Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман маҳбуси собиқ ҳастам. Мехоҳам каме аз ҳаёти
дохили зиндон қисса кунам, то ки мардум бидонанд дар дохили зиндон чи гапу хабар аст. Мардуми азизам медонанд аммо ҷуръати гуфтанро надоранд.
Қиссаро шуруъ мекунем аз як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, шахсе, ки як умр ҷиноят содир кардааст. Ин даранда дар сурати нима инсонӣ Нуриддин Раҳмонов, зодаи ноҳияи Темурмалик, хатмкардаи интернат, маълумоташ олии пурра ё нопурра, намедонам.
Бинобар гуфтаи ҳаммаслаконаш хатмкардаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саймумин Раҳимов аст. Ин Нуриддини шрекмонанди душмани миллат баъди хатми донишгоҳ ба вазорати корҳои дохилӣ ба кор омада
чанд вақт дар шуъбаи корҳои дохилии Турсунзода кор кардааст. Он вақтҳои нооромӣ дар кишвар фақат ба роҳзанӣ машғул буда аст.
Дар маҳбас нафароне буданд, ҳамроҳи мо адои ҷазо мекарданд, мегуфтанд, ки ин Нуриддин Раҳмонов дар вақти милисаи Регар буданаш паделники мо буд. Як хеши наздики
Нуриддин Раҳмонов бо мо адои ҷазо мекард. Вай ба мо нақл кард, ки ин Нуриддини оқипадар додари худашро солҳои нооромии кишвар паронда буд. Баъди чанде додараш, ба иллати шифо наёфтани захм аз олам даргузашт.
Аз шуъбаи милисаи Регар ҳам Нуриддинро аз кор пеш мекунанд. Баъди чанде боз пул дода сардори бахши кофтукови ҷиноии милиса дар ноҳияи Шаҳринав таъин
мешавад ва боз ҷиноятҳояшро дар ВКД дар ин ноҳия ҳам давом медиҳад. Началник милитсияи Шаҳринав ба хотири суй истифода аз мақомаш ӯро бо статя аз кор пеш мекунад.
То вақти Прокурори генералӣ таъин шудани Шерхон Одина Салимзода Нуриддин Раҳмонов ҳамчун устоди гуштин кору фаъолият мекард. Баъд аз омадани Шерхон Салимзодаи Одина ҳамаи делову дафтари Нуриддинро тоза карда ӯро ба
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия равон мекунанд. Бубинед,ки чигуна дар мақомоти прокуратураи генералӣ ҷиноятҳое мекунанд,ки оқибаташ хело сангин барои миллат тамом мешавад.
Нуриддин Раҳмонов дар онҷо дар вазифаҳои гуногун кор мекунад. Дар соли 2012 Изатулло Шарипов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, ки бо тахаллуси Зорро маъруф аст, Нуриддинро
сардори муассисаи я/с9/1 яъне СИЗО таъин кард.
Дар ин вазифа вай шаш моҳ кор карда бештар хешовандони худашро ба кор гирифт. Масалан додарарусаш Убайдро, ки дар байни маҳкумшудагон бо лақаби Шрек маъруф аст ва боз як хешаш Рустами гушлақаро ба кор гирифт. Инҳо аз
гумонбарон пул мегирифтанд. Аз ин камера ба он камера барои ҳавои тоза кашидан аз боздошт шудаҳо ҳатто пул мегирифтанд. Ин ҳавои тоза кашидан то ҳол идома дорад.
Тобистон барои кормандони СИЗО фасли пулкоркунӣ мебошад. Дар як рӯз ду маротиба назоратчии он иваз мешавад: аз 8:00 то 16:00 аз 16:00 то 8:00 субҳ. Хуллас 20 сомонӣ надиҳӣ форточкааи камераатро намекушояд, то нафаси тоза кашанд дохили камера будаҳо. Ба ғайр аз ин дар як ҳуҷраи 8 нафара то 20 нафарро, боло ба боло метапанд. Агар рӯзҳои баня навбатдори баняро 20 сомонӣ надиҳӣ, оромона оббозӣ худатро наметавони хуб бишуед, ҳаминки дохил шудед чор дақиқа пас омада мегуяд тез баро вақтат тамом шуд гуфта дубинка зада мебароранат. Маҷбур мекунанд, ки бо як станок4-5 нафар сар тарошед. Ними Тоҷикистонро мубталои бемории ВИЧ/СПИД
кардагианд. Инҳо кормандони СИЗО мебошанд. Ҳамааш бо фармони Нуриддин Раҳмонов мебошад.
Боз як ҷинояти қаллобиаш ин аст аз як шаҳрванди Афғонистон бо номи Гулоғо 43 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифта ба ӯ ваъда доданд, ки мо туро Афғонистон равон мекунем. Дар ин ҷинояташ Рустам ва Убайд шариканд.
Нуриддин ин маблағро гирифта дар шаҳр Душанбе дар маҳаллаи 33 микрорайон ба маблағи 38 ҳазор доллараш 2 ҳуҷрагӣ мехарад. Баъди чанде Гулоғо ба адвокаташ ба коррупсия шикоят менависад. Як муовини Иззатулло Шарипов бо номи Маҳмудов Илҳом, ки пеш дар Агентии назорати коррупсия кор карда буд рафта корро ба манфиати Нуриддин ҳал мекунад. Сипас Иззатулло Шарипов Нуриддин Раҳмонро аз мақоми сардори муасисса озод намуда сардори шуъбаи оперативии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия таъин мекунад. Нуриддин то омадани Мансур Умаров медонед, ки ҳатто ба ҷойи Иззатулло Шарипов дар ин вазифа кор мекард.
Убайдро сардори шуъбаи низом дар муасиссаи Бохтар таъин
мекунанд. Дар онҷо Убайд аз лақаби Шрек ба лақаби хунхур сарфароз мешавад. Минбаъд аз болоиУбайд шикоят бисёр мешавад. Нисбати вай бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи
ҷиноятӣ мекушоянд. Ӯро ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум мекунанд.
Рустами гушлақа бошад сардори муассисаи тафтишотии Душанбе таъин мешавад. Аммо Мансур Умаров ӯро барои таблетказаниаш аз кор озод кард. Инҳо хунхорҳои замони Иззатулло Шарипов буданд.
Боз яктои дигараш ба номи Сангалии безпалетс. Ҷиноятҳои ӯ ҳам беҳисоб аст. Нисбати ӯ алоҳида ба “Ислоҳ” менависам.
Ин бадбахти Нуриддин Раҳмонов аз маҳкумшудагон барои гирифтани табобат ва интиқол додан ба санчаст -муассисаи табобатӣ воқеъ дар Ваҳдат ҷойгир аст 500 доллар гирифта баъд аз он иҷозат медиҳад, ки интиқол ёбад зиндонӣ. Дар муасиссаи табобатӣ як ҳафта табобат мегирӣ, ки боз руйхатро меоранд: «фалонӣ, фалонӣ, фалониҳо пагоҳ тайёр шавед, этап аст». Мегуӣ, «о,ман нав табобатро сар кардам,ҳолӣ базе дорувома наёвардианд». Хай агане агар хоҳи табобати хуб гири бра шефа хабаргир мегуянд.
Меравӣ сардори муассисаро 500 сомонӣ, сардухтурро 300 сомонӣ, сардори шуъбаро 200 сомонӣ медиҳӣ. Ин маблағ барои камбағалҳо ҳаст, барои онҳое каме маъруфанд ва донанд хешутабори хуб дар берун доранд ин сомонӣ ба доллар иваз мешавад. Пас аз додани пул ба ту ду ҳафтаи дигар касе кордор намешавад.
Дар муассисаи табобатӣ ягон майда духтурони муассиса ба беморон аҳамият намедиҳанд. Танҳо як маҳбус, собиқ сардухтури ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки номаш Кулобиев Бегмат мебошад, ҳамон ҷарроҳӣ ва табобат мекунад, аммо пулро сардухтур мегирад. Ҳамаи кормандони муассисаҳо боз «алоҳида» ба Нуриддин Раҳмонов доля медиҳанд. Барои дар истеҳсолот кор баромадан аввал ба Нуриддин Раҳмонов доля медиҳӣ, баъд ӯ иҷозат медиҳад, ки ягон «халабут» бтен
ин бачаи коргар аст. «Халабут» ин ҷои кор дар истеҳсолот мебошад. Ин Нуриддини гушна ҳатто медонад, ки завскладҳо продуктаро дуздида мефурӯшанд. Ҳамонҳоро низ дар доля шинондагӣ аст.
Тамоми чизе, ки барои маҳбусон аз тарафи давлат ҷудо мешавад, ҳатто 1%-ашро ба маҳбусон намедиҳанд. Ба колхози Россия бурда дар тарабхонаҳо озодона бе ягон тарс мефурушанд.
Ин амали дуздиашонро як маротиба Мирзоев Хуршед, ки он вақт сардори УБОП шуда кор мекард, қапида буд. Вақтҳои пеш як Нуруллои ланг буд. Завсклади тамоми муассисаҳо. Ӯро ҳам чанд бор мақомот қапида буданд. Боз доля дода халос мешуду бе ягон тарс корашро давом додан мегирифт. Бовар кунед, агар соли дароз дар бораи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ва махсусан Нуриддин Раҳмонов нависем кам аст.
Боз дигар қотилони одамкуш собиқсардорони муасиссаҳои ислоҳӣ, ки номҳояшон ҳеҷ гоҳ аз ёди мо маҳкумшудагон намеравад, дар оянда менависем.
Феълан Нуриддин Раҳмонов муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон, яъне муовини Мансур Умаров мебошад.
Ба ҳангоми роҳбарии Иззатулло Шарипов Нуриддин Раҳмонов ду вазифа дошт: ҳам сардори шуъбаи оперативӣ ва ҳам муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия буд. Ӯро ҳам «кошелеки генерал» Иззатулло Шарипов мегуфтанд.
Иззатулло Шарипов тамоми вазифаҳоро через Нуриддин Раҳмонов мефурухт. Ҳоло бошад ӯро «кошелек»-и Мансур Умаров мегуянд. Барои онки тамоми вазъияти ҷобаҷокунии кадрҳоро медонад. Сахт бозингар аст. Ин номарди золими бераҳму бешафқат аз пеши худаш ҳар рӯз як қонун мебарорад. Ин душмани миллат худаш кадом муассисаи ислоҳӣ дарояд фармон медиҳад, ки ин корро анҷом диҳед, он корро анҷом диҳед. Масалан мегуяд ҳангоми аз чашмаки дари ҳуҷраи нигоҳдорӣ-камера назорат кардан тамоми маҳбусон аз ҷои худ хеста бояд бо як овоз салом диҳанд ва шахсияти худро гуянд. Агарки форадашон соатҳо чашмаки дарро раҳо намекунанд. Маҳкумшаванда, гумонбаршаванда ва ё маҳкумшуда бо як овоз салом дода рост меистанд. Шумо фикр кунед, ки дар як ҳуҷра зиёда аз 20 нафар нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳоле, ки он ҳуҷраи 8 нафарӣ аст ва дар ягон шароиту талаботи нигоҳдорӣ ҷавобгу нест. Ҳама матрасҳо чиркин, аз давраи шуравӣ мондагӣ аст. Маҷбур мекунанд, ки бо як станок то 4 нафар сар тарошанд. Ин ҳам дар ҳоле,ки станокоро хешовандонамон меоранд. Ин ҳамаро бо фармони Нуриддин иҷро мекунанд. Дар куҷои қонун омадааст, ки маҳбусон то майдончаи гаштугузор ё ки то ҳаммом сарҳояшонро хам карда давида -давида раванд. Дар байни мо ҳастанд маҳбусоне, ки дар дигар давлатҳои хориҷӣ адои ҷазо кардагианд. Онҳо мегуянд, ки дар ягон ҷои дунё ин гуна маҳбас нест, ҳатто дар Гуантанамо. Нуриддин Раҳмонов кадом муассисаи ислоҳӣ дарояд сари кормандони он муассисаро дард мегирад. Барои онки ба онҳо фармонҳои ноҷавонмардона медиҳад. Баъд онҳо маҷбур мешаванд, ки иҷро кунанд.
Тарзи шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон: шахсро лучи модарзод яъне форма нол мекунанду сипас шиканҷа мекунанд. Ин намуди шиканҷа маҳз бо фармони Нуриддин Раҳмонов иҷро мешавад. Пеш вақтҳо ин гуна шиканҷа набуд.
Модари Нуриддин Раҳмонов хеши наздики Шерхон Салимзода мебошад.
Ҳозир аз ҳама шиканҷаи бисёр дар СИЗО-и шаҳри Бохтар ва СИЗО-и Хучанд дода мешавад. Баъд дар минтақаи маҳдуди СИЗО-и Душанбе. Яъне маҳбусони якумра.
Ман медонам, ки баъди чопи номаи ман Нуриддин Раҳмонов журналистҳои ҳукуматиро бурда пешакӣ маҳбусонро маҷбур мекунад, ки «гап занен ҳама тенҷай». Чи гунае ки бо муовини Муҳиддин Кабирӣ Муҳаммадалии Ҳайт карда буд. Муҳаммадалии Ҳайт ҳам марди доно будааст. Дар номааш навишта буд,ки «ман дар фалон числа шиканҷа нашудам» . Баъд ин номаро Абдуллоҳи Роҳнамо дар як ҳошияи конфронси САҲА нишон дод,ки «инами номаи муовини Кабирӣ». ва Абдураҳим Каримов (муллоАбдураҳим) номаро бо дасташ қапиду журналистон аз он аксбардори карда буданд. Одами босавод дарҳол мефаҳмад, ки «Ман дар ҳамин числа шиканҷа нашудам» чи маъно дорад?
«Нуриддин Раҳмонов баъди рафтани тағояш Шерхон Салимзодаи Одина дар назди маҳбусон гуфт,ки «ҳозир духтари Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ арусмай, ӯ мара хуб кришаватӣ мекунама». Ман намедонам ин гап ҳақиқат дорад ё не. Марҳамат Юсуф Раҳмон метавонад номерҳои Нуриддинро бо номерҳои духтараш тафтиш кунад. Чунки Нуриддин Раҳмонов худаш ин гапро дар пеши 7 нафари мо гуфта буд. Ҳатто ошкоро нишонмон дод Нуриддин Раҳмонов рақами телефон: +992905555511.»
Нуриддин Раҳмонов оиладор, соҳиби зану фарзанд аст. Аллоҳ бачаашро бикушад, ки ними бачаҳои тоҷикро кушт ва ними дигарашро бо сангинтарин шиканҷаҳо аз мурдан бад кард. Маҳз барои ҳамин одамкушиҳояш аз тарафи лаънаткардаи Аллоҳ пешпои миллат оқи падари очалаънати дарбадари хокбасари саттанга қарздори Эмомалии касиф бо рутбаи генералӣ сарфароз гардидааст. Дар ҳукумати Раҳмонов ҳарчи куши зулм куни ва золим боши тез боло мерави.
Дар боло гуфтем, ки Нуриддин Раҳмонов дар ҳар куҷое кор кардааст ё пешаш намуданд ё бо статя аз кор озодаш кардаанд. Дар тамоми муассисаҳои ислоҳӣ Нуриддин Раҳмонов дар қабули дачка ё иҷозати свиданка нафарони наздики худашро таъин кардааст. Чунки пули калон тоб мехурад ва ҳамарӯза мисли дарё ин пул равон аст. Барои пешниҳод кардани маҳкумшудагон ба колоннаҳои сукунатӣ дар қонун омадааст, ки вақте маҳкумшуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазояшро адо мекунад, сардори муасиссаи уҳдадор аст ки ӯро ба колонаи сукунатӣ дар маҳали зисташ пешниҳод кунад, албтта, агарки маҳкумшуда товони зарар надошта бошад, ё ки қоидаҳои низоми муассисаро дар шаш моҳи ахир вайрон накарда бошад. Аммо Нуриддин Раҳмонов ин ҳамаро монополия кардааст. Бо Умаров Мансур забон як карда саҳмия гуфта аз хешовандони маҳбусон масолеҳи сохтмонӣ талаб мекунад ё ки пулашро дар фалон магазин бурда мон мегуянд. Баъд аризаашро мегиранд, ки «мо ба хоҳиши худамон саҳми худамонро гузаронидем». Бинед, ки руирост коррупсияро қонунӣ кардаанд дар зиндон.
Дар ҷашнҳои давлатӣ ба маҳбусон бояд аз тарафи муассиса ҳавасмандгардонӣ шавад. Аммо ба як -ду нафарҳои чоплусҳояшон свиданка медиҳанд вале ба 100 -150 каси дигар бо пули калон мефурӯшанд ҳаққи ҳалоли зиндониёнро.
Ман гуфтаниам, ки ҳар ончизе ки навиштаам бо чашмони худ дидаам. Ҳоло боз давом дорад. Тамоми кормандони муассисаҳоро, номҳо ва ҷиноятҳошонро навишта ба “Ислоҳ”-минбари мардони бонангу бономус мефиристам.
Ман намегуям, ки ҳама кормандони муассисаҳо ҷинояткоранд. Дар байнашон ҳастанд кормандоне,ки бо маош зиндагӣ мекунанд вале боз баъди кор аробакашӣ мекунанд аммо ингуна кормандон ангуштшуморанд. Тамоми кормандони муассисаҳои ислоҳӣ яз як дубак, назоратчии оддӣ то сардору роҳбарҳо, генералҳо аз ҳисоби маҳбусон зиндагии худ ва хонаводаҳои худро пеш мебаранд.
PS: Марҳамат мақомоти кишвар хоссатан вазорати Адлия, ки ин ҳама шикоятҳо аз зиндониёнро мехонанд ва хуб ҳам медонанд ҳама ҳолатро, чаро расидагӣ намекунанд? Инҷо дигар ҳеҷ ҷои шакку шубҳае нест,ки ҳимоятгари чунин золимоне чун Нуриддин Раҳмонов духтари прокурори генералии кишвар аст. Ё Мансур Умаров пули хуб тавассути Нуриддин Раҳмонов аз зиндониён ба даст меоварад,ки дигар зулму шиканҷаи ӯ дар назараш наметобад. Ҷуз ин ду версия боқӣ мемонад,ки шахсан Эмомалӣ Раҳмонов фармон медиҳад бо зиндониён чунин бархурди золимона дошта бошед. Агар чунин набошад пас чораи чунин золимонро бидуни ҳеҷ таваққуфе бояд бубинанду золиме чун Нуриддин Раҳмонов сабукдуш шавад на инки рутбаи генералӣ ба ӯ дода шавад!
PS: Поёни қисмати аввал, чанд бахш омода шуда истодааст,ки онҳоро яки пас аз дигар тақдими миллат ва мардуми кишвар хоҳем намуд.