Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№106

Ислоҳ нет

Ҳодисае, ки дар номаи аввали ин барнома ба қалам дода шудааст, танҳо дар инҷо рух надодааст. Чандин сол аст ки мақомоти милисаву амнияту дигару дигар халқи бечораро барои тамошову лайку ришу шунидани мавъиза мавриди азияту озор қарор дода истодаанд. Бояд ошкоро гуфт, ки ин як сиёсати аз боло тарҳрезишуда аст.

Раҳмонов бо ин кор барои кормандони сатҳи пойини худ ҷойи даромад фароҳам меоварад ва ҳамзамон мардумро тарс медиҳад, ки аз сайтҳои мухолифин дидан накунанд ва бо онҳо дар иртибот нашаванд. Аммо кору амали мо нишон медиҳад, ки тамоми талошҳои Раҳмонов барабас ва бе фоида рафта истодааст:     

                                              Дустӣ

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз деҳаи Мировой, ҷамоати Ваҳдат ноҳияи Ҷилликул нома нашр карда будед. Як бародар мухолиф бо мо дар инҷо кор мекард. Хабар омад,ки модарашро якҷо бо падараш 6-ой отдел бурданд ва худи ӯро  телефон карданд, ки немедленно -се рӯз барои ту муҳлат бихезу биё. Мо гуфтем, ки аслан нарав.

Се -чор руз меқапанд, боз сар медиҳанд. Аммо ту меравӣ зиндонат мекунанд. Таваллуди ин бародар 2002 аст. Хостем дигарҷо гурезонемаш, акааш ба гардан нагирифт. Баракс маҷбур билеташ гирифт роҳӣ кард. Аз онҷо таҳдид карданд, ки ҳатман бо телефони дастат биё. Ваъдааш кардаанд, ки ду сол хизмат меравӣ ва ба номи Ҷаноб як аризаи пушаймонӣ менависӣ, тамом, озод мешавӣ.

   Аммо, маълум, ки дуруғ мегуянд, мешинондаш. Номаш дар фейсбук ….. буд. Аммо, маълум аст ки аз он номаи дар бораи деҳаи Мировой чоп шуда беҳад дар хашму ғазабанд. Чунки онҷо воқеиятҳоро ошкор карда буданд. Онҷо як нафар буд, одами честний. Кор мекард, аммо ҳақашро талаб мекард. Ҳоло ба каллаи ҳамон зада истодаанд. Дар Маскав ҳама раису роҳбарҳои деҳа ҷамъ шуданд. Рафтанд пеши он ҳаромхурҳои золим. Онҷо бачаҳои қишлоқро ҳам ҷамъ карданд.

Гуфтанд, ки ку бихезед, мо аз кӣ пул гирифтем?

Бачаҳо тарсиданд. Ягон кас нахестааст.

Аммо, инҳо имон надоранд. Агар имон медоштанд тобути акаи худашонро намеқапиданд, ки аз мо қарздор аст. 

Дар Тоҷикистон хонаҳои онҳо рафтаанд, ки бачаҳои шумо навиштаанд. Аммо онҳо посилат кардаанд, ки бачаҳои мо нестад.

Сайти он бача номаш Муҷоҳиди роҳи ҳақ буд. Имрӯз парид рафт. Агар бо касе дар тамос шуд бояд ҷавоб надиҳанд. Вай ҳоло дар дасти онҳо аст. Дар дасти 6-ой отдел. Рафту худашро здават кард. Мақсади навиштани ман ин аст ки мардуме,ки бо вай иртибот доранд, бояд огоҳ бошанд, ки мабодо боз ягон касро занг зада ошкор накунад. 

Дар онҷо бузҳо ҳам доранд. Ҳамон сағера руирост пеши раисҳои қишлоқ гуфт, ки ҳамин Зинат ва ҳамин Сафар бузанд. Гуфт бузӣ мекунанд.

                                       Фархор

Ассалому алейкум бародари азиз. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин навиштаро нашр ва навор карда дар барнома аз барои Аллоҳ, паҳн кунед. Ман як корманди КДАМ дар Фархор. Дар Фархор як шахс ҳаст ба номи махсуми Азиз. Ба хело аз занҳои мардум расид. Кори ин шахс фақат ва фақат ҷодугарӣ буд.

 Ман бахшиши бисёр мепурсам аз бародар Исломиддин, ки бо фармони  Солеҳзода Парвиз, (пеш дар прокуратураи ноҳияи Фархор кор мекард) ва ин  ҷодугарро кришават мекард, ин бародарро озори сахт додам. Бародар Исломиддин дар даврае, ки ман куратори ҷамоати Ғайрат будам, бачаи ин ҷодугарро зад. Ин ҷодугар бо суди ноҳия Хуҷамурод соз буд.

Бо ҷодугарӣ ҳамаи корро кард ва тавассуи суд ӯ ва оилаашро ҷудо кард. Он зан дар никоҳи ҳамин бародар буд. Шавҳараш доданд. Ӯро бародари занаш-кари Камол ҳамроҳи очааш Шарифа ва холааш Парчамо ва қорӣ Аҳлиддин, ки шиа мазҳаб аст, якҷо шуда ҳамин кори ғайриисломиро дар ҳақаш раво диданд. Ҳамаи ин маълумотҳои бардуруғро ба ман он вақт Хоҷаев Эмомназар, ки раиси маҳала буд медод. Баъд маълум мешавад, ки ин бача-яъне Исломиддин ӯро бесавод гуфта писанд намекардааст. Ин бародарро ман дар ҳақаш зулм кардам. Барои ҳамин аз тариқи барнома бахшиши маро расонед. Ва раиси деҳаи Карл Маркс ҳозир Дилшоди себфурӯш аст. Дилшод эҳтиёт бош!.

Дар ҳамин хонаводаи ҷодугарҳо Асад ҷодугар аст. Азиз ҷодугар аст, Баҳрулло ҷодугар аст. Хонаҳои мардума тачовуз карда гаштан, Фамилияашон Толибов. Ҳамааш бачаҳои Амрулло мебошанд. Инҳоро як ҷиянашон ва шавҳари хоҳарашон Шамсулло кришават мекунад. Шамсулло дар амният кор мекунад. Хоҳарашонро гирифтагӣ- Мисколҷонро. Ман 1000 бор аз бародар Исломиддин узр мепурсам. Аллоҳ маро бахшад. Ман хело зиёд кофтам бародарро, то ки бахшиш пурсам, надидамаш. Зани ин бародарро дар Ҳамадонӣ шавҳар доданд. Он бародар Ҷаҳонгир ном дорад. То ҳол намедонад, ки талоқи ин духтар нододааст. Ҷаҳонгир шояд надонӣ ту, ки Камол туро фиреб карданд. Нагуфтан талоқи ин хоҳарашон нодода аст.

Бародар, ман чизе навиштам, илтимос дар барнома ҳамаашро хонед. Аз ин ҳодиса се сол гузаштааст аммо виҷдонам маро хело азоб медиҳад. Аз барои худо хонед, ки ман касали саратонам. Дар зиндагиам он бародар маро бахшад. То ҳамин дараҷа азоб дорам, пас аз туҳмат кардан дар ҳақи он бародар, ки гуё салафӣ мебошад, дар ҳоле ӯ як Ҳанафӣ буд. Аллоҳ лаънат кунад Эмомназар Хоҷаевро. Аммо ман касали саратон шудаму хуштомани вай пес шуд. Духтари Эмомназарро ба 3 кудак талоқ доданд.  Исломиддин, ҳар куҷое бошӣ ва агар Ислоҳро тамошо кардӣ, маро бахш.

Ман ҳоло дар як беморхонаи як шаҳри Русия бистарӣ ҳастам.

                                                 Рашт

Салом бародар! Ташаккури зиёд, ки номаи маро дар барномаи «Номаҳо….» ҷо додед. Ман аз Ғарм менависам. Аз Равшан-корманди амният, ки аз Ёвон омада дар амнияти Fapм кор мекунад, гуфтаниам.

Ин Равшан бо як Лексуси rx серебристый, рақами давлатиаш 6655 як сарбозро зад, мурд ҷобаҷо. Ягон чораҷуӣ накарданд. Ин Равшан дар Fapм мардумро беҳад зулм мекунад. Чаро Ятимов ин корҳои вайро пешгирӣ намекунад?

Равшан кадом бачае, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ меояд, фарёд карда мебарад амният: ту дар Русия чи кор мекунӣ, ба чи машғул будӣ гуфта мепурсад, телефонашро мегирад ва мегуяд, ки « мо телефонта мегрем, проверка роиш мекунем Душанбе, як моҳ, ду моҳ мемона дар дасти ман».

  Ягон соҳибкори даруни Fapм аз тарс телефони сенсорный истифода намебарад. Чунки мегиранд телеро ва суми калон талаб мекунанд, баъд телефонашро медиҳанд. Дар дохили қассобхона яъне ғaмнияти Fapм  сахт таҳдид мекунанд. 

  Телефонро мегираду мегуяд ба ту ҷавоб, як моҳ пас телефонат мекунем. Вақте ки мебароӣ посредники махсус доранд, ки ҳамроҳашон кор мекунад. Худашон пешат меоянду мегуянд: «Телефон да дасти Равшанай, ма катиш созм биё катиш маслихат менм бти ягон 12,000 сомон мегримша телефона!! 

Меган, ки агар телефона да дасти амниятиё то чанде беста ба хдта проблемат зиёд шидан мегира!! Ай ҳама вариянти хубш  ҳамияй, ки тез сума ай ягонҷо қарз кн биё телефоната бгир».

                                 Хуҷанд

Салом, кормандони барномаи «Номаҳо». Саломи хос ба шумо Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман шаҳрвандеам, ки аз дастаи ин режим ба дод омадааст. Мо дар оила ду бародар ҳастем. Бародари калониям тули чанд сол дар Русия кор ва оилаи моро нигоҳубин мекард. Ман имсол мактабро хатм карда ба донишгоҳ дохил шуданӣ будам. Тобистони гузашта бародарам аз Русия ба дидори оила омад. Се рӯз паси дари хонаи моро кормандони амният заданд ва бародари маро бо худ бурданд.

Ҳарчанд 3-4 рӯз пушти дари амният рафтем ба мо ҷавоб намедоданд. Баъди 4 рӯз гуфтанд бародари шумо салафӣ аст ва дар шабакаҳои дар Тоҷикистон мамнуъ лайк гузошта наворҳоро пахш кардааст. Аҷибаш дар он ки бародари ман ҳеҷ вақт дар ягон гурӯҳ ё шабака дастрасӣ надошт. 

Ман аз кормандони амният ба мулоқот бо бародарам дархост кардам. Вале онҳо гуфтанд туро ҳам дело кунем мефорадат? (Пас аз чанд лаҳза хоҳарам расид ва ӯ ҳам дархости мулоқот кард. Вале онҳо хоҳари маро ба пурсиш даруниутоқ дароварда фишор меоваранд, ки «навис бародари ман наворҳои мамнуъ дар Тоҷикистонро ба ман ҳам фиристод. Вай рад карда гуфт ин туҳмат аст.

Онҳо таҳдид карда гуфтанд, ки ту ҳоло намедонӣ куҷо ҳастӣ? Подвали моро надиди меҳмон кунем (ҳозир «групповой» мезанем).

 Ҳамон рӯз чанд ҷавони дигарро ҳам оварданд, ки ман онҳоро шинохтам ва сад фоиз медонам онҳо бачаҳои шаҳр ва ҳеҷ робита ба салафӣ надоранд вале афсус онҳо ҳам ба доми амният афтода бо туҳмат зиндон шуданд.  

Хулосаи гап барои озод кардани бародарам як восита ёфтем, ки бо сардори амнияти шаҳри Хуҷанд Қурбонов.Ш кор мекард, яъне пора мегирифт ва ҳал мекард. Вале ӯ як маблағеро гуфт, ки мо надоштем. Бародарам барои 8 сол пушти панҷара рафт ва ҳамчунин чанд бачахои шаҳри Хуҷанд ҳам зиндон шуданд. Қурбонов.Ш ба Хуҷанд тоза омад, вале дар муддати кутоҳ соҳиби мошинҳои гароннарх, чанд хона шуд. Кору бораш арусбозӣ ва воҳима дар кучаҳои Хуҷанд, мошинҳои худро чи хел форад ҳамон хел ронда мегардад. Ба кормандони БДА зурӣ мекунад, ҳамаро метарсонад, ки бо барои лайк напарӣ. Аз дасти ин Қурбонов Ш мардуми Хуҷанд ба дод омаданд, вале сукут карда мегарданд. Агар санҷиш кунед, қариб 700 касро бо ст 307 пушти зиндон бурд ва моҳи сентябр аз тарафи президент мукофонт гирифт. Аз ин маълум мешавад, ки президент аз кору бори вай хабар дорад ва розӣ аст. Яъне барои нобуд кардани ҷавонони Хуҷандро шояд худи президент фармон дод. Гуфтанд Қурбонов.Ш  пушти бақувват дорад, мехоҳад ба наздики ҷои Алихон Зубайдов, раиси КДАМ-и вилояти Суғдро, ки имрӯз роҳбараш аст гирад. Дар байни мардум гап- гап аст ки вай бо авлоди президент робита дорад ва хабарҳои дохили амниятро мерасонад. Қурбонов.Ш як инсони баддаҳан, бадахлоқ, порахур ва бузи авлоди президент аст. Аз даҳонаш ғайр аз гапҳои қабеҳ дигар чи намешунавӣ. Ҳатто муфаттиш ҳам яке аз хешовандони худаш аст. Тамоми (дигар сохтор) кормандони мақомотро тарсондааст.  

Вақте ошно кофтем то ин туҳматро ба бародари ман овезон накунад, хелеҳо гуфтанд вай нафси аждаҳор дорад, зурат намерасад.

 Имрӯз сахт воҳима карда сайру гашт дорад. Аз ба Хуҷанд перевод шуданаш розӣ аст. Мегуяд, ки ҷои руғандор, хуҷандиҳо ҳамааш буз, ҳамдигарро зуд мефурушанд. Байни худ аҳл нестанд. Ин суханҳои худи Қурбонов.Ш аст. Хок ба сари мо, халқи вилояти Суғд! Кадом саг имрӯз моро истифода бурда буз кард? Назан бо ангушт, рӯзе мезананд бо мушт.  

  Президент инҳоро аз сари халқи Хуҷанд дур кунед, ки оқибаташ вой. Ҳар сабр ҳам андоза дорад. Қурбонов.Ш бо ин рафтор сафи мухолифонро зиёд мекунад. Шояд ҳадафаш ҳамин бошад.

  Алихон Зубайдов ҳадафи ин порахур ҷои туро гирифтан аст.

Устод мо аз ин рӯз дар сафи Шумо рост ҳастем ва сабабаш Қурбонов.Ш аст. Ин бадбахти бар сари мо моҳи август 2023 руй дод. Ҳоло бародари маро ба зиндони Душанбе интиқол доданд. Вай акнун ба муҳлати 8 сол дар зиндон мешинад.

                                         Конибодом

   Дуруди худованд бар Шумо, бародар Муҳаммадиқбол! Хостам аз тағйиротҳо ва каме аз дарду ранҷи мардуми Қарақчиқум ва ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом ва ё ҳамон Канадае, ки мардум байни худ садо мезанад, ба қалам диҳам.

Ин нома чизҳое дорад, ки пас аз нашри номаҳои қаблӣ сурат гирифтааст.

Дар Қарақчиқум обро вақти обед яку ним соат медиҳанд. Барқро аз соати 14:00 то 17:00 хомуш мекунанд.

Ҳоло бошад кормандони дузду ғоратгари пулҳои обу свету налог мардумро ғорат доранд. Мо мардум намедонем барои чи дар ин “срокҳои кутоҳ” ба давлат ин қадар пайса лозим шуд.

Охир инҳо дар 33 соли истиқлолият дар деҳаи мо ва ноҳияи мо ақалан 1насос  барои таъмини мардум намонданд. Мо ҳайронем инҳо пулҳои давлатиро барои куҷои Азизмо ҳифз доранд?! Шунидем, ки Озодаи чемпионка дар назди Сирдарё дуввум “дача”-и ду этажа месозад.

Ва барои ҳамин мардум боз зери ғорати налогҷамъкунакҳое, ки бо махсус мошин ба хонаҳои одамон рафта угрожат мекунанд, қарор гирифтаанд. Ҳоло ҷавонҳоро ба кор гирифтанд ва онҳо бо калонҳояшон зану мард мардумро метарсонанд.

Ин чи давлат аст. Худованд инҳоро инсоф диҳад.

Мегузарем ба бузҳо:

Бузҳои амният саводи кофӣ надоранд. Онҳо ду нафаранд дар дохили мошинҳои  жигули дар назди мактаби номери 29-и номи Садриддин Айнӣ ва пеши мағоза, мешинанд ,мелақанд, ба духтарҳову занҳои деҳаи Қарақчиқум чашм ало мекунанд ранги пешвояшон, ки дар ҷаласаҳо ба духтарҳо гаппартоӣ мекунад.

Хитобам ба мардуми Қарақчиқум: “Мардум то ба кай дар Русия мегардед, то кай шумо зери зулми мақомоти русҳо мебошед? Биёед ба ватанатон. Инҷо шумо бояд соҳиб шавед, шуморо инҷо набояд ҳеҷ кас таҳқир кунад, бас аст мурғӣ, мо ранги деҳаи Лоҳути мурғ набудем, нестем ва намешем!”

Дигар буз бошад бо мошини Мерседес назди бемористони деҳа, ки онҷо якчанд бачаҳакои боло мешинанд, лаҳҷаи онҳо аз мардуми Суғд нест, онҳо гапзаниашон хеле бесаводона, бемаданиятона аст, меистад. Якчанд сол пеш якто ҳаминхел буз телефони як бачаро барои занг задан пурсид. Баъд ба жигулияш нишасту зада рафт бо телефонаш, намедонам ин чи давлат аст…

Хуб мешуд ки онҳоро ғармиҳо нобуд мекарданд ва Суғд аз онҳо озод мебуд ва президенти мо Раҳмон Набиев зинда мебуд ва уро Раҳмонов намекушт.

Шумо дар минбар гуфтед ки Набиев бесавод буд, бовар кунед. ако Муҳаммад иқбол, Набиев аз сенздаҳ пуштат босавод буд.

Дар ҷамоати деҳаи Лоҳутӣ вазъият бадтар аст. Онҷо милисаҳои 20 сомонаро оварданд. Дар сардиҳо ба он бечораҳо дили мардум месузад ва камкам пулу пайса медиҳанд, барои рафъи гушнагӣ ва нафсу дилкашии онҳоро каме “утолить” кардан.

Мардуми Қарақчиқум бас аст мурғӣ!

Ҳоло номаҳои Хуҷандро хонда истодаам. Чи хел Навҷувонов бо алҷанубиҳои   кадрҳои наваш Хуҷандро ғорат ва таҷовуз дорад. Бароям ҳамчун суғдӣ ин нобахшиданӣ ҳаст  ва ман ҳамчун суғдӣ дар режими “ожидание” қарор дорам. То ки ин аҷнабиёнро аввал аз деҳаам, аз шаҳрам ва баъд аз вилоятам берун кунам.

Ҳоло Раҳмонов ба ҷои Икроми раиси Амонатбонк, як конибодомиро монд. Умедварам барои тамоми мардум хидмат кунад.

                                        Хатлон

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Сипоси фаровон, ки як қисми номаи моро чоп кардед. Бале,  номаи ман тулонӣ буд. Бори дигар мегуям, ки ман ҳамаи баромадҳои шуморо якто ба якто гуш мекунам. Шумо дар баъзе баромадҳоятон мардбачаҳои ноҳияҳои Фархор, Панҷ ,Исфара ва ғайраро барои мубориза зидди диктатор таъриф мекунед, ки шери нар ҳастанд. Вале ман аз тарафи падариям, ки модараш яъне момаам асли ватанашон Восеъ ва бобоям аз Балҷувон ва аз тарафи модарам бобоям аз Данғара ва  модараш бошад аз Темурмалик, гуфтаниам,ки дар ин чор ноҳия калон шудаам ва аз номи ин мардҳои мубориз сухан мекунам, ки инҳо ҳам шери наранд. Дар мубориза саҳми худашонро гузошта истодаанд ва инҳо аз ман бисёр хоҳиш карданд, ки ба акаи Муҳаммадиқбол расон, ки мо ҳатто лайкҳоро ва поделитсаро фаромуш накардаем. Дар ғарибӣ дар Русия қарор дорем ва ҳамроҳи аҳли байт омадам шаҳрвандии Рассияро дорем. Аммо як зара ҳам инҷо қадр надорем.  

  Мо шахсони бо саводу соҳибилм, ҳатто номзади илм ҳам ҳастем. Гуфтанд агар гражданин шавед, бо дипломҳоятон кори давлатӣ карда метавонед. Пеш мо бо худ мегуфтем, ки шояд дар инҷо зиндагиамон хубтару беҳтар шавад.

 Ба воситаи шабакаҳои интернетӣ кор ҷустуҷу кардем. Кор бениҳоят бисёр аст. Аммо ватк бо офис тамос мегирем мепурсанд, ки «у тебя какая гражданство?» Мо гуфтем шаҳрванди РФ. Баъд гуфтанд, ки ба офис, ба ҳамин суроға барои собеседование биёед. Онҷо ҳозир шудем. Аз афту башараамон дарав шинохтанд, ки тоҷикем ҳатто «сивиамон»– ро нигоҳ накарданд. Гуфтанд, ки «мы только берём славянами, извините что мы не можем вас помочь». Хулоса, бо ҳамон ҳоламон ва корамон ба «чорнарабочиву разнорабочӣ- грузчикӣ, барфрубӣ, ахлоттозакунӣ машғулем». Ҳатто як рӯз маро кор зур овард, аз дард миёнамро қапида- қапида хона омадам. Фарзандҳоям гуфтанд, ки отаҷон барои чи Тоҷикистон намеравем, ин чи аҳвол аст? Модарашон, яъне оилаам суханҳои кудакҳоямро шунавида чунин гуфт: «агар ба ин диплом мо дар онҷо кор кунем, бо он маош аз гушнагӣ мемурем, ё ин ки порахур мешем, ки аз луқмаи ҳаром шояд турма шавем ё бо статия  дафъамон кунанд. Мо таға надорем, ки спасатмон кунад. Дигар ин маълумотҳои панҷсола гирифтаамон дар ягон ҷо кор намеояд».  

Баъд фарзанди калониям гуфт барои чи куча мебароем, дар ҳамаи ҷо тоҷикоҳанд?

Акаи Муҳаммадиқбол ана барои чи мубориза бурда истодаем. Ба фарзандҳои худам гуфта истодаам, ки бо сабаби ана ҳамин оилаи гушназада ҳамаи мо беватан шудаем ва шиносед ин авлоди ҷоҳилро. Фаҳмиданду боз як саволи дигар доданд. Гуфтанд падар барои чи агар не ин пиракиро номашро ранги як қоида кардаанд? Мегуй, мегуй, боз мегуй баъд дар охир номашро мегиранд? Ин қадар таърифи ночаспон?

Фарзандам мегуяд ман ҳамин қадар президентҳоро гуш мекунам. Ин хел сафсаталогия намегуянд. Ному насаб мегиранд тамом!

 Ҳоло аз бародарони данғарагӣ, ки бо мо кор мекунад, як маълумотро расониданиам. Мегуем, ки «намерай дар ватан кор кунӣ, ҳама власт дар дасти Шумо, ягон кори хуб медиҳанд. Мега ма гушназада нестм, у авлод аҳ сер намекуна баъд дар инҷа ман гунаҳгорм? ма дар қабати шумо кор кардестам ку».

 Баъдан як қисаро гуфт. Чанд сол пеш дар  Данғара дар як қишлоқаш (нагуфт номи қишлоқро) Ҳасан Асадуллозода қишлоқи мо омад.  Як чанд гектар заминро аз худ кард. Ҳамон ҷои аҳолинишине, ки мо мешиштем ними хонаҳоро хезонд ва ба дигар минтақа кучонд. Боз замин барои ӯ ками карду ба як қисми қабристон чақа шуд. Ҳамон деҳаро гуфт, ки мурдоҳоятонро бигиред. Аз руи план бояд як тарафи инҷо хезад. Дар ҳамон вақт мардум гуфт мо устухонҳои падаромонро куҷо мебарем? Гуфт пури қабристон аст, бурда аз нав бигуронед! Хулоса корашонро карданд. Халқи онҷо мурдоҳояшонро гирифтанд ва ба дигар тараф кучонданд. Дар як рӯзи борони шадид дар он  қабристон сел омада шушта бурд. Хулоса ҳам худашон бе ватан монданд ҳам мурдаҳояшон дигар бе ному нишон шуд. Ин буд қиссаи як  бародари ҷабрдидаи данғарагии муҳоҷир дар давлати Русия. 

Қиссаи бародарӣ восеӣ, собиқ корманди амният. Дар бораи ҳофизҳо сухан рафт. Гуфт, ки тамоми намуди зино дар амниятиҳо ва ВКД дар шаҳри Душанбе карда мешавад. Шахсан ман онҷо кор ва фаъолият мекардам. Кормандони ВКД-ро фармон медоданд, ки «бра мода дугонаи тенҷи Шабнами Сураёра биёр».

Шабнам дугонаҳои зебо бисёр дорад ва дигар сарояндаҳои номдор ҳам ҳамчунин. Фақат кор зино. Дар кабинетҳои мақомот, яъне офисҳо, дачаҳои Варзоб, меҳмонхонаҳо бо ҳофизон авҷ мегирад.

 Дар дискоклубҳо ҳатто дар райони Восеъ алакай дуюм дискотекара кушоданд, зино дар авҷи аъло аст. Дар худи район раққосаҳои мардина ҳастанд, ки сабзӣ ба дастанд гуфти шумо , бачабозӣ мекунанд. Дар ҳар дискотека ин ҳолат дида мешавад.

Астағфируллоҳ! Баъзе устодони донишгоҳ низ ба ҳамин монанд корҳоро бо донишҷуёне, ки дар дарсҳо иштирк намекунанд ва штрафниканд, барои имтиҳон бояд допуск гиранд, мекунанд. Муаллим мегуяд, ки бо ман ин корро мекунӣ,б аъд дар имтиҳон роҳ медиҳам, вагарна хориҷат мекунем. Баъд хабар ба мо омад, ки рафта муаллимро ҷарима карданд. Худи бачаҳои отдел он муаллимро ҷарима карданд. Гуфтанд ,ки «бра кор куну лекин куна бҷқ, агар хорад думбаат яъне форидакта, пеши мо биё оромш мекунем, уколи гуштӣ мезанем. Дар онҳо дигар раҳм, номус, шарм ва тарс нест».

  Баъд як қиссаи Раҳмонов ва Убайдуллоевро нақл карданд. Мегуянд вақте ки дар дача, дар бассейн бо ҳам оббозӣ карда дам мегирифтанд ҳамон вақт бояд дуюмбора Президент шавад. Убайдуллоев мегуяд, ки Раҳмонов чи шид маслиҳатамон? Ту дар вақташ гуфта будӣ, ки мо агар властро бигирем ба навбат Президент мешавем, ки хилофи конститутсия нашавад? Баъд Раҳмонов дар ҷавоб гуфтааст, ки «хай ман як гуфта будам да»

Баъд Убайдуллоев планҳои ин номарди дукунаи говкаларо фаҳмид. Бисёр супоришҳои ин фнгиро намегирифт. Нақшаҳои сохтмоние, ки дар пойтахтамон  шуда истодааст, биноҳои баландошёна ва ба ҳамин монанд дигар корҳо бояд Убайдуллоев сар мекард. Лекин ба вай ин тупарила иҷозат надод, планро иваз кард чи тавр? Ин говкалла ба хотири Рустами Эмомалӣ нақшаро то омадани фарзандаш, ки имрӯз пагоҳ ҷойи Убайдуллоевро мегирад, як тараф генпланро гузошт. Ҳозир халқи тоҷик медонед чи мегуянд? Ин қадар, ки Убайдуллоев дар сари вазифа буд, пойтахт ин тавр зебою обод нашуда буд. Бинед акнун ин халқро, ки ба чи дараҷа оварда расонданд, ки мегуянд инҳо аллакай сер шудаанд. Бигзор бошанд. Ҳозир як касе дигар шавад то онҳо сер мекунанд, хело вақт мегузарад. Маълум мешавад, ки ҳама медонаду худашонро аз тарси ин режим ба каракӣ меандозад ин халқ. Эй мардум худатон ба забони худатон гуфта истодаед! Чаро хомушед. Ин қадар Убайдуллоев хизмат карда буд, дар охир баъди нафақа баромаданаш нол шуд.

 Убайдуллоев ҳазор бор аз ин говкала дида зуртар буд. Панҷ вақт намозашро дар вақташ мехонд. Ин ваҳшӣ ба таври худаш ҳоҷияй.  Аммо хар ворӣ арақро мезанад.Тамоман намоз намехонад. Муллоҳоро бад мебинад, ҷои куштанашон намеёбад. Саломатияш он қадар хуб нест. Талош дорад ҳарчи зудтар Рустамро дар курсии президентӣ биёрад. Як бори дигар ҳаҷ кард, ки ҳамаи гуноҳҳояш бирезад. Мурданаш қариб омадааст ва   баъд ба гуфти худаш ором дунёро тарк кунад.

                                      Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман ба ватан омадам аммо ҳамон вазъу ҳолу ҳамон корҳо. Ҳеҷ чизе тағйир накардааст. Бадтар шудааст. Халқ намехоҳад, ки дар ватан зиндагӣ кунад. Яъне тарки ватан карда истодаанд. Ҳеҷ кас кас баргаштанӣ нест, аммо розиянд, ки тарки ватан кунанд. Аз Исфара сар карда то Хуҷанд ягон марди шиносро намебинам. Ҳамаашон зану кудаканд. Аз  дасти ин золим на свети бемалол ҳасту на хурокворӣ арзон, ҳама чиз қиматӣ. Аз беобӣ ҳама ҷо хушк ва чул шуда чандин одамҳо зарари калон диданд. Занҳо 30% бе шавҳар, оилаашон вайрон шудааст. Ин Эмомалӣ Раҳмонови калағафс ҳамаҷоро ва ҳамаро ба сараш об рехт.

 Аз дигар давлат коргар оварда бо маоши баланд кор фармуда истодааст. Ҳамон маоши баландро ба халқи худ диҳӣ, чи мешавад?  Ҳатто аз худи шаҳри Конибодом ҳам одамон тарки ватан карда истодаанд. Сабаб набудани ҷойи кор ва зулми зиёд аст ки болои мардум оварда истодаанд. Боз вақте гапи ҳақро занӣ туро салафӣ зада бурда мешинонанд ва ё бар ивази ситонидани маблағи калон озод мешавед.
Халқ чи кор карданашонро намедонанд. Занҳои бешавҳар ва шавҳарҳояшон дар муҳоҷират бударо ин ҳукуматиҳо фанду фиреб карда ба роҳи каҷ мебаранд. Вақте аз оилаат ҷудо шудӣ, алименти баланд талаб мекунанд.

Агар одам дошта бошӣ корҳоятро, албатта, бо маблағи калон ҳал мекунанд. Вале агар дар пушти зан одами боқувват бошад, мард маҷбур мешавад, ки ё ба худ кушӣ даст занад ё ки тарки ватан кунад ё ки чизе дошта бошӣ мефурушиву соф мешавӣ. Нархи алимент ба сари як фарзад 300 сомонӣ. Охир шароити кор бошад ва маблағи хуб гиранд, ин пул барои  фарзанди худат  чизе нест. Вале на ҷои кори аниқ меёбӣ на зиндагии хуб мебинӣ.
Амниятиҳо халқро бисёр хона вайрону бе ватан карда истодаанд.
Яке дар телефонат ягон амри маъруф дошта бошӣ, ё ки риш дошта бошӣ гуё, ки умрат ба охир расид. Агар ин гапҳоям дуруғ бошад Аллоҳ маро дузахӣ бигардонад.
Сохтмони роҳи мошингардро сар кард. Аз дигар давлат коргар овард. Он корро халқи худамон метавонад. Барои коргарони аз дигар давлат оварда маоши на кам аз 5000 сомонӣ баландаш 20.000 ҳазор медиҳад. Ба халқи худ 2800 то 4000 сомонӣ. Ин ақлашро хурдагӣ чи бало? Ин чи хел ҳукуматдорӣ?

Боз бо овози баланд мегуяд, ки ман шароити муҳоҷирро медонам. Эй говкала, агар донӣ, чаро халқро озор дода истодаӣ. Аз свети набуда 30 дирам меирад. Соати  6:30 медиҳад 23 мекушад. 
Адвокатҳои Конибодом роҳи сумкоркуниро ёд гирифтаанд. Барои як ариза нависонидан аз 200 сомонӣ сар карда то 1000 сомонӣ мегиранд. Лекин суд мебарӣ қабулат намекунад. Боз меоӣ пеши адвокат, мегуӣ қабулам накард. Боз мегуяд, ки 400 сомонии дигар медиҳӣ ҳамааш ҳал мешавад. Ин пулро ҳам медиҳиву боз як ҳафтаи дигар аз қафояш медавӣ, ки кай ариза тайёр мешавад. Мегуяд, ки «тоқат кунед. Лозим шавад 3 ҳафта ҳам меистӣ».

Боз вай адвокати давлатӣ будааст. Эҳ вой бар сари ин хели корхона. На номус монду на виҷдону на меҳр ва на хайру барака ва на инсофу имон.

Share This Article