Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №272

Ислоҳ нет

«Хитойӣ- босс, як коргарро ба даруни дастгоҳи бетонмочалка, ки обу семент ва шағалро омехта карда ба мошинҳои бетонкаш мерезад маҷбурӣ даровард, то дохилашро бо перефератор тоза кунад. Чи тавре шудааст, ки апарат ба кор даромад ва раҳматӣ дар дохили апарати бетонмочалка тоб хурдаасту тоб хӯрдааст ва дандонаҳои ин апарат тахтапушт ва шикаму қабурғаҳояшро задаву шикастааст, ва дар дарнуи апарат ҷон бохт. Марҳум марди ҷавон, соҳиби кудакони хурд буд. Вале босси хитойӣ «вай худаш ба онҷо даромадааст гуфта корро ва гапи задаашро ба кала нагирифт». Вой тоҷики хору зоре, на дар ватан қадр дорад , на дар хориҷ аз он.

      Дар яке аз шумораҳои пешинаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз он гуфта будем, ки дар боғи марказии Душанбе ҷойи мусиқии тоҷикӣ аз субҳ то шом садои мусиқии чинӣ пахш мешавад. Ба назар мерсад, ки ин шурӯъи кор будааст. Ҳоло аз он мегӯем, ки як «босс»-и хитоӣ чи тавр як корманди сохтмони роҳ дар Хуҷандро дар даруни бетономочалка андохту кушт, аммо на як дирам ғаромат пардохт, на маъзарат хост, на касе ӯро ҳатто бозхост кард, балки баракс гуфт, ки ин тоҷик худаш дохили дастгоҳ шуду ҷон ба ҷонофарин супорид.

 Солҳои пеш ҳам вақте чиноиҳо роҳҳоро мараммат ва навсозӣ мекаранд, аз ҷумла роҳҳои самти Қурғонтеппа ва роҳи гарданаи Анзобу Шаҳристон ин хабарҳо мунташир мешуданд, ки коргари чинӣ мошинеро зери бели булдозер ё кафлеси экскаватор монда қимаву майда кардааст, вале ягон ниҳоде наметавонад ӯро муҷозот кунад, чунки дар қарордоду созиши ҳамкорӣ бо Хитой чунин шарт сабт шудааст, ки шаҳрванди хитоӣ дар ҳолати нақзи қонун дар Тоҷикистон дар ватани худаш муҷозот мешавад.

         Номаи зер аз шаҳри Хуҷанд, бо дастони нафаре навишта ва роҳӣ шудааст, ки шоҳиди бевоситаи ин ҷинояти мудҳиш будааст. Агар ҳоло тоҷикҳоро дар Русия соҳибони ватан азият ва озор диҳанд, аммо хитоиҳо моро дар ватани худамон мекушанд. Шояд, баъди интишори ин нома ҳамкорони журналисти мо дар Тоҷикистон дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса мешаванд:                          

                                  Хуҷанд

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Хуҷанд ин навиштаро бароятон ирсол менамоям. Бародар ман то ҳамин моҳ дар сохтмони роҳ дар Хуҷанд дар участкаи Деҳмой кор мекардам. Ман чи гуфтаниам. Гуфтаниам, ки дар инҷо бригадирҳо ҳама золиманд, чунки ҳамаашон хитоиянд.

 Ман дар бетонзавод, дар сохтани латок, кришка барои латокхо, колодесҳо ҳам кор кардам, бетон мерехтам ва армеровчик низ кор мекардам. Моро муваққатан 2- 3 рӯза ба дигар бригада, бригадаи сохтмони мостҳо, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чойгир аст бурданд. Онҷо рафтем коркунӣ. Муомилаи дигар бригадиронро низ дидем. Мо, тоҷикҳои коргар вазифадорем, ки онҳоро босс гуфта садо кунем. Бовар кунед, ки 2- 3 нафараш камтар инсоф дорад, дигаронаш бисëр золим ва беинсофанд. Мардумро мисли хар кор мефармоянд. Чандин кас ба онҳо зидият нишон дод, милисаҳоро фарëд карданд. Аммо милисаҳо тарафи онҳоро мегиранд. Барои онҳо бояд мисли апарат кор кард. Агар ҳуқуқатро талаб кунӣ «дамой» гуфта пеш мекунанд аз кор. Мардуми бекор ва камбағал маҷбур дар чунин ҷойҳо кор мекунанд. Технический безапаснот хело кам ва аслан вуҷуд надорад. Як ҳоҷӣ гуфтанӣ шахс корманди техникаи бехатарист. Меояду имзо мегирад ва худашро таъриф карда меравад ва мегуяд, ки эҳтиëт кунед. Агар ягон чиз талаб кунӣ гапро ҳар тараф тоб медиҳад. Духтараш низ дар ҳамон оффиси хитоиҳо, ки дар Ғафуров ҳаст бо ӯст ва бо калони хитойиҳо, ки хитоӣ асту Андрей ном дорад, дар як утоқанд.

 Маоши мо -рӯзи корӣ- 130 -140 сомонӣ мебошад. Мегуянд, ки пеш дар як моҳ аз 7ҳазор боло буд, вале ҳозир 4 ҳазор мебарояд. Ин ҳаромхурҳо ҳеҷ сер нашуданд.

 Рӯзи 4 август 2025 дар бетонзавод, ки дар поëни қишлоқи Қотма воқеъ аст, як ҳодисаи бисёр ҳам нохуш руй дод. Хитойӣ- босс, як коргарро ба даруни дастгоҳи бетонмочалка, ки обу семент ва шағалро омехта карда ба мошинҳои бетонкаш мерезад маҷбурӣ даровард, то дохилашро бо перефератор тоза кунад. Чи тавре шудааст, ки апарат ба кор даромад ва раҳматӣ дар дохили апарати бетонмочалка тоб хурдаасту тоб хӯрдааст ва дандонаҳои ин апарат тахтапушт ва шикаму қабурғаҳояшро задаву шикастааст, ва дар дарнуи апарат ҷон бохт. Марҳум марди ҷавон, соҳиби кудакони хурд буд. Вале босси хитойӣ «вай худаш ба онҷо даромадааст гуфта корро ва гапи задаашро ба кала нагирифт». Шумо худатон як бор андеша кунед, ки кадом одами солим даруни бетонмочалка медарояд? Аммо ба ин хитоӣ чизе нашуд. Ҳатто тафтишот ҳам набурданд. Намедонем ба хонаводааш кумак карданд ё не. Як нафар гуфт, ки гӯё 1000 сомонӣ кумак кардаанд. 1000 сомонӣ!! Нархи як Тоҷик 1000 сомонӣ шудааст.

Ин вазъу ҳолро бинед, ки тоҷик ба чи рӯз аст дар ватани худаш омада расидааст?

Дар Тоҷикистон мардум ба дигар давлатҳо ба кор мераванд, вале инҳо аз Африкаву Хитой ва Покистону Афғонистон коргар оварданд ва маоши онҳо 3 маротиба аз мо зиëд аст. Боз ба онҳо гуфтаанд, ки агар ҳамкорони тоҷикатон маошатонро пурсиданд, моҳона 2500 сомонӣ гуед.

Ягон африканс, афғон, хитоӣ ë покистонӣ дар ин пул кор намекунад, боз дар мулки бегона. Онҳоро тарсондаанд, ки дуруғ гуянд.

Бародар ин номаи маро ҳатман дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо», ки ман ҳамеша тамошо мекунам ба нашр расонед.

                                         Рӯдакӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Худоро шукр, ки ҳадди ақал шумо ва сомонаву шабакаи Ютубии шумо ҳаст, ки халқи тоҷик дарду доғи дили худро ба воситаи он баён месозад, аз мушкилоти рӯзмарааш гап мезанад. Агарчи мегӯянд, ки гӯши шунаво нест, яъне масъулону мақомот аҳамият намедиҳанд, нодида меангоранд, аммо бовар кунед, ки ҳатман мехонанд ва дар пайи ҳаллу рафъи он мешаванд.

  Ман навиштаҳои «Ислоҳ» дар бораи раиси ноҳияамон Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро мехонам ва навиштаи охиринатонро ҳам қироат кардам. Бояд бигӯям, ки муаллифони ин нома ҳам саддарсад дуруст навиштаанд. Ҳозир Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар ноҳияи Рӯдакӣ Президент аст гӯем ҳам хато намекунем. Ҳар чизе ҳамон бихоҳад ҳамон мешавад.

  Гап-гап аст ки Раҳмонов моҳи октябр ба ноҳияи мо меояд. Бовар кунед, ки аз ин сафари Раҳмонов яке аз онҳо, ки хеле пули калон кор мекунад, ҳамин Ҳикматуллозодаи ғоратгар  аст. Айни замон аҳолӣ, муҳоҷирон, савдогарону тоҷирону мағозадорону гӯштфурушон «доля» баста шудаанд. Идораи ҷамоат, хоҷагии деҳқонӣ, ронандаҳо, хулоса ҳама бояд барои ин сафари Раҳмонов пул бидиҳанд.

Раҳмонов меояду иншоотҳои сохташударо ба истифода медиҳад. Аммо аз ин сафар беш аз ҳама халқи одӣ зарар мебинад. Фоидаи сафарро бошад ҳамроҳ бо раиси ноҳия, раиси ҷамоат, участковий ва мансабдорони мутасаддӣ мебинанд. Чунки ҳатмани ҳатман аз лаби пули ҷамъоваримешуда мезананд.

Айни замон ба ҷамоатҳо, ба шӯъбаи маориф, ба масҷидҳо, ба идораи кишоварзии ноҳия дастури ҷамъоварии маблағ содир шудааст. Ин пулҳо фақат барои зиёфати ҳайати ҳамроҳи Раҳмонов сарф мешавад. Ин ҳайати ҳамроҳ фақат аз онҳо, ки дар ТВ-ҳо бо ишкамҳои калон калон мебинед, иборат нест. Пожарний, скорийҳо, военийҳо, милисаҳо, амниятиҳо, хуллас тамоми сохторҳои қудратӣ, ки барои амнияти сафари Раҳмонов ҷалб мешаванд. Раҳмоновро ҳамроҳанд аз ҳисоби халқ мехуранд. Барои ноҳияи Рудакӣ хароҷоти сафарҳои Раҳмонов шояд он қадар вазнин наафтад, вале барои ноҳияҳои куҳистонӣ, ки як рӯз ду рӯз меистад бисёр вазнин меуфтад.

  Як нафар аз кормандони идораи молияи ноҳия, ки рафиқам аст гуфт, ки хароҷоти чунин сафарҳо дар бюҷет пешбинӣ нашудааст. Воқиан ҳам ин масъала ва мавзӯъ ҷолиб аст. Агар масорифи сафари Раҳмонов ба навоҳӣ пешбинӣ дар бюҷет надошта бошад пас, инки ин сафарҳо аз ҳисоби худи халқ астро худи Раҳмонов ҳам медонад. Вале  ин рафиқам гуфт, ки бо дигар «статяҳо» часпонидаву буру дӯз карда раиси ноҳия харҷи ин сафарро аз бюҷет ҳам мегирад.

  Ҳадафи ҳамаи сафарҳои Раҳмонов ба ноҳияҳо ин аст, ки нишон диҳад, ки бубинед, чи гуна дар замони раҳбарии ман коргоҳу муассиса ва ҷойҳои кории навбанав, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ сохтаву ба истифода дода шудааст ва ин аст натиҷаи роҳбарии ман, ки кишвар рушд мекунад. Аммо ҳамагон медонанд, ки ин иншоот аксарият бо пули мардум, муҳоҷирон ва соҳибкорон сохта мешавад ва Раҳмонов ҳиҷ саҳме надорад. Вале бештари онҳо баъди рафтани Раҳмонов аз кор бозмемонанд.

   Бо иштироки Раҳмонов ба корандозӣ, баргузории маросими ифтитоҳ, буридани лента, бардоштани пардаи рамзӣ ба як сабқат миёни роҳбарони навоҳӣ табдил шудааст.

Дар ТВ-ҳо нишон диҳанд. Гӯянд, ки раиси ноҳия чи қадар кордону муваффақ аст ва дар доираи барномаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагӣ чи қадр ободкориҳо кард.

Аммо садҳо факту рақам ошкоро ва расонаӣ шуд, ки ин ҳама маросимҳои ифтитоҳу корандозӣ аксарият дуруғ чашмбандӣ ва хокпошие беш нест.

 Бовар кунед як нафар гуфт, ки барои онки нишон диҳад чи қадар алафу беда дар фермаи бо ширкати Раҳмонов ба кор шуруъкарда захира шудааст, чор мошини Дуланро мондаву онро бо дарзаи алафу преси коҳ пӯшонидаанд, то инки захираи хошок зиёд намояд.

Мо аз матбуот борҳо хондаем, ки чи гуна коргоҳҳои дузандагии Раҳмонов ифтитоҳнамуда фардояш аз кор уфтоданд.

Фардои рафтани Раҳмонов хабарнигорон рафтанд, ки онҷо касе нест ва ҳама мошинҳо канда бурдагӣ. Ин ҳодиса чанд сол пеш маҳз дар ҳамин ноҳияи мо руй дода буд. Ин фиребу найранг барои кӣ ва барои чӣ? Ин фиребу найранг ҳам «ниҳодина» шудааст ва гуё як кори маъмулӣ аст.

 Аз харбузаву помидору  боқилову банан пирамида месозанд, масалан дар Ғарм. Аммо харбуза аз Ҷиззаху помидор аз Регару зардолу аз Хуҷанд оварда шудааст, ин шармандагӣ барои кӣ ва барои чӣ?.

Барои ҳамин аст ки фикр мекунам, ки сафарҳои Раҳмонов барои доман задан, умумимиллӣ кардани дурӯғу найранг нақши асосӣ дорад. Ва, агар ман аз мушовирони Раҳмонов мебудам, маслиҳат медодам, ки дигар сафар ба ноҳияҳоро ба куллӣ бас кунад.

                                      Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки хубу хуш бошед ва ин ҳаракати сиёсии ҷадид, ки бо номи Ислоҳотхоҳон ташкил намудед, Худо кунад, ки муваффақ ва пирӯз шавад. Вале ман аз шумо гила дорам. Мебинам, ки вақтҳои ахир ба навиштаҳои ман, аниқаш ба дурустии навиштаҳои ман шубҳа доред ва чанд чизи фиристодаамро чоп накардед. Хуб, дигар ихтиёр аз шумост. Вале ман боз бароятон ин номаро фиристодам.

Рамазон Раҳимзодаи Ҷеки Чан, вазири корҳои дохилӣ вазъи хуб надорад. На Бузмаков писандаш мекунад ва на Шоҳрух, худо гуфта шиштааст, ки «ба тенҷи брава ай вазифаш». 

 Дар ҳоли ҳозир дар ВКД кормандон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Як гурӯҳ тарафи Бузмаков (Аламшозода),як гуруҳ як тарафди Шоҳрух. Дар ягон давру замон дар ВКД чунин парешониву парокандагӣ набуд, ҳатто дар давраи митингҳои солҳои навад ва ҷанг.

Ҷеки Чан гуфтааст, ки ҳатто дар вақти Ёқуб Салим, ки баъди ҷанг буд, МВД инхел бардак набуд. Гуфтааст ҳар рӯз аз кадр ва Бузмаков гузоришҳо оиди ноуҳдабароии сардори милитсияи Душанбе меояд. Вазир чанд бор Шоҳрухро замечания кард. Шоҳрух бошад ба Рустам бузӣ карду Рустам вазирро гапҳои сахт зад. Чеки Чан гуфтааст, ки «ай и хели вазирида, гиранма хубтарай».

 Шоҳрух умуман савод, маҳорати оперативӣ, малакаи фаҳмиши таҳқиқу тафтишотиро надорад, гуфтааст Ҷеки Чан.

Рамазон Раҳимзода гуфттаст: «Намеравӣ дар КДАМ кор кунӣ, ки аз  МВД осонтар аст». Аз дасти шогирдони Шоҳрух баъзе соҳибкорҳо ба дод омадаанд. Ҷеки Чан гуфтааст, ки «чандташ баромад, гуфтан вазир пешгирӣ кун,о ай дасти ма чи мия. Я чи мегум, дарав ранги саги қанчық давида пеши соҳибш-Рустам мерава, тамом, бо ма ганда» гуфтаст Ҷеки Чан. 

Айни замон УВДи шаҳри Душанбе аз танка ба ру ба руи Текстил кучид. Даруни бинои УВД-и нав бо тамоми техникаи нав таъмин аст. Ин ҳама на аз пули давлату бюҷет, аз хуну ҷони соҳибкорон аст.

  Шоҳрух ба ҳар як корманди УВД амр додааст, ки «кабинетотона хытон ремонт кунен. Касе намекна ё наметона, ҷора холӣ куна». Кормандони УВД гуфтанд, ки Худо моро бахшад, «мо ай ноилоҷӣ чандин нафара маҷбуру хоҳишу зора кардем, ки ёрдам кунан».  

Ва боз дар бораи Душанбе ин чизро ҳам бигӯям, ки ин шабурӯзҳо дар тамоми роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир рафта истодааст ва ҳаракат дар онҳо бисёр вазнин. Соатҳо меистӣ. Тамбашавӣ хело зиёд аст. Болои ин, боз имрӯз Пешвои оила бо ҳамроҳи пасвои оила Рустам, пурра роҳҳои боқимондаро маҳкам карда иншоот кушодаанд. Умуман на имон мондаасту на инсоф. Раҳм ба миллату мардум пурра аз байн рафтааст. Ҳамаи мактабҳо ва иншоотҳоеро, ки кушоданд аз ҳисоби нафарони соҳибкоранд. Аз ҳисоби бюҷет нест дигар. Ҳама шахсӣ, нархи хона дар осмон.

Яке аз мактабҳоеро, ки имруз кушоданд ва дар он Раҳмонов ҳам ҳамроҳи Рустам иштирок кард аз они Умар Алиматов, раиси тарабхона ва коргоҳи тавлиди пивои Сим-сим мебошад, ки гузашта киллер ва аз фармондеҳи Фронти халқ буд.

Умар Алиматов бо Рустам сахт часпондагӣ аст. Умар Алиматов бародари Содиқ Алиматов аст. Содиқ кӣ буд, ҳама медонад. Ин оилаи Алиматовҳо дар Данғара аз пеш ном доранд. Инҳо аз наркобаронҳои хеле ҳам куҳнакор мебошанд.

Эй, оқипадарҳои ҳукуматдорҳот нодида барои мардуми одӣ аз ҳисоби давлат созед. Фақат зури шумо   мерасад дар ин гуна мактабҳои қимат хондан. Миллат бесавод монда истодааст. Бо ин вазъу ҳол дар оянда «очатона шу метан».

 Дар куҷое, ки як мактаб кушода мешавад, нархи солонааш аз 4-5 ҳазор сомонӣ болост. Ин фақат нархи солонааш. Ҳоло боз сумҷамъкуниҳои ҳар ҳафтаву моҳонааш ба роҳи худаш.

  Барои синфи якум озмун. Дар даври шуравӣ кудакро барои ёд гирифтан ба мактаб медоданд, на инки ёд дода ба мактаб мефиристоданд.

Охири ин ҳама вазъу ҳол чи мешуда бошад?

                                          Душанбе

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аллоҳи меҳрабон умратро дарозу муборизаатро муваффақ гардонад.

Аз шаҳри Душанбе ҳастам. Ман як соҳибкори ватаниам. Мехоҳам, ки ба воситаи шабакаи шумо ҳамин касонро, ки дар поин исму насабашонро меоварам, ба мардум муаррифӣ кунам.

Бисёрии ин бефаросатҳо, ки дар курсӣ нишастаанд барои ҳифзи вазифа ҷонфидоӣ мекунанду аммо барои ватан не. Яке аз аждаҳорҳояш ин Бек Сабур буд. Алҳамдулиллоҳ, ки ҳамакаса бераҳааш кардем.
Ана ҳамин шахсон, ки ман ному насабашонро пешкаши шумо ва мардум мекунам вазифа ва масъулиятҳои давлатӣ доранд. Аммо чи кори мушаххасе анҷом медиҳанд, касе намедонад. Барои онки дар 5 канали Тоҷикистон инҳоро ягон бор намебинӣ. Инҳо бояд шабурӯз дар пайи хидмати миллат бошанд. Вазифаро мегиранд вале парвои мардум ва миллат надоранд. Инҳо:

 Қурбон Ҳакимзода;
 Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер
Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ
Набизода Мадина Раҳмат
Ҳакимова Карима Муқимовна

Муминова Фирӯза Исроиловна
Шукурзода Мурод Ҷӯра
Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ
 Қонунзода Шодигул Худобахш
Додихудоев Фаррух Муборакшоевич
 Мирзозода Мусо Одинамамад
Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо
Рустами Эмомалӣ
Раҳмон Дилшод Сафарбек;
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Амонзода Илҳом Темур
Одилбекова Лола Қиёбековна
Раҳимӣ Фарҳод
Хоҷазода Фарзона Ҳамдам
Ҷумазода Шарифҷон
Вализода Абдуқодир Исуф
 Шералӣ Кабир

Давлаталӣ Саид
Маҳмадшоҳ Гулзода
Шодигул Қонунзод
Раҷаббой Аҳмадзода ва чандин нафарҳои дигар.

Ман медонам, ки гӯшҳои аксарияти шумо ва махсусан ҷаноби Раҷаббой Аҳмадзодаи раиси вилояти Суғд, ки бо кличкаи Қофлонбой машҳури Тоҷикистон шудаед, шунавоиашон хеле вазнин. Ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба тарафи Суғд ҳаракат карданатон нарху навои ҳамон тарозуҳоро  намебинед. Дар як моҳ 9миллион ва дар як сол 108миллион ба ҳисоби миёна суми мардумро кашида мегиред. Дар ягон баромадатон дар ҳамин масъала гап занед ва нархро поёнтар баред. Онро бо пули ҳамин  миллат сохтанд, аз буҷҷаи давлат.  

Буҷҷаи давлат аз сарватҳои табиии ҳамин сарзамин гирифта шудаггӣ аст. Сарватҳои табиӣ мувофиқи Қонуни асосии Тоҷикистон коркард ва баробар ба мардум тақсим карда мешавад. Роҳ ҳам сарвати умумимиллӣ аст, аммо чаро онро як нафар пулакӣ мекунаду боқии халқ ба он нафар пул дода мегузарад? Барои чи ба мардум ҷабр мекунед? Вазифаро барои ба мардум хидмат кардан гирифтаед ё барои ба худатон сохтани қасру кӯшкҳои боҳашамат, мисли Исмати дулик. Бубинед, ки молу сарвати мардум чи оқибат дорад? Исмати дулик дигар дар он қасри 60 миллиона неву дар даруни камераи зиндони усиленний режим мешинад.  

Мардуми оддӣ гуштро дар як моҳ ду бор мехурад, ҳамон ҳам гушти мурғ аст, ки аз гушти гов дида арзонтар. То имрӯза худатон кати ҳафт пуштатон хурд. Ай ҳамирӯз хеста ҳамакаса бозорода тақсим шида нарху навора поён фарорен.

Эй, Эмомлӣ Раҳмон! Туро ронандаат мехарад, нарху наворо надонӣ. Барои ҳамин гарданат ранги балони газ аст. Маошро даҳ фоиз мебардорӣ, нарху навои бозорро сӣ фоиз мебардорӣ. Ин чӣ бедодӣ? Дар ҳаёт мисли ин касҳо нашавед, бародарони гиромӣ. Хонед, сиёсатро фаҳмед  ба ҳилаву найранги ҳукумат гирифтор нашавед.


1) Афзалшо Шодиев то дина гиря карда Самарқанду Бухоро гуфта худашро ҳуч карда мешапид. Имруз гуё ҳеҷчӣ нагузаштааст хапӣ. Марҳамат, ку бихон боз аз Сар дар бораи Самарқанду Бухоро намехонӣ. Чунки дар мобайн хусумати шахсӣ буд, ҳали худашро ёфт. Чунки ту як ҳофизи косалесӣ.


2)Абдураҳими кулобӣ «пот ба лави гур, шайтони иблиссифат шарм намекунӣ? Рузои ахирӣ бромада ҳадис хондестай, ки бояд шоҳра итоат кунем гуфта. У ҳадис барои шоҳи одил мисли ҳазрати Умар, на инки шоҳи золими касофати Раҳмонови золим.

 Як касофати дигар бачат. Ку имруз бгу Муҳаммадиқбол ай тарафи Эрон маблағгузорӣ мешава, занта зани мардум накунан, ҳарчӣ мегуй бгу. Чаро имрӯз намегуй? Чун си1сат буд иваз шуд вале ту шуди калаки мурдашӯ.
3) Доктори гирёнчак Шарт нестай, ки ту ай ҷой шиштагит 10ҳазор киламетр Муҳаммадиқболи Садриддина хойн бгуй бе асосу далел.
Агар дар худмон озодии сухан бошад марҳамат бро гап зан, ки саҳмия харидан мардум зиёда ай 5000мл сомонида на падаромун нони басерӣ хурдану на мора басерӣ нон додан, ки саҳмия харем Роғун соз шава,свет доймӣ шавад гуфта. Дар хотират нағз ҳастай виждон агар дошта бошӣ, марҳамат, гушат мекнем.
Беномус бошӣ қарор бшӣ ягон ҷаноза шава хаварт мекнем, бисё хуб гиря мекнӣ, мебаремт катимон.
Конустутсия мега, ки ҳудуди Тоҷикистон ҷудонашавандаҳай. Даврай мо мехондем 143.1кми квадратӣ буд, агар хато накунам. А,ҳозир чӣ? Куҷо шуд боқимондаш? Куҷода доден чида ҳисобот наметен?.


Уқа мефорат ба мардум хидтам кунӣ марҳамат як камера бги биё Қараболо сума чихел мегиран фелшеро, медсестраҳо ё ки врач. Гуё умуман ойлик намегиран.
Ягон шаҳрванд намехоҳа дар мамлакат нооромӣ боша, ҳама сулҳу оромӣ мехоҳанд.  
Бародар Муҳиддини Кабирӣ гапа росташ ту натонистӣ. Марифати гапзанӣ дорӣ масалай ҳуҷҷатгузориҳот созай, некӣ халқа дар гирдат ҷам када натонистӣ.   

 Як ҳизби калоне, ки дар Тоҷикистон буд зало пур мешидан, оста- оста ҳамара тору мор кадӣ, ҷонта гирифти грехтӣ Аврупо. Уҷадам хела одам буд, уворам тору мор кадӣ. Даста дар болой дил ва виҷдонат мону хулоса брор. Меган каҷ бшину сухана рост бгу.   

  Ту ай дастат ҳичи наёмад. Ҷой Шумо дигар касо мебуд ягон пешравӣ мекард. Дар баромади ахиратон гуфтен, ки ма зиракии Эмомалӣ Раҳмона нафамидам, барой ҳами ба ҳамин ҳол омадем. Вақте одам ба майдон, ки омад хоб намерава, ки ҳамраш бзанаш ҳишор мешава.Пешниҳоди ман ҳамин,ки ҳарчи зудтар равен. Ҷавонора роҳ тиен.Шуморам хела шид дар қудратен.

  Кал ба ҳоли кур бояд наханда.

Share This Article