Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №281

Ислоҳ нет

Мо ҳар рӯз номаҳои зиёд аз дохили кишвар ва ҳатто аз муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ мегирем. Дар ҳар кадомаш дард, фарёд ва шикояти мардум аст: аз зулм, аз фасод, аз фурӯши идораҳои давлатӣ, аз порахурии масъулин, аз бозии ҳаёти беадолатона бо тақдири инсонҳо.

Ин дафъа чор нома ба дасти мо расид: аз Файзобод, аз Нуробод, аз муҳоҷирони дар Русия (Берелёва, Москва) ва аз Рӯдакӣ. Ҳар яке оинаест аз як фоҷиае ки чӣ гуна ноҳияҳо, бозорҳо ва ҳатто зиндонҳои мо ба дасти ашхоси фасодзадаву ҳаромхӯр табдил ёфтаанд ба манбаи пулчинӣ, таҳқир ва зулму шиканҷа ва фасод.

-Дар Файзобод мардум аз дасти як корманди ВКД- Сангов Ҷаҳонгир- ба дод омадаанд, ки фақат фасод, порахӯрӣ ва таҷовузро кор медонад.
-Дар Нуробод сокинон аз фурӯхтани ҳамдеҳагон, фасоди ҳокимияти маҳаллӣ ва қувваи амният фарёд мезананд.
-Дар Москва, муҳоҷирон аз дасти «Ҳоҷӣ » ва банду бастҳои вай бо Рустами Эмомалӣ шикоят доранд, ки бозорҳоро ба ҷои зулму таҳқир табдил додааст.
-Ва дар Рӯдакӣ, мардум аз Ҳикматуллозода Абдуғаффор- ки биноҳои давлатӣ, мактаб ва заминро мисли молики шахсӣ мефурӯшад-ҳушдор медиҳанд ва мепурсанд: «Дузди калонтар кист-Раҳмон ё Ҳикматуллозода?»

Ин номаҳо, ҳарчанд аз минтақаҳои гуногунанд, як ҳақиқатро собит мекунанд:

Фасод ва зулм реша давондааст. Мардум дигар тоқат надоранд.

«Ислоҳ.нет» ин фарёдҳоро садо ва инъикос медиҳад, то ба гӯши ҳар тоҷик бирасад. Зеро сукут дар баробари чунин разолат-шарик шудан ба ҷиноят аст.

Файзобод: Фарёди мардум аз дасти корманди ВКД

Мо, сокинони ноҳияи Файзобод, хаста шудем аз дасти як шахси беинсофу ҳаромхӯр-Сангов Ҷаҳонгир, корманди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Файзобод. Ин чоплус кори худро фақат бо фасод, порахӯрӣ ва разолат мегузаронад.

Ҳар рӯз кораш ҳамин аст: мардумро тарсондан, бе ягон гуноҳ «паставит» кардан, пул талаб кардан. Бо чанд ҳамдасти худ, ки мисли худаш дузду ҳаромӣ ҳастанд, нооромии тамоми ноҳияро таъмин кардааст. Мардум ором нишаста наметавонанд, зеро ҳар рӯз як баҳона меёбад, ки касеро шарманда ё фиреб диҳад.

Ӯ бо ҳамдастии сардори шуъбаи ноболиғон духтарони мактабхонро ба ҳар роҳ истифода мебарад. Ин шармандагӣ ва разолат аз ҳад гузаштааст. Бо пулу пора мактаббачаҳоро ҷамъ карда, 20–30 нафарро маҷбур мекунад, ки маблағ диҳанд. Оё ин амали ӯ хиёнат ба миллату давлат нест?

Аз ҳама бадтараш, Ҷаҳонгир Сангов ба маводи мухаддир сарукор дорад. Ҳам фурӯшанда аст, ҳам паҳнкунанда, ҳам мардумро ба ин вабои аср кашидааст. Ӯ ба ҷойи он ки қонунро риоя кунад, қонуншиканӣ мекунад. Ба ҷои он ки мардумро муҳофизат кунад, мардумро мекушад. Ба ҷойи он ки ҷавононро аз роҳгумӣ наҷот диҳад, онҳоро ба сӯи табоҳӣ тела медиҳад.

Ин шахс чанд маротиба бинобар шикоятҳои мардум аз вазифа ронда шуда буд. Лекин ҳар дафъа бо чоплусӣ, бо ҳаромхӯрӣ ва бо пуштибонии роҳбарони нави шуъба боз ба кор гирифта мешавад. Ин чӣ бозӣ аст? Магар ВКД ҷойи он аст, ки ҳаромхуронро дубора ба кор биёранд? Агар чунин одам дар мақомот монад, пас мардум ба ҳеҷ як идора дигар бовар намекунад.

Мо росту равшан мегӯем: Сангов Ҷаҳонгир шармандаву разил, мардумфиребу ҳаромкор аст. Аз дасти ин ҳайвон мардум рӯз надоранд. Агар нисбат ба ӯ чораҳои ҷиддӣ андешида нашавад, дар барномаҳои оянда аз кору кирдорҳои худи сардори шуъбаи ВКД дар ноҳия бо далелҳои ошкор ва радношаванда нашр мешавад.

Мо дигар тоқат намекунем ин ҳама зулму зуровариро.

Бо нафрати зиёд,
Сокинони ба дод омадаи ноҳияи Файзобод

Нуробод: шикояти мардум аз беинсофӣ ва фурӯши шаҳрвандон

Ассалому алайкум, акаи Муҳаммадиқбол. Ман як шаҳрванди ноҳияи Нуробод ҳастам ва мехоҳам дар бораи Нуробод каме маълумот диҳам. Агар хоҳед, ному насабамро равон мекунам. Як-ду сол пеш паспорти худро барои шумо фиристода будам.

Якчанд воқеаҳо ҳастанд, ки дар Нуробод гузаштанд ва мехоҳам дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой дода шаванд. Аввал мехоҳам аз деҳаи Тегирмӣ нависам.

Раиси маҳалла-Беҳрӯз Солеҳов. Ӯ асосан ба амният такя мекунад. Ҳар гапе шавад, меравад, но-чакондаву но-резонда мерасонад. Писарҳои деҳаашро ҳангоми «облава» месупорад. Ду-се додарони худаш бепарво мегарданд. Тамоми сокинони деҳа ӯро бад мебинанд. Ҳатто дар хонаашон бо краска занашро дашном ва ҳақорат карда буданд.

Додари раиси ноҳия-Фаррух, ҷоинишинаш буд. Ҳардуяшон «буз» буданд. Фаррух шомгоҳ бо мотосикл мерафт. Вақти баргашт, шербачаҳои ҳамин деҳа дар роҳаш сим кашида буданд, бо сим мезананд. Баъди ин воқеа ӯ бас мекунад. Аммо Беҳрӯз Солеҳов то ҳол кор мекунад.

  • Беҳрӯз таваллудаш 1992, ҳамроҳи «93-ҳо» хонда буд.
  • Фаррухдодарии раиси ноҳия, соли таваллудаш 1994.

Аз раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусейн ҳоло ягон шикоят нест.

Чесни бача метобад-Хайдар, амнияти самсолик-мехост раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддинро забонкутоҳ кунад. Ҳусури Раисро барои писараш бисёр бурду оварданд, ҳатто дашном медоданд, ришашро тарошиданд. Хайдар мехост як бор Раис занг занад, бигӯяд: «Хусурамро ғам надиҳед». Аммо Раис ин корро накард. Хусури Раис аз ҳамин деҳаи Тегирми мебошад.

Беҳрӯз-раиси маҳалла назди раиси ноҳия медарояд ва мегӯяд:
-Ака, ҳаминхел воқеъа шуд, хусуратро халос намекунӣ? Писарашро аскарӣ мебаранд.

Раис мегӯяд:
-Ман ба писари ӯ чӣ кор дорам? Бурдан, бурдан гиранд.

Беҳрӯз Солеҳов назди Хайдар омада мегӯяд:
-Раисда «пофикай». Чӣ коре мекунӣ бикун. Ӯ туро занг намезанад.

Хайдар-сардори амнияти самсолик-мегӯяд:
-Аз раис чизе ба даст наомад честни будаст.

Баъд барои ҳамин гап бисёр хусурашро дашном дода, ҷавоб медиҳад.

Дар бораи Беҳрӯз Солеҳов бисёр гапҳо ҳаст, ки оҳиста-оҳиста менависам. Ҳамин қадар мегӯям: бас кун, Беҳрӯз! Фурӯхтани бачаҳои мардумро! Тамоми дуздиҳое, ки карда истодаӣ-пули «сбори дарвоза», «сбори зал»-ҳамаашро рӯзе ҷавоб хоҳӣ дод.

Ҳамсинфаш Музаффар Катаев. Ин Беҳрӯз Солеҳов ӯро низ фурӯхт. Музаффар Катаев, таваллудаш 1993, Беҳрӯз Солеҳов аз ӯ як сол калон аст. Дар як синф хонданд. Музаффар сураҳои Қуръонро монтаж карда, дар тик-ток мепартофт. Беҳрӯз инро медонист, ӯро ба «6 Адели раёни кӯҳна» фурӯхт.

Як ятим ва камбағалро, ки бо илтимос рӯз мегузаронад, 10 ҳазор сомонӣ ҷаримааш карданд.

Бузҳои деҳаи Тегирмӣ:

  1. Беҳрӯз Солеҳов
  2. Фаррухи Ҳусейн
  3. Файзулло бо лакаби «Вапше»
  4. Ганҷи Бақо
  5. Маҳфиз Камалов
  6. Шодӣ Кулул
  7. Латифи тракторист (насабаш дар ёд нест)
  8. Як муалима дар мактаби Поён, номи аслиаш дигар, «Судоба» мегуяндаш

Ҳамаи сокинони деҳа ин бузҳоро мешиносанд.

Беҳрӯз Солеҳов як ҳамсинфи дигарашро низ фурӯхт-аз деҳаи Поён, Арчабеков Ширин.

Падараш бемор буд ва вафот кард. Беҳрӯз он вақт ҳам раиси маҳалла дар Тегирмӣ буд ва ҳам дар раёни кӯҳна, дар ҷамоат, дар танзим кор мекард. Вақте мефаҳмад, ки дар чили падари Ширин аст, ба ӯ занг мезанад. Ширин ба ӯ ҳамчун ҳамсинф мегӯяд: «Бале, дег мондагием». Беҳрӯз Солеҳов мегӯяд: «Хай, если чиво, хаварт мекунам». Баъд ӯ ба участковайи онвақта Ҷонибек занг зада, ҳамаашро мегӯяд. Онҳо омада дегро мебанданд. Яъне, маракаи хуроки Ширинро бо маблағи 9 900 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Беҳрӯз бо Сиёвиш-ҷоинишини Хайдар, амнияти ҷамоати Сафедчашма-якҷо буд. Ҳамаи ин воқеаҳо чанд моҳи пеш гузашта буданд.

Мардум аз дасти амният безор шудаанд. Фақат ҷарима ва пулҷамъкунӣ шудааст.

Дигар воқеаҳо:

  • Абдучабори Дашти, аз деҳаи Лангар: дар «Одноклассники» як сурат доштааст, ки дар дасташ камон. Аз ӯ 200 ҳазор рубл зада гирифтанд.
  • Аз Субҳон-муллосафар, таваллудаш 1993. Ӯ ба ҳаҷ меравад. Вақте бармегардад, аз тирамоҳ то баҳор пулҳояшро меканданд. Ӯ гурехта ба Қазоқистон рафт.
  • Аз масҷиди Синҷитак чор одамро гирифтанд дар моҳи Рамазон. Ҳар кадомашонро 4 500 сомонӣ ҷарима карданд. Ин чоркас:
    • Сафаралӣ ҚаҳоровЛуқмон АрчабековУбайдулло Дуллоев
    • Парвиз Мулоев

Ҳамаашон бурда пул супориданд.

Хулоса: мардум мегӯянд- агар тавонед, ҳамаи ин воқеаҳои навиштаро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

Россия: шикояти мардум аз зулму фишор

Ассалому алайкум, ҳазрат. Шумо созу солим бошед бо аҳлу байт.

Ин Райони Берелёва мебошад. Аввал Овощной база – калонтарин база дар ҳамин район буд. Бо ҳар баҳона бастанду ба бозори Фуд-Сити кӯчониданд. Дар ин бозор бештар озариҳо кору фаъолият мекарданд.

Инчунин дар ҳамин район «Базаи Азон» ҳаст, «Базаи Деловой Линии» ҳам ҳаст. Дар инҷо бештар тоҷикон ва ӯзбекҳо кор мекунанд. Барои ҳамин дам ба дам рейдҳо гузаронида мешаванд.

Дар тамоми бозорҳо, базаҳо – ҳама ҷо танҳо бо розигии Ҳоҷӣ ба кор мегиранд. Тоҷикон ва ӯзбекҳоро низ бо иҷозати ӯ қабул мекунанд.

Ҳоҷӣ одамони худро мондааст. Ягон кас бе иҷозати онҳо як даҳон гап зада наметавонад.

Боре бачахо нақл карданд: дар Фуд-Сити як бачаи Ваҳдат буд, додараш «Авто Карра» меронд. Бо бачахои Ҳоҷӣ ҷанҷол шуд. Акаву додар ҳардуяшонро ба подвал бурда чунон заданд, ки то ҳол маъюб шуда, ба Тоҷикистон рафтанд. Хостанд ба прокуратура аризаи шикоят нависанд. Аммо рӯи рост гуфтанд: «Мо аризаи шуморо қабул карда наметавонем, зеро зӯри мо намерасад. Ӯ одамии Рустами Эмомалӣ аст. Мо намехоҳем бо Рустам сар ба сар шавем.»

Дар Россия Ҳоҷӣ ҳама чизро зада гирифтааст: сафир ҳам, дигарҳояш ҳам – ҳамаашро худашро «шоҳ» ҳисоб мекунад. Табъаш – «вазир». Ҳамаашро аз худ кардааст. Гапзанашро сразу мешиканад. Дар мобайни бачахо бузичаҳояшро мондагиаст. Касе чизе бигӯяд, онҳо фавран хабар мекунанд ва он тарафашон дарав мебардоранд. Ҳамин хел дили ҳама шикаста истодааст.

Сад дар сад бо мақомоти худи мо ҳамкорӣ дорад. Чанд кадаре, ки аз Ватан омадагиянд, ҳамаашро ҳамин Ҳоҷӣ нигоҳубин мекунад. Барои ҳамин бачаҳоро таъкид кунед: вазъиятро одамони худамон барои муҳоҷирони худамон безеб карда истодаанд.

Ҳамон бачаву занҳое, ки дар бозорҳо кор мекунанд – ҳамаашон медонанд. Аз фаррош, аробакаш, грузчик, ҳавлируб сар карда, ҳама медонанд, ки азоб чист.

Домулло дар ҳаққи мо низ ба дуо бошед!

Ӯзбекҳоро ин қадар кор намегиранд, бештар бо мо тоҷикон кор доранд. Чун дар байни «амоновсҳо» тоҷикон низ ҳастанд, бо бачахо танҳо ба тоҷикӣ гап мезананд. Касеро маҳкам кунанд, бераҳмона мезананд, ки мурдаи Ленин ҳам аз гӯр ба ларза меояд.

Камтар риш дошта бошӣ – худо зад – телефонатро мекобанд. Худо накарда, ягон «Азон» ё чизе ёбанд – тамом, хонаат месӯзад.

Фарёди як модар аз зиндонҳои Тоҷикистон

Ассалому алайкум, бародар Муҳаммадиқбол.

Ман модари 5 фарзанд ҳастам. Шавҳари маро аз Россия оварда, ба муҳлати 25 сол зиндон карданд. Ба ӯ статяи «Ҳизби наҳзат» заданд. Ҳоло ҳаштуним сол мешавад, ки дар зиндони кӯҳнагии Ваҳдат аст.

Ба наздикӣ ба мулоқоташ рафта будем. Дар чор моҳ як бор ҳаққи дидорбинӣ дорем, ки бояд барои се рӯз бошад. Аммо баъди ошӯби пеш аз Рамазон ҷазояшонро сахттар карданд: се рӯзро ду рӯз карданд.

Бародар Муҳаммадиқбол, шавҳари ман «склонник» аст. Тамоми склонникҳоро ду рӯз иҷозат додаанд, ҳарчанд онҳо дар он ошӯб аслан гуноҳе надоштанд.

Нӯҳ соли ҷазояш ба афв меафтод, вале чун пул надоштем, ки ба судя диҳем, афвашро нагирифтанд. Шавҳарам ин қадар сол ба тамоми сохторҳо нома кард, аммо фақат ҷавоби рад гирифт. Худ низ ба Суди Олӣ муроҷиат кардам, ҷавобе нагирифтам.

Бародар Муҳаммадиқбол! Рафтори кормандони мақомоти баланд инсониро бисёр ноумед мекунад ва ба фикр мебарад, ки чаро онҳо ба ҳамватани худ, ба ҳамнавъи худ заррае раҳм надоранд? Воқеан хеле аламовар аст. Магар модари тоҷик фақат ҷинояткор таваллуд кардааст? Солҳои сол – ҳиҷрат ба паси ҳиҷрат, рост ба зиндон. Мисли ин ки давлати Тоҷикистон камари ҳимматро барои нобуд кардани тоҷикон бастааст.

Шавҳарам то ҳол бо умед барои афвҳояш нома менависад.

Бародар Муҳаммадиқбол! Бовар кунед, дар зиндонҳои Тоҷикистон як аҷоиб бизнеси калон меравад. Ҳар сол шкафҳояшонро мекананд, аз сар пул ҷамъ мекунанд барои шкаф. Барои он ки номатро дар журнали дидорбинӣ нависанд, бояд 50 сомонӣ диҳӣ – ин корро шавҳарам дар дарун мекунад. Мо бошем барои як паспорти зиёдатӣ 100 сомонӣ медиҳем, зеро фақат 3 паспорт мумкин аст. Вақте 100 медиҳем, боз паспорти чорумро иҷозат медиҳанд.

Барои 3 рӯз аз мо пул мегиранд, вале дар асл 2 рӯз иҷозат медиҳанд. Дар берун 49 сомонӣ пули хонаро медиҳем, дар дарун аз 150 то 250 сомонӣ боз пул месупорем. Баъзе чизҳоро намегиранд, аммо 20 сомонӣ диҳӣ, баъд мегиранд.

Дар мағозаи даруни турма бесифаттарин маҳсулотро меоранд ва ба нархи бениҳоят қиммат мефурӯшанд. Ҳам аз зиндониҳо ва ҳам аз оилаи онҳо пул кор мекунанд.

Ин саҳнаҳоро ҳар бор дида омада, ман то як ҳафта ба худ намеоям, ки чаро тоҷик нисбати як тоҷики худ ин қадар душманӣ ва бераҳмӣ дошта бошад?

Шавҳарам мегӯяд: «Ҳамин прокуратура аст, ки кормандони турма аз он метарсанд. Агар набошад, ҳолати мо бениҳоят бадтар мешуд». Орзуи зиндониҳо ин шудааст, ки зуд-зуд прокурорҳо ба зиндон оянд…

Рӯдакӣ: кӣ дузди калонтар аст-Раҳмонов ё Ҳикматуллозода?

Салом кормандон ва бинандагони «Ислоҳ».

Аз ноҳияи Рӯдакӣ менависам ва мехоҳам оид ба барномаи гузашта равшанӣ андозам ва бигӯям, ки воқеият дошт ё надошт. Як пурсиш дорам:

Дузди калон кист – Раҳмон ё Ҳикматуллозода???

Ин бетаҳқир аст, зеро Ҳикматуллозода Абдуғаффор тамоми идораҳои давлатии ноҳияи Рӯдакиро фурӯхтааст. Ягон кас ё сохторе намеёбад, ки пурсад бо кадом асос ва ба чӣ восита ин идораҳои давлатиро ба хок яксон карда, ба манфиати шахсиаш истифода мебарад.

Шумо дуруст қайд карда будед: Ҳикматуллозода Абдуғаффор якчанд иншооти давлатиро фурӯхтааст, аз ҷумла:

  1. Кинотеатри ноҳия. Он дар беҳтарин ҳолат қарор дошт, вале бо баҳонаи «азнавсозӣ» ба соҳибкоре бо номи Ҳоҷӣ Саид фурӯхт. Ҳоло дар ҷои кинотеатр биноҳои баландошёна қомат афрохтаанд. Ноҳия бидуни кинотеатр монд. Ҳикматуллозода ҳатто дар маҷлиси назоратӣ гуфтааст: «Кинотеатр лозим нест, кинои худро дар хона мебинед».
  2. Бинои мактаби мусиқии ноҳия. Иншоотро низ ба ҳамон Ҳоҷӣ Саид фурӯхт. Қарорро бар ивази 500 ҳазор доллар дод. Ба гуфти шоҳидон, Ҳоҷӣ Саид бояд 200 ҳазор доллар медод, вале баъдан аз талабҳои раис сарпечӣ кард. Баъд аз он Абдуғаффор барои монеагузорӣ шароит сохт. Ҳоҷӣ Саид маҷбур шуд, зиёда аз 130 ҳазор доллар диҳад, то суханаш ба гӯши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент расад. Вале тири Саид ба нишон нарасид. Бо вуҷуди ин, Саид гуфт: «Ман то охир бо ин раис мубориза мебарам».
  3. Маркази тақсимкунии газ. Иншоот дар кӯчаи Ҷавонон, рӯ ба рӯи мойкаи худхизматрасонӣ ҷойгир буд. Шумо дар барномаи гузашта дуруст гуфтед: бо кадом роҳ ин «роҳзанҳо» он минтақаро ҳуҷҷатгузорӣ карданд? Баъди нашри барномаи шумо корҳои кофтану сохтмон авҷ гирифт.
  4. Мактаби-интернати №1. Дар кӯчаи Ҷавонон ҷойгир аст. Ҳатто стадиони мактабро фурӯхтаанд. Магар ин ҳайвонсифати раис фикр намекунад, ки оҳи ятимону бепарасторон мегирад? Ятим як умр дар фироқи падару модар аст. Оё набояд шароите муҳайё шавад, ки лабони онҳо пур аз ханда бошад? Ӯ бошад баръакс гиря меорад.
  5. Бинои «Тоҷикматлубот». Иншоотро ба ҷиянаш бо номи Идрис «ҳуҷҷатгузорӣ» кардааст.
  6. Биноҳои шаҳраки Сомониён. Иншоотро ба соҳибкор фурӯхтанд ва онро ба хок яксон карданд.

Ҳоло дар шаҳраки Сомониён се мактаби миёна вуҷуд дорад. Вале дар ҳамин шаҳрак зиёда аз 65 бинои 9 то 16-ошёна қомат афрохтааст. Агар ҳар як бино ба ҳисоби миёна 80 хоҷагӣ дошта бошад ва ҳар як хона ду фарзанд дошта бошад, шумораи хонандагон ба 11–12 ҳазор мерасад. Аммо ҳамон се мактаб боқӣ мондааст, бидуни шароити таълимӣ.

Дар мактабҳо шароити дарс нест. Ба ҷуз аз «пули ремонт», «пули бур», «пули тӯҳфаи муаллим», «пули ободонӣ» ва «пули мактаб», дигар чиз нест.

Хитоб ба раиси ноҳия:
Иншооти давлатиро нафурӯш!
Соҳибкоронро пеш аз ҳуҷҷатгузорӣ ғорат накун!
То қарор қабул кардан, 300–400 ҳазор доллар «доля» нагир!
Аввал ақлатро ҷамъ кун, сипас мактаб бисоз.

Шояд фарзандони дигарон мисли ту ҳайвонсифат набошанд. Шояд шири модар хӯрда бошанд, на шири ҳайвон.

Ба мактабҳои ноҳия аҳамияти ҷиддӣ деҳ! Ҷиянҳоятро аз вазифаҳои директорӣ озод кун ва маҳсулоти бесифати мӯҳлатгузаштаро ба боғчаҳои кӯдакона напарто!

Share This Article