Олимони сӯъ ё бад кадом олимонро мегуянд

Ислоҳ нет

Олимони сӯъ ё бад кадом олимонро мегӯянд?

Дар мавриди олимони бад ё дарборӣ хело мепурсанд,ки чӣ гӯна онҳоро шиносем.Оё онҳо суханоне мегӯянд,ки дар ислом вуҷуд надорад? Ҳатто хостанд агар имкон бошад асомии баъзеро бигирем,то миллат онҳоро шиносанд ва дигар аз шаррашон эмин бимонанд.

Албатта дар ин мақола кушиш мекунам чеҳраи аслии ин уламоро барои шумо бозгӯ намоям,то онҳоро хубтар шиносед.

Олимони суъ ё бад он олимонеро мегӯянд,ки онҳо ба хубӣ мефаҳманд маънои китоби Аллоҳро.Инчунин ҳукми Аллоҳро медонанд дар масъалаҳоеки дар он фатво медиҳанд.Медонанд ончӣ мегӯяд ин комилан мухолифи фармудаи Аллоҳ аст.Аммо оятҳои Аллоҳро бо андак пули ночизе мефурӯшанд,чунонеки уламои аҳли китоб мекарданд.Хонандаи азиз хуб огоҳ бош, ин олимон бар Ислом ва мусалмонон аз душманони дигар карда хатарнок таранд.

Албатта бо сабабҳои зерин:

Аввал: Метавонанд инки ботилеро ҳақ ҷилва бидиҳанд ё инки ҳаққеро ботил.Ин олимон ҳамеша дар аҳкоми шаръ бар умумиёти махсус такя мекунанд.Ё бар мутлақҳои муқайяд,ё бар қавлҳои шоз ё камназире.Ин олимон медонанд ин амали худро, вале мардуми авом инро намефаҳманд.Гумроҳ мекунанд мардуми оммаро дар фаҳми аҳком ва ё фармудаҳои Аллоҳ. Кӯмак мекунанд золимону ситамгоронро ва хор менамоянд мазлумону бечорагонро.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар мавриди ин тоифа чунин фармудааст:

 

﴿يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لِمَ تَلْبِسُونَ الْحَقَّ بِالْبَاطِلِ وَتَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ﴾ . [آل عمران : 71].

 

“Эй аҳли китоб,бо он ки аз ҳақиқат огоҳед,чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро пинҳон мекунед?”(Сураи Оли Имрон,ояти 71)

Дуввум: Ин уламо чун чеҳраҳои шинохта дар минтақа ва назди мардум ҳастанд.(Зоҳир мегарданд дар назди мардум бо фатвоҳояшон ва суханони ширини бо заҳр омехтаашон. Мардуми одди ва ноогоҳ фатвоҳо ва суханони ширини заҳрогинашонро мепазиранд. Ва бо васоити ахбор ё медиа баромадҳо фатвоҳои ин уламоро нашр мекунанд.Инчунин тавсиф ва таърифашонҳам мекунанд,то мардум он суханонро пазиранд. Хоссатан ВАО дар асри имрӯзии мо,ки комилан ботил ва ноҳақро бар ҳақ ба шакли одди  ҷилва ва иваз мекунанд.Барои Васоити ахбори омма лозим аст танҳо як сухан гуфта шавад,то аз он ҳангома созанд ва бо ҳар шакли дилхоҳ онро шарҳу тафсир намоянд.Барои ин ВАО танҳо суханони уламои суъ ва бад лозим аст,то онро барои мардум бо шарҳу тафсирҳояшон бирасонанд.Албатта ВАОҳам наметавонад ончизеро ки ин олим нагуфта бошад аз пеши худ онро бигӯянд.Ҳалолеро ҳаром ва ё ҳаромеро ҳалол бояд бигӯяд,то онро расонаи кунанд.Манзури ман он ВАО мебошад,ки дар ихтиёри низоме қарор дорад ва лозим шавад рӯзи равшанро шаби тор мегӯяд ва шаби торикро рӯзи равшан.

Севвум: Олимони суъ ё бад худашон медонанд,ки онҳо дар роҳи ботиле ва ё ноҳаққе қарор доранд.Ҳар олим ё толибилмонеки онҳоро шинохтанд вақте хостанд дигаронро аз шахсиятҳояшон огоҳ намоянд.Дар ҳол бо воситаҳое,ки доранд пеши роҳи ин уламои ҳақиқатгӯйро мегиранд. Онҳоро туҳмат мекунанд,то аз пеши роҳи худ дӯр намоянд ва дар майдон танҳо бимонанд.Ончӣ маъмур мегарданд он ботилро ба мардум бирасонанд.Бидуни шак ин уламоро дар оғоз ҳарчӣ мехоҳанд медиҳанд,то он вақте,ки  масъулияташон ба охир расад. Вақте корашонро анҷом доданд онҳоро бо таҳдид ва нуқсонҳое ки доранд мутаҳам менамоянд (шантажҳои гуногӯн).Аксаран чунин уламо бо сахттарин ҳолатҳои хорӣ ва зиллат, мақому вазифаҳояшонро тарк мекунанд ва ё дар ин ҳолати хорӣ мемиранд.

Олимони суъ ва ё бад хатарноктарин гурӯҳе мебошанд бар алайҳи ҳақ ва мусалмонони ростин.Ин уламои ботил бо ақлҳои мусалмонон меҷанганд бо номи дин зеро ба сифати олимони ин уммат аз тарафи мақомоти дахлдор муаррифи гаштаанд.Сипас ин уламои ботил ончӣ ботил ва норавост онро аз номи Аллоҳ ва паёмбараш барои мардум гӯшзад менамоянд.Пас аз инки ончӣ лозим бар золимон ва мақосиди шуми золимону мустабидон аст,онро ба анҷом расониданд. Ситамгарони зимомдор ва мансабдор мардумро маҷбур менамоянд,то бо он гуфтаҳои ин шайхи ивазнамудаи дунё бар охират амал намоянд.

Ин тоифаи аз роҳи ҳақ дӯр гашта ҳақро бо ботилҳои сохта ва бофтаи худашон  мехоҳанд пинҳон бикунанд.Фатвоҳое содир менамоянд,ки ин дини ҳаниф назирашонро дар чордаҳ аср надида буд.Бо аҳкоми Илоҳӣ бозӣ мекунанд,фикр мекунанд ин фармонравоёнеки ҳоло бо онҳоянд абадиянд.

Бубинед фармонраво ё пешво амр мекунад дар муқобили  амрҳои Аллоҳ. Бидуни ҳеҷ тараддуде онҳо иҷро мегарданд, уламои дохили кишвар дар умум.Чӣ маркази исломиаш ,чӣ эшонаш,чӣ домуллояш ва … хомӯшанд.Ҳатто садо баланд намекунанд,ки ҷаноби пешво бо ҷонат бозӣ накун.Ин ҳуқуқро ба шумо кӣ додааст,то фармудаи Аллоҳро манъ намоед?

-Манъи то ҳаждаҳсола рафтан ба маҷид.

-Манъи рафтани духтарон бо риъояти ҳиҷоби шаръӣ ба макотиб,донишгоҳҳо,идораҳои давлатӣ,духтурхонаҳо,дар охир ҷамоъат ва …..

-Манъи азон яке аз шиъорҳои дини ислом аз баландгӯякҳо.

-Манъӣ рафтани ҳаҷ то сини чиҳилсолагӣ боз дар ин рӯзҳо мамониъати бештареро роҳандозӣ намудаанд нисбати ин фаризаи Илоҳӣ.

– Бастани садҳо масоҷид,мадориси динӣ,табдили хонаҳои Аллоҳ ба тарабхонаҳо,бонгоҳҳои тиббӣ,заминҳои назди ҳавлигӣ ва …..

– Баргардонидани ҳазорҳо ҷавони тоҷик аз мадориси динии хориҷӣ ва қариб ними онҳоро зиндонӣ ва ними дигар дарбадар дар руся дар ҳолатҳои сангин қарор доранд.

-Бо ҳар баҳонаҳои сохта ва бофтаи мисли таҳрирӣ,салафӣ, ихвонӣ, наҳзатӣ ва …. муттаҳам намуда.Олимони динӣ ва ҳақгӯйи кишварро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст ва то ҳол идома медиҳад.

-Аз минбарҳои масоҷид дӯр кардани уламои саршинос ва ҳақгӯйи кишвар. Ба ҷойи онҳо гумоштани шахсони тасодуфи ва тамоман ноогоҳ.

-Ҳукмати кишвар дар чанд соли охир сиёсатеро пеш гирифтааст,ки комилан саркубгароёна ва қасамхурда бар алайҳи ислом ва муқаддасот ва шаъоири исломӣ дар кишвар будааст.Ҳатто кор ба ҷое расидааст,ки ришҳои ҷавононро бо зурӣ метарошанд,сатрҳои занонро бо зурӣ мегиранд,дар бозорҳо дуконҳои ҳиҷобфурӯширо мебанданд.Мағозаҳои китоб ва адабиёти динӣ доштаро ба кулли бастанд ва фурӯшандагонашонро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.Дар шимоли кишвар вазъият аз марказ ва ҷануб вахимтар аст.

Сукути ҳар донандаи дин яъне олимон дар манъи ин ҳама худ аз он шаҳодат медиҳад,ки ӯ шомили уламои суъ ё бад гаштааст.Мумкин аст баъзеҳо барои худ далеле оваранд,ки ман ба танҳогӣ чикор метвонистам бикунам.Агар садо баланд мекардам маро мекуштанд ва ё зиндонӣ мекарданд.Аввалан агар инқадар метарсед аз ватан хориҷ шавед яъне ҳиҷрат кунед,замини Аллоҳ фарох аст.Дар ғайри ин шумо ҳеҷ ҳуҷҷате надоред,то шуморо аз ин тоифа надонем.

 

قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: ((أسمعوا هل سمعتم أنه سيكون بعدي أمراء، فمن دخل عليهم فصدقهم بكذبهم، وأعانهم على ظلمهم، فليس مني، ولست منه، وليس بوارد عليَّ الحوض، ومن لم يدخل عليهم، ولم يعنهم على ظلمهم، ولم يصدقهم بكذبهم، فهو مني، وأنا منه، وهو وارد عليَّ الحوض(وأخرج الترمذي وصححه، والنسائي، والحاكم وصححه الألباني صحيح الترمذي2259)

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)фармӯданд: “Бишнавед! Оё шунидаед инки пас аз ман  меоянд амирон(подшоҳон,президентҳо,пешвоҳо)-е.Шахсе ворид шуд ба назди онҳо ва тасдиқ кард дурӯғи онҳоро.Ва кумак намуд онҳо(пешво,президент,раис)-ро ба зулму ситаме,ки онҳо (бар мардуми одди)мекунанд.Онҳо (дохил шавандагони назди пешво ва кумак кунандагони пешво аз уламо ва ғайра,ки пешворо ба зулму ситам ва судури фатвоҳои дурӯғине бар алайҳи мардуми одди кумак мекунанд)аз(уммати) ман нестанд.Ман аз онҳо нестам,онҳо ворид намешаванд ба ҳавзи ман (кавсар).Шахсе дохил намешавад (назди пешво, президент, раис) ва кумак намекунад онҳоро дар зулмашон.Тасдиқ намекунад дурӯғи онҳоро пас ӯ аз ман аст ва ман аз ӯям.Ӯ ворид мегардад ба назди ман ва ҳавзам.”

 

وعن أبي الدرداء رضي الله عنه قال: قال رسول الله صلّى الله عليه وسلّم

 ((إنَّ أخوف ما أخاف على أمتي الأئمة المضلين)). رواه أبوداود

 Абудардо (раз) ривоят мекунанд,ки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуданд: “Хавфноктарин чизе,ки ман барои умматам аз он метарасам ин уламои гумроҳкунанда мебошанд”(Ривояти Абудовуд)


وعن زياد بن خدير قال: قال لي عمر رضي الله عنه: ((هل تعرف ما يهدم الإسلام؟ قلت: لا قال: يهدمه زلة العالم، وجدال المنافق بالكتاب، وحكم الأئمة المضلين)). رواه الدارمي

 

Аз Зиёд ибни Худайр ривоят аст,ки Умар ибни Хаттоб (раз) фармуданд: Оё медони исломро чӣ чизе хароб мекунад ? Гуфтам :На.

Гуфт: хор мекунад исломро хории олим,баҳси мунофиқ ба китоб ва ҳукми имомҳо ё олимҳои гумроҳкунанда.”(Ривояти Доримӣ)

Аллома ибни Қайими Ҷавзӣ (раҳ) мефармояд: Аз сифатҳои олимони охират(яъне имон доранда ба он) онҳо аз президентҳо,раисҳо,пешвоҳо дӯрӣ меҷӯянд.Аз вохурӣ ва ҳамсуҳбатшудан бо онҳо парҳез мекунанд.

Ҳузайфа ибни Ямон (раз)фармудааст: Шуморо барҳазар медорам аз маконҳои фитна.Пурсиданд: Он кадом аст?

Гуфт: Дари хонаҳои амирон,президентҳо,пешвоҳо,яке аз шумо ворид мегардад ба назди амир президент.Ончӣ ӯ дурӯғ мегӯяд онро рост мепиндорад,пас аз онки хориҷ гашт мегӯяд ончӣ дар асл чунон нест.

Саъид ибни Мусайб (раҳ) фармудааст: Ҳаргоҳе дидед олиме  амирҳоро механдонид(яъне дар суҳбат бо онҳо оддӣ буд), аз чунин олим дӯрӣ ҷӯед зеро ӯ дузд аст.

Абунаъим дар Ҳиляаш аз ривояти Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасан овардааст,ки Умар ибни Хаттоб (раз) гуфтааст: “Ҳаргоҳе дидед,ки қори(ҳофизи қуръон)-e дӯст медорад сарватмандонро(дар маъракаҳояшон бештар мехоҳад иштирок кунад) пас ӯ соҳиби дунё аст.Агар дидед бештар бо президент бидуни ҳеҷ зарурате мегардад пас ӯ дузд аст”

Баъзе аз гузаштагони солеҳ фармудаанд: “Ту наметавонӣ аз дунёи он (дунёдорону ҳокимон) чизе бигирӣ,ки дархурат бошад.Аммо онҳо аз дини ту мегиранд,ки беҳтар аст аз дунёи онҳо(яъне дини туро истифода мебаранд тавассути ту ба нафъи дунёи худашон,ту эй олими суъ аз дунё ва охират маҳрумӣ)”

Умеддорам хонандагони гиромӣ ин тоифаро дигар хуб мешиносед ва мафтуни суханони ҷаззоб ва заҳрогинашон намегардед.

Муҳаммадиқболи Садриддин

 

Share This Article