Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№58

Ислоҳ нет

  Нашри барномаи навбатиро бо номае аз пойтахти Тоҷикистон шуруъ кардем. Албатта, сабаб дорад.

  Иншабурӯзҳо дар шабакаҳои телевизионии кишвар фақат ва фақат аз пешравиву ободкориҳо дар Душанбе ва дастовардҳои раиси «муваффақ»-и он Рустами Эмомалӣ филмҳову барномаҳо нашру пахш карда истодаанд.

Мутаассифона ин шабакаҳо, ки дар моҳвора ҳам роҳ ёфтаанду бо чунин барномаҳои тамаллуқкоронаи шармовар боиси обрӯрезии миллати сарбаланди тоҷик дар саросари олам мешаванд, гуё дар сабқати хушомаду тамаллуқ ба ин «шаҳрдори ояндадори ҷавон» аз ҳам пешӣ гирифтаанд. Вале, ончуноне аз ин нома бармеояд, ин ҳама таърифу тавсифҳо дуруғе беш нестанд. На танҳо авзоъ дар Душанбе хароб аст, дар бақия навоҳии кишвар ҳам ҳол ранги Душанбе аст:

                                            Душанбе

  Устоди гиромиқадр салому алейк. Мехостам дар бобати ғоратгарӣ ва дуздиҳову хунхориҳои роҳбарияти Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул – МБТИ-и шаҳри Душанбе суханҳои барҳақро гуям. Раиси ин корхона Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ соли таваллудаш 1980, зодаи ноҳияи Данғара аст ва дар августи соли 2022 дар ин вазифа таъин шудаст. Сарпараст ё кришааш началники УКСУС-и Душанбе ва ёрдамчии Раиси шаҳр нафаре бо номи Сулаймон мебошад. Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ дузана ҳам аст. Ба ҳардуи ҳамсараш хонаҳои боҳашамат харидааст. Аз вақте ба вазифа таъин шуд, кормандони ботаҷрибаву кордонро аз кор озод намуда, ба ҷои онҳо шахсони тасодуфӣ ва роҳзану ғоратгарҳоро бо маблағи 3000 доллари ИМА ба кор гирифт. Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ барои раиси МБТИ шудан 30 ҳазор доллар додааст. Ин суханро худи вай дар назди дӯстони наздикаш гуфтааст.

   Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ ҳоло, баъде, ки ба ин вазифа омаду чанд муддат кор кард, дигар зери пояш мошини БМВ Х5, ва Лендкрузер – 300 аст. Магар ба як маош ду ҳамсаро метавон таъмин карду ин тавр мошинҳои қимматро харид. Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ барои пулкоркунӣ шуда ҳатто шахсони қаблан судшудагӣ,доғи судидоштаро, ки бо пораву ришват  маҳкум шудаанд ба кор гирифтааст. Бар ивази маблағ вай ҳатто шахсони бе дипломро ба кор қабул кардааст.

Дар ҷаласаҳои корхона раиси МБТИ пайваста зердастонашро аз номи кришааш Сулаймон ёрдамчии Рустами Эмомалӣ тарс медиҳад. Ҳармоҳа Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ ба ёрдамчии райиси шаҳр маблағи муайян барои сарпарастиаш медиҳад. Муовини Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ , Сайдзода Муҳаммад зодаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда ёрдамчии раиси шаҳр язнаи Сайдзода Муҳаммад мебошад.

  Масъулияти қабули дархостҳои шаҳрвандонро ба уҳдаи худ гирифта ставкаашро  1000 сомонӣ муқаррар кардааст. Мисол шаҳрванд бо дархост муроҷиат намуда мехоҳад ҳуҷҷатҳои хонааш ё мағозаашро тағйир диҳад. Барои иҷрои ин кор ба МБТИ бо дархост муроҷиат мекунад. Барои ин дархостро имзо кардан ҳаҷм ё андозаи ставкаро 1000 сомонӣ муқаррар кардааст.
 Аҷоибии корро бубинед. Куратор ё сарпарасти МБТИ аз ҳисоби амният бо номи Фирдавс -зодаи Ҳамадонӣ мебошад, ки дар МБТИ як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро созмон додаанст. Кормандоне, ки ба дастурҳои ғайриқонунии Гулзода Бобоҷон Баҳрӣ итоат намекунанд, ӯро ба Фирдавсии куратор месупоранд. Фирдавси амният ин кормандро даъват намуда фишор меорад, ки ту салафӣ, ту наҳзатӣ ва ё ту бо мухолифин алоқадорӣ ва ҷон дар лабашон мекунад.
Бо як хунхори ин корхона Одинаев Олим, сардори раёсати заминсозии МБТИ мебошад, ки ӯ  зодаи ноҳияи Темурмалик аст. Олим барои як санадро имзо гузоштан то 100 ҳазор доллар мегирад. Катагиву такаббури инро бинед, худоро худойбердиӣ намегуяд. Сертификати замине, ки дар 1000 сомонӣ буд шавад ба вай то ҳазор доллар надиҳӣ корат буд намешавад.
Бовар кунед, мардуми корафтода аз дасти ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятӣ дар МБТИ ба дод омадаанд ва намедонанд, ки ба куҷо ва ба кӣ дарди дил кунанд.

  Як хунхору бе имони дигар дар ин корхона сардори Раесати бакайдгирии корхона бо номи Хисрав зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Падари Хисрав Шарифов Сайдхол нафақахур буда дар ҳамин корхона то ҳол кор мекунад. Хисрав сари ҳар як сертификати замин, ки шахрванд онро бояд ба қайд гирад, 3000 сомонӣ мегирад.
 Муовини раиси МБТИ Сайдзода Муҳаммад бо дасгирии язнааш, ёрдамчи раиси шаҳр дар давоми ҳамагӣ 3 сол муовини ин идора таъин шуд.

Як калимаи ин навишта дуруғ нест. Ман худам корманди ин корхона будам. Алъон корро бас кардам. Хоҳиш инки зудтар нашраш кунед. Чунки баъди нашри он ҳатман ин маълумотҳо санҷида мешаванд.                      

                             Рудакӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз ноҳияи Рудакӣ менависам. Аз ноҳияе, ки дар таги фуки Эмомалӣ Раҳмону Рустам аст. Ноҳияе,ки раиси он муовини собиқи прокурори генералӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор асту дақиқан барои ба танзим даровардани вазъияти бад дар Рудакӣ таъин гардида буд, аммо…

Дар ноҳияи мо свет гуфтани гап нест. Сари соли таҳсил хостам бачаамро ба «садик» монам. 1000 сомонӣ талаб карданд ва боз гуфтанд, ки моҳона 80 сомонӣ месупорӣ.

  Мактаби миёнаи деҳаи Партизани сурх дар ноҳияро ҳоло макатби Чорсу ном гузоштанд. Як бачаам инҷо таҳсил мекунад. Моҳона 6 сомонӣ ва боз 2 сомонӣ барои охрана мегиранд. Боз барои журнал, клиенкаи болои столи муаллим, пули ремонт 50 смонии дигар мегиранд.

 Директори ин мактаб муаллим Толиб аст. Худаш ҳаминҷоро хонда тамом кардагӣ аст. Вай раққосагӣ мекард, харакатераш ранги занҳо аст. Бачаҳо мегуянд, ки «задний приводай». Ҳозир директор шуд. Дар маркази ноҳия  дар ҳар ид куртаи занона пушида рақс ҳам мекард ва ҳама ба ин кораш шоҳиданд. Дар рӯзи таваллуди муаллиму муаллимаҳо ҳам бачаам пул мебарад. Аслан мактаби мо мактаби майда аст. Ҳоло одамҳои зиёде кучида омадаанд аз ҳар куҷо. Бояд як мактаби калон созанд. Вале гуфта истодаанд, ки мактабро бояд мардум худаш бисозад. Ёбеду гиред. Охир раиси ноҳия ба ҷаноби Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва раиси маорифи ноҳия ин масаларо чаро намебинанд ?

                                                Ашт

  Ассалом алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хушҳолам, ки шумо сиҳату саломат ҳастед. 

Як моҳ камтар бемор будам, ба шумо ҳама хабарҳоро расонида натавонистам.

Хабари якум: ин аст ки арвоҳи домулло Абдураҳими понғозӣ як коргари амниятро зад. Бинои мадрасаи пушидаи домулло Абдураҳими понғозиро бинои амният -КГБ карданд ва ними боғи масҷидро ҳам ин амнияти даюс гирифт.

Як моҳ пештар дар роҳи Ашт- Хуҷанд дар минтақаи Палос ин коргари амният номаш Ямин, зодаи Бадахшон бо мошини сабукраваш ба садама дучор шуда мошинаш се тақсим шуд. Дар барномаи ВКД дар ин бора дар телевизиони Тоҷикистон муфассал хабар доданд ва мошинашро ҳам нишон доданд. Аз мошини титу пора шудааш 70 ҳазор сомонӣ ёфт шуд. Оҳи мардуми Понғоз ин ноҷавонмардро гирифт. Иншоаллоҳ  ин боқимонда коргарони амният аз вай бадтар шуда мемиранд. Ин болои мардум зулм зиёд карда буд. 

Хабари дуюм: ин аст ки  ба наздики Ҷаноби холӣ, бачаи Марями гурсухта, пешоби миллат ба Қазоқистон рафта омад. Аз ҳар як омӯзгор ва духтур 1кг мағзи зардолу ё 1кг зардолу талаб кард, барои ба намоиш ба Қазоқистон бурдан. Дар ноҳияи Ашт 100 мактаб вуҷуд дорад ва 70 нафари омӯзгор дорад. 1 кг мағзи зардолу 20 сомонӣ Инак 100 мактаб ×70нафар=7 000 нафар ×20 сомонӣ =140 ҳазор сомонӣ маблағ аз омӯзгорон ҷамъоварӣ карданд. Ё пул медиҳӣ ё 1кг мағзи зардолу. 

 Хабари севум:  ин аст ки ба наздикӣ мо понғозиён аз кисаамон пул ҷамъ карда роҳҳои дарунӣ ва беруни Понғозро асфалтпуш кардем. Дар ҷамоати Понғоз деҳаи Хиштхона 1,5 км, дар маҳалли Бурак 1км ва аз Обандоз то Пули ҳоҷак части солдатҳо 3км асфалтпуш кардем. Ҷамъ ҳамагӣ 5,5 км асфалтпуш карда шуд аз кисаи мардум. Мо, ки худамон асфалтпуш карда истодаем, пас ин президент ва давлаташ чи даркор барои мо.

Хабари чорум: ин аст ки 150 нафар мардуми ноҳияи Аштро инҳо террорист- экстремист эълон карда плакат карда дар маркази Понғоз, дар сари бозор бо банер часпонда мондааст. Инҳо чи хел девона, ки мардуми оддиро террорист -экстремист навишта мондааст. Касоне, ки бо Европа ба муҳоҷират рафтаанд, барои ин даюсон террорист -экстремист ҳисоб мешаванд.

Хабари панҷум:  Боз як зулми дигар дар Понғоз болои мардум. Ҳар касе туй карданӣ шавад ин мурдахурони селсовети Понғоз сар мекунанд. Агар каме паст омадӣ пулатро мегиранд, обуна шав 200 сомонӣ, танзим ҷарима мекунад гуфта 250 сомонӣ мегиранд.

Не, агар паст наомадӣ, ҳатман1дастархон бо ош барои солдатҳо, 1дастархон бо ош барои амнияти Раҳмонов, як дастархон бо ошу арақ барои коргарони селсовет.

Ин мурдахурон касе наздаш барои туй ариза додан омад ҳатман ош ба мо фирист гуфта фармон медиҳанд. Селсовет дар маркази Понғоз аммо туйгар дар охири деҳа дар фосилаи 3-4 км. Баъзан одам ёфт намешавад, ки барои ин мурдахурон ош фиристонем. 

Ин гушнаҳо то кай талбандагӣ мекарда бошанд?

Боз амният улмитатум мондагӣ, ки обу хурокаш аз ҳисоби халқ. Инҳо маҷбур шуда аз мардуми бечора пул гирифта ба онҳо хурок карда мебаранд. Ва боз як хабари дигар. Кормандони идораи ҷамоат дар селсовет ЗАГС намекунанд, ҳол онки ҳуҷраи ЗАГС дорад. Пеш ҳамааш дар селсоветҳо мегузашт, ҳозир бошад ин гушнаҳо дар туйхона рафта ЗАГС карда боз зиёфат хурда болои он пули таксӣ гуфта 100 то 200 сомонӣ мегиранд.

  Мадрасаи бо хишти облисовка пушидаи домулло Абдураҳими понғозиро   гирифта аз болояш шкатурка кард ва ними боғи масҷиди ҷомеъаро гирифт. Ҳар рӯз барои ин амният танзими қишлоқ обу ғизо карда оварда медиҳад. То ҳамин вақт мардуми Понғоз терорист- экстремист надошт. Вале ҳоло бо фармону навиштаи ин амният ба ҷои амри маъруф 1 варақ список аз минбар имоми масҷид 135 касро терористу экстремист хонд. Он бачаҳо баъзеяш дар Русия, баъзеяш дар Европа мебошад. Онҳо ё муллобача, ё пулдори деҳа, ё саводи динияшон баланд. Ин нафарҳо, ягон касаш дар таърихаш дар дасташ яроқ қапидагӣ нестанд.

Онҳо ҳамаш аз ҷамоати Понғоз деҳа Хиштхона, деҳаи Саро. Шавкати Муҳаммад  аз Хиштхона, Абдуманнон Шералиев  аз Саро ва ғайра,ҷамъ 135 нафар.

 Ин режим девона гашта ва ҳама сагҳояшро ба кӯча сар додааст. Коргарони ҷамоат хона ба хона даромада пули налог ҷамъ карда истодаст. Дар ҳоле, ки акнун ҳама ҳисобу китоб тавасути бонкҳо эълон гардид. Ҳозир танзим, котиби ҷамоат, омори ҷамоат ҳама корашон пул ҷамъкунӣ, яъне налог. Аз 35 ҳазор мардуми Понғоз 20 ҳазор аҳолӣ бо оила баромада ба Русия рафтагиянд. Дар маркази деҳа, сари бозор инҳо столу стул монда мешинанд. Ҳар касро бинанд сраза налог мепурсанд . Агар ба ҷамоат рафтӣ барои як справка то налоги боғ ва хонаатро насупорӣ справкаро намедиҳанд. 180 сомоӣ пенсионер пенсияашро мегираду 190 ё 200 сомонӣ карда бурда пули налог медиҳад.

Ин ҳама ғурбат кам буд, ки акнун як саги нав (участковой нав) омада ба қишлоқ. Ин бошад мардумро зуроварӣ карда ба газетаю журнал обуна шавед гуфта истодааст. Обуна барои соли 2024.

Ҳоло сол ним нашуда барои соли оянда мардумро маҷбурӣ обуна карда истодаанд. Участкавой ба масҷиди панҷвақта омада масҷидро мебандем, маҳкам мекунем гуфта мардумро таҳдид карда истодааст. 5 ё 6 муйсафеди бечора омада дар масҷид намоз мехонанд, чи гуноҳ доранд. Аз муйсафед пурсидам, гуфтанд, ки масҷиди мо документ дорад, пули светро додагием, ҳар сол ба 4 ё 5 газета обуна мешем, суғуртапулӣ месупорем, барои солдат пул ҷамъ мекунем, ҳама асбобу анҷоми пожарнийро харидем, ягон камбудӣ надорем, лекин ин участкавойи лаънатӣ омада мегуяд масҷидро мебандем гуфта зиқ мекунад.

  Чи хеле гуфтам дар маркази Понғоз, дар сари бозор расмҳои муҳоҷирони дар Европа бударо террорист -экстремист гуфта зада монданд

 Дар рақами 1 бародар Шавкати Муҳаммад 150 нафарро аз Ашт дар плакат мондаанд. Шахсе, ки шайх домулло Абдураҳими понғозиро дар шаҳри Ижевск дар хонааш нигоҳ дошт, вайро ҳам терорист навишта расмашро часпондаанд. Охир ин чи зулм асту чи гӯна давлатдорӣ.

Амнияти Раҳмонов ултиматум мондагӣ, инҳо коргарони селсовет аз мардум пул гирифта ҳар рӯз барои онҳо оши палав ё гуштбирён бурданаш даркор будааст. Коргарони селсовет одамонро талаб карда истодаанд, ки 4кг гуштбирён карда ба амният бурда диҳанд. Агар як каме дониши динӣ дота бошӣ ва ё муллобача бошӣ тамом, амният кашида бурда суми бисёре гирифта истодааст. Барои ҳамин бисёриҳо аз тарс ба масҷид нарафта истодаанд.

  Аз як шахси намоён, яъне як бузи амният пурсидам чаро ин бача дар рӯйхати террористҳо аст? Гуфт: шахсе, ки шайх домулло Абдураҳими понғозиро дар шаҳри Ижевск дар хонааш нигоҳ дошт, барои ҳамин ӯро террорист навишта расмашро часпонданд ҳеҷ гуноҳе надорад.

Агар домулло Абдураҳим понғозӣ зинда меомад плани амният ҳамин буд, ки ӯро бояд кунҷи зиндон кунад.

                                 Москва

 Ассалому алейкум акаи Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Ниҷони шаҳри Истаравшан мебошам. Феълан дар Маскав қарор дорам. Гапи мегуфтанӣ зиёд дорам, лекин намедонам аз куҷо оғоз кунам.  

 Наздик ба 10 сол аст ки дар муҳоҷират ҳастам. Мактаби миёнаро хатм кардам аммо ба университет дохил шуда натавонистам. Дониш доштам. Аммо падарам маблағи изофӣ надошт, ки маро бо пул дохил кунад. Пас, аз ин ҳолат маро нафратам ба ин давлату давлатдорӣ пайдо шуд. Афсус ному насаби худро гуфта наметавонам.

 Дар деҳаи Ниҷонӣ чунин корҳо шуда гузаштааст. Раиси собиқи ҷамоат  Рустамов Р. як одами зинокор буда хеле корҳои бад кардагӣ аст. Аз корҳои бади ин раис фақат яктояшро мегуям.

Дар Ниҷонӣ 5 масҷиди 5 вақта амал мекард, ки айни ҳол яктояш базур корашро анҷом дода истодааст. 1масҷидро спортзал кард, 1дигариашро чойхона, 1дигариашро китобхона. Аммо аз ин китобхона як кас ҳам истифода намебарад. Масҷиди дигариро амбулатория кард. Ҷавоне, ки масъули спортзал шуд Дилмурод ном дорад. Ин як ҷавони аз худ рафта аст. Як талабаи мактаб бо духтараш гашта-гашта аз оилаи худ ҷудо шуд ва ин талаба духтарашро гирифт ва ин духтар фарзандони худро дар куча монд. Масҷидро расво кард. Дар даруни масҷид мусиқӣ, фисқу фуҷур, масҷидро тамоман ҷиннихона кард.

Рустамов заминҳои зиёди обии хоҷагиро ҳамчун участкаи назди ҳавлигӣ фурухта пул кард. Дар ин кор ба вай Қодирқули землямер шарик аст.  

Дар айни замон деҳаи Ниҷонӣ ба дасти се хоҳар мондагӣ аст. Якеаш раиси ҷамоат, якеи дигараш директори МТМУ №9 ва саввумиаш директори МТМУи №55 мебошад ва ин занҳо тамоми деҳаро расво карда истодаанд. Инҳо (хоҳарҳо) дар ҳукумат кадом номардеро ёфта мансабҳоро гирифтанд. Раиси ҷамоат Қушназарова Нилуфар. Директори мактаби №9 Қушназарова Саодат. Директори мактаби №55 Қушназарова Марғуба. Ин кору вазифагирӣ дар ноҳия айни хукумати Раҳмонов шуд.

  Соли гузашта дар намози иди Қурбон имоми масҷид Эркин, домуллои чоплус дар масҷид ба назди садҳо нафар раиси ҷамоат Нилуфарро ба минбари бароварда бо либосҳои номуносибаш мардумро бо ид табрик кунонд, аз номи худ ва пешвои миллаташ. Дар чунин вазъият тоқат кардан воқеан мушкил аст. Падарам гуфтанд сад бор пушаймон шудам,ки барои адои намози ид ба масҷиди қишлоқ рафтам, ҳазор бор беҳтар буд, ки ба масҷиди шаҳр мерафтам. Падарам як сол шуда буд, ки намозхонӣ ва рафтан ба масҷидро шуруъ карда буд, аммо ин аҳволро дида хеле ҳам маъюс шуд.

Шароит дар мактабҳо бошад, боз ҳам бадтар аст. Духтарҳоро ранги худашон сарулибос мепушонанд. Мабодо, ки намозхонии талабаҳоро бифаҳманд, тамом вазъияташро хело бад мекунанд.

  Духтарам дар як мактаб, писарам ба дар дигариаш мехонад. Ҳар дуяш ҳам гуфтнд, ки аз ҳама бачаҳо забонхат нависонда гирифтаанд, ки агар намоз хонад, Қуръон хонад ё ки бо волидайнаш ба ҳаҷ равад, ҷарима мебастаанд.

  Дар оила ман як писар ва се нафар хохарам ҳаст. Аламовараш ин аст,ки   ба онҳо ин корҳои занҳои бадахлоқ маъқул шуда истодаст. Чанд маротиба дар клуби деҳа барои занҳо маҷлис доир карда занҳо ва хоҳарҳои моро бо маданият (културний) шавед гуфта аз роҳ зада истодаанд.

 Ин чи давлатдорӣ бошад? Наход як ҷамоат, ки зиёда аз 12000 аҳолӣ дорад, дар дасти 3 хоҳари беномус қарор бигирад……

Як Турсуной гуфтагиаш ҳаст, ки дар танзим кор мекард, ранги буз буд. Ҳозир бо Нилуфар гапаш гурехтааст, аз кор холӣ карданаш, чунки Турсуной худаш ҳам раиса шудан мехост. Ин зан фақат бузӣ мекард. Як шавҳари даюс дорад. Хуллас, деҳа дар дасти занҳо монд. Адоооо…..

   Дар тоқати мардҳо дар деҳа ва дар тоқати муаллимҳо дар мактабҳо   раҳмам мебиёяд. Масъалаи барқро нагуям ҳам мешавад. Чунки дар деҳаи мо то ҳол барқро мекушанд. Тобистон тамом шуду дар вақти хостаашон барқро мекушанд ва ҳар вақте хостанд гирён мекунанд. Фақат Ниҷониро азият мекунанд. Дар дигар деҳаҳои ҳамсоя барқ ҳаст, аммо дар мо ҳар вақт қатъ мекунанд. Чанд скважи фермерҳо сухт, яхдонҳо сухт. Нассосҳо аз кор мемонанд.

 Муҳтарам ҳамқишлоқҳо бас будагист ба ин ҳолу аҳвол тоқат кардан, камтарак ё сале ба худатон биёед!

Чоплус шудан бас будагист!Илтимос ояндаи ватанро фаромӯш накунем!

                                     Ҳамадонӣ

  Ассалому алейкум бародари қанд. Аз дуздиҳо ва дуздони ноҳияамон ба шумо маълумот роҳӣ мекунам. Ман аз ноҳияи Мир Саид Алии  Ҳамадонӣ ҳастам. Аз ҷамоати Дашти гуло.

Ман муддати ҳабдаҳ сол шуд, ки дар Русия кор мекунам. Як рӯз пеши раиси ҷамоат рафтам. Номаш Ҳабибуллоҳи Исмат. Инро садқаи номи Ҳабибуллоҳ кунад. Ба ӯ гуфтам, ки ман ду сол пеш ариза додам. Шумо раиси ҳастед. Кай ду гектар заминро медиҳед? Ба аризаи ман ду сол шуд. Медонед чи гуфт?

-Куҷо рафтед Русия? Меистодӣ, заминро мегирифтӣ. Гуфт «уна фалонӣ- магазинчӣ, замин надошт, рафт харид. Бра, аи, ягон, хоҷагидор, бхар».

 Ин худозада ҳамаи заминҳоро ба номи хоҷгиҳои Даҳсолагӣ ва Истиқлол гузаронидааст. Якҷо бо Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси ноҳия ҳамаро фурухтанд. Раиси ҷамоат Ҳабибулло чанд нафар буз дорад. Якеаш Раҳимчаи канаи нимваҷаба. Ин ба ҳамин қаду баст боз ду зан дорад.

Котибаи ҷамоат ягон справкаро бе сум намедиҳад. Справкаҳо нарх дорад. Аз даҳ сомонӣ сар мешавад. Ин Ҳабибуллои заминфуруш беш аз панҷоҳу ҳафт гектар заминро ба Бег сабур додагӣ аст.

Бег Сабур бошад дар ин заминҳо як касро вобаста карда аст. Даҳ сол шуд, ки сари ҳар гектарӣ чор ҳазор сомонӣ ошкоро мефурушанд. Он одами  Бег Сабурро номаш Саид аст. Аз Арачи ноҳияи Фархор аст. Имсол ҳамин Саид як гектари ин заминҳоро бист ҳазор сомонӣ гуфта истодааст. Ҳабибуллои раис дар Дашти ҷум зиёда аз ду ҳазор гусфанд дорад. Ин ҳамаро аз ҳисоби рамаи колхози пешин дуздидагӣ аст.

Тамоми техникаҳо, тамоми заминҳо, тамоми гараж, ферма, ҳатто заҳбурҳоро фурухт. Мегуяд, ки ин супориш аз боло аст, ки фурушу сум карда биёр. Ин раиси малъун як ҷура дошт бо номи Ғанӣ Мурод. Ҳамаи документатсияашро ҳамон мекард. Ин Ғанӣ Мурод як ваҷаб  замини холиро медид, зуд хабар медод. То вақте ҳастем дар ҳақаш дуои бад мекунем.

Кори дигари Ҳабибуллои раис ин аст ки хеле аз заминҳоро ба хешу таборонаш тақсим карда дод. Дар рӯбарӯи мактаби мо заправкаи хеши Ҳабибулло ҳаст Заправкаи Зафари девона. Бо ҳамроҳии бародараш Хуршед ҳамаи заминҳои гирду атрофи он заправкаро соҳиб шудаанд. Тибқи қонун дар рубарӯи мактаб сохтани заправка манъ аст. Боз дар наздикии ин заправка бозор воқеъ аст. Панҷ сол пеш дар бари заправка мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ оташ гирифта буд. Агар ба заправка мегузашт ин сухтор, ҳоли мактабу талабаҳо ва мардум чи мешуд? Танҳо барои онки хешу табори Ҳабибулло аст дар инҷо заправка сохт.

 Намедонам, ҳоло гуфтанд, ки Ҳабибибулло раисиро бас кардаст. Пеш аз вай як нафари дигар раис буд, Саъдулло ном дошт. Агар раиси ноҳия мегуфт, ки сум биёр, ҷавоб медод, ки сум нест. Ба раиси ноҳия фақат сум даркор. Агар сум оварда натавонӣ бо мо кор намекунӣ. Чанд муддат кор кард. Аз кор гирифтанаш. Баъд Ҳабибулло омад. Ҳабибулло заминфуруширо ба авҷи аъло расонид. Кам монда буд, ки кучаҳомонро ҳам фурӯшад.

Ҳозир дигар замин намонд. Фикр кардан, ки боз чи тавр аз мардум пул кананд. Одамҳое, ки барои даҳ сол хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷат карда буданд, онҳоро гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоятонро нав мекунед, барои панҷ сол. Мақсад фақат сум кандан аст. Ҳуҷҷат нав кунанду оформит кунанду ва панҷ –шаш ҳазори мардумро не за что бигиранд. Ҳар як заминдор ҳамин қадар расход мекунад барои ҳуҷҷати нав.

Дарак ёфтам, ки ин раиси заминфурушро аз кор гирифтаанд. Аммо гуфтанд, ки ин ҳам як продажний шкураи дигар баромад.

Ҳозир дар мактабҳо форма дода истодаанд. Маҷбур карда истоданд, ки барои кудакҳо бихаред. 350 сомонӣ. Агар нахаред, яъне аз дигар ҷо мехаред,бист сомонӣ оварда супоред. Сари ҳар як форма. Бовар кунед, дар тааҷҷуб мезанӣ. Мегуянд, ки агар насупорӣ барои худат проблема мешавад.

 Мактабамон нав аст. Лекин суми ремонт мепурсанд. Як рӯз пеши директори мактаб даромадам.  Формаро оварданд.Тал заданд: -духтаронаву бачагона. Гуфтам инҷо магазин аст ё ки мактаб? Мегуяд, ки чи кор кунам? Аз маориф мегуянд, ки сум куну бигиру биёр. Директор мегуяд, ки ҳар моҳ себорӣ суми лухтак, обуна, боз суми дигару дигар. Боз ин курси пул хеста истодааст. Мегуяд, ки ҷамъ куну бигиру биёр. Ҳазору шашсад сомонӣ. Чи кор кунам? Мана билетҳояшон гуфта билетҳоро нишон дод.

 Бо ин ҳама сумгӯиву сумпурсӣ дарси дуруст бидиҳанд. Ягон талаба саводи соз надорад. Вақти муаллимон фақат дар ҷамъоварии сум мегузарад. Бародар ба наздикӣ ҳаҷҷи умра меравам. Дар ҳақат дуо мекунам. Худо кунад, ки зуд ба ватанамон биёӣ.

                                           Фархор

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Банда бинандаи нави барномаҳои Шумо аз ноҳияи Фархор. Бовар кунед бародар ҳарчи дар бораи Фархор расонаӣ кардед ҳақ асту рост.

«Номаҳо аз ноҳияҳо», шумораи 47-ро дидам.

бародаре,ки дар бораи деҳаи Москвачаи Фархор ҳар чизе гуфт, ҳақ гуфт. Ман мехоҳам дар бораи Деҳқонариқи пешина, ҳозира Деҳқонобод, ҷамоати Гулистон каме ҳам бошад суҳбат кунам. Ҷамоати Гулистон хеле ҷамоати зебо буд. Дар маркази деҳаи мо идораи ҷамоат воқеъ аст. Ҷамоат 3 деҳаи калон дорад. Раиси ҷамоати мо Музаффар аз деҳаи Москвача аст. Он бародаре, ки дар барномаи №47 гуфт роҳҳо ба дараҷае харобанд, ки бовар кунед, трактор ба он роҳ равад, тагаш мерасад ва ҳамин раиси ҷамоат ҳаррӯз бо ҳамин роҳ хонааш рафта меояд, воқеиятро баён кард.

 Барои справка ва ё ягон ҳуҷҷат ба идораи ҷамоат биравӣ ҳатман пул мегирад.

Раиси пештараи ҷамоати мо Қаюмов Юсуф буд, ки он одам яке аз наздикони Мансур Умаров, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон мебошад. Дар вақти раисияш бисёр заминҳоро фурухт, аз ҷумла боғчаи бачагонаи деҳаро. Як қисми масоҳати ин боғчаро ба унвони участкаи наздиҳавлигӣ фурухт ва як қисми дигариашро барои писараш хонаи истикқоматӣ бунёд кард. Ва идораи колхози пешинаро ҳам як қисми ҳудудашро ба участкаи наздиҳавлигӣ тақсим карда фурухт.

 Хулоса, ҳамаро фурухту тақсим кард. Баъдан тарки вазифа карду ба ҷои худаш муовини худ Музаффарро монд. Ин Музаффар як алкаш аст, доимо маст мегардад. Ин аблаҳ боқимондаи замину бинои идораи давлатиро ба мардум бо нархи гарон фурухт. Оё идораи давлатиро фурухтан қонуншиканӣ нест?

Ҳамаи инҳоро фурухта даст ба фуруши заминҳои президентӣ зада истодаанд.

 Як қисми заминҳои президентиро низ участка тақсим карданд. Мардум баъзеаш фундамент рехт, ки боз корашонро манъ карданд. Дар назди идораи мо мактаби № 8 ҷойгир аст. Мактаби замонавии 3 ошёна, ки соли 2013 ё 14 ба истифода дода шуд. Дар назди мактаб ва идора роҳи калоне то деҳаи Роҳи нав ва Москвача мегузарад, ки валлоҳӣ қасам як мошин мегузарад хиёл мекунӣ туфони шадиде барпо шудааст, чангу хок дар осмон мехезад. Як хайрхоҳи роҳинавӣ як -ду Камаз шағал оварда рехт, каме хубтар шуд. Аммо роҳ боз ба ҳолати аввала баргашт.

  Аз ҷамоат болотар масҷиде ҷойгир аст. Дар он масҷид як муйсафеди бесаводи бенурро имом монда буданд, ки аз деҳаи Шуркул буд. Доимо дар рузҳои ҷумъа кораш барои пули газетаву пули меҳмону пули фалону беҳмадон ҷамъ кардан буд, тамоман саводи динӣ надошт. Валлоҳӣ калимаҳои арабиро нодуруст мехонд. Чанд намози идро ҳам ғалат карда буд. Боз аз сари нав хонда будем. Хушбахтона он мусафеди бенурро дафъ карданд. Ҳозир яктои дигарро мондаанд, ки каму беш савод дорад.

  Бар мегардем ба идораи ҷамоат. Бовар кунед ин қадар заминҳоро фурухтанд. То Роҳи нав1километр нест, аммо онро мумфарш накарданд. Аз чангу хоки роҳ болопуши бино ба пусидан шуруъ кардааст.

   Дар мактаби№ 8 ягон муаллими босавод нест. Валлоҳӣ фаҳшу фоҳишагӣ дар  ҷои аввал мебошад.

Дар ҷамоат ҷойи ЗАГС- хона аст. Қасам ба Худо столу стули он аз солҳои раисии Бояков мондагӣ аст. Мешавад гуфт аз даври Дақёнус.

 Ба Худо қасам полҳояш пусида, тамоман рангу бор надорад. Охир барои як справкаро пур кардан аз 20 то 40сомонӣ мепурсед, намешавад ҳамон столу стули куҳнаи фарсударо нав кунед.

 Хитоб ба акои Алиаҳмад, ки муовини раиси ҷамоат оид ба ЗАГС мебошад.

Роҳе, ки аз ҷамоати мо ба ҷамоати Шуркул ва Москвача пайваст мебошад, дар чи вазъу ҳол аст? Офарин, ҳазор офарин ба ронандагони ин роҳҳо мегуйем. Бовар кунед роҳи 3 минутаро дар ним соат меравӣ.

Агар ин роҳҳо ислоҳ нашаванд пурра бо наворҳояш барои шумо ирсол менамоям. Озодӣ ба Далери Имомалӣ, озодӣ ба Пирмуҳаммадзода, озодӣ ба Абдулло Ғурбатӣ ва дигар шерони майдони ҳақгу.

Бародар Муҳаммадиқбол, вақти бистарӣ шуданатон фақат дуоятон кардам.

  Вақте ин навиштаро бароятон роҳӣ мекардам, хабар расид,ки Музаффари раиси ҷамоатро аз кор гирифта ва ба ҷояш муваққатан Алиаҳмади муовинашро гузоштаанд.  

Share This Article