Тоҷикон дар тӯли торихи мавҷудияти хеш ҳеч гоҳ як чунин давлатдориеро таҷруба накардаанд, ки дар он, ҳатто дар бадтарин лаҳзаҳои торихӣ, ки ҷонашон дар якваҷабии хатари маргу нобудӣ қарор дошт, динашон ва арзишҳои динӣ ё зоҳири физикияшон ин қадар таҳқиру поймол гашта бошад, ки дар аҳди навдавлатии ғайриоқилонаи кунуниямон, ки давлати Ҳуқуқбунёд, Дунявӣ ва Иҷтимоияш меноманд, поймол гашта аст!
Дар аҳди Тоҳириён, Саффориён, Сомониёну пасон ҳазор соли давлатравоии турку муғултаборон, то аҳди Шӯравӣ, то соли 1991 касе аз ҳокимон ба ришу пашму рӯсариву шалвору изору салаву ҷома ва дар умум, ба тарзи зиндагии Тоҷикон коре надошт!
Балки, тамоми қабоили кӯчманчӣ, ҳаминки аз биёбонҳо ба хиёбонҳои Бухоро пой мегузоштаанд, муаддабу маданиву тоҷиконапӯшу сару сураташон аз тоҷикони бомаданият пайравӣ мекард, ки охирин намояндаи онон Олим-хони Манғит умре бо салаву ҷомаву шалвори тоҷикӣ зисту мурд, ҳарчанде, аз ҷиҳати амалкард бароям ӯ як «Олими Гов», барои ҳамеша, боқӣ мемонад!
Ва акнун, пас аз сулҳи шикасташудаи тоҷикон дар соли 1997 то имрӯз 2024, ҳукумати феълӣ гирифтори як навъ бемории аҷибуғарибест, ки онро метавон «Синдроми пашми Риш» ва Синдроми «Сатру Ҳиҷоб» ташхис дод, ки маълум нест ин травма аз куҷо ба ин ҳукумати мардумозор ва кай асар кардаву роҳи табобаташ дар куҷост?
Вале, ба нигарам табобати ин «Синдроми пашми мардону пӯшиши занон», дар аз реша табобат ёфтани мақомотиёнест, ки сарҳуй тарбия ёфтаанду арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва эҳтиром ба дигарону боварҳо ва озодиҳояшонро наомӯхтаандашон, дар хонаҳошон, модаронашону падаронашон.
Дар кӯчаҳо бузург шудаву як ҷаҳонбинии «нижее плинтуса» дошта ва иҷбори шаҳрвандон ба «қонунҳои нонавишта»-ми еро, ки ба заъмашон дар куҷое аз Сарқонун «дарҷ гашта» аст, ки бо ришу пашми рӯй гаштан, ё пашми сару мӯйи калларо пӯшидани занон, МАМНУЪ аст!.
Аҷиб махлуқоти кавдану аблаҳу туппое ҳастед, нозирони бозорҳову конструкторони пасипардагиятон!
Аҷобати ин «Синдроми пашм»-атон дар нигоҳи оқилон ошкортар аст.
Аз он бадатон меояд, ки пашме дар куни манаҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳоло кормандони юниформпӯш яктараф, ҳатто дар рӯи тоҷирон, ки соҳибкорони озоданду ҳар гуна ришу муйсару либосе хоҳанд, ба худ гирифта, мегарданд, натобаду мисли чурдаҳои бадмури бенуру бадхашми шумо, лисий- қоқтарош бошад.
Аммо, дар айни ҳол, ки тоқати дидани пашми рӯйи мардонро надоред, орзуи дидани пашми сари бонувонро дар дили сиёҳатон мепарваред!
Чӣ фарқ аст байни пашми рӯйи марду пашми сари занҳо?
Якеро бояд тарошиду дигареро бояд «ҳуй» гузошт?
Мисли шумо, ки ҳама шаҳрвандони ин кишвар «сарҳуй»-у «дайду»-ву дар «кӯчабузургшуда» нестанд!
Каме аз ин бефаросатии хеш, дар асри 21, дар назди назари дигар миллатҳое, ки 100 сол пеш моро «бомаданият»-у худро «шогирд»-и мо мешумориданд, шарм кунед!!
Агар қонуне ҳаст, ки бояд ҳар як марди тоҷик тибқи он, бояд ҳар рӯз пашми рӯяшро битарошаду пасон ҳаққи зистан дар ин ҷомеаро дошта бошад, биёреду дар тоқи «Бозори Корвон+» ва дар даромадгоҳи ҳар раста ва ҳатто дар ҳар дукон биовезеду бичаспонед!
Ҳамон гуна, ки дар ин гармои тоқатфарсо дар танамон як «палатка»-ро бо номи «халат»-у як беҷики дигарро бо сӯзаник часпондаву пул гирифтан доред!!
Эй, Хидмати чекчину эй нимаваҳшии дигар, ки бо чурдаи недоволният назди мо омада мегӯӣ:
Чида ришт баланд шидай?
Чо кадай ришм?
Мумкин нест, бра ҳозӣ трош. То бегаҳа вақт дорӣ!
Пагоҳ метарошам. Барои чӣ ҳозӣ срочно рафта риш тарошам?
Ҳолӣ, наметрошӣ, ҳъ?
Ҳо, наметрошам… (медонам, ки як барзагови кӯчагардасту фаросати фаҳмиши баҳси қонуниро надорад, аз қонуну қонунмандӣ боҳош гап намезанам)
Ба Хизмати чалиш мегӯяд: ира дуконша печат задан даркор!
Ҳо, печатш мезанм.
Ва мераванд. – Гов аз пешу барзагов аз қафо.
Шояд, фардо меояму дуконам мӯҳргузорӣ шудаву рафта ба Раиси Бозор «ҷарима» пардохт карда, дуконамро бозкушоӣ мекунам!
Барои чӣ? Барои риши расидаам, ки хушам надод қоқтарошаш кунам?
Оё Раиси Бозор ин ҳақро дорад, ки бидуни мавҷудияти қонуне шаҳрвандеро «Ҷарима» кунаду он пулро ё дар Амонатбонк ё суратҳисоби Бозор, ё дар кабинеташ, дар киса зананд?
«Орифони ҳуқуқ» (таъбири «маърифати ҳуқуқӣ» бароям, моҳҳост чун уштуркуланг метобад), инҳо тибқи кадом талаботу меъёрҳои ҳуқуқӣ соҳибкоронро ҷаримабандӣ мекунанд?
Ку як мефаҳмондед, дар соли «Маърифати Ҳуқуқӣ»-ятон?!
Медонед, чӣ?
Сар аз соли 2020, ва аниқтараш пас аз соли 2022 , ки бар зидди як шаҳрванди комилҳуқуқи аз модараш дар соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ватани аҷдодии худаш озод ба олам омада аст, шумо «контраттака» ба роҳ мондаед, он қадар аксам гирифтаед (ошкорову пинҳонӣ, аз ҳама ниҳодҳо), зану мард, мӯсафеду кампиру ҳатто кӯдакони ноболиғи 13-14-16 сола, ки агар рӯзе бимираму ҷисмам ҳазор тикка шаваду бароям 1000 гӯр бикобанду рӯи ин ҳама тиккаҳои ҷасадаму «гӯрҳоям» аксҳои тӯли ин 4 сол гирифтаатонро насбу барчасп кунанд, боз ҳам дар архиву телефонҳоятон аксҳои зиёдатӣ боқӣ хоҳад монд!
Ҳар рӯзу маҳу солу ҳафта, шумо – «Худоёни Корвон+» омадаву рост бар дари дукони хӯрдакаки назарногири ҳақиронаву тангу торам, чун ҳуҷраи дилгиру ғамангези устодам- Садриддин Айнӣ, истодаву бо чурдаҳои шабеҳ ба наберагони Ҳалекуву Чағатою Угадаю Темурлангу Чингиз, бо ришҳои кӯсаи тарошидаатону чашмони хунбори чингизиятон, ба ман бо хашм нигоҳ кардаву аксам мегиред- акс мегиред барои напӯшидани халат, халати кабуде, ки аз палаткаи чодарҳои бобоҳои кӯчманчиятон, барои пулкоркунӣ аз соҳибкорон дӯзондаву оварда, ба мо фурӯхтаед!
Дар ин чор сол 5 беҷикам додаед, ки барои ҳар кадомаш 10-20 сомонӣ пардохтааматон.
Ман як инсон, як соҳибкор, як касе, ки зери бори қаҳру ғазабу кинаи уштурии бетарбияву беасоси шумо намеравам!
Чӣ ин қадар зӯри беҳуда мезанед?!
Дар куҷои Сарқонуни ҶТ омада, ки барои мард риш мондан ё намондан мамнуъ ё иҷозат аст?
Риш доштану надоштан ҷузъе аз озодии фитрии Инсонии ман аст, ки Сарқонуни соли 1994 онро замонат дода аст. Демократия онро тазмин карда. Олами муосир, ҷомеаҳои мадании Аврупову Арабу Африқо пур аз «ришдорон»-и гуногунриш аст!
Ё сабаби ақабмондагии иқтисодӣ, молӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, беқадрии шаҳрвандони тоҷик дар дохилу хориҷ, лимити барқ, камбуди обу оби ошомиданӣ, мушкилоти демографӣ, набуди ҷои кор, камбуди ғизо, пастии маош, сатҳи фақр, бемориҳои ҳамагир, поймолшавии ҳуқуқҳои фитрии одамон, ҳамин ришу сабил ё ҳамин риши сабил аст?!
Агар бо тароши риш ин ҳама мушкилот бартараф мешуд, ман ҳамагиро мутақоид ба тароши шабонарӯзии ришҳо мекардам!!! То ватанам ба осудагию рафоҳу оромишу пешрафту тараққиёт ноил гашта, дигар сархами русу арабу турк нашавем!!
Раиси бозорӣ, ҷонишини раисӣ, язнаи раисӣ, чекчинӣ ё пулчинӣ, кори худатро кун, ба ришу либосу тарзи зиндагии ман чӣ кӣр дорӣ?
На фарзандатаму на язнаат. Ту ҳам як шаҳрванду ман ҳам – як шаҳрванди баробарҳуқуқ!
Озодии дасту даҳони ту то ҷоест, ки нӯги бинниву сари гӯши ман оғоз меёбад!
Ин тарафаш озодии ман, сарҳади шахсии ман асту ту ҳақи лезит надорӣ!!
Бесаводон! Ҷоҳилон! То кай ин ҳолу рӯз?
Муред ба ин ҳолу рӯзи табоҳе, ки ба 10 миллион тоҷик бардавом бор кардаед.
Шаҳрвандон хаста шудаанд аз шумову балоҳататон!
Қонун бошад, моддаву бобе онро мамнуъ карда бошад, пеш аз шумои говақл худам, ки ҳар рӯзе чанд, ҳамин Сарқонунро бо 3 забон, ки ҳарсеро баладам, гирифтаву мехонаму сари поймол гаштани ин 10 бобу 100 моддаи он ҳасрат мехураму бар балоҳати шумо нафрату туф мекунам, онро риоя хоҳам кард!
Ман «Синдроми пашм»-и шуморо медонам дар чист.
Ман шабу рӯз оид ба ирқу табору тарзи рӯзгору тарбияву рафтору сатҳи донишу фаҳмишу биниши шумо, ковиш мекунам. Дар ҳар китобе, маҷаллае, журнале, диссертатсияву рисолаи илмие, дар ҳар филми ҳуҷҷатие оид ба муғулзодагон далеле дастрасам шавад, бо диққат гаштаву баргашта онро, бо кадом забонҳои ба ман ошно, ки бошад, мехонаму мехонаму пасон ба ин хулоса расидаам, ки шумо кӯсаришони наберагони Чингизи бузриш, пеш аз ҳама аз чеҳраи тоҷикӣ бадатон меояд!
Оре, шумо ришро не, балки чеҳраи фарохи тоҷикона, чашмони зебои тоҷикона, рӯи сапеду беолоишу хандони тоҷикона, пешонаи бози тоҷикона, қади буланду бозувони паҳлавононаи тоҷикона, ва пеш аз ҳама хислати озодона зистани тоҷиконро бад мебинед!
Аз чеҳраи зебои ришдори тоҷикона бадатон меояд!
Чунки худ агар риш ҳам монед, кӯсаи бадрӯе беш намешавед!
Боз, шуморо ба дуэли қонунӣ фаро мехонам!
Бо таппончаву револверу туфангу гулӯлаву хумпораву мушаку мушакандозу тонку БТР ба ин дуэл наоед. С пулемётом на перевал, наоед.
Дуэли қонунӣ ин аст, ки рафта қонуни манъи Пашми Риш-ро аз бобу моддаву зербобу зермоддаҳои Сарқонун, кодекси гражданӣ, кодекси ҷиноӣ, кодекси оила ва дигар конвенсияҳои байналмилалие, ки онро ҳукумати феълӣ ва намояндаи тоҷикон Э. Раҳмон ба ҳайси сухангӯи ягона аз номи тоҷикону Тоҷикистон пазируфта аст, ёфта оварда маро мулзам кунед.
Баҳси пашми риш тамом.
Ман чанде қабл риши амрикоӣ, дар пайрави аз олимону муаррихоне чун Ричард Фолтз, Ричард Фрей, Бозор Собир ва дигарон гузошта будам, ки ҳамин мактабгурези пирчекчини бозор- Хизмат онро ҳам «мумкин» нест гуфта, «риштарошон»-аш карданӣ буду гуфтам: агар «ҷарима»-е ва қонуне баромада бошад, албатта ман омодаам нисфе аз онро пардохт намоям, чун ки ин риши «фиксатий» нимариш асту ҷаримаро низ «нисф» тақозо дорад!
Ба гӯши хар бо забони харӣ гап мезанӣ!
Вале имшаб чун дигар саломатиям хуб набуду ҳавсалаи барои фардо вориди Конслагери рақами 2-и муассисаи «ислоҳотӣ-риштарошӣ»-и «Корвон+»-и Зарифбек шудан, ришамро насутурдам, албатта гову говмеше омада аксамро гирифтаву пуписа кардаву таҳдиди дуконамро «печат» (ин чалиштоҷикон вожаи мӯҳрро намедонанд) задан намуданду рафтанд!
Эй Худо, чаро Ленин бо бехудоияш риш дошт?
Ф. Энгелс рише чун риши акси падари Эмомалӣ- пешвои тоҷикон дошт?
Дарвин бо он ҳама «Эволютсия»-ву худмаймунхонияш риш дошт?
Айнӣ риш дошт?
Тротский ришаку буруте дошт?
Фрунзе гаҳе буруту гаҳе ҳардуро дошт?
Че Гевара риш дошт?
Фидел Катро риш дошт?
Умуман, инҷо номҳои машҳуртарин ашхоси торихро овардаам, ки на мусалмон буданду на ришашон «динӣ» будаву на, дар умум, динро мепазируфтаанд!
Биёед, қонун нишонам диҳед. Ман аслан парвои ришу буруту пашм надорам, чунки арзиши худро дар озодагӣ ва озод зистану озодона мурданам мебинам. Дар фикрам мебинам. Дар рӯҳам меҷӯям….
Вале барои ҳар ҳамоқате, ҳақорате ,таҳдиде, шантаже, манъу иҷозате, шумо, ки «ходими миллат» худро мехонед, бояд аз ҳамон Сарқонуне, ки табқи он худро салоҳиятдору мансабдору ходими давлатӣ унвон додаеду инсонҳоро ба итоати қонуну волоияти он дар ҷомеа, ва аҷибтараш ин ки ин соли наҳси 2024-атонро «Соли Маърифати Ҳуқуқӣ» номидаед, бароям танҳо қонуни манъи пашми ришро биёреду нишон диҳед, бас!
Ё рафта, лоақал ҳамин сол, ки дигаронро «маърифати ҳуқуқӣ» омӯзонданиед, худ як бор сарқонунро чун кудакони духонаки нодонак, ҳиҷҷа карда: моо- даа- ии 1-и сааъар- қоо-нуу-нии Ҷуум-ҳуу-рии Тоо-ҷии-кии-с-с-с-тоон» гуфтаву онро хонед!
Рӯзе агар дидед, ки алкаше дигаронро қонуни «арақ нанӯшидан», дузде «қонуни надуздидан» бузе «бузӣ накардан», фоҳишае «танфурӯшӣ накардан» барораду одамон аз он «қонунҳое, ки қонунбаророни ҳангосӣ худ итоаташ намекунад», кай ва чӣ гуна итоат мекунанд?
Вале, ҳоло ки чунин қонунеро на Парлумон, на Президент, на Сароқонун ва на ягон қонунҳои мавҷудаи байналмилалии амалкунанда, ки зери онҳо имзои Президент сояафканӣ дорад, напазируфта аст, лутфан, он пуштипардагардони «салоҳиятдор» ин бузакбозиро бас кунеду худ рафта қонуну маърифату ҳуқуқро, ки донистанаш вазифаи аввалиндараҷаи шумост, риоя кардану пос доштан биомӯзед!
Аввал устод шавед, баъд устодӣ кунед
Аввал мафҳуми қонун ва раванди тасбиту ниҳодинасозии онро, ки вазифаи шумо- даҳмарданозирони бозорист, фаҳмеду пасон инсонҳо, шахсиятҳои масъули давлат, ки вазифаашон ниҳодинасозии ҳаряк қонунҳои конститутсионистро овареду худашон ба мо фаҳмонанд, ки ин «қонуни ришу пашм» аст ё «Синдроми риш»-и худи шумо?!
Лутфан, қонунбаророн, таҳиягарон, татбиқкунандангон ва нозирони «пашму риш» аз пушти пардаҳо бароеду омада ба ҳар як соҳибкори ришдор, (ҳол он ки рише ҳам дигар солҳост ин ҷо намерӯяду пашме ҳам намонда, ки тоҷирон ҳангоми бекорӣ, онро чун бобоҳояшон хилол кардаву ба каф гирифта андаке дар бораи одаму оламу гӯру аъмолашон фикр кунанд!
Ман ҳоло ҳам риш надораму ба шахсияти ришдору беришон намерасам, вале шумо чаро берун аз доираи қонун «Риштарошонеме, метарошонеме»-ро тӯли ин ҳама солҳо фарокаш карданӣ нестед?!
Мардум барои шумо бузанду гуспанд, ки шумои замоне колхозник омада «пашм»-ашонро тарошида, планро буд мекунед?!
Мо дигар дар аҳди Колхозизатсия қарор надорем, ки барои амалӣ намудани нақшаи «пашмсупорӣ»-и солона «отчет»-и солона назди Раиси Колхоз бисупоред!
Риш чист?
Риш пашмест, ки қабл аз пайдоиши теғу чоқуву лезваву жилету дукордҳо,, пеш аз асри Оҳану то кунун дар чеҳраи ниме аз башарият, ки мардашон меноманду шумо худро, баъзан дар зумраи онону баъзан чун забони русӣ, ҳатто дар «средний род» ё ба гуфти устоди забоншиноси тоҷик- Шукуров Рустам, «ҷинси муханнас» қарор додаед, мерӯяд. Мебарояд, дароз мешавад.
Ва вақте башарият аз асрҳои Сангу Биринҷӣ ба ин марҳалаи Оҳан ворид шуд, риштарошонеме метарошонемеро сар кард.
Охир, он якеатон, ки раиси Ҷавонон асту аз насли кӯсагони торих, боре аблаҳона мегуфт: дар давраҳои қадим одамон қайчӣ (дукорд) надоштанду ришашонро бо даст гирифта, як татум қапида, бо шамшер(!) Калта мекарданд!!
Ана фаросати як «калтаақл»-е, ки раиси мо – Ҷавононаш мехонанд!
Ҳарче ки нагуфт: дар давраҳои қадим, дар аҳди Сангу Биринҷӣ, одамони Неандарталиту нимаваҳшӣ ришашонро руи товасанг гузоштаву бо санги сартези дигар, «калта» мекардаанд!
Сад шукр, ки дар киноҳои Голевуду Болевуд ҳеч аблаҳе ин гуна сенария (намоишнома)-ро намоиш надода, ки ҷондоре бо номи мард, ришашро бо теғасанги дастсохт «калта» мекарда, вагарна ин мақомотиёни ақлашон дар сатҳи «филмтамошокунак»-и зиоламбехабар, боз чӣ фантамасияҳои хандаоваре баромон қисса мекарданд!
Бало паси ин ҳама «маърифати ҳуқуқӣ». Аслан, тахассусам соҳаи ҳуқуқ нест, вале ҳоло ки доштам ин хотиротамро дар соли «Маърифати Ҳуқуқӣ»-гароҳо дарҷ мекардам, аз Dushanbe.tj ин паёмак бароям ирсол шуду бо он ин гуфтовардамро хотима медиҳам:
«Эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ».
Яке аз самтҳои мухими пешгири намудани конунвайронкунихо баланд бардоштани маърифати хукукии ахолӣ мебошад.
(Кумитаи забон куҷоро нигоҳ мекунад, ки барои шаҳрвандони ҶТ аз ҳар як соҳа, ин гуна паёмакҳое меояд, ки дар он аз ҳуруфоти кириллӣ-тоҷикии Ҳ, Ғ, Қ, Ҷ, Ӣ хабаре нест?!)
Айнан оварда шуд.
Лутфан, ин даҳмарда-нозирони Бозори «Корвон+» гӯед, ки дигар «қонунро вайрон»-у шаҳрвандонро ҳайрон накунанд!
Ман риш дорам, тибқи қонун дорам.
Риш ҳам надорам, тибқи қонун надорам!
Кори шумо ба доштану надоштанам чист?
Гузарондаед, медонед?!
Ба умеди тантанаи адолати гумгашта дар ин диёр!
Ё моддаҳои Сарқонун оид ба «озодии фитрӣ»-ро иваз кунед, ё худро дигар кунед.
Ё рафта «маърифати ҳуқуқӣ» касб кунед!
Ва хабарчаи иловагӣ, ки нав ба мо расид:
Имрӯз ҳашт нафар кормандони пулис ҳамроҳ бо нозирони бозор дар растабозорҳо гаштаву аз тамоми соҳибкорон, (бонувони сатрдор) бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда (удостоверение)-и худ вале бидуни ошкор намудани сабаби «рейд»-и ғайриқонунии худ, ҳар як нафарро оид ба нажод, ҷои истиқомат, сатҳи маълумот, синну сол, ному насаб, шумораи телефон, шумораи фарзандону дигар маълумотҳои дорои хусусияти маҳрамона, истинтоқ доранд!
Эзоҳ: ҳар як корманди бесаводи ҳукумат бояд ин 3 қонуниятро дар рафти хидмати далатии хеш риоя кунад:
1. Муаррифӣ кардани шахсият ва вазифаи давлатии худ;
2. Нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва иҷозатнома аз ниҳоди масъул ва бо гирифтани имзои Раиси Бозор;
3. Бозгӯ намудани сабаби рейд ва дигар тафтишотҳо ва мутобиқати он бо қонунҳои амалкунандаи ҷории кишвар.
Дар акси ҳол, ин намуди рейдҳо ғайриқонунӣ буда, омилини он, барои безобита кардани шаҳрвандон дар рафти кору савдо, ба ҷавобгарӣ бояд кашида, ва ё лоақал, дар ҳолати берун аз доираи салоҳияти хидматии худ, ба чунин «худсарӣ» даст заданашон, танбеҳ ё аз вазифаҳояшон сабукдӯш карда шаванд!
..