Дар ин нашри барнома яктоӣ нома аз Душанбеву Восеъ ва се нома аз Вахшро ҷой додем.
Муаллифи номаи Восеъ хабари расонаҳо дар бораи садамаи чанд рӯзи пеш дар ин ноҳияро, ки бо айби корманди военкомат рух дод таври дигар ба қалам медиҳад ва як нафари огоҳ ҳодисаи марги домуллои Зубайдуллоҳи Розиқ, зиндонии сиёсиро, ки чанд рӯзи пеш даргузашт куштор навбатии мухолфин тавассути мақомоти зиндон хондааст
Аммо дар ин се нома аз Вахш муаллифон боз ҳам аз Қурбон Юсупов, мулаққаб ба Қурбони бех, раиси ин ноҳия, ки бо номи императори Вахш ҳам маъруф шудааст, шикоят кардааанд:
Восеъ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Рости гап ман ба шумо бори аввал аст, ки менависам. Барномаҳоятонро хеле вақт аст ки тамошо мекунам.Аммо аз ин пеш нанавишта будам. Сабаби навиштанам як ҳодисаи бисёр ҳам ҷонгудоз аст ки чанд рӯзи пеш дар ноҳияи Восеъ руй дод.
Дирӯз дар Фейсбук хондам, ки чанде аз ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи сарбозгирии тирамоҳиро пурра иҷро кардаанд. Навиштаи ман ва ҳодисае,ки дар борааш гуфтаниам дар ҳамин мавзӯъ аст.
Як чизро ба шумо гуфтаниам. Ҳодисае, ки дар ноҳияи Восеъ руй дод, дар дилхоҳ давлати дигар руй медод ин гуна корманди давлатӣ ҳатман дар пушти панҷара гирифта мешуд.
Ин ҳодиса 22 сентябр руй дод. Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, ки ҷияни генерали вазорати мудофиа Одиназода Мусо мебошад ба хонаи як ҷавон меравад барои ба хизмат бурдан облава меравад. Ин ҷавон дар хона набудааст. Ин корманди военкомат бо зӯриву тарс додан модар, келин ва додари ҳамон бачаро ба мошинаш савор карда ҳамчу гаравгон ба военкомат мехоҳад барад. Аммо, кори худоро бинед, ки дар роҳ,ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ба як мошини дигар бармехурад.
Модар, келин ва додари он бачаи синни даъват дар ҷои ҳодиса ҷон ба ҳақ месупоранд.
Дар мошини дигар ронанда, як зани калонсол ва келини у,ки ҳомила буд ба ҳалокат мерасанд. Яъне 6 нафар дар ин садама кушта мешаванд. Худи коргари военкомати Восеъ, ки сабабгори ин фоҷеа ва мусибат шудааст, зинда монда ва дар беморхона бистарӣ шуд. Генерал Одиназода Мусо худи ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеъ барои тинҷ кардани ин кор омада буд.
Рости гап дар бораи ин ҳодиса тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ҳам навиштанд. Аммо хабарҳое, ки дар ин бора нашр шуданд воқеиятро то ба охир инъикос накардаанд.
Дар ҳақиқат ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух дод. Хабарҳо, аз ҷумла Озодӣ навишт, ки дар ин садама се нафар кушта ва чор тан захмӣ шудааст. Аммо шаш нафар кушта шуданд, на се нафар. Дар хабари расона гуфта мешавад, ки «садама замоне рух дод, ки корманди Комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зур ба мошин савор карда, бо суръат ронд ва ба мошини самти муқобил бархурд».
Аммо дар асл корманди военкомат он бачаи синни даъватро пайдо накарда дар ҷойи он модару келину бародари онро ҳамчун асир ва гаравгон ба ҷойи он бача ба военкомат бурданӣ буд.
Савол инҷо аст ки ин корманди военкомат чи ҳақ дорад, ки се нафари дигарро бо зӯр ба военкомат мебарад?
Дар як хабари вазорати дохилӣ ҳам ин ҳодисаро ин тавр шарҳ додаанд:
«нисфирузии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи «Тайота Камри» дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиен «ба самти муқобил ҳаракат
карда», ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи «Опел Астра» бармехурад. Дар ин ҳодиса, ронандаи «Опел Астра» бо ду мусофираш, Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ходиса ҳалок шудаанд. Чор мусофири дигар ин мошин, ки яке кудаки панҷсола будааст, ҷарохати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаан».
Чуноне мебинед дар ин хабар ҳам аз мошини корманди военкомат Наҷибулло Рустамзода ва кушташудаҳои мошини вай ҳарфе нест. Дар хабари ВКД қурбониҳои мошини дуввумӣ зикр шудааст.
Ин корманди военкомати Восеъ ҷияни генерал Одиназода Мусо военком ё комиссари ҳарбии собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст, ки ҳоло ҳам дар вазорати мудофиъа кор мекунад. Ҳоло саволи асосӣ ба вазири мудофиа ва вазири дохилӣ ва Прокурори ҳарбӣ ин аст ки оё ин корманди военкомат, ки боиси куштори шаш нафар одам шуд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ё не? Ҳабибулло Воҳидзода қазияро зери назорати худаш бояд гирад ва мардона баромада гузориш диҳад!
Вахш
Номаи 1
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Агар илоҷаш бошад номаи маро қабул кунед.
Ман аз беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ба шумо менависам. Дар дари ин беморхонаи марказӣ чунон беадолатӣ ҳукмфармо аст ки ман мехоҳам каме аз онро ба шумо гуям. Чунки инҷо даҳшат аст. Агар касалие ба беморхона ояд аз омаданаш чунон пушаймон мешавад, ки то бас гуфтан. Чунки ҳамин касалӣ «поша мондай намондай дар беморхона, духтурҳо дарав қавақ мендозанд ва агар бинан,ки камбағал бошад аниқ бало зад камбағала».Хеле бераҳму шафқат ҳастанд, ки мегӯӣ зиндон бо пои худам омадам. Нодаромада пулгириро сар мекунанд: якум пули бахилу ниқоб. Охир ин чизҳо бепуланд дар тамоми ҷой, ҳатто дар ҳамаи беморхонаҳои шахсии худи ҳамин Тоҷикистон.
Аммо инҳо бошанд мегуянд, ки барои гирифтани пули бахил фармон аз боло аст. Ва рафтору муносибати чунон нофорам мекунанд, ки мегуӣ дар назди инҳо муттаҳам бошӣ. Агар касал барои ҷарроҳӣ дошта бошӣ, аниқ, сад дар сад капаат сухтагӣ аст. Ҳоло ҷарроҳӣ накарда чунон доруву уколҳо менависанд, мегӯӣ, ки ҳозир ними аптекаро мехарам. Ва, боз як кори дигари духтурҳо ин аст ки бояд доруҳоро аз аптекаи мегуфтаи ӯ бихарӣ. Барои ҳама чиз пул месупорӣ. Пули палатаро ҳам месупорӣ. Хулоса барои ҳамаи чиз пул месупорӣ. То аз беморхона мебароӣ, ки аз касал ҳам безор мешавӣ, аз беморхона ҳам. Роддомаш ҳам ҳамин ҳолат аст, баду бадтар. Детский балнитсаро напурсед. Поликлиника меравӣ, мегӯӣ дар кинои ужас ғалтидам. Ин пулканиву пулгирӣ ошкоро ва беягон тарсу ҳарос. Ҳатто барои навбати қабули духтур бояд ба медсестра пул диҳӣ ва сипас навбат мемонад. Бо кош духтурҳо босавод бошанд. Чи дар поликлиника ва чи дар беморхонаи калон қариб, ки ҳамаи духтурҳо комилан бесаводанд.
Духтуре, ки узӣ мекунад Гулрфатор ном дорад, тамоман намефаҳмад. Алайҳи Гулрафтор ҳатто дело карда буданд, аммо ришваро калон медиҳиву корро идома медиҳӣ. Чунки ин ноҳия комилан бесоҳиб аст.
Аммо сантиркаҳои бечораро қариб ҳаррӯз
қад қади кучаҳои маркази ноҳияи Вахш суботникӣ мебароранд. Ман як руз аз коргарони беморхона пурсидам. Гуфтам, ки чаро инҳоро инқадар азоб медиҳед, бо ин маоши кам? Ба ман ин коргари беморхона оҳиста гуфт ки ин чи азоб аст? Дар ин байн ин санитаркаҳора ба беморхонаи Қурбони бех бурда дар онҷо аз саҳар то бегоҳӣ кор мефармоянд. Беморхонаи Қурбони бех бо коллеҷаш бар ба бар рубаруи хонааш аст. Баъд аз беморхонаи Қурбони бех санитаркаҳо коллеҷро низ тоза карда мешуянд. Як нафаре аз онҳо гуфтааст, ки хонаи худи Қурбони бехро ҳам тозаву покиза карда қолинҳои калони вазнинашро мешустаанд.
Дар ин байн савол ба миён меояд. Охир чаро ин санитаркаҳо бо маоши кам дар беморхонаи шахсӣ ва коллеҷу манзили истиқоматии раиси ноҳия ранги ғулом кор мекунанд? Охир ин давлат соҳиб дорад ё ки не? Ку прокуратура,ку амният, канӣ суду милисаву коррупсия?
Ин чи гап аст худаш? Чи дигар дар як ноҳияи калон, дар ноҳияи Вахши зарнисор ягон одами дуруст нест, ки Раис шавад?
Номаи 2
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол! Ман сокини ҳамон деҳаи 2-канала ё 70-гектара ҳастам. Бори чорум аст ки ман бо шумо менависам. Лекин мутаассифона кори ин мардуми деҳаи мо аз бад бадтар шуда истодаасту хуб не. Ҳамин мактаби мо монд носохта. Кудакон раҳи дарозро тай карда мераванд ба мактаб ба сентри совхози Вахш. Ин хело ва хело дур аст. Кудакон бо гиряву азоб ба мактаб мераванд, чунки роҳ дуру дароз аст.
Ман пештар ҳам дар ин бора ба шумо навишта будам, аммо баъди чопи он навишта ҳам комилан ҳеч чиз тағир наёфт. Чунки шуъбаи маъорифи ноҳияи Вахш аслан дар парвои сохтани мактаб нестанд. Онҳо соҳибкорон кофта истодаанд, ки аз тани онҳо ин мактабро бисозанд.
Охир сохтмони ин мактаб на камтар аз 1,5 миллион сомонӣ лозим дорад. Инро бояд ҳукумат бисозад. Лекин мутаассифона ҳукумат парво надорад.
Баракс, ҳукумати ноҳия яъне Қурбони бех бо бародар бо ҷиянҳояш чарогоҳҳоро аз худ кардааст ва мардумро иҷозати чаронидани молу говҳояшро намедиҳад. Чи хеле дар номаҳои қаблӣ гуфта будем ҳатто лабҳои каналро аз худ кардааст. Ҳозир бошад тактикаашонро дигар кардаанд. Яъне,гуё, ки чарогоҳҳои лаби канал аз дигар одам асту аз Бароти бародараш нест. Масалан як моҳ пеш як зани шавҳардор гову молашро аз деҳа ба лаби канал чаронидани бурд. Аз байн ним соат нагузашта шогирдони Барот омада чунон бе раҳмона гову молро заданд, ки қариб мемурданд. Мо гуфтем «а,бача ту чи ҳақ дорӣ мезанӣ молҳои моро, инҷо лаби канал аст ку»? Дар ҷавоб шогирдонаш гуфанд, ки тамом «инҷа дигар аз раис нестай,дигар то вақти муайяна ай манай, баъд мебинем». Охир 100-ҳо бор фаҳмондем, ки инҷо лаби канал аст, ба мо фарқаш чи? Дар ҷавоб боз ҳамон гапҳои куҳнаи Барот бо ҷиянаш гуфтаро, «то байни канала мо андоз меспорем» такрор карданд.
Бубинед домулло! Агар мо ақалан чарогоҳ дошта бошем дар лаби каналҳо мо молу гови худро нигоҳ карда ва яктояшро фурухта мактабро худамон месозем. Аммо на месозанд мактабро на мемонанд, ки молатро чаронӣ ва як ду сум пайдо карда мактабро созем. Мо чи кор кунем? Куҷо равем ва ба кӣ даъво кунем? То кай ин аҳвол давом мекунад? Чаро як ноҳияи калонро фақат Қурбони беху аҳли авлодаш хуранд? Мардум чи кор мекунад?
Номаи 3
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқбол!, Сокини ҷамоати шаҳраки ноҳияи Вахш ҳастам. Дар Вахши мо чунон бераҳмӣ ва бе адолатӣ дар ҷараён аст ки агар моҳҳо нависӣ тамом намешавад.
Домулло, шумо дар барномаҳоятон дар нисбати ҳаромхурии Кумитаи замин ва архитектура ва Қурбони бех Юсупов ҳамроҳи бародараш Барот чанд бор навиштеду гуфтед. Ман ҳам идома доданиам, албатта бо далел ва ҳуҷҷат.
Хонаи мо дар 4ошёнаи нав, дар ру ба руи Кумитаи архитектураи ноҳия воқеъ аст, ки идораи Кумитаи замин ҳаминҷост. Дар паҳлуи Кумитаи архитектура аз як тарафа хонаҳои бараки пастак қарор доранд, ки ин хонаҳо ба Кумитаи архитектура, часпидагианд, пештар инҷо тротуар-гузаргоҳ буд. Аммо бо мурури замон, комилан ин роҳҳо маҳкам шуд. Мардум гирдогирд тоб хурда мегузарад ва аз дигар тарафи Кумитаи архитектура дар бари 2ошёнаҳо боз мағоза карданд, ва дар пушти Кумитаи архитектура хонаҳои зиёди 2-ошёна ҳаст. Пештар мошинҳои оташнишонӣ озод мегузашт, ҳоло бошад мардум бору хариди бозорашро ҳатто бо моторолла базӯр меорад, роҳ нест, ки дигар гузаранд. Чунки ҳамаи ин роҳҳоро Кумитаи архитектура бо Кумитаи замин ва МБТИ фурухтаанд. Дар ру бо руи Кумитаи замин хонаҳои дуошёна қарор доранд. Ин корҳо пештар набуд, фақат дар давраи раисии Қурбони бех шуда истодааст. Дар муқобили бинои кумитаи замин аз таҳхона то боло ду ошёна хонаи истиқоматӣ сохта шуд.
Марҳамат биёянду хабар гиранд. Мақсади гапам ин аст ки маркази ноҳия ягон ҷойи холӣ намонд ва ин намуд корҳои ғайриқонунӣ дар тамоми маркази ноҳия авҷ мегирад. Аз ин ҷост, ки бачаҳои Кумитаи архитектура ва замин ва кормандони МБТИ бо мошинҳои гарон мегарданду хонаҳои гаронарзиш доранд ва сохта истодаанд. Кормандони Кумитаи архитектура Тағоев Фарҳод, Ҷамолиддин, Қиматулло Тохтамурод хонаҳои дуошёна сохтаву бо мошинҳо гаронарзиш мегарданд. Ва, аз ҳама бадбахтӣ ва мусибат дар он аст ки ба ҳамаи ин корҳои ғайриқонунӣ раиси ноҳия Қурбон Юсупов, Қурбони бех қуш аст. Чунки маълум аст беиҷозати раиси ноҳия саг намеҷакад ва тамоми қарори сохтмони дому хонаҳоро дар марказ ҳамин Қурбони бех бар ивази маблағ мефурушад.
Кор ба ҳадде кашид, ки замини боғи марказиро фурухтанд. Боғи маркази ноҳияи Вахш яке аз калонтарин боғҳои зебо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин боғи истироҳативу тафреҳӣ 3-дарвозаи калон дошт. Якум дарвоза аз тарафи кучаи Лиманадни сех, дуввум дарвоза аз тарафи кучаи Карамова ва сеюм дарвоза аз тарафи майдони варзишӣ буд.
Хулосаи калом айни замон қариб, ки ними ин боғро фурухтанд. Медонед кӣ ва барои чи? Вақте ки генерал Девонаев Азизулло лиманадний сехро харида вайрон карда ба худша дворетс месозад дар он ҳолат мардум аз набудани ҷойи партов гоҳ -мусорҳояшонро оварда дар даҳани дарвозаи якуми боғ мепартоянд. Воқеан мусор зиёд пур мешуд. Ҳар дафъа генерал Девонаев Азизулло бо хонаш мерафту меомад, яъне ба ҳамон дворетсаш онҷо пури мусур буд ва гуё, ки нороҳат мешуд. Девонаев чанд бор ба КЖКП муроҷиат мекунад, аммо ҷавоб мегуяд, ки мо ҳамин қадар метавонем, дигар пул надорем, ки мусорҳоро зудзуд пок намоем:
« брен раиси ноҳияра бген. Кришаи генерал Девонаев Азизулло дар он вақт гарени вазнин буд. Аниқтараш вазири мудофиа кришааш буд. Чанд бор ба хонаи генерал Девонаев Азизулло омада буд ва дар туйҳояшон иштирок мекард.
Хулоса Девонаев Азизулло пеши раиси ноҳия даромада бо вай маслиҳат медиҳад, ки «ту замини боғи марказро барои сохтмони хона тақсим кун, ман ҳам ба ту кумак мекунам,ки ҳеҷ кас ҳечи нагата». Азизулло ба раиси ноҳия мегуяд, ки ту гуфтаи маро мекунӣ ва ман ҳам туро виручат мекунам. Масалан то вақте ман зиндаам ягон авлоди ту ва ҷиянҳоят ба хизмати ҳарбӣ намеравад. Раиси ноҳия розӣ мешавад. Дар он вақт раиси ноҳия, хато накунам Бароти бародари Қурбони бех буд. Ва,ҳамин тавр маслиҳат мепазаду корро шуруъ ва боғро комилан хароб мекунанд.
Барот яке аз расвотарин раиси Вахш дар таърихи ин ноҳия мебошад. Садҳо гектар заминҳои обиро шахсан Бароталӣ Юсупов фурухт.
Инро ҳам бигӯям, ки Девонаев Азизулло бо Девонаев Шарбат бародаранд, лек дар ҷойи мо онҳо мардуми омада ҳастанд, яъне местний нестанд ва боз ҳардуяшон қудо ҳам мебошанд.
Дар хонаи генерал Девонаев Азизулло сарбозон хизматгорӣ мекарданд, тамоми кори хонаашро мекарданд. Ва ин сарбозон, бечораҳо гушна мегаштанд ҳатто нонашон намедод. Ва бачаҳояш ҳамроҳ бо худаш чунон мезаданд сарбозонро, ки харро он қадар намезаданд. Айб ҳам шавад домулло қасам ба худо сарбозҳо латаҳои хунини зану духтарашро мешустанд. Ин гапи худи сарбозон аст. Шабҳои дароз барои як бурда нон хона ба хонаи ҳамсояҳо сарбозон нонкобӣ мебаромаданд. Ин даҳшат аст.
Бигзор ин гуфтаҳои маро мақомот, аз ҷумла Дастгоҳи иҷрояи президент ё раиси вилоят Давлаталӣ Саид дида нисбати амалҳои ғайриқонунии раиси ноҳия ва ва заминфурӯшон чора бинанд.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз маҳаллаи Яккачинори Душанбе ҳастам. Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро хуб мешинохтам. Ман ба шумо як сирро ошкор карданиам. Домулло Зубайдуллоиҳи Розиқ кушта шуд.
Яке аз ҳамсояҳои ман дар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон кор мекунад. Вай гуфт, ки ҳаштуми сентябр гап -гап буд, ки генерал Мансур Умаров, сардори Идораи зиндонҳо худаш шаби 8 ба 9-ми сентябрро дар идора казарма гуфта мегузаронад, аммо боз чи гапе шуд, ки шабошаб рафт. Баъдтар фаҳмидем ва маълум гардид, ки гап сари чи будааст. Ҳамон шаб се маротиба Мансур Умаров ба Идора занг зада, ҳам аз навбатдор ва ҳам аз муовинонаш оиди чи гапу чап аст мепурсад. Гуё чизеро интизор буд. Ин ҳамсоям гуфт,ки мо хавотир шудем, ки боз ягон бунт ё шуриш дар ягон зиндон шуда бошад чӣ? Вале баъд аз онки хабари даргузашти яке аз аъзои баландпояи оппозитсия, як домуллои калонро дар зиндон фаҳмидем, гумонҳо ба яқин бадал шуданд. Ин ҳамсояи мо ба яке аз муовинҳои Мансур Умаров ранги шогирд асту ҳама гапу чапро мегуяндаш. Номи муовинро ҳам гуфт ва инак ҳоло ба шумо ман ҳам мегӯям, аммо беҳтар аст ифшо насозем, ки сразу мефаҳманд. Гуфт, ки имруз ба дараҷае Мансур Умаров хурсанд буд, ки гуфтааст «ай 8-уми сентябрай Президент ай ма хафаҳай. Хай дерам боша иҷро кадем, заказша, ина». Яъне закасаш пеш аз омадани сарони давлатҳо ба Душанбе як қурбонӣ кунем.
Хулоса вақте вазъи саломати Зубайдуллоҳи Розиқ бад мешавад ҳамроҳонашро берун мебароранду, гуё духтур медарояд. Аммо ду нафар даромада дасту пойҳои мусафедро қапида, як нафари дигар биниву даҳони домуллоро ба даст пушонида мекушанд. Баъди ин уколи Милдронат мекунанд, ки гуё барои қуввати дилаш, аммо успет накарданду укол фоида накард.
Ин ҳамсояи мо ҳамчунин гуфт, ки ҳар сари чанд вақт барои Раҳмонов ягон нафарро бояд аз мухолифин қурбони кунанд. Гуё то омадани Рустам ягон нафар на аз ҲНИТ ва на аз дигар маҳбусони сиёсӣ бояд зинда намонанд.
Гуё ҳозир нақшаи аз байн бурдани Маҳмадрӯзӣ Искандаровро, ки қарор аст соли оянда озод шавад, кашида истодаанд.
Барои он домулло Зубайдуллоро куштанд, ки хелеҳо обдасту намоз ёд дода намозхон карда будааст дар зиндон.