Ҳеҷ яке аз аъзои оилаи Раҳмонов, он вай хоҳ фарзандони худаш, фарзандони бародару хоҳаронаш, фарзандони хусуру хусурбурдаву ҳевару қайсингулу дигару дигараш ва махсусан домодҳои расмиву ғайрирасмиаш бо ончи ки доранд, иктифо намекунанд. Онҳо ҳатман бояд забт кунанд, тасарруф ва тасоҳуб кунанд, зада ва кашида гиранд. Бонк доранд, бизнесҳои калон доранд, роҳи мардумро пулакӣ кардаанд, аммо боз ҳам сер намешаванд, чашмашон ба чизу чора ва молу мулки камбағалонаи мардум духта шудааст. Як намунаи дигар чунин захватҳои рейдерии домодҳои Раҳмонов дар ин нома зикр шудааст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Рости гап дар бораи рӯзи таваллуди Раҳмонов хеле мақолаи ҷолиб ва хонданибоб навиштаед. Ба назарам худаш ҳам хонда кайф кард.
Ҳоло ин мафҳум, ки донишманд бошӣ, бовар кунед, ҳеҷ маънову мазмуни пешинашро надорад. Агар дониш китоб бошад, масалан фалон фалон китобҳо, ман як нафарро медонам, ки ҳатто як маротиба дар дасташ нагирифтааст. Аниқу дақиқ медонам, ки на хондаст ва на медонад. Аммо вай 113 китоб навиштааст. Аз вай иқтибос меоранд, аз вай мегуянд. Ин шахс Раҳмонов аст. Дар идомаи навиштаи шумо бахшида ба рӯзи таваллудаш ман ҳам чанд ҷумла изофа карданиам.
Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов соли 1952 дар оилаи қашшоқи камбағал таваллуд шудааст. Ягон вақт шикамаш сер набуд. Аз ин рӯз сар карда агар даҳ соли дигар ҳам ҷамъ кунад, дуздад бюҷети давлатро, заминҳои Тоҷикистонро боз фурӯшад, конҳои тиллоро ба хитойиҳо ба савдо занад, боз 50 миллиард доллари дигар ҳам ҷамъ карда ба бонкҳои оффшорӣ равон кунад, ҳеҷ гоҳ сер намешавад. Чунки аз хурдӣ гушна калон шудаасту ширро бо дуғ якҷоя карда мехурдааст. Аз зиндагии худамон ба ёд дорем, ки мо дуғро бо орди сеюм ва коҳ аралаш карда ба говҳоямон медодем. Ин барзагови Раҳмонов ҳамин дуғҳоро бошад худаш мехурдааст!
Раҳмонов агар сухан дар бораи курсии Президенти раваду барои мисол касе бигуяд, ки ин домодат (Ҷамолиддин )аз Рустам беҳтару боақлтар аст, уро ба ҷойи худат Президент бимон ба он нафар раҳм намекунад.
Ин суханро Президенти Россия Путин дар як вохурии шахсӣ баъди бо Ҷамолиддини домоди Раҳмонов ҳамсуҳбат шудан гуфта буд. Акнун бубинед, бо домоди Президент, шавҳари Озода чи шуд? ӯро ҷосуси Амрико бароварданд, кадом гуноҳҳоеро ба сараш заданд, ба мисли командир Нур Фақиров. Уколи девонагӣ ё заҳр доданд, ки дигар аввалхо дар роҳҳо таҳти контрол Ҷамолиддинро медиданд. Ҳозир бошад тамоман нест шуд. Дар куҷо ва чи аҳвол доштанашро ҳеҷ кас намедонад. Ба мисли бомж шуда буд, охирҳое, ки дар шаҳри Душанбе медиданд ӯро.
Чунин мисолҳо бисёранд. Раҳмонов бо генерал Маҳмадрузӣ Искандаров рафиқ шуда буд. Ҳамеша якҷоя ужин мекарданд. Дидед, ки бо вай чи кор кард? 23 сол зиндон дод. Бо Ёқуб Салимов, ки ҳаёти Раҳмоновро аз суиқасд наҷот дода буд, чи кор кард? 15 сол зиндонаш кард, шишту баромад. Бо Салихов Маҳмадназар, ки бе ӯ чой намехурд, гуё сахт рафиқ буд, чи кор кард? Соли 2009 ум бо дастури бевоситаи Раҳмонов Бузмаков ё Аламшозода Абдурраҳмон дар пеши чашми кудаконаш ӯро паронд.
Бо Генпрокурори собиқ Бобохонов Бобоҷон чи кор кард? Аз вазифа пеш карду писараш Файзулло Бобохоновро бегуноҳ ба воситаи кали Фаттоҳи Раққоса ва Шерхон Салимзодаи «Нахалява» ӯро низ 10 сол зиндон кард. Аз Саъдӣ- командири хешаш, аз Суҳроб Қосимови ҳамшаҳриаш, аз командири Гвардияи президентӣ Ғаффор седойю аз дигарон Файзалӣ ва Сангак, ки ӯро ба сари қудрат оварда буданд, касе намонд. Ноҷавонмардона ҳамаи онҳоро кушт ва зиндон карду то ба имрӯз зиндон карда кушта гаштааст. Ин далелҳои раднашавандае ҳастанд, ки касе рад карда наметавонад. Бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам даст дод, сулҳ кард,аммо дар охир аҳдшиканӣ карда ӯро ҳам заҳр дода кушт. Раҳмонов маняк ва убийтса аст, киллер аст. Ба ӯ ҳеҷ вақт набояд бовар карду эътимод кард!
Турсунзода
Салом бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз соли 2006 то 2013 дар Кумитаи амнияти ноҳияи Турсунзода фаъолият кардаам. Мехоҳам дар бораи гаремҳои росткардаи Ҷамолиддин Нуралиев дар деҳаи Қаратоғи Турсунзода гап занам. Дар Турсунзода, дар деҳи Батош ҳоло Ҷовидон мегуянд Фируз гуфтанӣ марде зиндагӣ мекунад. Ӯро ҳозир ҳоҷӣ Фируз мегуянд. Ин мард ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев аст
Бо воситаи ҳамин ҳоҷӣ Фируз Ҷамолиддин Нуралиев заминҳои кишту кори деҳқонӣ мекардаи мардумро, ҳамаашро бо таври маҷбурӣ кашида гирифта гарем рост кард. Он гаремҳои росткарда дар деҳаи Қаратоғ дар дараи Куранро бо номи дачаҳои президент овоза андохта аммо худашон духтарҳои ҷавонро оварда кайфу сафо мекунанд. Ин ҳоҷӣ Фируз, ки ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев аст алҳол директори кони ангишти «Фон- Яғноб»-и Айнӣ мебошад.
Аз дасти ин ҳоҷӣ Фируз мардуми деҳаю ноҳия ба дод омадаанд. Чунки корашон фақат захват кардани заминҳои мардуми камбизоат, кашида гирифтаву фурухтан аст. Хусусан додари ҳоҷӣ Фируз номаш Суҳроб Сайфулоев, ки мардуми деҳа аз дасташ ба дод омадагиянд. Корашон фақат маҷбурӣ кашида гирифтани заминҳои мардум ва сохтани документҳои қалбакӣ аст.
Кадом замине, ки дар ноҳия ё дар деҳа маъқул афтод барои таҳҷои магазин кашида мегиранду документи қалбакӣ карда ба дигар одам бо пули гарон мефурушанд. Он гаремҳое, ки барои Ҷамолиддин Нуралиев рост кардагианд дар деҳаи Қаратоғи Турсунзода дар минтақаи Куран фақат духтарҳои ҷавонро аз шаҳри Душанбе оварда кайфу сафо ва ишқварзӣ мекунад. Хусусан рӯзҳои шанбе ва якшанбе.
Як рафиқам, ки коркуни амният аст, шоҳиди як ҳодисае шуда буд, ба ман нақл кард. Гуфт, ки рузи чоршанбе ва фасли тобистон буд. Духтари Ҷамолиддин Нуралиев бо ду духтар ва як марди қоматбаланде барои дамгирӣ ҳамин дача омаданд. Яъне ба гареми Ҷамолиддини падараш.
Рафиқам ба ман нақл кард, ки вақте онҳо дам гирифтанӣ омаданд манро гуфтанд ки ман бояд аз инҷо муддати муайяне бароям. Ман бошам ҷавоби рад додам ва ба онҳо фаҳмонидам, ки ман набояд аз инҷо муддати муайяне бароям, чунки ман дар инҷо ҷавобгар ҳастам.
Ва онҳо ба ҳуҷраи истироҳатӣ даромада хело набаромаданд. Қариб ду соат гузашт. Онҳо дар ошёнаи дуюм буданд ва муддате гузашт. Ҳамон марди қоматбаланде ва духтари Ҷамолиддин Нуралиев бо дугонааш тани урён баромада дар ҳавз -бассейн оббозӣ карданд. Хело хушҳол буданд.
Ва дар ҳамин ҳол як марди дигаре вориди истироҳатгоҳ шуд, бо мошини Ланд крузер 200, номерҳояш 0505 ВВ. Манро маҷбур кард, ки истироҳатгоҳро тарк кунам.
Набошад аз корам дафъ мешавам ва ман баромадам ва дар беруни дарвоза интизор истодам. Қариб 3 соат гузашт ва онҳо манро фарёд карда гуфтанд, ки истироҳатгоҳро кабул кунам.
Баъд ман фаҳмидам,ки ин мард ҳамон бойфренди Озода бо номи Шаҳбоз будааст.
Хулосаи гап ҳамин ҳоҷӣ Фируз, ки барои Ҷамолиддин Нуралиев гарем рост кардааст, бисёр мардуми деҳа ва ноҳия аз дасти вай ба дод омада намедонанд, додашонро ба кӣ гуянд. Додари ҳоҷӣ Фируз Суҳроб Сайфулоев бисёр борзи мебошад. Кадом замине, ки барои таҳҷои магазин аст аз соҳибаш ба таври маҷбурӣ кашида мегирад ва онро ба дигар кас мефурӯшад. Бисёр заминҳои мардумро кашида гирифта фурӯхтагианд. Кораш фақат мородёрство, катагӣ аз пушти Ҷамолиддин Нуралиев аст.
Бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин хоҳиш мекунам, ки дар ягон барномаатон ин навиштаи маро нашр ва навор кунед. Ман боз ҳаракат мекунам, ки маълумотҳои навро нисбати Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳоҷӣ Фируз расонам.
Раиси маҳаллаи Ҷовидон, деҳаи Батоши ноҳияи Турсунзода бисёр марди хабаркаш, мардумро мефурӯшад. Ному насабаш Азимов Абдусалим. Ҷавонон вақте аз мусофират аз Русия меоянд, ҳатман ба милитсия хабар медиҳад, то аз он ҷавон пулкананд.
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Мухаммадиқбол. Номаи ман аз Хуҷанд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи норизоятии сокинони шаҳр аз амали мафияи сохтмонӣ хабарҳо ба нашр расид. Махсусан, дар атрофи «Хонаи Қайроққум», ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ғавғо ва эътирози зиёде ба амал омад. Ин «хона» ба он ҷиҳат машҳур аст ки дар он бисёр роҳбарони имрӯзу дирӯзи вилояту республика зиндагӣ мекарданд. Дар он ҷо то чанде қабл сарвазири собиқ Яҳё Азимов, модару хоҳар ва бародараш ҳамроҳи хонаводаашон зиндагӣ мекарданд. Аммо ӯ ҳоло дар Дубай, дар як қасри боҳашамат бо хидматгорони хориҷӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамчунин дар Дубай як иморат барои ҳамсари нахуствазири феълӣ ва ҳамчунин як иморат барои Зафар, писари Яҳё ва ҳамсараш (ҳарчанд мегӯянд, ки ӯ дар хонааш дар Лондон зиндагӣ мекунад) вуҷуд дорад.
Дар шаҳри мо барои ҳама маълум аст ва ҳама медонад, ки Яҳё Азимов бародари хурдиашро фиреб карда, молу пулашро дуздидааст. Мегӯянд, борҳо ваъда дода буд, ки маблағи қарзи ҷиянҳяшро бармегардонад, аммо то ҳол ҳатто як сомонӣ надодааст. Онҳое, ки аз корҳои хонаводагии ӯ огоҳанд, мутмаинанд, ки дар паси ин тамаъ ва ин гуноҳ аз рӯи ислом (молу мулк ва маблағҳои фарзандон) ҳамсари тавонояш Дилбар истодааст. Барои он ки вай шавҳарашро комилан назорат мекунад, вай тасмим мегирад, ки бо кӣ муошират кунад, бо кӣ сӯҳбат кунад. Аммо ин дуруст нест, ин як найранг аст. Ӯ ҳамчун сарвазири собиқ орзу дорад, ки ба қудрати олӣ бирасад ва ҳатто писараш Зафарро ҳадди ақал раиси ҳукумат кунад. Вай барои ин бисёр корҳо кардаистодааст. Вай ин корро пинҳонй ва доимй амал кардаистодааст. Илова бар ин, ӯ то ҳол нисбат ба Раҳмонов барои аз кор ронданаш нафрати сахт дорад. Ҳарчанд Яҳё Азимов бояд барои ҷиноятҳои худ дар зиндон мебуд. Масалан, корхонаи қолинбофии оилавии ӯ замоне аз Олмон қарздор буд ва қарзро напардохт. Ҷолиб он аст, ки ӯ аз немисҳо ба маблағи ним миллион евро мукофотпулӣ (откат) гирифтааст. Аммо то имрӯз қарзҳои шахсии ӯ аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон пардохт мешаванд. Дар Дубай метавонист мустақар гардад ва хуб зиндагӣ кунад, аммо Яҳё Азимов хело шахси кинагир ва мумсик аст. Вай аз тамоми масъалахои сиёсӣ ва идтисодӣ бохабар аст. Бо шахсони теневой дар мамлакатҳои хориҷӣ алоқаи доимии махфӣ дорад. Ҳар моҳ дар Дубай ҳуҷҷатҳои для служебного ползованияи вазорати иқтисодро аз Душанбе мегирад. Чаро ба нафакахур ин аълумотҳо лозим аст?
Зани фармонравои ӯ -Дилбар ҳамчун прораб шахсан ба зудтар вайрон кардани хона мусоидат карда, шахсан ба сокинон фишор меорад, ки манзилҳои худро зуд холй кунанд. Чаро ба вай ин лозим аст, вай дар он ҷо зиндагӣ намекунад? Ҷавоб оддӣ аст – Яҳё Азимов барои бунёди як бинои баландошёна бо маркази савдо ва офисҳо миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Барои он ки дар оянда дар маркази шаҳр манбаи даромад дошта бошад. Ва ҳадафи дигар аз тариқи фишор болои сокинон эҷоди норозигӣ аз мақомоти маҳаллӣ ва раисиҷумҳур аст. Бале, бинокорони кироя бо намояндагии ширкати қаблан номаълуми шаҳри Душанбе «Қудрат 2010» бар хилофи қонун, дағалона ҳаёти онҳоро вайрон мекунанд, шантаж мекунанд, таҳдид мекунанд.
Ва заминфурӯши маъруфи Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода(Қофлонбой), раиси вилояти Суғд тамоми талоши худро мекунад, ки аз ин кор чашм пӯшад ва намегузорад, ки дигар ниҳодҳои давлатӣ ба ин бесарусомонии қонунӣ вокуниш нишон диҳанд. Дар Хуҷанд, дар сохтмон аз иштиҳои раиси вилоят дар ҳама ҷо қонуншиканӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон мушоҳида мешавад, аммо барои ӯ хуб аст – пулҳо мустақим ба ҷайбаш мераванд. Тибқи маълумоти ахиран расида, таҳиягарон барои дахолат накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маблағи назаррасе супурдаанд, то ба шикояти шаҳрвандон дар бораи нақзи қонун посух надиҳанду тамоман расидагие накунанд. Ба маблағи 500 ҳазор доллар. Ва ҳамчун тӯҳфаи шахсӣ – соҳиби даромадгоҳи алоҳида дар бинои баландошёна, ки онҳо ният доранд, созанд барои фарзандон ва хешу табораш. Дар ин миён Яҳё Азимови пири маккор мехоҳад зуд пул кор кунад ва пинҳонӣ дар Хуҷанд тухми бесуботӣ ва нооромӣ корад.
Ва минбаъд, нақшаҳои ин нақшакаши ботаҷриба ҷумҳуриявӣ мебошанд. Дар шаҳр мегӯянд, ки танҳо Яҳё Азимов, нанги Хуҷанд метавонад дар назди хешу табор ва ҳамсояҳои собиқаш ба чунин пастӣ даст занад. Мо минбаъд низ дар бораи кирдорҳои нопоки ӯ ва Раҷҷаббойи заминфурӯш (Қофлонбой) хабар медиҳем. Ҳар қадаре, ки чунин ашхоси тасодуфӣ дар ин ҷодда кам шаванд, зиндагии мардум ҳамон қадар осонтар мешавад.
Қубодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳазор раҳмат ба шумо, ки ба доду шикоятҳои мо -мардуми мазлуми тоҷик мерасед. Ман як сокини Қубодиёнам. Як нома дорам ба Эмомалӣ Раҳмонов. Ман сахт дар хашму ғазабу ва норозиям.
Бас будагист. Зулму золимӣ ҳам ҳаду ҳудуд дорад, ба ин андоза на будагист. Падарам як коргари давлатӣ аст. 40 -45 сол шуд, ки ба миллат ва ватан хизмат мекунад. Охир чаро ин военкомат ӯро бурда махкам кардааст? То писарат ба хизмат наравад ҷавобат намедиҳем, гуфтаанд. Охир канӣ ҳамон қонун, канӣ ҳамон адолат? Дар Тоҷикистон кадом писарони кормандони давлатӣ хизмат кардагианд? Қонун барои одамҳои бетағаи камбағал аст. Бойҳо қонунро задагӣ якҷо бо қонунбарор. Мардум гов нестанд, мебинанд вазъият дар хизматро. Ҳар сол чанд солдатро мекушед, чандтоаш маъюбу маслуқ бармегардад. Мардум девона аст, ки фарзандашро калон карда ба қассобхона мефиристад? Ҳар моҳ меоянду пул-доляашонро аз военкомат мегиранд. Боз меоянду дуғ мезананд, ки «бачата бгу бия хизмат брава».
Охир қонун барои ҳама як бошад барои чи Сомони Эмомалӣ хизмат намеравад? Чаро Исмоили пингвин хизмат намекунад. Фаридуни бачаи Озода? Бачаи Парвина ва Ашраф? Бачаи Ҳасан ва.. Ба мисли Сомониву Исмоилу Фаридуну… ҳамин хеле пур аст, қонуну қонунбарорро задагиянд инҳо.
Чор танга сум роҳӣ мекунанд аз Русия военкомат, заҳри танааш шавад, хунобаи баданашон шавад, мараз бишавад дар танаашон, ин ҳарохурҳоро. Ҳозир ҳамон сумро роҳӣ карда намешавад. Русия аз як лаб ҳамаро депорт карда истодааст. Фақат фишор болои мардум. Барои беҳбуди авзоъ ягон коре намекунанд, то ки сатҳи зиндагии мардум ақалан хуб шавад. Охир боигарии миллат, боигарии давлат аст. Як Раҳими ғармӣ, агар хато накунам 20 нафарро соҳиби хонаву манзил кард, ин пешравӣ нест? Ин хуб нест?
Ба мисли Раҳим агар 100 кас бошад чи?
Тоҷикистон аз ҷиҳати хурду кучак буданаш дар харитаи ҷаҳон қриб,ки номаълум аст. Боз ин Раҳмонови гушначашм як қисмашро ба хитоиҳо фурӯхт, як қисмашро аз он су Узбакистон гирифт, аз тарафи дигар қирғизҳо даъво карда истодаанд. Ба худи Тоҷикистон замин дар фосилаи пойҳои Азизмоҳи газетхонак намонд.
Русия бо ин қадар паҳновариву калонӣ роҳбаронаш вазифаҳояшонро ба хубӣ иҷро мекунанд. Як нафар шикоят кунад, дарҳол он одамро меёбанд, ҷазояш медиҳанд. Як нафар бародари тоҷики худамон дар Русия кондуктор буд дар автобус. Як рубли кампири русро здачӣ намедиҳад. Кампир шикоят мекунад, «ай кор срш мекнан, ки ту як рубли кампира хурдӣ». Дар ҳоле, ки он бача гуфт даруни автобус пури одам буд. Ман фаромуш кардам, ки баргардонам. Аммо он кампири дағалгуфтор дарҳол ҷангро бардошт. Вале дар Тоҷикистон агар одамхуриву одамкушӣ шавад Раҳмонов аслан парво надорад, мезанад арақро алкаши худозада хоб мекунад кай парво дорад.
Раҳмонов хоб мераваду парвои миллату мардумаш надорад. Бо тамоми вуҷудам ба Раҳмонови алайҳи лаънат нафрат дорам. Илтимос устод ин дашномҳои маро қайчӣ накун то Раҳмонви алайҳи лаънат бидононад, ки мардум аз ӯ безор шудагианд, тамоми мардуми тоҷик ба ӯ нафрат доранд.
Медонам, ки Раҳмонов барномаҳои «Номаҳо…» ро мебинад. Бинаду фаҳмад, ки ман дашномаш кардам. Аммо дар ғоибаш тамоми миллат чунин дашномҳоро ба ӯ мекунад. Аз уҳдаи вазифа намебароӣ, истеъфо деҳ, пур аст шермардони тоҷик. Тоҷикистонро аз Дубай хубтару беҳтар мекунанд. Мардум нависед, натарсед.
Бе ғайр аз «Ислоҳ» дигар ҷои арзу шикоят надоред, пас нависед чи ҳодисаву ноадолатиҳоро мебинед, сурат ва навор гиред партоед, ҳатман нашр мешавад. Дер ҳам шавад, ҳатман нашраш мекунанд.
Сино
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокини шаҳри Душанбе, аз ноҳияи Сино ҳастам.
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои барқиаш, мардумро ба 40 миллион сомонӣ зиёд қарздор кардаанд. Гуё аз счётчикҳои пештара қарз боқӣ мондааст. Аммо дар асл сумҳоро дуздидану акнун ба гардани мардум зада истодаанд. Вақте счётчикҳоро электронӣ карданд, ҳамаи мардум қарзҳояшро пурра супорида буданд ,баъд часпонданд. Ҳозир бошад светҳои мардумро кушта, қарздоред, биспоред гуфта як хел одамҳоро то 5000 сомонӣ қарздор карданд. Мардум дар шабакахои барқии Сино ранги мурча доду вой доранд. Касе ба доди мо намерасад. Ман худам шахсан ягон дирам қарздор нестам. Аммо ҳоло маро сесаду 46 сомонӣ қарздор карда чароғи хонаамро куштанд. Ман рафтам ба сари светавои ноҳия. Гуфт квитансияатро биёр. Ман аз хона омада бурдам. Диду гуфт, ки дуруст навиштаанд, шумо қарздор. Ман иҷно навиштаанд, ки бақия сесаду 46 сомонӣ. Ман гуфтам, ки ин бақия ба ман дахл надорад. Ва контролери пулҷамъкунак ҳам гуфта буд, ки ин қарзи шумо нест. Ин гуна бақияпулӣ ба сари ҳар кас навишта шудааст. Инро аз шумо намегиранд.
Аммо ҳоло моро маҷбур карда истодаанд, ки қарзи набударо пардозем. Охир, ин чи давлату давлатдорӣ аст, ки ниҳоди давлатӣ бо туҳмат аз мо пул мегирад? Рустами Эмомалӣ акнун сардиҳо саршудаистодаанду барқхомӯшкунӣ ва ҳелаҳои нави қарздоркунии аҳолӣ сар шуд. Охир агар давлатдори кардан наметонед истеъфо карда равед ягон инсони метавонистагӣ корро сар кунад!