Мушкилот ва ғаму андӯҳ аз куҷо пайдо мешаванд?

Чӣ тавр аз онҳо раҳо ёбем!

Мушкилот ва ғаму андӯҳ аз куҷо пайдо мешаванд?

Чӣ тавр аз онҳо раҳо ёбем!

Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мегўяд: “Ғаму андўҳ ва машаққатҳо ҳамеша аз ду роҳ ба вуҷуд меоянд”:

1. Рағбати зиёд ба дунё ва дилбастагӣ ба он.
2. Кўтоҳӣ намудан дар амалҳои нек ва фармонбардории Аллоҳ, (яъне дар анҷоми амалҳои нек коҳилӣ намудан ва амрҳои Аллоҳро ба ваҷҳи накў анҷом надодан). ( Иддат-ус- собирин. Саҳ. 317.)

Аллома Ибни Қайими Ҷавзӣ ҷойи дигар мефармояд: “Эй фарзанди одам миёни ту ва Аллоҳ хатоҳо ва нофармонбардориҳое вуҷуд доранд. Онҳоро ба ҷуз Аллоҳ Субҳонаҳу ва таъоло дигаре намедонад . Агар дӯст дошта бошӣ, ки Аллоҳ туро бубахшад, пас қалбатро аз ( кинаву адоват, душманӣ ва ҳасодати) бандагонаш пок нигаҳ дор! Агар хоҳӣ туро афв намояд, пас ту бандагонашро афв бикун ва бубахш, зеро подош ва мукофот аз ҷинси амал аст”. ( Бадоеъ-ул -фавоид.Ҷ.2. Саҳ.468.)

Яъне манзури Ибни Қайим(раҳ) ин аст,ки дар дунё касе ба ту бадӣ кард ва ту ӯро бахшидӣ ҳатман подоши он амалатро Аллоҳ дар охират ва гоҳо дар дунё бар мегардонад. Дар дунё туро ҳам бандагоне мебахшанд. Ин тавфиқи Илоҳӣ бар он бахшандаи туст. Дар охират бошад он Зоти поки ақадас туро сабаби афву карам ва бахшишаш қарор медиҳад. 

Total
0
Shares
Related Posts
Read More

СИПАХСОЛОР АХМАДШОХИ МАСЪУД….

Ахиран китоби Сиддиқаи Масъуд, ҳамсари Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи маъруфи ҷиҳод алайҳи ишғоли Шӯравӣва муқовимат бар зидди Толибон дар Афғонистон, бо забони форсӣаз дасти чоп берун шуд. Ин китоб ҳанӯз соли 2007 бо ҳамдастии Шикебо Ҳошимӣва Марӣ-Франсуа Коламбинӣибтидо бо фаронсавӣнашр шуда буд.