Бо инки аз намоиши ин саҳнаи ғайриахлоқӣ як ҳафта сипарӣ мешавад, ҳамоно гапу ҳарфи он дар растаҳои гуногуни бозори интернет хеле зиёд шунида мешавад. “Аз сари худ рафт”, “ҳамаро задагӣ”, “худашро чи меҳисобида бошад”, “ин кори атрофиёнаш аст”, “пул маст кардаст”, “бехуд шудаст” ва аз ин қабил тафсиру таъвилҳое, аз он саҳнаи воқеан ҳам хиҷолатбор,ки вазирҳо мераванду ранги арӯсе, ки пеши тозадомод таъзиму нимтаъзиму қату дуқат мешавад, дар шабакаҳо, ки баёнгар ва нишонаи эътирозу хашму ғазаби мардум аст.
Ҳар касе ҳар фикре дорад. Вале,мутмаинан бароятон мегӯям, ки ин кор, кори худи Раҳмонов аст. Ҳадди ақал қабл аз баргузорӣ ва намоиши он ӯро машқу тамрин ва саҳнаро аз қабл нишонаш доданд. Хуб, ки дар Қонуни асосӣ дар соли 2016 ворид шуда будааст, ки вазирон ба Президент қасами вафодорӣ мехуранд. Қасами вафодорӣ, яъне чӣ? Ин вазирҳо, ки 99% аз табору авлод ва узви хонаводаи худи Раҳмонованд, хиёнат мекунанд? Ҳоло агар ки савганд хурданд, ва агар қасди хиёнат дар сар доранд, ҳамин қасами хурдаашон пеши роҳашон ва азмашонро хоҳад гирифт? Касе ҳам надонад, худи Раҳмонов хуб медонад, ки қасами як шахси беэътиқод, як нобовар ва як ғайримуъмин ҳеҷ гоҳ боварбахш нест ва ҳеҷ гоҳ ба маҳзи ҳамин қасам, ӯ аз анҷоми кори зиште, ки бояд анҷом надиҳад, даст бикашад. Қасами ин тоифа кафолат ва тазмини қавли ӯ шуда наметавонад. Инҷо ман дар мавриди худи “қасам” ва аҳодисе дар ин маврид омада инро мегӯям: Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд: “шахсе мехоҳад қасам ёд кунад пас ба Аллоҳ савганд ёд кунад ва ё хомӯш бошад” Боз фармудаанд: “шахсе савганд ёд кунад ба ғайр аз Аллоҳ (ба касе ва чизи дигаре) пас ба таҳқиқ ӯ кофир ва ё ба Аллоҳ ширк варзидааст” Шариъати ислом савгандро на ба Паёмбар,на ба китоби осмонияш ва ба ҳеҷ чизи дигареро иҷозат надодааст.
Биёед каме ба солҳои қабл баргардем,ки дурусту дақиқ, худи ҳамин Раҳмонов даҳҳо бор мушоҳида шудааст. Ба унвони “Президент” чандин бор қасам хӯрд: “савганд ба номи Худо, савганд ба шири модарам”….тамомияти арзии мамлакатро ҳифз мекунам. Аммо мо шоҳидем,ки ҳифз накард, ҳифз куҷо, балки фурӯхт. Ҳамин тавр на ҳуқуқи шаҳрвандон,не баробарии онҳо ва не, адолати иҷтимоиро, ки барои риоят ва татбиқи онҳо савганд, ҳатто ба номи Худо хӯрд, ҳонис ҳам ҳаст ин Раҳмонов,чун ба номи Аллоҳ савганд ёд кард ва дурӯғ буд қасамаш. Қасамзада шуд. Зери қавлаш зад. Ҳоло, ки ин вазирҳо барои Раҳмонов савганд мехуранд, гумон мекунед, савганди худро пос медоранд.
Ин, ба масал як навъ никоҳи ҳамҷинсгароҳо аст? Ту маро, ман туро,ту ба ман медиҳӣ,ман ба ту медиҳам? Ту-пул,ман-мансаб! Ва, он ҳам дар шакли оммавӣ ва тӯдаӣ? Дар ҳамон Қонуни асосӣ гуна ҷузъиёт ҳам сабт шудааст? Бояд таъзим кард ва бояд дар ҳолати рукуъ истод шуд? Як мард дар пеши марди дигар сари таъзим фуруд оварад ва дар ҳолати саҷда биистад? Ва, он ҳам як марди мусалмон ва он ҳам буридагӣ? Мусалмон танҳо дар саҷода, дар ҷонамоз ба саҷда меравад. Ва,он ҳам танҳо барои Офаридгор. Ҷоиз ва раво нест,ки ба пайғамбараш саҷда овараду таъзиму рукуъ равад,куҷо расад ба Раҳмонови дасту рӯ ношустаи куҳна ҷунуб.
Ҳоло агар ки интавр аст, пас Раҳмонов кӣ аст ки ба ӯ таъзим кард ва саҷда овард? Биёед,бародарони арҷманд,хоҳарону модарони гиромӣ, ҳаммиллатони азиз, ҷудо аз онки ман мухолифи режими Раҳмоновам ва ҳокимияти дузду ғоратгари ӯ ҳастам, як раҳ фикр кунед, ки дар сентябр, то октябри соли 1992 Раҳмонов кӣ буд? Барои онҳое,ки намедонанд, як даҳан гуфтаниам, ки ҳамон раиси воҳиди кишоварзӣ, ки ҳоло дар деҳа доред, мисли ӯ, балки худи ӯ буд. Хеле аз чархишҳо дорад ин дунё. Чи буду чӣ шуд, то куҷоҳо омад?
“Ман як бачаи деҳқонам. Дар авлодам ҷуз аз ман касе хондагӣ нест. Як акаи тракторчӣ дорам”. Вақте ин гапҳоро мегуфт. “ Раиси шурои олӣ буд. Баъдҳо Президент шуд. Сипас Ҷаноби олӣ. Ҳоло Пешвои миллат”. Инак ӯро таъзим мекунанд. Коре, ки барои пайғамбарон иҷозат нест. Раҳмоновро чӣ сохтанианд? Яъне мақоми Пешво барояш танг аст. Раҳмоновро мехоҳанд Бут созанд. Мардуми Тоҷикистон магар Бут интихоб кард? Магар интихобот интихоботи президентӣ набуд? Мардум Президент интихоб кард ба худаш,манзур ҳамон 25% иштирок кунандаро дар назар дорам ва боз ҳамонҳое ба ӯ овоз додаандро махсӯс гуфтаниям,ки наъузу биллоҳ шумо ба унвони “Худо” ӯро интихоб карда будед, то таъзим ва ибодаташ кунед? Ё мақсад доштед ӯро интихоб кунед ва ӯ ба шумо некуаҳволӣ биораду осуда бошед? Камтар худатон истеду фикр кунед.Посухро ба падару модаронатон,ки маблағи як линча ордро нафақа намегиранду мазлуманд. Инчунин ба ҳамсару фарзандонатон диҳед,ки дар кадом ҳолат зиндагонӣ доранд!
Акнун, бо гузашти ин ҳама сол маҳалли баромадаш, киву чи буданаш, ширро ба ҷирғот аралаш карданашро ва дар хонаҳои сангине,ки зиндагони мекардашро фаромӯш карда вазиронро навбат мондааст. Ва, онҳо ҳам яке, яке сарҳо пойин ва пуштҳо боло меоянду дингала дингала дастҳо ба пеш маъқадҳо ба қафо медиҳанду пас мегарданд. Ва,агар мушоҳида намудед, бархеҳо ба ҳузур пойин карданд, бархеи дигар маълум буд, ки дар як ҳолати ғайримаъмулӣ қарор доштанд. Марданд дар ҳар сурат, зан доранд (шояд на яктову дуто) фарзанд доранд, набера доранд….рафиқу дӯсту ҳамкурсу ҳамсинф доранд ва ҳатмани ҳатман яке аз онҳо мегӯяд: “мур ба ҳамон рӯзат ва ҳолати истоданат”
Бахусус зани вазир, келини вазир, бачаи вазир, ки ҳамсояҳо ҳавасашонро мехӯрданд, ин ҳолату ин манзараро дида, ба хоки сияҳ баробар мешаванд. Зеро он мояи нозу ифтихор нақши замин шуд.
Ёдатон бошад дар як ҷаласа Муродалӣ Алимардонов чи гуфта буд? “Ҷаноби Олӣ! Ман гунаҳкор, ман 100% гунаҳкор”.
Ҳоло чӣ? Нафаре, ки Раҳмоновро ба пул расонд, бой кард, молдору боғдор, суратҳисобҳои хориҷӣ,….Имрӯз намедонад ва наметавонад, ки сарашро гираду гурезад.
Бо Зайд Саид, даст медиҳад, лафзи мардӣ мегӯяд, ки то ман ҳастам ҳамроҳам хоҳӣ буд, бийр ҳама пулу молатро ва дар дохил бисоз. Ҳоло, чи рӯзу рӯзгоре дорад? Дар куҷост? Молу пулу хонаву дараш дар дасти кӣ аст?
Ҳамин тавр чандин нафари дигарро ин худи Раҳмонов аст ки қасамаи садоқат ва вафодориашро шикасту ба нобудӣ расонд.
“Фарзандони ман, авлоди ман дар назди Ёқуб (Ёқуб Салимов) қарздор аст. Фаромӯш набояд кунем ”,гуфта буд. Ёқуб Салимро чи кор кард?
Пас, ин қасамхӯрӣ ва савгандёдкунӣ ва намоиши густардаи он дар тамоми шабакаҳои телевизионӣ, ҳатто бо ҳадафи ҳифзи адои садоқат ва вафодорӣ нест. Ҳадафи он тамоман чизе дигар аст. Агар шумо як назари мухтасар ба роҳи тайкардаи Раҳмонов андозед, ки чи унвонҳое ба худ дод:
Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ ва Асосгузору Пешво. Феълан маълум нест,ки дар сар боз чи хиёлҳоеро мепарварад. Камтари дигар мондааст, ки наъузубиллоҳ худро Худо эълон кунад ва ҳамон гуфтаи Аллоҳ дар Қуръон дар мавриди Фиръавн таҳаққуқ пайдо мекунад: “Ана раббукумул аъло” Манам парвардигори бузурги шумо. Аммо бо ин кори ахираш як бори дигар собит кард, ки ӯ ҷудо асту халқ ҷудо аст. “Ман то чи андоза муҳимам,то чи андоза муқтадирам, ки вазиру кабиратон пеши пои ман таъзим мекунад. Аз ман битарсед. Аз ман сахт битарсед”.
Ҳадафи ин гуна маросимҳои иғвоангез, ки ғавғо бармеангезад ва ҷазби таваҷҷӯҳ мекунад, ҳамин паҳнсозӣ ва ҳарчи зиёдтар доман задани тарсу ҳарос аст, тарсу ҳарос аз Шахси ӯ. Шеваи ғайримуқаррарӣ барои таҳкими қудрат. Яъне ин ки ман то куҷоҳо соҳибқудрат ҳастам, ки ин вазирҳо дигар барои ман саҷда мекунанд, ман розиқу рӯзирасонам. Раҳмонов ба худи худ касе нест. Бар фарзи мисол аз як нафаери дигар фарқ надорад, магар инки мансаби ӯ. Аз ин ҷост ки саҷдаи вазирҳо ба ҳукми дасти ӯст, ба мансаби ӯст.
Акнун заминсозу танзим ба раиси ҷамоат, раиси ҷамоату кумитаи замин ва водоканал ба раиси ноҳия, раиси ноҳия ба раиси вилоят саҷда ва таъзим мекунанд. Чун Раҳмонов дар ҳар коре худаш намуна ва ғояти тақлиду бар навкарон ва мақомдорони дигар аст. Ҳамчуноне, ки мавориди зиёди тақлиди раису раисчаҳо ва ҳатто авангардҳоро дидем, ки душизаҳо ва қадрасҳоро барои истиқбол саф кашониданд. Ин мансабдорону мансабдоракон ҳатман ба мансабдори калон тақлид мекунанд. Судя пул медиҳаду судя, милиса пул медиҳаду милиса, прокурор пул медиҳаду прокурор мешавад. Вазир ҳам пул медиҳаду баъд вазир мешавад. Хуллас тамоми ҳукумат ба Раҳмонов пул дода сипас вазифа мегирад. Тамоми кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои он дузду коррупсионер мешаванд, ки бояд пулҳои додаашон ба ин Раҳмоновро барқарор кунанд ва агар бихоҳанд боз истанд ва ё вазифаи калонтар гиранд боз ҳам бояд бештар дузданд. Барои ҳамин таъзими вазирҳо таъзими дуздон ба дузди калон таъзими порхур ба порахури калон аст.
Солҳо пеш аз дар телевизион ҷараёни маҷлиси ҳукумати Эронро тамошо мекардам, ки Аҳмадинажод бо вазиронаш сӯҳбат мекард, мисли як сӯҳбати муқаррарӣ. Ҳам раиси ҷумҳурӣ нишаста суҳбат мекард ва ҳам вазир, ки дар толор буд. Аммо дар мо чӣ? Вазир чухт меистад. На танҳо вазир. Вазирҳо. Агар ки ҳатто онҳо мухотаб набошанд. Ҳамин ки дар даҳони раиси ҷумҳурӣ номи вазорат омад он вазир баланд мешавад. Рост меистад, то замоне, ки ҷаноб шин нагӯяд. Магар Раҳмон кӣ аст? Оё Раҳмон ба саволи кӣ ҷавоб мешавад ва ё ба саволи чӣ? Агар ба саволӣ кӣ ҷавоб шавад, посухаш ҳам рӯшан аст. Одам. Дар забони форсӣ танҳо одам аст ки ба саволи кӣ ҷавоб мешавад. Вале агар ба саволи чӣ ҷавоб шуд, пас посухаш ин аст ки ӯ ашёст, чиз аст, на одам. Ӯ кӣ аст? Воқеан кӣ аст Ӯ? Чаро барои Ӯ бояд таъзим кард? Ин вазироне, ки барои вай сар фуруд оварданд, барои вай сар фуруд оварданд ва ё барои мансабаш? Агар ӯ одам неву фароодам, абародам, сародам буда бошад, чаро боқии одамҳои Тоҷикистон-халқ таъзим накард? Халқ ҳоло, ки таъзим накард, ба президент савганди вафодорӣ нахӯрд, акнун чи хоҳад шуд? Бояд Қонуни асосиро ислоҳ кард?
Дигар нуктае, ки баъди тамошои ин саҳнаи ғашовар касро мушавваш месозад ин аст ки агар дар анзори умум вазирони тоҷик пеши Раҳмонов таъзим ва саҷда карданд, дар пушти саҳна чи мекарда бошанд? Чорпо мешаванд? Чорғовак,тепача мераванд ба пешаш? То инки ба ҳузури Раҳмонов дароянд аз назди Озодаи Раҳмон мегузаранд. Бо Озода чӣ мекарда бошанд? Дар чи позае меистанд? Ба ӯ ҳам сарашро поин мекунанд ё чухт медоранд?
Савганди вазирон барои Эмомалӣ Раҳмонов намоиш ва нишона аз садоқати онҳо ба ӯ нест. Ин як шева ва усули тозаи тасвиру таъйиди ҷилваҳои ҳокимияти хонаводагии ӯст. Ин расмро аз куҷо, аз Туркманистон, аз Куриёи шимолӣ ва ё аз ҳар кишваре, ки тақлид ва пайравӣ кард, маҳз бо ҳамин ҳадаф нишон дод ва ҷорӣ карданист. Ин хостаи худи Раҳмонов аст. Агар Раҳмонов намехост ва розӣ набуд, ки як чунин маросими ғайриахлоқӣ ва ҳақоратбор ташкил ва ба тамошои ҷомеа пешкаш бишавад, он ҳеҷ гоҳ пайдо ва нишон дода намешуд. Табиати инсонӣ ва тафаккури солими одамӣ дар онҳое, ки ба давраи тӯлонӣ дар сари ҳокимият қарор мегиранд, ба тадриҷ нобуд мешавад. Онҳо худро фавқулбашар мепиндоранд. Онҳо “Шери нар” мешаванд.
Дар Тоҷикистон барои Раҳмонов ҳиссачаи инкории “на” вуҷуд надорад. Ҳамин 28–29 соле, ки сари қудрат ҳаст,ҳар ончи бихост ҳамон амалӣ шуд. Ҳоло, ки дигар идораи кишварро амалан дар ихтиёри фарзандонаш гузоштааст, вазиру сарвазир барои ӯ як асбоббозие беш нестанд. Вай бо ин амали нанговар на танҳо вазиру сарвазирро таҳқир ва дашном кард, тамоми миллат ва мардуми тоҷикро беномус ва бешараф кард.