Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №60

Ислоҳ нет

 Муҳтавои аксарияти номаҳои мардум, ки ба дасти «Ислоҳ» мерасанд аз аҷзу нотавонӣ, корношоямӣ ва холабеғамии мақомоти давлатӣ ҳикоят мекунанд. Вале, новобаста ба онки ҳеҷ кореро ин мақомоти корношоям бар манфиати мардум ва ҷомеа ҳаллу фасл намекунанд, талош мекунанд, ки дар байни мардум барои худ чашму гуш-яъне буз дуруст кунанд. Агар шумо пайваста номаҳои мардумро мутолиа мекунед, ба дурустӣ пай мебаред, ки мардум аз дасти ин бузҳои мақомот ба сутуҳ омадаанд. Дар тамоми навоҳии кишвар ҳамин гуна бузҳо ҳастанд, ки на фақат чоплусиву тамаллуқу хушомад мекунанд, балки ҳатто ҳамсинфу шиносҳои наздики худ ва чуноне дар номаи зер мебинем падари худро ҳам мефурӯшанд. Чаро? Чунки ин ҳукумат худаш табиатан бо ҳамин гуна одамҳо ҳамроҳу ҳамовозу шарик аст,бо бузҳо.

Ҳатто ман шоҳиди баъзан афроде ҳастам,ки занг зада мегуянд. Домулло ман бо писарамакам се сол аст шуморо якҷо медидем ва комент менавиштем ва баъзан вақт маълумотҳо мефиристодем ба шумо якҷоя. Писар амакам дар Русия монду ман ба Тоҷикистон баргаштам ва  дар як масалаи оилавие бо ҳам гапҳоямон гурехт. Аввалин коре хост маро шонтаж кунад ин “Ислоҳ” буд. Гуфт агар ба ман ихтилоф куни ва гапамро не гуйи ман ҳатман ба фалон дӯстам,ки бо Шоҳрух кор мекунад занг мезанам ва туро мефурӯшам. Боз ҳатто маҷбурам кард як чизи хело бо арзишеро барояш бе пул бидиҳам. Магар ин мардонагӣ аст ? Чунин ҳолатҳоро чанд нафар бароям занг зада гуфтааст,ки ин пасттарин ҳолат ва номардии тамомро шаҳодат медиҳад. Чунин афрод ҳаргиз хушбахт нахоҳанд шуду ба муроду мақсуди худ дар ҳар ду дунё нахоҳанд расид.

 Воқеан ҳама навиштаҳои шумо бароям хело муҳимманд вале номаи Фархорӣ яке аз аҷибтарин ва ҷолибтарин номаҳои ин барнома аст, ҳатман хонед ва мутмаинам ,то имрӯз чунин хитоб ва истилоҳотро нахондаед!                                            

                                         Исфара

   Устод Муҳаммадиқбол, Худованди бузург шифои комил насибатон гардонад. Як хабари муҳимро аз номи тамоми мардуми Исфарамарз ба шумо мерасонам. Илтимосу эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар бораи ин бузи беимони Аҳрор Каримов як барномаи алоҳида ташкил ва нашр кунед. Ин буз на фақат домулло Наимҷон ва чандин қорибачаҳоро фурӯхт, даҳҳо нафар ҷавонҳои пулдорро ҳам подставит карду фурӯхт. Ин бузи сардори амнияти Исфара аст ва барои вай ва бо вай кор мекунад. Ҳол онки падари вай ҳамсинфи домулло Наимҷон аст. Ин Аҳрор ҳамроҳ бо кормандони милисаи Чоркуҳ падари худашро бо фоҳишаҳои шаҳраки Шуроб дар ҳолати зинокарданашон дастгир кард. Аҳрор дар ҳақи Фурқат, ки духтари муаллим Исматулло Абдуллоевро гуё ба никоҳаш даровад хиёнати бузург кард. Бо зани Исмат Абдулоев Аҳрори бузи бадбахт муносибат дорад. Фурқат Икромов аз ин бехабар.

   Раиси ҷамоати Чоркуҳ Лайсидин Юсупов шабу рӯз кораш зино кардан. Келини амакбачаи худаш Неъмати Арканок Олимов  ва бо ҳамсари  Обид Шаропов…. карда мегардад Обид Шаропов чандин масҷидҳоро маҳкам кардагӣ буд.

 Лайсиддин лоф мезанад, ки бо Прокурори  генералӣ, прокурори  вилоят ва прокурори шаҳри Исфара «на прямой» гап мезанад. Бо СС Ятимов алоқаи дустӣ доштааст. Дар Исфарамарз гуё корол бошад. Аз дасти ин Аҳрор Каримови бузу раиси ҷамоати Чоркуҳ мардум безор шудагианд. 

 Бародари азиз баъд аз барномаҳои шумо инҷо ҳама мунофиқҳои худозада ранги девона шудагианд. Шабуруз дар кофтукобанд, ки кӣ ба шумо менависад. Пас аз соати 10 шаб пеши майдон бузҳо ба шикор мебароянд. Ин Аҳрори буз язнаи худашро фурӯхт Ҳоҷӣ Асади 74 соларо ба милисаҳо фурӯхт. Ин мусафеди бечораро давлений зад.

Бародари азиз, раҳмати калон,ки номаҳои навиштаи маро чоп кардед. 

Дар ин нома боз як роҳи фиребу пулкоркунии Раҷаббой Аҳмадзода-Қофлонбой, раиси вилояти Суғд бо раиси ҷамоат Лайсидинро менависам. Як моҳ пеш Қофлонбой ба Чоркуҳ омада қарор кард, ки бинои ҷамоатро вайрон карда ба ҷояаш як парчами 20 метрӣ созед ва дар гирди майдонаш магазин созед. Магазинро бо як соҳибкор бо номи Хуршеди Қилич дод ва бинои ҷамоатро ба бинои совхоз кучонида онҷоро ҳам вайрон карда аз нав месозад. Боз чанд ҷои дигарро ҳам вайрону аз нав соз мекунад. Инро ман барои чи нависта истодаам? Охир ин биноҳо боз 200 соли дигар хизмат мекунад. Ба ҷои ин намешавад, ки як корхона созад. Бало ба паси ҳамааш. Аммо яқин аст ки бо ин баҳонаҳо Қофлонбой боз чанд миллиони буҷаи вилоят ва шаҳрро барои сохтмони ин биноҳо ҷудо  карда ба ишкми ғафс ва ҷайби худ мезанаду мо мардуми Чоркуҳ бо ҳашару бо пулҷамъкунӣ инҳоро месозем. Канӣ бинем аз боло,аз Душанбе ба  ин найрангҳои Қофлонбой назора мекунад ё не? Ва мо менависем натиҷаашро пурра.

  Ҳоло боз мавсими обуна сар шуд. Аз ҳар масҷид 2400сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Мо ин газетаҳоро як бор дидем, ки фақат аз сурату сафарҳои пешво иборат аст. Наход ба намоз ҳам равему дар руи кати масҷид расми ҳаминро тамошо кунем. Мардуми Чоркуҳ наход дар хонаҳои худ ба фарзандонашон таълим дода натавонанд?

  Мутассифона имрӯзҳо дар Исфара ва тамоми Тоҷикистон бисёр ҷавононе ҳастанд, ки чоплус ва буз ҳастанд. Бузӣ ва чоплусӣ мекунанд. Хитоби ман барои ҳамин чоплусу бузхо. Имрӯз шумоҳо шабро рӯз ва сиёҳро сафед мегуед. Ман бовар дорам ҳамаи   шумоҳо шантаж шудагиед, сад дар сад бовар дорам. Ягон ҷурми шумо дар дасти мақомот ҳаст.

 Барои ҳамин дар муқобили “Ислоҳ” , Паймони миллӣ, Гурӯҳи 24 ва дигарон гап мезанеду тарафи дуздон ва ҳукуматдорони ватанфурӯшро мегиред. Шумоҳо  дар назди Аллоҳ ҷавоб мегуед. Ман чандин чоплусҳоро мешиносам, медонам зиндагии хуб надорад. Дар зиндагиаш як касофатӣ ҳамроҳ шудагӣ аст. Шумо тамоми вуҷудатонро даронед, муқобили ҳақ истода наметавонед. Шумо хоҳед-нахоҳед ҳақ ғолиб мешавад, ботил аз байн меравад. Беҳтар аст чоплусиро бас кунед. Бегуноҳонро туҳмат накунед. Аз пушти як сухани нодурусти шумо, касе бегуноҳ зиндон меравад, дар назди Аллоҳ ҷавоб мегуед. Ва дар ҳамин дунё аз зану духтаратон, аз келину домодатон, аз модаратон мебинед.

  Эй беномусҳо! Дуои мардуми мазлуми Тоҷикистон мегирад, бадбахтии ин дунё ва охират ин ша Аллоҳ насибатон мегардад.

  Эй чоплусҳо! Шумо  фикр накунед, ки ҳеҷ кас намедонад, ки шумо киҳо ҳастед?   Шумо бешарафтарин мардум дар руи заминед.

  Ман дар мактаб мехондам. Писарҳо ба духтарҳое, ки юбкапуш буданд дастдарозӣ мекарданд. Инро пешвояи беимонатон мехоҳад, чунки духтарҳои вай побараҳнаанд.

 Имрӯз тамоми духтару зани тоҷик беизору бе руймол шуданд. Дар Русия зани тоҷик ба чи корҳое машғул намешавад. Он занҳо туалет мешуянд, тамоми корҳои пастро мекунанд. Шумо пасттарин инсонҳо ҳастед. Худатон бадтарин зиндагиро доред аммо боз чоплусӣ мекунед.

    Эй, занҳое, ки ҳамсари чоплусҳоед, инро бидонед, ки шавҳарони шумо таҳти шантаж қарор доранд. Онҳо дар назди мақомот муттаҳамӣ доранд. Онҳоро аз ин роҳи бад баргардонед!

    Устод, ин нома аз номи ҷавоне аз дохили шаҳри Исфара аст. Ман ҳамеша барномаҳоро ЛАЙК мегузорам, тамошо мекунам, проблема нест,лекин медонам бузҳо дар Исфара бисёр аст.

 Ва,ин нома аз маҳаллаи Қуруқи Чоркуҳи Исфара аст

 Мо барои шумо аз маҳаллаи Қуруқ менависем. Ончики дар бораи Чоркуҳ то ҳоло нашр кардед, ҳамааш росту дуруст аст. Инро бароятон бигуем, ки баъд аз барномаҳои шумо, шукри Худо, масҷидамон пуродам шуд. Аммо дар байни мо як буз ҳаст. Ҳоҷӣ Додохон, амаки Аюбхонзода Фатҳӣ аст. Ин Додохонро лақабаш кар аст. Ин ҳама гапҳоро ба Лайс мегуяд. Масалан касе ба масҷид ояд, ин ҳатман ному фамилияашро хабар мекашад, ҳар хабари маҳалларо мерасонад. Ин одам бо ҳоҷӣ Умед ҷанг кард. Додари ту хабаркаши «Ислоҳ» гуфта ҳаррӯз темаи шуморо дар Чоркуҳ мехезонад.

Соли пеш ин мушхар фиръавн раиси ҷамоат буд. Боҷааш Насимҷони насия қуруқ мегуфтанд. Вай марди худо буд. Мухтор Шароповро Бадриддин фармон медиҳад. Лайсиддин Шаропов як тағо дорад бо номи Қамбар. Насимҷонро дар роҳи Шуроб мекушад. Ин Мухтор чанд бародар дорад. Якеаш бо номи Усмони сарока. Ин Усмон вайронгари козёл аст. Ҳамин ба Мухтор мегуяд. Ва ин Қамбарро боз боз мекунад, мекушад Қамбар ӯро. Ин Усмони буз додараш ба Неъмат Олимов буз аст.

Амаки Сарока мегуяд, ки дар идораи совхоз козёл буд. Баъд як бародари дигараш Шавкати сарока буд. Инҳо ҳамаашон козёланд. Ҳамаи чоркуҳиҳо хуб инро  медонанд.

                                       Нуробод

     Салом бародари қиёматӣ. Ман он қадар савод надорам. Ин номаро ҳам як дугонаамро зора кардам, ӯ навишт.Илтимос бародари қиёматӣ, ин номаро мунташир кунед, ки ин Лаънаткардаҳои Аллоҳ ҳамаро ҳаром карданд. Ин ҳаромкорҳо корашон зино ва ҳаромхурӣ мебошад. Як шаҳодатномаро Назаров Манучеҳри ҳаромхури зинокор 1200 сомонӣ мегуяд. Мегуӣ, ки ин тавр нарх ар ягон ҷо нест, мегуяд, пас бирав, барои ту намедиҳам, куҷои бихоҳӣ шикоят кун: «мара ҳамин хел супориш доданд,ин пулро ман ба прокурор метиям, ба раси метиям,ба ЗАГС метиям,тоқа ман нестам».

 Сафарзода Бахтибег, прокурори ноҳия як порахури дигар асту хуни мардумро хурда истодааст.

Дардовараш он аст ки ин Манучеҳр Назаров кадом духтаре пешаш дарояд мегуяд «номерота те,ин бегаҳ ягонҷо равем». Охир ин давлат соҳиб надорад, ки ин ҳаромхурҳои зинокорро як бор тафтиш кунанд. Назаров руирост вай хоҳ мард аст, хоҳ зан ё духтар мегуяд: «Ман гапзанро ме…м.Тағам прокрорай».

  Ин лаънатӣ дар адлияи Нуробод кор мекунад. Мегуяд,ки «ман раисашам ме….м, рузои шанбе хонаш мебармш дар Обигарм як мепартом,мег..ш, бад мебармш хонаш».

  Инҳо ҳамаашон муттаҳманд. Ин лаънатии раиси ноҳия ҳам як муттаҳами дигар аст. Нав аз Дӯстзодаи дузд халос шудем боз дар як бесаводи дигараш задем. Бовар кун акаи қиёматӣ инҳо як дузди рушод шудагиянд. Ин Назаров Манучеҳр   дар адлия бо бачаи амакаш кор мекунанд. Сараш аз ҳаромхурӣ ранги сари гов гаштааст.

 Нуриддинов Бегиҷон, ман шавҳар дорам. Барои чи аламам кард, ки ин ҳароми Назаров занҳои шавҳардорро …..

    Ин лаънатӣ аз як шаҳодатнома 1200 нагирад аз куҷо метавонад дар байни як сол ҳам хона пушонад ва ҳам мошин гирад. Ман Назаров Манучеҳрро бовар накардам. Як шиносам гуфт «биё брем ханаша бин, ин ҳамаш ай пули мардумай». Ин ноҷавонмардро занаш баромада рафт. Занаш мефаҳмад, ки зинокор аст баромада меравад. Се сол мешавад занаш нест. Чанд духтарони мардумро мегумегирамт гуфта фанду фиреб дода зино мекунад. Ман ба ҷавонҳои дар Русия муҳоҷир муроҷиат карда гуфтаниям, ки ин бо апаву хоҳару занҳои шумо ҳам чашм ало мекунад. Бовар кунед,ман шавҳару кудак дорам, вақте ин гапро ба ман гуфт, гуфтам замин кафаду дарояму равам. Ман бо чашмҳоям дидам занҳои шавҳардор ба наздаш омада ва чикорҳо бо онҳо кард. Шавҳарҳояшон дар Русия кор мекунанд вақте барои ҳуҷҷат мераванд ин амалро бо онҳо анҷом медиҳад. Ҳатто боз баъзан зану духтарони Нурободиро ба Прокурор ва милисаи ноҳия туғрӣ ҳам мекунад ин ҳаромӣ.

   Назаров Манучеҳр аз ҷамоати Хумдон, деҳаи Хумдон мебошад. Ин прокурораш бошад аз Ванҷ аст.  

                                          Панҷакент

  Салому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Як хоҳиш доштам аз шумо бародари азиз. Мехостам, ки дар бораи Ҳамроқулов Далер як видео нашр мекардед.

Мардумро ғам медиҳад. Ҳатто ҳокими Панҷакент аз вай метарсад. Ман дар борааш маълумоти кам дорам. Ҳамин қадар медонам, ки падараш раиси қишлоқ аст. Як акааш Руслан ном дорад, дар Душанбе дар соҳаи туризм кор мекунад. Падараш Олим Ҳамроқулов аст. Як амакашон генерали пенсионер Худойқул Ҳамроқулов аст. Солҳои пеш раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон буд. Инҳоро ҳамин генерал, ки одами наздики Эмомалӣ Раҳмонов аст пуштибонӣ мекунад. Ин генерал аз ислом баромада ба дини христианӣ даромадагӣ аст.

   Олим Ҳамроқулов, падари Далер одами асосӣ аст. Дар деҳаи Фароб раис мебошад. Деҳаро ба ду тақсим кардааст. Заминҳои деҳаро фурухт. Ҳоло боз заминҳои мардуми камбағалро бо ҳар баҳона аз дасташон гирифта ба одамҳои бой фурӯхта истодааст.

Далер бошад дар шаҳр корҳоро пеш мебарад, ҳамроҳ бо Умеди писари Раҳмони рашнагӣ. Инҳо ҳарду наркобаронҳои Панҷакент ҳастанд. Бизнеси асосиашон героин аст. Ёру бародарҳои бисёр доранд, ки дар ин бизнес бо онҳо шариканд.

Соли гузашта дар шаҳри Панҷакент се нафарро куштанд. Баъд Далер бо ҳамроҳи Сартебов Аҳмадҷон ҷонишини ГАИ-и ҷумҳурӣ  ин кушторро ба сари як одам бор карда сенафари онҳоро се соли маҳбас карданд,  аммо Алиев Баширро 27сол доданд. Ӯро фиреб карда гуфтанд, ки ту як худат ба кала гир мо туро ёрдам карда халос мекунем. Аммо фиребаш карданд. Аз ин 3 нафар 300 ҳазор сомонӣ гирифта корро ҳал карданд. Яъне ҳамин ҳодисаи куштори сенафарро ҳал карданд. Ин кор дар байни мақомоти шаҳри Панҷакент ва вилоят ҳал шуд. Прокурор, милиса ва суд шариканд.

Шояд мақомоти боло дар Душанбе бехабар бошанд. Бовар дорам, ки хабардор мешаванд ва кам бошад ҳам ба Алиев Башир ба кумак мешавад. Солашро мумкин кам мекунанд. 27сол!! Ака худат фикр кун, инхо чор нафар буданд. 3нафарро куштанд. Як кас наметавонад се касро кушад. Ҳамин тавр не?

  Олим Ҳамрокулов тамоми заминҳои ҳамвори ҳосилдеҳро гирифта ба номи худу акояш карда, боғ кард. Як ҷиянаш Аҳмад, замначалники ГАИ буд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад.

                                        Ваҳдат

    Салом акои Муҳаммадиқбол. Ман аз шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Чуянгарон, деҳаи Амоншайхӣ. Чанд рӯзе пеш шумо дар бораи Обидов Давлатшо Саъдуллоевич, директори мактаби №10 шикояти як сокини ин деҳаро дар барномаатон хонда будед. Бале акаи Муҳаммадиқбол, ҳарчи он шахс навишта буд дуруст ва рост мебошад. Аммо ҳоло ҳам дар бораи ин директори ҳаромхур ва золим кам навишта аст. Аз рӯзе, ки давлат инро фаҳмид, болои чанд нафар ташвиш оварда истодааст.   Ман бо боварии комил мегуям Аллоҳи меҳрубон моро ба онҳо таслим нахоҳад кард.

  Имрӯз ман дар бораи ин директори мактаб Обидов Давлат ончиро мегуям, ки худам ба чашмонам дидаам. Чанд сол мешавад, ки мактабро хатм намудаам. Давлат дар кабинети худ бо духтароне, ки тарбияи исломӣ ва динӣ надоштанд, корҳои ғайриахлоқӣ анҷом медод. Мамарозаи Давлат Шаҳноза ҳамон сабукпои қайсингулаш аст. Ҳатто як духтаре, ки билохира аз ин шахси касифу палид ҳомила шуд, аз шармандагӣ аз хонаашон барома рафт ва то ҳол бар намегардад. Дар мактаб руирост аз талабаҳо пул мегирад. Хусусан аз синфҳои 10 ва 11. Агар талаба  як рӯз бо сабабе мактаб наравад то 50 сомонӣ ҷарима мегирад. Дар  рӯзҳои иду ҷашнҳо, масалан Соли нав, Навруз, 8 март, 23 феврал барои иҷозат додани ба ташкилии талабаҳо сари ҳар як синф то 300сомонӣ мегирад. Агар талаба пул надиҳад ин ҳаромхури кофир мегуяд: «агар фарзанди Пайғамбарта биёрӣ, бачаи касе набошӣ аз мактаб пеш мекунамта».

 Ман алҳамдулиллоҳ хело ҳам саводи хуб доштам. Бояд баъди хатми мактаб аттестати сурх гирифта ба донишгоҳ ба тарзи буҷавӣ дохил мешудам. Аммо ин ҳаромхури золими лаънатӣ аттестатҳоро ба ҷиянҳои бе саводаш дод ва ман ба донишгоҳ дохил шуда натавонистам ва ба Русия омадаму муҳоҷири иҷборӣ шудам. То ҳол дар азоб ҳастам. Падари директор Саъдуллои кала ном дорад. Чанд сол пеш ба фуруши пиво машғул буданд. Маълум аст шахсе, ки бо луқма ва ғизои ҳаром калон шавад дар оянда ҳам ҳаромхур боқӣ мемонад. Як аппаш валлоҳӣ фоҳиша буд.

  Обидов Давлат ду духтар дорад, ки дар донишгоҳ мехонанд, албатта аз пули талабаҳои мактаб. Хело ҳам духтарҳои беҳаёянд. Як писари ҳайвонсират дорад, мисли роҳзан мебошад. Имсол онро ба  донишгоҳи академия дохил кард. Дар лаби дарё як дача дорад. Аз замини мактаб шаш сотих  ҷудо карда як хона сохта истодааст. Мошинаш Тайота корола мебошад. Боз чанд то замини дигар дар ихтиёр дорад. Ҳамаи ин амволро бо як маоши директорӣ метавонад бихарад? Аммо бисёр муғамбир аст ва амволашро ба номи дигарҳо ҳуҷҷат кардагӣ аст.

Мошинаш дар номи акааш Суҳроб аст, хонааш ва дигар заминҳояш дар номи дигарҳо мебошад. Дар мактаб тамоми оилаашро ба ҳайси муаллим, муаллима ва полшуяк оформит карда аст. Барои ҳамаи онҳо маош таъин карда пули ҳукуматро дуздӣ мекунад.

Ҳукумат куҷоро нигох дорад? Барои чи як бор тафтиш намекунанд мактабҳоро?

 Соле, ки ман мактабро хатм намудам аз ҳамсинфонам 6 нафар дар ними соли хониш ба Русия омада буданд. Ҳатто ба имтиҳонҳои давлатӣ иштирок накарданд.  Бо директор «договор» карданд ва аттестатҳояшонро гирифтанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд намедонистам ҷиноятҳои ин золимро куҷо арз кунам. Баъд аз дидани шикоятҳои мардум дар канали шумо хостам ман ҳам шикояти худро ба ҳукумат ва мақомоти марбута  расонам. Валлоҳӣ барои ба даст овардани пул мардум чи қадар дар Русия дар хунукиҳо азоб мекашанд.

  Ман ба ин директор гуфтанӣ ҳастам, ки то як моҳи дигар вақт дорӣ, бас куну истеъфо деҳ ва илло ҳамаи корҳои маҳрамонаи ту бо Шаҳноза, дигар муаллимон ва талабагон ном ба ном ва корҳое, ки бародаронат Ғайрат ва Суҳроб анҷом медиҳанд ҳамаашро менависам.

   Аз шумо хоҳиш Домуллои ширинсухан! Ин навиштаҷоти манро ҳарчи зудтар нашр кунед, то инки давлат донад ва пайи чораву тадбире шавад. Инро ҳам бигуям, ки дар ҷамоати Чуянгарон хело ҳам тарафдорони шумо баъд аз  нашри нома дар бораи директор хело ҳам зиёд шуда истодааст. 

                                              Тоҷикобод

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Дар бораи сардори милисаи ин ноҳия гуфтаниам.

  Сардори шуъбаи милисаи Тоҷикобод Муҳриддини данғарагӣ муддати 4 сол аст якҷо бо муовинаш Зокиров Ҷаҳонгир, ки аз Тоҷикобод аст, хуни мардуми моро макида истодааст. Хеле аз бачаҳои ҷавони ноҳияро бо ҳар гуна туҳмату дуруғ подстава карда шинониданд, заданду маъюбу маълул карданд. Ба ноҳияи Тоҷикобод ягон мақомоти болоӣ аҳамият намедиҳад. Агар кадоме аз ин ҳама ҷабур зулм Душанбе рафта шикоят кунад аҳволаш мисли Фирузи магазинчӣ бад мешавад. Дар бораи Фируз ҳоло гап мезанам. Аммо як кори ин Муҳриддини сардори милисаро дар аввал мехоҳам бигуям. Инро бояд махсус бигуям, ки раиси ноҳия дар назди Муҳриддин мисли буз аз гург ва ё мисли барги бед аз шамол меларзад. Сардори милиса дар ноҳия ҳатто соҳиби замину чарогоҳу дараҳо аст.

Заминҳои обии ҳосилдиҳандаро бо зарби зурӣ аз мардум мегирад. Савол пеш меояд, ки чи хел мегирад? Масалан раиси деҳаро ба наздаш даъват карда мегуяд кадом соҳибзамине гап зад, оҳиста ба ман занг зан. 4- 5 ҳазор долларашро мегирам дар умраш ёди замин намекунад.

  Як ҳикояи воқеӣ. Мардеро бо ном Дилшод аз деҳаи Муллокенҷа, ки соҳиби 4- 5  фарзанди мактабхон аст бисёр ҳам азоб доду ба қарзи калон ғутавар кард. Дилшод бо пули қарзи бонк  як камаз картошкаи тухмии харид, ки бикорад.

Ин тухмиро бо як азоб ба болои куҳ ба сари заминаш баровард. Аммо ин сардори милиса заминашро гирифту худаш картошка шинонд. Дилшодро фармуд «ту ҷамъ карда раву дар он замин шинон». Ва заминеро нишон дод, ки дар он замин агар   харатро бандӣ мегурезад. Он замин об надорад, алаф намекунад. Дилшод то ҳозира аз дасти Муҳриддини сардори милиса қарздор, мегиряду мегардад. Касе ба доди ин мазлум нарасид.

 Боз як ҳодисаи дигар. Вақти аз дасти Фирузи магазинчӣ, гирифтани 30 ҳазор сомонии пора дар назди бозор сардори милиса ба даст афтод. Фируз ин корро бо фармони одамони вазири МВД кард ва одамони вазир дар назди бозор сардори милисаро дастгир карданд. Дар ҳақиқат сардори милисаро Душанбе бурданд. Аммо дар байн як рӯз гузашту боз ҷавоб доданд Сардор омаду гуфт ман 300 ҳазор сомонӣ ба вазири МВД Рамазон Раҳимзода тавассути Шодӣ Ҳафиз ва Раҳмонқул додам. Акнун ман медонам, ки бо ин мардуми террорист чикор кунам. Ман аз Данғара ҳастам, ҳамсояи Ҷаноб! Маро ҳеҷ кас аз ҷоям ҷумбонда наметонад.

Фирузро чунон азоб дод, ки ҳамаи бойгариашро кашида гирифт ва гуфт, ки «ман нобудат кунам ё худат гум мешавӣ, ҳароми подставшик».Хулоса, Фируз дар куча бо хонаводааш монд. Баромада аз зодгоҳашон ноҳияи Тоҷикобод рафтанд. Аз Фирузи магазинчи ҳеҷ чиз намонд. Муҳриддини началники милиса хонаашро дар пушташ чапа карда сузонд. Метавонад ҷаноби вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода инкор кунад,ки Муҳриддинро бо пора дастгир накарданд? Метавонад инкор кунад,ки ӯ аз Муҳриддин пора нагирифта ва ӯро озод ва гӯё ҳеҷ чиз нашуда ба Тоҷикобод барои идомаи кор баргашт ?

                                       Истаравшан

    Ассалому алейкум ва раҳматуллои ва баракотуҳ. Мо ҷавонони Истаравшан бо шумоемдомулло Муҳаммадиқбол. Мо ҳама барномаҳои шуморо тамошо мекунем. Вақте шуморо дар бистари беморӣ дидем, шабу рӯз дар ҳақатон дуо кардем. Аллоҳи меҳрубон шуморо ба мо баргардонд. Мо ваъда медиҳем, ки мисли шумо ҷасур ва нотарс мешавем.

 Он домуллои истаравшанӣ дар масҷиди Муҳаммадиқбол (бисёртар бо номи Қолинбофӣ) машҳур аст,имомхатиб аст.

Домуллоро ҳама бо номи қорӣ Илҳом мешиносанд. Ба гуфтаи худаш иҷозатнома барои дуохонӣ ҳам дорад, ҷин мехонад. Қироаташ он қадар хуб набуд. Ҳарфҳои душворро хуб талаффуз карда наметавонист. Як ду бор ҷароҳӣ ҳам кард. Хонаашон аз охири Сари санг ва дар саршавии кӯл ҷойгир аст.

 Ин домулло дар Душанбе таҳсил кардааст. Баъди ҳамин хел домуллоҳои фурӯхта шуда омадан шаҳри моро ҳам аз дин дур намуда ҳама мадрасаҳоро маҳкам карданд.

Қорӣ Илҳома напурсидед,ки ҳамин пеши мебелникба масҷид кушодагӣ ё не савол медодед хуб мешуд. Мо дар мавриди бародаронаш Ислом, Фарҳод ҳам маълумотҳои зиёд дорем агар лозим бошад онҳоро ҳам менависем.

Дар шаҳри мо аз Зафаробод, Ғончӣ, Нов ва дигар ҷойҳо омада дарс мегирифтанд. Мадрасаҳои занона ҳам доштем. Ман худ дар мадрасаи Кӯкгумбаз хонда будам. Дар он ҷо зиёда аз 300 нафар толибилм таҳсил мекарданд. Ду гуруҳ буданд; як гурӯҳ «Қоидаи бағдодӣ»-ро ёд медоданд ва гуруҳи дигар Қуръони шарифро. Ҳама бо савод буд. Ҳамон вақтҳо дар шаҳр ягон дуздиву ғоратгариро намедидем. Ҳама масҷидҳо пур аз намозгузорон буд, ҷой барои нишаст намеёфтем. Ҳама аз пагоҳӣ мерафт ва дар масҷидҳо маҳфилҳои гуногун амал мекард. Ҳозир фақат ахбор аст. Агар як ҳафта хабарҳои Сафинаву  Якум каналро надида бошед ҳамаашро мегӯянд дар масҷид. Аз номи Аллоҳ таъоло дида бисёртар номи пешворо мегиранд (Наузубиллоҳ) дар ҳаққаш дуо мекунанд. Ин ҳоро Аллоҳ задааст, инҳо дини худро фурӯхтаанд.

   Имомхатиби шаҳри Истаравшан дар масҷиди Ҳазрати Шоҳ Абдушукурхон мебошад. Вай сархатиби Шаҳр аст. Ӯ як бе савод аст, илми кофӣ надорад. Дар мадҳу таърифи пешво ҳамто надорад. Инҳо ҳама шогирдҳои домулло Ҳикматулло мебошанд. Ба шогирдҳои домулло Ҳикматулло аз чи сабаб бошад риш иҷозат аст, ба онҳо ҳеҷ кас кордор нест. Аммо агар мардуми омӣ ришашро як ҳафта нагирад бурда дар отдел метарошанду таҳдид ба ҳабс мекунанд. Мегӯяд ин ҷо Афғонистон нест, ки риш монӣ. Боз таҳдидҳои зиёд мекунанд.

Дар шаҳри мо бештар зулм дар болои сатру ришдоҳо аст. Ба мардуми омӣ рӯз нишон намедиҳанд. Ҳозир сокинони шаҳри Истаравшан хело гумроҳу бе дин шуда истодаанд. Аз сабаби набудани амри маъруф ва наҳй аз мункар ва домуллоҳои ба тақвову ҳақгӯй. Дар шаҳри мо домуллоҳо ва қориҳои бо зуҳду бо тақво бисёр буданд. Онҳоро зиндонӣ карданд ба ҷурми терроризм. Як чанд қориҳоро мешинохтам, ки дар хонаи худ дарс мегуфтанд. Онҳоро ҳам зиндонӣ карданд. Ҷавонони даври мо  аксар ҳофизҳои Қуръон буданд. Ҳозир дар шаҳрамон ягон мадрасаву ҳофизони Қуръон намондааст. Ҳама ё зиндон ё аз ватан берун шудаанд. Барои чи бошад, ки ҳама ҳукуматдорон ба дини мубини Ислом бадбинӣ доранд, аз Эмомалӣ Раҳмонов сар карда то раиси ноҳия. Падарону модарони онҳо магар бо мондани ришу пӯшидани сатру ҳиҷоб террорист буданд, мо намефаҳмем. Аммо як чизро бароятон бигуям, ки баъди баромадҳои чоплусони шаҳр дар барномаҳои Ислоҳ хело мардум «Ислоҳ»-ро тамошо мекардагӣ шуданд. Дар ин маврид чоплусҳо ёрдам карданд. Ҳама ҳозир барномаҳои шуморо интизор мешаванд. Ва он шахсоне, ки дар «Минбари муҳоҷир» баромад карданд ҳамаи онҳо дар Ҳизби халқӣ-демократӣ аъзо ҳастанд, онҳоро ҳама мешиносад. Дар ҳукумат як утоқи компютерӣ ҳаст. Онҳо ҳама аз онҷо дар барномаи шумо баромад мекунанд. Мо бисёр маълумот дорем, ин шо Аллоҳ боз менависем.

 Бародари азиз! Инро ҳам нависед, ки мадраса он замонҳо хело зебо буд, боғ ҳам дошт. Ҳозир ҳеҷ чизе намондааст, ҳама деворҳо ба замин рехта истодааст, ҳеҷ кас нигоҳ намекунад он ҷои таърихӣ ва макони ниёишу дуову тоату ибодати мардумро.

Дар охир бо ин маълумотҳо номаамро ба фарҷом мерасонам.

Вазъияти бори Истаравшан бе ниҳоят вазбин шудагӣ. Территория бозор ба бор бурди як бор чек мегирад савдоя Сар карди бо як бор чек мегирад. Охин ин чи низому ин чи давлатдорӣ, чи хукуматдорӣ? Охир бозори мева бозори чака қаймок ба стандарт чавоб гуй нест аз бую тафташ дили инсонро беҷо мекунад.  1кг ангури чилагӣ 25 сомонӣ. Ҳоли халки Истаравшан бе ниҳоят вазбину тоқатфарсо аст. Хоҳиш мекунам ҳадди ақал ҳамин наворҳое аз бозори Истаравшан фиристодам ҳаминоя нишон диҳед дар барномаи “Номаҳо” ё ҳангоме масулини ноҳия дохил мешаванду мехоҳанд аз режим ҳимоят кунанд.

Инҳо масоҷиди Истаравшан ҳастанд:

Масҷидҳои Истаравшан:

1-) Ҳазрати Шоҳ

2-) Битонка

3-) Муҳаммадиқбол

4-) Сари мазор

5-) Боботағо

6-) Ободӣ

Дигар масҷидҳо ҳамааш ба пуррагӣ бастагӣ

Пеши мебелникба масҷид кушодагӣ ё не савол диҳед мебаромадагӣ муллошба.

                           Фархор

    Салому алейкум бародари аҳли ислом Муҳаммадиқбол!

 Ман сокини деҳаи Қазоқои ноҳияи Фархор ҳастам. Ман хитоб гуям ё шикоят гуям фарқе намекунад, инашро Юсуф Раҳмони лайк, СС.Ятимови дизлайк, Рамазон Раҳимзодаи поделитса ва Эмомалӣ Раҳмони коментария, ки барои ҳамин чизҳо 5 сол 8 сол зиндон мекунанд, худашон сарфаҳм раванд.

    Ман ҳоло дуздҳоро менависам. Ку бинем зиндонашон мекунанд ё мегӯянд: «ай хдмонай».

  Эмомалии турк! Яке аз туркҳои деҳаамон Зайд номаш. Аввал ҳамроҳи Тураи хешаш дар чандин гектар хоҷагии деҳқонӣ дошт. Ба килои пахта 20 дирамӣ ҳақ медод. Чанд вақт ба ҳамин минвол гузашт. Шерак шуду аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш ба ҳамдеҳаҳоямон, ба чандин одамҳо фурӯхт. Барои сохтмони хона. Пулҳояшонро гирифту ба як хелаш замин, албатта ғайриқонунӣ. Як хели мардумро пулҳояшонро гирифту барои худаш мошини Мерседес харид. Вале онҳоро фиреб карду замин надод. То ҳол онҳо давутоз мекунанд, аммо бефоида. Э, шумоҳо лайку дизлайку поделитсаву коментария равену бисанҷен, ки ма дуруғ гуфтестум ё рост?»

Зайд сумдор шуд, бачаашро хононд. Баъд дар ПТУ-и Фархор муаллим шуд.

Аммо ин як деҳқон аст савод нест, охир муаллимӣ то ин деҳқон чандин километр роҳ аст.

Хуллас, чанд сол муаллим шуд. Бачааш донишгоҳро тамом кард. Ба кор даромад. Ин Зайд сумро доду раиси дастгоҳи ноҳия шуд. Ҳамроҳ бо раиси ноҳия ноҳияро касод кард. Баъд бо иттиҳоми дуздӣ ба даст афтид, қапиданаш. Тихо аз вазифа гирифтанаш. Саҳар рафт, ки дар ҷояш дигар кас таъйин шудааст. Аз пулҳои дуздидааш чандеашро ба мудири маориф дод ва як қисми дигарашро барои он харҷ кард, ки писарашро дар сафорати Тоҷикистон ба Русия ба кор дароварад. Бачааш ҳоло дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав кор мекунад ва як дуздӣ хело калон аст. Худаш дар мактаби ҳамсояқишлоқамон директор шуд. Вақте ин мактаб омад онро ба дискотека, маишатхона вале возеҳтар бигуем ба зинохона табдил шуд. Инҷо муаллимаҳо бо зино машғуланд. Наргис яке аз онҳост. Якеи дигарш муаллим Фарҳод, якеи дигараш муаллима Хайрӣ, ки мамароза аст. Ин мактабро муаллима Хайрӣ ҷазир карда буд. Чунки пеш директор буд дар инҷо. Аз ду деҳа дар ин мактаб мехонанд. Деҳаи мо Қазоқо ва деҳаи Қизилмоҷир

  Ин мактаб аз давраи СССР буд, аз он давра мондагӣ. Мо он солҳо, ки дар ин мактаб мехондем, як параи мактабро «оғилако» мегуфтем. Ҳозир бошад аз талабаҳо сум мегиранду фақат бо оҳак деворҳояшро сафед мекунанд, ки оҳак ҳам дигар намечаспад.

Аз ин параву он параи майдончаи варзиши як ҷуйбор мегузарад. Дар онҷо хоку ошғолро мепартоянд, ки дар натиҷа майдон майда шудааст. Ин гарду хок намегузорад, ки дар ин майдон бачаҳо дуруст бозӣ кунанд. Ҳезуми мактабро медузданд, ангишташро ба хонаашон мекашонанд. Тавба. Фаррошҳои полшуро дар даруни мактаб зино мекунанд.

Коментария, лайк, дизлайк, поделитса хуб гапои мара гуш кунед!

Ин туркҳои деҳаи мо якеаш дар лоиҳа аст, мошини Ҷип саворӣ мекунад, якеи дигараш сардухтури Лоҳутӣ аст, якеи дигараш дар чандин гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад, заминҳои мардумро ғасб кардааст.

 Ҳоло дар бораи бузҳои деҳа мегуям. Якумаш Содиқ, акааш Суҳроб, якеи дигараш муаллими Аҷик, ки бачаш Илҳом дар зиндони Душанбе мардумро ба дод овардааст.

 Як бачаи дигараш Иброҳим аст, ки бузи милисаҳо мебошад. Номҳои баъзеашонро зикр намекунам. Вале агар ислоҳ нашаванд, ҳамаашонро бо ному фамилия ва вазифаашон дар номаҳои баъдӣ менависам.

Аз ин роҳ Шералӣ Хайруллоев, ки аз Қаратов аст садҳо бор мегузараду мебинад, ки роҳ валангор аст, аммо созаш намекунад. Дар ин роҳ чандин бор авария шуд, кудак мурд. Яктоашро худаш лично Девонаев зад, мурд. Тез ҳай мекунад, чуқуриҳои роҳ намемонад, ки рост биравад, мезанад ҷобаҷо мемурад. Ман ҳаррӯз дар деҳаам ва ҳамаро мебинам, ки чи хел туркҳо миллатгароӣ мекунанд. Эмомалии комментария масъалаи ҳамаашонро тез бин,ки коментарияи бисёр менависам!

Share This Article