Оё мазхаби Алавихам вучуд дорад?

Ислоҳ нет

Оё мазхаби Алавихам вучуд дорад? 
(Ба унвони ман аз як гурух хонандагон номае омадааст, ки чунин аст. )
Асалому алайкум Устод Мухаммадикболи С мо як гурух чавонони Точик дар гурбат карор дорем. Хамеша маколахои шуморо мехонем ва ба шумо ихлоси хоссе дорем. Аз шумо мехохем бипурсем оё хамин Алави мазхаби хос аст ва ё шиа хастанд ва Нусайри кихо хастанд. Аз шумо устод хохиш менамоем ба саволамон посух бигуед. Як гурух чавонони мухочир аз Подмоскови русия.
Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон Ваалекум Асалом ва рхматуллохи ва баракотуху . Бародарони гироми аввалан аз даргохи Аллохи зулчалолу хохони онам, ки дар панохи хеш шуморо хифз намояд ва солиму гоним ба назди фарзандонатон баргардед. Иншоаллох ба саволи шумо ба таври кутох посух мегуям. 
Алавихо дар умум аз хама дигар мусалмонон фаркият доранд. Ин фирка дар асри 3 хичри камари зухур карданд то ин аср асаре аз инхо хамчун мазхаб вучуд надошт. Албатта Алавихо яке аз равияхои мазхаби шиъа дар умум хастанд. Инчунин хело ифроти ва гулотанд дар акидаи ботили доштаашон ва дар ифроти буданашон хатто шиъахо дар хайратанд. Алавихо бо ибораи равшан бигуям хамон шиъахое хастанд, ки Али Ибни Абутолиб (раз) ро Худо ва маъбуд дониста ва чунин эътикоди хатарнокеро аз худ ба чой гузоштанд. 
Дар огоз Алавихоро ба ин ном намешинохтанд балке бо номи Нусайри ё Нусария маъруф буданд. Алавихо намехоханд касе онхоро Нусайри бигуяд зеро мехоханд зери номи Алави пинхон монанд ва касе онхоро нашиносад.

Муассиси инхо ки хаст?

Муасиси ин тоифаи гумрох Мухаммад Ибни Нусайр Албасри Ал- Намири( соли вафоташ 270 х.к) мебошад. Албатта ин шахс иддиъои Нубувватхам кардааст.
Мухимтарин акидаи ин тоифа:
1.) Эътикод доранд, ки Али Ибни Абутолиб(раз) наъузу биллох худ Аллох аст. 
2.) Абдуррахмон Ибни Мулчам котили Али (раз) ро дуст медоранд. Аз ин сабаб дуст медоранд котилро ки гуё у ба итмом расонид Лохутро дар Носут. Яъне гуё Аллох дар чисми Али (раз) буд вакте Ибни Мулчам уро кушт у дубора баргашт. Шахсе Абдуррахмон Ибни Мулчамро лаънат кунад уро гунахгор ва хатокор медонанд ва хатто катлашро чоиз мешуморанд. 
3.) Ин бе хирадон акида доранд, км Али (раз) дар дохили Абрхо зиндагони мекунад. Пас аз онки аз часадаш хорич гардид дар замин. Аз ин сабаб аст, ки вакте абр аз болои сарашон гузарад мегуянд; Ассалому алекум эй Абулхасан . Боз чунин акида доранд, ки раъд садояш мебошад ва чарогаке аз абр мебарояд он дуррааш боз мегуянд дурраш не балке свистокаш аст чарогак.
4.) Шаробро бузург мешуморанд ва онро хело зиёд менушанд. Инчунин аз Дустдори шароб дарахти ангурро бузург мешуморанд.
5.) Ин Алавихо ё хамон Нусайрихо бар хилофи шиахо панч вакт намоз мехонанд вале ачоиботаш дар он аст, ки намозашон сачда надорад.
6.) Ба монанди Насоро ки такдис мекунанд инхо хам мукаддасоташон айнан мисли Насоро(хрестян) мебошад. 
7.) Ба панчум бинои ислом Хач имон надоранд ва мегуянд,ки хач кардан инсонро кофир мегардонад зеро дар ончо бутхо буданд ва ончо нопок аст набояд раванд ба ончо.
8.) Ба закотхам имон надоранд балке онхо налог ё дан месупоранд ба Шайххояшон аз панч як хиссаи моли дошта худро хатман бояд ба шайхашон бисупоранд. 
9.) Руза доштани Алавихо ин танхо тамоми мохи рамазон бояд ба занхояшон наздики накардан асту тамом. 
10.) Онхо тафсири ботини доранд дар шариъати исломи ки касе аз мусалмонон аз онхо огохи надоранд. Аз инчост, ки Алавихо ё хамон Нусайрихо ба шаходатайн имон намеоваранд, инчунин ба намоз, ба закот, тахорат , Руза , хач , ба тахорат ва вузуъ инчунин гусли чанобат ва зиёд аст акоиди мунхариф ва ботили инхо ки охир надорад. 
11.) Акидаи онхо аралаш ё махлут аст бо чанд динхои ботили дигар. Аз бутпарастхои кадимаи Тибет гирифтаанд. Аз ситора парастон гирифтаанд инчунин аз файласуфони мачусихам гирифтаанд акидаашонро.Инчунин аз Насоро, акидахои хиндуси ва осиегии шаркиро якчоя бо муътакадоти Шиъахои ифроти ва гулоти як чо намуда ин мазхабро сохтанд. 
12.) Идхои зиёде доранд, аз тачлили он идхояшон онхоро бозхам хубтар мешавад шинохт. 
– Иди Наврузро хело бо шукух чашн мегиранд.
-Иди Гадир мисли шиахои 12 имома
– Дахи мухаррам мисли шиъахо мотамдори ё азогири менамоянд. 
– Иди курбони мо агар дар рузи 10 зилхича бошад аз инхо рузи 12 зилхичча мебошад. 
– Дигар Идхои Насороро комилан чашн мегиранд.
-Мисли иди Крисмус, иди гитос, Мелоди Исо , Иди салиб(крест) дар умум Насоро чи иде дошта бошанд ин гумроххо онхоро чашн мегиранд. 
– Рузи кушта шудани Умар Ибни Хаттоб(раз) ро хамчун ид чашн мегиранд ва ширини таксим менамоянд ва хушхоли ва дашномхам менамоянд. 
То инчо маълум гашт бароямон, ки ин фирка як фиркаи Ботине мебошанд ва ба зури худро ба ислом мечаспонанд дар холе исломи азиз аз инхо безор аст. 
Уламои ислом дар мавриди ин гумрохон чи гуфтаанд:
Ба як кавл иктифо менамоем то макола тулони нагардад. 
Шайхулислом мегуяд: Ин кавм ё гурухеки ба номи Нусайрия маъруфанд. Албатта инхо ва хама гуруххои ботини аз Яхуд ва Насоро карда аз ислом хоричанд. Балке аз бисёри аз мушрикон карда мушриктаранд. Зарари инхо бузургтар аст аз зарари кофирону бе динонеки бо мусалмонон дар чанг карор доранд. Ба монанди Тоторхо ва аврупоихо ва дигарон. Инхо хамеша бо душманони мусалмонон бар зидди мусалмононанд. 
Ин муъаррифиномаи Алавихоро бо ин маълумот ба охир мерасонам. 
Бузургтарин мусибат дар назди инхо ин пирузи мусалмонон бар зидди тотор ё мугулхо буд. Вале инхо хела карданд худро дар миёни мусалмонон ва халифаи Аббоси чой намуданд ва Тоторхоро кумак намуданд то ба маркази хилофати Аббоси пас аз тазъифи халифа бо машваратхояшон Тоторхоро вориди Багдодамуданд ва кариб ба чансадхазор мусалмонони Ахли Суннатро бо худи халифаи Аббоси ба катл расониданд.Инчунин дигар подшохони мусалмононро вакте инхоро дар дарбори худ рох доданд ва мушовир карор доданд кишвархояшонро ба хоку хун мубаддал намуданд ва аз точу тахташонро вожгун намуданд. 
Хамеша ин тоифа чунин таълимот доранд, ки бо хар васила худро бо подшохон ва руасо наздик менамоянд то ба бовари дароянд ва сипас ахдофи шумашонро амали менамоянд. 
Умед аст камехам бошад нисбати Алавихо ва ё Нусайрияхо маълумот гирифта бошед саволдихандагони гироми! 
Иктибос бо баъзе ташрихот аз китоби Алмавсуат Ал -Муяссара фи адён вал мазохиб вал Ахзобил Муъосира 1/393399

Share This Article