Оё “Ҷамоати муваҳҳидин” воқеият дорад?

Ислоҳ нет

 

Мусоҳиба бо зиндонӣ: оё “Ҷамоати муваҳҳидин” воқеият дорад?

Чанде пеш аз қавли Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар бораи ошкор шудани фаъолияти пинҳонии созмони ифротӣ-терористии «Ҷамоати Муваҳҳидин» дар зиндони ЯС-3/1 ва маҳкум шудани 37 нафар аз саркардагон ва аъзои фаъоли ин созмон, аз ҷумла Қурбонов С.С., Азамов М. Б. ва Абдусамадов Б. хабар чоп шуда буд. Гуфта мешуд,ки ин маҳкумшудаҳо дар созмондеҳии иттиҳоди ҷиноятӣ бо номи «Ҷамоати Муваҳҳидин» муттаҳам мешаванд. Баъдтар онҳо барои ташкили ин гурӯҳи пинҳонкор дар ин зиндон барои солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

 

Ислоҳи иштибоҳ дар навишти вожаи “Муваҳҳидин”

 

Қабл аз инки вориди масала гардем ба додситонӣ ва кормандони мақомот инро мерасонам,ки дар навиштани “Муваҳҳид” ё “Муваҳҳидин” иштибоҳи фоҳиш накунед. المُوَحِّدين ва ё مُوحِّد ташдид болои ҳарфи “ҳ” аст яъне дуто “ҳҳ”аст,на инки ду то “дд” нависед. Ҳамеша дурӯғ умраш кӯтоҳ аст ва дар ҳол он кашф мегардад. Зеро чунин гурӯҳе аслан арзи ҳастӣ наменамояд,ҷуз дар зиндонҳои мо.

Аммо воқеият чӣ аст?

 

Созмоне бо номи “Ҷамоати муваҳҳидин” дар асл вуҷуд дорад ва ё ин як барномаи дигари мақомоти Тоҷикистон аст, ки бо ин васила мехоҳанд, ки барномаҳои зиддидинии худро муқобили мардуми бо дину бо имони кишвар пиёда ва амалӣ намоянд.

 

Сӯҳбат бо як шоҳиди ин ҳодисаҳо аз зиндон

 

Ҳоло барои шумо ҳикояти як нафар аз собиқ зиндониҳоеро, ки ин ҳама моҷарои муваҳҳидсозии чанде аз маҳкумшудаҳоро бо чашми сар дидааст, пешкаш менамоем.

 

Ин нафар аз ҷумлаи онҳоест,ки ӯро ба гурӯҳи ба истилоҳ “ҳаётиҳо”-и зиндон мансуб медонанд ва ба туҳмати нашъаҷаллобӣ маҳкум шуда будааст. Кутоҳи гап ҳамсӯҳбати мо ва шоҳиди ин ҳодисотро бародари Саймумин Ятимов Ҷамшед Ятимов барои итоат накарданаш подстава карда будааст. Ва инак ҳикояти ӯро бишнаведу худ қазоват кунед:

 

Ман як сӯҳбати шуморо дар мавриди “Ҷамоати муваҳҳидин” дидам ва дигар тоқат накардам,ки воқеъиятро бароятон нагӯям.Домулло ҳарчи бодо бод,ман масулияти имониям медонам,ки ончи дидам онро бароятон бигӯям.

 

Баъд аз онки дар зиндони шаҳри Ваҳдат як ошӯби сохтаеро гӯиё сокит карданд дар аксари зиндонҳо шурӯъ ба “отчистка” карданд. Дар зиндони Ваҳдат кадом ошӯбе аз тарафи маҳкумшудаҳо ташкил нашуда буд. Ин корро ҳам худашон сохтанд ва онҳоеро ҷудо карда бо тири автомат ба қатл расониданд, ки намозгузор буданд ва бо айбҳои “террористӣ” ва “экстремистӣ” ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карда буданд.

 

Чандин нафар аз кормандони СРИҶҶВА( Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон-Идораи зиндонҳо) ва УБОП-и ВКДТ-Раёсати мубориза бо ташкилоти муташаккили ҷиноятӣ омаданд ба зиндони №4 воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба “Якум Советский”-и Душанбе ва 60 нафар аз инсонҳои боғайрату диндорро ҷудо карда бидуни онки кадом хатоӣ ва гуноҳе аз онҳо сар зада бошад дар ШИЗО-утоқи ҷаримавӣ ва ПКТ-(Бинои навъи камеравӣ)- дар минтақаи маъмурии зиндон маҳкам карданд. Ёдам ҳаст баъд аз як ё ду рӯзи иди Рамазон,ки 4 июн буд, омаданд ин бачаҳоро бароварданд дасту поҳояшонро скочпеч карданд, бо либосҳои танашон, бо футболка ва курта чашмони онҳоро бастанд ва онҳоро бераҳмона заданду кӯфтанду шикастанду маъюб карда ва дар ҷараёни қувваи барқ гузоштанд. Сари онҳоро дар фарши семнти ва деворҳои бетонӣ заданд. Ин рафтори ғайринсонӣ ва ҳайвониро Нуриддин Раҳмонов,муовини сардори СРИҶҶ, Ҷамолиддин Хушвахтзода, сардори зиндони №4 ва як нафар ходими УБОП бо номи Ҳабибулло,ки пештар корманди бахши кофтукови ҷиноятии милисаи ноҳияи Нуробод будаст ва чанд нафар аз корманди ҳамин муассисаи ислоҳӣ анҷом доданд.

 

Кор ба ҷое расид,ки баъзе аз ин нафарон,ки дигар яқинашон шуда буд болояшон бо тӯҳмат гуноҳҳои нав ”грузит” мекунанд, омода буданд худкушӣ кунанд: сару рӯҳояшонро ба девор зада кафонидаву шикаставу хуншор карданд, бо лезва ба бадану рагҳои дасту поҳояшон заданд. Мегуфтанд,ки бимирему дуввумбора маро “раскрутка”( бор кардани иттиҳоми нав дар зиндон ва оғози парвандаи нави ҷиноӣ) накунанду боз ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ нашванд. Ҳамин тавр аз ин 60 нафар алайҳи 29 нафарашон базӯрӣ ва шиканҷа делои нави ҷиноятӣ оғоз карданд ва ин гурӯҳро ном ниҳоданд “Ҷамоати муваҳҳидин”. Гӯиё, ки инҳо дар зиндони №4 ошӯб барпо карда кормандони ин муассисаро аз байн бурданӣ будаанд. Баъзе аз онҳоро бо чаҳор,бо панҷ ва шаш моддаи ҷиноӣ ва бо айбҳои тамоман сохта ва бо тӯҳмати маҳз айбдор карданд ва барои “раскрутка” бурданд. Ҳамаи ин кор дар пеши чашми мо гузашт.

 

6 июн соатҳои 5-и саҳар полковник Нуриддин Раҳмонов, муовини сардори СРИҶҶВА ҳамроҳи Ҳабибуллои УБОП-и ҷумҳурӣ ва кормандони муассиса ва наздики 50 нафар сарбозону афсарони вазорати адлия даромаданд дар зиндону тамоми баракҳоро таҳурӯ “шмон” карданд. Аз тумбочкаи як нафар 2000 сомонӣ ёфтанд. Гӯё, ки инҷо пул ҷамъ мекарданду онро ба Сурияву Ироқу Афғонистон фиристода террористҳоро маблағгузорӣ мекардаанд. Ҳамаи ин одамҳоро бурданду бо тӯҳмат “дело” карданд.

 

Инҷо мехоҳам як масъла ё як ҳолат дар зиндонҳоро бигӯям. Дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусон ба ду гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Як гурӯҳи онҳоро “ҳизбӣ” мегӯянд, касоне,ки бо моддаҳои террористиву экстремистӣ зиндонӣ шудаанд ва як гурӯҳи дигарашонро “ҳаётиҳо” ном додаанд. Ҳаётиҳо бо дуздиву нашъамаҷаллобиву дигар гуноҳҳо зиндонӣ шудаанд. Ин гурӯҳ одамоне ҳастанд, ки олами ҷиноиро дастгирӣ мекунанд ва пайравони олами ҷиноӣ ҳастанд. То ҳамин ҳолоҳам ҳамин тавр аст: ба ду гурӯҳ ҷудоанд.

 

Дар зиндони №4 Ҳикматов Юсуф ном сокини Душанберо худи Хушвахтзода Ҷамолиддин,сардори зиндон “положенетс”-нигоҳубингари ҳолати маҳбусҳо ва минтақаи зисти маҳкумшудаҳо таъин карда буд. Дар зиндон ҳоли диндорҳо, нафароне,ки “ҳизбӣ” дониста мешуданд бениҳоят вазнину танг аст. Бераҳмона мезаданд, шиканҷа мекарданд азоб медоданд. Барои мисол агар нафаре аз ин гурӯҳро бе ҷуроб меқапиданд, тамом. Аммо агар ҳаётиҳоро бе ҷуроб ё таги шорт қапанд ҳеҷ гапе нест: мебаранд як танбеҳ ё сиёсаташ мекунанду ҷавоб медиҳанд, вале агар ин корро як диндор кунад,масалан бо моддаҳои “террористиву экстремистӣ” мебаранду 15-20 шабонарӯз дар ШИЗО мезананд. Кормандони зиндон шароитро ба дараҷае тоқатшикан сохта буданд, ки маҳкумшудаҳоро дар “доля” шинонида буданд. Аммо ин шакли ҷазо ҳамаро фаро гирифта буд. Ҳам ҳизбиҳо ва ҳам ҳаётиҳо,барои адои ин ҷазо кашида мешуданд.

 

Одамоне,ки шароит доранд, 5 сомонӣ,3 ё 10 сомонӣ мегузоштанд, аммо на ҳама кас пул мепартояд. Ин пулҳоро ҷамъ дар якҷо мекарданд. Яке, агар ягон камбудии нафареро меқапиданд, ба ҳамон милисаҳои ҳаромхур аз он 50 ё 100 сомонӣ медоданд ва ӯ халос мехӯрд. Аз ин кор аз хурд то калони зиндон огоҳӣ доштанд. Вагарна дар зиндон пул ба дасти маҳбус намерасад. Ин пул барои ҳамин кор буд бо ягон ҳадафи дигар набуд. Бори охир, ки пул ҷамъ карда буданд ба 1300 сомонӣ шланг хариданд, барои обзанӣ саҳнаву роҳраву майдон минтақаи зисти маҳкумшудаҳо. Гуфтам,ки аз ин кор худи роҳбарони зиндон огоҳӣ доранд ва воқеият ҳам ин аст ки ҷамъоварии пул дар зиндон ва СИЗОҳои Тоҷикистонро худи системаи СРИҶҶ ташкил кардагӣ аст: барои сумкоркунӣ ва хуни ҳамин зиндониҳоро макидан.

 

Зиндониҳои бечора аз тарси ҷони худ, боз набаранду делоямонро сиёҳ накунанд ҳамин тавр 5иву 3иву 10-ӣ ҷамъ мекарданд, якҷо захира мекарданду ягон камбуд, ки мешуд, ба дасти афсарони зиндонбон медоданд, то ки боз ШИЗО накунанд, шиканҷаву азоб надиҳанд ва “статя” назананд. Ин усули кор аз аввал будааст, то ҳаётиву ҳизбиҳо ҳам роиҷ будааст. Масъулони зиндон бо воситаи ҳамин Ҳикматов Юсуф баёнот гирифтанд, ки инҷо як гурӯҳи ислоҳношаванда ҳастанд, ки моро гӯш намекунанд, ҳеҷ касро итоат намекунанд. Бадтар аз ин онҳо гӯё, ки ҳукумати Раҳмоновро такфир мекунанду кофир медонанд. Аммо ин гап валлоҳи дурӯғи маҳз буд. Чунки ман онҷо будам, медонистам, ки онҳо кианду чианду чи кораанд, ҳеҷ гапе набуд. Бачаҳои боғайрату шуҷоъу диндорро бо тӯҳмат аз болояшон делои ҷиноятӣ кушоданду барои дуввум бор равонаи зиндон карданд.

 

Достон аз ин қарор аст. Як нафар бо номи Азимов Искандар аз Хуҷанд бо моддаи 187 яъне бо иттиҳоми террористӣ 9 сол ҳукм дошт. Ӯро бо зарби шиканҷа ва нерӯи барқ ба ҳадде азобу азият доданд. Гӯё ӯ амири зиндониҳо будаасту ҳамроҳаш бо ин гурӯҳ карда будааст. Манзурам аз ҳамон гурӯҳи 29 касӣ,ки тамғаи “Ҷамоати муваҳҳид” заданд. Яке аз онҳо Давлатов Неъматулло аз ноҳияи Нуробод буд,ки 11 сол “срок” дошт. 6 солашро шишта буд. Боз як нафари дигар бобои Дарвеш-марди 60 сола буд,ки мӯҳлаташ ба итмом мерасид. Нафароне буданд, ки то анҷоми мӯҳлати ҷазо чор моҳ ё се моҳи дигар доштанд, ба ҳамин наздикиҳо, дери дераш то як соли дигар ба озодӣ мебаромаданд.

 

Ҳамаашонро, якто номонда мутадаййин буданд, намоз мехонданд, рӯза мегирифтанд, Қуръон тиловат мекарданд, ҷудо карданд. Ҳамин Ҳикмати положенетс аз онҳо хавф дошт ё кадом барномаи хосе буд, дар ҳар сурат чизе буд,ки онҳоро гулчин карданду дуюмбора дарунтар роҳӣ карданд, то ки онҳо дигар ба берун набароянд. Инчунин Мулло Умар- бародари Ҳусейн Абдусамадов, ки гӯё туристҳоро кушта буд дар Себистони Данғара, ӯ низ дар ҳамин зиндон адои ҷазо мекард. Соли 2016 вақте байни ҳизбиҳову ҳаётиҳо ҷангу занозанӣ мешавад ӯро мегиранду “спец скрытый” роҳӣ мекунанд. Ба хотири онки ӯ дар ҳамонҷо бимонад ва дар оянда ҳам онҷо бошаду бимирад, ё инки то охири умр бишинад ӯро ташкилкунанда эълон карданду айб заданд. Гӯё ӯ “Ҷамоати муваҳҳидин”-ро ташкил карда бошаду Азимов Искандарро ҷойнишини худ монда бошад. Ин як афсона ва ривояти беасосе беш нест.

 

Хулоса, 29 нафарро аз зиндони №4 ва се каси дигарро аз “спец скрытый” ба ҷурме, ки набуд, бо моддаи 104, ки одамкушӣ аст (киро онҳо дар маҳбас куштанд) бо моддаи 187-ширкат дар гурӯҳҳои террористӣ, бо моддаи 179 маблағгузории терроризм, бо моддаи 189 даъват ва барангехтани адовати милливу нажодӣ, моддаи 307 ва ҳамин тавр бо чанд моддаи дигар гунаҳкор намуда дар пешонаи онҳо тамғаи ташкили “Ҷамоати муваҳҳидин”-ро зада ба сӯлҳои тӯлонӣ боз мӯҳлати адои ҷазояшонро тамдид карданд. Дар миёни онҳо инчунин нафароне буданд,аз олами ҷиноӣ,ки мехостанд зиндагии муътадил дошта бошанд, онҳоро шумо ҳам салафӣ шудед гуфта бо ин модаҳо гунаҳкор карданд “срок”-и иловагӣ доданд.

 

Нуриддин Раҳмонов, муовини Сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлия ва Хушбахтзода Ҷамолиддин, сардори маҳбаси №4 ва Ҳабибуллои УБОП ба зарби шиканҷа ва азобу латту кӯб ва гузоштан дар қувваи барқ, бархе аз онҳоро то 15 шабонарӯз маҷбур карданд,ки гуноҳи накардаро ба калла гиранд. Дар пеши чашми мардум онҳоро бисёр таҳқиру мазоҳ карданд. Онҳое, ки бо моддаҳои терроризму экстремизм шиштагианд, 600-700 нафар ҳамаи онҳоро “дневальный” карда буданд: “Шумо бояд тозагии гирду атрофи зиндонро нигоҳ кунеду об занеду бирӯбед. Мӯсафеди 60-сола узви собиқи ҲНИТро таҳқиру мазоҳ мекунанд. Масалан Қосиддинов Воҳидхон, Комилов Раҷабали, Ҳоҷӣ Шариф аз шаҳри Кулоб, Муҳаррамов Маҳмадӣ ва ғайраро дар даст ҷоруб ва офтобаҳои таҳораткуниро медоданд,ки майдончаи назди роҳравҳоро “Плас”-ро об занед ва тоза кунед.

 

Кадом “Ҷамоати муваҳҳидин” набуд. Ин “выдумка”-и худашон буд. Ин гап асос надошт, сохта ва дурӯғ буд. Одамҳоро беҳуда ва бе ҳеҷ чи гирифтанду “резултат” карданд. Нишон доданд, ки гӯё ҳаминҳо воқеан ҳам ҷинояткор ҳастанд,мо инҳоро “зря” шинондагӣ нестем. Чунки дар асл ҳамаи онҳоро бегуноҳу ба далелҳо пуч зиндонӣ карда буданд. Ва ҳамин тавр ташкил карданду қисмеро дар зиндони Хуҷанд куштанд, қисмеро зиндони Ваҳдат, қисмеро дар роҳи ағбаи Анзоб. Вале ин нафаронро аз зиндони №4 “муваҳҳид” гуфтанду дигарбора ҳукмҳои тӯлонӣ доданд.

 

29 касро аз зиндони 4 ва 3 касро аз “спец скрытый”-и СИЗО- 1 ва дар умум 32 касро маҳкум карданд. Боқимондаи ин гурӯҳ 30 нафари дигарро пулҳояшонро гирифтанду бо моддаи 347 банду баст карданду ба ин гурӯҳ ҳамроҳ накарданд. Як нафаре аз онҳо 15 шабонарӯз дар ШИЗО шишту баромад. Гуфт падарам 2000 доллар дод, маро шоҳид гузаронида ҷавоб доданд. Як нафари дигараш гуфт, ки ман ба хешу таборам вазъиятро гуфтам. Онҳо ба тамоми мақомоти қудратӣ ва дастгоҳи президент нома навиштанд, ки писари маро дар зиндон ба ҳамин аҳвол расонида истодаанд. Онҳо ҳам аз тарси онки чунин кори бофтаву сохтаашон расонаӣ нашавад ӯро ҳам ҷавоб доданд,(номҳои ин афродро манбаъ гуфтааст вале онҳоро ифшо намекунем). Чанд нафар худро лезва заданд, рагҳояшонро буриданд, танаҳояшонро, то ки маҷбур “грузит” накунанд. Баъзеашон сару рӯҳои худро дар деворҳо заданду титу пит карданд,то бифаҳмонанд,ки ба мурдан розианду аммо ин гуноҳро гардан намегиранд ва бо ин васила халос хурданд. Аммо ин 29 нафари бечора ба азобҳо тоб наёварданду дуюмбора рафтанд ва барои солҳои тӯлонӣ боз зиндонашон карданд.

 

Аз он нафароне,ки аз ин мусибат ва фоҷиаи гӯшношунид тавонистанд наҷот биёбанд, ҳикоя карданд, ки вақте нисбаташон парванда боз мекунанд, майор Мирзоназаров Каромат, яке дигар аз муовинони сардори зиндони №4 омада мегӯяд,ки “бачаҳо, просто так мебаранд 15-20 солиатон медиҳанд, дар ин зиндон пусида меравед, ягон сум- пум, ягон шароит дошта бошед, ман гапзанон мекунам, коргарони прокуратураву УБОПро, сума меҷуқед ҷавобатон медиҳанд”. Ҳамин тавр пулдорҳо доданду ҳуй хурданд.Аммо он бечораҳо рафтанд, ҳаёташон сухт. Инҷо бизнес карданд.

 

Дар кори ин парванда,ки ҳоло “Ҷамоати муваҳҳидин” ном додаанд 100% Азиззода Рустам- прокурори надзори зиндонҳои Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Истаравшан шарик аст. Ҳолати ба азобу шиканҷаву истинтоқ қарор додани ин нафаронро Нуриддин Раҳмонов, муовини сардори СРИҶҶВА, Ҷамолиддин Хушвахтзода, сардори зиндони №4 (таваллудаш 1977 аз ҷамоати Сангтудаи Данғара, дар “интернат” тарбия ёфтааст) Нуруллоев Рустам, сардори режими ҳамин зиндон, Мирзоназаров Каромат, муовини сардори зиндон, Шарипов Бобоҷон,опери ҳамин зиндон ва чанд нафари дигар ҳамарӯза ташкил ва назорат мекарданд.

 

Як ҳодисаи дигарро мехоҳам ҳикоя намоям. Вақте мардумро делои ҷиноӣ карданду барои “раскрутка” бурдан мошини конвойро оварданд 1 нафари дигарро ҳам мехостанд,ки баранд. Ин маҳкумшуда- Эргашов Акмал- сокини Ашти вилояти Суғд буд. Вақте мошини “конвой” омада бархе аз ин зиндониҳоро, ки бояд ба СИЗОи Хуҷанд барои идомаи тафтиштот мебурд, ӯро ҳам бо айни ҳамин иттиҳом бурданӣ буданд. Бо иттиҳоми муваҳидин.Акнун ин таҷрибаро мехостанд дар Хуҷанд такрор кунанд. Вақте бачаро фаро мехонанд ӯ мошини вороновка-конвойро мебинад ва мебинад,ки мардумро бор карда бурданианд. Мегардад ба тарафи нозири ёрдамчии сардори муассиса бо номи Алишер ва мегӯяд, ки иҷозат диҳад,то сару либосашро ҳам биоварад. Ин одам 12 сол “срок” дошт, ки 6 солашро тай карда буд. Иҷозатро мегираду рост медавад тарафи “запретка”-минтақи мамнуъаи марзӣ ё ҳошиявии зиндон. Мебарояд тори баня. Дар он тарафи “запретка” дар пост-вишка сарбозҳо истодаанд. Огоҳӣ медиҳанд, ки набаро мепарронемат. Ҳама дарак ёфта меоянд.

 

Ҷамолиддин Хушвахтзода ва Каромат Мирзоназаров,мегуянд, ки фаро бачаҷон, гарантия медиҳем, ки ҳеҷ корат намекунем, ҳеҷ ҷоят намебарем. Вай медонист,ки фиребаш медиҳанд. Аммо вай гашту гуфт, ки гӯш кунед ҳаромҳо! Шумо мусалмон нестед! Агар шумо мусалмон бошед, ман дида истодаам, ки чи хел одамҳои бегуноҳро гирифта “раскрутка” роҳӣ кардед, манам ранги онҳо фиристоданиед! Ман бегуноҳ 12 сол гирифтам, 6-солашро шиштам, боз шумо мехоҳед ки маро бареду 20 соли дигар диҳед. Ман ҳозир шаҳодатро афзалтар медонам аз ин тавр зиндагӣ. Бигзор маро парронанд гуфт ва парид он тарафи “запретка”.То он дараҷа азобу ғам дода буданд, ки гуфт аз ин азобҳое, ки шумо дода истодаед, мурдан хубтар аст! Паррониданд. 10-15 тир заданд, дар ҷояш титу пит шуд. Гирифтану бурданаш.

 

Баъди он боз Ҷамолиддин Хушбахтзода, сардори зиндон бо чанд зердасташ дар “Плас” дар вақти ба ҳисобгирии саҳари бо лаҳни оташин баромад карда дод зад, ки агар ягонтоят нафаси баланд мекашӣ, ҳолат ҳамин хел аст. Диде,ки мо чи хел мекушем. мо куштаметонем ва ҷавобатонро ҳам медиҳем.

 

Ҳамин тавр ин одамро бегуноҳу бе ҳеҷ чизе дар пеши чашми ҳама заданду куштанд. Баъдан боз аз нафарони худи ҳамон зиндон гуфтанд, ки ба падару модари ӯ фаҳмонидаанд,ки писаратон “побег” карданӣ буд ва чанд нафари дигарро ҳам бо худаш мехост гурезонад, ба вақти “побег”-аш,ки гӯё мехостааст аз дасти сарбози дар “вишка” буда силоҳашро бигирад, маҷбур шудем парронем. Санаи ин ҳодсаро дақиқан дар ёд надорам аммо дар байни рӯзҳои 21 то 25 октябри соли 2019 рух дода буд.

 

Хонандагони гиромӣ ҷузъиёти бештаре назди мо вуҷуд дорад, рӯяш кор дорем ва инчунин агар шоҳидони дигари чунин ҳодисаҳо аз зиндонҳои дигари кишвар бошанд метавонанд ба “Ислоҳ.нет” нависанд,то онҳоро ҳам ба миллат тақдим намоем. Хомӯш набошед ва бо хомӯшии мо ва шумо ин тудаи авбош ва арозил дигар ҳаммиллатони моро мекушанд ва дар зиндонҳо барои солҳои тӯлонӣ “раскрутка” мекунанд.Наздикони шумо дар берун ба он золимон пул медиҳанд,то зиндонии бегуноҳашонро накушанд.Мо танҳо маълумот мехоҳем,то ин ҷинояткорони рутбадор дигар ба чунин ваҳшоният даст назананд.Шахсияти маълумотдиҳанда ошкор намешавад!

 

Share This Article