Додситонӣ, ниҳоди муҳимми ҳар давлат ва Додситони кулл-Прокурори генералӣ, мақоми болои ҳар ҳукумат ба шумор меравад.Чунки ин ниҳод ниҳоде аст ки иҷрои қонун ва қонуниятро дар тамоми қаламрави давлат назорат мекунад. Прокурори генералӣ шахсе аст, ки бояд аз ҳар лиҳоз намунаи ибрат ва симо ва чеҳраи қонун бояд бошад. Аммо дар мо чунин нест. Бахусус дар ин беш аз даҳ соли ахир, ки раҳбарии ин ниҳоди муҳимми давлатиро Юсуф Раҳмон бар уҳда дорад.
Вай ба унвони Прокурори генералӣ ба бизнес машғул аст. Инки вай ба бизнеси наркотик машғул аст, инки вай ба бизнеси домсозӣ машғул аст, ҳамаамон медонем. Медонем, ки мансабҳо ва рутбаҳо дар Прокуратураи генералиро ба бизнес табдил дода аз ин ҳисоб садҳо ҳазор доллар даромад дорад. Дар номаи зер шумо аз бизнеси дигари вай огоҳ мешавед ва бовар намекунед:
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Навиштаҳои пешини шуморо дар бораи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон хондам ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳар ончи дар борааш чоп кардед, ҳақиқати маҳз аст. Аммо ман чанд иловаҳо дорам, ки сирату сурати ин ба ном нозири №1-и қонун ва қонуният дар Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Юсуф Раҳмон дар Муминобод ва боз дар куҷои дигар заводи консервабарорӣ дорад. Истеҳсолоташ хуб, фоидааш ҳам хуб. Маҳсулоти заводош умуман бозор намеравад. Ҳамаашро дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон медиҳаду сумашро мегирад. Як мақоми масъули болоии давлат ба давлат маҳсулот мефурӯшад. Бозори тайёр, пули нақд(бюҷет). Андоз намесупорад. Маҳсулоташ талаф намешавад. Аз ҷое ба ҷое интиқол дода намешавад. Хулоса, як тиҷорати пурдаромад ва таҳти кафолату ҳимояти қавӣ бархурдор аст.
Ҳамаи хариди банкаҳои холӣ барои консерва ва ҷамъу гири сумро барои Прокурори генералӣ шофёри Юсуф Раҳмон, ки Олим ном дорад, ҳамон анҷом медиҳад. Олимшо дар ресторани Юсуф Раҳмон, ки номаш Магнолия аст, доду гирифтҳояшро анҷом медиҳад.
Юсуф Раҳмон дар системаи Идораи зиндонҳо чандин одамҳои худашро мондааст. Бо мақсаде, ки дар оянда ягонтоаш сардори Идораи зиндонҳо шавад. Аҷоиб ин аст, ки инҳо серӣ надоранд.
Юсуф Раҳмон ҳамаи чизи дунёро дорад, аммо боз чашмонаш гушна аст. Дар ягон давра Прокуратураи Генералӣ чун имрӯза расвову хароб набуд. Ягон муроҷиати шаҳрвандонро намебинанд. Соатҳо шаҳрвандонро дар берун манъ мекунанд. Прокурорҳо соати чанде хоҳанд кор меоянд, обед мераванд, чанд соат хоҳанд дам мегиранд. Мошинҳояшонро мебинӣ, талхаат мекафад. Фарзандони прокурорҳо ку мақъади ҳамаро дарондагианд.
Дар замони роҳбарии дигар Прокурорҳои Генералӣ кам -кам адолат буд. Аризаҳоро дар худи Прокуратураи Генералӣ медиданд. Ҳозир ин тавр нест. Бозор шудааст. Мардум даҳборӣ ба номи Юсуф Раҳмон менависанд, бе фоида. Мо аз шикоятҳо ва аз нодуруст санҷидану тафтиши ҷиноятҳои вазнин намегуем, ҷиноятҳои одие, ки вазифаи ҷонии Прокуратураи Генералист, ки бояд маводро талаб кунаду ҳам замон шаҳрвандҳоро низ барои равшанӣ андохтани ҳолатҳо, даъват кунад, намекунад. Он прокуроре, ки дар Прокуратураи Генералист ва аризаи ин ё он шахрванд ба дасташ мерасад, филфавр Прокурореро, ки бояд дар ҷои ҳолати кор корро медид, занг зада мегуяд, ки «аризаи фалонча дар дасти маҳай, хыта бычынбон, ягон чи роӣ кн, ма намебинмша (яъне намесанҷамша), рост роиш мекнм хыта бо рад мекниш, чи коре мекни кадан гир».
Юсуф Раҳмон дар роҳбариаш ҳақиқатро покиза маҳву нобуд кард. Пештар супоридани ариза, гирифтани маълумот, даромадан ба Прокуратураи Генералӣ ва умуман ягон корат дар Прокуратураи Генералӣ меафтод, бисёр хуб буд. Аз тирезачаи даҳани дар мепурсидӣ, ҷавобро мегирифтиву мерафтӣ. Ҳозир аз гушаи бинои Прокуратураи Генералӣ дар боз кардаанд, аммо як бетартибӣ, соатҳо меистӣ барои пурсидани масъалае ё барои прокурореро, ки наздаш меравӣ, фаҳмиданки дар кор ҳаст ё не, аммо бо вуҷуди онки соатҳо меистӣ, бе натиҷа: « ай хонаи Ҷаноби Олида Прокуратураи Генералӣ проверкаш бисёрай».
Аҷаб!
Э, кавдани аблаҳи Юсуф Раҳмон, о ту ба саг даркор нестӣ. Агар даркор мебудӣ дар дари хонаат, дар хонаи арусат, дар саунаат ва умуман дар любой ҷо «дастрас ҳасти ба онҳое бо ту коре хоҳанд кунанд. О, чи иқа мардуми корафтодара ғам метиӣ? Ту кори худта аз рӯйи адолат ва вазифае дар ихтиёр дори анҷом деҳ!»
Санкт-Петербург
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Як хабар ба дасти мо расид. Хостам, ки онро ба шумо фиристам. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Бузмаков-Аламшозода омада ва муҳоҷиронро якҷо ҷамъ карда бо онҳо маҷлис гузаронидааст. Гуё агар мардум ягон шикоят ё прблема дошта бошанд ҳал мекардааст. Аҷаб! Дар дохил проблемаи мардумро ҳал карда наметавонад, Русия пролемаҳалкунӣ омадааст. Дар хиёбони Софийски-66 ҷаласа доир крадааст, ки 99% мардум нарафтааст, ки бо Бузмаков вохурад. 20-30 нафар рафтааст, ки ранги худашон бузҳову чоплусҳо ҳастанд.
Ҳамин бегоҳ бо як ду бародар нишастем сари як пиёла чой. Инсонҳои беҳтарин буданд. Гуфтанд, ки Бузмак проблема ҳал кардан ва ё мардумро дастгирӣ кардан наомада буд, мардумро шикор кардан омада буд. Тоҷикистонро шикор карда тамом карданд, ягон сумдор намонд дар ватан, акнун боз ба Русия чашм ало карда истодаанд. Нафарҳое, ки худам медонам, 40-50 нафарро истирдод карданд аз Санкт-Петербург. Ин одамҳо ҳам сумдор ва ҳам гапзан буданд, хулоса одамҳое,ки «якчи» буданд.
Ин номардҳо консулгариро гуфтаанд, ки «и одамое мо шикор мекнем, да мардум овоза кнен, ки машеникан, ягон каса фиреб кадагиян ё суми ягон каса гирифтагӣ, додаги нестан. Ҳами хели овоза кнен да байни мардум».
Раҳмонов худаш миллиард қарз дорад. Боз ин тараф заминро ба қирғизҳо медиҳад ба ҷои қарзҳояш. Боз ин тараф ба Хитой медиҳад. Аллоҳ хору залил кунад, инҳо яъҷуҷ ва маъҷуҷанд. Раҳмонов бо шайкаи гирду атрофаш 40 -50 одамро медузданд мебаранд ва дар ҷояш 500 -1000 одами дигар медонанд мефаҳманд, ки ин ҳукумат киву чист.
Панҷакент
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ташаккур барои нашри номаҳое, бароятон ирсол менамоям. Дар номаи пешина дар бораи Суннати чупон ва бародарҳояш гуфта будам, ки бо милисаву прокурор ҳамкорӣ доранд.
Ва ин Суннати чӯпон як бародари нашъаманд бо кличкаи Миша дорад, ки бо Ҳоҷиев Толиб бо Ҷӯраев Ҷӯрабек ба ҷав фурӯшон мегӯяд, ки ба аспи мо бе пул ҷав диҳед. Фурушандаҳо мегуянд, ки мо ҷавро фурӯхта зиндагиамонро пеш мебарем, бепул дода наметавонем. Аммо фурӯшандаҳоро онҳо грузит мекунанд. Мишаи бадкирдори наркоман омада аз номи Ҳоҷиев Толиб ва Ҷӯраев Ҷӯрабек ҷавро мегираду барои аспи онҳо мебарад.
Дар даври прокурори шаҳр будани Азимзода Сарвар (ҳоло муовини Прокурори генералӣ) Панҷакентро ба мисли 13-район ҳамчун криминальный шаҳр карда буд ва пайравони вай Ҷӯраев Ҷӯрабек ва Ҳоҷиев Толиб ҳоло ин корро идома дода истодаанд.
Дар муддате, ки Азимзода Сарвар прокурори шаҳри Панҷакент буд, ҷинояткорӣ аз қабили ҷиноятҳои вазнин:-одамкушӣ, изнасилование, наркотик ҳамааш иҷозат буд. Мо фикр кардем, ки баъди рафтани вай ягон дигаргунӣ мешавад вале афсӯс нашуд. Бадтар шуду беҳтар не. Охир чаро аз болои инҳо назорат нест? Ин ҳаромхурҳо бояд дар паси панҷара бошанд, вале Ҷӯраев Ҷӯрабек ҳам ба вазифаи баланд рафт. Ин исботи он аст ки ҳама чизро пул ҳал мекунад. Пулро додӣ, вазифаи баландро соҳиб шудӣ. Фарқ надорад, ки пулро аз куҷо, чи хел ва аз кӣ гирифтааст. Дар Тоҷикистон пулро додӣ ҳама кор иҷозат. Инҳо уқоби баландпарвоз мебошанд.
Ҳоҷиев Толиб дар тамоми кори зиддиқонунӣ ҳамроҳ мебошад. Ин як майзада аст ва то ҳол аз ҳисоби шаҳри Панҷакент киссаи худро пур карда истодааст. Дар шаҳри Панҷакент ягон назорат нест ва аз номи писари ҷаноб Сомон ҳамаро метарсонад. Барои ҳамин ягон кас ба вай гап намезанад.
Ҳоҷиев Толиб бо собутылники худ Беҳрӯз Замонов як фирма дорад, ки борҳоро нелегално мегузаронад. Инҳо ҳардуяш борҳоро ғайри қонунӣ оформит мекунанд. Аз руи қонун ин корро бояд Ҳоҷиев Толиб пешгирӣ кунад, лекин баракс ҳамкорӣ бо ҳамин хел ҷинояткор мекунад. Марги ин барин коргари давлат. Ин аз баҷое, ки қонунро ҳифз кунад, зидди қонун кор мекунад. Халқи шаҳри Панҷакент ба ингуна инсонҳо чихел бовар кунад?
Беҳрӯз Замонов дар шаҳри Душанбе як фирмаи ғайриқонунӣ (нелегално) дорад. Бо Ҳоҷиев Толиб ҳардуяшон шарикӣ кор мекунанд.
Вақте дар Панҷакент як бечора як мағоза кушояд аз тарафи давлат чанд намуд тафтиш мекунанд: налог, госстандарт, оташнишонӣ, бехатарии озуқаворӣ, санэпидемстансия, милиса, участковий ва дигарҳо, ки он бечора аз дасти ин ғоратгарон дигар кор карда наметавонад, банкрот мешавад ва мағозаро маҳкам мекунад. Аммо ин Ҳоҷиев Толиб, ки аз мансаби худ истифода бурда бо Беҳрӯз Замонов нелегально борҳоро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ вориди кишвар ва миллионҳо даромад мекунанд. Ба инҳо ҳеҷ кас кордор нест ва ягон назорат ҳам нест.
Юсуф Раҳмон нигоҳ кун, ки кормандонат дар ноҳияҳо ба чи корҳо машғуланд.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар Душанбе таксӣ мезанам. Дируз (14 октябр) дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоҳиди як ҳодисаи мудҳиш шудам. Ин номаамро ба воситаи шумо ба Рамазон Раҳимзода, вазир дохилии Тоҷикистон расониданиам. Дар фурудгоҳ милисаҳои ноҳияи Шоҳмансур ба таври ғайриқонунӣ облава ташкил карданд. Онҳо панҷ нафар буданд. Муҳоҷирони аз шаҳрҳои Русия баргаштаро қапида руирост тамаъҷуӣ мекарданд. Як камбағалбачаро қапиданд ва 20 ҳазор сомонӣ талаб карданд. Падари муҳоҷир, ки ба пешвози писараш омада буд, сарашро қапида ба онҳо мегуфт, ки ман ин қадар суми калонро аз куҷо меоварам? Писарам нав ду моҳ пеш рафта буд, бемор шуд, сум қарз кардему роҳиаш кардем, ки раҳпулӣ карда баргардад. Ин милисаҳои лаъин бошад гуфтанд, ки «мода фарқаш не, хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ писарат ба хизмат меравад. Ба онҳо гуфтанд, ки фармони вазири мудофиа аст, ки дигар облава мумкин нест. Милисаҳо гуфтанд, ки вазир гуфтан мегирад».
Баъд падари муҳоҷир бо ашки гирён рафта аз хешу табораш қарз карда 10000 сомонӣ гуфт, ҳамин қадар сум ёфтам, агар нашавад писарамро ба хизмат баред: «иқа сума ма ай куҷо меёбам, ки ба хешонам баргардонам. Яке аз милисаҳое, ки сум мегирад, номерҳои телефонаш 973051505 аст ва мошини опели Астра ҷии металлик дорад. Мошинаш номер надорад, худашонро ҳам шинос намекунанд. Фақат мегуянд, ки моро сардорамон фармон дод. Сумро гирифтанду баъд ба муҳоҷирбача гуфтанд,ки «братишка хизмат накн, и хизмати Тоҷикистон ҳамаш дуруғай»
Бародар, ман ин ҳодсаро бо чашмони худам дидам. Мо даҳҳо нафар будем, ки ин ҳодисаро дидем. Шояд дар камераҳои фурудгоҳ ҳам ин ҳодиса сабт шуда бошад. Барои ҳамин облава шуда ҳазорҳо ҷавон дар Русия меистанд, ки то вақти даъват тамом шавад.
Ёвон
Салому дуруд ба Шумо тими эҷодии «Ислоҳ. нет», ки имрӯз ҷонҳоятонро дар кафи даст гирифта аз дарду ғам ва нолаву фиғони мардум менависеду мегуед. Аллоҳ ëру мададгоратон ва дар корҳоятон муваффақият хоҳонем.
Албатта, ин номаи якуми мо нест, ки ба «Ислоҳ. нет» равон мекунем. Ин дафъа аз доду фиғони мардуми ноҳияи Ëвон, деҳоти Фурқат барои хонанда ва шунаванда кисса мекунем. Аз деҳаи Фурқат ë ин ки Пахтакори имрӯза ва аз оилаи «девонаҳо»- ё ки аз хабаркашиву подставаи ин бародарони буз, мо мардум аллакай ба дод омадаем. Қаҳрамонҳои номаи мо бародарон Солеҳов Раҷабалӣ бо лақаби лағр, Файзихони девона ва Файзалии буз мебошанд. Ин бародаронро тамоми маҳалла ва ҳатто дар шаҳраки ноҳия ҳам мешиносанду ҳам буз будани инҳоро ҳама хуб медонанд. Солеҳов Раҷабалӣ аслан ба хабаркашӣ ба коргарони БДА ë ин ки ГАИ сару кор дорад. Худо нокарда шунавад, ки ҳуҷҷатҳое мошини касе нодуруст ë муҳлаташ ба итмом расидааст вой бар ҳоли ронандаи он мошин. Дар муддати 20-30 дақиқа пас аз шунидани Раҷабалӣ омада ронандаро ҷарима мекунанд. Ва ин бародарон номус надоранд, тамоми маҳалла инҳоро мешиносанд, хонаву дарашон ҳаром аст. Маҳз ҳамин Рачабалии Лағр дар як рӯз 50 маротиба се зан талоқ қасам ëд мекунад, барои коре, ки ба касе муҳим нест. Ин бародарон ҳама дорои мошин ва ягонтои ин мошинҳои инҳо ҳуҷҷат надоранд. Ва ин бародарон шабу рӯз зино мекунанд. Пас аз соатҳои 22-23 дар болои мағозаҳои Қурбонбек дар даруни мошин аз шаҳрак духтарҳои сабукпоро оварда то субҳ зино мекунанд. Дар болои деҳа роҳи хатсайри Ëвон – А.Ҷомӣ мебошад мошинро аз суръати 100 поëн намеронанд. Ва худи Раҷабалӣ дар тамоми ҷое, ки нишинад мегуяд ман ин гаишникҳои гушнаро не ман зани начальник ГАИ-ро фалон мекунам.
Бародари дуюм файзихон ҳам бузи ГАИ ва ҳам бузи ШВКД мебошад.
Аммо бародари сеюм Файзалии буз, супербуз профессиональ мебошад. Ба тамоми мақомоти қудрати чи ШВКД чи амнияти ноҳия чи ГАИ ва ҳатто аз суду прокуратура дар баъзе мавридҳо мебинем ба вай занг мезананд ва бо онҳо шишту хез дорад.
Мардуми деҳа ба кулли огоҳ мебошанд, ки Файзалӣ аз дохил бо маводи мухаддир дар Федератсияи Русия сару кор дорад. Чи расад ба мардуми деҳа ҳатто коргарони амният ва ШВКД- и ноҳия огоҳ мебошанд. Вале касе ба ӯ чизе намегуяд барои ин оила, маҳз барои Файзалӣ қонун ва мақомот гуфтанӣ чизе нест. Ҷинояти бераҳме, ки Файзалӣ бори охир анҷом дод хонаи Сангалиро сухт. Писари дуюми Сангалиро, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргашта оиладор шуда буд, бо ҳар гуна ҳилаву найрангу шайтони билет гирифта ба Русия равон кард. Писари Сангалӣ бо номи Сафар рафта тули чанд муддат кор карду баргашт ва ба Файзалӣ як мошини мерседеси дорои 2 дар (мошини 2 дара) бо маблаги 85 000 сомонӣ харид( Ин гапро худи Сафар вақте ки ба Тоҷикистон омад, байни мо дар як шабнишӣ ошкор кард. Сафар худ гуфт Файзалӣ маро ба Русия равон кард. Бо маводҳои ӯ тули 3 моҳ кор кардам, омадам. Ба ман гуфт агар ба ман мошин нагирӣ туро ба амният месупорам) .
Ва бори дуюм ӯро ба Русия равон кард. Ин бор моҳе нагузашта Сафар дастгир шуд. Ва ҳоло кору бори Файзалӣ дар дохил нотинҷ аст. Нотинҷ ба кадом маъно? Ба маънои заҳмат кашидаву бо шиносҳои болоиаш кормандони суд ва амнияту прокуратура алоқа баромадаву корро хомуш карданист.
Хитоби мардуми дехаи Фурқат ба тамоми кормандони суд ва амният мо ба кулли огоҳ мебошем. Гарчанде, ки писари Сангалӣ дар Русия дастгир шуд, вай кори Файзалиро пеш мебурд ва бо маводи мухаддири Файзалӣ ба зиндон афтод ва талаб дорем нисбати Файзалӣ чораҳои зарурӣ дида шавад.
Ин худ чи гап ҳой мақомоти ноҳия?!
Наврузи писари Қурбонбек Далерро бо трактор пахш карда кушт. Ду бор мардуми деҳа ба «Ислоҳ» навишт, нома нашр шуд, ҳама шуниду фаҳмид. Вале то ҳол одамкуш дар озодист. Бо гирифтан аз вазифа бародари Наврузро Бахтиëр кор ҳал намешавад ин номаи сеюм барои Навруз менависем, чора дида метавонед ë зуратон намерасад?!
Яке одам мекушад, дигаре ба хориҷ равон карда мисли асбоб ҷавонони ин деҳаро истифода мебарад, яке духтари мактабро таҷовуз мекунад вале ба занӣ намегирад. Ин ҳама худ чи гап қонун магар ҳаст амал мекунанд дар Тоҷикистон ë ин ки барои галочка мо қонун дорем.
Қотеъона аз мақомоти дахлдори ноҳия мо мардум талаб дорем нисбати Навруз, бародари Бахтиëр, собиқ раиси ЗАГС – и ноҳия бо моддаи 104 одамкушӣ ва нисбати Файзалӣ бо моддаҳои 200 парванда боз карда шавад!
Инчунин ҷавонони дар Русия буда аллакай мегуянд, ки безор шудаем ҳаррӯз дар шабакаи ватсап як гурӯхи нав кушода ободӣ барои роҳ, ободи барои майдончаи варзишӣ, ободӣ барои ину он мо магар ҳукумат дорем ë не ҳама корро мардуми муҳоҷир кунад пас мебахшед ҳукумат ….
То он даме, ки Наврузи одамкуш ва фурӯшандаи маводи мухадир Файзалӣ дар озодист ба вуҷуди ягон қонуният дар Тоҷикистон боварӣ надорем. Хуб аз дасти ноҳия агар чизе наояд гуë ин ки мақомоти болоӣ «Ислоҳ»-ро намехонанду намебинанд. Имрӯзҳо аллакай аз мардуми деҳқон сар карда то Рамазони Раҳимови Ҷеки Чан, СС Ятимови махуф ва пирбузбалаи аҳмақи гарданбалонигазии писари Марями гурсухта Эмомалӣ Шарифович ҳамагӣ «Ислоҳ»-ро мебинанд, пас чаро аз паи ислоҳи ҷиноятҳо намешавед.
Эмомалӣ Раҳмонов дигар мо мардум ба афсонаҳои шукрона кунед, обод кунед, дастгирӣ кунед бовар надорем. Ва худоро шукр имрӯзҳо аллакай дар байни мардуми мо ҳам сухан дар бораи «Ислоҳ»у Э. Раҳмонов митинг меравад. Ва ин шо Аллоҳ он рӯз наздик аст.
Каме дигар мондааст шуморо танхо «Ислоҳ»- ислоҳ хоҳад кард. Боқӣ Худо ëру мададгоратон мардуми сарбаланди тоҷик, ки зери зулму фасод ба сар мебарему «мардакбарин» хапу хомӯш интизори касе ва чизе нишастаем!