Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№91

Ислоҳ нет

  Агар мунтазир бошем, ки ягон супермен, ягон паҳлавоне аз кадом тарафи дунё меояду моро аз дасти ин режим наҷот медиҳад, сахт хато мекунем. Ҳар кас барои пешравии худаш бояд талош кунад ва ҳар халқу миллат ҳам ҳамин тавр бояд барои рушду нуми худаш, барои ободӣ ва тараққиёти худаш кор кунад. Масалан ҳамин Раҳмоновро бубинед. Борҳо мегуяд, ки мубориза бурданамон даркор. Ва, мубориза мебарад. Муборизаи Раҳмонов барои Озода, барои Рустам, барои Зарина, Таҳмина, Фарзона,…барои Бег Сабур, барои Юсуф Раҳмон…хулоса барои худаш ва авлоди худаш аст.

Пас, мо мардуми тоҷик чи бояд кунем? Мубориза барем, ки тамоми ҳаёт падарамон, худамон, бачаамон, набераамон муҳоҷир ва мардикор бошем? Муборизаи мо чӣ аст? Хуб фикр кунед. Навиштан дар бораи Шоҳрух ва нашри навор барои он аст ки шумо бишиносед, ки киҳо дар сари қудратанд ва бо чи корҳо машғуланд ва шумо бояд барои худатон ва ҳақи худатон мубориза кунед, то аз чунин касифиҳо наҷот биёбем

                                Душанбе

Салом устод Муҳаммадиқбол! Барномаи Шоҳрухро (Мероси падар хоҳӣ…) ҳама тамошо карданд.

Касе бадаш медид, мехост, бубинад, ки чи гапҳо ҳаст, касе тарафдораш буд, хавотир буд, ки мабодо аз вай набинанд. 31 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз бачаҳои Данғараро ҳамроҳ бо командирашон Ҷомӣ кушта буданд. Дар паси ин куштор Эмомалӣ Раҳмонов меистод, ки баъдан дар бораи ин ҳодисаи куштор маълумотҳои ҷолиб мефиристам.

Ҳар вақте калимаи инқилобро аз Шумо мебинанд, мехонанд ё мешунаванд, талхакаф мешаванд. «Бо меган, агар сахт гира Иқбол ягон гап меша». Барои он чунин мегӯянд, ки инҳо руҳияи мардумро аз ману шумо дида беҳтар ва воқеитар медонанд. Маълумоти омориро дар бораи онки чи қадр фоизи мардум бар зидди ҳукумат аст, ба Раҳмонов ва ҳукумат нафрат дорад, медонанд. Медонанд, ки мардум дар ҳолати кафидан аст.

 Аммо, устод ба барномаи «Мероси падар хоҳӣ…»-и Шоҳрух хеле зӯр баромадааст. Шоҳрух гуфтааст, ки «..корои Юсуф Раҳмонай. К…зан через одамош даниҳора рои кадагияй… гуфтааст Шоҳрух.Онаша гом наход омада омада да ҳами руз кни… И, Муҳаммадикбол мехоха ма зангыш занм, зораш кнм, пулш бтум. К….ма гаштай. Давай н…й броен ягон чи ташкил кнен, ҳыши мардум ай и гапо дига сы шава…»

Акнун инҳо ҳар гоҳ ягон камбудиҳояшон барояд ё ягонташ ягон ҷиноят содир кунанд, ки мардум фаҳмад, зуд ягон чи искусственно ташкил мекунанд. Ё боз чанд каси бегуноҳро салафӣ гуфта меқапанд ё дар ягон турма ягон ЧП мекунанд. Бо ҳамин хел номардиҳо талош мекунанд ҳуши мардум аз ин филми Шоҳрух ба дигар самт кашида шавад.  

Юсуф Раҳмон аз хандаву кайф роҳат кардаст. Гуфтаст: «быза Иқбол, чыкыр быза, онашона г…. Гуфтаст, ин сарлавҳара ай гиҷо ёфта бошад? Сад фоиз туғрияй».

Раҳим Рамазонро чашмони тангаш кушод шуд, тамошо кард, фишораш болову пойин шуд. Гуфтаст: “ин Иқбол дар даруни круги мо одам дорад”.

 С.С Ятимов бошад, сахт хурсанд шудааст. Гуфтааст:  «олиям кам гуфтаст Муҳаммадиқбол, чум гуфтаст, ҳамон наворҳоро бифристамша».

Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) бошад гуфтаст: «чоҳкан зери чоҳ. Ҳабиба дуош зад и гя».  

                            Лахш(Ҷиргатол)

  Асаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам ҳамин паёми маро дар канали Ислоҳ, дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед.

Ман аз ноҳияи Ҷиргатол- Лахши имрӯза ҳастам. Ному насабам махфӣ монад. Ман як ҷавонам, ки 25 сол дорам. Рӯзе бемор будам, ба беморхона рафтам, уколу доруямро гирифтаму ба хона баргаштам. Вақте дар роҳ меомадам ришам дароз буд, як бародар Аллоҳ баракат  диҳад ин хел бародарҳои мусалмонро, ба ман гуфт сардори амният дар пеши военкомат истодааст, эҳтиёт шав. Ман хеле наздик будам, намешинохтам сардори амниятро. Чунки умрам дар ғарибӣ гузашт. Ба ман фарёд зада гуфт: «ҳе,салафӣ». Субҳон Аллоҳ ин чи мегуяд, кӣ бошад гуфта ба наздаш омадам. Ту салафиӣ? Валлоҳи ақлу савод надоранд ин коргарони ҳукумати Раҳмонов. Боз мегуяд «муллоӣ, тра кӣ  гуф риш монӣ». Як бузичаашро фарёд кард ва гуфт: «бгире, баре масалаша бине»? Хулоса маро ба амният бурданду ришамро тарошиданд. Баъд аз як ҳафта туй доштам, ҷамоат рафтам.

 Ба ман гуфтанд аввал пеши раиси ноҳия рафта иҷозат гир. Ман ҳукумат рафтам вале раиси ноҳияро наёфтам. Аз ман коргарҳои ҳукумат пурисданд, ки чи кор дорӣ ба раис? Гуфтам маро аз ҷамоат барои гирифтани иҷозат барои туй равон карданд. Гуфтанд рафта сардори амниятро хабар гир, баъд пеши мо биё. Хулоса рафтам амният. Сардори амният ҳам набуд. Баргашта ба пеши ҳукумат омадам. Раиси ҳукумат дар як курсии чубӣ шишта буд, ба наздаш омадам. Медонед бародарҳо, мисли фиръавн дар курсӣ нишаста фармон медиҳад. Пурсид, ки ба чи кор омадӣ? Гуфтам ман туй дорам, гуфтанд, аз раиси ҳукумат иҷозат пурсида биё. Раиси ҳукумат баргашта гуфт: «ин шогирдҳо маро ҳам фаромуш намекарданд,ку». Раис гуфт, ба ман «350 сомони бте туйта гзарондан бгир ҳамуҷата ғам набоша». Аммо ман як дирҳам дар кисаам надоштам. Рафта қарз карда оварда ба ин раиси талбанда додам. Туйямро гузаронидам. Ҳозир бошад, дар муҳоҷирати меҳнатиам. Фақат қарз меканаму халос. Рӯзам дар муҳоҷирати меҳнатӣ мегузарад. Гоҳо гурусна, гоҳо меёбам, гоҳе намеёбам. Аз дасти ин золимон дар ватанам бошӣ азоб дар ғарибӣ ҳам азоб. Намедонам аз зану фарзанд дур, аз падару модар дур. Аммо инҳо дар хонаи гарму боҳаво нишаста роҳат мекунанд, мо азоб мекашем.  

Бародар Муҳаммадиқбол як чизи дигарро ногуфта намонам. Солҳои пеш масҷид пур аз мусалмон буд. Валлоҳӣ қасам як имом буд аз қишлоқи Майдонтерак. Ба назарам Яъқуб ном дошт ва хонааш дар тарафи аэропорт буд. Имоми покдомани соҳибилм буд. Масҷид пур аз одам буд. Аммо аз дасти ин ҳукумат ҳамаи муллоҳо роҳи гурез кофтанду рафтанд. Дигар дар масҷид одам намонд. Ҷавонҳои хурдсол ҳам мерафт, имрӯзҳо манъ карданд. Аз 18сола боло ба масҷид мераванд. Аз қишлоқи Пилдон як имомхатиб ҳаст. Рӯзҳои ҷумъа фақат дар бораи Эмомалӣ ҳарф мезанад, аз мардум ҳар ҳафта пул ҷамъ мекунад. Бо чашмонам дидам. Баъд аз намози ҷумъа пулҳоро ҷамъ карда рост ба ҳукумат меравад.Нигоҳ карда истодам,ки даруни ҳукумат даромад.Дар локи миёнбандаш пулҳоро баста буд.

                                             Ҳоит

   Ассалому алейкум! Бародар Муҳаммадиқбол, Аллоҳ ҳифзу ҳимоятат кунад.

Ман аз Ҳоитам. Дар Ҳоит бузҳо хело зиёданд. Намедонам аз чи сар кунам?Аз зулми амният бигуям аз зулми милисаҳо бигуям, аз зулми танзим бигуям аз зулми мудири маориф бигуям? Бовар кунед, ки мо ҳоитиҳо ҳамакаса ранги мурғ шудаем. Аз Қанди бачаи Шоҳ бигуям, аз Саидшоҳи додараш бигуям, ҳайронам.  

 Биё аз ҳамин наҳанги калониаш сар кунем. Ба худо қасам Ҳоитро хурдану кандан бурдану фурухтанд. Сер намекарда бошанд? Қаноатшоҳ бачаи шоҳ Искандар. Ин бача соли таваллудаш 1991аст. Ангишти Назарайлоқро хурд сер накард. Ҳамаи даромаде, ки дар Ҳоит ҳаст дар дасти ана ҳамин Қанд аст. Бозори гову мол   дар дасти Қанд аст, карйерҳои, ки халқ аз он сангу қум барои сохтмон истифода мебурд, онҷоро ҳам гирифт, пулакӣ кард. Ин аждаҳор хуни Ҳоитро фучида истодааст, кай сер мешуда бошад? Ранги падараш, ки хурд бурду ҳоло ҳам сер нашуд, писараш сар кардаст. Инҳо Ҳоитро тақсим карда истодаанд.

Бародар якум бор аст ки менависам. Агар нашр кардӣ бо пуррагӣ ва муфассал менависам. Аз Асҳоб, аз мудири маориф, аз амният, аз танзим, аз Саидшоҳи додари Шоҳ ва аз милисаҳо.  

                                               Маскав

 Ассалому алайкум бародари мубориз, Муҳаммадиқболи Садриддин! Худованд ҳар фарди тоҷику  тоҷикистониро ҷасорате ба мисли шумо диҳад!
Мехоҳам ин муроҷиат ё даъвати маро чоп кунед. Барои он ки мо битавонем пирӯз шавем, чанд амалро бояд дар ботини худ тағйир диҳем. Иллати нокомии миллати тоҷик дар тӯли таърих ду омил аст. Иллати якум- ин тарс аз ғайри Худо аст. Ҳамин тарсу беҷуръатӣ буд, ки мо аз сарзаминҳои аҷдодии худ рафта- рафта маҳрум шудем ва шуда истодаем.   

   Ҳанӯз дар асри 13 Саъдӣ ва Мавлоно ин ҷиҳати заъфи ҳаммиллатони хешро дарк карда, таъкид карда буданд, ки бас аст дигар тарсончакию сустӣ.! Ҷое Саъдии бузургвор мегӯяд:
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик!
Саъдӣ аз он шоиронест, ки шомили аскарони ҳокими Форс Абубакри Саъди Зангӣ шуда, бар зидди муғулон ҷангида буд. Ҳамин масъаларо шоири дигари ҳамасри Саъдӣ Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ амиқтар дарк карда ба ҳаммиллатонаш таъкид мекунад, ки шумо ҷасорати қаблиятонро фаромӯш кардаед, аммо имрӯз аз туркон дарси ҷасорат омӯзед. Чунончи:
Як ҳамлаву як ҳамла омад шабу торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, на сустии тоҷикӣ!
Дар ин росто Имом Ғаззолӣ мефармояд. Ҳар касе, ки Аллоҳу Акбар мегӯяду танҳо Худовандро бузургтар мешумораду барои Ӯ сари таъзим фуруд меоварад, набояд ин шахс ғайр аз Худо аз каси дигар битарсад. Дар ғайри ин сурат дурӯғ гуфтааст. Садоқати гуфтораш дар дилаш нест. Ҳарчанд бо забонаш Худоро бузург мешуморад, аммо дар дилаш тарси дигар кас мебошад, ин гуна инсон дурӯғ мегӯяд.
   Иллати дуюм, ки хеле нанговар аст, ДУРӮҒГӮЙИСТ. Мутаассифона, миллати тоҷик сахт ба дурӯғгӯйӣ одат кардааст. Эътимоду боварӣ ба кам касоне мондааст.  Дурӯғгӯйӣ ҳам маншаъ мегирад аз тарсончакию буздилӣ. Тарсу ваҳми миллати тоҷик аз даврони туфулият ва аз гаҳвора оғоз ёфта, то замони маргаш ӯро думбол мекунад. Модарон ба ҷойи ин ки фарзандонашонро ба сӯйи ҷасорату нотарсӣ раҳнамун созанд, баръакс аз кӯдакӣ онҳоро тарсондаву буздил тарбият мекунанд. Ба фарзандони худ чунин насиҳату васиятҳо мекунанд: «бачам ҳамеша хапу хомӯш бош, саратро паст бигир, сари хамро шамшер намебурад, ба касе кор нагир, ягон одами золима дидӣ аз роҳаш яктарафа бигурез» ва ғайраву ва ҳоказо. Дар ҳоле, ки ҳар модар метавонад ба фарзандаш чунин насиҳатҳои созанда кунад: «писарам ҳамеша мард бош, нангу номусро шиори худ кун, ба пеши ҳеҷ золиме сар хам накун, номардӣ ба ту намезебад, ҳамеша пайрави ҳақ ва ҳақиқат бош, ҳар золимеро дидӣ, ки ба бечорае зулм мекунад, ту барову гиребони ӯро бидор ва он золимро дар ҷояш шинон»!

   Аз ин рӯ, миллати тоҷикро  мебояд, ки дигар аз ғайри Худо, аз каси дигар натарсад ва дурӯғ гуфтанро бас кунад. Тарсуӣ на умри моро меафзояду дурӯғгӯйӣ на ризқи моро зиёд мекунад.
Меравем ба сари мақсад. Барои он ки мо зудтар ба мақсадамон бирасем, миллати тоҷикро мебояд, ки мардони Худоро, ки барои хизмати миллату давлат қад рост кардаанд, дастгирии молию пулӣ кардан гирад. Мақоли тоҷикист, ки ё мард бош ва ё дар хидмати мард бош!
Пойгоҳи Isloh.tv ҳоло 214 ҳазор обуначӣ дорад. Агар аз ин теъдод 100 ҳазораш кормандони давлатӣ ва сокинони Тоҷикистон бошанд, боқимонда 114 ҳазораш муҳоҷирон Русия ва Аврупову Амрико мебошанд. Ман аз шумо муҳоҷирон чӣ даъват мекунам.
Агар мо муҳоҷирон ҳаррӯза 1 рублӣ ё 1 долларӣ  ба муборизин пул гузаронем, зиёда аз 100 000 рубл ҷамъ мешавад. Аммо агар 10 рублӣ ё сад рублӣ равон кунем, бовар кунед, натиҷаашро зуд хоҳем дид. Дар ин амаламон мо метавонем талхаи Эмомалӣ Шариповичро тезтар бикафонем. Чунки вай гушначашм тарбия шуда, ширро бо олуча омехта карда хӯрдааст, ҳамеша дар ғами пул аст. Мисли Қориишкамба. Бо гирифтани пул ҷонаш мебарояд. Агар рафту ӯ бишнавад, ки ба мухолифон рӯзона 100 ҳазор рубл равон мекунанд, зуд талхакаф шуда мемурад.
Ин касофат он қадар пулдӯстдор аст, ки барои пул лозим шавад, сарзамини Тоҷикистонро  мефурӯшад. Нангу номус надорад. Заминро ба Хитой фурухт, ҳоло ба қирғизҳо фурухта истодааст, қувваи барқамонро ҳоло ба Афғонистон ва Узбакистону ҳатто қирғизҳо фурухта истодааст. Ин барои пул ҳамачиз ва ҳамакасро, ҳатто зану духтарҳояшро ҳам ба савдо мезанад. Ҳар бор, ки мегӯянд, гӯри модараш бисӯзад, мӯйи бадани ман сих мешавад. Наход, ки одам ин қадар беномусу бовиҷдон шавад, ки дилаш ба модари худаш насӯзад. Он қадар модар гуфта, вовайло мекунад, дурӯғ мегуфтааст. Дар ҷойи ин як каси дигар мешуд, барои онки рӯҳи модараш аз ӯ шод бошад, аз зулм даст мекашад, ҳатто вазифаашро монда канор мерафт.
Агар воқеан мо мехоҳем ватан худро аз дасти як диктатори золим халос кунем, дар ватани худ ҷойи кори дуруст пайдо кунем, иззату эҳтиром пайдо кунем, шаҳрҳову ноҳияҳои худро обод кунем, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар биноҳои баландошёна бунёд кардаю проблемаи манзили зистро ҳал намоем, заводу фабрикаҳо таъсис диҳем, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва атоми бисозем, автобусу трамвай байни шаҳрҳову ноҳияҳо барқарор кунем, истеҳсолоти ватаниро ба роҳ монем, захираҳои конҳои фоиданоки худро ба даст бигирем, таҳсилоти мактабу маорифро дуруст барномарезӣ намоем ва иқтидори давлати худро бузург кунем, моро зарур аст, ки нахуст мардони миллатро бо ҳар роҳе, ки набошад, ба сари қудрат ва ҳокимият биёрем. Ба боварӣ гуфта метавонам, ки даҳ нафар мисли Муҳиддин Кабирӣ ба сари қудрати ин давлат биёянд, гулгулшукуфои ин миллату давлат оғоз мегардад. Пас аз ҳамин рӯз сар карда, кумаки молию пулии худро ба муборизон равон карданро сар мекунем. Фаромӯш накунед, ки Паёмбар Худо (сс) чунин гуфтааст: «Рубъу дирҳам хайрун мин алфи дирҳам». Як 25 тин беҳтар аз ҳазор дирҳам аст, яъне ҳар як дирҳам ё рублу доллар ё евро хос барои ризоият Худо ва дар роҳи ҳақ ирсол кунӣ, беҳтар аз ҳазор рублест, ки дар ҷои нораво ва барои риёкорӣ масрафаш мекунӣ. Аз ин гузашта Худованди таъоло мегӯяд: 
 “Ва чист шуморо, ки дар роҳи Худо харҷ намекунед? Ва мероси осмонҳову замин аз они Худо аст. Аз шумо онҳое, ки пеш аз фатҳ (яъне фатҳи Макка) харҷ намудаанд ва ҷанг кардаанд (бо дигарон) баробар нестанд, онҳо аз касоне, ки баъд аз фатҳ харҷ намудаанд ва ҷанг кардаанд, дар мартаба бузургтаранд. Ва Худо ба ҳар яке ваъдаи некуе додааст. Ва Худо ба он чи мекунед, Хабардор аст. (Сураи Ҳадид,ояти 10).
  Пас, ба чунин хулоса мерасем, ки дигар тарсу буздилиро аз даруни худ дур андохта, ба ҷуз аз Худо, аз касе дигар наметарсем ва ба ҷои ин ҷасорату мардонагиро дар дили худ қавӣ мекунем, бо ихлосу таваккал бар Худо карда, ба амал мегузарем. Инчунин дурӯғгӯйӣ бас дигар. Ҳамарӯза кумакҳои худро ба муборизин ирсол кардан гирем, дӯстро аз душман шиносем, хоинро аз хайрхоҳ ташхис карда тавонем, ҳама манотиқи кишвар бо ҳам сарҷамъ шавем ва ҳангоми қиём ва хезиши мардумӣ пушти ҳамдигарро холӣ накунем.  

                                      Ёвон

Салом алейкум бародар Муҳаммадиқбол.аслан напурсед, ки кӣ ҳастам, чун намегуям. Фақат ҳодисаи шударо бароятон нақл мекунам. Ҳамин ҷияни мо хонду тамом карду ба кор даромад- помощник судяи ноҳияи Ёвон. Ҳамагӣ як моҳ кор кард. Бояд бигӯям, ки ин ҳодиса чор сол пеш буд, худаш ба ман накл кард. Гуфт як звонок ба телефонам шуд. Бардоштам худро муаррифӣ кард: « ман писари суди Ёвон, сағерача пагоҳ дар фалон ресторан ташкилӣ мекунӣ, ман меояму гап мезанем». Ташкил кардам, ҳарчи онҳо хоста буданд. Тақрибан расход чорсад доллар шуд. Омаданд, нишастанду хурданду нушиданд. Пас аз он маро гуфт: «инҷо биншин сағирача, рӯзат омад. Мехоҳӣ бо падарам кор кунӣ, дальнейший ҳафт ҳазор доллар, агар не, ҳозир меравӣ, ариза тайёр дар пеши секретарша имзо ва гум мешӣ, чи хел фаҳмидӣ?» Ҷиянам гуфтааст “қувватам намерасад, ба ин пули шумо гуфтагӣ”.Писари суди ноҳия гуфтааст: «тез гум шав аз пешам,ки набинамат, зря омадум ба Ёвон».

Хестаму рафтам ҷои кор, даромадам секретарша гуфт, ки биё ариза тайёр, инҷо имзоятро гузору бирав, инҷо ҷои ту нест, пеш аз ту садҳоша ҳамихел гусел кардам, зиқ нашав, зиндагӣ ҳаминай. Аммо, бародар Муҳаммадиқбол ин ҷияни «чмошник»-и мо то ҳол тарафдори Шариповичай.

                                  Истаравашан

Бародар Муҳаммадиқбол, салом! Ман аз деҳаи Суфи Орифи Истаравшан. Дар барномаи қаблиатон 2 муаллим аз ин деҳа баромад кард. Шумо аз исму сифату хабар савол кардед, онҳо надониста буданд. Боз онҳо амдан худро нодуруст муаррифӣ карданд. Якеаш худро Насим Раҳмонов гуфта буд, аммо ин дуруғ аст, вай дар асл Насим Носиров мебошад. Дигариаш, ки худро муаллими забон адабиёт гуфт, дар асл қаравули мактаб –посбон. Номи аслиаш Ислом. Мардум Исломи куянд мегуянд, ин лақабаш аст.

Бовар кунед қишлоқ ҳама мурғ ва пур аз чоплус шудааст. Мактаби №15 ба номи Мирзо Акбаров аст. Аз сабаби қишлоқ бениҳоят калон шудан як мактаби дигар худи халқ пул ҷамъ карда сохтанд. Мактаби 15 аз даври СССР боқӣ мондааст, беҳад афгор. Дар як гуша ва майда. Мактаби № 62, дуошёна, давлат бо ёрдами халқ сохт. Имсол бошад боз халқро маҷбур карда истоданд, ки боз мактаб созад. Аллакай якум ошёнааш сохта шуд, сохтмон давом дорад. Талабаҳо безор шудаанд. Фақат пул мепурсанд. Дар масҷид ҳам супориш додагианд, аз намозхонҳо барои мактаб пул мепурсанд. Тамоми ҳоҷиҳои қишлоқро руихат карданду аз онҳо 500сомонӣ маҷбурӣ гирифта истодаанд. Боз болои ин аз муҳоҷирони кишлоқ пул ҷамъ карда истодаанд.

   Мегуем, ки мо аз инҷо -аз Русия 5 ҳазор- 10ҳазорӣ додем, ку. Боз, не. Боз аз хона мегиранд. Мебинед ин чихел зулм аст?

  Якум аз мактаб, дуввум аз аҳли масҷид, сеюм аз хонаҳо, чорум аз муҳоҷирҳои қишлоқ. Ҳакимова Қутфӣ, директори мактаб буд, фақат пул ҷамъ мекарду мехурд. Ҳозир раиси қишлоқ шудааст. Боз ҳам пулхурӣ. Директори ҳозираи мактаб Ҳамдамова Ҳалима, завуч-мудири қисми таълимӣ ҳамон муаллими нақша Насим,ки ба саволи шумо ҷавоб надода буд ва исму сифату хабарро надониста буд. Дар бораи Насим зиёд медонам. Занаш ҳам муаллимаи забон аст. 3 фарзанд дорад: Фирдавс, Фируз ва Фарзона.

Фирузашро дар Душанбе, дар Тоҷикистони тинҷу амн, дар рӯзи рушан ду нафар заданду телефону кошёлокашро гирифтанд. Худашро қариб маъюб карда буданд.

  Бародар дар бораи деҳаи Суфи Ориф боз маълумот мерасонам…  

                                        Душанбе

Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Ман як корманди пешинаи Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ мебошам. Дар бораи як қотил, ба маънои комил ва пурраи ин калима гуфтаниям. Ин қотил аз тарафи СС.Ятимов сохта шудааст. Чуинҳо продукти амниятанд, ки дар амалиётҳои ғайриқонунӣ истифода мешаванд. Ба онҳо хонаву дар ва мошин умуман ҳамаи шароитро фароҳам мекунад, то дар кадом ҳолате набошад дастури СС Ятимовро иҷро кунанд. Яке аз ин одамон аз шогирдҳои беҳтарини Ятимов Хоҷаев Сорбон аз Тавилдара, ҷамоати Чилдара, деҳаи Бедак мебошад.

 Ин лаънатии беимонро баъди хизмати сарбозӣ тайёр кардаанд. Ятимов хуб медонад,ки одамони бо истеъдодро аз куҷо гирад. Дар ноҳияи Тавилдара бештар ҷавононе, ки мераванд ба хизмат онҳоро меомузанд. Мегуянд, ки падару бобоҳои инҳо муҷоҳид буданд, дар хуни инҳо далерӣ ва ҷасурӣ ҳаст. Соли таваллуди Сорбон 1997 мебошад. Соли 2017дар шаҳри Хуҷанд корро сар мекунад. Дар вазифаи разветкачии Гуруҳи алоҳидаи махсуси разветка.

  Агар бо ӯ ҳамсуҳбат шавед,  умуман фикр ҳам намекунед, ки ба чунин корҳои ифлос даст мезанад. Дар тамоми корҳои ғайриқонунии СС. Ятимов ва фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ-одамкушӣ аз контрабандистҳои Исфара пул гирифтан ва ғайриқонунӣ гузаронидани мошинҳое, ки пур аз меваи хушк мебошад, пулҳоро Сорбон ҷамъ карда ба соҳибони ҳаромхураш медод. Ҳатто командировкаи афсаронро руирост мехуранд ва мегуянд, ки баъд мешавад ва бо ҳамин тамом, на аз пул дараке ҳаст, на аз Раҷабалӣ. Вале командировкаҳои Сорбонро сари вақт медоданд. Бо ҳар баҳона финансистҳо 10,15 ҳазор медоданд. Бо ӯ ҳеҷ кас сару кор намегирифт, ҳатто командирон. Баъди ҷанги Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел пеш аз ҷанг сар задан Раҳмонов бояд Ятимовро аз вазифа мегирифт аммо баъди як ҳафта 29 апрел ҷанг сар шуд.

Сорбон бошад дар деҳаи Хоҷаи Аъло бо антиснайпер чи қадар тавонист мардуми қирғизҳоро кушт:-бесилоҳ ва силоҳдорро. Бовар кунед аз тарафаи қирғизҳо як портер омад, ҳамааш мардуми маҳаллӣ, ки аз ҷанг мегурехтанд. Ягонтои инҳо гурехта натавонистанд аз дасти Сорбон. Ҳамаи онҳоро парронд. Чунки барои СС.Ятимов ин як шанси охирин буд, ки аз вазифааш наравад.Баъди ҷанг Сорбон    ягон касро гуш намедод. Ҳатто як бор Мирзо Абдулло, ки коменданти Чоркух буд бо Сорбон разбор шуд, Сорбон ба вай гуфт, ки занатро фалон мекунам. Баъди ду рӯз Ятимов шахсан худаш омада ягон дашноме намонд, ки ба Мирзо Абдулло нагуфта бошад. Сорбон бошад ба ӯ нигоҳ карда механдид. Мегуфт шукр кунад, ки занашро бева накардаам.

  Дар постҳои Сурх тақрибан 7 -8 афсар ва сарбоз меистод. Аммо вақте Сорбон пост мерафт худаштанҳо моҳҳо меистод ва мошинҳои ғайриқонунии Ятимовро ба Қирғизистон мегузаронд.
 Мо ҳатто оилаҳоямонро базур таъмин мекардем, аммо Сорбон бошад ҳарруз ресторан ба ресторан кайфу сафо карда мегашт.
 Бо худаш як, ду рафиқ дошт. Онҳо мегуфтанд, ки як духтарро аз шаҳри Ваҳдат гирифта буд, аммо духтар намехост. Ин рост аст ё не, намедонам. Вале рафиқҳояш гуфтанд, ки он духтарро бераҳмона куштааст ва то ҳол ҳеҷ кас ӯро наёфтааст.
Ба тамоми мардуме, ки ин нафари тарбияткардаи СС. Ятимовро мешиносанд, гуфтаниям, ки аз ӯ худро дур гиранд,  ки ин ҳаромӣ раҳму имон надорад. Дар Тавилдара ҳам мегуянд бо ин саги девона ҳеҷ кас кор намегирад. Як шахс гуфт, ки ман ҳамдеҳаи Сорбон мебошам. Ҳоло зан дорад, соҳиби фарзанд мебошад. Аммо СС.Ятимов ӯ ро бо чи вазифае ба Русия фиристодааст. Аз бародарони ғариб хоҳиш мекунам, ки эҳтиёт кунед. Чи қадар ин одам бераҳму беинсоф аст. Ман медонам ва бо ду чашми худам дидаам. Агар ин нафар раҳм медошт як бор фарзандашро хабаргирӣ меомад. Инҳо дасту пойҳои СС.Ятимов ва Раҳмонов мебошанд…

                                       Ҳисор

   Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунам ин номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Номи деҳаи мо Сотсиализм, номи ҳозирааш Садоқат. Ман ин номаро аз Тоҷикистон мефиристам ва шикояти ман дар бораи мактаб ва муаллимаҳои ин мактаб мебошад. Рақами мактаб 92. Ман аз якчанд муаллимаҳои ҳаромхур мехоҳам сухан кунам.

Юлдошев Ҳайталӣ 77-78 сола мебошад. Вай ба духтарҳе, ки хушруянд даст мерасонад. Вай пеш дар деҳаи Чуқураки узбекҳо муаллим буд. Амалан таҷовузи ӯ бо як духтари синфи 8-ро қапида буданд. Ҳозир ин корашро дар мактаби мо идома дода истодааст. Духтарҳои ин мактабро беҳад ҷазир кард.  

Муаллими дигар Сатторова Муътабар аст. Вай аз синфи 1то 9 дарс медиҳад «Ставка»-и ин муаллима дар рӯзи муаллимахо ë ин ки рӯзи модарон аз 15сомонӣ  боло аст. Агар талабае даҳ сомонӣ диҳад, онро чап мегирад ва падарлаънат гуфта ҷанг мекунад. Талабаҳоро ту суми кам додӣ гуфта аз синф пеш мекунад.

  Ва охирон сухани ман ба мардум ин аст ки эй мардуми мазлуми точик то кай ин Раҳмоновро тоқат кунем? Хезед илтимос то ин ҳаромхуро аз сари қудрат бардорем илтимос то ин ҳад тарсончак нашавед.

  Муаллима Сатторова Муътабар, ихтисосаш фанни география ва экология мебошад. Вақте сум барои ягон плакат ҷамъ карданӣ шаванд як плакат максимум 50 сомонӣ меистад, вале вай бошад аз синфҳои 1-9 камаш аз сари талаба 2-3 сомонӣ ҷамъ мекунад ва худатон бинед, агарки 3 сомонӣ ҷамъ кунад, сари 500 талаба 1650 сомонӣ мешавад ва тоза дар дасташ 1600 сомон мемонад ва вақте ки ин сумро вай ҷамъ мекунад дар ҳар як синфхона мегуяд, ки ин плюс барои худамон аст ва инро ягон муаллим ë ин ки муаллима набояд фаҳмад 

Юлдашев Ҳайталӣ аз фани алгебра ва геометрия дарс медиҳад ва ин кори ҳаромашро аз хонандагони синфи 7 то 9 анҷом медиҳад. 

Ва имрӯз боз як чизро шоҳиди ҳол будам. Ба мактаб ангишт оварданд ва кадом синфе, ки дарси табияи ҷисмонӣ дорад ин ангиштро линга карда дар склади мактаб мемонанд ва аҷоибаш дар он аст ки ангиштҳои ин мактабро аз охранники ин мактаб сар карда то диркетору уборшикҳо хушруи калонашро бо хонаҳои худашон бурданд ва хоке, ки дар ҳеҷ чиз кор намеояд истифода мебаранд дар мактаб.

Ҳарруз дар мактаб талабаҳоро аз дарс пеш мекунанд, ки пули китоб, пули обуна биëр ва падар ë модари у агар дар Русия бошад, талабаҳоро мегуянд,ки мур ба он рузат. Падару модарат дар Русияанд, ту аз ҳама қафомондаӣ гуфта ҷанг мекунанд. Мактаби мо зиëда аз 40 сол шудааст, ки кор мекунад ва як проблемаи дигараш ин аст ки аз сари ҳар як талаба 27 сомонӣ ҳарсол ҷамъ мекунанд, барои бур ва ҷорубу дигар чизҳо. Як хел оилаҳо бо як азоб нони хурдаашонро меëбанд. Мо намедонем бо ин ҳаромхурон чикор кунем. Дар зимистон ҳар як талаба бояд ҳаррӯз на кам аз 5дона тапак биёрад, барои зимистонгузаронӣ, аммо  муаллимаҳо дуздида ба хонаҳояшон мебаранд.

  Дузди калони мактаб ин қаравули мактаб мебошад, номаш Салим, ки занаш муаллима шуда кор мекунад. Номи занаш бошад Нуринисо.   

  Вақте ангишт мехаранд ин каравул камаш 4-5 линча ҳар моҳ ба хонааш мебарад. Ман, солҳое, ки мактаб мехондам, чанд бор ангиштро худам ба хонаашон бурдаам.

                            Ховалинг

Салом, бародар. Як шаҳрванди Тоҷикистонам. Мо як бародарамонро ба хизмати ҳарбӣ равон кардем, албатта бо ихтиёри худ. Ваъда доданд, ки ба яке аз ноҳияҳои наздиктарин мемонем, чунки шумо тавонед фарзандатонро тез- тез хабар гиред. Бинобарин сабаб моро дилпур карданд. Аммо ҳоло бародарамон дар Хоруғ хизмати модар- ватанро адо карда истодааст. Аниқтараш дар части 0438-и Хоруғ ва тули се моҳ мешавад, ки ба мо ҳарруз занг мезанад, ки ба номерҳои командирамон сум партоед. Ман мепурсам чанд сум ба ту лозим аст, вай мегуяд  200-300 сомонӣ, вагарна ман мурдам. Мегуем, ки пулро чи кор мекунӣ? Мегуяд шаурма мехурем. Ин ҳолат моро хело дар ташвиш мегузорад. Зеро, ки агар он командирҳои ҳаромхур ҳаррӯз ин қадар пул талаб кунанд аз сарбозони камбағал пас, медонед чи қадар мардуми сарбозбачаҳои камбағали ин миллат ва мардум  ғорат мешавад. Бино бар ин мехостам   ба мардум расонед махсусан ба ҷавонон, ки эй ҷавонон! То рузе, ки Раҳмонови барзагов,Рустами тайлоқ, таҳминаи мочахар дар сари ҳокимиятанд умуман фикри хизмати ҳарбиро накунед ва коре кунед, ки барои ин миллат ва барои ин минбари Расули худо Муҳаммад (с), ки имрӯз бародари исломии мо Муҳаммадиқбол хизмат ва даъват дорад шумо ҳам саҳми худро гузоред, вагарна ба худо қасам, ки фардо рузи қиёмат якояки мо пеши Холиқи якто ҷавоб хоҳем дод ва пеши паёмбарамон шарманда ва шармсор хоҳем шуд.Номи командирҳояшон Саидов Файзидин ва Манучеҳр Каримов аст. (Албатта дар барномаи минбари муҳоҷир бародари ин сарбоз суҳбат ҳам карду акси яке аз ин афродро гузошта будем.

Share This Article