Нишонаи тавфиқи Илоҳи!
Аксари аҳли илм бар он иттифоқ доранд,ки тавфиқ он бошад,ки Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло туро ба худат вогузор накунад. Бар акси он яъне хори ва зиллат он аст,ки Худованди Мутаъол туро ба худат бисупорад ва вогузор намояд!
Пас ҳаркасе,ки Худованд барои ӯ иродаи хайр ва неки кунад дарвозаи фурӯтанӣ ва шикастаҳолиро дар баробари худаш ва паноҳҷӯйи бар давомро ба сӯйи ӯ ва ниёз ба вай ва дидани айбҳо ва нодониҳо ва ситамҳо ва таҷовузҳое,ки бар худ намӯда ва ҳамчунин дидани фазл ва эҳсони Парвардигор ва раҳмат, бахшандаги , неки, бе ниёзи ва ситойиши ӯро бар вай боз мекунад.
Пас шахси ориф бо ин бол ба сӯйи Парвардигор парвоз менамояд ва мумкин нест ин масирро идома диҳад магар бо ҳардуйи болҳо ё парҳояш.Ҳаргоҳ яке аз ин ду болро аз даст дод ба монанди парандае хоҳад шуд,ки яке аз болҳояшро аз даст додааст.