Чанд рӯзи пеш дар Хуҷанд дақиқтараш 02.09.2022 як фоҷиаи ваҳшатноке рух дод, ки сокинони шаҳрро дар ҳолати шок қарор дод. Дар ин бора бархе аз расонаҳо ҳам навиштанд. Ба дасти «Ислоҳ.нет» дар ин бора маъулмоти бештар расид. Ин фоҷиаи гӯшношунид ва мудҳиш дар манзили зисти Парвиз Тоҷиддинзода, афсари баландмақоми Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯй додааст.
Рӯзи дуввуми сентябр, тахминан дар соати 20: 00 дар маркази шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, хонаи №6 як куштори бераҳмона сурат гирифт. Як корманди Раёсати умури дохила капитан Абдуқаҳҳорзода Зарнигор, ҳамроҳ бо ҷиянаш, ки донишомӯзи Академияи милисаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд будааст, вориди суроғаи зикршуда, ки ба Парвиз Тоҷиддинзода тааллуқ дорад даромада ҳамсари ҳамкорашро мекушанд. Зарнигор Абдуқаҳҳорзода аввал ҳамсари ҳамкорашро дар пушти сараш зада ба ҳалокат расонида сипас як «боклажка» бензинро дар болои ҷасади беҷони ин зан рехта оташ мезанад. Зарнигор Абдуқаҳҳорзода фарзандони хурдсоли Парвиз Тоҷиддинзодаро низ дар ошпазхона пеши ҷисми беҷони модарашон дароварда модари онҳоро дар пеши чашмашон алов зада ва дарро ба рӯи онҳо баста аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Ҳамсояҳо хабардор шуда кӯдакҳоро аз зери оташ берун мекунанд. То ҳол дуто аз ин кудакҳо дар бемористон ба гап наомадаанд яктои дигаршон низ бо қисмҳо сухтаи бадан: гӯшу сару рухсора зинда мемонад.
Аммо дар ягон расона гуфта нашудааст, ки Парвиз Тоҷиддинзода кӣ аст? Парвиз Тоҷиддинзода, майори милиса дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд фаъолият мекунад. Як бародари вай бо номи Ҷомӣ пештар муовини прокурори шаҳри Хуҷанд буд ва ҳоло дар Прокуратураи вилояти Суғд ба ҳайси муовини аввал кор мекунад.
“Парвиз- писари Тоҷиддин Тураев, собиқ Прокурори вилоят ва дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буда аст, ки дар соли 1947 дар Восеъи собиқ вилояти Кулоб ба дунё омадааст. Парвиз ба ҳайси кормандони Раёсати дохилӣ бештар бо телефонҳои гумшудаи шаҳрвандон машғул аст.”
Бино ба маълумоти расида аз манобеъи муътамади “Ислоҳ” аз РВКД , Суғд ,чанд рӯз пеш аз ин фоҷеа Парвиз ба он Капитан Зарнигори одамкуш мегуяд, ки байни мо ҳама робита тамом шуд: «Дигар корҳои ҳаром намекунем,аз пушти ту ман бо оилаам проблема дораму туро намехоҳам. Ман ҳамсарамро дӯст медораму ҳамсарам баъд аз чор моҳ ба ман чорум фарзандро таваллуд мекунад, мегуяд».
“Зарнигор чизе гуфтааст ё нагуфтааст маълум нест. Вале аз сари рашк меояду ҳамсари Парвиз Тоҷиддинзодаро куштаву хонаро оташ зада оромона баромада рафта либосҳои сухтагиашро иваз намуда душ карда гӯйё чизе нашуда хоб меравад! Худи ҳамон шаб ӯро бо истифода аз дурбинҳои насбшуда пайдо ва дастгир мекунанд.”
Бубинед, ки ба куҷо расидем? Барои ҳамхобагӣ ба чи ҷинояти ваҳшатнок даст мезананд. Ба гуфти русҳо «больше не куда!»
Зани кушташуда тифли панҷмоҳаро ҳамл мекард. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ки як зани худотарс, ботақво, намозгузор буда тақрибан, ки куча намебаромад ва бо сатр мегаштааст, дугона ҳам гӯё надоштааст, фақат бо тарбияи фарзандонаш машғул будааст.
“Шукр, ки кудаконаш зинда мондаанд. Якеашон ҷо-ҷое аз баданаш сӯхтаву ҳоло табобат мегиранд, аммо дуи дигар аз он сабаб, ки дар пеши чашмонашон модарашонро алов сар дод қобилияти нутқро аз даст додаанд, ҳоло ба гап наомадаанд.”
Гуфта мешавад Зарнигор, афсари милиса, бозраси бахши сабти маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори фаврию иттилоотии РВКД вилояти Суғд мебошад.
Зарнигор Абдуқаҳҳорзода-ғолиби озмунҳои “Китобхони беҳтарин”дар солҳои 2018 ва 2020 будааст.
Бинобар хабарҳои нашршуда хонуми ҳамакнун кушташудаи Парвиз Тоҷиддинов аз равобити Зарнигор бо шавҳараш бохабар шуда ва тавассути телефон бо ӯ даъво мекунад. Гӯё Зарнигор Абдуқаҳҳорзода баъди ин ҷангҷоли телефонӣ ба сари ин зан омада «разбор» карданӣ мешавад, ки оқибат ба куштор меанҷомад.
Вақти вуқуи ҳодиса худи Парвиз Тоҷиддинзода дар хона набудааст ва зоҳиран набудани ӯро Зарнигор.А пайти муносиб барои «разбор» ҳисобидааст.
“Хабарҳои расида аз он ҳикоят мекунанд, ки Капитан Зарнигор Абдуқаҳҳорзода бо аксарияти кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд муносибатҳои маҳрамона дошта ва ҳоло бархе аз наворҳои ҳамхобагии вай дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфтааст. Гуфта мешавад, ки дар шумори ҳамхобаҳои Капитан Зарнигор генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилӣ ва муовинҳои вай низ шомил будаанд.”
Дар сурати тасдиқи иттиҳомот Зарнигор ва ҷияни вайро аз 15 то 25 соли зиндон ва низ ҳабси якумрӣ интизор аст.
Бинобар навиштаи пойгоҳи хабарии «Бомдод» «ҳангоми таҳқиқи телефони З.А. аз он чанд навори ҳамхобагии ӯ бо ҳамкорони дигарашро низ пайдо кардаанд. Маълум мешавад, ки З.А. бо кадом мақсаде лаҳзаҳои мулоқотҳои маҳрамона ва алоқаҳои ҷинсиаш бо ҳамкоронро сабт карда, мегирифтааст. Бархе аз ин сабтҳо алакай дар Хуҷанд дар телефонҳо ба сайр даромадаанд ва чанд видеояш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расидааст.» Аммо навиштааст ин хабаргузорӣ «ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри ин наворҳо худдорӣ мекунад ва умедвор аст, ки қазияи З.А. барои ҳамаи он кормандони милитсияи Суғд, ки даст ба зино зада буданд, як дарси хубе барои ибрат хоҳад шуд. Ҷолиб он аст, ки З.А., ки соли 2017 Академияи ВКД–ро хатм кард ва ба ҳайси нозир ва сипас муфаттиши гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори фаврию иттилоотии РВКД вилояти Суғд кор мекард, ҳамчун як корманди хушмутолиа пайваста қадрдонӣ мешуд.Аз ҷумла, бино ба иттилои сомонаи ВКД Тоҷикистон, соли 2018 З.А., ки он вақт ҳанӯз лейтенанти калон ва нозир буд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни кормандони ВКД вобаста ба асари «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ сазовори ҷои аввал ва 4 ҳазор сомонӣ туҳфаи асосии ин озмун шуда буд. Дар поёни соли 2020 бошад З.А. дар озмуни “Китобхони беҳтарин” дар РВКД вилояти Суғд ҷои дуюмро гирифт. Дар хабари қадрдонии ғолибони ин озмун бо туҳфаҳову ифтихорномаҳо аз ҷумла чунин гуфта мешуд: “Хулосаи мантиқии озмуни мазкур дар он дида мешавад, ки хондани китоб инсонро тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ба андешаи бузургон, “шахси китобхон ба ҷаҳолат роҳ намедиҳад».
То кунун вокуниши Парвиз Тоҷиддинзода ва падари вай Тоҷиддин Тӯраев, собиқ додситони вилояти Суғд ба ин қазия маълум нест. Аммо дар гузашта Тоҷиддин Тураев, садҳо тан аз сокинони ин вилоятро бо иттиҳоми узвият дар ин ё он созмони динӣ муттаҳам карда равонаи зиндон кардааст.