Ҳамарӯза садҳо мошини Дулану Камазҳои калон ангишти куҳистони Масчоҳу Фалғар(Айнӣ)-ро ба марзи Самарқанд интиқол медиҳанд. Конҳои ангишти водии Зарафшон-Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакентро чанд сол мешавад, ки Оилаи Раҳмонов-Ҳасан Асадуллозода, Шамсулло Соҳибов, Исмоили Маҳмадзоир ва ҳоло маълум мешавад, ки Ҷамолиддин Нуралиев низ ба манбаъи даромади муфти худ табдил кардаанд. Номаи аввали ин барнома дар ҳамин масъала ҳикоят мекунад.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар мавриди як нафар бо номи ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев гап мезанам. Ҳоҷӣ Фируз ҳамкурси Ҷамолиддин Нуралиев аст. Ҷамолиддин Нуралиев, молики Бонки Спитамен ва раиси ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, собиқ муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва шавҳари Озода Раҳмонова, роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, яъне яке аз домодҳои расмии Эмомалӣ Раҳмонов аст. Номи пурраи ин ҳамкурси Ҷамолиддин Фируз Сайфуллоев аст. Инҳо аз соли 2010 ба ҳам дӯсту рафиқанд.
Ҳарду донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар Душанберо хатм намудаанд. Он солҳо коммерческий институт мегуфтанд.
Ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев директори кони ангишти Фон- Яғноб аст. Ин кон дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст ва аз тарафи Ҷамолиддин Нуралиев идора мешавад. Кори ҳоҷӣ Фируз пеш бурдани фаъолияти ин кон ва пулҳои ба даст меомада аз фурӯши кумурро ба суратҳисобҳои оффшорӣ ва Спитаменбонк ирсол намудан аст.
Дар соли 2016 ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев дар назди сафорати Амрико манзилеро ба маблағи 600ҳазор доллари америкоӣ харидорӣ намуд. Аммо то ин дам ин манзилро паноҳ мекунад.
Онҳо-Ҷамолиддин ва ҳоҷӣ Фируз ҳарду ҳам ҳам риштаи тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон доранд ва ангишти Фон -Яғнобро ба он ҷумҳурӣ содир мекунанд. Ҳаҷму миқдори содироти ангишти онҳо мефурӯхта ба Узбакистон ва нархи онро касе намедонад. Аммо ягон намуд андози давлат ва боҷи гумрукро намесупоранд.
Ҳоҷӣ Фируз Сайфуллоев директори кони ангишти Фон- Яғноб ду сол пеш азТуркия низ манзиле харидааст. Бинбар маълумотҳои ба мо расида номбурда шаҳрвандии Туркияро ҳам дастрас намудааст. Кораш сад дар сад танҳо ғорат кардан аст.
Ин Фируз Сайфуллоев ҳатто то дараҷае фоида мегирад, ки пулро бо қопча оварда дар байни хона мерехтааст ва ба завҷааш мефармудааст, ки пулҳои даркориатро ҳисоб карда гир мондагиашро ман ба шефам мебарам.
Номбурда дар ҳаёти кории худ 10сол зиёд мешавад, ки директори кони ангишти Фон -Яғноби Айнӣ аст. Пул ҷамъ карда ба фондҳои оффшории Ҷамолиддин Нуралиев мегузаронад.
Бародари Ҳоҷӣ Фируз номаш Суҳроб Сайфуллоев аст ва ӯ яке аз ашхоси боварии Озода Раҳмонова мебошад. Метавонем бигӯем ҳам бо Озода кор мекунад ва ҳам бо Ҷамолиддини шавҳари Озода. Дар ин маврид дар Номаҳо №190 навишта будему шумо ҳам нашр намудед.
Ман аз шумо хоҳиш менамоям кам ҳам бошад маълумоти ирсолкардаи моро дар ягон барномаатон ҷой диҳед.
Тавилдара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) ҷамоати Чилдара мебошам. Бародар аз рӯзе қумандонҳои муҷоҳидин аз Тавилдара рафтаанд бовар кунед ин ноҳия ҳеҷ рӯзи хуберо надидааст. Ин Ғайратовҳо ҳама мардумро аз Ҳавзи кабуди ҷамоати Чилдара то Ҳазрати Бурхи Валӣ зин зада савор шуданд. Ман хело видеоҳо шуморо тамошо мекунам. Наход мардумиТавилдара ин қадар даюс шуда бошанд ва ягон чи дар ин зулмҳои оилаи Ғайратовҳо нанависанд.
Зиёев Аъзамшо Аҳтамович амакбачаи Мирзо Ҷага дар роҳи қишлоқи Сурхоб ва чанд деҳаи дигари қади роҳ пулҳои мошингузари зиёдеро обод кард. Сел меомад зарар мерасонд. Боз соли оянда ҳамин Аъзами Панҷара буд, ки обод мекард.
Вақте Мирзо Ҷагаро куштанду Аъзами Панҷараро зиндон карданд ҳамин Ғайратовҳо аз фурсат истифода бурда ҳамаи ин пулҳоро ба оҳан бизнес фурухтанд. Ҳозир ягон ободӣ нест. На раиси ҷамоат парво дорад, на ҳеҷ кас. Дар масҷид вақтҳои пеш барои адои намози ҷумъа мерафтем амри маъруф хело хуб буд. Ҳозир амри маъруф нест, аз аввал то охир фақат дар бораи президент падари миллат Пешвои миллат мавъиза мекунад, ки як бадбахтӣ аст. Чунки ба ҷои расули Худо саллаллоҳу алайҳи вассалам аз Эмомалӣ тоғут мегуянд.
Вақте Мирзо Ҷагаро куштанд як гуруҳҳое ҳам буд, ки хурсанд шуданд. Ҳозир 90% мардум ба қадри Мирзо Ҷага ва дигар муҷоҳидон Тавилдара расида ба хоки кафи пойи онҳо зор шудагӣ ҳастанд. Аммо дигар ҳеч фоида нест. Чи тавре, ки русҳо мегӯянд после пожара хокистар.
Бародар Муҳаммадиқбол агар ягон хатоӣ бошад бахшиш. Ман камтар асабам хароб шудааст. Илтимос дар видео Сангвор нагуед Тавилдара гуед.
Медонед, чи тавр Тавилдараро Сангвор карданд? Аз номи Тавилдара Раҳмонов тарсу ваҳшат орад.
Ман шоҳиди ҳолам, ки якчанд бачаҳо азТавилдара барои номи Сангвор зид буданд. Аммо дар он вақт додситони Тавилдара онҳоро гуфт, ки биёед ариза нависед, агар мардум шикоят кунанд ҳукумати Тавилдара ҳеҷ кор карда наметавонад ва додситониТавилдара онҳоро фиреб дод. Вақте онҳо ариза навиштанд ва хостанд, ки митинг кунанд ва додситон ба милитсия хабар дод, ки биравед фалон одамонро боздошт кунед. Онҳоро боздошт карданд ва ба милисахонаи Тавилдара интиқол доданд ва 3 одами калонро ба Душанбе интиқол доданд, ки яке аз онҳо дар Тавилдара коргари радио буд. Онҳоро аз кор озод ва хеле шиканҷа ҳам доданд.
Душанбе
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз тамошобинони доимии шумо ҳастам. Мехоҳам дар бораи як масъала фикрҳоямро баён созам.
Имрӯз дар ҷомеаи мо блогерӣ дар авҷи аъло расидааст. Блогерон ҳастанд, ки мардуми мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди инстаграм ва ютуб ворид мешаванд ва тамошо мекунанд. Шумораи онҳо рӯз то руз зиëд шуда истодааст. Ин номаи ман ба блогерони тоҷик нигаронида шудаст.
Ҳукумат барои блогерҳо як маросими ҷоизасупориро ташкил кард. Соли якумро гузарониданд, ноадолатӣ шуд дар ҷоизасупорӣ. Блогерон руҳафтода ҳам шуданд, ки ҷоизаро нагирифтанд, чун сазовори ҷоиза буданд. Баҳсҳои бисëр сахте рафт. Шумораи блогерон кам нест, бисëранд. Медонед дар вуҷуди блогерони мо чи ҳаст? Танҳо даромад, пул ва чоплусӣ кардан. Ба фоидаи мардум видеои хуб кам аст. Аммо таърифу тавсифашон аз Раҳмонов тамомшавӣ надорад ва зиëд ҳам ҳасту аз андозаву ҳама маҳдуда гузаштааст.
Махсусан Президенти ассосиатсияи блогерон ба лақаби Баха, ки на саводе, на илме дар сар дорад. Кораш фақат ба дигар блогерон расондан, ки таърифи Раҳмонов ва чоплусӣ ба Исмоили пингвин кунанд. Э, блогерон чаро таъриф аз Раҳмонов мекунед, чаро таъриф аз Исмоил мекунед, чаро таъриф аз Рустам мекунед. Ҷомеаи имрӯз шуморо тамошо мекунад. Аз ин чиз Исмоил аз шумо истифода бурда ба пулаш ва ба молаш шуморо харидагӣ аст. Шумо блогерон аксариятатон ба Худо қасам мисли бозичаи дасти ин оилаи ҳаром шудаед. Шумо намебинед, ки ин оила ба мардум раҳм накарда истодааст. Ба мардум зулм мекунад. Мардумро бе ватан кард, ба мардум хиëнат кард кушт, мардумро дуздӣ кард, ба ҳеҷ касе раҳм накард.
Бидон ту имрӯз таъриф аз Раҳмонов кардӣ, фардо дар таги пояш мемонӣ ва ба ту ҳам раҳм нахоҳад кард. Шумо ҳеҷ қадру қимате надоред, дар пеши Раҳмонов.
Махсусан ту Барон (кличкааш) номаш Беҳруз, ҳайфи ту барин мард, ҳайфи ту барин мусулмон. Ту фикр кардӣ суханоне бар зидди ҳиҷоб задӣ, беҷавоб мемонад? Суханоне задӣ, ҳеҷ қадру қимате, ҳеҷ обруе нагирифтӣ. Падарат инсони хуб, бо фаҳм. Чаро ту аз Раҳмонови оқи падар дифоъ кардӣ? Вай ҳиҷобро манъ кард? Чаро сухан гуфтӣ бар зиди ҳиҷоб? Бар зиди ҳиҷоб гап задӣ беҷавоб намемонад. Ба суханонат ҷавоб хоҳӣ гуфт.
Либоси миллӣ кунед, мегуӣ, э чоплус! Аллоҳ гуфтааст, зан муйҳояшро маҳкам кунад. Ту либоси миллӣ мегуӣ, ҳамин қадар суханам барои ту бас аст. Номи ту дар таърихи тоҷики мо ба чоплусиву лесакӣ, Раҳмонови оқи падар хохад монд. Ин ша Аллоҳ камаш мондагӣ аст пешвоятро. Ба суханҳое,ки чанд мох пеш зада будӣ ҷавоб хоҳӣ гуфт, рузаш хоҳад расид, наздик ҳам ҳаст
Нигматов Мансур блогери, ки хайр мекунад, спонсори асоси ин хайр Исмоил не балки муҳоҷирон ҳаст. Кори ту аз як ҷиҳат ҳам, ки гирем хуб ҳам ҳаст. Чоплусӣ мекунӣ, дар гирди куни Исмоил давон давон мешавӣ. Аммо фоидаат каме ҳам бошад ба мардум мерасад.
Се бор мекушоӣ. Бояд муҳоҷирон як дирҳам ҳам надиҳанд, бояд як сомониям надиҳанд. Худашон дар азобанд муҳоҷирон, дар зери шиканҷаи русҳо ҳастанд, ба азобу меҳнат пулро ба даст меоранд, набояд инҳо пул диҳанд. Ҳамаи ин камбудиҳоро бояд Исмоили пингвин ва Раҳмонови фиръавн бартараф кунанд. Раҳмонови фиръавн ва Исмоили пингвин ҳар як видеоҳои туро ва дигар камбудиҳоро мебинанд, аммо парвое надоранд, задагӣ анд камбудии мардумро. Ту бошӣ чоплусиву лесакӣ бар ин оилаи ҳаром мекунӣ. Дида истодаӣ, ки шароити мардум дар дараҷаи хело вазнин аст, боз ҳам чоплусӣ ба Раҳмонов мекунӣ.
Блогерон хуб гушҳоятонро боз кунед. Ин суханонам бар ҳар яктои шумо дахл дорад. Шояд дарси ибрат ҳам бишавад. Аз оилаи касифи Раҳмонов дурӣ ҷуед.
Негматов Мансур ҳамсари Шабнами Собирӣ аст. Як рӯз занг мешавад аз тарафи одамони Исмоили пингвин ба Шабнами Собирӣ ҳамсари Мансур ва ӯро ба як ҷое даъват мекунанд ва Шабнам як шофиëрашро гирифта ба ҷои даъвати Исмоил меравад ва Исмоил дар комната медарораду корашро «тамом» мекунад ва долларро Шабнам гирифта аз комната мебарояд ва ба самти шофиëраш меравад. Як чанд пуле ба шофиëраш ҳам медиҳад, ки гап байни худамон монад. Аммо гап ба мо ва ба ҳама расид.
Ин ҳодиса хело пештар буд, медонам. Аммо ба блогерон як дарсе шавад, ки ин оилаи Раҳмонов ба шумо раҳм нахоҳад кард. Даст аз ин чоплусие, ки доред бардоред.
Блогерон, илтимос чашмҳоятонро бикушоед ва бинед таърифи киро карда истодаед. Мебинед, ки дар Тоҷикистон ягон ободкорӣ нест, ягон чизи хуб нест, ягон пешравӣ нест. Ҳамаи инро мебинед, чаро таъриф аз Раҳмонов мекунед? Дар видеоятон чаро тарафи Исмоил босс гуфта таъриф мекунед?
Блогерони дигар Саид Шукуров ва Муҳаммад ба тахаллуси Ковид- 19. Инҳо ҳамагӣ лесаки Раҳмонов ҳастанд. Тасаввур кунед як хона мукофот мегиранд аз Раҳмонов ва то охири умри аз Раҳмонов тарафадорӣ мекунанд. Бовар кунед чи хеле Раҳмоновро ҳурмату иззат мекунанд, падари худашонро ин қадар ҳурмат намекунанд. Илтимос ин корҳоятонро бас кунед. Шумо кудак нестед. Ин фиръавни лаъин хуни мардмуро макида истодааст.
Тоҷикистонро дар пасттарин ҷо зада истодааст. Шумо бошед Тоҷикистон ба пеш гуфта дастро боло мебардоред. Мардум дар гуруснагӣ ҳастанду шумо тарафдорӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар азоб шумо таърифи Раҳмоновро доред, мардум дар муҳоҷират, шумо тарафгирӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар бе барқӣ шумо тарафдорӣ аз Раҳмоновро доред, мардум дар муҳоҷират дарбадар, шумо тарафдорӣ аз Раҳмонови оқи падар мекунед. Дида истодаед мардум дар азоб аст. Чаро тарафдори аз ин лаъин мекунед? Дар ягон давлати дунë дидаед ягон блогери онҷо ин қадар тарафдори таъриф ситоиш аз президенташ кунад. Қасам ба Аллоҳ чуноне шумо мелесд ягон блогери дигар давлат ин корро намекунад.
Ба наздикӣ боз маъракаи ҷоизасупорӣ доред. Маълум, ки ин ҷоиза ба касе, ки бисëртар Раҳмоновро лесидааст дода мешавад. Ягон блогере намонд, ки аз Раҳмонови фиръавни миллаткуш таъриф накарда бошад. Афсус.
Медонед сазовори ин ҷоиза кӣ аст? Далери Эмомалӣ. Далери Эмомалӣ сазовори 1000-ҳо ҷоиза аст. Тамоми блогероне, ки имсол ҷоизаро мегиред, шарм доред. Чунки сазовортарин блогер Далери Эмомалӣ аст. Вай аз камбуди мардум гап мезад, фикри мардумро мекард. Бо ҳар як видеоҳояш зарба ба Раҳмонов мезад. Ҳар як видеоҳояш бо факт буд, чоплусӣ намекард. Як инсони одӣ буд. Номаш дар таърихи миллати тоҷик хоҳад монд ва мо фақат ӯро сазовори ҷоиза медонем. Ин ша Аллоҳ, ки пирӯзии мо наздик аст. Вақти чапа кардани ин оила ҳам омад. Рӯзаш меояд, чашматон боз мешавад дар ҳақиқат мефаҳмед: кӣ ҳақ хаст ва ки ботил. Аллоҳ ҳамаи мардуми моро нигахбон бошад, озодиро ба мардуми мо насиб гардонад ва пирузӣ ҳам насибамон шавад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Прокурори генералии Тоҷикистон қудои собиқи Раҳмонов одамони бегуноҳро дар содир кардани «ҷиноятҳои қаллобӣ»-мошенничество 247, қисми 4 гунаҳкор ҳисобида нисбати ин бегуноҳон парвандаҳои ҷиноятии сохта ва бедалел оғоз намуда баъзеашонро ба кофтукоби байналмилалӣ медиҳаду дар тамоми воситаҳои ахбори омма паҳн мекунад.
Нисбати Иззат Амон, Зайд Саидов, Умаралӣ Қувватов ҳатто нисбати Муҳиддин Кабирӣ, нисбати Муҳаммадиқбол, нисбати ҳазорҳо шахси бегуноҳ. Маҳз бо моддаи қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда ба судҳо пешниҳод мекунад. Аммо барои чи нисбати язнаи худаш Ҷалоли КГБ (буз) супермошенник бо моддаи қаллобӣ (мошеничество) моддаи 247 қисми 4 ,моддаи 170 (бисёрзанӣ) моддаҳои дигари кибертехникии ҳакерӣ парвандаи ҷиноятӣ намекушояд.
Ин як муаммоест, ки дар оянда аниқ хоҳад шуд.
Ман дар бораи ҳамин одам, ки аз Ҳисор аст Ҷалоли КГБ (буз) гуфтаниам. Худашро дар ҳама ҷо язнаи Прокурори Генералӣ муаррифӣ карда (гуё,ки ҷияни роднойи Юсуф Раҳмон зани дуюмаш аст бо номи Зебо. Ин зан дар 6-ой отдели МВД муфаттиши калон мебошад).
Ду сол пеш ба Туркия омада маҳз тоҷиконро фиреб кард, бо ҳамроҳии як зани молдованка бо номи Наталя Янчиева. Гуё шавҳари ин зан миллиардер аст. Аз тоҷикон бо роҳи қаллобӣ- мошеникӣ аз 120 000 доллар то 300 000 доллар аз як қирғизи ноҳияи Ҷиргатол бо номи Худойназар 140 000 долларашро гирифта аз худ кардааст. Бо ин қирғизи Ҷиргатол бо ӯ ба Эрон рафта дар Эрон аз ӯ боз маблағи 50 000 долларро гирифтааст. Аз ҳамаи ин одамон, ки зиёда аз 70 нафар мебошанд маблағи умумии тақрибан 6 700 000 (шаш миллиону ҳафтсад ҳазор доллари ИМА ро ) бо роҳи қаллобӣ аз худ карда аввал ба Эрон баъдан ба Тоҷикистон гурехта рафтааст.
Саидов Абдуҷалол Раҷабович (худро эшони Абдуҷалол муаррифӣ мекунаду дар бисёр ҷойҳо ҳатто худро аъзои ҲНИТ ҳам мегуфтааст (ҳол он ки ӯ ба ҲНИТ ягон алоқамандӣ надорад-дар назди муллоҳои Туркия худро наҳзатӣ муаррифӣ мекардааст) аз ноҳияи Ҳисор деҳа Туда аст. Пештар ба нақли худаш муфаттиши МВД СССР дар Тоҷикистон будаасту баъдан гуё дар вазифаи эмомхатиби ноҳияи Ҳисор ҳам кор кардааст. Баъдан ба тиҷорати молу масолеҳи сохтумонӣ машғул шуда дар ҷараёни ин кор бо ин зани молдованка мошенитса шинос шуда аз картаҳои шахсони воқеъӣ ва счётҳои хобрафтаи Аврупо ва дигар давлатҳо маблағҳоро ба воситаи ҳакерҳо медузданду дар дипломати бо худ доштааш ба ҳама нишон медиҳад, ки ана дар ҳисобҳои ин зани олигарх 500 000 000 (панҷсад миллион евро )мавҷуд аст. Шумо ба ман 150 000 доллар диҳед, ман баъди ду- се моҳ 300 000 доллар медиҳам. Аз нафари дигаре ки номаш Амин аз Ҳисор (бигзор номаш махфӣ монад ) эшони Ҷалоли КГБ(буз) маблағи 175 000 долларро накд дар Стамбули Туркия бо роҳи фиреб гирифта ба ӯ маблағи 350 000 доллари ИМА (дар муҳлати се моҳ ) ваъда дода будааст. Акнун ин шахс тули ду сол аст пулҳояшро интизор аст. Айни замон боз эшони Ҷалоли КГБ язнаи Прокурори Генералӣ, собиқ қудои Президент ваъда кардааст, ки мо маблағҳоятонро се вайно баргардонида медиҳем. Яъне 175 000 доллар гирифта бошанд 500 000 доллар медиҳем гуфта фиребу шайтонӣ карда махсусан тоҷиконро фиреб карда аз онхо маблағҳои бениҳоят калонро аз худ карда мегуяд, ки «Мана крышаам Прокурори Генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон қудои Президент Эмомалӣ Раҳмонов аст. Мана пишакама ҳеҷ кас пишт гуфта наметавонад. Ман язнаи Прокурори генералӣ» гуфта воҳима ва дағдаға карда гаштааст.
Инро низ илова карданиам, ки ин Ҷалоли буз бо як гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ҳамкор аст ва ӯ худро генерали Интерпол муаррифӣ ҳам мекунад. Яке аз онҳо
миллаташ арманӣ аст ва як зани мошенитсаи дигар бо номи Наргиси Ғафс, инчунин нафари дигари аъзои ин гурӯҳ Сулаймон аз ноҳияи Ваҳдат ва додараш Неъмат, инчунин Маҳмад Зоиров (собиқ раиси бонки ноҳияи Роҳи оҳани Душанбе ) бо статяи 247 қисми 4 (мошеничества ба муҳлати 11 сол суд шуда буд, айни замон дар Туркия карор дорад) ва инчунин як эронӣ бо номи Маҳдӣ ва чанд нафари дигар ҳамроҳ мебошанд, ки главари ин гурӯҳи ҷинояткор «Эшони Ҷалоли КГБ-буз» мебошад. Ин шахс худро эшон муаррифӣ мекунад ва Эмомхатиб. Аммо аз руи гуфтаи ҳамсояҳояш аз деҳаи Тудаи Ҳисор ҳам худаш ва ҳам акаааш ҳамеша арақ задагӣ маст мегаштаанд дар Ҳисор. Яъне ин Ҷалоли КГБ (буз) агенти КДАМ аст ягон эшон ё мулло нест! Ҳангоме мақомоти қудратии Тоҷикистон даҳҳо нафарро аз Туркия дуздида бурда 30 соли ва 20 соли маҳкум ба зиндон мекунанд. Ин корро карда метавонанду чаро ин гурӯҳи ҷинояткорро чизе намегуянд? Инҷо ҳатман бо ин гурӯҳ шариканд ва ё инҷо чи тавтиъа ва ҳелаҳое пинҳон аст. Мо назорат мекунем пас аз нашри ин нома ҳолашон чихел мешавад ва комилан бароятон менависам.
Норак
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Аз шаҳри Норак ҳастам, ҳоло дар Ваҳдат истиқомат дорам. Дар бораи ҳамин донишгоҳу коллеҷҳо суҳбат кардан мехоҳам. Ба Аллоҳ қасам духтарҳо чи дар донишгоҳу коллеҷҳо на кам аз 90% ба ҳаромкорӣ машғуланд. Ҳамин суханҳои маро дар шабакаатон пахш кунед. Ман тамоми барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Номаҳо аз ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳастанд вале аз Норак танҳо як нома дидаму халос. Мутаассифона аксарият чмо шудагианд. Мардуми Нораку Ваҳдат аксарият хокакзани як авлод шудаанд. Ман бисёр гуфтанихо дорам. Ман аз як деҳаи куҳистонии Вахдат ҳастам. Ман барои додари худ келин кофта истодаам. Ба ҳар хона, ки меравӣ ҷавоби рад мешунавӣ. Сабабаш дар ин ки ҳама мегуяд: «духтарам дар коллеҷу донишгоҳҳо мехонад, хатм кунад баъд». Лек онҳо намедонанд, ки духтарони онҳо ба хондан машғул нестанд, онҳо барои хуш гузаронӣ мераванд.
Вақте ман дар донишгоҳ мехондам худам ҳамаашро дидам. Ман як писарро медонам, ки писари зебост. Ба аллоҳ қасам бо 63 духтар гап мезаду онҳоро истифода мебурд. Баъзеашонро ба мисли зани худ ба квартираи худашон бурда бо онҳо… мекард. Оё он духтар розӣ буд ё не ба он бе шахсият фарқ намекард.
Ҳоло бошад дар коллеҷу донишгоҳҳо Раҳмонов ба директорҳо фармон додааст, ки то донишгоҳро буд накардед, шуй накунед. Хоҳиши ман ин аст ки навиштаи маро ба ғарибоне, ки дар ғарибӣ азоб кашида барои хондани духтари худ кор мекунанд хубаш аз хондани духтарҳо даст бикашанд. Сабаби аслӣ дар он аст ки якум дар Тоҷикистон ҷойи кор нест. Дуюм худатон мебинед, ки ҳар сол танҳо дар Донишгоҳҳо на кам аз 17000 одам донишгоҳро хатм мекунанд. Худатон Фикр кунед дар Тоҷикистон барои 17.0000 одам як сола кор ёфт намешавад ҳоло худ фикр кунед барои 5,000000 миллион одам аз куҷо кор пайдо мешавад? Худи Донишгоҳ бо ҳар писаре, ки ба худи духтар маъқул аст ба квартираҳо рафта ҳаромӣ мекунанд . Дар 2 ва 3 курси ҳомила мегардад. Модари духтар шарманда нашавам гуфта зуд ба сари писари дигаре бор мекунанд.
Мо имрӯзҳо ин гуна корҳоро хар рӯз мешунавем. Ба Аллоҳ қасам шармам меояд ба инро гуфтан. Духтар дар сараш сатр, бо рафиқи мо дар телефон гап мезанад. Ҳаррӯзи худо худашро лухти модарзод карда сурат гирифта мепартояд. Духтарро мебинӣ бо сатр мегардад, сараш хам, хаёл мекунӣ, ки беҳтарин духтар аст. Баъде мефаҳмӣ, ки уже ҳомила аст. Бовар кунед, як рузи сиёҳу як бадбахтӣ аст дар ин Тоҷикистон.
Писарбачаҳо ҳам ҳамин хел. Қариб 40% дар дискотекаҳо, арақхуру пивохур шудагианд.
Ҳозир барои аксарияташ дискотека аз масҷид пеш аст. Масҷид намераванд вале дискотека мераванд. Баъзе духтарҳо бо либосҳои шайтонии худ ба писарҳо, кӣ будани худро нишон медиҳанд. Аммо баъд, ки нодухтар шуданд дар сар руймол карда худро духтари хуб нишон медиҳанд то ин ки шавҳар пайдо кунад.
Ба ин ҳама ин пешоби миллат гунаҳгор аст. Духтарон дини худро хуб намедонанд, аз ҳиҷоби аслӣ маҳруманд. Писарон бошанд ақида, имон ва ахлоқи ҳамида. Чаро барои риш мондан чора андешида мешаваду барои ҳомила нашудани духтарон чора андешида намешавад? Чора андешидан сад дар сад мешавад вале инҳо худашон инро намехоҳанд. Як маротиба як писарро бо духтар дида ҳардуро 10ҳазорӣ штраф кунанд, дигар ҳеҷ духтаре бо писар дигар гап намезанад. Лек барои ин пешоби милат бамаънӣ будани духтарон писанд нест. Чунки ҳама духтарони худаш бо фасоду айшу ишрат машғуланд. Барои ҳамин писароне, ки зангиред аввал бодиққат аз паси духтар бигардед, бо чашми худ бинед, санҷед, ки духтар бо касе мулокот надорад, баъд хостгораш шавед.
Ҳоло дар шаҳри Вахдат хеле зиёд духтарон ба фасодӣ машғуланд. Мо дар Ваҳдат зиндагӣ мекунем. Ҳар рӯз мебинем, ки оилаҳо вайрон мешавад. Медонед аз чи сабаб худи духтарон дигар як шуйро намехоҳанд? Барои ҳамин бо як баҳонае бо шавҳари худ ҷанг карда аз он ҷудо мешаванд. Ҳоло модарони ин духтар фикр мекунанд, ки духтарамон раваду бихонад то ин ки бо шавҳараш якҷо кор кунанду зиндагии худро пеш баранд. Вале хатои бузург мекунанд. Худи модарону падарони мо мегуянд, ки ин гунае, ки ҳоло шудааст: « духтар писаро вибр кардан» ин тавр набуд. Вибор кардан яксу истад. Як дусти ман дар ҳамин Ваҳдати мо як хонаи 3 этажаи зебо дорад, барои хостгорӣ ба духтаре мераванд. Модару духтар ҳарду дар пурсуҷуи писар медароянд, ки хонаатон чанд этажа аст. Баъд хандида гуфтааст, ки хонаамон 3 этажа аст. Баъд мегуяд, ки дар хонаатон гов дошта бошед ман ба гову мол кор надорам, ман ин чизҳоро намефаҳмам. Ин рафиқи ман бошад мегуяд: «ҳо, бале, мо дар хона гов дорем, говбизнес мекунему лек мо гов ҳам, ки намедоштем бо ин суханҳое,ки ту гуфтӣ даркор нестӣ барои мо. Ин рафиқи ман боз ба дигар хона меравад. Боз пурсупос. Ин духтар бошад мефаҳмад, ки ин рафиқи мо писари хурдии ин хона аст қабул намекунад. «Ман хизматгори хуштоман нашавам» гуфта рад карда аст.
Боз гуфтаниам, ки бисёри модарон дар асл намедонанд духтари онҳо дар он хобгоҳҳо ба чи корҳо машғуланд. Ҳар гоҳе, ки мепурсӣ мегуянд, ки ҳар шаб бо духтарам гап мезанам, духтари ман дар ҷои хоби худаш аст. Ҳамин яктои онҳо холаи худи ман аст: «мега, ки ма аделна дгоноша мепрсум, ки бо ҳами духтари ма кати ягон кас гап назана, ки мара оташ мекуша, дугонаш меган, ки не и духтари бе мани нестай намозоша мехона».
Ана ҳамин хел гапҳо мезананд. Аммо ман медонам, ки ҳамон духтари холаи маро як чорумкурс ду руз пас дар мошинаш савор карда мебарад. Ман худам рафтам, якчанд рӯз поида дидам. Модараш холаам, мехост, ки ҳамонро ман бигирам. вале ман гуфтам, ки ман хеш намегирам. Ман гуфтаниам, ки падарони азиз агар бихоҳед, ки духтаронатон бебахт нашаванд аз зери чашми худ дур накунедашон. Ба Донишгоҳ дохил шудани бисёри духтарҳо ин як бахона аст. Боз худ медонед, ки дар Тоҷикистон ҷои кор нест. Ин худи пешвоятон намехохад, ки духтарон бомаънӣ бошанд. Барои он ки духтаронро худи онҳо истифода мебаранд.
Баъд гуфтаниам, ки худатон дар як моҳ ду- се маротиба рафта аз дур тамошо кунед.
Модари ман ҳам аз рафиқонам мепурсиданд, ки ҳамин писари ман бо ягон арақ ё банг назанад. Рафиқони ман всеравно мегуяанд, ки «не бачаи зурай, бачаи нағзай».Аммо модари ман, падари ман аз куҷо медонанд, ки ин рафиқони ман дуруғ гфта истодаанд. Баъд як руз ҷанг шудем, ҳамаро фош карданд. Гуфтам, барои ҳамин писарони худро бе назорат нагузоред.
Боз як масъалаи дигар. Дар Душанбе 3 оилаи пулдоре ҳаст, ки барои онҳо ҳар рӯз як духтари созро вибор мекунад бо 1000 доллару Ду хазор доллар дода бо он ҳамхобагӣ мекунанд. Ҳамин хел одам боз дар Қурған Нусрати бетурсик. Наздикии Донишгоҳ қаҳвахона аст. Ҳамин хел чиз дорад, ки дар ҳамонҷои шиштагиаш духтарҳои гузаштагиро кадомеаш, ки маъқулаш шавад хизматгоронаш гирифта меоранд, то ки бо Нусрат отдих кунад. Барои вай шудор ё инки бе шуй фарқ надоштааст. Маъқул шудӣ «бо лубой ҳила» фиреб карда мебаранд пеши Нусрати бетурсик.
Чи дар Донишгоҳҳои Душанбе бошад ва чи дар Кулобу чи дар Қурған ва дигар дар тамоми ҷойҳо ҳамин хел фасодист. Медонам барои баъзеҳо мумкин аст аҷоиб тобад вале охир ман ончи дидаистодаам ва ҳар рӯз дар ин ватанам онро гуфтам. Мумкин ба баъзеҳо хуш наояд вале мутаассифона воқеъият ҳамин аст,ки гуфтам.