӯям табассум мекард. Боре он Ҳазрат (с) фармуд: «Марде аз ин дарвоза ба шумо ворид мешавад, ки аз беҳтарини аҳли Яман бар рўи ў масҳе аз малоика аст». (24)
Яъне дар атрофи Алӣ (раз) ашхосе низ буданд,ки хоҳони ҷанг бо Муъовия(раз) буданд атрофиён ва мушовирон дар атрофи шахс роли калиди ва муҳимеро ҳамеша бози мекунанд,ки намунаҳояш дар таърих хело зиёданд.Ҳатто ба суқути давлатҳо ва хунрезиҳои зиёде як машварати шахси ноаҳл ба поён расидаанд.
Ҳаракати Амирулмўъминин Алӣ (р) ба сўи Шом.
Алӣ (р) барои муҳорибаи Шом омодагӣ гирифта, мардумро даъват намуд ва лашкари бузурге ташкил дод, ки дар миқдори он ривоёт ихтилоф доранд ва ҳамаи он заиф (25) ҳастанд, магар як ривоят, ки санадаш ҳасан аст ва он миқдори лашкари Алӣ (р)-ро панҷоҳ ҳазор гуфтааст.
Макони ҷамъшавии лашкари Алӣ Нахла (26) буда (27), ки аз Куфа 2-мил дур аст. Онҷо муқотилин аз қабоили мухталиф бо Алӣ (р) пайвастанд (28). Баъд аз он Алӣ (р) ба сўи Мадоин бо лашкари худ ҳаракат кард. Онҷо теъдоди зиёде бо ў пайвастанд ва Саъд ибни Масъуди Сақафиро бо вилояти онҷо гумошта, худ бо лашкараш бояд аз фиристодани гурўҳе ба Мусил (29), ба қариби Қуқайсо рафт (30) ва онҷо хабар ёфт, ки Муъовия (раз) дар Сиффин лашкаргоҳи худро сохтааст. Пас Алӣ (р) ба шаҳри Риққа (31) омада аз онҷо аз дарёи Фурот гузашта ба Сиффин омад. (32)
Идомаи матлаб хориҷ шудани Муъовия (раз) аз Сиффин,
оташбас миёни гурӯҳҳо, кӯшиш барои сулҳ ва амсоли ин…
Муҳаммадиқболи Садриддин
Феҳристи манобеъ ва осори таҳқиқотӣ
1. Ал-имомату ва-с-сиёсат (1/113).
2. Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳобати фӣ-л-фитна (2/145).
3. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (8/129), Фатҳ-ул-борӣ (13/92).
4. Ал-авосиму минал-қавосим, (с.162).
5. Ламъу-л-адила фӣ ақоиди аҳли-с-сунати ва-л-ҷамоъа, (с.115).
6. Ас-савоиқу-л-муҳриқа (2/622).
7. Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳоба (2/150).
8. Сияру аъломи-н-нубало (3/151).
9. Саҳеҳу сунани Тирмизӣ, Албонӣ, р. 3018 (3/236).
10. Фазоил-ус-саҳоба (2/319). Иснодаш ҳасан аст.
11. Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳоба (2/151).
12. Тафсири Қуртубӣ (2/256).
13. Сиффин, Ибни Музоҳим, с.32, Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳоба (2/152).
14. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (8/129), Фатҳ-ул-борӣ (13/92).
15. Талҳа (р) ва Зубайр (р) аз зумраи даҳ ёри биҳиштианд.
16. Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳоба (2/113), Таърихи Табарӣ (5/415).
17. Таърихи Табарӣ (5/612-615).
18. Таҳқиқу мавоқифи-с-саҳоба (2/139), Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/259).
19. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/240).
20. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/240-241).
21. Мураввиҷ-уз-Заҳаб (2/360).
22. Таърихи сағир, Бухорӣ (1/102).
23. Ал-бидоя ва-н-ниҳоя (7/265).
24. Муслим, р (2475).
25. Сирати Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (2/630).
26. Мӯъҷам-ул-булдон (5/278).
27. Таърихи Халифа, (с.193).
28. Хилофати Алӣ ибни Абӯтолиб, Абдулҳамид, (с.188).
29. Таърихи Табарӣ (5/603).
30. Мӯъҷам-ул-булдон (4/328).
31. Мӯъҷам-ул-булдон (3/153).
32. Таърихи Табарӣ (5/604). Ал-миҳан, Абулараб Тамимӣ, (с.124).