Оё медонед Абдураҳими Восеъ 23 сол ҳукм гирифт?
Пас аз мақолаи қаблиеки аз як мазлуми тоҷик навиштам,дирӯз яке аз корбарон ба ман занг зад.Аз ҳолати сахт ва чӣ гӯна фирор карднаш ба украина қисса кард.Гуфт ман аз зиндони № 1 пас аз раҳои қисса мекард.Хостам аз онҳоеки дар зиндонанд бароям қисса кунад.
Оё дар зиндон шахсони маъруфеки ба иттиҳомоти сиёсӣ зиндонӣ шудаанд касеро дидед?
Бале бо ман Сайфуллозода ва Мавлавӣ Муҳаммадалӣ ва Абдураҳими Восеъ буданд.
Пурсидам Сайфуллозода ва Мавлавӣ Муҳаммадалӣ ҳукмҳояшон ва зиндонӣ шуданашон ошкор аст.Аммо магар Абдураҳими Восеъро алайкаи пас аз истирдод аз русия зиндонӣ карданд?
Гуфт: Бале Абдураҳими Восеъро пас аз инки дар 16 ӯми январи 2017 ба тоҷикистон истирдод карданд.Аз фурӯдгоҳ ба кумитаи амният сипас ба сизо бурданд. Шаш моҳ дурустараш,то охирҳои моҳи май нигоҳ доштанд.Шиканҷаҳам шуда буд агарчӣ мепурсидам мегуфт магар мешавад шахсро ба 23 сол ҳукм кунанд ва шиканҷа нашуда бошад. Дар авохири моҳи май ӯро тибқи модаҳои 307,187,189 боз бо се модаи дигар,ки ҳамаашон қисми 2 ва 3 мебошанд ба 23 сол зиндон ҳукм намуданд.Ӯ аз ин моҳ дар зиндон қарор дорад вале мислеки ҳукми зиндон шуданашро расонаи накарданд.
Ин буд он суҳбате пас аз ҳолатҳои сангини худаш қисса кард ва дар мавриди Абдураҳми Восеъ ҳаминқадар гуфт.
Саволи ман аз гурӯҳҳои мухолифини тоҷик
Чаро,то имрӯз ҳеҷ расонае аз ин ҳукми зиндонӣ ӯ чизе нанавиштаед?
Ё мумкин аст нашр карданд ман нахондаам онро? Дар радиои озодӣ аслан чизе ба ин муҳтаво пайдо накардам.Дар АНСТ ҳам чизе дар ин робита нест.Дар сомонаи гурӯҳи 24 ҳам ҷустуҷӯ намудам нест.
Ҳатто пас аз инки ӯро аз русия ба тоҷикистон истирдод намуданд расонаҳои гурӯҳҳои мухолифин инро пайгирӣ накарданд.Аз тақдири минбаъдаи ӯ чизе нанавиштанд?
Акнун аз ҳукми зиндон шуданаш огоҳ шудед умед аст ӯро дар листи зиндониҳои сиёсӣ сабт намоед.
Аллоҳ ҳама бародаронеки бо туҳмат ва буҳтон дар зиндонҳои тоҷикистон қарор доранд раҳояшон гардонад.Барои одам куштан 23 сол зиндон намекунанд,аммо дар мо ин як ҳукми маъмулӣ ва оддӣ мебошад.Интиқод карди ту хоин ҳасти боқимондаи умратро бояд дар зиндон гузаронӣ.
Муҳаммадиқболи Садриддин