Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№129

Ислоҳ нет

Як хусусият, беҳтар аст бигуям афзалияти барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ин аст, ки тавассути он аз ҳолу ҳаво ва ҳаводису иттифоқоти кишвар огоҳ мешавем ва хонандаву бинандаи мо ҳам чи дар дохил ва махсусан чи дар хориҷа маълумот ба даст меоварад. Як майдончаи табодули хабару маълумот гуем ҳам иштибоҳ нахоҳем кард.

  Нафаре, ки дар навори арусии Рустами Эмомалӣ арақи сару гардани балонигазии вайро пок мекард дар ёд доред? Ҳатто ҳамин Володя ҳам аз марҳамат ва лутфи Раҳмонов бебаҳра намонда будааст. Инро шумо ва мардум аз номаи нахустини ин нашри Номаҳо хоҳед фаҳмид

                   Душанбе

Албатта ин матлаб дар фейсбук нашр шуд вале муҳим ончи дар ончи нашр шуда нест. Чун,ки атрофи он чи гап аст онаш ба маротиб муҳимтар аз худи ончи нашр шудааст.

Дар матлаби фейсбук чунин омадааст албатта бо каме тасарруф онро нашр менамоем.

Аз як амали хеле зишту пасти як хизматчии давлатӣ, ки корманди Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мудири ҳаммом- сауна 82 ҳаст гуфтаниям.

 Ман аз хурдсолӣ маъюби (ДЦП) будам. Барои мани маъюб оби тару буғ ва хушк тартибе, ки ба ман хеле лозим аст ва барои саломатии ман хеле муфид мебошад, ки системаи марказии асабро ором мекунад ва саломатии ман хеле беҳтар мешавад, чун обу ҳаво лозим аст ва ман аз ин тартибот хеле вобастагӣ дорам.

 Дар наздикии хонаи ман, дар маҳаллаи 82 бинои нав сохта шуд ва инҷо саунаи 82  воқеъ аст. Соҳиби он шахсе ба номи Володя мебошад. Ба ман кормандони ин сауна гуфтанд, ки Володя мансабдори баландпоябуда, корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва бо Володя дидор ва мулоқот кардан хеле душвор мебошад.

 Ман хеле кӯшиш мекардам, ки бо Володя мулоқот намоям, то барои мани маъюб ҷиҳати истифода аз саунааш  имтиёз бидиҳад, зеро нархҳо барои утоқи алоҳида хеле гаронанд. Интизориҳои ман ҳафтаҳо давом карданд ва дар ниҳоят ман бо роҳбари сауна, яъне Вододя вохӯрдам. 

Ман хурсанд будам, ки ин ҳама муддати тӯлонии интизориҳои ман бо роҳбари ҳаммом  натиҷаи мусбат доданд. Ман ба Володя дар бораи саломатӣ ва маъюбиам, вазъи зиндагии худ ва нафақахӯр буданам суҳбат карда фаҳмондам, ки имкони пардохти баробари дигар муштариёнро надорам. 

Володя маро бо диққат гӯш ва пешниҳод кард, ки дар як моҳ як маротиба ва танҳо дар рӯзҳои корӣ ва дар соатҳои субҳ ҳаммомро қабул намоям. Гуфт барои ҳар соати истифодаи ҳамом метавонам 60 сомонӣ пардохт намоям. Чунки пас аз нисфирӯзӣ ва қарибиҳои шом ва рӯзҳои истироҳат омадани мизоҷон якчанд маротиба меафзояд. 

Ман бо камоли майл ин пешниҳодро аз роҳбари саунаи 82 Володя қабул намудам ва аз вай хеле миннатдор шудам. Ва субҳи 6 марти соли равон барои фармоиш додани сауна рафтам. Мехостам дар он рӯз ҳаммом кунам. Аммо як шахс ба номи Мунира, ки худро муҳосиби ҳаммом муаррифӣ мекард, бо сабабҳои номаълум хоҳиши маро рад кард ва вақти қабули маро ба санаи7марти соли ҷорӣ аз соати 11:30 то 15:30 таъин кард. Вақти истодан ё истифодаи ман аз ҳаммом 4 соат давом мекард.То дар ин муддат тавонам тамоми протседураи дармонро бигирам.

Ман қарори сармуҳосибро қабул намуда санаи 7марти соли ҷорӣ вақту соати муайяншуда яъне 11.20 омадам ва пеш аз ворид шудан ба утоқи ҳамом ба корманди сауна ба Шаҳром 240 сомонӣ пардохт намудам. 

 Соати 14:00 дари утоқи ҳамом, ки ман дар дохил будам ба кӯфтан сар кард. Ман хеле тарсидам ва дар ҳайрат афтодам ва ба дари даромад омада пурсидам, ки шумо кӣ ҳастед ва чӣ гап аст ва шумо чӣ мехоҳед? Маълум шуд, ки дарро кӣ кӯфт. Муҳосиби саунаи82 Мунира дарро сахт кӯфт ва бо овози баланд доду фиғон  бардошт ва ба ман дод зада ва гуфт, ки ман бояд аз кабинаи ҳаммом  берун шавам, зеро вақт тамом шуд. Ман ба Мунира фаҳмондам, ки ман 240 сомонӣ барои 4 соат ба кормандатон ба ном Шаҳриёр  пардохт кардам. Мунира бошад  хеле бераҳмона ҷавоб дод, ки соати ҳамом 300 сомониро ташкил медиҳад. 

Ман ба  Мунира хотиррасон карда фаҳмондам, ки бо роҳбари сауна, яъне Володя пешакӣ маслиҳат кардаам ва ба ман тахфиф додааст. Дар посух аз Мунира шунидам, ки гуё Володя фармон додааст, ки маро аз утоқи ҳамом берун кунанд, чун вақти ман буд шудааст. 

Чанд дақиқа пас аз рафтани Мунира дарро боз кӯфтанд. Ман ба дар наздик шудам. Маълум шуд, ки як корманди дигари сауна ба номи Шаҳриёр омадааст ва вай  хеле дағалона дарро куфтан гирифт ва бо овози баланд ба ман дод зада зӯроварӣ мекард ва доду фиғон бардошт, ки ман бояд утоқи ҳаммомро зуд холӣ намоям. 

Мани маъюб аз тарсу ҳарос ва зӯроварии кормандони сауна82 дигар натавонистам то охир протседураи ҳаммомро қабул намоям ва утоқи саунаи 82-ро зуд озод кардам.

 Агар Володя хизматчии давлатӣ ва корманди Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин мудири ҳаммом- сауна82 бошад ва нисбат ба мизоҷон рафтори номуносиб ва муомилаи бад кунад, инро чи тавр бояд баҳо дод ва пеши роҳи ин кори зишт ва ҷиноятро кӣ бояд гирад?

  Ба кормандони тобеи худ амр ва фармон медиҳад, ки ба мизоҷони сауна  ва бадтар аз он ба одамони дорои имконияти маҳдуд, ба мисли ман -маъюб чунин муносибат кунанд. 

Ба ман бисёр ҳам дағалона паст заданд, таҳқир карданд, мазоҳу масхара карданд. Ин кори онҳо ҷиноят аст.

 Аз ҳамон лаҳзае, ки бо фармони Володя кормандони ҳамом бо ман зӯроварӣ ва фишор оварданд, ман худро хеле бад ҳис мекунам, ман ба худ омада наметавонам, стресс, депрессия, гирифта саломатии ман бад шуд.

Ин як амали хеле зишту пасти як хизматчии давлатӣ, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҳам мудири сауна82 нисбати ман, як маъюб аст. Ӯ сазовори кор дар мақомоти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест !

Дар мавриди ин матлабе дар фейсбук нашур шуда ба “Ислоҳ”  чунин маълумоти ҷонибӣ расид:

Асалому алекум ва раҳматуллоҳ матлабе дар фейсбук нашр шударо агар хонда бошед дар мавриди шикояти як маъюб аз соҳиби саунаи 82юм. Ин Володяро ман хуб мешиносам агар тӯйи арӯсии Рустами Эмомалӣ, ки консерташ то ба ҳол дар Ютуб давр мезанад Володя ҳамон нафаре аст, ки бо руймолча арақҳои сару руи Эмомалӣ Раҳмоновро давида аз пушташ тоза мекунад ҳамон аст.

Дар Фейсбук як мақола чоп шуд нисбати сауна82,ки соҳибаш Володя мебошад: https://www.facebook.com/share/p/RmMjkhDV651h7nEn/?mibextid=oFDknk

Володя дар вақташ ҳамроҳи модараш дар ЦК, дар ресторан ё столовый официант шуда кор мекардааст.

  Ҳозир бошад дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, хизматчии давлатӣ аст ва ҳамзамон соҳибкорӣ мекунад.

 Дар маҳаллаи 82 дар ҷои мусурка ҳамом сохт, ки бо номи саунаи 82 машҳур аст.

  Тибқи талаботи Қонуни ҶТ  “Дар бораи хизмати давлатӣ” шахсе, ки дар мақомоти давлатӣ мансаби давлатиро ишғол менамояд, ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардад. Володя бар хилофи талаботи ин қонун амал намуда, ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Инчунин Володя бо иттиҳоми амалҳои қавми Лут миёни ҷавонони Душанбе маъруф аст. Инки солҳо дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор мекунад ҳама онро медонанд. Даҳҳо далел дар мавриди ӯ вуҷуд дорад,ки яке аз корҳое Володя мекунад ин амал аст ва мақомот аз ин амалаш ба хубӣ огоҳ доранд. Аммо ба пешво хело наздик асту касе ӯро чизе гуфтан ҳам наметавонад. (Дар дасти “Ислоҳ” ном ва аксҳои чандин афроди дар дастгоҳ буда расидааст,ки Володя онҳоро бо ин кор таъмин мекунад вуҷуд дорад,аммо мегузорем онро барои баъдтар )

                                 Спитамен (Нов)

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Ташаккур,ки номаи моро аз Спитамен нашр намудед. Мо акнун бо шумо ҳамкориро давом медиҳем. Ҳоло боз як маълумоти дигар ироа мекунам. Сардори ОВИР-и Спитамен Саидзода Саидҷон мебошад. Ин Саидзода тамоми қиморбозони ноҳияи Спитамеро кришават меукнад. Боз бозори марказии ноҳия нисфаш ба вай таъаллуқ дорад.

 Вай на сардори милисаро гуш мекунад на дигарҳояшро. Задагиям мегуяд. Вай ба наздикӣ началник милитсия шуданӣ аст. Рутбаи хидматияш майори милитсия аст. Вай ранги Сомон аспро бисёр дуст медорад. Барои иштирок дар бузкашӣ то Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон меравад. Корманди милитсия оё хақи баромадан аз кишварро дорад? Ин Саидҷонро падараш бивший сардори милитсияи Спитамен буд, ҳозир дар нафақа мебошад. Дар мавриди амалҳои дигари ҷиноятияш ҳатман бо факту далел мефиристем.

                          Конибодом номаи аввал 

 Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ин номаи ман аз номи шерони нари Қарақчиқуми Конибодом аст. Бисёр ҳам актуалӣ ва шоистаи нашри зуд мебошад. Аз ҳодисаҳои конкретӣ суҳбат мекунад. Хоҳиш мекунам, ки бетағйир чоп кунед.

 Дар Қарақчиқум шерҳои нари гурдадори миёнбақувват бисёранд. Аммо аксарияташон дар Русия ҳастанд ва аз ҳамин сабаб ҷинояткорон бисёр шудагианд.

 Ҳоло мехоҳем онҳоро нависем. Хоҳиш мекунам, илтиҷо мекунам аз шумо ва ҳамон касе, ки номаи пурдарди мардумро дар сайт бе хатогии орфографӣ чоп кунад. Инҷо тағйиротҳои бавуқуъомада пас аз номаҳои 119,124 ва 126-ро менависам.

Ташаккур, ки номаҳои манро нашр кардед. Ман онҳоро комилан бетағйир аз сайти «Ислоҳ.нет» пайдо карда хондам. Ва натанҳо ман, балки тамоми мақомдорони бодоварда ва обсофкунакҳои бачаҳакои Раҳмонов дар Конибодом хонданд.
Ман пеш фикр намекардам, ки чоплусҳо дар райони мо ҳам пайдо мешаванд. Аммо ҳоло ба ном депутатҳо мактаб андар мактаб сайру гашти чоплусона доранд ва ҷавононро тавсия мекунанд, ки бо хоинҳо гап назананд ва Раҳмоновро ҳамчун Худо наъузубиллоҳ дар Конибодом донанд, вагарна дар оянда ҷояшон дар зиндон аст. Мошинҳои махсус кӯча ба кӯча гашта сигнал медиҳанд барои аниқ кардани мардум.
Ҳоло раиси ҷамоат Фотяи “Абду Каду” фақат бо облава машғул асту тамом. Ӯро бачаҳакои боло заставиташ доранд, то ки пул кор кунанд дар маркази худи ноҳия. Пеш одами қобил буд, аммо ҳоло хеле тағйир хӯрдааст. Фақат кораш дашном ҳақорат ва ғайбат кардани мардум аст ба монанди занҳо. Гоҳо бо мардум ба лаҳҷаи нофаҳмо муошират мекунад.
Ҳоло гардиш дар роҳи оҳан афзудааст. Яъне пеш ин қадар рафту омад надошт поездҳо. Ба фикрам ин кори отаи Исмоили пингвин (Зоир) аст қочоқро бо роҳи оҳан мебарад ба точкаҳояш.
Тағйироти номаи 119 ин аст, ки оқои Қофлонбой ба аскархонаи Ҷаҳонзеб омада бо аскарҳо ва полковнику майорҳои носерами онҷо ош хӯрдааст ва ба онҳо ваъда кардааст, ки барқ медиҳад ба онҳо, то ки Суғдро қирғизҳо зада нагиранд. Яъне ёрдамчиҳои Қофлонбой ҳамагӣ номаҳоро мехонанд. Аммо ин факт аз он далолат мекунад, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хатар қарор дорад ва деҳаҳои мо зери хатари ҳуҷуми қирғизҳо мебошад. Барои ҳамин мо мехоҳем ақалан дар районҳои назди марзӣ барқ бошад, то ки душман аз фурсат истифода набараду хонаи Қофлонакоро ҷузъи аз хоки Ташкенту Бишкек накунанд.
Аммо баъди нашри номаи 124 ва 126 дар Конибодом ягон тағйирот сурат нагирифт. Чунки бачаҳакои амният ҳам Қофлонбойро задагианд ҳам мардумро. Чунки Некрӯзи ниндза то ба ҳол ба хонаҳои бе свети холӣ медарояд ва аз онҷо ба хонаҳои одамдор прослушка мемонад ва дигар корҳое, ки 18+ ҳаст,ки ман онро инҷо наметонам нависам.
Мо мардуми Қарақчиқуми Ҷаҳонзеб ва ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз Эмомалӣ Раҳмонови ҷугии дурӯя, Саймӯмин Ятимови чабераи Чингиз ва Рамазон Раҳимзодаи солим хоҳиш мекунем, ки ин махлуқро аз вазифааш озод карда дигар ба кори давлатӣ марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва уголовный розиск намонад.
Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол, ҳар он чизе, ки шумо дар номаҳои№ 124 ва 126 гуфтед рост аст. Аммо аз ҷониби режими Раҳмонови касофат нисбат ба ин Некрузи ниндзяи корманди шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ягон амал сурат нагирифтааст. Ман намедонам шумо дар як нома гуфтед Буратино –Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД-и вилояти Суғд алкоголики сахт будааст. Агар ӯ маст бошад мо аз Рустами Эмомалии нилобӣ   хоҳиш мекунем, ки ин ниндзяи қошпайвандро пурра аз вазифааш холӣ кунад. Вай ба хонаҳои одамон медарояд. Вақте барқ хомӯш мешавад,дуздӣ мекунад, махсус асбоҳои прослушка мемонад барои слежка кардани манзилҳои одамон.

   Имрӯз сана 30 март аст. Аммо 10 рӯз гузашт, ки ҳеҷ тағйирот сурат нагирифтааст ва ӯро мо шабҳо дар кӯчаҳои деҳаҳои Ҷаҳонзеб ва Лоҳутӣ мебинем. Вай бо воситаи дарахтҳо ба хонаҳо медарояд.
Номи участковойи дигариаш Ансор аст ки вай ҳам буз мебошад. Аз Хуҷанд аст. Чандин занҳои мардумро шантаж карда беиффат гардонидааст. Вай масҷидро ба облавагоҳ табдил додааст. Махсусан соли гузашта ва имсол узбекзабонҳои Конибодомро ана ҳамин шахс азоб дод  ва то ҳол азоб медиҳад. Ҳудуди 850 нафар бачаро облава кард. Ҳисоб кунед, ки аз ҳар кадоме аз инҳо ба ҳисоби миёна 5 ҳазор сомонӣ гирифта бошад чи қадар маблағ мешавад? Ҳол онки аз баъзеашон 10000 сомонӣ ҳам гирифтагӣ аст. Ба занҳо руирост мегуфтааст, ки «бо ман ҳамин кора кунед,ман вай бачаатонро аз облава халос карда ба Русия  мегурезонам».
Ин Ансори хуҷандӣ мардумро ба «бачаҳакои боло». ки ҳоло ба Конибодом  омадаанд, доносчикӣ мекунад. Мошинаш Опел аст, рангаш сабз.

Бузҳояшро дар контакти телефонаш рақам монда ба ин зайл сабт кардааст: буз1, буз 2 ва буз 3. Таҷовузгари оромхислат аст. Байни бузҳояш лақаби Ансори пишакро дорад. Чунки дар яке аз майдонҳо дар вақти зардолупаз ин корро бо пишак карда будааст.
Байни информаторҳояш бо фахр мегуфтааст, ки “мана ҳамиқадар бузичам ҳай, дар фалон кӯча. Пеш аз ман ягонта участковийя бузаш ин хел ман боин мӯл набуд, ман рекорд задагӣ”.
Мехоҳам бо воситаи барномаи “Ислоҳ” ин ду нафарро, ки байни мардуми Конибодом ҳеҷ обрӯ ва ҷойгоҳе надоранд ва лақабҳои ниндзя, қош ва пишак машҳуранд, дуои бад кунам. Чунки инҳо ҳатто дар ин Наврӯз ва Рамазон ҳам ин корҳояшоро бас накарданд
“Илоҳо пулҳои ин дунё шуморо сер накунад,ғайр аз хоки гурҳоятон”.  
Вай ҳатто аз болои туалетҳо ба хонаҳои одамон медарояд ва аз онҷо одамонро мепояд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба муҳоҷирони Конибодом ва хусусан ба муҳоҷирони деҳаҳои Қарақчиқум, Лоҳутӣ ва Маҳрам ташаккур расонида аз Худованд талаб намоям, ки ин садақаи онҳо дар ин моҳи муборак аз ҷониби Худованд қабул ва дар аъмоли онҳо навишта шавад.
Чунки ҳоло деҳаҳои мо аз насос таъмин шуда истодаст ва ин корро на Раҳмонови гурусна ва на Қофлонбой кардааст!
Балки худи мардуми дилсузи Конибодом, мардум ва хуш бар ҳоли онҳо, ки дар ин моҳ садақа карданд ва садақаи онҳо қабул шавад. 
Худо накунад, ки пагоҳ Раҳмонов ба Конибодом омада насоси хайрияи мардумро ба ҳайси откривашка ифтитоҳ кунад. Чунки ин шармандагӣ мебошад. Аммо ин кор дар стили Раҳмонови қош аст. Зеро ӯ як мурдахури носерам ба монанди Некрузи ниндзаи панҷакентӣ.
Аммо аз тарафи қассобон дар ин моҳ ҳеҷ некию хубӣ дида нашуд. Балки ба ҷои гӯшти солим равған дода одамро фиреб медиҳанд. Яке аз ҳамин хел қассобҳо пеши автоостановка аст.
30 март дар маркази ноҳия як оиларо дар вақти бебарқӣ куштанд-як муйсафедро бо якчанд набераҳояш.

Аммо мақомоти бачаҳакои боло мегуянд, ки гӯё муйсафед набераҳояшро кушта бошаду баъд худашро  овехта бошад. Мо мардум ягон шаке надорем, ки ин кори бодовардаҳо мебошад. Онҳо дар Конибодом тамоми мардуми суғдитабори аслиро тафтишҳои сахт карда истодаанд ва агар инҳо хоста бошанд ҳодисаи марги он муйсафедро бо набераҳояш ба гардани ягон бузи худаш мепартоянд .
Мо аз Юсуф Раҳмони қотил хоҳиш надорем, балки вазифадор мекунем, ки ин бачаҳакои уголовныйи ноҳияи Конибодомро аз сар то пояшоно бисанҷад.
Ва дар охир паём ба Ниндзя дорам. Вай, албатта, ин номаро ҳамроҳ бо  бачаҳакои болои маркази Конибодом дар дохили мошини тонировкадораш мехонад. “Мо мардуми Ҷаҳонзеб ва Лоҳутӣ туро меқапем як рӯз не як рӯз. Дониста гир Некрӯзи қош, ки ту дигар ҷои гурез надорӣ. Он хонаҳое, ки дар Русия дорӣ бо занат хонаи мардум хоҳад шуд !”
Бародар Муҳаммадиқбол шумо 3 номаамро нашр кардед. Ин буд финали онҳо. Агар нуқот андар нуқот нашр мекардед ганда зӯр мешуд.
Чунки 8 – 10 сол пеш вақте дар ҷамоат ягон шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ надоштем, дар ҷамъияти мо ягон бангиву одамрабоӣ набуд. Ҳамаи ин корҳо бо омадани ҳамин шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ пайдо шуданд.

  Яке аз газелчиҳои пасти дузд Абдулло аст. Мардумро бузӣ дорад. Пеш моҳиқапак буд.

 Ба ҳар ҳол агар мардум ин беномусиро қабул карда бошад ва беномус шуда бошад аз дасти танҳо ман чизе намебиёду адо.
Ва дар охири нома мехостам аз шумо бипурсам, ки оё шумо оқои Муҳаммадиқбол аз бародарони конибодомӣ қонеъед?!
Ва номаро паём ба шермардони деҳаҳои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ хостам ба итмом расонида бигӯям, ки “Бародарон телефонҳоро тоза карда бояд ба ватан баргашт, то ки ин махлуқоти омадаи таҷовузгарро аз ватанамон берун кунем. Мурғӣ бас аст. Бояд мо худамон бо дастони худ шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи Лоҳутиро ба афроди дилсуз ва муҳофизат мекарда супорем , на ба дуздҳо. Чунки Раҳмонов мехоҳад насли моро тариқи ин лулию ҷугиҳояш  иваз кунад.
Барои ҳамин бояд мардуми деҳаи Лоҳутӣ ҳам ҳаракат карда зану хоҳару модарони худро аз ин ду милисаи палид дар шабҳои торик ҳимоя кунанд, чунки онҳо фақат шабҳои торики бесвет мегарданд. Қарақчиқум номи пешинааш Ҷаҳонзеб аст. 

                       Конибодом номаи дуввум
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман як сокини наздимарзии Тоҷикистону Кирғизистон, бошандаи деҳаи Санҷидзор  собиқ Ҷигдалик ҳастам. Мехоҳам дарди дил ва ҳолу вазъи имрӯзаи маҳалли назди марзӣ ва тағйироти пас аз “Номаҳои 101.109 ва 110-ро” пешкаш кунам. Ман сокини тоҷиктабори Санҷидзор ҳастам. Дар деҳаи мо ҳам тоҷикҳо ва ҳам қирғизҳо зиндагӣ доранд. Свети деҳаи мо ягон бор хомӯш нашудааст ва то ба ҳол хомӯш намешавад. Чунки аз Қиргизистон меояд. Аммо модар ва падари ман дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҳамсоя зиндагӣ доранд ва барқ надоранд ва ман аз ин шарм медорам. Чунки ман ягон хел беҳбудӣ наметавонам орам барои онҳо.

 Дар маркази ноҳия ин режим расмҳои шаҳрвандони худашро гузошта аст, ҳамчун як террорист. Ин кор ба куҷо рост меояд, ки худи давлат шаҳрвандонро дар ноҳияи худ ҳамчун душман муаррифӣ мекунад.

  Баъди нашри ҳамон 2 нома аз қирғизҳо ягон тағйирот сурат нагирифт нисбати ҳамон аспдорони қароқчӣ. Онҳо то ба ҳол дар Ҷинқум бо асп мегарданд ва дуздӣ доранд. Онҳо аз насли муғулҳои Ҷӯҷии бачаи Чингиз ҳастанд.
Баъди нашри номаи 119 ба ана ҳамон Погранзаставае, ки байни деҳаи Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб ҷойгир аст вазифадорҳои баландрутба ба монанди худи Қофлонбойи

қош, раиси вилоят омаданд ва аз аскарҳо дидан карданд ва барқро ҳамон рӯз доданд. Яъне дар Қайроқум 100 фоиз об ҳаст, барқ ҳаст, аммо нафси Раҳмонов адоӣ надораду адонашаванда аст. Ин далолат аз он мекунад, ки ин мақомдорҳо пайгирии номаҳои мардумии Ислоҳ мекунанд. Ҳар вақт имконияти омадани аскарони қиргизҳоро дорад ҳамон муноқиша худаш як исботи калон  буд барои  мо.
Бовар кунед бародар Муҳаммадиқбол ҳар он чи аз Конибодом ва деҳаҳои мухталифи он гуфтеду чоп кардед, рост аст. Аскарҳои тоҷик ягон техникаи замонавӣ барои ҳифзи мардум ва марз надоранд. Инҷо фақат чор полковнику генерали қориишкамба ҳаст. Ба онҳо фармон медиҳад, ки фалон гову гӯсфанд дуздида биёяд ё моҳиҳои Баҳри тоҷикрову халос.
Дар номаи 124 ва 126 дар мавриди Ниндзя сӯҳбат кардед. Вай то ба ҳол дар вазифа аст, қошҳояш пайванд аст, ранги Қофлони қош.
Ҳоло вазъи Тоҷикистон хеле душвор аст. Аз як тараф барқ надорем аз дигар тараф ба мардум паёмакҳо омада истодааст, ки бояд фалон ҷой фалон миқдор пул барои IMEI биспорад.
Бовар кунед бародар. Ҳамаи ин чизҳо аз тарси Раҳмонови барқфурушак далолат мекунад. Мардум кӣ будани Эмомалиро фаҳмиданд. Чунки шумо дард ва ранҷи мардуми моро нуқта ба нуқта гуфтед.
  Мо мардуми Конибодом ҳамагон барқ мехоҳем. Мо на ба президенти давлат курпача дароз дорем, на ба сарвазири гилем кушодаем. Ҳамагӣ барқ ва хонаҳои гарму обдор мехоҳем!
 Ду сол пеш вақте ҷанг байни тоҷику қиргиз шуруъ шуд мардуми мо хеле чашмашон кушода гардид ва хусусан ман, ки дар политика сифр будам, имрӯз хеле таҳлил мекунам хабарҳои актуалии ҷаҳонро.
Дилам ҳам аз Русия мондаасту ҳам аз Тоҷикистон. Ҳар вақт, вақте ки ба хотирам мезанад,  ки ман дар марз зиндагӣ дорам суханҳои рости шумо ба хотирам мезанад ки шумо гуфта будед: агар ҳамсоякишвар ба шимол ҳамла кунад мардум бо онҳо як мешавад ба монанди Қарахониён ва Ғазнавиён, ки Сомониёнро аз ҷиҳати паст будани низом ва ҳуқуқи шаҳрвандонаш заданду гирифтанд. Шумо ин хитобро ба Раҳмонов карда будед ва ман бо шумо розиям бародар Муҳаммадиқбол.
Агар номаи манро дар барномаҳои номахо аз ноҳияхо ҷой медодед, хеле хуб мешуд….
Устоди азиз ! Мо баъдан фаҳмидем, ки он нома дар бораи Тухтасунуғлуро амниятиҳо аз номи мо нома нависта ба шумо фиристода буданд, аҳамият надиҳед.
Ман аз шумо хоҳиш ва илтимос мекунам, ки дар номаҳо ҷой диҳед.  

                            Конибодом номаи севвум
Салом бародар Муҳаммадиқбол!Аз ҷамоати Пулодони Конибодом менависам. 

Ҷамоати  мо 27000 аҳолӣ дорад. Ҳоло на барқ дорему на об. Амниятиҳо мардумро ғорат доранд. Масҷидҳоро маҳкам ва бачаҳоро облава карда истодаанд.

Ҳозир амниятиҳо аз Данғара омадаанд, ба монанди Сорбони киллер. Шабҳо кӯча ҳоро тафтиш карда истодаанд. Мо намедонем инҳо дар ҷустуҷӯи кадом одам бошанд. 18 март, рузи шанбе аз Данғара боз як уголовний розиск омад. Телефонҳои мардумро проверка карда истодааст. Кофта истодаанд, ки бо шумо ҳамкорӣ мекунанд,г ап мезананд, хабар медиҳанд ё не? Мо, рости гап аз инҳо сахт безор шудаем. Худашон ҳам инро медонанд. Барои ҳамин боз зулму ситамро зиёдтар карда истодаанд, токи мардумро тарс диҳанд. Аммо ин ҳол дер давом намекунад. Чунки мардум ҷонашон ба лаб расидааст.

                                      Бустон

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародари муборизи роҳи ҳақ домулло Муҳаммадиқбол.

   Бустон зери шиканҷаи бачаҳакои боло  қарор дорад. Нафарони ба масҷид мерафтаро бо мошинҳояш шинонда, тарсонида ба буз шудан даъват доранд. Албатта, аз байни чунин одамҳо боз ҳатман чанд нафаре пайдо мешавад, ки буз мешавад.

Ман аз Федератсияи Русия ба Шумо ин номаро ирсол карда истодаам. Дар ватан яъне шаҳри Бустон, аз ман бачаҳакои боло хеле пулҳоямро ба монанди ” пилесос” кашида гирифтанд. Бо он пулҳо 2 мактаби замонавӣ сохта мешуд. 

«Бачаҳако»-е, ки дар аэропорт бошад,онҳо аз пилесос ҳам нафсашон бад аст. Онҳо аз душанбегиҳо ва хатлониҳо пул намегиранд, фақат аз мардуми бечораи Бадахшон ва мардуми бечораи Суғд пул мекананд.  

Мехоҳам аз зулму шиканҷа болои мардуми Бустон аз тарафи бачаҳои Абдулло Навҷувонов ва Рамазон Раҳимзода ба мардум ҳикоя кунам.

Дар шаҳр 2 масҷид ҳаст. Ҳамаи муллову домуллоҳои он ба монанди Ҳоҷӣ Мирзои кулобӣ «хиради пешвотаърифкунаканд», бузӣ мекунанд, ки кадом одам чи хел аст, ки чи хел риш дорад, кадом зан чи хел либос мепӯшад ва биографияву умуман «кто по жизн» буданашро ба бачаҳакои данғарагӣ ва кулобӣ хабар кашанд. Барои онки «бачаҳако» гуё ягон чизро барои онҳо “ҳал” карда медиҳанд.

Мегӯӣ, ки масҷидҳои Бӯстон масҷид нею як милисахонаи Навҷувонови Буратино бошад.

Милисаҳо тамоми масҷидҳоро манъ карданд ва мардумро маҷбур карда истодаанд, ки ба онҳо буз шаванду барояшон информатсия диҳанд.

Барояшон фарқе надорад, ки зани мусулмон аст ё марди мусулмон. Тамоми ҷомеъаро мехоҳанд ба як намуд табдил диҳанд. Ҳамаи мардуми мусалмони шаҳри Бӯстон барояшон ба гуфти русҳо “доносчик” ва ё ҳамон буз шаванд. Ва албатта ҳамаи ин амалҳо дар шакли ғайриқонунӣ ва қонуншиканӣ сурат мегирад.

Охир эй Раҳмонов, ин азобу зулм ва шиканҷа аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи ту то ба кай дар Бустон ва Суғд давом мекунад?

Ман пеш фикр мекардам, ки дар Бустон насрониҳо назар ба мусулмонҳо озоданд. Аммо онҳоро ҳам ба монанди дигар афроди худоҷуй, зери азобу зулму шиканҷа қарор медиҳанд. Дар  Бустон ҳол  ҳамин хел аст. Болои мо мусалмонҳои Бустон аз тарафи  ниҳодҳои режими диктотурии Раҳмонови бе хирад хеле номардӣ ва қонун шиканӣ сурат гирифтааст.

Ман намедонам бародар Муҳаммадиқбол, шумо дарду ранҷи мусалмонҳои Бӯстон- собиқ Чкаловскро чоп мекунед ё не? Мо дида будем дар барномаҳои қаблиатон, ки чи хел насрониҳоро зулму фишору шиканҷа карда буданд.

 Раҳмонов то он дараҷа номарди бедиёнат аст ки аз любой одами худоҷуй ва худопараст метарсад. Дар охир талаб дорам, ки дар ҳаққи мо мусалмонҳои ҳақҷуй ва худоҷуйи шаҳри Бӯстони Суғд дуъо кунед.

Худованд ин режимро дар ҳамин сол шикаст диҳад. Омин! 

              Қурғонтеппа

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як ҷавонмарди тоҷик аз шаҳри Қурғонтеппа ҳастам. Ман сокини маҳаллаи «Кайҳонннавардон», доми 78 мебошам. Дар пеши доми мо як доми нав сохта истодаанд. Саҳнаи доми мо ҷойи бозии кудакон ва кушод буд. Аммо ҳозир дом бардошта онро танг ва нафасгир карда ҷое барои бозии кудакон боқӣ нагузошта истодаанд. Мардум ягон кас розӣ нест. Мегуянд, ки инҷо кудакон бозӣ мекунанд, накунед. Мегуянд, ки кудаконатонро лимпопо баред. Ба бошандаҳои дом орду гушту руған додаанд, ки хап кунанд. Аммо ман хап намекунам. Ҳама аз тарс ягон кор карда наметавонанд. Шахси домсоз номаълум. Ҳеҷ кас ӯро намешиносад, намедонад, ки кист. Аммо ҳатман аз оилаи пешво ва ё шахсе аз круги домоду набераи ӯ аст. Хоҳишамон ин аст ки номаамон чоп шавад, то мақомот чораи ин корро бубинанд. Давлаталӣ Саид охир камтар диққат диҳанд ақалан ҳамин маркази вилоятро!

Share This Article