Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №240

Ислоҳ нет

Ин шо Аллоҳ, номаҳои мардум, ончуноне интизорашро доштем ва шоҳидаш ҳам ҳастем хобу хурро аз мансабдорону мақомдорони беинсоф ва чоплусону хокзанҳои онҳо гирифтааст. Чанд рӯзи пеш як матлаби ифшокунандае аз фаъолиятҳои паспардаии муовини раиси ноҳияи Рудакӣ ба нашр расонида будем. Инҷо ва ин бор кормандони зираку нотарси мо аз «Роҳатӣ» идомаи моҷароро пас аз нашри он матлаб навишта фиристодаанд. Беш аз ин тафсилот намедиҳем. Бигзор худатон хонеду қазоват кунед, ки «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и Ислоҳ ба чи корҳое қодир аст. Фақат хоҳиши ягонаи мо аз шумо ҳамватанони азиз ин аст ки аз мушкилоти худ ҳарчи бештар бинависед:

                        Рудакӣ 

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ончики мо дар номаҳои қаблӣ дар бораи Роҳатии ноҳияи Рудакӣ ба шумо ирсол доштему шумо чопаш кардед, дар дохили Роҳатии мо шуру машғалаи зиёд андохт. Махсусан номаҳои ахири фиристодашуда аз Роҳатӣ, ки бо сарлавҳаи «Аҳлиддини Худойбердӣ,муовини раиси Рӯдакӣ: «Шера дур дида шағоло авав кардесте дар группа. Ҳамата  наказат мекунум»!!! » чоп шуд, дар ҳеҷаи инҳо алов андохт. Акнун кофта истодаанд, ки ин номаҳоро кӣ фиристодааст.

Инҷо ман мехоҳам боз аз «Роҳатӣ» дар бораи як воқеаи шудагиро баъди чопи он нома бигуям. Хуб шуд, ки шумо номаҳои моро дар як шумораи алоҳида, дар як матлаби муфассал чоп намудед. Мо ,таъсири онро ба пуррагӣ дида истодаем. Ин навбат ҳам номаи мо ба оилаи Худойбердӣ дахл дорад.

Чанд вақт пеш дар группа мардум садо баланд кард, барои онки директори мактаб Асадов Сайдакбар аз мақому мансабаш истифода бурда зани як бародарро зино мекунад ва баччаҳо он ҳолатро акс ва навор мегиранд. Ҳама аксҳо дар дасти баччаҳо мавҷуд аст аммо ба хотири он хоҳар ва шавҳараш намехоҳем ин мусибат ва ин шармандагиро паҳн кунем.

Ин директор муаллими одӣ буд, вале даҳ сол мешавад, ки директор аст. Ин номард бо як духтари дигар ҳам ҳамин гуна корҳои зишту фоҳишро анҷом медод, ки вай ҳам муаллима буд. Ин ҳодиса 7 сол пеш буд, аммо он муаллима шавҳар надошт. Ҳозир бошад ин корро бо як зани шавҳардор  кардааст. Инро аз мактаб сур карда буданд. Боз ана ҳамин Аҳлиддини Худойбердӣ аз куҷое ёфту овард. Мо дигар намедонем, ки духатронамонро чи гуна ба мактаб роҳӣ кунем. Ҳамаи мардуми Роҳатӣ ва берун аз он фаҳмид, ки ин директор ҳамин корро кардааст. Аммо Аҳлиддини Худойбердӣ, муовини раиси ноҳия, ки пеш раиси ҷамоати мо буд, гуфтааст, ки доказат кунед ва таҳдид кардааст,  ки «ман занша фалон мекнм». Баччаҳо гирифтанду доказать карданд. Ҳозир шавҳари он муаллимаро отдел бурда угрожать кардаанд, ки «ту и занта ҷавобша додӣ тамом, дига ту шавҳари ин нестӣ, ягонҷо шикоятам намекунӣ» ва ӯро сахт таҳдид карда тарсонидаанд.

Бародар ҳоло дар ин қишлоқи мо ҳаромхури хокзан бисёр шудааст. Барои мисол

Турдӣ гуфтанӣ одам худашро одами туғрӣ мегирад. (голосоша мепартоем). Ҳоло баромадаасту мегуяд шумо директорро туҳмат накунед, лекин ӯ ҳам ҳама навор ва суратҳоро дидагӣ аст.

Мегуяд: « шумо чо мекне туҳмат мекне директора, ҳамаш вообще номус надоран, да мо чи даркор, ҳамихели оводӣ, мактаб ранг карагӣ боша». Аммо мо гуфтанием, ки фарзандони мо дар як мактаби ҳаром набояд дарс хонанд. 

Боз раиси маҳалла Нурмаҳмад ҳамин Сайдакбарро таъриф карда мегаштааст. Чунки аз типи худашон аст. Дар ин ҳолат магарам бароему равем аз Роҳатӣ. Дигар намедоем чи кор кунем. Инҳо барои ободии Роҳатӣ ягон кор кардагӣ нестанд. Аммо боз забонашон дароз. Ҳозир баччаҳо худашон группаро гирифтаанд. Дар як картаи дигар пул ҷамъ карда истодаанд, барои   трансформатор ва столбаҳо. Касе пул мепартояд раиси маҳалла бо дӯстонаш занг мезанаду угражат, мекунад ки «ту чи да у карта пл мепартоӣ». Барои онки инҳо аз хурдан монданд, охир. 
Бародар, ҳоло инҷо голосовойҳои ҳамон Турдиро мепартоем. Аммо мо гуфтанием, ки мо дигар духтарҳоямонро намемонем ба мактаб раванд. Ва, инак садоҳои нафаре бо номи Турдӣ, ки исмашро аз ин пеш гирифтем:


 «Ассалому алайкум мардуми ободкору баномуси Роҳатӣ. Ин ман Турдираис. Муроҷиат ба ҳамон «Бародарӣ- баробарӣ», моро даъват кардай, номомона гирифта номус доред гуфтай. О, ту ки худут ийгити Роҳатӣ бошӣ, ҳамун «Бародарӣ- баробарӣ»,ту ки худут ҳамаи ҳамин кора медонӣ, о чува намебароӣ ту гап занӣ худут? Ту ҳамун падполни крисаӣ, ту як правакаторӣ, байни мо мардуми Роҳатӣ мутит кардестӣ, ҳамара шур андохтестӣ, директири мактаба туҳмат кардестӣ. Вай мардак худуш фарзандош уже синфи 9, 10,11анд ваё. Дига кор надорӣ бо хеста директори мактаба туҳмат кардестӣ, ташвиқот бурдестӣ.

Раис Нурмаҳмад шумо чува повод мететон ҳамин хел мутилаҳора. О, гав зан шиносота, 6ум аделай, УУР ятеша гав зан кован броран ина. Ин байни мардум уже ташвиқот бурдестай. Маладёжи Роҳатӣ ягонтат гуш накунед, ин ҳама туҳматай ин ҷанг андохтестен байномон. Ё ҳамин аз ҳамин Роҳатӣ нестай, ягон, аку ман номошона ман намегирам бо. Ман намедонум ин ай кадом гуруҳай? Карочи байнои мо, мисол ихели ташвиқот бурдестай, номои мора бо гирифта. О, туям ки ҳамин йигити Роҳатӣ бошӣ буро гап зан охи ранги мо. Голоста мон, бро гап зан, мардума гу, ки ина мисол фактота биёр далелота биёр даказат ку. Чи даркор дар ҳақи як кас туҳмат мекунӣ? Ҳоле барои туҳматут меёванд, даказат мекунанӣ, медонӣ худта мисол делаи ҷиноятӣ мекушоян дар кунут ме…н. Ҳукумат қатӣ ту бозӣ кардӣ? Туҳмат кардосӣ яг одама. Вай худуш фарзандош чени хатмкунандаҳои мардуми Роҳатияй, талабаҳои мактаби Роҳатида, дар ҳақи мисол ҳамин мардак, да маориф вазифи зурда буд, хоҳишу илтимоси муовини раис қатӣ- Аҳлиддин қатӣ хест омад, ки иҷара мисол як обод кунаю мисол дастгирӣ кунан, мисол қишлоқа, мактаба мисол, ҳамара. Неки боша коруш как нада буд да маориф, мурди мисол мактаби мо набуд вай, нуждатса намекард мисол да мактаби мо. Барои ҳамин бародаро мисол ягонтат и гапора гуш накунетон. Байнои мо мисол ҳамин хели гапу чаки зиёд шудестай. Ҳамаш туҳматай дар ҳақи директор ин гапо. Вай «Бародарӣ- баробарӣ» як правакаторай байномон мисол ҷанҷол андохтестай. Ягонтат гуш накунедша, илтимос.

Номи Турдира мегирӣ, Фаруха мегирӣ, Самӣ мегӣ, кали Хуршед мегӣ. Ина кали Хуршед мегӣ, шиштай ҳамиҷа Мега ёфта те мега якум ман ҳамуна таҷовуз мекунам мега, ҳамун «Бародарӣ- баробарӣ»-яй. О, ту, ки йигити Роҳатӣ бошӣ нангу номус дошта бошӣ, далел дошта бошӣ, факт дошта бошӣ, бро гап за охи. Якум. Дуюмаш ҳамин админ кияй да ҳамин гуруҳ. Рауф худта ина мисол йигити Роҳатӣ мегирӣ, механдӣ, уруз хандида будӣ, ки бе ғайр аз ман раисам худшам медона ҳавай кияй ҳамун «Бародарӣ баробарӣ»?. О, хай медонетон ҳамин правакатора чо мекнетон да байни мардум сардода? Гире ина даъф кунетон ай группа охи, удалитуш кунетон ана ҳаминра. Раис, мақсад худут метонӣ, ё Рауф метона, Қувват метона, кадомет, ки бошӣ ҳамин админ гиред ҳамин правакатора даъф куне ай байнмон охи. И ҷанҷол меандоза ҳама мардума. Уже маладёж ҳама хестай, ина уже ба сари директира. Ана мисол сайти директирда партофтиян. Туҳматай ин корову ин гапо. Повод натетон илтимос. Админ кияй илтимос ҳамина гирен удалит кунен, даъф кунен ай байнмн ҳамин «Бародарӣ- баробарӣ»-ра. Ҳамара ҷанҷол андохтестай, ҳамара мутит кардестай. Стрелкаҳои мана, ун деволи хони Шерда кашидаю ана ун мисол боғи хоҷагии деҳқонии мода кашидаю  ҳамиёра карочи гиред удалит кунед ай сайт. Даҳф кне. Инхели бояд байни мода набоша.

Ҳамин деволи Шер мебиё, мисол мана битони амаки Самӣ омад, ё ки назди сеткаи боғи мо мебиё, мо ягонтамон зид нестем. Касе, ки дар план омад, кандан мегирем мо. Вай боғи бо гуфтестам боғи падари ман нестай, ай бобом намондай вай. Вай ранги квартирае, ки шумо дар Ленинград снимат мекунетон, то хозяинда даркор шудана зиндагӣ мекунед, то ҳукуматда даркор шудана мода аренда додагиан, ин хоҷагии деҳқонияй. Ин замини якумра нестай. Ин хоҷагии деҳқонияй.  Ира мисол ҳамин руз даркор шуд мегиран. Ман да вахтуш, вахти пайҷои мактаб кофтеса будан, ин бо раиси мисол Аҳлиддина пурсетон, ки ман худум муроҷиат кардум раис, гир да ҳамин замини ман мактаб соз, манда даҳ сотих те ай пуштуш, ман як хона созум бо ман битони мактабатона ёрдам мешам. Гуфт, ки ака намешад аз замини ту, ту мобайндайӣ. Намешад, гуфт. Ман лишна худум предлагат кардагиюм. Шумо хавотир нашавед, кадомет, ки мисол муқобили ҳамин замини моед. Вай сеткаи моям, ки дар ҳамин нақша, ки омад моям мегирем усу қафо мекашонем. И барои як гову молу як мисол пору-мору напартоян гуфта. Ҳамаи иёра ма мисол ай раиси ҷамоат оварда поруву хокистару гуҳи гуспандошона бароварда рехтан ,чан бор ҷанҷол шидем. Барои ҳамин мо сетка гирифтагием. Вай сетка барои мисол як хару гову  моли мисол ҳайдав надароя гуфта. Ҳамара ҷазир карда буданд. Кайки у замин даркор шуд ҳукуматда, любой время мегирад, мисол завод даркорай, мактаб даркорай, унивиристет даркорай, чизе даркорай мегира месоза. Времини исползованида додагиан, ранги квартирае снимат мекунем бо гуфтестам да Ленинград  ҳамун хелай дасти мода. Ман ягонтатона ё ки мисол  амакбачаҳои ма рафта а ягонтат замин гирифтагӣ нестем, мо, зурӣ урӣ карда мисол. Мора замина овардан маҷбурӣ бор кардан, ҳишки нагирифт, ҳамина мисол боғ куна, ҳамин раиси ҷамоата бор кардан 15 гектара. Ҳамин мора илтимос кард. Тақсим кардай мисол гирифтем, обод кардем. Мисол 5 гектаруш да бачаҳои раиси Мақсадуллояй худораҳматида- Парвизушонда. Барои ҳамин любой время даркор шуд районда, ҷумҳурида даркор, ки шуд мегира бо ай дастмон. То рӯзи мисол даркориша мо истифода бурдестем. Каседа даркорай ина биёя қати ман чақчақ куна гира ай ман аренда истифода бурдан гира. Вай сеткара мо барои гову моли ҳайдав гирифтагием. Мо ҷойи обгирӣ кардагием унҷа, чандташ гап мезане. И «Бародарӣ- баробарӣ» фақат  биниша сунит кардан мегира, да ҳамун сеткаи моям. Ҳозир ина ай боло рафтестай. Сетки ман мишат куна мегум кане, я митир, ду митир бо усу занетон. Ман ягон хел зид нестум барои ин. Барои ҳамин, илтимос админи ҳамин группа кияй, гиред ҳамин «Бародарӣ- баробарӣ»-ра даҳф кунен, ай байнмон. Илтимос гиред даҳф кунетон. Раис ҳамира ташкил кун, илтимос.

Раис Нурмаҳмад ина ҳамин голосои мана парто да ҳамун группада. Ман у группада нестум, ман маҷбур мешам медром гоҳ- гоҳ ина ҳамин мисол гап мезанум, мақсад номои мора гирифтай, даъват карай, барои ҳамин ман баромада гап задестам.

Бародарои ина ҳами Роҳатии мо ҳама йигито ма як пешниҳод дорум. Мардак боре бо шумо, и яхелтон мисол гапхунукетон, бо хокзаниву падхалимӣ нагуетон. Ман як гапи спрадливи, ҳақ карочи дорум. Ман я предлажени зур дорумтона. Мақсад чи предлажени дорум? Мо у бегаҳ якҷо туйда шишта будем, туйи ҳамин бачаҳои Роҳатии худмон шаҳрда. Карочи ина устод акаи Турдиалӣ буд, ҳоҷиака буд- Худойбердӣ, Самиуно, ҳама каса шиштагӣ будем. Масалаи ҳамин стадиони фермада гап рафт. Баъд пурсидем, ки чандта ҷои нишаст шудестай? Қорӣ Шуҳрат гуфт, ки чорсадта, и хел кунем шашсад меша. Ман гуфтум, ки и камай. Агар 800у 1000ам кунем, камай. Я мактаби мо худуш ай ду ҳазор зиёд  талаба дорад. Ҳамира мисол ма я пешниҳод кунумтона, ҳамина мисол бақувват созану як минимум 5 ҳазорта. Раиси Аҳлиддин, илтимос ҳамина я панҷазора кунетон, ки любой хел -мисол гуштинай, я панҷоҳ-шастсолаҳо, чилсолаҳода расчет гире, ки ягон гуштинои калон, ягон маъракаҳои калона дар ҳамунҷа мисол ҷашн гирем, ҳамира мисол агар мақсад пул нарасид бо мисол я ҷамъ мешем, я майлисда раиси Аҳлиддина даъват мекунем, пул мепартоем, ҳамина мисол, я бақувват созем, ки я минимум панҷ ҳазор одам бара. Барои ки любой наврузияй, любой маъракаҳои ҳамин ҷамоата дар ҳаминҷа мегузаронем. Рас аку сохтестем ҳам як фасони ҳалоли калон созем. Баъд мисол ай чор тарафуш ё гуем, ки ай ду тарафуш виходи калон мондан даркор, ё ай чор тарафуш виход мондан даркорай. Дарша мисол даромаду баромад, чтоби пробка нашавад, ягон вақт. Футбол меша, наврузӣ меша, ягон ҷашно меша, мисол оянда да ҳамин хел расчет гирем, ки чил- панҷоҳ шастсолаҳо равад.

Баъд як пешниҳоди дигар дорум, ки ҳамин стадиона ба номи ҳамин ҳоҷӣ, ҳоҷӣ акамон Худойбердӣ монетон. Стадиона ба номуш монетон. Ҳамин мардака ман ҳамин соле, ки омадагиюм мисол ай Ленинград дар Роҳатиюм, ҳама вақт кушиш мекуна барои ободӣ. Ба номи Худо ҳамин мардак на самом деле хизмат кардестай, патриотай да ҳамин Роҳатӣ худмон. Патриот. Касе, ки агар нахоҳа ҳамин патриота  ҳама вақт хизмат мекуна, барои ободи маҳалламон. Мисол ҳамин стадиона чи хеле, ки мисол мана дар Қурған бозори ҳоҷӣ Шариф меган, ҳамина ман мисол пешниҳод дорум, ки стадиона ба номи ҳоҷӣ Худойбердӣ монан. Касе дастгирӣ мекна ина мисол овоз тия, марҳамат мардум. Ина предлажени манда агар зид набошетон, мана мисол дастгирӣ кунетон, стадиои калони бақувват созем, ки панҷоҳ -шастсолаҳо бара.

Ана чоплуса бераҳмш))))

                                   Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехоҳам дар бораи ду масъала суҳбат намоям. Якум масъала ин аст ки дар ин вақтҳои ахир мақомоти золими Раҳмонов дар манотиқи кишвар, бахусус дар манотиқи вилояти Хатлон боз ба як ҷинояти мудҳиш даст зада истодаанд. Ин ҷиноят он аст ки заминҳои кишти кишоварзони навоҳиро, ки дигар зироат коштаанд, ба зур шудгор карда маҷбур карда истодаанд, ки пахта бикоранд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки тамоми муомила бо ин зироатро, тиҷорати онро, коркарди онро, корхонаҳои пахтатозакуниро дар дасти худ яъне Оилаи Эмомалӣ Раҳмон гирифта нарху наворо худашон таъин мекунанд ва сармоягузору тоҷири беруниро имкон намедиҳанд. Яъне бозори ин кишт ва истеъмолро монополия карда ба нархи дилхоҳи худ бо роҳи зуру фишор мегиранд.

Ҳамин чанд рӯзи пеши садҳо гектар заминҳои навоҳии Рудакиву Ёвону Абдураҳмони Ҷомиву Ҷалолиддини балхиву Вахшу дигару дигарро чапагардон карда, шудгор карда ба зурӣ пахта кориданианд. Дар ҳоле, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ муваззаф нестанд, чун онҳо андози заминро месупоранд ва тамоми харҷу масрафи заминро худашон пардохт мекунанд.

Ин ҳама зулмро кӣ карда истодааст? Ин ҳама зулмро аз Ҳасани додараруси Раҳмонов сар карда то дигар додарони вай, то дигар хешу таборҳои Раҳмонов болои халқ карда истодаанд. Ширкати Исмоили Сомонӣ- Асри 21, тамоми пахтаи Хатлонро ба монополияи худ бадал кардааст.

Дар соли гузашта Тоҷикистон ҳамагӣ 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардааст. Дар ҳоле, ки масалан дар солҳои шуравӣ аз ҷумла соли 1980 Тоҷикистон 1.000.000 миллион тонна пахта истеҳсол карда буд. Чаро мо ба ин ҳол афтодем? Барои онки харидорони пахта, хешу таборҳои Раҳмонов пахтаро бо нархи пасту поин хариданд ва тавре шуд, ки аз кишти пахта хоҷагиҳои деҳқонӣ на фоида, балки зарар диданд. Вақте зарар бошад барои мо деҳқонҳо барои чи пахта корем? Азоба ки кашад фоидаро ки бубинад?

Ҳамин тариқ ин вазъ болои маҳсулоти дигар, алюминий ҳам омад. Тоҷикистон солона то 500.000 тонна алюминий тавлид мекард ва корхонаи Талко яке аз калонтарин тавлидкунандаҳои алюминий дар шуравии собиқ ба ҳисоб мерафт.

Пахта ва алюминий ду маҳсулоти тавлидотии стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва 40 дар сади буҷҷаи кишварро таъмин мекард ва ин ду маҳсулот таъминкунандаи валюта асъори хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо соли гузашта ҳамаги 80 ҳазор тонна истеҳсол кард. Аммо ҳамоно ин корхонаи бузург ҳам аз андоз, ҳам аз гумурк ва ҳам аз ҳама аламовартараш аз барқ  қарздор аст. Агарчи неруи барқро ҳатто аз аҳолӣ чанд баробар камтар харидорӣ мекунад. Ин корхонаро ҳам Ҳасан Асадуллозодаи додараруси Раҳмонов ба ин ҳолат оварда расонд. Чунки аз соли 2005 ба ин тараф контроли ин корхонаро Ҳасан дар даст гирифт. Корхонаро дар даст гирифт ва аз алюмини чанд намуд маҳсулот тавлид мекунад, яъне дар дохили он корхонаҳои худашро сохт ва ин корхонаҳои Ҳасан бо нархи заводи алюминий неруи барқ мегирад. Барои ҳамин Раҳмонов ҷинояткори иқтисодӣ ҳам ҳаст. Чунки Тоҷикистонро аз ин ҳисоб ҳам ба хоки сиёҳ яксон кард. Бо ин масъала ҳам мешавад Раҳмоновро да муҳокима кашонд. Рости гап ман гуфтаниҳои зиёд дорам ва мехоҳам минбаъд барои шумо навишта бифиристам.

                                 Душанбе

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худо хайратон диҳад, ки шумо ба доди мо мерасед. Ман як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Сибир ва аз инҷо ба шумо нома менависам. Ҳатман номаи маро чоп кунед. Шикояти ман аз фирмаи Амиравто аст ки барои муштариён аз Америка машин роҳӣ мекунад. Аз ин кор ҳоло як моҳ нагузаштаст. Нав мошинро гирифтем. Моҳи март.  Мошинро аз Америка ба маблағи 2350долар харидорӣ кардам ва то ба Тоҷикистон расидан боз 12000 доллари маро канда гирифтанд. Вақте мошин Грузия омад боз 3550 доллари дигар супоридем. Аз Грузия омад ба Тоҷикистон роҳӣ карданд ва гуфтанд, ки боз 1200 доллари дигар диҳед. Ин пулро ҳам супоридем. Тоҷикистон омад расид боз 3330 доллари дигар пурсиданд, инро ҳам супоридем. Вақте овардани мошинро бо доллар договор кардем, аммо дар инҷо аз мо долларро бо пули тоҷикӣ ҳисоб карда мегиранд. Аз ҳар сари сад доллар 50сомонӣ зиёд ҳисоб мекунанд. Вақте мепурсиву мегуиашон, ки чаро ин хел мекунед? Мегуянд, ки мо ана ҳаминхел фоиз мегирем: «мо болода пул метием». Бовар кунед, ки фиребу ҳаромхуриашон дар авҷ аст. Ман дар шаҳри Сибир азоб кашида меҳнат мекунам. Аммо онҳо не за что пули моро руйрост мехуранд. То Тоҷикистон овардан1200долар буд боз гуфтаанд, не 1300долар шудааст. Хайр гуфтем, хорошо, насибатон накунад, роҳӣ кардем, боз гумрук гуфтанд, гуфтем кунед. Ман ба як хешам гуфтам рав гумрук кун (растаможка). Аммо онҳо гуфтанд, ки «иҷозат нест, мо худамон мекунем». Маълум шуд, ки онҳо моро фанд карда 26200сомонӣ гирифтанду дар квитансия бошад 21000 сомонӣ навиштанд. Охир ин дар куҷо дуруст мегирад ва чаро боз шаш ҳазори моро мегиранд?

Ман ба роҳбарон, ба Эмомалӣ гуфтаниам, ки охир ба мо дилат намесузад? Охир чаро касе назорат намекунад? Ғорату зулм тамоми соҳаи зиндагии моро фаро гирифтааст. Мо аз ин ҳама фиребу найранг безор шудаем.

 Бародари азиз, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин номаи маро нашр кунед ва аз мақомот, вазорати дохилӣ ва Прокуратура талаб менамоям, ки фаъолияти ин ширкати «Амиравто»-ро тафтиш карда ҳақро ба ҳақдор расонанд.

Share This Article