Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №114

Ислоҳ нет

Дар номаи аввали ин навбати барнома, навиштаи кутоҳ аз деҳаи Чоркуҳи Исфараро ҷой додем. Ин нома кутоҳ ҳам бошад, аммо ҳолат ва манзараи имрӯзаи на танҳо ин деҳа, балки тамоми Тоҷикистонро нишон медиҳад. Гирудор, боздошту таъқиби шаҳрвандон барои адои тоату ибодат дар ин авохир аз нав авҷ гирифтааст. Аз манотиқи мухталифи кишвар ҳамин гуна номаҳои эътирозӣ ва хашмолуди мардум ба мо расида истодааст, ки ҳукуматдорон боз ҳам барои анҷому адои фароизи динӣ болои мардум мушкил ва масъала сохта истодаанд.

Ҳамватанони азиз, фаромуш накунед, ки мақоли халқиро, ки мегуяд: «сагро, ки аҷалаш расид ба меҳроби масҷид шоша мекунад». Ҳоло инҳо, ки бо муқаддасоти мардум дар набарду масоф ҳастанд, худро, сиёсаташонро ва давлаташонро нишон дода истодаанд. Нишон дода истодаанд, ки чи қадар аз дину оини ин мардум мутанаффиранд ва дар дину оини мардум аду ва душмани худро мебинанд:

                                   Исфара

Ассалому алайкум кормандони Ислоҳ. Боз аз Чоркуҳ менависам. Баъд аз охирин номаи навиштаам  амнияту миллисаю ҷамоат ба якдигар шурида бо ҳамдигар бо хашм нигоҳ карда истодаанд. (инро як одами дар даруни худашон кор мекардагӣ, ки ба ман наздик аст, гуфт) Ҳозир вақте аз ҳар намози панҷвақта бароӣ, дар назди ҳамаи масҷидҳо 2 ё 3 корманди амнияту милиса бачаҳоро бепурсиш ба мошин савор карда ягон туҳмат зада сум гирифта истодаанд. Ин бачаҳо аз Қуруқи боло ва Таги сада мегуянд, ки ин корро Лайсиддин Шаропови раиси ҷамоат ташкил карда истодааст. Ҳатто коркунони ҷамоат мегуянд, ки аз фалон ҷо ин қадар гирифтем, аммо ба мо 300сомонӣ дод. Чи мо руямонро сиёҳ карда мегардем? Аз паи дигар кор шудан даркор. Охири ин кор нағз намешавад, хубӣ намеоварад.

                                     Ҳамадонӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!

Ман як ҳикояти дуздони ноҳияамонро ба шумо мерасонам. Аз ҷамоати Дашти гулои ноҳияи Ҳамадонӣ ҳастам. Ҳабдаҳ сол аст ки дар Русия қарор дорам. Як рӯз пеши раиси ҷамоат рафтам. Номаш Ҳабибуллои Исмат. Садқаи номи Ҳабибуллоҳ шавад. Ба вай гуфтам ман ду сол пеш ариза дода будам. Шумо раисед, кай ду гектар замини моро медиҳед? Ду сол шуд аризаи маро. Медонед чи гуфт? Гуфт: “ куҷо рафтед Русия, меистодӣ, замин мегирифтӣ. Гуфт, ана он фалонӣ, магазазинчӣ замин надошт, рафту харид. Рав аз ин ва ё аз он хоҷагидор бихар”.

Чунки ин раиси беинсоф ҳамаи заминҳоро ба номи Даҳсолагии Истиқлол гузаронидааст. Ҳамроҳ бо Одиназода Бозоралӣ, раиси ноҳия ва ҳамин раиси ҷамоат Ҳабибулло ҳамаро фурӯхтанд. Боз чанд нафар думраву чоплус дорад. Як Раҳимчаи канаи нимваҷаба. Боз ду зан дорад. Ин Раҳимчаи кана котиб аст. Ягон справкаро бесум намедиҳад. Нарх дорад. Аз даҳ сомонӣ сар мешавад. Ин Раиси Ҳабибуллои заминфурӯш наздики 60 гектар заминро ба Бег Сабур додааст. Бег Сабур як нафарро вобаста карда аст. Як даҳ сол шуд, ки сари гектар ҳар сол чаҳор ҳазор сомонӣ ошкоро мефурӯшад. Он нафари заминҳои Бег Сабур ба ӯ вобастакардашуда Саид ном дорад. Аз Арачии ноҳияи Фархор. Имсол як гектар заминро бистҳазор сомонӣ гуфта истодааст. Ҳабибуллои раис бо пули ҳаром дар Дашти ҷум қариб ду ҳазор сар гусфанд дорад. Ин ҳамаро аз ҳисоби колхоз дуздиду бурд. Мо аз вай мепурсем, ки ку техникаҳои колхоз? Чунки тамоми техника ва тамоми заминҳоро фурӯхтааст. Ҳатто даруни заҳбурҳоро боварам кунед  фурухт.  Мегуяд, ки аз боло супоришаш медиҳанд, ки сум карда биёр. Ин раиси ҳаромхур боз як ҷура дошт бо номи Ғанӣ Мурод. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳояшро ҳамон мекард. Ин Ганӣ Мурод як ваҷаб замини парчовгардро медид, хабар медод. Ҳамаро фурӯхту рафт. Ғанӣ Мурод ва Ҳабибуллои раис бисёрии заминҳоро ба хешу таборҳяш тақсим кард. Дар рубаруи мактаби мо заправкаи Зафари девона, хеши Ҳабибулло ҷойгир аст. Ин Зафар бо баҳонаи заправка  бо ҳмроҳии бародараш Хуршед тамоми заминҳоро забт карда гирифтанд. Аз руи қонун рубаруи мактаб мавҷуд будани заправка мумкин нест. Боз дар наздикии он бозор аст. Панҷ-шаш сол пеш дар бари ин заправка, ки магазини строителний ҷойгир буд дар гирифт. Худо раҳм карду сухтор ба заправка нарасид. Вагарна як фалокати сахт мешуд. Чанд вақт аст касали қанд аст. Худо қандашро панҷсад кунад. Аз дасти ин мо то ҳол безамин ҳастем. Ҳоло шунидам, ки корро бас кардааст. Пеш аз вай як нафар раис буд бо номи Саъдулло. Агар раиси ноҳя мегуфт, ки сум биёр, мегуфт, ки сум нест. Барои ҳамин ӯро аз кор гирифт. Ҳабибулло раис шуду омад ва заминфурӯширо ба арши аъло расонд. Қариб буд, ки кучаҳоямонро ҳам фурӯшад. Ҳозир дигар замин намонд, фикр карданду як роҳи дигар баровраданд. Одамҳое, ки барои даҳ сол замин гирифта буданд, ҳуҷҷатҳои заминҳои онҳоро иваз карда панҷсолӣ карда истодаанд, то ин ки зуд-зуд ҳуҷҷат кунанду боз инҳо сум кананд. Барои як оформити документ ҳар як заминдор панҷ ҳазор расход мекунад. Ба ҷойи ин нафари дигар омад. Гуфтем шояд беҳтар шавад, аммо ҳеҷ фарқе накард. Ҳамаашон продажниянд.

Чанд вақт пеш дар мактаб форма тақсим карданд. Маҷбур карда истодаанд, ки барои кудакҳо бихарем. Сесаду панҷоҳ сомонӣ. Агар нахаред, бист сомонӣ биёред. Бародар Муҳаммадиқбол, мактабамон нав аст. Лекин бо ин суми ремонт дар ҷонамон заданд. Як рӯз пеши директори мактаб даромадм. Формаро оварданд дар  пеш тал кардагӣ: духтаронаву бачагона. Гуфтам инҷо магазин аст ё ки мактаб? Мегуяд, ки чи кор кунам, аз маориф мегуянд, ки сум куну бигиру биё. Директор мегуяд, ки ҳар моҳ себорӣ суми лухтак, обуна,ин буна бошад, ҳар сол нархаш боло ммеравад, мегуяд, ки ҷамъ куну бигиру биёр, ҳазору шашсад сомонӣ, чи кор кунам? Бо ин қадар сум гуӣ, ки дарс бидиҳанд. Не, талабаҳо савод надоранд. Вақти муаллим дар сумҷамъкунӣ мегузарад.

Бародар гуфтанӣ зиёд аст. Ба наздикӣ ҳаҷ меравам, дар ҳақат дуо мекунам, ки худованд барори корат диҳад, зуд биёӣ ба ватанамон аз ин ҳукумату ҳукуматдории Раҳмонов хаста шудем.

                                                   А. Ҷомӣ

 Ассалому алайкум домулло Муҳамадиқболи Садриддин! Ин нома аз як омузгори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст.  

Ман як омузгор, собиқаи кориам 26 сол, маълумоти оли дорам, (категорияи олӣ ҳам доштам)! Ман соҳиби 4 фарзанд мебошам. Оилаам хонашин аст. Соли 2020 фарзанди калониамро ба шавҳар додам. Аз ҳисоби камбуди рӯзгор барои маъракаро гузарондан аз банк як ду сум қарз гирифтам. 2 смена дарс медодам, маошам 2600 сомонӣ буд. Ин 2600 сомонӣ албатта ба рӯзгорам намерасид. 3 фарзанди дигариам мактабхон. Барои қарзи бонкро маҳкам кардан ба Русия ба муҳоҷират рафтам. Дар муҳоҷират шукронаи Аллоҳ бо ёрдами шогирдонам, корҳоям нағз буд. Дар давоми 6 моҳ қарзи бонкро маҳкам кардам ба ватан баргаштам. Сентябри 2021 боз ба мактаб рафтам. Манро боз ба кор қабул карданд, аммо категорияҳои олиам сухтаст. Бародар Муҳамадиқбол ин магар аз руи инсоф аст. Охир мо омузгорон аз ягон андоз озод набошем, баробари Прокурору, судяҳо пули барқ, андози замин, андози об, пенсиони фонд, пул барои рушди ноҳия, ҳармоҳ 20 сомон  барои ободии мактаб, пул барои комиссияи ба мактаб меомадагӣ медиҳам. Боз 3 фарзанди мактабхон дорам. Барои онҳо сару либос, ашёҳои хониш. Ин ҳама барои як омузгор мушкил аст. Чаро ҳукумати тоҷикистон бо мо омузгорон назари хуб надорад. Охир  ояндаи миллат ҳамин ҷавонон мебошанд. Мо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ягон лгот надорем. Ба кадом корхонаҳое равем пул медиҳем, бе пул ҳеҷ кас коратро буд намекунад. Дар ноҳияи мо сатҳи маориф ба дараҷаи нол расидагӣ аст. Чи ободие шавад, аз тарафи падару модарон мешавад. Ин ноҳия як шалаш кантор шудагиаст. Касе, ки чи хеле хоҳад кор мекунад, порагирӣ ба дараҷаи аъло расидааст.

  Дар охир муроҷиат ба президент Эмомали Раҳмонов!  Ҷаноби олӣ ҳушатонро ба сар гиред, ҳукуматро ба ҳоли худашон нагузоред, ягон вазиратон ба шумо содиқ нест, аз пеши шумо мебароянд боз ба корҳои порагириашон сар мекунанд. Маорифро дар ҷои аввал гузоред, ҷавони бесавод миллатро ба нестӣ мебарад.   

                                                    Қабодиён

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Қабодиён мебошам. Дар ҷои мо як чанд вақт аст як ҳаром бо номи Хайруллозода Зафар сардори бахши шиносномадиҳии ноҳия шуд. Вай аз ноҳияи Данғара мебошад. Ин ҳаромхур дар ноҳия кадом зан паспортгирӣ ояд ва ё ягон кораш афтад ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад. Зиндагии чанд нафарро вайрон кард.

 Ягон мақомот ба ӯ чизе карда наметавонад. Шуъбаи паспортний столро ба монанди бозор кардагӣ аст. Ҳамин як се рӯз пеш ман дар онҷо будам. Ба худо қасам як зан даромад пешаш. Он зан чунон гирён буд, ки худашро қапида наметавонист. Бо ин зан Зафар ҷангу даъво дошт, ки зиндагии духтарамро вайрон кардӣ, ман аз болоят шикоят мекунам ба МВД, аз кор озодат мекунанд. Яъне духтари ин зан шавҳардор будааст ва бо ӯ амали маҳрамона анҷом дода будааст ва домодаш огоҳ шудааст аз ин кор.Зафар тарафи зан мегуяд, ки “Ман очаи мара озод кардагира фалон мекнм, бо метм пул ҳамаш к..фалонамворӣ қад мешаванд, пеши коми меравӣ рафтан гир.” Он занро аз ончо коргарҳояш бароварданд. Баъд як коргараш гуфт, ки сардори кадрҳои навро ҳамин ҳафта 50 ҳазор доллар додааст. Инро аз ҷояш намерасанд, инҳо данғарагианд. Мо мардуми ин ноҳия ба худо аз ҷонамон сер шудем. Аз инхел ҳаромҳо кадомеаш меояд ба ин ноҳия аз Данғара ҳастанд, вазифаҳоро мехаранд ва инҳо инҷо меоянду тамоми мардумро хонавайрону зулм карда мешинанд. Чанд вақт пеш бачаҳои қишлоқ заданиаш буданд. Аммо як бародарамон гуфтанд, нарасед, ки ҳамаамамонро суд мекунанд. Наход инхел бе инсофҳоро фақат ноҳияи мо равон кунанд. Ба камаш зиндагии се нафарро аз медонистагии ман вайрон кард. Лекин ягон мақомот чораашро намебинад. Ҳамон зан рафт шикоят карданӣ ба Душанбе, лекин ягон гап нашуд. Ба назар мерасад, ки ин Зафар дар ҳақиқат ба сардори ҷадиди  кадри МВД  50 ҳазор доллар додагиаст, ки ӯро аз инҷо нагирад. Зиндагии даҳҳо одамонро вайрон мекунад ин Зафар. Ман ин мақомотро он қадар нағз намешиносам. Номи он одам, ман аз  коргари Зафар фаҳмидам Ҳасан ё Ҳусейн будааст. Ин кадом одаме ҳаст, ки тамоми ноҳияро ба дод овард ва вай дар ноҳия хона карда истодааст. Ин худаш аз Данғара. Инҷо бо чи мақсад хона мекунад, ҳамин корҳоро медонанд ҳамон дар болобудаҳо. Вале ягон чора намебинанд. Барои онки  ҳамаашон ҳаромхуранд. Ҳамон рӯз ман барои гирифтани паспортам рафта будам. Мехостам, ки ҳамон курсии зери пояшро ба сараш шикаста майда кунам. Аммо боз худамро доштам. Чунки модари бемор дорам, дигар роҳи таъмини хонавода дар кишвар вуҷуд надорад. Маҷбурам ба  Русия ба кор равам. Аммо мутаассифона касе ба доди мардуми ноҳия намерасанд.

                                 Бохтар

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Фикр намекунед, шояд вақташ омад, ки он нома-раддияе, ки ба Идибеки бохтарӣ навишта будам, нашраш кунед. Он номаи ман хеле вақт аст, ки дар дасти шумост. Ин ноҷавонмард аз ҳад гузаронд. Як рӯз дар эфираш мегуяд писари Муҳаммадиқбол ину он аст ва мегуяд дар Германия қонуне будааст, ки падар агар болои фарзандаш фишор биёрад, фарзандашро маҷбур ба кадом коре кунад, падарро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Барои ҳамин фарзандҳо дар онҷо озоданд, гапи падарро намегиранд. Маънои гапаш ин аст ки

гуё Умар гапи шуморо намегирифтааст ва мегуяд Тоҷикистони худамон беҳтарин аст, ки гап -гапи падар аст, падарон чизе гуяд ҳамон мешавад. Магар ин ноҷавонмард дуруст мегуяд? Не, албатта. Агар як падар фарзандашро гуяд намоз хон, фарзанд нахонад ва фарзандашро маҷбур ба намоз кунад, ки ин ҳақро дорад, ё ин ки падаре духтарашро водор ба пушидани сатр кунад агар ин фарзандон рафта ба амният ё милисаву прокурор арзу шикоят аз болои падарашон кунанд ки падарамон моро маҷбур ба намоз ё сатр карда истодааст, дар ин ҳолат худо ба он амниятиву милиса медиҳад. Дигар он падарро ончуноне мекунанд, ба мурданаш розӣ мешавад. Ончунон фишор меоранд, ончунон пулашро ҷафида мегиранд, ки то охирон говашро фурухта бурда ба амнияти ноамн медиҳад, то ҷонаш халос шавад ва ин палиди Идибек мегуяд дар Тоҷикистон чунин аст, ки гап гапи падар аст. Аммо дар асл на гап гапи падар, гапи пешвосту амният аст.

 Вай боз мегуяд мана ба наздики як аъзои Гуруҳи 24-ро аз Германия ба Тоҷикистон равон карданд. Мегуяд, ки «уво агар да фикри бародарой хдшон бошан, да фикри азоҳои хдшон бошан, чида нарафтан пул бтиян буроранш  мешид. Мерафтан ба милесаҳои Германияра пул дода меброварданша».

    Ин гуспанди Идибек гумон кардааст, ки Олмон ҳам мисли Тоҷикистон як давлати коррупсионер аст гумон кардаст, ки бо пул ҳамаро харида мешавад, гумон кардааст, ки Олмон ҳам мисли Тоҷикистону Русия як давлати фасодзада аст. Яъне ин палид бо ин гапҳояш худаш алакай тасдиқ дорад, ки Тоҷикистон як давлати фасоди ришвагириву ришвадиҳии коррупсионер аст.  

  Ва боз дар бораи ӯ афғоне, ки дар бораи Салмон навор карда буд, ин Идибек қасам мехурад, ки он афғон дар Тоҷикистон нест, дар Афғонистон аст.

  Магар он афғон аз Афғонистон имкон дорад чунин гапҳоро бигуяд дар ин давраи ҳукумронии Толибон? Магар бо чунин туҳматҳои бадахлоқона он нафар аз Толибон наметарсад, ки дар саҳифаҳои интернет гап мезанад ва гуё бо оилаи  Салмон рафту омад доштааст. Ман инҷо ду вариантро мебинам. Ё он афғон дар Тоҷикистон аст, чи тавре, ки шумо худатон гуфтед, кадом устои телефонсозкуни Садбарг будааст, ки Идибек баромада қасам мехурад, ки Муҳаммадиқбол дуруғ мегуяд, вай дар Афғонистон аст. Дуюм вариант ин аст ки агар дар Афғонистон бошад ба Толибон ҳам дар ин туҳматнома шарик ҳастанд, ё ин ки огоҳона бо ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ин туҳматномаро дуруст карданд.

Ҳаммаслаконашонро мегуяд дар ҳамин гуруҳҳо шомил шуданд, меқапанду маҳкамашон мекунанд, барои чи инҳоро ёрдам намекунанд, барои чи ҳамон ҳаммаслаконашонро озод намекунанд.

 Ин хиёл кардааст, ки бо взятка милисаи Олмонро ҳам харида мешавад. Агар мо аз руи донишу илми сиёсӣ гирем шояд Эмомалӣ Раҳмон даҳ дар сади баъзе аз ҳамон сиёсатмадорони дарбориашро надошта бошад, шояд дониши сиёсии Раҳмонов бо ҳамин Идибек дар як сатҳ бошад, аммо ба Раҳмонов борҳо раддия навиштед, на танхо раддия балки барномае бо номи Зери зарабин ҳам доштед. борҳо баромадҳои Раҳмоновро таҳлил карда ҳар як суханашро дар барномаи Зери заррабинатон ба мардум фаҳмонидед. Агар ҳамин Идибекро низ як барномаи Зери заррабин карда суханҳое, ки дар навори охиринаш кардааст таҳлил карда ба мардум фаҳмонед. Вай  гуфта истодааст ба блогерҳо, ки «буроен барой ҳаму гуруҳо гап зане, ки оби дидаи модаро нареза, оби дидаи падаро нареза, буроен гап занен, ки як бародари мора саргардон накунан, пушти панҷара нашинонан».

 Ин номард худаш ҳар касеро бад мебинад, зидаш гап мезананд, бояд ҳама блогерҳо дар фикри ин розӣ бошанд, гапи инро бигиранд, чизе, ки мегуяд, бояд ҳама хоставу нохоста ҳамон гапро бигуянд, ҳама хоставу нохоста дар фикри ин розӣ бошанд. Яъне ин ба он маъно аст ки ҳама бояд ба фикри як диктотур розӣ бошад. Ин хел фикр намекунанд, ки ҳар як одам дар болои гарданаш сар ва фикру назари худашро дорад, ҳатто дар бораи ҳар ҳизбу гуруҳу ҳаракате, ки бошад набошад. Ва боз гапи дигараш ин буд, ки мегуяд Ҷамшед дар худоии модараш 5 ҳазор роҳӣ накардааст. Падару модар мегуяд, моро ба як умед калон мекунанд, ки   дар пирӣ дастгирашон шавем.

   Аз мухолифон пул гирифтан дар Тоҷикистон ҷиноят аст. Аммо ин ноҷавонмард мегуяд, ки Ҷамшед дар худоии модараш 5 ҳазор ҳатто напартофтааст. Аҷиб. Инҳо мегуянд, ки пули шумо ҷиноят аст боз талаб мекунанд, ки дар мурдаи модараш ё худоиаш пул напартофт. Як муйсафеди пир, бобои Донаро барои  пули  хонаводаи мухолифонро ба дасти наздиконашон бурда расондан зиндон карданд. Боз талаб дорад, ки Ҷамшед ё ки дигар мухолифон ба хонаводашон пул роҳӣ намекунанд. Ба назари ман бояд чунин посухҳо аз ҷониби шумо ба ин номард дода шавад.

 Ман фақат ҳамаги 15 минути эфирашро тамошо кардам ва дар ҳамин 15 минут 50  гапе ёфтам, ки противи худаш истифода бурда мешавад. Ҳоло куҷо расад ба оне ки ду навору се наворашро то хир тамошо кардану ба вай  посух додан?! Дар ҳар як дақиқааш даҳтоӣ хатоӣ дорад.

                                            Панҷакент   

Ассалому алейкум устод, Муҳаммадиқбол! Умедворам сиҳату саломат ҳастед.

Аввалан аз даргоҳи илоҳӣ бароятон саломатӣ ва ҳаёти осоиштаро орзумандам. Ман аз дохили ватан шуморо тамошо дорам. Чанд рӯз пеш дар бораи порахури шаҳри Панҷакент, директори МТМУ№ 71 бароятон нома навишта буданд. Сипоси беандоза ба шумо, ки онро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо№95» интишор кардед. Баъди ин нома аз вазорати маориф, аз прокуратураи шаҳри Панҷакент тафтишгарҳо омада мактабро зеру рӯ кардаанд. Аз омӯзгорони нав ба кор дохилшуда пурсон шудаанд ки чанд сум додӣ барои кор даромаданат. Баъзеяшон иқрор шуданд, ки 300, 500, баъзеяшон гуфтаанд, ки бо занги телефонии кадом корманди мақомот ба кор даромадам. Аз хонандагони нав ба муассиса дохилшуда низ пурсон шуданд. Онҳо низ ҳар миқдор маблағе, ки барои дохил шудан ба ин директори порахур доданд, баёнот доданд. Пас аз ин пурсупосҳову кофтуковҳо натиҷа чи шуд? Дирӯз аз назди муассиса мегузаштам, дидам, ки боз он порахур дар ҷояш кор карда истодааст.  Сабаби аз кор нарафтанаш чи аст медонед устод?

Писараш ёрдамчии дасти рости раиси шаҳр будаст. Худи директор аруси началники амнияти шаҳр будаст, ин аст сабабаш.

 Боз дар бораи мудири маорифи навтаъиншудаи шаҳр Қосимов Мақсатило мегуям, ки ин дар вақташ як порахур буд. Ду маротиба амнияту прокуратура дастгир ва дело карда буданд, пора дода халос хурда будааст. Имрӯз ӯро гирифтанду мудири маориф монданд. Вой бар ҳолат вазорати илму маориф. Вай то вазифаи мудир шуданаш дар маориф мудири амбор оиди тақсимоти кумакҳо ( дар Тоҷикистон барои синфҳои 1-4 ду вақт хуроки бепул медиҳанд аз тарафи муассисаҳо) буд. Аз пули ҳамон горох, орд, равғани дуздиааш мудири маориф шуд. 

Ин номаро дарҷ кунед, то ки аз худи дастгоҳи президент, аз Прокуратураи генералӣ, аз мақомоти зидди фасод, аз вазорати молияи ҷумҳурӣ омада пурра санҷиш кунанд. Маблағҳои барои таъмир аз тарафи давлат ҷудошударо санҷанд. Шояд камбудии директор дар он бошад, зеро ҳамаи директорон аз  ҳамин ҳисоб медузданд. Агар як директори мактаби миёна ҳамин хел бошад, пас дигар директорон ҳам санҷида шаванд. Панҷакентиҳо лоф мезананд, ки мо набераву аберагони Рӯдакӣ ҳастем. Магар Рӯдакӣ дузд буд, магар Рӯдакӣ чоплус буд?

Боз як найнавози дигараш баромадаст, як ҷугии хуҷапанҷӣ валвала дорад. Бубинед, муаллимҳои вазорати маорифро. Дар прямой эфир дашном дорад. Бар падари ту к..леси ҷугӣ лаънат. Дигар ба эфир набаро, ки чигуна мақолаатро дар Душанбе супориданатро медонем. Чи хел даруни пойҳои кадом муаллимаи кадом донишгоҳро лесиданатро медонем. Дигар дар эфир набаро муқобили миллат гап назан ки ҳама сиррота мегум худата бад да шохи помидор меовези риштаи бершум кати

 Ман ҳоло дар дохили ватан ҳастам ва шуморо пайваста тамошо дорам.

  Оиди Ғайрати хуҷапанҷӣ, ки дар барномаҳои Минбари муҳоҷир зиёд гап мезанад маълумотҳои нопурра дорам, ки бояд пурра намоям. Худо хоста бошад дар номаҳои баъдӣ бароятон  менависам.

                                                  Рудакӣ

Аcсалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол .Номаи маро ҳатман дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кунед. Ин аввалин нома аз маҳаллаи Гулистони ноҳияи пешина Рудакӣ, ҳозира Шоҳмансури 2.

 Номаи ман аз се қисм иборат аст ва оянда давом дорад. Ман аз шумо сипосгузорам, ки мардуми мазлуми ватани азизамон бо воситаи шумо дарди худро иброз мекунад. 

Қисми аввал. Аз сарнозири маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансур-2,майёри милиция қаландаров далер ғайратуллоевич шуруъ мекунем.Ӯро инсон гуфтан мушкил аст ва барои ҳамин бо ҳарфи майда ному насабашро навиштам. Вай дар маҳаллаи Гулистон мардумро ба дод овардааст. Аз рӯзе дар маҳалла ба ҳайси нозири минтақавӣ омадааст бисёри аз сокинон аз дасти вай ба дод омадаанд. Вай хона ба хона мисли ҷугиҳо гашта мардумро бо ҳар баҳона ҷарима мебандад. Маҳаллаи мо чанде пеш ба қаламрави шаҳри Душанбе дохил карда шуд. Вай ҳуҷҷатҳои хонаҳоро талаб карда бо ҳар баҳона аз онҳо пул меситонад. Мардум бошад ба ин амали нопоки вай тоқат карда пул медиҳанд.

 Дар мактаб бошад бо директори мактаби 107 –и маҳалла ҳамкории зич доша ҳарду талабагони мактабро бо ҳар баҳона ҷарима карда пулро байни худ тақсим мекунанд. Масалан дер мондани талаба ба мактаб ё баҳонае, ки талаба масҷид рафта гуфта тарсонда пул меситонад. Ягон гард илми кофӣ надорад ,савод дар вай бегона аст. Адабу фарҳанг умуман барои ин шахс бегона мебошад. Аз минбари шумо гуфтаниям ,ки эй далери ноҷавонмард! Ин ном барои ту зебанда нест. Гуш кун, ман медонам, ки ту ин барномаҳоро тамошо мекунӣ, хуб, гуш кун. Ба ҳар амали ноҷавон мардонаат ҷавоб хоҳӣ гуфт.  Дар маҳаллаи Гулистон алакай делои ҷиноии туро доранд сабт карда истодаанд. Вақташ биёяд ту бо рафиқат Шерзод ҷавоб хоҳӣ гуфт .Агар лиҷоми туро соҳибонат накашанд, рузе лиҷомат ба дасти мардуме, ки аз дасти ту ранҷ бурдаанд, хоҳад афтод, ҷавоб хоҳӣ гуфт. 

Қисми дуюм: Сангова Лола Раҷабалиевна, директори мактаби 107 маҳаллаи Гулистон. Ин шахс аз рузе, ки курсии директориро соҳиб шудааст гуё, ки ин мактабро падараш сохта бошад аз тамоми талабагони мактаб дорад сум гадоӣ мекунад. Синфҳои 10 ба 11 ва синфи 9 барои синфи 10 гузаштан ба комиссияи Фароз пул доданд.Боз ин шахс, ки уро муаллима гуфтан ҳайф аст, чун номи муаллимиро паст мезанад, чи қадар маблағ аз талабагон мегирад. Ставкааш аз 150 то 250 сомонӣ. Вай ҳам  на илм дорад, на фарҳанг. Чи хел дар ин мактаб директор шудааст, барои бисёриҳо муаммост. Аз руи бесаводияш чанд муаллиму муаллимаҳое, ки дар мактаб як каме содиқона кор мекарданд, онҳо хам рафтанд. Ин шахс бо ҳамин нозири минтақа қаландаров далер ғайратуллоевич якҷоя талабагону волидони талабагонро бо ҳар баҳона ҷарима карда пул меситонад: пули китоб, обуна, ободонӣ, зодрӯз, рӯзи муаллима,рӯзи 8 март ва ғайраҳо. Боз ба баҳонаи театру консерту ҳар намуд баромадҳое, ки ҳеҷ маъно надорад пул талаб мекунанд. Агар гуӣ, ки ман намегирам   чорякиатро баҳои паст мегирӣ гуфта шантаж мекунанд. Аз рӯзе,ки ин шахс директор шудааст, манзилиаш моҳ ба моҳ не, рӯз ба рӯз дорад иваз шуда истодааст. Савол ба ин Лола. Аз куҷо ин ҳама сохтмони хона?

   Ба ин шахс ҳам аз минбари шумо гуфтаниям, агар ягон гард номуси инсонӣ дар вуҷудат дошта бошӣ ин коратро бас кун. Ту зани дар ин маҳалла таваллуд ва дар ҳаминҷо бузург шудаӣ. Наход ин қадар нисбати ин мардум хиёнатро раво бинӣ?

 Ту хуб медонӣ, ки поёни ҳар шаб рӯз аст. Он рӯз,ки рӯз омад, дар чашми ин мардум чи хел нигоҳ хоҳӣ кард. Ин мардуми маҳалла аз ту хоҳанд пурсид. Он вақт ягон баҳона пеши роҳро намегирад. Фақат фикр кун, ки ту ҳам фарзанд дорӣ, оянда дар ин маҳалла бо кадом обру зиндагӣ хоҳӣ кард. Лола он дугонаи пулчинакут Саёҳат дар гунохи ту худро шарик карда истодааст. Ӯро низ бо худ бе обру меҳӣ кунӣ.  Саёҳат китобдори мактаб ва бухгалтери шахсии Лола аст. Саёҳат ту ҳам фикр кун:- Лола ё маҳалла. Қазоват бо худат, боз мебинем, ки кадом тараф интихоб шудааст. Лола пеш аз ту дар он курсие, ки ту нишастаӣ, чанд нафар нишаста буд. Ту низ рӯзе аз рӯзҳо аз он курсӣ хоҳӣ рафт. Ҳоло ҳам вақт дорӣ. Умед дорам, ки мардуми маҳалла дилашон месузаду дар маъракаҳо роҳат медиҳанд.

Қисми сеюм: Ин хитоб ба мардуми маҳаллаи гулистони ҳазрати Мавлоно Яъқуби чархӣ аст. Эй мардум замоне буд, ки ин маҳалла маҳаллаи ғолибону далерону ҷасурон буд. Ҳоло акнун чи шудааст, ки на ҷасуру на далеру на шуҷоъ мондааст. Наход аз паи нафс мо инсониятро гум карда бошем? Наход, ки ҳар мурғу чурғ гап занаду мо хомуш бошем. Аз мо бузу хабаркаш мехоҳанд кунанд. Лекин мо бо ин фитна дода шуда истодаем ҳамсоя аз ҳамсоя рафиқ аз рафиқ хам маҳалла аз ҳам маҳаллаи хеш аз хеш дар гумонем. Ин барои мардуми шуҷоъи маҳаллаи Гулистон зебанда нест. Муаллимҳои маҳалла дар рӯзи ҷумъа ба ин беинсофи Далер кумак мекунанд, ки бачаҳо ба саҳни масҷид надароянд. Ман аз шумо мехоҳам пурсам, вақте хона меравед, дар танҳоӣ аз худатон нафрат намекунед? Шумо, ки даъвои мусалмонӣ доред, дар пешгоҳи худованд чи ҷавоб хоҳед гуфт, ки аз тарси ҷои корро аз даст надодан ҳамин амалро бар худ раво дидед? Шумо, ки дар ин набард номусалмонро бар мусалмон кумак мекунед. Ҳама корҳо мераванд, ҳама вазифаҳо мераванд, он руз, ки танҳо мондӣ,  дар назди зану фарзанд, хешу табор, ҳақу ҳамсоя, ҳаммаҳалла ва дар охир пеши офаридгор чи хохӣ гуфт?

 Дар маҳаллаи Гулистон як чанд сол пеш як фоҷиаи ғамангез рух дода буд. Дар он фоҷеа шаш нафар аз маҳалла дар сауна сухтанду яке паси ҳам ҷон ба ҷаббор супурданд. Дар он фоҷеа Рустам гуфтанӣ раиси маҳалла аз дунё гузашт. Он шахс дар вақти раисиаш дар маҳалла бо пули мардуми маҳалла оби ошомидании тоза гузаронд ва мардуме, ки аз об танқисӣ мекашиданд, соҳиби об ҳам шуданд. Хулосаи сухан ин аст ки пас аз гузаштани раис ба ҷояш дигар раис омад. Фақат номашро зикр мекунам. Ман умед дорам,  ки пас аз шунидани номаш рафторашро нисбат ба мардум дигар карда ислоҳ мешавад, чунки ҳануз дер нашудааст.

  Номаш Мирзои электрик. Вай аз ҳисоби савод умуман суст ва хондану  навиштанаш хело безеб аст, лекин раиси маҳалла шуд, бе интихоботу бе ҳеҷ чиз. Лекин муддати кам кор карду ба қавле вазифаро ба дигар кас супорида мегуяд, ки ман куратори раис мебошам. Вазифаро ба Маъруф дод Маъруф бошад то ҳоло ба фасод даст назадааст. Фикр мекунам, ки вай медонад, ки қавм ва маҳалла чист. Агар дар оянда дигар нашавад намедонам. Мирзо бисёре аз бачаҳои маҳалларо ба хизмат ҳам равон кардааст, алабатта, бо ёрдами дигарон. Гуфтаниям, ки Мирзо ин онҳое туро кураторӣ мекунанд ,рузе мераванду ту мемонию халқ. Пас чи гап мешавад? Бисёриҳо медонанд, ки ту бо кӣ ҳамкорӣ мекунӣ.  Лекин аз вазъияти замон ба ту ҳеҷ чиз гуфта наметавонанд. Аммо дар ояндаи начандон дур ту бо ин мардум танҳо хоҳӣ монд, баъд чи мешавад?

  Акаи Рустам худо раҳматаш кунад, ҳар руз барои коркунони коргоҳи Мирзобек -шуъбаи терроризм хурок мебурд. Баъде аз дунё гузашт, касе омаду ёрдам кард, оилаи Рустамро? Пагоҳ ту бо мардум танҳо мондӣ, онҳо низ туро гунаҳгор хоҳанд кард. Ту ки бачаи зур будӣ, бачаи бо гап наздик будӣ, чаро ин касбро дар худ раво дидӣ, барои мо ҳам муаммо. Чи гуфтаниям? Мирзо тағйир дар дасти худат аст. Бо мардум бош, ки пируз шавӣ, вагарна шармандагӣ на фақат ба ту, ба ҳамаи оилаат хоҳад расид, қазоват бар худат.

  Дар охир гуфтаниям, ки эй мардуми маҳаллаи Гулистон, биёед якҷо бошем, биёед ҷудоӣ накунем:  ёвонию ғармӣ, местнию кулобӣ нагуем. Мо дар як маҳалла зиндагӣ мекунем. Мо бояд бо ҳам бародар бошем. Ин ҳукуматдорҳо ҳаминро мехоҳанд, ки байни мардум тафриқа ва фитнаю ҷудоӣ бошад, ки моро тавонанд ҳукм кунанд.  Вақте мо тифоқ бошем ин шо Аллоҳ мо пируз хоҳем шуд. Бародар Муҳаммадиқбол ин навишта оғози кор буд. Дар оянда дигар номаҳоро ҳам мутолиа хоҳед кард. Ҳамчунин дар бораи интихоботи 2015 ва дар бораи раисони ҷамоат ва маҳалла ва муллоҳои дарборӣ ва марги мулло Ғулом дар ошуби ҳоҷӣ Ҳалим номаҳоро як-як бо мардум мутолиа хоҳед кард.

Share This Article