Номаи як кегебшник ба Ислоҳ: «На Наҳзат, на Фронти халқӣ, ташкилоти наҷоти миллат»

Ислоҳ нет

Хонанда ва бинандаи азизи «Ислоҳ». Ин номаеро, ки мутолиа мефармоед, ба дасти мо хеле барвақттар расида буд. Тахминан моҳҳои ноябри соли 2024. Ростӣ, то чанд муддате натавонистам расидагӣ кунам ва ба чоп омодааш намоям. Як маротиба хондам, дидам, ки фикрҳо ва андешаҳо, зиду нақиз. Гоҳе  таъриф ва гоҳе ҳам танқиди Раҳмонов ва бештар зиди Наҳзат. Вале ин мауллиф номаи дигар фиристода гуфт, ки «аз ту ҳам дилам монд. Расонаи озод набудаӣ» Ва боз таъкид кардааст,ки «ҳамиро чихеле ҳаст,парто». Ман ночор шудам, ки хеле вақти зиёд сарф намуда онро ба чоп омода намоям. Дидгоҳи мо, назари мо аслан ба ончи дар ин матлаб омадааст ҳамхонӣ надорад. Аммо бо исрори муаллиф ночорем онро тақдиматон намоем. Дигар қазоват ба худи шумо хонандаи гиромӣ.

                                Кӯшониён

Ассалому алейкум, бародар Муҳаммадиқбол. Ман туро хуб мефаҳмам, лекин ошкоро мегуям, ки бо воситаи тарафдорони «Фронти Халқӣ», Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Помир ва дигар ҳизбҳои дохили Тоҷикистон мубориза бурда намешавад. Чунки одамонашон фарсудаву пир, нотавон, буз, муттаҳам, чоплус, тамошобин, бетараф, муғамбир, раис, бригадир ва ҳоказо шудаанд!  

Чи хел бо ҳамин шахсон мубориза мебаред!  Бояд қувваи нав, ҷавон, фикру ақидаи замонавӣ, дунявӣ, бошанд, на бо ақидаҳои, шуравӣ ва куҳна. Ба фикрам, фаҳмидед. Дигар бас будагист!  Ман кулобӣ, ту помирӣ, вай фалонҷоӣ, вай беҳмадонҷоӣ гуфтанҳо бас будагист. Ҳамин Эмомалӣ Раҳмон дар гирдаш ҳамшаҳрӣ, ҳаммаҳаллӣ ва олу авлодашро ҷамъ кардааст, ки   барои мардуми Тоҷикистон оина барин равшан аст.  Ба назари ман бояд дар байни мардуми Тоҷикистон бошед, на дар байни наҳзативу, помириву фронти халқиву дигарон. Ин гапҳо ҳамааш «пир» шудаанд, бояд бо насли ҷавон бошед.  

  Бигзор мубориза дур ва дер давом кунад. Аммо оқибаташ хуб шавад. Ҷавононро  ватандӯст тарбия кунед, на наҳзатӣ, на халқӣ- демократӣ, на фалон ва на беҳмадон. Дида истодаед, ки ғайримусулмонон мусулмонситезӣ мекунанд. Ту кудак нестӣ, ки ман туро насиҳат кунам. 

 Фронти Халқӣ ва Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва дигарҳояш даст ба куштори мардуми бегуноҳи Тоҷикистон доранд: «чо мекни думби ҳаминора грифта гаштаӣ, ино аз корҳои кардаи худшон тарсида гаштаанд, ки ояндаи фарзандҳояшон, чи мешавад, ту бошӣ иноро ба мубориза даъват мекунӣ. Агар гапи манро гирӣ бо ҷавонҳои тару тоза муборизаро давом диҳед, ҳатто оила надошта бошанд, фаҳмо, то ки фикри оилаашро карда қафо нагардад. Ту сар кун, дигарон давом медиханд.  

 Номи ташкилотро Ташкилоти ҷамъиятии ҳимоятгарони ватан Тоҷикистон гузоред. Ҳамин шабу рӯз шанс доред, фардо дер мешавад, чунки вазъияти ҷаҳон  тағйр ëфта  истодааст, вазъияти байни Россия ва Тоҷикистон хуб нест. Шанс доред. Ба умеди ин пирон ва мусафедон нашавед, агар хостед бо сари баланд ба ватан баргардед, бо Ҳизби наҳзати ислом, ки ҳозир доред, ки баданаш номаълум аст, ҳеҷ вақт ба мақсадат намерасед. Манзур гузаштааш маълум вале ҳоло будаҳояш аслан номаълуманд. Ба назари ман дар Тоҷикистон номи наҳзатро гирӣ, номи Фронти халқиро гирӣ аз барат мегурезанд, ҷавон ҳам бошад, миëнасол ҳам бошад, пир ҳам бошад. Бародар ман ба ту маслиҳат дода истодаам, на фармон, на ганда кардан, ë ба шахсияти ягон кас расидан. Барномаи охиринатро дидам, ба хулоса омадед, барои ҳамин ба ту машварат медиҳам.

Бовар кунед додар Муҳаммадиқбол, дар як ҷое ҳастам, ки эҳтимоли ҳар лаҳзаи депорт ба ватан шуданро дорам. Боз дар ватан проблемаи бисер дорам, аз дастам омадаро ëри мерасонам.

Як чизи дигарро хотирасон кунам, ки Эмомалӣ Раҳмонов барои як мухолифро дастгир намуда ба ватан интиқол додан маблаги калон ва вазифаҳои калону званияҳои калон медиҳад, ту чи медиҳӣ?  Ин тарафашро ҳам ба инобат гиред. 
Дар бораи ҳизби халқӣ- демократӣ роҳбараш, раиси Тоҷикистон. Ба кадом корхонаи давлатӣ корат, афтад, аввал аъзои ҳизби халки демократӣ мешавед. Баъд корат буд мешавад. Як чиро дон. Дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон 1-2 нафар аъзои ҳизби халқӣ- демократӣ ҳаст. Ту бошӣ ба гуши кар азон мегуӣ. 90%-  мардуми Ғарм дар Тоҷикистон буда, ки аъзои Наҳзати исломӣ буданд аз тарсашон аъзои ҳизби халқии демократӣ шудаанд. Дуруст фаҳмед манро! Инҷо зери коса нимкоса аст. Боз аъзопулиро дар вақту соаташ месупоранд.

Дар хонаи кудакон, як расми роҳбари давлат, як расми апаи Азизмоҳ, як расми Рустами Эмомалӣ монда шудааст. Корманди хонаи кудакон ба фарзандони мардуми Тоҷикистон расми роҳбари давлатро мегуянд, ки ин бобоятон мешавад, расми апаи Азизмоҳро мегуянд ин момоятон мешавад, расми Рустами Эмомалиро мегуянд ин тағоятон мешавад. Боз кудаконро корманди хонаи кудакон мепурсанд, ки фаҳмидед, бо як овоз кудакон ҳа мегуянд.

Ғармиҳоро гуем 360 градус тоб хурдагианд. Ту бошӣ ба умеди Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳастӣ. Ҳамаи наҳзатиҳои дар Тоҷикистон буда чи гуям, ки аъзои ҳизби халқии демократӣ шудаанд.  Ҳоло ҳамон Европа будагиҳояш ҳам нашуда бошанд аъзои ҳизби халқии демократӣ? Ман нафаҳмидам, ки бо умеди кӣ хастӣ? Ман як муҳоҷирам. 
Дар Тоҷикистон барои як справка меравӣ, справка барои паспорт, ақди никох, метеристка, ҷои истиқомат ва ғайраҳо аввал меравӣ аъзои ҳизби халқии демократӣ мешавӣ баъд справкаро мегирӣ, чунки справка навис ҳам аъзои ҳизби халқӣ-демократӣ аст. Намехоҳам туро да ума давадит кунам. Ҳамин гапҳои манро қабул мекунед? Агар қабул мекунед,ташкилотро официально обявит кунед!

Дигар корҳо он қадар, вай нест. Ягона роҳ ташкилот аст. Ë ҳамин корҳоро бас кунеду аз қафои зиндагиатон шавед. Мардуми Тоҷикистон 50% завербован шудагӣ мебошанд, ҳатто Россия Раҳмоновро намедонад, чи кунад. Дидед чанд бор Россия қирғизро дар як соат роҳбарашро аз байн мебарад. Ту додар ҳоло бисёр чизҳоро  реально қабул надоред. Охирин вариант ин ташкилот аст. Роҳбариашро ба гардан гир, дар гирдат одамони худатро мон барои ватанамон Тоҷикистон хизмат кунед. Бо ман бошед.

Муҳаммадиқбол бародар агар тоҷик ва мардуми Точикистон бошед, бо мо бошед, лекин кулобӣ бошед, суғдӣ бошед, помирӣ бошед, ғармӣ бошед, узбек бошед наҳзатӣ бошед, Фронти Халқӣ ва ғайра бошед, бо шумоҳо нестем!

Гап сари, ғармӣ, кулобӣ, помирӣ, ҳисорӣ намеравад, гап сари тоҷику тоҷикистонӣ меравад. Мо набояд, ки ҳар кадомамон мардуми маҳалҳои ҷудогонаамонро, масалан ман кулобиҳоро, дигараш суғдиҳор, сеюмаш ғармиҳоро дастгириву тарафдорӣ кунем. Баъд, чи бояд шавад? Маълум, ки дигар чоплусӣ мешавад.

 Муҳаммадиқбол бародарам бошед, агар он тарафашро фаҳмед, ин ҳолат ҳамаро чоплус мекунад ва ҳатто занҳояшонро дар ихтиёри Ҷаноби Олӣ мегузоранд. Он инсонҳое, ки дар барномаи шумо баромад карда аз Ҷаноби олӣ таърифу тавсиф мекунанд, ана ҳамин хел одамҳоянд. Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зану модару падари онҳоро вербовка кардааст. Агар доказательства даркор бошад, ту гуй падари киро оранд зидди фарзандаш гап занад, ба хотири ту дар 3-рӯз мекунам.
Ҳамаи гапҳоят дар барномаҳоят ба назар дуруст меоянд, аммо амалат зери сето ??? аст. Бо хафа нашавед!

Сухани ҳақ киро форидааст? Тем более мардуми Тоҷикистонро, албатта, баъзеашонро. Ман ҳамаи ин бозиҳоро дидаам, гапашон дигар аст, корашон ва мақсадашон дигар аст.

Бародар Муҳаммадиқбол, агар ҳамин навиштаи манро қабул доред, ҷавоб диҳед. Агар тоҷикиро қабул надоред, як мақоли узбекӣ ҳаст: «ҳар калага бир хаëл». Он чи фикру ақидаҳое, ки ту ва ҳамфикоронат доред, мебахшед, барои шумоҳо дуруст аст. Ман  бо ту гап задам- хаттӣ. Чеҳраи ту ба ман нав маълум шуда истодааст. Ман ба ту ва ҳамфикоронат зарурат надорам.

Ман фаҳмидам ту душмани Эмомалӣ Раҳмон ҳастӣ, на душмани фаҳмишаш. Чунки Эмомалӣ Раҳмон ғуломи ақидаву фармонҳои ҳамсоядавлатҳо аст. Ман пешакӣ ба ту мегуям, агар Эмомалӣ Раҳмон бо решаву чешааш аз байн равад, ту агар боз дар оянда дар ҳамин ақидаат истӣ яъне «наҳзатӣ» бошед, аз ҳамон ҷоят ҳам мегурезед. Чунки «наҳзат» дар хуни ҳазорҳо мардуми бегуноҳи Тоҷикистон даст дорад. Агар одамҳоят дар Тоҷикистон бошанд, пурс, ки Эмомалӣ Раҳмон   зиëда аз 20.000ро, дар солҳои 1992 то ин ҷониб зидди наҳзатиҳо ҷанг карда буданд, аз нав ба онҳо як возможность дод, ин шахсон ҳамааш дар шаҳру ноҳияҳояшон ташкилотҳо ташкил карда номнавис шудаанд. Аз ҷавонҳои 20-сола то 70- сола. Ин шахсон талаб доранд, ки бародару падару фарзандони кушташудаи онҳоро аз дасти «наҳзатиҳо» ҷавобашро, кӣ медиҳад?!  Агар чапаашро гирем, фарзандони кушташудаи «наҳзатиҳо»-мухолифони солҳои 1992 ва тарафдорони онҳоро, кӣ ҷавобашро медиҳад? Албатта адади кушташудаҳои наҳзатӣ аз тарафи Фронти халқӣ даҳҳо маротиб зиёдтаранд.

 Мо бояд фоҷиаи гузаштаро фаромуш кунем. Ҳатто дар борааш сухан накунем. Худат чандҳо бор мегуӣ, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои Эмомалӣ Раҳмон як калтак шудагӣ, агар зураш ояд, солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз ëдатон набароред гуфта таъкид мекунад, ту ки номи  наҳзатро мегирӣ, чи фарқ дорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон? Агар ояндаи хубро хоҳем, боз  ҳамон «наҳзативу Фронти халқӣ» гуфта гардем, ана ҳамин хел рафтан мегирад. Ҳамон гапи Эмомалӣ Раҳмон: «ҳо мардуми Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандиро аз ëд набароред». Вақте номи наҳзативу Фронти Халқиро мегиред боз ба Эмомалӣ Раҳмонов шанс медиҳед. Рости гап барои ҷавонони ҳозира дар бораи «Наҳзат ва Фронти халқӣ» гап занед, не интересно аст. Мо фаҳмидем, ки ту назатӣ мебошӣ. Агар мубориз бошӣ, дигар дар бораи гузашта сухан накунем хуб аст. Сухан кунем барои ту бад аст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ояндааш баъди чанд поколений маълум мешавад. Ту ба умеди онӣ, ки мо мусулмону ҳаминаш кифоя аст. Мардуми Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд. Агар дар ҳамин фикр бошӣ, хато мекунед! Шумо сулҳи тоҷиконро ба монанди як асбоб барои худатон истифода бурда истодаед. Мегуед Эмомалӣ Раҳмонов сулҳи тоҷиконро хиëнат кард. Шумоҳо ҳам хиëнат карда истодаед. Як бор нашунидем, ки гуфта бошед, ки моҳо ҳеҷ гоҳ ба сулҳи тоҷикон намекунем. Ë ягон барнома надоред, ки шумоҳо сулҳи тоҷиконро хиëнат карда набошед!
Ман дар бораи қасду нақшаи ҳуҷуми Файзалӣ Саидов дар солҳои 1993 ба Помир хаттӣ равон карда будам. Ҳамин шахсони помирие, ки кушта шуда буданд аз тарафи Эмомалӣ Рахмон ба наздикӣ, қисме аз  ҳамин помириҳо солҳои1992 дар ОМОН -и МВД, кор мекарданд,ҳамаи одамкуширо карданд. Баъд зурашон омад ҳамаро партофтанд ва гурехтанд. Баъд наҳзатиҳо бо ғармиҳои бечора дар балои бад монданд. Ман ҳамаи инро бо чашми худ дидам. Вақте ғармиро штаби Файзалӣ Саидов меоварданд ва онҳоро допрос мекарданд, ҳамааш як гап мегуфт, ки мо пул ҷамъ  карда медиҳем, помириҳо ҷанг мекунанд.

 Ман ҳамин қадар фаҳмида истодаам, ки ту ростро қабул надорӣ. Ҳар рӯз ҳазор барнома кунӣ ҳам фойда надора, самти фаъолиятатро дигар кунед, гапи манро гир пирӯз мешавӣ. Ту ҳамин хел рафтор кунед, ки мардуми Тоҷикистон дар қасди кушторат нашавад. Ту фикр мекунӣ, ки мардуми Тоҷикистон чи кору бор дар Тоҷикистон рафта истодааст, хабар надорад? Ҳамсояашро дар пеши чашмаш милиса ё амният зада -зада мебарад, ба болои ин бо ҳамсояаш рафту омадро бас мекунанд. Ба ҷои онки ҳамсояашро ҳимоят кунад, бар акс мегурезад аз ӯ. Аммо баъд чи мешавад? Фардо навбати ӯ ҳам мерасад ва ҳамсояи дигараш ӯро гузошта ҳам вой ҷони худам мегуяду мегурезад, то навбаташ расидан.

Дар боло гуфтам ташкилот ҳамон корро кунед, дар оянда мумкин руи хотири ҳамон ташкилот ба Тоҷикистон омада тавонед. Не, агар боварӣ дошта бошӣ, ки дар оянда дар Европа мемонӣ, ё ба муборизаат идома доданӣ бошӣ паноҳат ба Худо.              

 Бародар Муҳаммадиқбол, ман аз совхоз-техникуми ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён ҳастам. Дар ҳаминҷо як кам дар бораи худам, аз фаъолияти кориам ва зиндагиам нақл мекунам. Ин гуфтор ба бисëр аз мардуми Тоҷикистон дахл надорад! 

Аз солҳои 1989 то инҷониб- соли 2024.

Солҳои 1992 буд. Дар КГБ-и вилояти Хатлон кор ва фаъолият мекардам. Дигарбора аз тарафи Фронти Халқӣ ба кор омада будам! Моҳҳои январи соли 1993 буд. Се нафарро дастгир карда ба КГБ-и он вақтаи вилояти Қурғонтеппа оварданд. Роҳбари онвақта Ғулом Бобоев буд, ки онҳо таҷовузкорон аз гуруҳи Сангак Сафаров буданд. Ба таҷовузи духтари 13 солаи рус даст доштанд. Хабари онҳо ба Файзалӣ Саидов аз тарафи 201 дивизияи рус расида буд. Файзалӣ ба Кумитаи Давлатии Бехатарӣ омад  ва он се нафаро дар ҳавлии КГБ барои гуноҳашон паронд, яъне ба қатл расонид. Лекин ҳамон шабурӯз ҳазорҳо духтарон ва занҳои мардуми Тоҷикистон таҷовуз ва кушта мешуданд, аммо касе намепурсид.

 Мо бояд як чизро фаромуш накунем, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ 150.000   мардуми Тоҷикистон кушта ва беному нишон гаштаанд. Лекин аз тарафи кӣ кушта ва беному нишон гаштаанд, номаълум монд! Мо бояд аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кунем, ки ин шахсон чи гуна кушта ва беному нишон гаштаанд! Ва аз дасти, киҳо кушта ва беному нишон гаштаанд. 

  Баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров аз минтақаи Кулоб зиëда аз 20гурӯҳ ба куштор, таҷовуз ва дуздии моли мардуми Қурғонтеппа даст доранд, аммо ба ягон ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. Ҳатто зани ургутӣ дар бозори Кулоб молҳои худро шинохта гапро ба Файзалӣ Саидов расонида дар байни  зиëда аз 2000 боевик гуфта буд. Зани ургутӣ молашро дар бозори Кулоб шинохта аст!

 Гапи дигар ин аст  аз даҳони сардори пости (Каленинобод ) Сарбанди ҳозира аз моҳҳои октябр соли 1992 ҳаррӯз  аз минтақаи Қурғонтеппа аз 40 то 50 мошини калони камаз моли мардуми Қурғонтеппа ба суи минтақаи Кулоб рабуда мешуданд. Ҳаррӯз Сангак Сафаров ба штаби Файзалӣ Саидов барои халосии борҳои дуздиашон меомад! Ин гурӯҳҳо ба деҳаҳо омада шахсони онҷо мондаро кушта, молҳои онҳоро разбой карда хонаҳои онҳоро сузонида баромада мерафтанд. Ин шахсон беҷазо мондаанд. Ҳоло бошад, ин шахсон фарзандони худро оварда дар вазифаҳои қудратӣ ҷойгир кардаанд. Падарони инҳо шахсони  давраи ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ки ба куштор ва таҷовуз мардуми Тоҷикистон даст доштанд. Фарзандони онҳо кори падаронашонро дар сохторҳои қудратии имрӯзаи Тоҷикистон давом дода истодаанд. Агар касе аз куштор ва таҷовузи ин шахсон  хабардор аст ба мо расонанд! Мо дастгир менамоем!


 Ин гапҳо ва корҳои дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон тааллуқ надорад, ба ҳамон касоне, ки ба куштор ва таҷовузи мардуми Тоҷикистон даст доранд ба онҳо тааллуқ дорад, давоми кори онҳоро фарзандони қотилон давом дода истодаанд, ки дар сохторҳои қудратии имрӯзаи Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунанд! Мо мардуми Тоҷикистон имрӯз бояд қилро аз хамир ҷудо намоем. Агар ҳукуматдорон ва ҳукумати Тоҷикистон гапро нафаҳманд, албатта, бо яроқ зиддият нишон додан зарур аст, чунки агар ҳукуматдорон гапро нафаҳманд роҳи дигаре нест.Ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз минтақаи Кулоб мебошанд, ба дигарон аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар сохторҳои қудратии имрӯзаи Тоҷикистон ҷои кор нест! Ҷои паноҳиаш нест, аксарияти вазирон аз минтақаи Кулоб мебошанд, коргарон ҳам аз минтақаи Кулоб мебошанд. Ин ба чи шаҳодат медиҳад?

 Чаро ҳукумати Тоҷикистон аз ин рафторҳои номардонаи худ шаҳодат намедиҳанд? Магар боқии мардуми Тоҷикистон душмани ҳукумати ҳозира аст, ки мардуми як минтақаи Тоҷикистонро гирди худ ҷамъ карда аст. Ҳукуматро ғасб карда гирифтед, лекин обод карда натавонистед, коратон ва чашматон фақат дар киссаи мардуми Тоҷикистон ва дуздии моликияти давлат аст! Дар фикри ободии Ватан -Модар нестед. Ватан -Модарро медуздед ва ғорату таҷовуз мекунед, худозадаҳо. Ояндаи шумоҳо ва фарзандонатон бо номи хоини ватан ва таҷовузкор боқӣ хоҳад монд.
Охир саг барин мемуред ва ба назди кушташудагонатон бармегардед!  Ва он рӯз номардиятонро ба гардан мегиред, то охирататон як номарди хиëнаткору дузд  мемонед. Бедину беном мемонед. Дидорҳо дар қиëмат мешавад, агар мусулмон  муред.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ҳамин навиштаҳои маро, агар хубу дуруст ҳам набошад дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр мекардед, нағз мешуд. Ба хотири ояндаи ҳамкорӣ ва ояндаи Тоҷикистони озод!
Отдельно мешуд, хубтар мешуд.
Дар бораи раиси КДАМ-иТоҷикистон мегуям. Саймумин Сатторович Ятимов, кличкааш Раис ва Муаллим мебошад, ба мо маъқул нест, чаро маъқул нест? Одами давлатӣ ба ҳама маълум аст, бо пешниҳоди он давлат сардори КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шудагӣ аст. Охирин бор дар онҷо кор карда буд, политикаи он кишварро дасгирӣ карда истодааст. Ҳамин қадар мардуми Тоҷикистонро амният бо фармони Ятимов вербовка кардааст. Ҳатто аз бисëрии вербовка кардани мардуми Тоҷикистонро, кормандони амният успети вербовка шудагӣ одамонро допросро надоранд. Чигуна одамонро амният вербовка мекунанд? Мисол худат дар муҳоҷират, Россия, писарат дар Россия, оилатро фарëд мекунанд, оилаатро вербовка мекунанд. Барои хотири армия падаратро, модаратро, вербовка мекунанд. Баъд падару модарат чи гуяд, «бачам чо мекунед, чи даркор ҳамин корҳо». Ҳозир дар амнияти Тоҷикистон ҳама одамони наздики Ятимов аст. Касе дар амнияти Тоҷикистон ба кор омад, ҳатмани ҳатман бо воситаи Раис.
Як чизи дигарро аз солҳои 1992 -1997 дар бораи дар сафи Фронти Халқӣ будани худ илова кунам, то мардуми Тоҷикистон хулосаи худро баëн намоянд. Дар навор дидем, ки Лангарӣ Лангариев ошкорро мегуяд, ки дар ҷанги Каленинобод 1764 нафаро куштааст. Лекин нагуфт, ки киро куштааст. Ман мегуям, ки киро куштааст. Ҳамон шахсонеро куштааст, ки дар хонаи худ буданд аз он ҷумла пиронсолон, занону кудакон аз мардумони водии Рашт буданд онҳо!  Ман қариб дар аксари амалиëтҳои байни мухолифин ва Фронти Халқӣ иштирок кардаам. Дар ҳар як амалиëти байни мухолифин ва Фронти Халқӣ аз тарафи мухолифин аз 2- то 5 нафарӣ кушта шударо медидем, халос; аз тарафи Фронти Халқӣ аз 5 то 10 нафар кушта мешуд. Лекин кушташудагони Фронти Халқӣ бештар аз пушташон яъне аз қафо паронда, кушта шуда буданд. Яъне онҳоро худиҳо аз қафояшон мепарониданд. Чунки дар қафо паноҳ шуда намеонистанд, ки тирро ба кадом тараф мезанад. Ин ҳолатро  он вақт ҳама медонистанд, лекин хомуширо риоя мекарданд, чарро? Чунки касе гапи ҳақро мегуфт ва ё пушти мухолифинро мегирифт кушта мешуд. Дар Фронти Халқӣ шахсоне буданд, аз мухолифине, ки дар хонаҳояшон монда буданд, ҳимоят мекарданд, аммо ин шахсон дар муҳориба бо мухолифин кушта мешуданд. Боз як ҷавоби дигар ба онки Лангарӣ Лангариев киро куштааст?  Милицияи ҳукумати шуравӣ буд?  Чаро ҳукумати Тоҷикистон хулосаи худро нисбати ин шахсон баëн Намекунад? Ҷавобаш ин аст ки худи ҳукумати Тоҷикистон дар ҷиноятҳои Лангарӣ Лангариев, Саидшо Шамолов, Суҳроб Қосимов, Хуҷа Каримов даст доранд!
Ин гадоҳои ҳукуматдорони Тоҷикистон, меъдаашон гушна аст. Чунки авлоди онҳо хонаруб, таги молруб, яъне кунтозакунакон буданд. Имрӯз, пешвои миллат, вазир, кабир шудаанд, кунлесон, аз як минтақаи ба ҳама маълум
Э, шарм доред, гадоҳо аз ….
Дар хонаҳоятон як табақ доштед ë не, имруз пешво, вазир, начальник!  Товба, айба намедонед, ба гуфти худатон к@очаҳо!


Share This Article