Як махсусияти «Номаҳо…» ин буд, ки мардум сиру асрори онҳоеро, ки худро масъул ва маъмури ин ва ё арсаи давлатӣ мешуморанд, ошкоро мекард. Чандин номаҳо мунташир шуда буданд, ки муаллифон аз дуздиҳо ва ё ғасбу тасарруфи моли давлат ва мардум мегуфтанд.
Номаи аввали ин шумора ҳам аз дуздӣ ва тасарруфи як мансабдори баландпоя, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон ҳикоят мекунад, ки чи гуна заминҳои мардумро дар Муъминобод кашида гирифтааст. Фикр мекунед агар Юсуф Раҳмон, Додситони кулл намебуд метавонист ин корро бикунад?
Муъминобод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мехоҳам як маълумотро ба шумо бирасонам. Илтимос номаи маро нашр кунед. Ман айни замон дар дохили Тоҷикистон ҳастам беҳтар аст номи маро нагиред. Дар ноҳияи Муминобод, ҷамоати Чилдухтарон Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон як ҷангалро, ки мардум рӯзгорашон аз ҳисоби ҳамон ҷангал пеш мебурданд, гирифту маҳкам кард ва дар онҷо дача барои дамгириаш сохт. Дар он дача бо духтарони таваллуди 2003, 2004 дам мегирад. Номи ҷангал Тимтоил мебошад. Дар заминҳои ин ҷангал картошкакорӣ сар шуд. Бо зарби зулм. Валлоҳӣ қасам муйсафедҳоеро, ки ҳила (базур) раҳ мегарданд, ҳамонҳоро барои кор бурданд. Ду сол талабаҳои мактабҳои 4 қишлоқ дар хизмати Юсуф Раҳмон буданд ва бесум кор карданд. Валлоҳӣ қасам шояд маро бовар накунед. Мардум худашон шоҳиданд, яке нохост гови ягон нафар дар даруни он территория ахлот кунад 1200 сомонӣ ҷарима месупорад. Боз соҳиби гов10 рӯзи дигар бепул барои Юсуф Раҳмон кор мекунад, баъд ҷавоб медиҳанд. Муаллими Асад ва муаллим Исматро ҷарима карданд. Ғайри ин муаллимҳо боз чандин нафарҳоро ҷарима карданд. Роҳҳои деҳаҳо ҳама вайрону лой. Ин касофатҳо теппаҳоро чапа карда барои нафси худ раҳ сохтанд. Ду моҳ камаздорҳои ноҳия ба Юсуф Раҳмон бепул кор карданд, ҳатто соляркаашон аз ҳисоби худашон буд.
Инҳо ба сари мардуми мазлум зуранд.
Як рӯз Амриддин Нахшов ба ҳамон тараф гузар мекунад. Баъд ба самти дача меравад. Посбонро мегуяд, ки дарвозаро яла кун. Намекунад. Нақшовро намешиносад. Аз мошин мехамбаду посбонро лату куб мекунад, тир мепаронад. Ҳеҷ кас нест бе ғайр аз навбатдор онҷо набудааст. Амриддин меравад. Посбон хабар медиҳад. Юсуф Раҳмон супориш медиҳад, ки кадоме ҳаст бираведу биоваредаш. Милиса Муминобод меравад, мегуяд, кӣ буд?
«посбон мега шефта бгу Амриддин Нақшов буд». Милисаҳо хапу хомуш мераванд, гуë чизеро надиданд. Юсуф Раҳмон бар сари мардуми оддӣ зур ва прокурори генералӣ аст дар назди оилаи Раҳмонов муши мурдаҳаи. Амриддин Нахшова зур боши ягон бгу Юсуфак !
Дар деҳаи Сунчӣ ду пулдор байни ҳам зиданд: Фақер ва Қутбуддин. Фақер дар назди қишлоқи ҳамсоя- Буйдоқобод замини бисëреро мегирад. Дар назди онҷо шоҳроҳ аст. Роҳро маҳкам мекунад. Додари Қутбуддин ба тилло бизнес машғул аст. Меравад чандин гектар замини дигарро, ки дар бари Фақер буд мегирад ва ин касофат бошад ин тарафи раҳро танг мекунад. Хуллас, мардуми ҳамсояқишлоқ ба ноҳия муроҷиат мекунанд. Лекин ҳеҷ фоида намекунад. Қариб худи мардумро маҳкам карда буданд, ки чаро шикоят мекунед. Ҳардуи ин золим боз хонаи худро зиёрат кардагианд. Ҳамин мардуми Буйдоқобод роҳашон маҳкам шуд. Бечораҳо дар баҳор, айни тангдастии мардуми деҳа гову бузҳояшонро фурӯхта техника оварда ба дигар ҷо роҳ сохтанд.
Мардум мегуянд, ки аз Худо наметарсед, чаро ин қадар зулм мекунед.
Асадуллои Алӣ худо расвоят кунад чи қадар чоплусу касофат ҳастӣ. Ин проблемаҳои қишлоқҳои ноҳияро намебинӣ?
Устод, илтимос ин номаи маро нашр кунед. Ман ҳам дар қатори шумо муборизони роҳи ҳақ ҳастам.
Қубодиён
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу тими Ислоҳ ва Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини ноҳияи Қубодиён ҳастам. Рости гап, бори аввал менависам. Намедонам аз чи сар кунам. Дар ҷамоати Утақара Назаров зиндагӣ мекунам. Узбекзабон ҳастам. Тоҷикиро он қадар хуб намедонам. Тоҷикиро Русия омада ёд гирифтам. Дар мактаб узбекӣ хондагиам. Мо сокинони ин минтақа 70%80% ба тоҷикӣ озод гап зада наметавонад. Фақат одамҳои дар донишгоҳҳо хондагӣ ва ба хизмати аскарӣ рафтагиҳо медонанд. Дар соҳаи маориф чунон фасодзадагӣ, ки ин ҳолатзоро дида дилам тоб намеоварад. Муаллимаҳо ҳамааш бесаводанд. Корашон фақат сум ҷамъ кардан аст, тамом. Пули китоб, пули бур, пули обуна, пули ремонт. Мактаби мо аз ҳазор боло талаба дорад. Пули ремонт сари талаба 50 то100 сомонй.
Дар масъалаи барқ, дар масалаи гаишникҳо гап назанем намешавад. Гаишникҳо дар байни худшон гап мезананд, ки як Русия равему оем. Ин Русияи гаишникҳо деҳаи мо будааст. Дар даруни деҳа гашта мошинҳоро 1то1то қапида бе сабаб штраф мекунанд, бовар кунед, безор шудем. Ин режими гарданғафсро худоё тезтар гум кунад аз сари мардум.
Ман дур аз ватан ҳастам, дар ғарибӣ қарор дорам. Ман саводи кофӣ надорам, мактаби миёнаро ба зур тамом карда ба Русия омадам, ба хотири зиндагиро хуб кардан. Вале вақтҳои охир ба ҳама маълум аст ки ҳоли муҳоҷирҳо рӯз то рӯз бад шуда истодааст. Ватан равем каллағафс ғамамон медиҳад. Инҷо монем русҳо ғамамон медиҳанд. Намедонем, ки чи кор кунем?. Э мардум биёед бархезем. Чашмҳоятонро кушоед. Дида истодаед, ки дар Сурия чи гап шуд. Диктатураи 53соларо чапа карданд. Мо ҳам бояд бархезем.
Э, мардуми тоҷик ман дар Русия чанд бор дидам шуморо, ки якдигарро дастгирӣ мекунед. Ман дар Русиия дар стройкаҳо кор мекунам. Дар давоми ин 15 соли муҳоҷират, чандин задухурдҳоро диам. Агар тоҷик бо узбек ҷанг кунад, ҳамааш ҷамъ мешавад. Чаро дар ватанамон чунин якҷоя ва ҷамъ намешавем, дастгирӣ намекунем ҳамдигарамонро. Мо ҳам бояд бархезем э, мардуми тоҷик. Ин оила ҳамаамонро беҳад зулму ситам карда истодааст.
Ман чанд сол аст ки «Ислоҳ»-ро тамошо дорам. Тамоми Тоҷикистон дар як ҳолат қарор дорад, тамоми тоҷику узбеки Тоҷикистон дар як ҳолат аст. Бас аст бародарҳо тоқат кардан ба ин ҳама зулму ноадолатиҳо. Бояд бихезему хонаи ин зулму ситамро бар сараш чапа кунем!
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Хоҳиш мекунем ин номаи моро нашру пахш кунед. Мо занҳои камбағали ҷамоати Чортеппа, деҳаи Шайнаки гадои ноҳияи Рудакӣ мебошем.
Шавҳаронамон дар Русия кор мекунанд. Пуле, ки роҳӣ мекунанд ба худамону фарзандонамон намерасад. Нархҳо боло рафта истодааст. Ана боз ин светҳоро мекушанд. Пуле надорем, ки ангишт бихарему хонаҳоямонро гарм кунем. Шаб то саҳар аз хунукӣ меларзем. Кудакҳо аз хунукӣ касал шудаанд.
Пул нест, ки дору харем. Хуштоманам бечора мегуяд испанд дуд кун соз мешаванд кудакҳоят. Хулоса, зиндагӣ вазнин.
Аз мактаб девонаамон кардаанд. Ҳар рӯз пули бур, пули парда, пули муаллима пули ден рожденияи муаллима, дар ҷонамон задааст. Боз ба худо муаллимаҳо кудакҳоямонро мегуянд, ки барои мо аз хонаҳоятон хурокворӣ ва ҳарчизи хурданӣ биёред. Директори мактаб як маҷлис мекунад фақат як гап- пул. Пул ҷамъ кунед барои сафед кардани мактаб, барои ин барои он. Хулоса пул ҳамааш дар кисаи директори мактаб ва очааш. Ҳар рӯз пул мегуянд. Ту дигар кор надорӣ? Алик шикамат ранги қаври сағераворӣ дам кардааст. Кадом руз мекафад. Директори мактаб Ҷомаҳмадов Аҳлиддин соли тавалудуш 1986 мебошад, бо тахаллуси Алик. Ҳама мардуми деҳа мешиносандаш. Ин Алик бачаи раҳматӣ Шамси Ҷалол мебошад. Ин раҳматии Шамс боз 2 бачаи дигар ҳам дорад: Яке Ҷаҳонгир мутаваллиди 1984 дуюми Ҷалол. Ин 2 бародар бачаҳои хубанд. Аммо Аликаш ҳаромхур аст. Вақте дар Шайнак директори мактаб шуд 50 кило буд, ҳозир150 кило шудааст. Вақте Шайнак кучида омаданд аз городок як заминро ба гадоӣ харида буданд. Ҳозир аз руи мактаб, аз ҳисоби мо бо мошини 80 ҳазора мегардад. Боз ин беномус бо пули ҳаром очаашро ҳаҷ роҳӣ кард. Очааш завучи ҳамин мактаб аст. Китобҳоро қимат мефурӯшад. Шахсан ман 2 фарзанди мактабхон дорам. Ҳамин сол ба 300 сомонӣ китоб харидам. Як китобро 30 ё 40 сомонӣ мехарӣ. Боз охири сол ба ҳамин очаи Алик месупорӣ. Ин бева пулро мегираду дар киса мезанаду меравад, ҳаҷ ба ҳаҷ мегардад. Ин ҳаромхур боз бо Алики бачааш мегуяд, ки ҳаҷам қабул шавад.
Ин очабача китобҳои куҳнаро ба мо мефурӯшанд. Бовар кунед, ки як варақаш ҳаст яктоаш нест. Алики беномус изо бикаш. Аз пули мардуми камбағал очаатро ҳаҷ роҳӣ кардӣ.
Боз ин Алик хоҳаронаш ва баъзе аз хешутаборҳояшро (дар умум даҳ нафар) дар мактаб полшуяк ва муаллима номнавис кардааст. Аммо фаррош- полшуяки ҳақиқии мактаб 2духтари камбағал ҳастанд. Онҳо мешуянд. Аммо 8 нафари дигар нест. Аммо пулҳои онҳо, ки аз тарафи маориф ҷудо мешавад ба кисаи Алики директор меравад. Инро ҳама медонад.
Дар овардани Алик ба директории мактаб ҳоҷӣ Соҳиб даст дорад. Аз шумо хоҳиш инро дида бароед. Раиси ҳозираи маҳалла амаки Алик мебошад:- Ҷомаҳмадов Азал. Хело инсони хуб ва ростқавл мебошад. Мо мардум аз ту розӣ. Чунки дар деҳа хеле ободӣ дида мешавад.
Мо занони ҳамин деҳа аввалан аз шумо муҳтарам ҳоҷӣ Шодмон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки пеши ин хел ҳақи мардумхурҳоро гиред. Шумо беҳтарин одами деҳа мебошед. Мо занони деҳа бовар дорем, ки шумо ба доди ин мардум мерасед.
Мо як идда занҳои деҳа ба ин хулоса омадем, ки як директори нав биояд, ки фарзандони моро саводу таълим диҳад. Аз дасти ин Алик бачаҳои мо бесавод мешаванд. Охир мо шавҳар надорем, касе ба мо кумак намекунад. Аз куҷо ончи талаб мекунад мо бояд пайдо карда диҳем. Худатон вазъиятро медонед ва огоҳед!
Дар ҳар маҷлис иштирок мекунем. Ба қарибӣ боз маҷлиси мо занҳо баргузор мегардад. Ку бубинем, ки чи мешавад. Агар ҳамин минвол биравад, дуздиҳои дигари Аликро ва баъзе афроде бо ӯ бударо ҳатман менависем. Акнун мо роҳи навиштани нома ба Ислоҳро пайдо кардем.
Нуробод
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон маълумот дар бораи раиси маҳаллаи деҳаи Сари қош Асоев Баҳриддин ва собиқ корманди амнияти ноҳия бо номи Аваз мефиристам.
Асоев Бахриддин раиси маҳалла соли 2021 ба воситаи собиқ корманди амнияти ноҳияи Нуробод Аваз Носиров Шамсиддинро барои даъвати писараш ба хизмати ҳарбӣ ба кумитаи амнияти ноҳия даъват мекунанд. Гуё Шамсиддин писарашро аз аскарӣ паноҳ кардааст.
Шамсиддин Носиров ба кумитаи амният ба утоқи Аваз ворид мешавад. Аваз ӯро дашном медиҳад ва латукуб мекунад. Шамсиддин аз ҳуш меравад. Баъд аз лаҳзае ҳуш ба сараш меояд. Аваз аз Шамсиддин баёнот мегирад. Дар баёнот менависад, ки кормандони амният ба ман муносибати хуб карданд ва маро хуш пазируфтанд.
Бубинед, ки лат мекунанд аммо гиря кардан намемонанд. Мо инро мешунавидем вале акнун дар ҳокимияти Эмомалӣ Раҳмонов бо чашмонамон мебинем. “Мезананд вале гиря кардан намемонандро”
Аваз Носиров боз Одинаев Абдуҷаборро, ки вай низ истиқомат кунандаи деҳаи Сари Қош аст ба кумитаи амният даъват мекунад. Ӯро ҳам барои писараш, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.
Ин мардро дашном дода мегуяд ришатро рафта тарошу баъд ба идораи амният биё. Одинаев Абдуҷабор рафта ришашро метарошад ва боз ба назди Аваз меравад. Аваз ба Абдуҷаббор 3 рӯз вақт медиҳад, ки писаратро занг бизан аз Русия биояд ва аскарӣ равад.
Сабаби ҳамаи ин мушкилиҳо ин Асоев Баҳриддин мебошад. Ба воситаи Баҳриддин аз касоне, ки писаронашон синни даъват ба хизмат буданд 3 то 5ҳазор сомонӣ мегирифт.
Ҳар призив Аваз аз Кулоб пиёда ба Нуробод меомад. Дар як муддати кутоҳ соҳиби опели астра.ҷи шуд.
Бовар кунед, ки ягон корманди давлатӣ ба фоида халқ кор намекунад. Тамоми кормандони давлатӣ нафсашон пеш аз корашон аст ва ақлашон аз қафои нафсашон кор мекунанд. Ин хел рӯзи сиёҳ дорем. Арзу шикоятҳо бе фоида аст.
Масалан фарзандатро пеш аз он, ки ба синфи якум мебарӣ аввал бурда дар фирмаи Фароз пул месупорӣ ва аз духтур мегузаронӣ, баъд ба мактаб мебарӣ.
Ё ки писаратро хатна кунӣ дар фирмаи Фароз 260 сомонӣ месупорӣ баъд хатна мекунӣ.
Фарзандатро пеш аз онки ба ягон донишгоҳ дохил кунӣ аввал дар банк пул месупори. Як вақтҳо 270 сомонӣ буд. Аз имтиҳон мегузарад намегузарад пули супоридагиат возврат надорад. Ин маблағҳо ба куҷо ва ба кисаи кӣ меравад?
Ман ба худо қасам дар Тоҷикистон бисёр тамошо мекунам барномаҳои шуморо. махсусан барномаи «Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро. Чунки ба воситаи ин барнома аз зиндагии мардуми тамоми ноҳияи Тоҷикистон бохабар мешудам. Аммо номерҳои шуморо намедонистам, ки чи хел биёбам. Он рӯз аҳамият додам, ки номерҳоят дар экран навишта мешавад.
Хусурбачаам ҳам шумро тамошо мекардааст. Ҳамин замистон 27000 сомонӣ ҷаримааш карданд.
Ҳамсинфи яке аз шиносҳоям дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур кор мкард, баъд Агентии коррпусия гузашт. Ӯ ҳам тамошо мекардааст, лайк мемондааст, додписатса кардааст, қариб буд тюрмааш кунанд. Баъд бачаи қайсунгули Президент халосаш кард. Вай началники мубориза бо терроризми амнияти шаҳри Душнбе буд. Юсуф ном дорад. Ин ҳамсифни шиносам чи қадар вақт бекор гашт. Баъд бачаи қайсингили президент туғрӣ кард, дар амняти шаҳр кор мекунад.
Шиносам гуфт, ки ӯро илтимос мекард, ки Муҳаммадиқболро тамошо накун, ки штрафат мекунанд, тюрмаат мекунанд. Мегуфт ман ба як азоб халос хурдам. СС. Ятимов мегуфтааст, ки дар корхонаи давлатӣ намоз нахонед, вақти кории давлатро дар намоз сарф накунед, намозатонро қазо кунед, аммо худатон ҷавобашро медиҳед дар пеши худо! Тавба.
Ҳамон Алии бедакиро дар хонаи тағои як дӯсти наздики падарам мепарониданд. Шоҳ-командир дар ин кор даст дорад. Ман бисёр корҳоро медонам. Рости гап мардумро беҳад чмо кардагианд
Обилурд мегуянд як қишлоқро, аниқтараш Обилурда ва якеи дигар Самсолиқ. Ин ду қишлоқро Эмомалӣ беҳад бад мебинад. Аз ин ду деҳа дар кишвари ҳамсоя бисёранд. Ҳозир дар сарҳаданд. Як нафар гуфт, ки як ҳамхизматам дар амнияти Рашт кор мекунад. Гуё Эмомалӣ барои овардани Муҳаммадиқбол бо Франсия шартнома мекардааст.
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Мухаммадиқболи Садридин. Ман ҳамон сокини ноҳияи Рудакӣ мебошам. Сабаби дер карданам ин аст ки номаамро ба дасти фарзанди хурдиам ба Маскав равон кардам, то ба шумо расонад. Боз дар бораи ҳамон оилаи Шарипов Худойбердӣ
Якчанд кори раисро бо якчанд кори отааш, самбақаи калон инҷо қисса мекунам.
Нурмаҳмад Шаропович баъди онки навори якумаш нашр шуд, директори мактаби мо-Аҳтамро бо дастгирии Шаропов Аҳлиддини бародар, муовини раиси ноҳия ва бо ёрдами вазорати маориф аз вазифа озод карданд. Сабаб ин ки ӯ ба сатрбизнеси раис мониа мешуд. Як айнигиро оварданд ба вазифаи директори мактаб. Асадуллоев Саидакбар пештар дар мактаб ба ҳайси муаллими зоология кор мекард. Вақте дар мактаб бо муаллимаҳои аз шавҳар ҷудошудагӣ қапиданаш бо як синфи ҳашт ӯро аз мактаб озод карданд. Аммо як муъҷиза руй дод, ӯро оварданд. Савол, барои чӣ?
Барои онки чизе Шаропов Худойбердӣ мегуяд ҳамонро иҷро мекунад.
Як кори директор ин аст ки замини пушти беморхонаи Набиро бо ëрдами муовини раиси ноҳия Шаропов Аҳлиддин гирифта замини шахсӣ ва наздиҳавлигӣ карданд. Як-ду сол пас мефурӯшанд. Мисли ферма ва майдони футбол, тоқат кунед, мебинед.
Сину солам ба ҷое расидааст. Ман қуввати мубориза кардан надорам. Лекин агар гап назанам Аллоҳ рӯзи қиёмат забони моро аз ҳалқам мекашад. Ба ту як тавсия медиҳам додарам Муҳаммадиқбол! Ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашав. Агар ҳиҷ чизе карда натавонистӣ қарзи виҷдонӣ ва инсониатро адо карда истодаӣ. Раҳмат, ки номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо 152» ҷо дода ва хондед. Бовар кунед, ки ин барномаи шумо хеле барномаи ҷолиб аст. Мисли тир бар ҷигари Раҳмонов мехалад, шикоф мекунад, аммо илоҷ надорад, ки пеши роҳи онро бигирад. Пеши роҳи шуморо бигирад гуфтанӣ ман ба ин маъно аст ки пеши роҳи халқро гирифта наметавонад. Халқ ба шумо менависад, Раҳмоновро аламаш мекунад, рашкаш меояд. Чи қадар муаллифи номаи навиштаи маро кофтанд. Аммо худоро шукр наёфтанду намеёбанд ва инак боз барои шумо менависам.
Ислоҳ барои мардум хеле заҳмат кашида истодааст. Раҳмати калон ба шумо аз мо мардуми оддии кишвар.
Баъди нашри номаи ман дар шумораи 152 чи корҳо шуд?
Якум шуи зани раиси маҳалла Фирӯзи амниятро перевод карданд аз амнияти Каратегински ба ноҳияи Ғончӣ. Раҳмат ба шумо.
Дуюм участковий, домоди акаи Худойбердиро перевод карданд ба Охтоқ.
Сеюм дар дари масҷид милисаҳои давраи 91 гуфтаи Раҳмонов дигар нест. Танҳо дар ҷумъахонӣ ҳастанд.
Раис навбати ту ҳам мерасад. Бовар кун як рӯзи ҷумъа гузаштам, раиси маҳалла намози ҷумъахон шудааст. Ҷумъахони раис, корманди ҳифзи ҳуқуқ гуфт: «Раис намоз хондесӣ?» Ба худо қасам хурдааст, ки бетаҳорат будам, субҳоналлоҳ. Умеди муовини раиси маҳалла, ту дар пеши магазаини мулло бисёр нашин. Баъди навор се рӯз дар пеши ман шиштӣ, ту говӣ, ки намефаҳмӣ. Гуфтам ку намеёбӣ. Беҳуда туро кличаки пашшаг..й намонданд. Бузи раис ва ҳаромхури Роҳатиӣ.
Директори мактаб бо раиси маҳалла беморхонаро аз замини мактаб ҷудо карда шахсӣ карданд, айни замон таъмир рафта истодааст. Ман, қасам ба Аллоҳ на ба Худойбердӣ мушкили хусусӣ дорам ва на ба дигараш.
Ин гушнаҳо баъди навори Ислоҳ мошинҳоро иваз карданд. Мошини Худойрбердӣ Лексуси рақами транзит к 0693, мошини раиси маҳаллла Нурмаҳмад 0003sm10 Тойота прадо ҷип
Мошини муовини раиси маҳалла Лексус 570.Писараш Шарипов Билол соли гузашта туй кард. Бо Ҷип мегардад. Танзим барои камбағалҳо аст. Ин расвоие, ки дар туй шуд, дар ягонҷои дигар нашудааст:
Якум беномуси Худойбердӣ, ин ки ҳоҷӣ бибӣ ҷураҳои писари калониашро дар пеши ин беномус палақ палақ мисли зану шу мучак мекунад, истодааст, мисли ҳайкали Исмоили Сомонӣ. Ин ҳолатро ба чашми сар дидам, ҷавониам ба ëдам омад. Лекин гап калон мешавад. Ин мардум боз мегуянд, ки ман хусумати шахсӣ дорам. Барои ҳамин хап кардам дар ин масъала.
Аз мардум пули калон ҷамъ кард. Дар замини мактаб беморхона сохт. Мардум диданд, ки намехезад дигар пул надоданд.
Аз сабабе, ки мо як деҳаи калон надорем беморхонаро дар замини мактаб сохтанд. Ана инро мегуянд, ки «Тоҷикистон ба пеш». Бинанд, ки чи ҳолу чи аҳвол аст. Беморхонаи мо аз чор ҳуҷра иборат аст. Якумаш раздевалкаи духтурҳо.
Дуюмаш ҷои духтури дандон. Сардухтур Ваҳҳоб кор мекунад. Сеюмаш духтури занона. Мо буду шуд ҳамин қадар беморхона дорем. Беморхонаи давлатиро Худойбердӣ бо раиси ҷамоат Шодӣ ба Ширин фурӯхта буданд.
Ин раиси маҳаллаи Роҳатии калон бо ду шарикаш Мансур Салимов кассири масҷид ва бо Умеди паша…ой бизнеси нав кушоданд:
Пули обуна
Ба гуфти раиси маҳалла масҷидро18000 сомонӣ маҳалларо 22000 сомонӣ мактабро ба 20000 сомонӣ бор бастаанд, гуё қарори ҳукумат будааст. Эй муред ҳамаатон ба ҳамин ҳукуматати гадоятон.
Раис пешдарои масҷиди ҷумъахониро бо ҳамроҳии азонгу Қиëми Каримбой хонабахона мефиристад ва пешдарои масҷид меравад ва боз дар намоз дар ҳамин мавриди обуна насиҳат мекунад, ки ин ҳатмӣ аст. Аз сари муаллимҳо шуъбаи маориф400- 500 сомонӣ барои обуна аз маошашон мегардонад. Худи ин бечораҳо чи қадар маош мегиранд? Эй, аблаҳ гуй, ки ман аз нигоҳи ислом бесаводам
вале саводи дунёӣ дорам. Бобои эшон як насиҳат. Ин қадар, ки аз хонаводаи Худойбердӣ метарсӣ, агар аз Аллоҳ метарсидӣ дар ҷаннутулфирдавс мегаштӣ.
Шумо динро фурӯхтед. Ин Худойбердӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ писари муҷоҳид буд. Аммо ин дертар тарафи ҳукумат шуд. «Ман худам бо чашми сар дидам домоди Кароми мантиëра кати бачаш чихел дар кумурхонааш афтамтоша буҷо кард, бадан ба ҳоҷатхонаш партофт».
Барои свети набудӣ ин раис аз ҳар магазин 300 сомонӣ ҷамъ дорад. Ҳар моҳ сари касӣ барои об аз маҳалла 20 сомонӣ мегирад. Боз шаш моҳ пас оби мардумро қатъ мекунад. Боз мегуяд, ки пули миробро бояд ҷамъ намоем.
Як пули туйи духтар 500 сомонӣ, яъне иҷозат барои туй. Туйи писар 1000 сомонӣ. Ин баъди нашри навори «Ислоҳ»? худоро шукр ин ҳам як осонӣ бароямон шуд. Қабл аз нашри Ислоҳ аз ин ҳам пули бештар мегирифт.
Фархор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз дохили Фархор номаро бар шумо равон мекунам. Дарди дили як бародар аст. Гуфт ин дунё сахт бевафо будааст. Ман пурсидамаш барои чи ин гапро мегуӣ? Гуфт, ки дузду ғар бошӣ дар роҳат ҳастӣ. Гуфт, ки ҷамоати Дарқад роҳаш вайрон, касе аз ҳукумат парво надорад, ки мардум инҷо дар чи аҳвол аст. Боз дар ин ҷамоат дуздонро раис мондаанд. Барои мисол Алишер Неъматов аз ҳисоби дуздиаш маҳбас шуду боз дар ҷамоат ба ҳайси муовини раис кор карда истодааст. Аҷаб ҳукумату ҳукуматдорӣ!
Боз як кори дигари аҷибашонро гуфт. Ба номи Искандар раиси заминҳои Ҷайралӣ будааст. Замини зиёди беҳуҷҷат доштааст, ба давлат налог намедодааст. Барои онки ин заминҳояш самозахват будааст. Ӯро ягон мақомот ягон кор карда наметавонистааст. Барои онки бародараш ҷияни Маҳмадсайид Убайдулоевро гирифтагӣ будааст. Додараш бо ҷияни Убайдуллоев авария карда мурданд. Ҳозир медонем, ки Убайдуллоев дигар дар вазифа нест. Гуфт, ки як мардро бачаҳои ҳамин Искандар зада куштанд. Қотили асосӣ Ёқуб ва Бунёд мебошанд. Аммо инҳоро маҳбас накарданд. Чунки пуштибони додараш домоди Маҳмадсаид Убайдуллоев буд ва инро соҳибони мурда медонистанд. Соҳибони мурда медонистанд, ки даъвояшон беҳуда аст. Ин корро баъд Искандар ба гардани худаш гирифт. Боз занаш мақомотро мегуяд, ки куҷоро нигоҳ мекунед? Одамкушҳои солҳои 1996 ро мекобеду аммо қотил дар пеши чашматон ҳаст гӯйё ӯро намебинанд. Мегуяд, ки агар мақомоти рост бошанд, раванду бисанҷанд ҳолати куштори акаи Содиқ ва заминҳои бедокументашро. Аммо ин шикоятҳоро дар куҷо гӯем ҷуз Ислоҳ?