На ҳама ривоятҳои таърихӣ саҳеҳанд

Ислоҳ нет

На ҳама ривоятҳои таърихӣ саҳеҳанд,

(боз ҳам Усмон ибни Аффон (р))

 

(бахши чаҳорум)

нақд ба Абдуқодир Талбаков

 

Манзур аз мутолеи таърихномаҳо воқиф шудан аз осору асрори он аст. Ҳамзамон бояд равиши нигориши таърихи навиштаи муаррихро дарк кард ва ба он сарфаҳм рафт. Дар ғайри ин сурат метавон як иттилои сирф ғалатро дар азҳони худ изофа намуд, ки доштани чунин иттило дар оянда дарди сарҳоеро ба бор меоварад. Аз ин рӯ мебояд қабл аз хондани ҳар таърих муаллиф, равиши нигориш ва ровиёнеро, ки ривоят мекунанд бишносем,  сипас ба мутолеи он шуруъ кунем. Дар сурати надоштани чунин имконият барои  гирифтани маълумоти саҳеҳ метавон аз мутахасисини соҳа пурсид, то мисли ҷаноби  Абдуқодир Талбаков аз хондаҳои беаҳамияти худ иттилои ғалатро пешкаш насозед.

Дар ин навиштор ба масъалаи зер ишора мекунем, то ҳама паҳлӯҳои он бароятон равшан гардад ва дар ин росто бархе хулосаву таҳлилҳои илмии уламои умматро  гӯшзад мекунем, то ин ки ҳар кас натавонад бо ҳамин соддагӣ ба нухбагони садри ислом санги маломат бизанад ва  онҳоро тавҳин кунад. Мисли ин ки:

«Бубинед исломе, ки аз он пайравӣ мекунед бузургонашро чӣ гуна куштанд. Ё миёнашон чӣ иттифоқоте рух дода буд, онҳоро куштанду мурдаҳояшон бӯй гирифт!»

Ҷаноби Абдуқодир Талбаков, бо таваҷҷӯҳ бихонед!!!

Аксари уламои бузурги ин уммат ва муаррихин ба ин нукта таъкид карданд, ки мусалмонон бояд аз пардохтан ба ихтилофот ва ҷангҳое мисли Ҷамал ва Сиффин, миёни саҳоба ба вуқуъ пайваст, иҷтиноб кунанд ва таъна задан ба шахсияти онҳо ва шикастану поймол кардани ҳурмати он бузургворон парҳез намоянд ва дар айни эҳтиром ба ҷойгоҳ ва манзалати онҳо кори ононро ба Худованди Қозӣ ва Одил биспоранд, зеро онон мардоне буданд пешсаф дар дин ва муҷтаҳид ва соҳиби фикр. Бояд донист, ки ҳар навъ пастзании шахсияти ин бузургон, паст задани худи шариати ислом аст, зеро асҳоби киром (раз) буданд, ки дини мубини ислом ва Қуръон ва аҳодиси Набии Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба дасти мо расониданд. Ҳар навъ ноустуворӣ ва ворид кардани таън дар шахсияти онҳо ноустуворӣ ва тазалзул дар дурустии аркони ин дин аст. Аз ин рӯ аст, ки чун аз Умар ибни Абдулазиз (раҳ) суол шуд, ки назари ӯ дар мавриди аҳли Сиффин чист, ӯ чунин посух гуфт: Он ҷанг, хуне буд, ки Худованд  дастони моро аз оғӯшта шудан ба он ҳифз намуд ва ман низ намехоҳам, ки забонамро ба он олуда кунам. (1) Ин ривоятро дар ҷое хонда будам, ки ба Имом Молик (раҳ) ҳам нисбат медиҳанд.

Инчун назди Имом Молик (раҳ) ҳамин пурсишро матраҳ карданд, ӯ дар ҷавоб ин оятро қироат намуд:

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мефармояд:

        «Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо мекарданд, намепурсанд».

                                                                (Сураи Бақара, ояти 134)

   Бояд ёдовар шуд, ки ин иҷтиноб ва парҳез аз пардохтан ба ихтилофоти  саҳоба  танҳо машрут  бар ин аст, ки ин кор сабаби таъна ба саҳоба ва паст кардани шахсияту манзалати онҳо шавад, аммо агар чунин хатаре дар миён набошад ва ҳеҷ навъ иҳонате равонаи шахсияти поки саҳоба (р) нашавад дар он сурат пардохтан ба ин ихтилофот ва низоъҳо манъ нахоҳад буд ва метавон ба мутолеа ва таҳқиқ бо далелҳои ба вуҷуд омадани он ҳодисаҳо ва низ натиҷаҳои ин ихтилофот ва ҷангҳо дар ҷомеаи он рӯзаи  асҳоби киром (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ва наслҳои баъд аз онҳо пардохт. Уламои мисли Табарӣ, Ибни Асир, Ибни Касир ва дигарон дар мавриди фитнае, ки миёни саҳоба ба вуҷуд омад, даст ба қалам шуданд ва роҷе ба ин замони ҳассос аз таърихи ислом қаламфарсоӣ кардаанд. Дастае аз ин муаррихон дар ин миён як тарафи қазияро хатокор донистаанд ва дастаи дигар ҳар ду тарафро масъули он ҳодисаҳо донистаанд, ғофил аз ин ки ин баҳсҳо ва натиҷагириҳо ҳама ва  ҳама бар асоси ривоятҳо ва ахборе аст, ки дар онҳо росту дурӯғ ва хубу нохуб чунон дар ҳам печидаанд, ки ҷудо кардани онҳо аз якдигар коре аст басо сахт ва душвор. (2)

Дар ин замина ба муҳимтарин далелҳо ва омилҳое хоҳам пардохт, ки зарур будани мутолеаи он замони ҳассос ва сарнавиштсоз дар таърихи исломро бар уламо ва донишпажӯҳон ва инсонҳои ҳақталабе,ки он давраро равшан месозанд ҳавола мекунам. Ин далелҳо иборатанд аз:

 

  1. Бояд донист, ки таълифҳои муосире, ки ба баҳсу ковиш дар ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои фитна миёни саҳоба ва тобеин пардохтаанд, ба се дастаи муҳим тақсим мешаванд:

А) Таълифоте, ки гирдоварандагони онҳо тамалуқгӯи тафаккуроти ғарбиҳо ва шарқшиносон буда,  аз рӯи ҷаҳл ва ё кина ва нафрат аз зебогиҳо ва самараҳои бузурги ин таърих чашм пӯшида, ба таъна ва иҳонат ба саҳоба ва тобеин пардохтаанд. Бад-ин тартиб комилан дар ростои манофеъ ва ҳадафҳои душманони ислом амал кардаанд. Ин нависандагон ҳамон афкори душманони кинатӯзеро мунъакис кардаанд, ки бо ироаи тафсирҳо ва таҳлилҳои зидду нақиз ва  муғризона, фитрати поки саҳоба (раз) ва тобеинро нишонаи ҳамлаҳои тунди худ қарор додаанд, то аз ин тариқ битавонанд аркони исломро ноустувор созанд. Онҳо ин ихтилофот ва низоъҳоро монанди як набарди сиёсӣ ва ҳизбӣ вонамуд кардаанд, ки бар сари касби мақом ва мансаб ва сарват ба вуқуъ пайвастааст. Онҳо саҳобаро чунон ба тасвир кашидаанд, ки гуё онҳо пас аз солҳо таҳаммули машаққатҳо, муҷоҳидатҳо, ҷонфидоиҳо ва тақвову ихлос дар роҳи Худо, ҳамаи ин фазоилро раҳо намудаанд ва монанди дунёпарастон ва шефтагони мақом ва мансаб ба сари ҷасади бӯгирифтаи дунё ва ҷанг бо ҳам пардохтаанд ва аз ҳеҷ навъ  хунрезӣ ва қатлу ғорате тарс надоштаанд ва дар ин роҳ барои расидан ба амал ва орзӯҳои худ шариатро зери по гузоштанд. Аз ҷумлаи ин нависандагон, ки парчамдори ин равиши нангин будааст. Тоҳо Ҳусайн нависандаи мисрӣ мебошад, ки дар асарҳое мисли: «Алӣ ва нубувват» ва «Алфитнатул-кубро», ки ҳақиқатан низ фитнае аст бузург, ки бар ҷаҳони фикр ва боварии мусалмонон нозил шуд, ҳамин равиши таҳқиқ ва таҳлили нодурустро дар пеш гирифтааст. Тоҳо Ҳусайн дар ин китобҳо ва дигар навиштаҳои худ ба шахсияти поки  саҳоба ҳамла мебарад ва ба суханони муғризонае, ки танҳо дар ростои хидмат ба ҳадафҳои душманони ислом ва мусалмонон аст, онҳоро ба тӯҳматҳои пучу  беасос нисбат додаанд. (3) Мутаассифона нависандагони бисёре низ ҳамин равишро дар пеш гирифта, мисли Тоҳо Ҳусайн ба таҳлили таърихи ислом мепардозанд, бе шак чунин нависандагони таҳлилҳо ва бардоштҳои худ аз таърихи исломро  бар асоси ривоятҳое, ки дар китобҳои муаррихоне мисли Табарӣ ва Ибни Асокир ва дигарон зикр шуда, дар онҳо ҳақ ва ботил ва хубу нохуб дар ҳам омехтаанд, бунёд ниҳодаанд. Ин нависандагон бе дар назардошти равиши муаррихон, ҳамаи ривоятҳоеро, ки дар китобҳои онҳо оварда шудаанд, бе ташхиси дуруст ва саҳеҳии онҳо мавриди истинод қарор медиҳанд ва ҳол он ки ин навъ нигариш ба ин китобҳои муҳим ва марҷаъ комилан нодуруст аст. (4)

Аз сӯи дигар ин асарҳо ба шиддат таҳти таъсири афкор ва ривоятҳои рофизиҳо ва дидгоҳи онҳо ба таърихи ислом қарор доранд, (5) ки аз қадим тамоми афкори шуми худро сарфи пароканда кардани дурӯғҳо ва бофташудаҳо дар мавриди он ва бад ҷилва додани ин таърих кардаанд, чунон ки ривоятҳо ва ахбори афроде мисли Калбӣ, (6) Абумихнаф (7) ва Абулфазл Наср ибни Музоҳими Алманқарӣ ироқӣ, (8) ки китоби муътабаре мисли Таърихи Табарӣ низ аз газанди онҳо дар амон намондааст  пур аз ин навъ нигариши заҳролудкунанда ва вайронгар ба таърихи ислом мебошад. Дар ин миён агарчӣ Табарӣ худ дар китобаш ривоятҳоро бар  худи онҳо истинод медиҳад ва ба ин тартиб мизони эътибори ин ривоятҳоро ба мухотаб гӯшзад менамояд, бо вуҷуди ин ривоятҳо боз он таъсири вайронкунандаро дар миёни нависандагон ва муаррихон ба ҷо гузоштаанд. (9) Аз муҳимттарин китобҳои дигаре, ки аз ин гуна ривоятҳо баҳраи бисёр бурдаанд метавон ба таърихи Масъудӣ ва таърихи Яъқубӣ ишора намуд.

Устод Муҳиббуддин ибни Абулфатҳ Хатиб, ки аз зуррияи Абдулқодири Гелонӣ мебошад, дар ҳошияи худ, дар китоби «Алавосиму-минал-қавосими»-и Абубакр ибни Арабӣ дар робита бо аҳамияти нақши рофизиҳо дар сохтани ривоятҳо, чунин мегуяд: Бояд донист, ки гирдоварӣ ва навиштани таърихи ислом баъд аз суқути Умавиён ва дар даврони хилофати Бани Аббос оғоз шуд ва Ботиниён ва Шуъубиҳо, ки дар зери либоси ташшайюъ нақшаҳои палиди худро пиёда мекарданд, нақши бисёр муҳимме дар аз миён бурдани ахбор ва ривоятҳои дуруст ва ҷариҳадор кардани чеҳраи таърихи ислом доштаанд. (10) Ҳар фарди поктинате китоби «Алавоисму-минал-қавосим»-и ибни Арабӣ ва ҳошияи беназири Муҳиббуддини Хатибро ба диққат мутолеа кунад ба хиёнатҳо ва фиребкориҳои рофизиён пай хоҳад бурд, ки чӣ тавр умри худро сарфи ин карданд, то ҳазорон сафҳаро ҷиҳати доғдор кардани чеҳраи дурахшони беҳтарин насли башар ва ошуфта намудаи таърихи ислом ва мусалмонон, пур аз дурӯғҳо ва бофтаҳо кунанд (12) ва он гоҳ мебинад, ки ҳамин ривоятҳои сохтагӣ ва дурӯғе, ки сар то сари тарихҳо ва китобҳои ҳадиси худи онҳоро дар бар гирифтаанд асл ва пояи навиштаҳо ва таҳлилҳои шарқшиносон оид ба таърихи ислом мебошад ва онон низ бар асоси ҳамин ривоятҳо ҳукмҳои ноодилона ва нодурустро дар мавриди таърихи мусалмонон баровардаанд. Чун худ мусалмонон ба ин имон ва руҳияи заифашон, даст ба қалам мебаранд афкор ва равиши кори ғарбиёнро сармашқи кори худ сохта, шубҳаҳои ононро дар миёни дигар мусалмонон тарвиҷ мекунанд. Дар воқеъ мутолеаи афкор ва андешаҳои шарқшиносон ва иртиботи онҳо бо ақидаҳои рофизиён мавзуе аст бисёр муҳим, ки мусалмонон мебояд ба таҳқиқ ва мутолеаи фарогир дар он бипардозанд. Бояд донист, ки баҳрабардориҳои душмани кофир ва мушрик ва шубҳаҳо ба ифтироҳои рофизиҳо ба ислом ва мусалмонон аз қарнҳо ва пеш аз даврони ибни Ҳазм (456ҳ) оғоз шуда ва ҳар рӯз дар таъсири он зиёд карда мешаванд ва ин масъалаест бисёр хатарнок, ки бояд равишҳои гуногун дар баробари он ба як муқобилаи корсоз пардохт. (13)

Б) Таълифҳои дастае аз уламо ва донишмандони мусалмони муассир, ки ҳарчанд дар умум китобҳои судманд мебошанд, аммо равиши баён ва таҳлили ҳодисаҳо ва иқдомот ба мавзеъҳои саҳоба ва тобеин дар бисёр ҷо ноодилона ва дур аз инсоф мебошад. Дар ин миён метавон ба китобҳое, мисли «Ал-хилофатул вал мулки»-марҳум Абулаъло Мавдудӣ(раҳ), «Таърихул умамил исломияти» ва «Алимом Зайд ибни Алӣ» марҳум Шайх Муҳаммад Абузаҳра (раҳ) ишора намуд. Ин ду китоби охир пур аз интиқодоти шадиде бар зидди халифаҳои Бани Умайя мебошад ба тавре, ки гоҳ ҳар навъ хислати нек ва корҳои муфиди онҳоро дар зери суол мебаранд. (14) Мутаассифона бархе навиштаҳо ва асарҳои ин уламо бар асоси ривоятҳо ва ахбори дуруғини рофизиҳо устувор аст ба онҳо беҳад таҳқиқи амиқе, чунин ривоятҳоеро поя ва асоси бардоштҳои худ аз таърихи саҳоба қарор додаанд. Аз Худованд мехоҳем, ки мо ва ин уламо ва бузургонро мавриди раҳмати бепоёни худ қарор диҳад ва бо ғуфрон ва афви бедареғи худ аз сари кутоҳиҳо ва хатоҳои мо даргузаранд.

В) Таълифҳое, ки дар онҳо муаллифонашон талош намудаанд равиши ҷарҳ ва таъдили уламои ҳадисро дар мавриди ривоятҳо ва ахбори таърихӣ ба кор гиранд ва бар асоси ҳамин равиш санад ва матни ин ривоятҳоро мавриди нақду баррасӣ қарор диҳанд, то хуб ва нохуб ва росту дурўғ аз ҳам ҷудо карда шаванд. Дар ин таълифҳо талош шудааст, то бо муқобила бо ривоятҳои кизб ва дурӯғ як тафсири дуруст таърихи садри ислом, ки мақом ва манзалат ва имон ва муҷоҳидатҳо саҳоба ва тобеъин бошад, ба даст ояд. (15) Дар миёни ин асарҳо метавон ба китобҳои зер ишора кард:

1- «Фиторихи давлатил умавияти» таълифи Юсуф Алъаш.

2- Таълиқ ва ҳошияи Муҳиббуддин Хатиб дар китоби «Алъавосим минал-қавосим».

3- «Усмон ибни Аффон (р)», Содиқи Арҷун.

4- «Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асаруҳу фи аҳдосил фитнати фил садри Исломӣ» таълифи Сулаймон ибни Ҳамд Алъавда.

5- «Таҳқиқу мавоқифис саҳобати фил фитнати» асари Муҳаммади Маҳзун.

6- «Алхилофатур-рошидати» навишта Акрам Умрӣ.

7- «Ҳиқибатун миннат-торих», таълифи Усмони Хамис.(ин китобро тарҷума кардаам ва метавонед тарҷумаи тоҷикиашро хонед)

8- «Алмадинатул мунавварати, фаҷрул-исломӣ вал-асрур-рошидийи», таълифи Муҳаммад Ҳасан Шароб.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки уммати ислом то чи ҳад ба чунин таълифҳо ва таҳқиқоте ниёз дорад, то битавонад бар ривоятҳо ва ахбори дурӯғине, ки дар тӯли таърих ва пешинаи ин уммат нисбат дода шудаанд, як посухи қотеъ ва кӯбанда диҳад ва ин кор танҳо бо мутолеаи амиқ ва дурусти ҳодисаҳо ва руйдодҳои таърихи ислом ва ғербол ва пок кардани ахбор ва ривоятҳои мавҷуд имконпазир аст. (16)

Ибни Таймия дар ин робита чунин мегуяд: Агар бидъатгузоре ба фитрати поки Саҳоба таъна зада,ба онон иҳонат намояд бояд бо ҳуҷҷат ва далелҳои муҳкам ва мунсифона аз он бузургворон дифоъ кард. (17)

Аммо Заҳабӣ (раҳ) низ дар ҳамин замина назари дигаре дошта ва чунин гуфтааст: «Бояд чунин китобҳоеро ки чунин дурӯғҳо ва сохтагиҳоро дар худ сар кардаанд сўзонед». Ҳамчунин дар идомаи баҳс чунин баён мекунад: Ҳамон гуна ки бояд аз пардохтан ба ихтилофот ва ҷангҳои миёни саҳоба иҷтиноб намуд, мебояд ин ривоятҳо ва ахбори дурўғеро, ки дар девони шоирон ба китобҳои адабиёт ва таърихҳо вуҷуд доранд, ҳифз намуд, то дилҳои уммати Ислом дар баробари мақом ва манзалати ў ва ёрони бовафои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва аз ҳар навъ торикӣ ва ҳиқду кина ва нафрат дар амон монад ва танҳо ишқу иродат бо пешгоҳи он бузургворонро дар худ бипарваронад. (18) Дар воқеъ Имом Заҳабӣ ин нуктаи бисёр муҳиммро ба уммати Ислом гушзад кардааст, ки ҳаҷми бузурги аз ин ривоятҳо ахборе, ки мақом ва манзалати саҳобаи бузургворро ҷариҳадор мекунанд заиф ва дар бештари мавридҳо дурўғ мебошанд. Мо пешниҳоди ин олими бузург оид ин ки бояд китобҳоеро, ки чунин ривоятҳоеро дар худ ҷой додаанд сузонид ва аз байн бурд, ғайри қобили иҷро аст, зеро ин ривоятҳо ва ахбор ва китобҳое, ки онҳоро дар бар доранд дар сар то сари ҷаҳон пароканда шудаанд ва интишороти бисёре иқдом ва нашру таблиғи онҳо намудаанд ва афрод ва гурўҳҳои зиёде бо ниятҳо ва ҳадафҳои гуногун ба тарвиҷи ҳар чи бештари онҳо дар миёни мусалмонон мепардозанд.

Танҳо коре, ки дар чунин шароит метавон анҷом дод, таҳқиқ ва мутолеаи дақиқ ва дар асоси низомҳо ва меъёрҳои муҳкам ва дурусти ин ривоятҳо ва ахбор ва равшан намудани айбҳо, зиддиятҳо, заъфҳо ва дурўғҳои онҳо аст, то мусалмонон бо шинохти ин хатар аз ҳар навъ инҳироф дар ақоид ва афкори ростани Ислом, дар амон бимонанд. (19)

2- Мутолиъа ва таҳқиқ дар моҷарои фитнаи қатли Усмон ибни Аффон (р) ва низ ҳодисаҳое, ки пас аз ин воқеаи талх рўи дод дарёфтани иллатҳои вуқуъи чунин ҳодисаи муҳимме ва андозаи таъсири ҳар як аз ин омилҳо бар раванди ҳодисаҳои марбута, бисёр дорои аҳамият аст.

Хонандаи ҳақталаб бо мутолиа ва шинохти ҳақиқатҳои ин фитна, заминасозии азимеро, ки ин воқеъаро ба пеш мебурд ва низ нақши яҳудиён ва масеҳиён, зардуштиҳо ва Мунофиқон дар марҳилаҳои гуногун, онро хоҳад шинохт ва бар ин воқеъияти муҳим пай хоҳад бурд, хусумат ва фитнаҳои душманон ва кинатузон бар зидди уммати ислом ҳамеша ва дар тули таърих вуҷуд доштааст ва ин душманӣ ҳамчунин идома хоҳад дошт. (20)

Асли муҳимме, ки дар муваффақияти фитнаангезиҳо  таъсиргузор аст, ба вуҷуд омадани заминаҳои заъф ва нотавонии дохилӣ ва дарунии як ҷомеъа мебошад. Бо мутолиаи даврони Саҳоба  ва тобиъин метавон омилҳои заъф  ва суқути даврони бошукуҳи уммати ислом ва ҳамчунин хатарҳоеро, ки ҳастии онро таҳдид мекунанд, шинохт ва аз онҳо дар ҷиҳати ислоҳи вазъияти ҳоли ҳозири мусалмонон ва огоҳ намудани онҳо ба он хатарҳо ва таҳдидот суд ҷуст,то дигар чунин зиллат бор дар зери фишори ин авзоъ ва аҳволи нобасомони худ ва низ найрангҳо ва фитнаҳои душманони дин, сархам накунанд. (21)

Дар воқеъ бо мутолиаи дақиқ ва амиқе ҳадисҳои моҷаррои фитнаи қатли Усмон (р) ва низ воқеъаҳое, ки пас аз он рўи доданд, метавон дарсҳо ва ибратҳои бисёреро фаро гирифта ва онҳоро дар роҳи ислоҳи авзоъ ва шароити мусалмонон ва баргардонидани маҷд ва иззате, ки фақат бар асоси Қуръон ва суннати Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) усутувор бошанд, чароғи роҳи пурпечухами худ намуд…

Идомаи нақдро метавонед дар мақолаи баъдӣ мутолеа намоед.

 

Манобеъ:

  1. Ҳилиятул-авлиёи (9/114). Авнул-маъбуд (12/274).
  2. Аҳдос ва аҳодисул-фитнатил-ҳараҷ, Абдулазиз Духон. –с. 79.
  3. Аҳдос ва аҳодисул фитнатил-ҳараҷ. –с. 80.
  4. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ 81.كتاب أحداث وأحاديث فتنة الهرج للدكتور عبد العزيز دخان
  5. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ, 81.
  6. Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ (146ҳ), ки бино ба қавли ибни Ҳаббон аз Сабаъиҳо буд. Онҳо муътақид буданд, ки Алӣ (р) намурдааст ва ба дунё боз хоҳад гашт. Мизонул-иътидол (3/558). Алҷарҳ ваттаъдил, Ибни Аби Ҳотим (7/270).
  7. Лут ибни Яҳё ибни Саъид ибни Михнафи Ал Аздӣ (157ҳ) аз мардуми Куфа буд ва бино ба қавли Ибни Адӣ аз рофизиҳо ва созандагони ривоят маҳсуб мешуд.Дар китоби таърихи табарӣ ҳаркуҷо дидед ровии ривоят ин шахс аст,бидонед он ривоят қабул нест.Имом Заҳабӣ гуфтааст :إخباري تالف لا يوثق به
  8. Наср ибни Музоҳим ибни Сайёри Ал мунқари Аттамимӣ  Куфӣ (212ҳ), ки бино ба қавли Заҳабӣ аз рофизиён буд ва ҷаълбкунандаи ҳадис ва ба ҳамин далел ўро дурра заданд. Мизонул-иътидол (4/253).مؤرخ من غلاة الشيعة، صنف كتبا تدل على تشيعه منها كتاب (الجمل) و (صفين) و (مقتل الحسين) و (مقتل حجر بن عدي ) و (أخبار المختار) وكتابا في (مناقب الأئمة)
  9. Усулу мазҳабиш-шиъатил-имомияти,  (3/1457).
  10. Усулу мазҳабиш-шиъатил-имомиятӣ (3/1458).
  11. Ҳамон (3/1459).
  12. Усулу масҳабиш-шиъатил-имомиятӣ (3/1459).
  13. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с. 82.
  14. كتاب أحداث وأحاديث فتنة الهرج للدكتور عبد العزيز دخان
  15. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с. 83.
  16. Минҳоҷус-суннат (3/192).
  17. Сияру аъломин нубало (10/92).
  18. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ.-с. 84.
  19. Аҳдос ва аҳодису фитнатил-ҳараҷ. –с. 83.
  20. Аҳдос ва аҳодису фитнатил ҳараҷ. –с. 85.
Share This Article