«Наркокартел»-и тоҷикӣ Тоҷиддин-командир, Зоири домоди Э. Раҳмонов, мудир Исо ва боз киҳо?

Ислоҳ нет

Сӯҳбати ғайримунтазира ва ногаҳонии як нафар афғони қочоқбар дар барномаи «Минбари муҳоҷир» (№167) аз таърихи …. роҷеъ ба Тоҷиддин –командир-Тоҷиддин Сайфиддинович Насриддинов, сарҳанги собиқи вазорати корҳои дохилӣ ҷомеаи кишварро такон дод. Дар ин барнома аз афроде ба унвони қочоқчиёни маводди мухаддир-шарикони тиҷоратии ин афғон ном бурда шуд, ки узви оилаи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Тоҷиддин –командир барои он ҷалби таваҷҷӯҳ кардаву феълан ба мавзӯъи асосии сӯҳбати ҳар як хонаводаи тоҷик мубаддал шудааст, ки ӯ яке аз қудоҳои домоди Эмомалӣ Раҳмонов буда, қочоқчии бузург-наркобарони асосии ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад.

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ.нет» ҳоло инҷо Тоҷиддинро мегузорему меравем ба суроғи мудир Исо, ҳалқаи аввали бонди мофиозии «наркокартел»-и тоҷикӣ

Мудир Исо ё Исо-Даҳмарда кист?

Мудир Исои (Исо Холматов) даҳмарда, ки навори боздошту эътирофаш аз тариқи барномаи «Ахбор»-и ВКД ва ахиран дар «Минбари муҳоҷир»-и «Ислоҳ» такроран пахш гардид, талош дорад воқеиятро пинҳон созад. Мегуяд, ки ба ин кор –қочоқи маводди мухаддир ҳамагӣ 10-15 сол машғул будааст. Аммо ба гуфтаи он афғони қочочқчӣ мудир Исо дар асл наздики сӣ сол аст, ки дар ин соҳа «кор» мекунад. Мудир Исоро барои он даҳмарда мегӯянд, ки дар ҳақиқат даҳмарда аст. Солҳои пеш рамаи мардумро мечаронду як тан аз ҷамъи аҳолии совхози Чубеки ноҳияи Масковский-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд.

Онки мудир садо мекунанд ҳам беҷиҳат нест. Исо Холматов баъдҳо мудир шуд, мудири фермаҳо. Ва, чи фермаҳое? Бо ҳазорон сар бузу гӯсфанду гову аспу ҳазорон адад мурғ!! Ва даҳҳо нафар хидматгор: бузбонҳо, говбонҳо, даҳмардаҳои гусфанд, аспбону аспбоз, говҷӯш ва ғайраву ҳоказоҳо.

Агар донед, ки мудир Исо ҳар моҳ ба хонаи президенти Тоҷикистон 10 сар гусфанд, як гови фарбеҳ, асп ва 300 кило моҳӣ мефиристад ва ин ҳамаро Азизмои газетхонак, ҳамсари Раҳмонов мегираду байни аъзои оила тақсим мекунад, шояд мегуед, ки мо иғроқу воҳима мекунем. Як ҳарф на кам кардем ва на зиёд…

Исо Холматов то солҳои 93-ву 94 як даҳмардаи одӣ буд ва дар куҳу дараҳои мавзеъи Сарикокули Масковский –Ҳамадонӣ дар лаби дарёи Панҷ рама мечаронд. Аммо вай дар шумори афғонҳои он параи рӯд ошнову шиносҳои зиёд пайдо карда буд. Чун ба онҳо гусфанду буз мефурухт. Мунтаҳо доду гирифту тиҷоратҳое ҳам дошт.

Аммо ҳоло як каме дар бораи Зоири сиёҳ

Дар ин ҳангом буд, ки сарбозони тоҷик ҳам дар паҳлуи пограничникҳои Русия барои посбонӣ ва назорати марз омаданд. Нафаре бо номи Зоири сиёҳ, инҷо ба мавзеъе, ки Исо –даҳмарда чупонӣ мекард, ба кор омад. Вай дар марз кор мекард. Зоири сиёҳ медонист, ки мудир Исо аз солҳои пеш бо афғонҳо иртибот дошт. Вай дар лаби дарёи назди сарҳад бузу гуспанд мечаронд, чупон буд ва табъан, ки ба қадри кофӣ сум ҳам дорад ва метавонад аз ошноҳои афғонаш маводди мухаддир бихарад. Барои ҳамин ӯро ба худ моил кард ва тарҳи ҳамкорӣ дар заминаи қочоқи маводди мухаддирро бо ӯ дар миён гузошт. Исо Холматови даҳмарда, чун Зоири сиёҳ як нафар корманди мақомоту погондор аст, дар сарҳадот масъулият дорад, бидуни истиҳола розӣ шуд. Ҳамин тавр Исо-даҳмарда табдил шуд ба курйер ва Зоири сиёҳ ба наркобизнесмен. Вақте мудир Исо ба тиҷорат ва қочоқи маводди мухаддир  шуруъ кард, сумдор шуд. Ва дигар сар кард ба харидани дараву чарогоҳҳо, ки дар онҷо даҳмардагӣ мекард.

Зоири сиёҳ аз Исои даҳмарда садфоиз розӣ. Бе ягон хатоӣ ва бе ягон дарди сар меравад меоварад ва Зоир ҳам мефурӯшаду ҳаққи ӯро мустақим ва дар ҷояш дар кафи дасташ мегузорад. Сарҳад зери контрол, гузаргоҳу пайраҳаҳои куҳӣ барои Исо даҳмарда чун кафи даст шиносу ружд, афғонҳо ҳам ғадру хиёнате намекунанд,баракс «безнал» дода истодаанд.

Зоир сардори застава ва Исо –даҳмарда «экспедитор»-ӯ «снабженетс». Гоҳо вақт мешуд, ки худи афғонҳо «на прямой» назди рамаи Исо борро оварда медоданд. Чун Зоир, сардори застава «добро» медод. Он вақтҳо сарҳад он қадар сахт набуд. Дар пойи хурҷини аспҳо бор мекарданду меоварданд ва аз ин тараф барои рӯзгорашон мебурданд, ки дар дарунаш ҳатман наркодолларҳо баҷо буданд. Гоҳо дар тори куҳҳо «додугирифт» мекарданд.

Зоири сиёҳ духтари Исо-даҳмардаро келин кард. Зоири сиёҳ дар солҳои 2000ум дар вилояти Хатлон «гремет» мекард. Вай сардори заставаи Саркокули ноҳияи Ҳамадонӣ буд. Масири куҳии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба «Масковский»  -Ҳамадонии имрӯзаро ӯ контрол мекард. Вай дар ин роҳ он қадар моя гузоштаву ружду рост кардааст, ки миллион- миллион пушти ҳам даромад меовард.

Соли 2008 Зоири сиёҳро шинониданд. Ҷурми хиёнат ба ватанро ҳам заданд. Гуё паспорти Узбакистон дошт ва ба узбакҳо ҷосусӣ мекард, аммо иллати дастгиршавӣ қочоқи маводди мухаддир буд.

Чандин нафароне, ки ҳамсуҳбат шуданд мегуфтанд, ки Зоири сиёҳро Тоҷиддин «стучат» кардаву пушти панҷара кашонидааст. Тоҷиддин аз Зоири сиёҳ аз рӯи баъзе хабарҳо1.5 ва тибқи маълумоти дигар2.000.000 доллар қарздор шуда будааст.

Ду одами Зоири сиёҳро бо 130 кило дар пости Олимтой меқапанд. Зоири сиёҳро мебаранд. Бачааш ду сатил тилло мебарад, ки озодаш кунанд, намекунанд. Ин ҳодиса соли 2009 буд. Дар зиндон азоб медиҳанд 100.000 доллар тюрма мебаранд, ки «анде ҷавоб диҳед» табобат кунем боз сар намедиҳанд. Ҳамон афғони ҳамсуҳбати «Ислоҳ» аз Зоири сиёҳ ҳам ба унвони нафари қарздор (аз афғон 450.000 доллар қарздор будааст, ном бурд ва гуфт, ки соли гузашта озод шуд. Дар ҳақиқат Зоири сиёҳ чандин солҳои умрашро дар маҳбас пушти сар кардааст. Соли гузашта тобистон баромад. Ҳоло пир шудааст, трактор меронад. Як писари Зоири сияҳ домод ва ҳамзамон ҷияни Тоҷиддин яъне боҷаи Исмоил аст, номаш Мастибек. Зани Зоири сияҳ хоҳари модари Тоҷиддин аст.

Идомаи моҷарои мудир Исо ё Исо-Даҳмарда кист?

Мунтаҳо, як гурӯҳи муташаккили қочоқбарони байналмилалӣ, ки аз Афғонистон гирифта то Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистону Русия ва он тарафаш то ба Аврупо фаъолият мекунанд, созмон ёфт, ки дар таркиби он аз даҳмарда гирифта то марзбону милисаву додситону аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов мушорикат доранд.

Баъид аст ки тафтишот то ба охир ҳама ҷараёноти фаъолияти ин гурӯҳи созмонёфтаи фаромиллиро бармало кунад. Аммо, мо акнун ин масъала ва мавзуъро раҳо намекунем.

Як духтари мудири Исо Комила дар Туркия аст. Бачаи калониаш Човандоз ном дорад. Бачаи хурдиаш Самариддин. Ақлаш камтар ва як чашмаш намебинад, аммо хоксор аст. Аз зани дуюмаш ду фарзанд дорад, барояшон хона харида додааст. Аз Сарикокули Ҳамадонӣ то Шӯрообод ҳама куҳу пушта,талу теппа ва дараҳо, умуман тамоми чарогоҳҳоро хусусӣ карда гирифтааст.

Дар ҷамоати деҳоти Чубек бародараш Ҷумахонро раиси ҷамоат мекунад. Додари хурдиашро бошад бо маблағи зиёд дар прокуратура ба кор медарорад. Ҷумахони бародараш, ки раиси ҷамоат шуд, заминҳои ҳудуди ҷамоатро ба аҳолӣ фурӯхт. Чарогоҳҳо дар куҳҳоро ба номи мудир Исо санад кард. Ҷойи чаронидани чорпо ба мардум намонд. Пода ва моли майдаи мардум ҷои рав надорад. Мудир Исоро оҳи дили камбағалҳо гирифт. Ҳоло мегуянд бо ин ҳама карру фар, ки дошт, баъди дастгиршавиаш ҳамамолу говҳояшро дар оғилҳои мардум баҷо карда истодааст, то ки мусодира нашаванд. Муҳтоҷи ёрии мардум шуд.

Мудир Исо язнаҳояшро ҳам дар бизнесаш шарик гардонидааст. Онҳо гуё дар бозорҳои Корвон ва Саховат тиҷорат мекунанд. Аз Маскав шланги обгузаронӣ меоранд. Ин вақте буд, ки Султони Кабир кор мекард. Ҳоло ҳам ин корро мекуннад ё не намедонем. Аммо ин корҳо ҳамааш барои чашмбандӣ буд. Дар асл кори асосиашон ҳамин наркотика аст.

Мудир Исо дар Душанбе даҳҳо хона дорад. Бачааш чанд рӯзи пеш Ренҷ-ровери нав дар зери пояш буд. Номи модараш Савлатбӣ ва номи падараш Шерхон аст. Инҳо қалуғанд.

Мудир Исоро дар ноҳияҳои Ҳамадониву Фархор, Кулоб, Восеъ, Данғара ва дар умум вилояти Хатлон ҳама мешиносанд. Манзур «аз ин ҳама» аҳолӣ ва сокинони одӣ нестанд. Онҳо, ки хуб мешиносанд. Чун солҳост, ки мудир Исо ҳама чарогоҳҳо, ҳама дараҳо ва ҳама замину замони совхози пешини Чубекро харидаву хусусӣ кардааст, ки бидуни иҷозати вай ҳеҷ кас на гов чаронида метавонад, на ҳатто барои чидани торону чукрӣ ва писта куҳ баромада метавонад. Ин ҳама мазраъаву минтақа аз они мудир Исо аст. Вале барои он гуфтем ҳама мешиносад, ки ӯро милиса, КГБ,прокурор, суд, ҳукумати ноҳияву вилоят ҳама-ҳама мешиносанд. Ҳамаи ин мақомотро пул додаву муттаҳам кардааст. Онҳо ба вай зарар намерасонанд, чун аз дасти вай «нон» мехуранд, садақахӯри ӯ ҳастанд. Беш аз ин вақте аз Душанбе, барои мисол ягон нафар ва ё гурӯҳе аз милиса ё амният ва ё намояндаи ҳар ниҳоде дигар ба Ҳамадонӣ оянд, ҳанӯз аз гузаргоҳи Олимтой нагузашта ба ӯ ҳатмани ҳатман занг зада бохабар мекунанд, ки худашро «ҷамъу ҷур» кунад. То ҳамин ҳад мудир Исо болои мақомоти ноҳия нуфуз ва таъсир дорад. Вай дар инҷо, дар ин минтақа супермен ба ҳисоб меравад, касе ҳад надорад, ки пишаки ӯро пишт гуяд. Аз инҷо аст ки ӯро дар Душанбе «гирифтанд».

Боздошти ӯ дар Душанбе ҳам суолҳои зиёде дар пай дорад. Дар ҳоле, ки мудир Исо «экспедитор» ва «снабженетс»-и Тоҷиддин-командир ва Зоири домоди Ҷаноб, «ҳалқаи аввали занҷир»  аст ва дар ҳоле, ки аз киву чи будани ӯ «связ»-ҳои ӯ мақомот бохабар аст, хуллас медонанд, ки одами домоди Раҳмонов аст кӣ ва чи тавр ӯро дастгир кард? Инҷо муноқишаву мунозиъа ва рақобатҳои байни мақомот аст ё чӣ?

Як нафаре, ки аз ин моҷаро воқиф аст гуфт, ки дар ин кор милисаҳои шаҳри Душанбе даст доранд. Ва ба эҳтимоли зиёд пушти ин қазия бозиҳое пинҳон аст. Шояд генерал Қудратулло Назарзода, сардори милисаи ноҳияи Рудакӣ истода бошад, чун ӯ ҳам даъвои курсии вазири дохила шуданро дорад.

Ӯро, милисаҳои Душанбе қапиданд.Чунки, чуноне гуфтем дар вилоят ва ноҳия ӯро медонанд, мешиносанд, шарикашанд, резахӯри хонашанд, ҳақашонро мегиранд. Барои ҳамин лезит намекунад. Бинобар яке аз фарзияҳо як нафар корманди милисаи Душанбе бо номи Элмуродов Фирдавс Алиҷонович хабари борбарии ӯ ба Душанберо додааст. Элмуродов Фирдавс Алиҷонович ҳамқишлоқӣ ва ҳамсояи мудир Исо, ки дар шуъбаи милисаи назди танкаи Душанбе кор мекунад. Фирдавс подполковник аст. Ин «бор» бори ҳамон круг ва ҳалқаи  афғоне аст, ки дар барномаи «Минбари муҳоҷир» сӯҳбат ва даъвои 1,5 миллион доллари қарз аз Тоҷиддин-командир мекунад. Ин афғон рӯйирост гуфт,ки мудир Исоро хуб мешиносад, чунки бо вай 28 сол аст ки ҳамкорӣ мекунад ва ҳанӯз аз давраи Зоири  сиёҳ Исо-даҳмарда (он солҳо даҳмарда буд лақабаш) «бор» мекашонд ва баъдан барои Тоҷиддин бор меоварад. Ҳамсуҳбати афғони «Ислоҳ» инро таъкид кард, ки Исо, на ончуноне, ки дар бозпурсии мақомот 15 солашро эътироф кард, дар асл 28 сол аст наркокурйерӣ мекунад ва ин афғон гуфт, ки бори меовардаи мудир Исоро Тоҷиддин –командир ва Зоир Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов (на он Зоири сиёҳ) бизнес мекунанд ва мудир Исо ба инҳо «кор» мекунад.

Аз ин ҷиҳат бархеҳо фарзияи дигареро матраҳ карда мегуянд, ки ҳамон афғон ба хотири қасос аз «кидат» шудан ва ба хотири садама задан ба Тоҷиддин мудир Исоро хабар додааст.

Фарзияи дигар ин аст ки мудир Исоро шояд рақибони дохилияш, масалан Ҷамшед Ятимов, бародари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қочоқи маводди мухаддир дар гузаргоҳҳои Фархорро дар контрол дорад, супорида бошанд.

Мудир Исо, чуноне гуфтем дар вақти Зоири сиёҳ ба ӯ хидмат мекард, баъди Тоҷиддин-командир ба Тоҷиддин «бор» меоварад. Вай мустақил набуд, балки хидматгор буд. Ва, ин фарзия ҳам ҳаст, ки шояд ӯро Тоҷиддин-командир «супорида» бошад. Ба гуфте Тоҷиддин –командир «хит» кардааст, ки мудир Исо ҳоло ҳам бо он афғон, афғони қарзхоҳ ҳамкорӣ дорад. Ва, гуё Тоҷиддин бохабар шудааст, ки мудир Исо чанд навбат борро худаш мустақим, бидуни огоҳии вай ба дигарҳо додааст. Аз ин кори мудир Исо Тоҷиддин, ки акнун бо Зоири домоди Раҳмонов қудо асту Исмоил, набераи «любимчик»-и Ҷаноб домодаш аст сахт қаҳраш карда ва дилпурона ӯро фурӯхтааст.

Мегӯянд, ки мудир Исоро баъди баромадан аз сартарошхона-парикмахер ё дар маҳаллаи Политехникум ва ё Дӯстии пойтахт дастгир мекунанд. Дастонашро тоб дода «ҳуч»-аш мекунанду ба мошин тела дода бораш мекунанд, сартарошҳо шоҳиди манзара шудаанд. Маълум аст ки милисаҳо аз пеш «маълумот» доштанд ва зери назорат гирифта амалиёт алайҳашро роҳандозӣ карда буданд. Инҷо танҳо кор кори «резултат» нест. Боздошти ҳамчунин «наркобарон» ва бо ин стажи корӣ ва бо ин дову дастгаҳ ва бо ин «связ» дар пушташ бозиҳоеву гапҳое дорад, ки ба умеди худо дар оянда дастрас ва нашраш мекунем. Ҳар гоҳе Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҳамадонӣ ояд, тамоми харҷу масрафи сафар ва зиёфати ӯву ҳайати ҳамроҳонашро ҳамин мудир Исо-даҳмарда пардохт мекунад. Вай мизбон мешаваду Раҳмонов меҳмони ӯ.

Тоҷиддин-командир, наркобарони масковскигӣ кист?

Хеле аз нафароне, ки баъди сӯҳбати ин афғон бо «Ислоҳ» дар иртибот шуданд, тасдиқ карданд, ки он афғон сад фоиз рост гуфт. Тоҷиддин ҳамин гуна як наркобарони номард аст.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмонов ба Ҳамадонӣ, ба деҳаи Ангурбоғ, омад аз фермаҳои мудир Исо ва ҳавзҳои моҳии Тоҷиддин (Рибхоз)-и дидан намуд. Ин ҳавзҳо дар канори сарҳад ҷойгир шудааст. Дар он сафари ҷаноб Зоири домодаш ҳам ҳамроҳаш буд ва ҳамон ҷо бо Тоҷиддин ошно шуд. Аммо баъди ин сафар яке аз одамони Тоҷиддинро афғонҳо ба гарав гирифтанд. Чунки Тоҷиддин аз пардохти 1.5 миллион доллари он афғон сар печид. Сухан аз Ҳабиб Қарахонов, посбони ҳавзҳои моҳии Тоҷиддин командир меравад, ки вақте дар онҷо ҳамроҳи ҳоҷӣ Сайфиддини падари Тоҷиддин кор мекарданд, афғонҳо омаданду бурданд. Дар бораи ин ҳодиса радиои «Озодӣ» дар соли 2017 як гузориш нашр кардааст. Аммо, ба гуфтаи афғони ҳамсуҳбати «Ислоҳ» ончи ки дар «Озодӣ» нашр шуд, воқеият надорад. Зеро Ҳабибро бар ивази 300.000 доллар Тоҷиддин аз Афғонҳо боз пас гирифтаанд.

Тоҷиддин-командир он солҳо ҳеҷ кас набуд. Ба хидмати сарбозӣ ҷалб мешавад. Зоир ӯро зери қаноти худ гирифт ва баъди адои ду соли аскарӣ  дар застава нигоҳ дошт. Корманди нуқтаи марзбонӣ шуд. Чунки Зоири сиёҳ шавҳархолаи Тоҷиддин буд. Тоҷиддин ҷавони ҳушёру чолок аз об даромад. Зуд сарфаҳм рафт ва дигар ҳамроҳи Зоир дар «переговор»-ҳо бо ҷониби афғонҳо ширкат мекард ва хонаҳои онҳо мерафту бо онҳо аз наздик шинос мешуд. Чанд навбат худаш аз шарикони тиҷоратӣ бор ҳам овард. Мунтаҳо дар дилу дидаи Зоири сиёҳ ҷой гирифт. Зоири сиёҳ ҳам ӯро явош-явош боло баровардан гирифт ва дар доираи салоҳияти худ ба ӯ мақомҳои навбанав медод. Тоҷиддин китфи рост, нафари асосии Зоир шуд.

Ҳамин тариқ Тоҷиддин ин роҳро интиқоли наркотикро комилан таҳти контроли худ гирифт. Ва, дигар худаш ҳам бо афғонҳо додугирифт мекард. Аммо дар ин кор хелеҳоро қурбон кардааст. Яке аз онҳо як нафар човандоз аз деҳаи Ҳаёти нав бо номи Баҳриддин аст. Баҳриддинро ду -се сол ба унвони курйер истифода кард. Вай бо аспаш мерафту борро меовард. Аммо Баҳриддин ба даст афтоду шаш сол шишт. Баромад. Вале Тоҷиддин ва як наркобизнеси дигари Ҳамадонӣ бо лақаби Раҳматук оромаш нагузоштанд. Маҷбураш мекарданд ,ки бо онҳо ҳамроҳ бишавад ва ба Афғонистон гузашта бор оварад. Афғонҳо ба Баҳриддин насия (безнал) медоданду ба худи Тоҷиддин намедоданд. Ин як нафаре буд,ки гап мезад афғонҳо сухани ӯро рад намекарданд. Он вақтҳо Тоҷиддин дигар на танҳо кори милиса мекард, мисли бандитҳо «иск» мебаст, яъне «грузит» мекард. Вай мехост Баҳриддинро ҳамин тавр кунад. Барои Баҳриддинро аз нав ба бонди худ ҷалб кардан Тоҷиддин ба афғонҳо зиёд сум дод. Ҳадди ақал бояд Афғонистон мебурданд ва муттаҳам мекарданд, чунки бевиза рафту сарҳадро шикаст ва бо ҳамин ба чанги онҳо меафтид ва маҷбур буд корҳояшонро иҷро кунад. Дар куштори Баҳриддин бо Тоҷиддин наркобарони дигар Раҳматук шарик аст. Аммо Раҳматук баъдҳо бо Тоҷиддин чап шуд. Тоҷиддин Раҳматукро як бало карду барои панҷ сол шинонд. Боз баромад. Бо Тоҷиддин ҳоло миёнаи хуб надорад. Баҳриддин дар ҷанги тан ба тан бақувват буд. Вай човандози номӣ ҳам буд. Тоҷиддин чанд бор ӯро  ғам дод. Ҳатто группавой шуда ӯро заданд, ки бо онҳо аз нав шарик шавад.

 Баҳриддинро бо фармони Тоҷиддин дар соли 2010 куштанд

Як вақт говҳои Баҳриддин гум мешаванд. Ӯ говковӣ меравад. Савори асп. Тоҷиддин пушти ӯ одам монда будааст. Хабардор мешавад. Аз он тараф афғонҳоро ва аз ин тараф бо одамони худаш таъқиб мекунад. Ин як қиссаи тулонӣ аст. Хулосааш ин аст ки бо дастони афғонҳо ӯро мепаронанд. Аввал аспашро захмӣ мекунанд ва сипас ба худаш тир мезананд. Вақте ӯ дар ҳоли ҷонканӣ аст ба сараш меоянду мегуянд, ки гапи моро мегирифтӣ ба ин ҳолат намеафтодӣ. Ҳамаи ин ҳодиса дар пеши чашми занҳое сурат мегирад, ки онҷо писта мечиданд. Баъд аз онки ӯро мекушанд, ба хешовандонаш занг зада мегуяд, ки оянду подаркаашонро гиранд.

Чандин нафарон ҳастанд, ки ба маҳзи Тоҷиддин аз афғонҳои қочоқбар қарздор шудаанд.

Марҳум Шарофиддин Имомов, сафири пешини Тоҷикистон дар Афғонистон- 650 000 ,

Беҳрӯзи бачаи Мирзоватан Миров 500.000 доллар, Мусохон аз Сарчашма700. 000 доллар. Ҳамаи инҳо ба Тоҷиддин «кор» мекарданд ва ҳамаашонро Тоҷиддин ҳамин гуна қарздор кардааст.

Шери камазисту Даврони сурхро маҳкам кард. Инҳо 50-ву 60 не 500 -600 кило мезаданд. Ҳамаи онҳо таҳти идораи Тоҷиддин буданд. Тоҷиддин -командир ҳамаи инҳоро ба хок яксон кард. Аз совхози Чубек аз деҳаи Ангурбоғ, ҷамоати Одина Ҳошим, як ҷияни Зоири сиёҳро ба 80 грамм шинонд.Вай аз Фархор буд.80 грамм аз мошинаш пайдо карданд. Вагарна ӯ 300-у400 кило мезад. 16 сол додандд. Чор акаву додар-Сафоловҳоро суд карданд. Сафолов сардори МЧС-и Ҳамадонӣ ва баъдан сардори МЧС-и Турсунзода буд. Бо 90 кило шинонд. Ҳамаи инҳоро Тоҷиддин подстава кард.

Тоҷиддин барои дарёфти пули муфт ба тамоми корҳои пасту палид даст зад. Вай садҳо нафарро капсулаи худсохти героин хуронида ба Русия мефиристод. Бархе аз онҳо дар натиҷа кафидани ин капсула-ғилофакҳо мурданд.

Соли 2011 чор нафар аз бачаҳои қишлоқро ҳамин тавр наркотик «хуронд» ва ба Русия равон кард. Дар фурудгоҳи Душанбе, ҳанӯз норасида се нафарашон бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтанд. Як нафари онҳо гузашта тавонист. Ба падару модари онҳо пул доду гуфт сокит бошед. Гур карданд. Аз ин се нафар якеаш ҳоло 40 рӯз нашуда буд домодиашро. Соли 2010 он афғон, ки суҳбат кард дар марзи тарафи Афғонистон дар мавзеи   Чорбоғ командир буд. Дар Ангурбоғ беш аз 1000 кас зиндагӣ мекунад. Аз ҳар хона дукасӣ шиштагианд. Ҳатто зану шӯро ҳам Тоҷиддин тюрма кардагӣ аст. Девори хонааш 6 метри баланд аст. Дар шаҳр зиндагӣ мекунад.

Тоҷиддин то ба сардории застава баланд рафт. Вале дертарТоҷиддин –командир дар Қурғонтеппа дар Раёсати умури дохилӣ фаъолиятро идома дод. Ҳамин ҳодисаи рабудани Ҳабиб Қарахонови 55-сола, сокини деҳаи Сайроб вақте ба мал омада буд, ки Тоҷиддин Насриддинов дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон кор мекард ва рутбаи подполковникӣ дошт. Дар ҳамон ҳодисаи одамрабоӣ ду тан аз одамони Тоҷиддин як бало карда аз дасти афғонҳо мегурезанд. Баъди ин ҳодиса СС.Ятимов ӯро сахт чап гирифт. Ба Ленин қасам хурд, ки дастгир мекунад ва мебараду мешинонад. Одамони Тоҷиддинро, ки аз чанголи афғонҳо гурехтанд, дар таҳхонаи амнияти Ҳамадонӣ маҳкам кард, ва ҳама моҷароро фаҳмид. Тоҷиддин илоҷи дигар наёфт ва гурехт рафт осоишгоҳи Зумрат дар Исфара, ки моли хусусии Зоири қудояш-домоди Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Аз кор дар милиса озодаш карданд. Аз онҷо мегурезонанду Дубай мефиристанд. Ҳамаи ин корҳоро Зоири домоди Раҳмонов кард, СС.Ятимовро «пошёл на…» кард.

Тоҷиддин хеле бераҳм ва аз худ бехуд шудааст. Ба гуфте пул он қадар бардоштааст ӯро, ки худоро худойбердӣ намегуяд. Як хоҳараш шӯ дорад, аммо сахт бераҳа аст. Ба ҷои онки ҷилави хоҳари худашро бигирад бо онҳое ҷангу даъво мекунад ва ҳатто то ба суд кашонду шинонд, ки бо ин хоҳари ӯ муносибатҳои маҳрамона доштаанд: «Онҳоро, чандеашонро шинонд, 20.30.50.000 доллар додаву дар сари судашон рафта показани дод».

Юсуф Раҳмон,Прокурори генералии Тоҷикистон яке аз садақахорони Тоҷиддин аст. Ҳанӯз солҳое, ки Юсуф Раҳмон, сардори шуъба тафтишоти додситонӣ буд Тоҷиддин ҳар ҳафта сад- дусад кило моҳӣ ба ӯ инъом мекард. Ҳардуяшон мисли Лайливу Маҷнун буданд. Тоҷиддин ба сари даҳҳо нафар аз бачаҳои Ҳамадонӣ об рехтааст. Вай ҳам мешинонд ва ҳам «посредникӣ» мекард. Ва бо Юсуф Раҳмон «пули нағз» кор мекарданд.

Як манбаъи дигар гуфт, ки духтари Тоҷиддин, ҳамсари Исмоил аз зани аввалааш нест. Вай чандин сол аст ки дар Душанбе панҷ-шаш хона дорад. Духтарҳои «ёш»-ро меёбаду ба никоҳаш медарорад ва ба онҳо хонаҳо мехарад ва аз онҳо кудакдор мешавад. Гуё зани Исмоили набераи Раҳмонов духтари яке аз ин занҳояш будааст.

Мегуянд, ки Тоҷиддин дар аснои ин кор даҳҳо афғонро куштааст. Борашонро мегирад ва сипас онҳоро мекушад. Нуриддини тракторчии бародари Эмомалӣ Раҳмонов яке аз меҳмонҳои доимии Зоири сиёҳ ва баъдан Тоҷиддин будааст. Ба назди Тоҷиддин Зоир Соҳибов, падари Исмоил, яъне қудои худи Тоҷиддин меояд. Шамсулло Соҳибов домоди дигарии Раҳмонов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст зуд-зуд меояд. Чанде пеш Тоҷиддин як Лексуси истеҳсоли охиринро ба Озода Раҳмонова барои рӯзи таваллудаш инъом кард.

Мегуянд, ки Тоҷиддин-командир як апаи шубуро дошт бо номи Наргис, ки дар ҳамон застава, дар лагери Чорбоғ ҳама командирҳои чи тоҷику чи афғон «товуш» медоданд. Дар рӯз то даҳ командирро «сер» мекард. Ӯро як нафар аз гурӯҳи сопровождаюшийи  ГАИ-и ҷумҳурӣ бо номи Ашӯр Раҷабов мегирад. Ин Ашӯр Раҷабов нафари дуввум ё сеюми ин гурӯҳ будааст. Гоҳо Тоҷиддин аз хидмати ҳамин мошинҳои «сопровождаюшийи» ҳукуматӣ ҳам барои интиқоли маводди мухаддир истифода мекардааст. Яъне героин под охранаи ГАИ-и ҳамроҳи Раҳмонов аз Ҳамадонӣ ба душанбе мунтақил мешудааст.

Яке аз онҳое, ки он солҳо аз капсулаҳои Тоҷиддин дар фурудгоҳ мурд писари як муаллим буд. Ин муаллим то се соли пеш фақат менавишт. Аммо як бор одамони Тоҷиддин ӯро сахт заданд. Баъдан чи хеле шуд, ки ин муаллим гунг шуд ва сипас мурд.

Тоҷиддин  наркобаронҳо Зоири сиёҳ Шер, Диловар, Нур, Раҳматук ва чандин нафари дигар, ки ҳамашон аз Масковский-Ҳамадонианд фурӯхт.  99%-и инҳоро ҳамин Тоҷиддин-командир «подстава» карду шинонд. Бачаҳоро аз Ҷиргатолу Ҳоит бузӣ карду ба мақомот супорид. Писари Нуриддин Темур аз Назарайлоқ Ҳукмиддин ном дорад, ҳоло дар кадом маҳбаси Қирғизистон маҳкам аст. Як қорӣ буд аз деҳаи махсуми Ъузайр ӯро ҳам фурӯхт.

Тоҷиддин-командир дар соли 2007 як духтари таваллуди 91-ро аз Ҳаёти нав -деҳаи наздик ба Ангурбоғ ба занӣ мегирад. Он духтарро каси дигар шиму костюм пушонида маркази ноҳия мебарад ва онҷо Тоҷиддин туй карда мегирад. Ин духтар ҳамсоли духтараш буд.

Як духтари Тоҷиддин-командир, духтари дуюмаш бисёр бероҳаи бад шуд. Кадом туркеро ёфту шавҳар карду рафт Туркия. Дар ресторани Яккасаройи Истамбул кор мекардааст.

Аммо гуфтем, ки Тоҷиддин Насриддинов дар гузашта касе набуд. Ӯро дар ин роҳ Зоири сиёҳ, язнаи худи Тоҷиддин овардааст. Мешавад гуфт, ки Тоҷиддин шогирди Зоири сиёҳ аст. Падари Тоҷиддин ҳоҷӣ Сайфиддин аст. Бародараш Ҷамолиддин дар милиса кор мекунад. Бародари дигараш Ҷамшед ном дошт. Ин номро бо номи Билол иваз кард. Вай дар прокуратураи Ваҳдат ё Рӯдакӣ кор мекунад.

Тоҷиддин наркобарони асосӣ ва катазани Масковский (Ҳамадонӣ) аст ва борро «на прямой» аз дасти аввал-истеҳсолкунанда, афғонҳо мегирад. Масири интиқоли бори вай аз сарҳади Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз тариқи мавзеъи Саркокули совхози пешини Чубек аст. Дар инҷо деҳаҳои Ангурбоғ, Ҳаёти нав, Гулбоғ Чорбоғ ҷойгиранд. Тоҷиддин наздик ба сӣ сол аст ки бо «дору» заниматсия мекунад. Қаблан одамони ӯро дастгир ва худашро аз кор ронданд. Тоҷиддин ҳам афғонҳои қочоқчиро куштааст ва ҳам тоҷикҳоеро, ки як замон барои ӯ курйерӣ мекарданд. Ҳамон табааи Афғонистон, ки бо мо суҳбат кард  дарду даъвояш ин аст ки Тоҷиддин 1.5 миллион доллари ӯро чанд сол аст ки барнамегардонад. Ин табааи афғон ошкоро гуфт, ки Тоҷиддин маблағи маводди мухаддирро, ки насия гирифта буд, пас гардониданӣ нест.

Гуфта мешавад ба назди Тоҷиддин Зоир Соҳибов, падари Исмоил, яъне қудои худи Тоҷиддин меояд. Шамсулло Соҳибов домоди дигарии Раҳмонов, шавҳари Рухшона Раҳмонова, ки сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир аст зуд-зуд меояд. Чанде пеш Тоҷиддин як Лексуси истеҳсоли охиринро ба Озода Раҳмонова барои рӯзи таваллудаш инъом кард.

Тоҷиддин ҳамнишину ҳамсоғари Нуриддини тракторист (бародари мурдагии Эмомалӣ Раҳмонов) шарики тиҷоратии Зоиру Шамсулло (домодҳои Эмомалӣ Раҳонов) «снабженетс»-и Юсуф Раҳмонов, Додситони кулли Тоҷикистон буда, ҳатто «уқоби тезчангол»-е чун СС.Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро «на три букви» посилат мекардааст.

Ин ҳамсуҳбати афғони «Ислоҳ»,ки хеле аз сокинони Ҳамадониву Фархор садояшро шинохтанд ва тамоми моҷароҳо, аз ҷумла гаравгонгирии Ҳабибу қарздории Тоҷиддин аз   ӯро таъйиду тасдиқ карданд, гуфтанд, ки ин роҳи бузурги қочоқи маводди мухаддирро ҳамин Зоири сиёҳ ташкил кардааст ва ин тиҷорат аз тариқи сарҳади Ҳамадонӣ ба тавассути Зоири сиёҳ шуруъ кардааст. Вале нафаре, ки ин роҳи ба гуфтаи ин афғон «хатарнок ва хароб»-ро сохтаву ҳамвор кардааст мудир Исо аст. Дар бораи мудир Исо, ки дар оғози навишта маълумот додем.

Бо ин ҳама моҷарову қиссаҳои ҳайратовару ҳаяҷонангез намешавад гуфт, ки оқибати кори мудир Исо чи хоҳад шуд.

Тоҷиддин ваъда кардааст, ки мудир Исоро мебарорад. Гуфтааст, ки Президент аз Рустам дида Исмоилро бештар дӯст медорад ва агар вай аз ӯ бихоҳад, ӯ рад намекунад. Воқиан ҳам Исмоил, ки домоди Тоҷиддин аст  намехоҳад, ки манбаъи даромадашро аз даст диҳад ва дигар аз ӯ ба унвони тоҷири сахопешаву «дастбахайр» ном баранд. Аз сӯи дигар ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки Исо дар зиндон «касал» бишавад ва пас бимирад.

Аммо суҳбати он афғони қочоқчӣ бо мо, бори дигар навиштаҳои қаблии «Ислоҳ» дар бораи онки Зоири домоди Раҳмонов як наркобарони бузурги Тоҷикистон астро тасдиқ кард. Амборҳои осоишгоҳи “Зумрат» дар Исфара, ки чанд сол аст ба моликияти хусусии Зоир бадал шудааст, ба «склад»-и героин Зоир ё перевалочний база аст ва сарҳади Қирғизистон нуқтаи тронзитии интиқоли ин маҳсулоти бо сифати олӣ ба Русия.

Соли гузашта ду мошини бузурги боркаш дар Узбакистон ба даст афтод, ки героинҳои кашфшуда, ки то 200 килоӣ буд дар зарфҳои плостикии корхонаи марбут ба Зоир ҷосозӣ шудааст. Ин ҳарду мошин, ки яке ангур ва дигарӣ хушкмева интиқол мекард, зарфҳои плостикии ҳомили героинашон айнан як намуд бандубаст шуда буд.

Дар охири ин навишта хоҳиш мешавад, ки ба чанд паҳлуи ин қазия таваҷҷуҳ кунед. Агар Тоҷиддин дар сатҳи домод, набера ва худи Раҳмонов пуштибон намедошт, то ба ин ҳад наркобарони бузург мешуд?

Мутамин бошед, ки Зоир домоди Раҳмонов аз қарздории Тоҷиддини қудояш 100% хабар дорад. Бубинед, ки ҳанӯз дар соли 2017 Ҳабиби Қарахоновро барои онки коргари Тоҷиддин аст афғонҳо ба гарав мегиранд. Аммо баъди чанд соли он Зоир ва Тоҷиддин қудову анда мешаванд. Яъне бо ин қудогӣ онҳо ба тиҷорати наркотикаи худ бештар машғул мешаванд. Бинобар маълумоти ҳамин афғон ҳатто дар ин бизнес ҳоҷӣ Шарифи падари Зоир шарик буда ва ҳамон бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и Қурғонтеппа(Бохтар) бо пули герони Тоҷиддин аз афғонҳо гирифта (9 миллион доллар) сохта шудааст.

Аз инҷо метавон ба ин натиҷа бирасид, ки худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар тиҷорати наркотик ва фоида ба даст меомада аз он  ҳатман шарик аст. Ҳадди ақал агар Раҳмонов мехост, ки пеши ин корро бигирад, метавонист, аммо накард. Масалан ҳамин Тоҷиддинро Зоир дар соли 2017 фирорӣ дод. Албатта, ки Ятимов СС маълумотро расонд. Вале Раҳмонов ҳеҷ коре накард. Чунки Тоҷиддин аз ҳисоби даромади қочоқи маводди мухаддир Зоири домодаш ва низ Исмоили набераашро шарик кардааст.

Марзҳои кишвар  тақсим шуда миёни афроди оила

Тиҷорати маводди мухаддир дар вилояти Хатлон ба дасти Тоҷиддину Зоир, (Ҳамадонӣ) Ҷамшед Ятимов, бародари СС.Ятимов (Данғара ва Фархор) ва бародарони Ҳасан Асадуллозода дар навоҳии Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав, Панҷ аст.

Мудир Исо, Тоҷиддин ва Зоири Соҳибови домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон худашон як бонди мафиозии қочоқчиёни маводди мухаддиранд. Инҳо марзи Ҳамадонӣ ва интиқол ба беруни кишвар аз тариқи Роҳи оҳан ва марзи Қирғизистонро контрол мекунанд.

Савол ин аст ки чаро дар соли 2017 вақте посбони ҳавзи Тоҷиддин –командирро афғонҳо ба гарав бурданд, ӯро аз кор «отстранит» карданду тамом. Чаро ҷазо нагирифт?

Боз ҳам пурсиш ин аст ки чаро қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон дар ин сатҳ иртиқо пайдо кардааст. Зоири домоди Раҳмонов ҳатто як замон дар ҳукумати Тоҷикистон кор мекард, раиси Оҷонси хариди мол ва захоир буд. Аз ин бармеояд, ки шахсан худи Эмомалӣ Раҳмонов ҳам дар қочоқ ва тиҷорати маводди мухаддир даст дорад ва «покровител» аст. Чаро ҳозир Раҳмонв домодаш, наберааш ва падараруси набераашро тюрма намекунад. Масалан сардори раёсати Оҷонсӣ дар Хатлон барои 150.000 сомонӣ муодили 14000 доллар дастгир шуд, аммо чаро Тоҷиддин намешавад? Чунки Тоҷиддин «грет» мекунад ва қудои худи Раҳмонов аст.

Давлат ва ҳукумати Тоҷикистонро киҳо доранд идора мекунанд ва ба чи корҳо машғуланд?

Чаро Раҳмонов матбуот, аҳзоб ва умуман садоҳои бедору рушанфикронро сокит кард?  Барои онки ин гуна ҷурму ҷинояти ӯро ба мардум нагуянд ва вай худро бо дасту даҳони чанде аз косалесони занбамузд Пешвову асосгузор ҷилва диҳад. Дар омади гап боз як қиссаи дигар. Хуршед Мирзоев, сардори милисаи ноҳияи Рудакӣ буд. Ӯро сардори маҳбас монданд. Вақте ӯ сардори маҳбас шуд, милисаҳоеро, ки дар озодӣ ҳамроҳаш наркотик бизнес мекарданд, ҳамаашонро дар пеши худаш ҷамъ овард. Бизнесро аз ҳамон даруни зиндон идома дод. Аз зиндон ба Афғонистон телефон мекард. Ҳозир дақиқ гуфта наметавонем, ки авзоъ дар зиндони рақами аввал чи хел аст аммо шаш моҳ пеш ҳамин тавр буд. Хуршед Мирзоев аз собиқ совхози Кирови Ҳамадонӣ, аз Сафедоб аст.

Яъне, ин ба ин маъно аст ки наркотик сарчашмаи даромади на танҳо барои мисол террористон, манбаи даромади мақомоти қудратии Тоҷикистон ва то аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Феълан Тоҷиддин ҳеҷ коре дар мақомот надорад. Аммо «посредники» мекунад, албатта бо пуштибонӣ ва мусоидати Зоири қудояш ва Исмоили домодаш.

Мудир Исо агарчи даҳмарда ҳам буд, хеле корчалон аст. Фермаҳояш ба дасти бародарони дигараш Мусо ва Аюб аст. Моли майдаи он 5 қутан-кашар аст ки гуфта мешавад ҳар кадом на кам аз 5000 сар дорад. 10.000 сар гов доштааст. Галаи аспаш ҳам аз 3000 бисёртар аст.

Аммо гуфта мешавад, ки ҳамаи ин дороиҳои аз тиҷорати маводди мухаддир ба даст овардаи мудир Исо дар пеши сарвату давлати Тоҷиддин-командир ҳеҷ аст. Вайро фиръавни Ҳамадонӣ ҳам мегуфтаанд.

Поёни бахши аввали ин гурӯҳи қочоқбарони махсӯси хавфноки дар баданаи режими Раҳмонов…

Ps:  Хонандаи азиз. Ҳоло ончики дар ин матлаб мутолиа кардед, оғози достони Тоҷиддин-командир аст. Дар идома аз ҷиноятҳои дигари ӯ ва аз шарикони дохиливу хориҷиаш ва инки дар мақомот киҳо пуштибонаш ҳастанд хоҳем навишт. Бо мо бошед.

Share This Article